Сотсиология ҳамчун илм. Предмет ва вазифаҳои сотсиология.

Ба мафҳуми сотсиология бисёриҳо хело ҳам аз наздик шиносанд. Вақте, ки натиҷаҳои сотсиологӣ нисбати муайян сохтани ин ва ё он проблемаи ҳаётӣ: вазъияти сиёсӣ дар мамлакат, афкори одамони касбу кори гуногун оиди фаъолияти президент, идораи ҳукумат, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии одамон, иштироки онҳо дар идоракунии ҷомеа ва ѓайра аз радио ва ё телевизион ба маълумоти умум расонида мешаванд, шунавандагон ҳамоно аз ин мафҳум бохабар мегарданд.Ҳоло дар бисёр коллективҳои меҳнатӣ, идораю муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳо, ҳатто дастгоҳи президентӣ, ҳукуматӣ, гурўҳҳои махсуси сотсиологӣ ташкил дода шудаанд ва боиси тазаккур аст, ки онҳо дар равшанӣ андохтани кулли муаммоҳои ба миён омадаи зиндагӣ ҳиссагузорӣ доранд.

Омўзгорон, тарбиядиҳандагон, аҳли илму адаб, фарҳанг ба мақсади беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти худ, ноил шудан ба муваффақиятҳои дилхоҳ аз тарзу усулҳои гуногуни омўзиши сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд. Ҳуқуқшиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз тарзу усулҳои хосаи сотсиологӣ истифода карда, роҳҳои пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, сари вақт фош кардани сабабҳои ба ҷиноят даст задани одамонро муайян месозанд.Агар хулоса карда гўем дар замони муосир сотсиология воситаи муҳими ҳаллу фасл намудани проблемаҳои дар ҷомеа ҷой дошта ба ҳисоб меравад. Аммо ҳамаи ин гуфтаҳои боло предмет ва вазифаҳои сотсиологияро кушода дода наметавонад, барои ин мо бояд донем, ки сотсиология ҳамчун илм чиро меомўзад.

Ибораи «сотсиология» аз ду калима: калимаи лотинӣ societas- ҷомеа ва калимаи юнонӣ logos – таълимот гирифта шуда маънояш таълимот дар бораи ҷомеа мебошад.Чуноне, ки қайд кардем аз рўи этимология сотсиология таълимот дар бораи ҷомеа мебошад, инро сотсиологи америкоӣ Дж. Смелзер дар китоби худ « Сотсиология» таснифот медиҳад. Аммо ин таърифи абстрактӣ мебошад, чунки ҷомеа ва паҳлўҳҳои онро бисёр илмҳои гуманитарӣ ба мисли фалсафаи иҷтимоӣ, иқтисоди сиёсӣ, таърих, демография ва ѓайраҳо меомўзанд.Сотсиология илм дар бораи тамоми паҳлўҳҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ҳодиса ва муносибатҳои иҷтимоии одамондар ҷомеамебошад. Илм дар бораи ҷомеа ҳамчун низоми иҷтимоӣ, фаъолият ва инкишофи ин низом тавассути унсурҳои ҷудонашавандаи он: шахс, умумияти иҷтимоӣ ва институтҳои иҷтимоӣ мебошад.

Герберт Спенсер(1820-1903) сотсиологи англис дар асараш «Сотсиология» ёдовар мешавад, ки ибораи «сотсиология» чун мафҳуми илмӣ бори аввал соли 1838 аз тарафи файласуфи франсузОгюст Конт(1798-1857) истифода шудааст.Мавзўи омўзиши сотсиологияро аз ба дастдаровардани далелҳои иҷтимоӣ донистаолим онро ба илми ҷомеашиносӣ айният додаст.

Олими дигари франсузЭмиля Дюркгейм(1858 – 1917) яке аз аввалинҳо шуда сотсиологияро на чун илми ҷомеашиносӣ,балки илми мустақили иҷтимоишиносӣ шинохта, вазифаи онро азомўзиши далеҳоииҷтимоӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ медонад.Олим муносибатҳои иҷтимоӣ гуфта муносибатҳои коллективиро дар назар дорад.

Аз нуқтаи назари сотсиологи шинохтаиолмонӣ Макс Вебер бошад сотсиология – ин илм дар бораи рафтори иҷтимоӣё ин ки муносибатииҷтимоӣ мебошад.

Чуноне, ки ишора рафт сотсиология низ ҳамон олами иҷтимоиеро меомўзад, ки тамоми илмҳои ҷузъии ҷомеашиносӣ мавриди таҳлил қарор додаанд. Аммо олами иҷтимоие, ки сотсиология таҳлил менамояд дар шакли кулл, фард, махсус чун ягона дида баромада метавонанд. Бо вуҷуди он, ки барои сотсиология ҷанбаҳои ҷузъӣ низ аҳамиятноканд, вале мақсади асосии вай аз омўзиши чунин масъалаҳо хулосаҳои умумӣ, ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ баровардан аст.

Ҳамин тавр дар бештари асарҳои мутафаккирон сотсиология чун илми иҷтимоишиносӣ, қисми соҳаи ҷомеашиносӣ эзоҳ дода шудааст.

Пас, сухан дар бораи иҷтиоиёт мерафтааст, пеш аз ҳама бояд ба моҳияту маънои иҷтимоӣ низ бояд хуб сарфаҳм равфт.Иҷтимоӣ гуфта одатан тамоми он хосият, хусусият, сифати муносибатҳои ҷамъиятироменоманд, ки дар фаъолияти одамони алоҳида, коргарон, меҳнати ягонаи онҳо, дар шароитимуайяни корӣ, муҳит, вазъият ҷой доранд. Омўзиши иҷтимоӣ чун ифодакунандаи риштаҳои пайвасти одамон дар зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба ҳисоб меравад.

Барои фаҳмидани хусусияти хоси илми сотсиология пеш аз ҳама паҳлўҳҳои тадқиқотҳои сотсиологиро омўхта истода методҳое, ки сотсиология ба он такя мекунад муайян карда шавад.Барои инро дуруст фаҳмидан бояд фарқи байни объект ва предмети сотсиология муайян карда шавад.

Ба сифати объекти ин ё он илм одатан як қисми мушаххаси олами объективӣ ва ё олами субъективӣ қабул карда шудааст. Предметиҳамаи илмҳонатиҷаҳои илмӣ- назариявие, ки аз раванди омўзишиобъект ба даст дароварда шудаанд, ба ҳисоб меравад. Ин натиҷаи фаъолияти тадқиқотӣ мебошад.Илмҳо низ аз якдигар пеш аз ҳама аз давраи омўзиши объект ва предметашон фарқ мекунанд.Сабаби пайдоиши илми сотсиология чун илми мустақил, ҷудо шудани он аз фалсафаи иҷтимоӣ, шинохта шудани вай аз ҷониби аҳли илму фарҳанг, мақоми хоса пайдо кардани он низ ҳамин шуда метавонад, ки бо мурури замон ва инкишофи илму техника, қувваи наву тозаи ақлонии ҷомеа он доираи объект ва предмети худро шинохт.

Объекти сотсиология ҳаёти гуногунсоҳаи фаъолияти иҷтимоист.Сотсиология ҳаёти иҷтимоӣ, яъне ҷамъияти инсониро чун организми зиндаи инкишофёбандаи доимӣ, чун форматсия таҳлил карда истода, аз робитаҳое, ки дар он вуҷуд доранд барои имрўзу фардои ҳаёт хулосаҳои даркорӣ мебарорад. Нисбати объект ва предмети омўзиши сотсиологӣ чунин хулоса кард:

1.Объекти омўзиши сотсиологӣ тарафҳо, хосиятҳо ва муносибатҳои иҷтимоии одамон дар ҷомеа мебошад.

Предмети омўзиши сотсиологӣ боад ҳамон тараф қисмати объекти интихоб шуда мебошад, ки мавриди таҳқиқ, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифтааст.

  1. Объекту предмети омўзиши сотсиологӣ баъзан то ба дараҷае ҳамоҳанг, ки онҳоро ҷудо карда намешавад.
  2. Объекти тадқиқотӣ (фаъолияти одамон) нисбат ба предмети тадқиқоти (муносибат) устувор мебошад.
  3. Объекту субъект ду тарафи як фаъолият буда алоқамандӣ, вобастагии ҳодисаю воқеаҳои дар он рух додаро ифода мекунанд.

Эволютсияи илми сотсиология таърихи якуним асра дошта аз ҷиҳати мазмуннокиаш хело ҳам бой аст. Ин нишони он аст, ки ҷомеа чун предмети омўзиши тамоми фанҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сотсиология буда, диққати ҳамаи чомеашиносонро ба худ ҷалб кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чун дигар фанҳо маънидод кардани фаҳмиши илмии сотсиология низ пеш азҳама дониши чуқуру васеъ, маълумоти пухтаро нисбати ҷомеа талаб менамояд. Ин масъалаи методологӣ буда, дар таҳлил ва хулосабарорӣ муносибати махсуси тадқикотиро талаб мекунад.Ҷомеа ва тамоми паҳлўҳҳои ба он дахл доштаро на ин ки сотсиология, инчунин дигар илмҳо низ ба мисли: фалсафа, иқтисодиёт, таърих, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, демография ва ѓайраҳо меомўзанд. Дар омўзиши ҷомеа сотсиология аз дигар илмҳои дар боло зикр шуда бо тарзу усулҳои омўзиш ва таҳлили объекту субъекти худ фарқ мекунад.Масалан, агар психолог асосан ба омўзиши фарди ҷудогона «ман», бисёртар аҳамият диҳад, пас сотсиолог ба муносибати байни шахсҳо «мо» асосан аҳамият медиҳад.

Сохтори сотсиология аз институтикунонии дохилӣ вобастагии сахт дошта аз такмили ташкили сохтори илм ва тақсимоти меҳнат дар дохили фан, ташаккули қоидаву нормаҳои ахлоқи касбӣ, таҳияи роҳу усулҳои тадқиқотии самаранок ташкил меёбад.Хамаи ин раванди ҳақиқии истеҳсолот ва банизомдарории донишро дар соҳаи муайяни маърифат бояд таъмин намояд.Яке аз ҷойҳои намоёнро дар ин раванд тақсимоти меҳнат ё дараҷаи ташкили сохтори илм ишѓол мекунад: дараҷаи тадқиқотҳои фундаменталӣ; дараҷаи тадқиқотҳои амалӣ; дараҷаи иженерияи иҷтимоӣ.

Аз ин тақсимбандӣ бар меояд, ки сотори сотсиология аз се дараҷа ташкил медиҳад: сотсиологияи назариявӣ, сотсиологияи амалӣ, инженерияи сотсиалӣ.

Ба ѓайр аз ин се дараҷа сотсиологҳо дар дохили ин илм боз макро- ва микросотсиологияро ҷудо мекунанд.Макросотсиология ва системаи бузурги сотсиалӣ ва равандҳои дурмадарози таърихро меомўзад. Микросотсиология бошад рафторҳои ҳаррўза ва муносибати ҳамдигарии одамонро меомўзад.Ба ѓайр аз ин сохтори сотсиологияро сотсиологияи соҳавӣ ба монанди: сотсиологияи меҳнат, сотсиологияи иқтисодӣ, сотсиологияи ташкилӣ, сотсиологияи тандурустӣ, сотсиологияи ҷавонон, сотсиологияи шаҳр, сотсиологияи деҳот, сотсиологияи оила сотсиологияи маориф ва ѓайраҳо ташкил медиҳад.

Гуногунрангии муносибатҳои сотсиология бо ҳаёти ҷомеа ва таиноти ҷаъиятии он дар навбати аввал аз вазифаҳои он муайян карда мешавад.Мавзўи омўзиши сотсиология ин асосан фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ, иқтисодию маънавӣ, хулас воқеии ҳаёти инсонӣ бо тамоми тарафҳояш мебошад.

Сотсиология навъҳои гуногуни фаъолияти одамонро омўхта, таҳлил кардаистода, бо ҳамин вазиваҳоеро ба ҷо меоварад, ки бо вуҷуди аз ҷиҳати маъно, мафҳум, номгузорӣ наздик буданашон ба илмҳои дигар, вале мазмунан, моҳиятан, кулан фарқ мекунад.

Ҷаҳонбинӣ яке аз вазифаҳои асоситарини сотсиология ба шумор меравад.Тавассути ҷаҳонбинӣ одамон нисбати он ҳодисаю воқеаҳое, ки дар олами гирду атроф ба вуҷуд меоянд маълумотҳо пайдо карда, фаҳмиш, дониш, фикру ақидаашонро афзун мегардонанд.Сарчашмаи донишгирӣ, яъне ташаккулёбии ҷаҳонбинии инсон ин пеш аз ҳама фаъолияти мақсадноки бошууронаи меҳнатии ў буда, зиндагӣ ўро тақозо менамояд, ки дар шоҳроҳи ҳаёти худ ҳар чи бештар маърифатнок бошад.

Ҷахонбинӣ асосан ин фикр, андеша ақида, эътиқод мафкураи инсон нисбати баҳо додан мебошад.Дар илми сосиология ҷаҳонбинӣ мақоми хоси худро дорад.

Ин мақомот аз доираи моҳият ва мавзўи омўзиши вай бар меояд. Иҷтимоиёт, ки басо мураккаб ва паҳлўҳои бисёри зиндагиро дар худ қарор додаст, ҳамеша диққати ҳар як фардро табиатан ҷалб менамояд.Чунки дар ҳамаи паҳўҳои ҳаёти иҷтимоӣ фаъолияти инсон зикр гардидааст, аммо барои худи инсон на ҳамеша моҳият, мақсад, марому орзуи ин фаъолият пешакӣ равшан аён нест.инсон дар тўли ҳаёташ ба бисёр проблемаҳо ва муаммоҳои сарбаста дучор меояд ва дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли он ва дуруст дарк кардани моҳияти он аз соддатарин дараҷаи донишҳосилкунӣ ба дараҷаи баланди маърифатнокӣ мерасад. Худшиносии инсон низ аз он сар мезанад, ки вай ба олами гирду атрофаш эҷодкорона назар мекунад.

Дар ин ҷода мақоми амалия, фаъолияти мақсадноки меҳнатию ҷамъиятии ў хеле бузург аст.Амалия – меъёри донишҳосилкунӣ, санҷиши донишҳои ба амаломада ва коркарди назарияҳои нав ба нави илмию маърифатӣ, омили дар ҳаёт татбиқ

намудани ҳамаи бозёфтҳо ва боз дар навбати худ сайқал додани тамоми ҷиҳатҳои фаъолияти инсон буд ва мемонад.Ягонагии назария ва амалия яке аз таснифотҳои асосии сотсиология ба шумор меравад.Аксарияти тадқиқотҳои сотсиологӣ ба ҳалли масалаҳои амалӣ равона карда шудаанд.

Яке аз вазифаҳои дигари сотсиология ин вазифаи амалии сотсиология ба шумор меравад. Амалияро аслан ба ҳамтаъсиррасонии субъект(инсон) ва объект (предмет, ходиса, воқеаҳои олам) номида, натиҷаҳои онро дар санҷидани хулосаи муайян баровардан аз чунин фаъолияти хеш мебинанд.Худи сотсиология чун натиҷаи меҳнату заҳмати қувваи интеллектуалии мутафаккирони ҷомеашинос дар натиҷаи амалия ба амал омадааст.Он афкору ақида, назарияҳои илмӣ, ки имрўз оиди ҳаёти иҷтимоӣ маҷуданд натиҷаи ҷамъбасту хулосабарориҳо аз фаъолияти амалии инсон мебошад.Масалан: О.Конт « Курси фалсафаи позитивӣ», К.Маркс « Капитал», В.И.Ленин « Давлат ва револютсия»ва ѓайраҳо.

Донишгирии инсон, ки протсесс мебошад, хоҳ нохоҳ объективан ўро аз нуқтаҳои оддитарини фаҳмиш ба дараҷаи баланди тафаккури илмию назариявӣ ба камол мерасонад.Фаъолияти назариявии одамон ин натиҷагирӣ аз амалия мебошад.Ҳамаи он назарияҳои илмие, ки инсоният дар сотсиолгия сазовор гаштааст натиҷаи амалия буда, боз худи амалия асоси ба миён омадану инкишоф ёфтани назарияҳои илмӣ мебошад.Амалия назарияро ба вуҷуд меорад ва дар навбати худ назария дар амалия санҷида мешавад.Онҳо бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд ва ду тарафи фаъолияти инсон ба шумор мераванд. Қувваи ақлонии инсон ба таҷрибае, ки инсоният ноил гаштааст такя карда, афкору ақидаҳоеро, ки вуҷуд доранд санҷида, назарияҳоеро кор карда мебарояд, ки баътар чуни лм оиди ин ва ё он соҳаи зиндагӣ шинохта ва қабул карда мешаванд.Илм бо назария зинда аст. Маҳз идеяҳо, назарияҳо илмро нигоҳ медоранд, бой мегардонанд, қувват мебахшанд ва дар навбати худ илм назарияҳоеро баҳри омўзиши амалӣ ба миён мегузорад, ки ҳалли муваффақиятноки онҳо мақоми илмро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардорад.

Дар ҳаёти ҷомеа истифодабарӣ аз тадқиқотҳои сотсиологӣ барои банақшагирии иҷтимоӣ хеле роли калон мебозад.Новобаста аз системаи иҷтимоӣ дар тамоми давлатҳои дунё банақшагирии иҷтимоӣ хеле инкишоф ёфтааст, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст.

Сотсиология ба ѓайр аз вазифаҳои нобаршуда боз вазифаҳо гуногуни муҳимро иҷро мекунад: илмию маърифатӣ, идеологӣ, тарбиявию психологӣ, идоракунии сотсилогӣ, иттиолоотӣ, гуманистӣ, ояндабинӣ ва эҷодкорӣ ва ѓайраҳо.

Адабиёт:

1.Арон Р. Этапы развития социологической мысли. М.,1983.

2.Ѓуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

3.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

7.Спиркин А.Г. Философия. М.,2004.

11.39K
Нет комментариев. Ваш будет первым!