Таҳарруки иҷтимоӣ

1.Мафҳуми таҳарруки иҷтимоӣ, шаклҳо ва пайдоиши он.

2.Оқибатҳои таҳарруки иҷтимоӣ.

3.Раванди мигратсия ( муҳоҷират).

Дар олами ғайризинда ҳаракати ҷисмҳои материалӣ твассути таъсироте, ки сарчашмаашон фаротар, хориҷ аз сарҳадоти онҳо аст, сурат мегирад.Вале объектҳои зинда мустақилона ҳаракат мекунанд ва сарчашмаи ҳаракати онҳо аз дохилашон оғоз мегирад.

Таҳаруки объектҳои зинда ба хотири идомаи ҳаёташон нигаронида шудааст. Инро ба инсон низ нисбат додан мумкин аст.Вале таҳарруки инсон аз вижагиҳои алоҳида низ бархўрдор аст ва бинобар ҳамин ҳам одатан дар он ду навъи таҳаррук, яъне таҳарруки физики ва иҷтимоиро фарқ мекунанд. Таҳарруки физикӣ агар ҷойивазкунии ҷисми ў дар фазо бошад, пас таҳарруки иҷтимоӣ ҷои худро иваз намудани ў дар фазои алоқаю муносибатҳои дар ҷомеа роиҷ аст. Таҳарруки ичтимоӣ ин хусусияти ҷои худро иваз кардани фард, гурўҳи иҷтимоӣ дар ҳамин фазо аст, ва он аз ҳама бештар робитаи устувор бо тағйири мақоми иҷтимоӣ ва тахассусии одамон дорад.

Ҳама гуна ҷойивазкуниеро, ки он боиси тағйирёбии мақоми иҷтимоӣ, тахассусии одамон, ҷои онҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мегардад, таҳарруки иҷтимоӣ меноманд.Истилоҳи «таҳарруки иҷтимоӣ »-ро бори аввал дар сотсиология Питирим Сорокин, ки онро барои ифодаи хусусияти тағйиротҳои дар сохтори иҷтимоии ҷомеа таҳти таъсири муносибатҳои ҷадиди хоҷагидории сармоядорӣ ба амалоянда ба кор гирифтааст, васеъ мавриди истифода қарор додаст. Ў таҳаррукро аз ду ҷиҳат мавриди баррасӣ қарор додаст:

а) муҳоҷирати мардуми дехот ба шаҳрҳо;

б) суръати баланд гирифтани ҷараёни аз як макоми иҷтимоӣ ба мақоми дигар гузаштани одамон .

Ҳамин тавр яке аз назарияҳое, ки мундариҷаи мавзўи қишрбандии иҷтимоиро такмилу равшан месозад, ин назарияи «таҳарруки иҷтимоӣ» аст. Тибқи ин назария фард метавонад ба ҷои он ки тамоми умр дар заиндагии «қишри» худ боқӣ бимонад, баръакс кўшиш ба харҷ медиҳад то аз як қишри иҷтимои ба дигар интиқол ёбад. Таҳарруки иҷтимоӣ метавонад амудӣ ё уфуқӣ бошад:

а) Таҳарруки амудӣ, яъне интиқол ба боло ё поении нардбонӣ – табақотӣ аст. Ин навъи таҳаррукро дар навбати худ боз ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд, таҳарруки болоравандаи амудӣ( боло рафтани мақоми иҷтимоии шахс)ва таҳарруки поёнравандаи амудӣ ( ба макомҳои поинтар ҳаракаткунии пойгоҳҳои иҷтимоӣ).Баъзан дар ҷараёни камолоти тахассусию иҷтимоии одамон ҳарду ин навъҳои таҳаррук метавонанд дар якҷояги амал намоянд.Аз ин ҷиҳат агар таҳарруки болоравии иҷтимоӣ ин раванди ихтиёрӣ ва марбут ба саъю кўшиши афрод бошад, пас баръакси он, яъне таҳарруки поёнравандаи амудӣ ин хусусияти иҷборӣ дорад

б) Таҳарруки уфуқӣ бошад, иборат аст, аз тамоми навъҳои интиқолҳои дигар, ки бо тағйири табақоти иҷтимоӣ вобастагӣ надоранд.

Масалан, тағйири манзил кардан, ё қабули ҳамон як шуғл дар ҷои дигар бе тағйири статус ва ғайра.

Аслан ба сифати маҷроҳои таҳарруки амудӣ шаклҳои шуғл, омўзиш, тарбия ва ғайра хизмат мекунанд. Дар қатори ин омилҳо таъсири «маълумотнокӣ» ба суръати таҳарруки иҷтимоӣ дар байни афрод ва соири гурўҳҳои иҷтимоӣ хеле калон аст. Вале ин таъсирот на ҳама вақт натоиҷи мусбиро метавонад ба бор дошта бошад.Тибқи натоиҷи пажўҳишгоҳҳои дар ин самт анҷом додаи сотсиологи фаронсавӣ Р. Будон маълумотнокӣ ҳамчун яке аз маҷроҳои таҳарруки иҷтимоӣ на танҳо барои болоравии мақоми ишғолкардаи одамон, балки барои маҳрум шудани онҳо аз ҷунин имконот низ хизмат карда метавонад.Пайваста такмил ёфтани мундариҷаи маълумотнокии одамон рақобати онҳоро низ барои ишғоли мақомҳои бонуфуз пуршиддат намуда, дар натиҷа боиси тағйир ёфтани пойгоҳҳои ичтимоии онҳо, сарфарозии баъзеҳо ва маҳрумшавии дигарҳо аз ин имконият мегардад.Яъне маълумотнокӣ на танҳо омили тавсиябахши таҳарруки иҷтимоӣ, балки заминаи эҷоди нобаробариҳои иҷтимоӣ низ мебошад.

Чигунагии таносуби таҳарруки амудию уфуқии иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳои муассири устуворӣ ва ноустувории тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Дар ҷомеа ҳар қадар агар барои одамон имконияти васеъи тағйирдиҳии мақоми иҷтимоияшон фароҳам оварда шуда бошад, ҳамон қадар тамоили фардгароияшон зиёд ва ҳамбастагии гурўҳию маҳаллияшон камтар мешавад.

Таҳарруки иҷтимоӣ метавонад инчунин дар ҳардуи як насл низ ба амал ояд. Ин гунна таҳаррукро Э. Гидденс таҳарруки ҳамгароёна ( интегратсионӣ), ҳамсиннусолӣ меномад. Таҳарруки ҳамсиннусолӣ одатан ҳамчун раванди пушти сар шудани пайроҳаи ҳаётии ягон насли муайян ( аз овони тифлӣ ба балоғат ва баъдан ба пирӣ расидан, ишғоли мақомҳои гуногун аз ҷониби намояндагони насли мазкур ва ғайра) арзёбӣ мешавад. Навъи дигари таҳарруки ҳамгароёна ин таҳарруки байнинаслӣ аст, ки дар он муқоисаи тағйирпазирии мақомҳои иҷтимоии наслҳои гуногун дар мадди аввал қарор мегирад… Мисоли ин пайравии фарзандон аз касби волидайнашон аст. Ин навъи таҳаррук фосилаи муддати ба ворисият дода шудани таҷрибаи ҳаёти як наслро ба насли дигар ва баъзан мавҷудияти тамоюли анъанагароӣ, кундсуръатии инкишофи ҷомеаи муайянро инъикос менамояд.

Дар сотсиология алҳол дар маҷмўъ таҳаррукҳои иҷтимоиро боз ба ду гурўҳ ҷудо менамоянд:

1) Сохторӣ (структуравӣ);

2) ғайрисохторӣ ( ғайриструктуравӣ).

Таҳарруки сохторӣ агар ба тағйири саросари, куллии сохтори иҷтимоӣ оварда расонад, пас таҳарруки ғайрисохторӣ ҳама гунна тағйирёбиҳои дар мақоми иҷтимоии одамон ба амл ояндаро, ки омили тағйири сохтори мавҷудаи иҷтимоӣ намегарданд, дар назар дорад.

Таҳарруки ичтимоиро метавон тавссути ба кор гирфтани ченакҳои миқдорӣ ва сифатӣ чен намуд. Таҳлили миқдорӣ имконият медиҳад мо суръати таҳарруки ичтимоиро тавассути зинаҳои аз ҷониби афрод ба самтҳои амудию уфуқӣ тайшаванда дар фосилаи муайяни вақт ҳисоб намоем.Дар ҷараёни таҳарруки иҷтимоӣ сатҳи даромад, арзишҳо, ҷаҳонбинии афрод низ тағйир ёфта, дар маҷмўъ он ба инкишофи ҷомеа таъсири худро мерасонад.

Муҳоҷират – ин раванди ҷойивазкунии аҳолӣ дар дохил ва берун аз сарзамини худ мебошад.

Вобаста ба ҷойивазкунӣ аҳолӣ ба кушода ва пўшида ҷудо карда мешавад:

Ба аҳолии кушода аҳолии деҳот ё шаҳр мисол шуда метавонад.

Аҳолии пўшида танҳо аҳолии тамоми кураи заминро дар бар мегирад. Дар давраи гузашта пўшида аҳолии аксарияти ноҳияҳои ҷудокардашуда, захираҳои алоҳида ва ҳатто континентҳо дохил мешуданд. Тараққиёти иқтисодӣ- иҷтимоӣ маҳдудияти сарзаминҳои алоҳидаро барҳам дод, вале дар шароити ҳозира аҳолии бисёр мамлакатҳо бо муҳоҷирати берунаи худ ба аҳолии пўшида наздик мебошанд.

Муҳоҷирати аҳолӣ – ҷраёни мураккаби иҷтимоӣ буда бо тағйиротҳои сохти иқтисодӣва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, бо инкишофи иҷтимоӣ ва меҳнатии аҳоли алоқаи зич доранд.Муҳоҷирати аҳолӣ аз рўи як қатор нишондиҳандаҳо тасниф карда мешаванд.

1) Вобаста ба хислати гузориши сарҳад, муҳоҷирати аҳолӣ ба берунӣ ва дохилӣ ҷудо карда мешавад Дар зери мафҳуми берунӣ гузаштани сарҳади давлатиро мефаҳманд, онҳо дар навбати худ ба байниконтиненталӣ ( муҳоҷирати умумии европоиҳо берун аз уқёнус), дохиликонтиненталӣ ( муҳоҷирати муосири яке аз мамлакатҳои Европа Италия, Испания ба Олмон, Фаронса ва ғайраҳо) ҷудо мешаванд

2) Аз рўи нишондиҳандаҳои вақт чунин шаклҳои муҳоҷирати аҳолиро фарқ мекунанд:

-доимӣ ( бебозгашт);

-муваққатӣ (мавсимӣ).

3) Таснифи муҳоҷират аз рўи сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, нажодӣ, динӣ.

4) Аз рўи шакли иҷрокунӣ муҳоҷират ба ҷамъиятӣ- муташаккил ва ғайримуташаккил ҷудо мешавад.

5) Муҳоҷирати маҷбурӣ ва ихтиёрӣ.

Адабиёт:

1.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

2.Доброньков В.И.Кравченко А.И. Социология.М., 2004.

3.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995. 7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

#

422
Нет комментариев. Ваш будет первым!