Аз таърихи омӯзиши муқоисавӣ – типологии забонҳо дар Тоҷикистон.

Накшаи мавзӯъ:

1.Падидаҳои нахустини омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Осиёи Миёна то замони Шӯравӣ

2.Омӯзиши муқоисавӣ – типологии забонҳо дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва замони ҳозира.

1.Падидаҳои нахустини омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Осиёи Миёна то замони Шӯравӣ

Падидаҳои нахустини омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Осиёи Миёна ба асрҳои XI-XII рост меояд. Ҳанӯз дар асри XII Маҳмуди Қошғарӣ муқоисаи забонҳоро аз рӯи луѓат гузаронда буд. Китоби ӯ «Девон-ул-луѓат- ут-турк» то ҳоло аҳамияти илмии худро гум накардааст.

Асари олими хоразмӣ Замахшарӣ «Муқаддимат-ул-адаб», ки китоби дарсии забони арабӣ буд, солҳои дароз чун дастури муҳим барои туркҳо ва форсҳо хизмат мекард. Дар ин китоб матнҳои арабӣ ба забонҳои туркӣ ва форсӣ тарчума шудаанд. Дар асрҳои XI-XVI усули муқоисаро дар навиштани тафсирҳои’ Қуръон ҳам истифода мекарданд. Нахустин тафсирҳои Қуръон бо номи «Тафсири Сурободӣ», «Тафсири Табарӣ» ва ғайра ба ин мисол шуда метавонанд. Дар асри XIV Алишери Навоӣ дар асараш «Муҳокимат-ул-луғатайн» (Мубоҳисаи ду забон) бори аввал муносибати ду забони аз рӯи пайдоишашон гуногунро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар ин асар Навоӣ хусусиятҳои забони форсӣ ва ӯзбекии қадимро муайян намуда, баъзе фарқиятҳои онҳоро нишон додааст.

Давраи нави инкишофи омӯзиши мукоисавии забонҳо ба давраи авҷи робитаҳо бо Аврупо рост меояд. Дар ин давра грамматикаҳои бисёре аз забонҳои Шарқ таълиф мешаванд. Дар Осиёи Миёна бошад, таълифи чунин грамматикаҳои забонҳои ин минтақа ба давраи ҳамрошавии Осиёи Миёна ба Россия, ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд омадани русҳо ва бо худ овардани таҷҳизоти чопкунӣ рост меояд. То охирҳои асри XIX дар Осиёи Миёна якчанд грамматикаҳои забонҳои маҳаллӣ ба забони русӣ нашр шуданд. Мисоли барљастаашон китоби «Грамматикаи лаҳҷаи сартӣ» (сартӣ – қавмҳои тољику ӯзбек, яъне қавмҳои ғайриараб) ба шумор меравад, ки дар ду сутунча чоп шудааст.

Дониншҳои андӯхташуда ва таълифи асарҳои забоншиносӣ оид ба забонҳои Осиёи Миёна олимонро 6а он водор мекарданд, ки ин забонҳои миллиро бо забони русӣ муқоиса кунанд. Тарљумаҳои русии маводи забонҳои Осиёи Миёна ба иљрои ин кор мусоидат мекард.

2.Омӯзиши муқоисавӣ – типологии забонҳо дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва замони ҳозира.

Дар Тоҷикистон омӯзиши типологии забонҳои тоҷикӣ ва забонҳои дигар аз соли 1952 аз мақолаи Л.А. Букатина бо номи «Дар бораи муқоисаи системаи фонетикии забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ» оғоз ёфт (Л.А. Букатина. К вопросу о сравнении фонетического строя русского, таджикского и английского языков -УЗДГПИ. Вьтп. №1. 1952). ‘Сoли 1958 Л. B. Успенская мақолаеро оид ба фарқиятҳои сохтори забонҳои тољикӣ ва русӣ нашр намуд (Л.В. Успенская. Основные структурные особенности современного таджикского языка по сравнению с русским языком. Ташкент, 1958). Худи ҳамон сол М.Б. Шаҳобова дар ҳамкорӣ бо Е.М. Волф китоби дарсии забони англисӣ ба забони тоҷикӣ барои мактабҳои олиро нашр намуд.

Тадқиқоти васеъ ва ҳаматарафа доир ба муқоисаи типологии забонҳо дар Тоҷикистон солҳои 60-уми асри XX вусъат ёфтанд. Мақолаҳо ва асарҳои дар боло зикршуда барои давом додани тадқиқоти типологии забонҳои хориҷию русӣ ва забони тољикӣ замина гузоштанд

Чунон ки маълум аст, дар Љумурии Тоҷикисгон ғайр аз забони давдатӣ забонҳои дигар, ба мисли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо, забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ. қирғизӣ, забонҳои бехат: гурӯҳи забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобӣ амал менамоянд. Чунин ҳолати бисёрзабонӣ ва омӯзиши баьзеи онҳо дар мактабҳо, инчунин зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзиши типологии забонҳоро муҳимтар мегардонад.

Дар омӯзиши муқоисавӣ-типологии забонҳо дар Тоҷикистон хизмати олимони забоншинос Успенская Л.В., Шаҳобова М.Б., Мошеев И.Б., П. Ҷамшедов, Михайиличенко Г.С., Абдуллоева М.Н., Ҷабборова М.Т., Баракаева Г.В., Королева Л., Камолова А.Р., Смола Б.С. ва дигарон шиостаи таҳсин аст.

Омӯзиши муқоисавӣ- типологии забонҳо аз ду ҷиҳат муҳим аст: якум ин гуна тадқиқотҳо илми забоншиносиро инкишоф медиҳанд; дуюм ин усул омӯзиши забонҳоро осон гардонда, барои беҳтар аз худ кардани забонҳо, кӯмак менамояд.

1 Скачать

332
Нет комментариев. Ваш будет первым!