Маданият – ҳамчун низоми иҷтимоӣ

Маданият таърифи универсалӣ надорад.Тасвирҳои мухталифи соҳаи маданият имконпазир буда, ҳар кас вобаста ба мақсадхои мушаххаси тадқиқот ба тарзи худ ифода менамояд, вале таърифи томи моҳияти маданият, ки дар ҳама ҷо маъмул шуда бошад, вуҷуд надорад, гарчанде дар баробари ҳамин маънои ин мафҳум фаҳмо менамояд. Мафҳуми «маданият» аз худи аввал бо кори «хуб» на фақат бо кори иҷро шуда, балки бо тарзу мақсадаш низ алоқаманд аст. Кор бошад тарзи аз бар кардани олам аст.Маданият як навъ лиҳозест, ки тамоми мавҷудот ба воситаи он ба мо ноаёну дастрасмешавад.Худи одам ҳам хориқаи маданият аст.Маданият ин принсипи эҷодии ҳаёти шахс ва тамоми ҷамъият аст, ин на фақат маҳорати ба дараҷаи санъатрасондашуда, балки мақсади ба ахлоқ муносиб ҳам мебошад.Меҳнати инсон, тарзҳои ба сомон расондан ва натиҷаҳои он шакли саромад ва манбаи инкишофи маданият мебошад.

Маданият хиради таҷассумёфтаи инсоният аст, ки чун унсури маъноии ба олами табиӣ пайванд амалмекунад.Ҳодисаҳои маънавии дохили соҳаи он на фақат дар доираи ягон давраи муайяни таърихӣ боқӣ мемонад, балки табиати абадӣ ҳам доранд.Маданият маҷмўи ҳамон комёбиҳои маънавии инсоният аст, ки онҳо ҳатто чун ҳодисаҳои фардии суъективӣ ва таърихан мушаххас пайдо шуда бошанд ҳам бо мурури таърих ба мартабаи ҳодисаҳои маънавии ҷамъияти объективӣ ва абарвақтӣ расида, анъанаи умумии мадании муттасил ва берун аз ҳукми фарди ҷудогона гардидаанд. Агар объективияти маданияти ба ин тарз фаҳмидашуда ва чунин ҳолатро ба назар гирем, ки он натиҷаи фаъолияти инсон мебошад, маданият одамро на ҳамчун фард, балки чун мавҷудоти ҷамъиятан инкишофёфтаи социум тавсиф менамояд. Чунончимаданият новобаста ба одам, ё пеш аз одам буда наметавонад, айнан одам ҳам новобаста ба маданият ё пеш аз маданият шуданаш мумкин нест, маданият ин хосиятимоҳиятӣ ва авлодии инсон аст.

Маданият чунон хориқаи иҷтимоист, ки на фақат гузаштаю ҳозираро дар бар мегирад, балки ба оянда ҳам доман паҳн мекунад.

Маданият дар илми сотсиология ҳамчун танзимгари меъёрҳои ахлоқии гурўҳҳои иҷтимоӣ ва ҷомеа баромад мекунад. Ин вазифаи худро маданият тавассути эҷоду пешниҳоди арзишу меёрҳоирафтори иҷтимоӣ иҷро менамояд.

Арзиш зуҳуроти айнӣ буда ба ашёву ҳодисаҳои олам хос мебошад ва аз фаъолияти ҳаррўзаи одамон бароиқонеъ гардонидани талаботҳои моддию маъавии онҳо бар меояд. Инсон ашёву ҳодисоти оламро маърифат намуда дарк мекунад, ки бархе аз онҳо барои қонеъ гардонидани талаботаш фоиданоку зарур ва қисме бефоидаю нодаркор мебошад.Аз ин рўмафҳуми арзиш ва муносибатҳои арзишӣ дар ҷараёни маърифати муҳити моддию маънавии инсон ба вуҷуд меоянд.

Арзиш – ифодаи моҳияти ашёю ҳодисаҳо ва хосияти онҳо(зарур, фоиданок, гуворо) мебошад, ки дар муносибатҳои ҷамъиятии одамон, синфҳо, гурўҳҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида ҳамчун воситаи қонеъгардонии талаботу манфиатҳо, ғоя ва майлу рағбати онҳо зуҳур ёфта, дар шакли норма, мақсадё идеал арзи вуҷуд мекунад.

Арзишҳо – унсурҳои асосии маданияти маънавӣ буда дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса доранд. Онҳо дар таърихи башарият чун пуштибони маънавиёт пайдо шуда, барои фаъолияти бошууронаи инсон кумак мерасонанд. Асоси механизми таъсири маданият ва ҳаёти ҷамъиятиро муқаррар намудани низоми арзишҳо ва муайян намудани маҳаки он ташкил медиҳад.рафтори инсон аз рўи талаботи ў, киманфиатҳои ҳиссиро дар бар мегирад, муайян карда мешавад.Фардҳо ва гурўҳҳо ҳамеша бояд тарзҳои қаноатмандии талаботҳои худро интихоб кунанд. Дар ин сурат интихоби онҳо ҳамчун нуқтаи арзишҳо ва маҳаки он баромад мекунад.

Арзишҳо – аҳамияти мусбӣ ва манфии объектҳои асосиро иҳота карда, инсон, гурўҳҳо, синфҳо, ҷамъият на ин, ки моҳият, балки муносибатҳои иҷтимоӣ ва талаботҳои онҳоро муайян мекунад.Ҳар як фард ба худ хос арзиш дорад, ки барои ба танзим даровардани тамоми рафтору кирдори инсон ва қадр намудани дигарон дар ҷомеа ёрӣ мерасонад.Ҳамин тариқарзишҳо нишондиҳандаи дастури баҳодиҳӣ, амр, ва манъ, мақсаду нақшаҳо, дар шакли меёрҳои ба монанди некӣ вабадӣ, адолату ҳақиқат инъикос ёфта мебошанд.

Маданият чун тарзи омўзиши арзишҳои воқеият ҳамчун механизм баромад намуда, арзишҳоро дар ҷомеа ба танзим дароварда, онҳоро ҳифз менамояд, нигоҳ медорад ва инкишоф медихад.Фард пешаз ба маданият ворид шудан, низоми арзишҳоро бояд қабул намояд. Ин дар он сурат имконпазир аст, ки агар иҷтимоирасонӣ ҷой дошта ва дар натиҷа инсон арзишҳои шахсии худро ҳосил мекунад. Муайянкунандаи арзишҳо ин арзишҳои иҷтимоии аз тарафи шахсиятҳо ҷудошуда, ки воситаи асосии мақсади ҳаёт баромад карда, вазифаи танзимгарии рафтори иҷтимоии фардҳоро мебозад.Дар рафти ташаккулёбии низоми муайянкунандаи арзишҳо ҳар як шахс бояд худро ҳамчун субъекти фаъол муаррифӣ карда тавонад.Қувваи ба низом даровардани арзишҳо хеле мураккаб буда, он тамоми рафторҳои, инсонӣ, арзишҳо, ҳамчунин меъёрҳои ахлоқӣ мутаалиқ мебошанд.

Меъёрҳои ахлоқӣ бо арзишҳои маданият дар алоқа буда, барои фаъолияти инсон роҳнамо мебошанд.Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун муқаррароти оммавии арзишгузор ба рфтори шахсони алоҳида ва гурўҳҳои сотсиалӣ баҳо дода, системаи сарватҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд ва дар заминаи онҳо модел ва намунаи рафтори ҷамъиятӣ сохта мешавад.Ахлоқ талаботи ҷаамъиятро доир ба танзими рафтори одамон қонеъ гардонда, сарватҳои маданиро собит менамояд.Меъёрҳои ахлоқӣ муносибатҳои ҷамъиятиро табиатан инсондўстона намуда, боигарии маънавии ҷамъиятро ташкил медиҳанд.Меъёрҳои ахлоқӣ ба мақсаду манфиатҳои синф тобеъ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият сиёсат, фаъолияти истеҳсолию меҳнатӣ, муносибатҳои оилавӣ, маишат, ва муносибати байниҳамдигарии шахсони алоҳида ва истироҳати маданиро фаро мегирад. Ҳамаи ин дар маҷмўъ меъёрҳои маданиятро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои маданият гуфта, ҳамаи дастовардҳои ахлоқиро меноманд. Инсон дар раванди фаъолияташ дар ҷомеа аз рўи онҳо амал мекунад. Умуманмеъёрҳо, воситаи батанзимдарории рафтори фардҳо ва гурўҳҳои иҷтимоӣ мебошанд.Меъёрҳоро ба чунин шаклҳо ҷудо мекунанд:

1.Анъана, урфу одат;

2.Меъёрҳои ахлоқӣ ( хулқу атвор)марказҳои савдоӣ;

3Меъёрҳои институтикунонии марказҳои савдоӣ, институтҳои иқтисоӣ;

  1. Қонунҳо.

Офарандаи маданият инсон буда ў низ баробари ташаккули осораш пешрафт мекунад. «Маданият» калимаи арабӣ буда маънояш шаҳрнишинӣ, ҳаёти шаҳриро дорад.Арабхо шаҳрҳои калону зебо, обод, биноҳои мўҳташам ва иншоотҳои бузургу дилкаш ва мафтункунандаро дар пайравии Мадина мадоин меномиданд.Дар Шарқ истилоҳи «маданият» бо ибораҳои «фарҳанг», «тамаддун» ҳаммаъно мебошанд. Мафҳуми маданиятро дар маъноҳои гуногун истифода мебранд.Мафҳуми мазкур барои ба кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ баҳо додан истифода мегардад.

Ҳар як соҳаи ҳаёти ҷомеа дорои маданияти хос аст.Маданият натиҷаҳои истеҳсолоти моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад.

Маданият гуфта дар якҷоягӣ ифода намудани арзишҳои моддӣ ва маънавиро меноманд, ки инсоният онҳоро дар рафти фаъолияти амалию ҷамъиятии худ офарида аст. Субъекти асосӣ ва бунёдкори маданият фард ва инсоният мебошанд.Бе фаъолияти онҳо маданият ташаккул намеёбад.Аз ин хотир мафҳуми маданият бо мафҳуми ҳаёт ва эҷодиёти шахс ҳаммаъно гардидааст.Дар зери мафҳуми маданият фаъолияти бунёдгарию дигаргунсозии табиат ва ҷомеа дар назар дошта мешавад, зеро маҳз инсон тавассути фаъолияти босуботи хеш арзишҳои моддию маънавии ҷомеаро бунёд месозад ва инкишофмедиҳад.

Маданият ин дараҷаи муайяни инкишофи таърихии ҷомеа буда, он дар намуд ва шаклҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон дар он сарватҳои моддию маънавие, ки аз тарафи онҳо офарида мешавад зоҳир мегардад.Маданият ин муносибат, рафтори одамон нисбати табиат, ҷомеа, байни якдигар буда, ифодаи зарурати ягонагии оламу одамро мефаҳмонад.

Бояд қайд намуд, ки мавзўи фарҳангшиносӣ барои сотсиология нав набуда, баъзе масъалаҳои он ҳанўз аз миёнаи асри XVIII мавриди таҳқиқ қарор ёфта буданд.Мафҳуми сотсиологияи маданиятро, масалан сотсиологи Европоӣ М. Адлер ба кор бурда, оиди баъзе тарафҳои он тадқиқотҳо гузаронида буд.М.Адлер чунин мешуморид, ки мавзўи омўзиши сотсиологияи маданият ин таҳқиқу таҳлили омилҳои иҷтимоӣ, таъсиррасонии онҳо ба муносибатҳои гуногуни фарҳангӣ, муайян кардани арзишҳои умумибашарии фарҳанғӣ дар системаи ҳаёти иҷтимоии омма, нуфузи ин ва ё он шакли фаъолияти фарҳангӣ ба давраи амалиёти нормаҳои иҷтимоӣ, муносибатҳои гуногуни одамон дар ҷомеа мебошад. Аммо ин таърифи М.Адлер аз ҷониби дигар сотсиолог, аз ҷумла Л.Уайт дастгирӣ наёфта, боиси ба миён омадани фикру ақидаҳои дигар мешавад.Сабаби асосӣ дар он буд, ки дар Европои Ғарбӣ мафҳумҳои «маданият» ва «ҷомеа» синоним истифода бурда мешуданд ва аз ин хусус тадқиқотчиёни соҳаи фарҳанг ба ҷудо кардану дар алоҳидағи фаҳмидани мафҳумҳои зикр ёфта зид баромада буданд.Л.Уайт чунин меҳисобид, ки сотсиологияи маданият ин як қисми риштаҳои ҳаёти иҷтимоӣ буда, маданияту сотсиология, ки ҳаёти ҳаёти иҷтимоиро меомўзанд, чун ҳаммаъно ҷудонашавандаанд, онҳоро ҳамчун қисмҳои таркибии соҳа набояд ҷудо кард.

Сотсиологияи маданият қисми таркибии сотсиология ба хисоб рафта, мавзўи муайни худро дорад. Алоқамандии сотсиологияи маданият ва умуман сотсиологияи маданӣ дар он зоҳир меёбад, ки масъалаҳои ҳаёти маданӣ бо ҳаёти иҷтимоӣ ҷўр шуда, дар алоқамандӣ ва пайвастагӣ баъзеҷиҳатҳои моҳияти ҳаёти инсониро ифода мекунанд. Фаъолияти инсон, натиҷагирӣ аз он ташаккулёбӣ, маъною мазмуни маданиятро бой гардонида, доираи фаҳмиши ўро нисбати табиат, ҷомеа, нисбати байниякдигарии одамон, гурўҳҳо мукаммал менамояд. Инсоният одатан маданиятро маҷмўи сарватҳои моддию маънавӣ, ҳамчун тарҳои офаридаи инсон, маҳорату қобилият, бахши таъмини пешрафти инсоният, истифода кардани санати идора, аз насл ба насл гузаронида тавонистани тамоми сарватҳои офарида шударо қабул намудааст ва ташаккул медиҳад. Ҳаминро дар назар дошта тақсим кардани маданият ба шаклҳои моддӣ ва маънавӣ низ раво мебошад. Зеро тамоми фаъолияти моддӣ ва маънавӣ низ ҳаминро мефахмонад.Таърихи худи инсоният ин таърихи маданият ва илму фарҳанг ба ҳисоб меравад. Ҳатто ҷудо шудани инсон аз табиат ва кашфи олоти оддитарини меҳнат аз тарафи ў ин аллакай нишонаи маданият, эҷоди қувва, маҳорат қобилияти инсон ба ҳисоб меравад.Маҳз чунин эҷоди фаъолият инсонро аз зинаҳои хеле содда ба дараҷаи бузургӣ расонид.

Маданият нишонаи тамаддун буда, тамаддун ва зинаҳои он нишонаи пешрафти маданият мебошад.

Ягон соҳаи ҳаёти инсониро дарёфт кардан мумкин нест, ки бе алоқамандӣ ба маданият қарор дошабошад Сотсиология, ки асосан ба омўзишу таҳлил, хулосабарориҳои фаъолияти ичтимоии ҷомеа сару кор дорад, чунин масъалаҳоро дар робита ба ҳаёти иҷтимоии одамон омўхта, пайвастагию вобастагии тарафайни онҳоро муайян менамояд.Ҳаёти иҷтимоӣ бе фарҳанг вуҷуд дошта ташаккул ёфта наметавонад Вусъатёбии маданият дар ҷомеа дар дараҷаи муайян тавассути муассисаҳои фарҳангӣ: китобхона, осорхона, боғҳои фароғатӣ-фарҳангӣ, театрҳо, толорҳои консертӣ, кинотеатрҳо, варзишгоҳҳо, ва ғайраҳо сурат мегирад.муассисаҳои фарҳангӣ барои рушди фаъолияти фарҳангӣ, ба даст овардан ва шиносоӣ пайдо кардани ахолӣ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ ва ҷаҳонии инсонӣ хизмат мекунанд.Онҳо метавонанд дар байни аҳолии чомеа истеъдодҳоро муаррифӣ кунанд, сониян муассисаҳои фарҳангӣ роҳнамои дониш ва маориф бошанд.Дониш ва дастовардҳои илмӣ-техникиро ташвиқу тарғиб намуда, таъсири мусбӣ барои инкишофи дараҷаи фарҳангии одамон, инкишофи фаъолияти эҷодии шахсиятҳо мебозанд.

Барои фаҳмидани мақоми маданият дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа пеш аз ҳама бояд муносибату алокаҳои маданиятро бо соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа муайян кард.Чууноне ки медонем одамон ҷомеаро ташкил карда истода ба муносибатҳоигуногун ворид мешаванд.Бидуни ин муносибатҳо ў фаъолияти хешро ба роҳ монда наметавонад, чун ки ўро ба ин амал таъмини манфиатҳояш водор месозад.

Алоқаҳои иҷтимоӣ аз рўи ҳадафу дурнамояшон ба соҳаҳои алоқаҳои манфиатӣ ва мубодилотӣ ҷудо мешаванд. Алоқаҳои манфиатӣ дар асоси ниёзу талаботи инсон сурат гирифта, хадафашон аз ҷустуҷўи обекти ба талаботаш ҷавобгўй иборат аст.Дар ҷомеаи мо алоқаҳои шахсӣ аз манфиат бартарият доранд., зеро ҳар як фард симои иҷтимоии худро кўшиш мекунад дар симои умумиятҳои иҷтимоӣ бинад.Барои ҳаминҳам ў кўшиш менамояд, ки рафтору амали фардияшро бо меъҳои гурўҳӣ ҳамоҳанг созад.Бо боло рафтани муносибатҳои бозоргонӣ дар ҷомеаи мо низ алоқаҳои манфиатӣ низ ҷоннок мегардад.Яъне фард пеш аз ҳама вобаста ба он, ки то чӣ андоза, фарди дигар барои ба воқеият пайвастани манфиаташ мусоидат мекунад, бо ў робита барқарор мекунад.

Дар асоси алоқаҳои мубодилотӣ бошад арзишҳои муайян(ахборот, ашё, намунаи рафтор) меистад, нисбат ба алоқаҳои манфиатӣ тўлонӣ нестанд.Масалан, шахсе, ки ҳар рўз ба як нақлиёти муайян савор шуда ба кор меравад, бо ронандаи нақлиёт ба алоқааи мубодилотӣ ворид мешавад, ки бо салому аллейк ва як ду луқмапарронӣ анҷом меёбад.

Алоқаҳои иҷтимоӣ барои омўзиши мақоми фард дар низоми алоқаҳои иҷтимоӣ, статуси гурўҳияш, роли муайни фард дар гурўҳ,

аҳамияти калон дорад. Омўзиши паҳлўҳои алоқаҳои иҷтимоӣ заминаест барои дарки муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад.

Муносибаҳои иҷтимоӣ аз рафтори муносибати фардҳои ҳамкорикунанда ташкил ёфтааст, дар сурате, барқарории алоқаҳои иҷтимоӣ беғаразонабошанд ва холӣ аз ҳадафҳо бошанд.Бинобар ҳамин ҳам муносибати иҷтимоӣ натиҷаи такмилу хусусияти ҳамешагӣ гирифтани алоқаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Адабиёт:

1.Гуревич Н.С. Философия культуры.М.,1994.

2.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

3.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

1.92K
Нет комментариев. Ваш будет первым!