Метод ва методологияи тадқиқоти сотсиологӣ

Методҳо дар рафти фаъолияти амалии одамон чун усулҳои ҷамбасту ба хосият ва қонунҳои воқеият, ба мантиқи объективии чиз мутобиқу мувофиқи фаъолият пайдо шуда, мақсад аз фаъолияти инсон дигаргун сохтани чиз мебошад. Аз ин рў меодҳои фаъолияти амалӣ тарзҳои таърихан муайяншудаю аз ҷиҳати иҷтимоӣ собити таъсири ҳиссию амалии одам ба олам мебошад. Дар ҳамин асос тарзҳои фикрӣ ва баъдтар назариявии дарку дигаргунсозии воқеият муайян шуда, дар рафти инкишофи илм методҳои назариявие пайдо мешуданд, ки маҷмўи тарзҳои фаъолияти мағзи сар буда, ба он роҳ ёфтани ҳақиқатро нишон медиҳанд. Интихоби методҳо чӣ ба табиати ҳодисаи омўхташаванда ва чӣ ба вазифаҳое вобаста аст, ки муҳаққиқ, дар назди худ мегузорад. Мукаммал дарк шудани моҳияти объекти тадқиқшаванда дар сурати баробар будани шартҳои дигар маҳз ба метод вобаста мебошад.

Ҳар илм методҳои тадқиқоти худро муайян менамояд ва бинобар ҳамин системаи методҳои илм ҳам мисли худи илм басо гуногунсоҳа аст. Ин ҳолат таснифи методҳои илмиро тақозо менамояд.

Методро чароғи маърифат, воситаи ба даст даровардани ҳақиқат меноманд. Бале чи тавре, ки таҷриба исбот намудааст дар интихоби тарзу усулҳои омўзиши ҷанбаҳои амалию назариявӣ мақоми методология калон аст. Аз дараҷаи ба моҳияту маънои назариявии масъала сарфаҳм рафтан, муаммои илмиро дуруст пай бурдан ва тарзи донишҳосилкунии илмиро донистан аз натиҷагириҳои хуби тадқиқӣ вобастагӣ доранд.

Мафҳуми «методология» аз калимаи «метод» ва «логия» иборат буда, маънояш таълимот дар бораи метод мебошад.Умуман методология таълимотест, ки воситаҳои идеалии дониш ва дигаргунсозии воқеиятро меомўзад. Мантиқ алокамандӣ, пайвастшавӣ, сохт ва қонунияти инкишофи шаклҳои фикриро меомўзад. Мантиқ илмест доир ба тафаккури дуруст ва ба даст овардани донишҳои ҳақ. Дар баробари нишон додани усули қоидаҳои ҳосил кардани донишҳои ҳақ мантиқ роҳу воситаҳои бартараф кардани хатогиҳои фикриро низ нишон медиҳад. Мантиқ ва методология силоҳи асосии дониш мебошанд. Метод дар ҷараёни маърифати олам ва фаъолияти амалии инсон воситаи тавонои ба даст овардани натиҷаҳои ҳақ ба шумор меравад.Гегел гуфтааст: «Метод шакли зоҳирӣ набуда, балки рўҳу мафҳуми мазмун аст»

Методология ҳамчун таълимот оид ба метод ба мураттаб сохтану шарҳи илмии маҷмўи тадқиқоти ҷузъӣ ва куллӣ маҳдуд намешавад. Дар баробари таҳлили методҳои чи ҷузъӣ ва чи куллии тадқиқот методология пеш аз ҳама, ба имконияти татбиқи ин методҳо дар рафти ба даст овардани ҳақиқат ва ролу мавқеи он дар ҷараёни дониш сару кор дорад.

«Маҳол аст, ки бе метод ба даст даровардани ҳақиқатро чашмдошт бошем».(Декарт).

Методологияе, ки сотсиология ба он такя дорад, таълимоти илмӣ- материалистӣ буда, ҳақиқатро ба воситаи усулҳои санҷидашуда омўхта, таҳли намуда хулоса мебарорад.Ҷараёни донишҳои сотсиологӣ аз рўи табиат, моҳият ва зоҳиршавиашон хело ҳам мураккаб буда дар шаклхои гуногун (кушода, нимкушод, махфӣ) рух медиҳанд.Барои ҳамин ҳам методҳои омўзиши сотсиологӣ шаклҳои гуногуни тадқиқотиро дар бар гирифта, ҳар кадоме баҳри тадқиқу таҳлили ҳодисаю воқеаҳои муайяне равона кардашудаанд. Тарзу усулҳои омўзиши сотсиологӣ дар шаклҳои оддӣ (содда), мураккаб (устуворона), махсус (умумӣ) истифода мешаванд.

Истифодаи онҳо аз мураккабию содда будани масъалаи тадқиқшаванда, мақсаду мароми гузошташуда ва дараҷаи муайяну номуайянии тарафҳое(масъалаҳое), ки бояд ҳалли худро ёбанд вобаста мебошад.

Натиҷагирӣ аз рафти тадқиқоти пурра аз дониш, малака, таҷрибаи сотсиолог-тадқиқотчӣ вобаста дорад. Агар вай моҳияти масъалаи тадқиқотшавандаро хуб дарк карда дар интихоби тарзу усули омўзиш хато накарда бошад, бешубҳа ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳад шуд.

Ҳар як илм вобаста ба иҷрои вазифаҳои дар наздаш истода, тарзу усулҳои хоси тадқиқотиро дорад. Сотсиология низ аз чунин қонуният берун нест.Вазифаҳое, ки дар назди сотсиологҳо истодаанд ва ё ба миён омаданашон аз гумон дур нестанд, хело ҳам бешумор буда, онҳо тарафҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии одамон, гурўҳҳо, табақаҳо, колективҳоро, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд дар бар мегиранд.Ҷомеа низ манфиатдор аст, ки ин ҷанбаҳо сари вақт омўхта шуда, таҳлил ёфта ва мақсаднок ҳаллу фасл ёбанд, чунки осудагии ҷомеа аз ин вобастагии калон дорад.Тарзу усулҳои сотсилогии тадқиқоти ҷанбаҳои гуногунмақом доштаи ҳаёти иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин мактабҳои идораи илмии ҷомеа ба шумор рафта, тавассути истифода аз онҳо дар ба низом даровардани кулли муаммоҳои ба миён омадаи соҳа кўмаки зиёде расонида метавонад.

Фалсафаи материалистӣ, ки барои сотсиология чун методология хизмат мекунад аз ҷиҳати интихоби дурусти тарзу усули ташкили кор дар тадқиқи бевоситаи ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ кўмакрасон мебошад.Тарзу усулҳои фалсафии омўзиши олам «табиат», ҷамъият, инсон дар тарзу усулҳои сотсиологии омўзиши ҳаёти иҷтимоӣ васеъ истифода меёбанд.

Моҳияти ин метод аз объективан омўхтан, таҳлил намудан ва хулоса баровардан иборат мебошад.

Вақто, ки мо нисбати тарзу усулҳои сотсиологии омўзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ аз далелҳои иҷтимоӣ сухан меронем, набояд фаромўш сохт,

ки сотсиология чун тамоми дигар илмҳо чиҳатҳои таҷрибавӣ( эмпирикӣ, амалӣ) ва назариявӣдорад Вобаста ба ҳамин тарзу усулҳои хосае ҳастанд, ки дар ҳар кадоме аз ин зинаҳои донишгирӣ истифода бурда мешаванд.

Масалан, мушоҳида, муқоиса, озму, санҷиш, андешагирӣ, барин методҳо дар зинаи эмпирикии маърифат васеъ истифода мешаванд.

Методҳои анализ, синтез, индуксия, дедуксия, абстраксиякунонӣ, умуиятдиҳӣ, идеализатсия, моделсозӣ, гипотеза бошанд ба зинаи донишҳои назариявӣ хос мебошанд.

Сарфи назар аз тарафҳои эмпирикӣ (амалӣ) ва ё назариявӣ доштани методҳои сотсиологӣ яке дигареро инкор намекунад, барои равшанӣ андохтани ягон қисмати зинаи назариявии ин ва ё он тарзу усули эмпирикӣ истифода карда мешавад, ё баръакс.Методҳои маърифати илмӣ аз ҷониби ягон кас бофта бароварда нашуда, балки натиҷагирӣ аз тадқиқу ташаккули амалия, фаъолияти бевоситаи инсон ва тафаккури вай мебошад. Агар дараҷаи поёнии (амалии) донишазбаркунӣ намебуд, ва дар он одамон худро обутоб намедоданд, донишҳояшонро пайваста намесанҷиданд, хулоса намебароварданд, инкишоф ёфта наметавонистанд.

Вақте, ки сухан оиди ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои амалӣ меравад, бояд гуфт, ки чунин омўзиши амалӣ асоси назриявии худро дорад. Ҳамаи воқеаҳои олам аз ҷумла воқеаҳои иҷтимоӣ дар дар пайвастагии доимӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо моҳият, фаъолияти инсонро инъикос намуда, тавассути таъсиррасонии инсон дигаргун мешаванд. Инсон низ бо дигаргун шудани олами гирду атроф тағйир ёфта фикр, андеша, орзуҳои нав пайдо мекунад.Фаъолияти ҳаррўзаи ў донишҳо ва таҷрибааашро афзун гардонида, имконияти зина ба зина ташаккул ёфтаашро ба вуҷуд меорад. Ин раванд беохир буда, пас як зинаи муайяни донишҳосилкунӣ вуҷуд дорад, ки дар ин зина қобилияту истеъдоди даркунии вай ташаккул ёфта афкору ақида ва назариявӣ падид меояд.

Ҷидду ҷаҳд, ҷустуҷўи фикри ба миён омадаро тасдиқ ё рад карда, заминаи фикри наву тозаро ба миён меоварад. Чунин маҷрои ҳаёти зиндагии инсон талаб мекунад, ки тарзу усулҳои гуногуни омўзиши фаъолияти вай дарёфт карда шуда ва ба ҳамин роҳ асли воқеа равшантар маълум гардад.

Ҳаёти инсон ҳамеша пур аз ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоист. Бештари онҳо одатан новобаста ба майлу хоҳиши одамон рух медиҳанд Вале ҳодисаҳое низ ҳастанд, ки рух додани онҳо ба фаъолияти худи одамон, дараҷаи фаҳмиш, мақсад, маром, хоҳиши бевоситаи худи онҳо зич алоқаманд аст. Барои ба ин ҳодсаҳо сарфаҳм рафтан, хулосаҳои зарурӣ баровардан аз тарзу усулхои гуногуни омўзишу таҳлили илмию назариявӣ ва амалии сотсиология всеъ истифода мебаранд. Пеш аз он, ки аз ин ва ё, он усул истифода намуд, масъалаи ба миён омадаро дида баромадан лозим аст. Аксаран баро ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ аз методҳои сотсиологии омўзиш ба монанди: мушоҳида, пурсиши иҷтимоӣ, саволнома(анкета), сўҳбат(интервю), таҳлили ҳуҷҷатҳои зарурӣ, санҷиш(эксперимент) васеъ истифода менамоянд.

Методи пурсишимрўзҳо нисбати дигар методҳо мавқеи хоса пайдо кардааст, ки ин тарзи бевоситаи ҷамъ ё гирифтани ахбори аввалин оиди ҳаёти иҷтимоӣ, масоили муҳим ва ҳалталаб мебошад. Қариб 95% ахбор тавассути пурсиши иҷтимоӣ ба даст оварда мешавад.Муҳаққиқон пурсишро методи умумӣ ва воқеияти иҷтимоӣ мефаҳманд.

Мушоҳида ,яке аз шаклҳои маъмултарини тарзу усули сотсиологӣ ба шумор меравад, ки дар ҳаёти ҳаррўзаи одамон мақоми хосаеро пайдо намудааст. Гарчанде одамон дар ҳаёти ҳаррўзаи худ мушоҳида мекунанд, ин мушоҳидаҳо аз мушоҳидаҳои сотсиологӣ фарқи калон доранд. Мушоҳидаи сотсиологӣ ҳатман дар асоси мақсаду мароми муайян гузаронида мешаванд.Сотсиолог аз рўи нақшаи тартиб додааш, дар вақту соати муайн мушоҳида мегузаронад.Мушоҳидачӣ техникаи ба қайдгирии натиҷаҳои мушоҳидаро пешакӣ интихоб карда истода, сабти ҳодисаю воқеа, гирифтани расм, мушоҳида бо тарзи нигоҳи оддӣ, назар кардан аз раванди ҳодисаю воқеаҳо ва пас аз ин дар рўзнома ба сабт кардани лаҳзаҳо аз онҳо бевосита истифода мебарад.Мушоҳида дар ҳодисаҳои гуногун

исифода бурда мешавад. Мушоҳидаҳо метавонанд озод ва махфӣ, иштирокчии бевосита ва бавосита, майдонӣ ва лабораторӣ, назоратӣ ва ғайриназоратӣ, мавсимӣ ва натиҷагирӣ гузаронида шаванд.

Саволномаҳои анкета – усули оммавитарин дар омўзиши ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ мебошад.Анкета аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда маънояш татқиқод (тафтишот) мебошад, ки аввалин маротиба соли 1886 аз тарафи К. Маркс васеъ истифода бурда шудааст. Саволномаҳои анкета бо мақсади равшанӣ андохтан ба он муаммоҳое мебошанд, ки аз ҳалли мавзўъ бар меоянд. Тарзи сотсиологии саволу ҷавобии анкета дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, алалхусус он ҷабҳаҳои, ки қисмҳои таркибиашон хело васеъ буда, омўзишу таҳлили чуқури оммавиро талаб менамояд, истифода бурда мешавад.Шакли исифодабарии саволу ҷавоби анкета метавонад дар ҳузури тадқиқотчӣ ва тадқиқшаванда (бевосита), ғоибона ( бо воситаи идораҳои алоқа, телевизион, радио, телеграф, телеграмма, рўзномаю маҷаллаҳо, пўшида( ба саволҳо тайёр будани ҷавобҳо), нимпўшида ( ба саволҳо ҷой доштани вариантҳои гуногун ва саволҳои озод) сурат гирад.

Сўҳбати сотсилогӣ– тарзу усули махсуси омузиши воқеаҳою ҳодисаҳои иҷтимоие мебошанд, ки дар катори дигар тарзу усулҳо васеъ истифода бурда мешавад. Дар ҳаёти иҷтимоӣ тарафҳо, ҷиҳатҳое вуҷуд доранд, ки бо чашми оддӣ мушоҳида кардани онҳо амри маҳол мебошад. Барои пурра равшанӣ андохтан ба ин ҳолатҳо бояд ҳатман аз усули сўҳбати сотсиологӣ истифода намуд. Сўҳбати сотсиологӣ якчанд шакл дорад: оддӣ, мураккаб, стандартӣ, назоратӣ(санҷишӣ).

Сўҳбати оддии сотсиологӣ дар объекти тадқиқотшавандае истифода мешавад, ки моҳияташон он қадар мураккаб нест Дар ин зина барномаҳои махсус тартиб дода намешаванд.

Сўҳбати стандартӣ чунини шакли омўзиши ҳодиса воқеаҳо мебошад, ки баҳри равшанӣ андохтани муаммохои ноаёни доманадор, серпаҳлў

равона шуда, дар он пешакӣ саволҳо тартиб дода мешаванд.

Сўҳбати назоратӣ бошад бо мақсади то кадом дараҷа амиқу равшан будани далелҳои ба даст оварда шуда истифода бурда мешавад.

Адабиёт:

1.Арон Р. Этапы развития социологической мысли. М.,1983.

2.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

3.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!