Муносибатҳои иҷтимоӣ – этникӣ.Иҷтимоиёти сиёсӣ ва моҳияти он.
Дар фаҳмиши иҷтимоӣ – фалсафӣ халқ ҳамчун офаридгори таърих, умумияти кулл фахмида мешавад, ки ҳамаи табақа ва синфу гурўҳҳои иҷтимоии мувофиқи мақомашон дар инкишофи ҷамъият ҳавасмандро муттаҳид менамояд. Дигар ин ки халқ аз синфҳою гурўҳҳои иҷтимоӣ иборат аст.
Мафҳуми «халқ» маънои методологӣ низ дорад, бо ёрии вай қувваҳои прогрессивии ҷомеа аз иртиҷоӣ фарқ кунонида мешавад. Халқ пеш аз ҳама меҳнаткашонро дар бар мегирад, зеро онҳо асосан оммаро ташкил медиҳанд.Оммаи халқ ва маҷмўи муташаккил аз он ҷомеаи маданӣ он ҷомеае ҳаст, ки ҳатто ҳар фарди он метавонад роҳу равиши худро будуни фишори ҷомеа: оила, муҳит, дину мазҳаб худ интихоб кунад ва дар зиндагӣ аз ин омилҳо вобастагӣ надошта бошад.Дар чунин ҷомеа нақши муҳаррики таърих доштани оммаи халқ ва имкони зуҳури шахсиятҳо зиёд аст Халқ ар чунин шароит созандаи таърих, бунёдкори ҷомеа мебошад.
Оммаи халқ бо меҳнати худ пешрафти ҷомеа ва таърихро таъмин мекунад, халқ аст, ки шахсиятҳоро ва вуҷуд меорад.
Шахсиятҳоро шароити иҷтимоӣ ва халқ ба вуҷуд меорад. Фарқи шахсият аз мардум он аст, ки ў вазият ва ҳолати ҷомеа, ниёзҳои онро беҳтар аз дигарон ташхис мекунад, қобилияти пешбинӣ ва дурнигарӣ дорад., аксар аз ин иродаи қавӣ ва азхудгузаштагӣ ба ў хос мебошад.
Дар софоти шахсиятҳо метавон чандин китобе таълиф кард, вале муҳим он аст, кишахсият дар ҷомеа шахсият пайдо мекунад, на берун аз он, берун аз ҷомеа шахсияте нест ваш уда ҳам наметавонад.Пас шахсияте, ки ҷомеа ба вуҷуд меорад, таҷассуми худи ҷомеа мебошад.
Мафҳуми «халқ», « оммаи меҳнаткашон» ба ҳамдигар наздик ва монанд бошанд ҳам, айнан ҳаммаънӣ нестанд.Шубҳа нест, ки оммаи меҳнаткашон дар ҳамаи зинаҳои тараққиёти таърихӣ унсури муҳимтарину ҳалкунандаи (ядрои асосии) халқ мебошанд.Вале мафҳуми «халқ», назар ба мафҳуми «меҳнаткашон» «истеҳсолкунандагони нематҳои моддӣ» васеътар аст. Мафҳуми « халқ» дар марҳалаҳои муайяни инкишофи таърихӣ ғайр аз оммаи меҳнаткашон боз он табақаҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки онҳо ба инкишофи босуръату прогрессивии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Халқ пеш аз ҳама офарандаи неъматҳои модист.Қасрҳои феодалҳо, шоҳон, фабрикаю заводҳо, киштию роҳҳои оҳан бо дастони халқ сохта мешаванд., вале халқ на фақат офарандаи нематҳои моддӣ балки эҷодкори ганҷинаҳои бузурги маданияти маънавӣ ҳам мебошад.
Бастакорон беҳтарин оҳангҳои худро аз халқ касб кардаанд, забони асарҳои шоирону нависандагони бузург забони халқ аст.Халқ суруд, афсона, мақому зарбулмасалҳои аҷоиб офаридааст.
Тамоми дигаргуниҳои куллии прогрессивии ҷомеа ҳам ба фаъолияти оммаи халқ алоқаманд аст.Муваффақиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ва маънавӣ, ки ин ё он ҷомеа ба даст медарорад ба меҳнати эҷодкоронаи халқ вобастааст.
Илми этносотсиология яке аз сохаҳои муҳими ҷомеа, соҳаи муносибатҳои миллӣ – этникиро меомўзад.Ин муносибатҳо амалияи тамоми ҷомеаҳои муосирро, к ибо ташкилотҳои давлатҳои ҳудуди худ фарқ
мекунад, фаро мегирад. Дар олами муосир ё худ ҷомеаҳои муосир бо ҷомеае вохўрдан мушки ласт, ки вай аз этноси ягона иборат бошад. Фақат чунин ҷомеа ягона кишвар Япония мебошад, ки қариб 90% и аҳолияшро япониҳо ташкил медиҳанд. Чунин ҷомеаҳо дар илмисотсиология гемогенӣ, яъне яктаркибӣ номид мешаванд.Ҷомеаҳои муосири ҷаҳон асосангеторогенӣ мебошанд, яъне бисёртаркибӣ, ки аз этносҳои гуногун иборат мебошанд.
Умумияти этникӣ ин гурўҳи одамонест, ки миёни худ бо баромади умумӣ ё худ ягонагии тўлонию муштарак бо ҳам алоқаманд мебошанд.
Мафҳумҳо ва категорияҳои илми этносотсиология ин умумиятҳои этникӣ, этнос, миллат, худшиносии этникӣ, халқият, миллати асосӣ (титулӣ), ақалиятҳои миллӣ, муносибатҳои байни миллатҳо, худшиносии миллӣ мебошанд.Сотсиологияи равандҳои этникӣ ин назарияи хоси сотсиологӣ буда, ки авй таълимтҳои табақабандии этникӣ коркард мешавад. Равандҳои этникӣ ва этнозабонӣ, ба ҳам таъсиррасонии миёни фарҳангҳо, ҳуввияти этникӣ ( идентификатсияи этникӣ) муносибатҳои байни этникӣ соҳаи тадқиқотҳои этносотсиология бисёр васе аст. Мавзўи омўзиши этносотсиология бисёр васеъ мебошад.Мавзўи омўзиши этносотсиология ин ҷанбаҳои иҷтимоии инкишоф, амалинамоии гурўҳҳои этникӣ, ҳуввияти онҳо, манфиат ва шаклҳои худташкилии онҳо, қонунҳои рафтори коллективӣ- дастоҷамъии онҳо, баҳамтаъсррасонии гурўҳҳои иҷтимоӣ алоқамандии шахсиятҳо ва гурўҳҳо, муҳити иҷтимоӣ дар бар мегирад
Дар олами муосир зиёда аз 3000 умумиятҳои этникӣ, миллӣ ва хлқиятҳо ҳаёт ба сар мебаранд, лекин фақат 230 миллат давлати худро
дорад. Миллатҳо ва умумиятҳои боқимонда то ҳол имконияти бунёд намудани давлати миллии худро пайдо накардаанд. Масалан, курдҳо дар ҳудуди се давлат – Туркия, Эрон ва Ироқзиндагӣ мекунанд.
Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлат мақсади ниҳонии ҳар як миллати мавҷуда мебошад.Дар илми ҷомеашиносии муосир равияи этнология дар аввал ҳамчун антропологияи иҷтимоӣ дар нимаи асри XX солҳои 50-60 –ум ба миён омада инкишоф ёфтааст.Тадқиқотҳои этносотсиология дар самтҳои зерин рушд ёфтааст: антропологияи иҷтимоӣ, этнопсихология ва этнология.
Адабиёт:
1.Бромлей Ю.В. Очеркҳои назарияи этнос. М., 1983
2.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.
3.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.
4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.
5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.
6.Радаев В.В. Шкаратан О.И. Социальная стратификация.М.,1996.
7.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.
8.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.
9.Чебоксарова Н.Н. Народы.Расы.Культуры. М., 1971.
Иҷтимоиёти сиёсӣ ва моҳияти он.
Ҳаёти сиёсӣ қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар бисёр ҳолатҳо инъикоскунандаи воқеаю ҳодисаҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо мақоми дар ҷомеа доштаи худро одамон хело ҳам равшан баён месозанд. Ҳаёти сиёсӣ бештар дар ирода, қавл, ҳаракатҳои одамони алоҳида, ҳизбҳо, созмонҳо, онҳое, ки нисбати вазъи сиёсии ҷомеа аз ҷиҳати маърифатӣ хело обутобёфта, дараҷаи ақлониашон дар ин қисмат ташаккул ёфтааст, инъикос меёбад.
Ҳар гунна ҳаракатҳои характери сиёсӣ дошта инъикоси давлату давлатдорӣ, адолату беадолатии фаъолияти системаҳои гуногуни органҳои муайяни давлат, раванди ҳаракатҳои мухталифу зиддиятноки синфҳо, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгўи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.Агар дар ҷомеа то қадри имкон адолат ҳукмронӣ кунад, одамон то андозае аз мақомоти органҳои идоракунандаи давлатию ҷамъиятӣ қаноатбахш гащта, дар фаъолиятидар фаъолияти онҳое, кисоҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро ба зиммаи худ гирифтаанд ғамхории ҳақиқиро ҳис намоянд, ҳамон қадар вазият хуб шуда, ҷомеа орому тинҷ мешавад. Ҷомеа ҳамеша тавассути фаъолияти аъзоёнаш дар тараққӣ, пешравӣ, дигаргуншавӣ буда, низоми муътадили сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва ахлоқиро дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мардум мувофики мақсад таъмин мекунад.
Сотсиология илмест, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро мавриди омўзиш ва тадқиқи худ қарор медиҳад. Сиёсат, ки худ зуҳуроти иҷтимоӣ мебошад, биноан як мавзўиомўзиши сотсиология ва тадқиқоти илмии сотсиологияи сиёсӣ мебошад.
Илми сотсиологияи сиёсӣ нисбати дигар илмҳои ҷомеашиносӣ таносубан дертар ташаккул ёфтааст. Ташаккулёбии ин илм ба солҳои 40-уми асриXXрост меояд, аммо таълимотҳо ва назарияҳои сиёсӣ таърихи қадима доранд.Ҳанўз дар Юнони қадим дар асрҳои 6 – 4 пеш аз милод таълимотҳои сиёсӣ вуҷуд доштанд, ки минбаъд барои шаклгирии ин фан нақши ҷолибе гузоштаанд.Бахусус асарҳои Афлотун «Давлат», «Қонунҳо» ва асари Арасту «Сиёсат», ки дар онҳо ақидаҳои иҷтимоӣ – сиёсии файласуфон баррасӣ ёфтаанд, аз ҷумлаи ин бозёфтҳо маҳсуб мешаванд.
Сотсиологияи сиёсӣ дар солҳои 50-уми асри XX хеле рушд ёфт. Пайваста як силсила назарияҳое пайдо шуданд, қисамти инкишофи минбаъдаи низомҳои сиёсии ҷомеаҳоро муайян сохтанд.Аз солҳои 60-уми асри XX дар ШМА бо сабаби нуфузи зиёд пайдо кардани илми сотсиология мавқеи сотсиологҳо ва ҷалби онҳо дар идоракунии сохторҳои давлатӣ ва ҷараёнгирии равандҳои сиёсӣ афзоиш ёфтанд.
Асосгузорони ҷанбаи назариявии сотсиологияи сиёсӣ, ки дар ин соҳа асарҳои арзишнок эҷод намудаанд, ҷомеашиносони муосири Аврупо ба монанди: М.Вебер, Р.Дорендорф, Э. Дюркгейм, Т. Парсонс, К.Мангейм ва ғайраҳо ба шумор мераванд.
Раванди сиёсӣ ин маҷмўи тағйиротҳои динамикӣ, ки дар рафтор ва муносибати субъектҳо, дар амалишавии нақш ва вазифаҳои институтҳо, дарфазои сиёсӣ, ки дар зери таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ амалӣ мешаванд, мебошанд. Сотсиологияи равандҳои сиёсӣ мафҳуми зеринро дар тадқиқи соҳаи сиёсии ҷомеа мавриди таҳлил қарор медиҳад:
1.Муносибатҳои сиёсӣ,
2.Рафтори сиёсӣ,
3.Фаъолияти сиёсӣ,
4.Қарори сиёсӣ,
5.Институтҳо (ниҳодҳо)-и сиёсӣ,
6.Субъекти сиёсӣ.
Ба қатори субъектҳои ҷараёнҳои сиёсӣ умумиятҳои иҷтимоӣ аз кабили этнос, миллат, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва ассотсиатсияҳои сиёсию ичтимоӣ дохил мешаванд. Яке аз субъектҳои фаъоли равандисиёсӣ ин ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд.Ҳар гуна тағйирёбӣ ва ивазшавии ҳолат ва зуҳуроти иҷтимоӣ – сиёсӣ бевосита зери таъсири фаъолияти мақсадноки субъектҳо ва омилҳои гуногуни воқеӣ қарор мегиранд.Бинобар ҳамин ҳам пажўҳиш ва раванди сиёсӣ имконият медиҳад, ки ҳаракат (динамика) ва таҳаввулоти зуҳуроти сиёсӣ, инкишоф ва тағйиротро дар фазо ва вақт мушаххас дарк намояд.
Дар илми сотсиология якчанд нуқтаи назари тағйирёбии равандҳои сиёсӣ мавчуд аст. Асосгузори назарияи марксистӣ К.Маркс сабаби тағйирёбии ҷараёнҳои сиёсиро дар дигаргуншавии муносибатҳои иқтисодӣ медид.Нуқтаи назари дигарро В.Парето пешниҳод намуд, ки асоси онро гардиши даврии (сиркулятсия) элитаи сиёсӣ дар бар мегирад, ки он асоси тағйирпазирии равандҳои сиёсӣ мебошад. Ҷомеашиноси маъруфи немис М. Вебер асоси чунин тағйиротҳоро дар фаъолнокии пешвоёни харизматикӣ медонист. Олими амрикоӣ Т.Парсонс бошад, асоси тағйирёбии рафтои фардҳо ва гурўҳҳои иҷтимоиро дар иҷро намудани нақшҳои гуногун аз тарафи одамон медид. Гурўҳи дигари муҳаққиқон асоси тағйиротҳои раванди сиёсиро дар мадди аввал аз низоъҳои иҷтимоии мавҷуда медонанд.Яъне сабаби ҳар гуна тағиротҳои равандҳои сиёсӣ ин мавҷудияти ҳолатҳои низоӣ дар ҷомеа
мебошад. Низоъҳо дар ҷомеа, дар асоси фаълият ва муносибатҳои мутақобилаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва мавҷудияту бархўрди манфиатҳои гурўҳию табақавиро байни субъектҳои сиёсӣ ба миён меоранд.Табиист, ки қувваҳои сиёсии гуногун кўшиши амалӣ намудани барномаҳо, ҳадаф ва манфиатҳои сиёсиашонро доранд.
Дар илми сотсиология метоҳои гуногуни тадқиқотии раванди сиёсӣ мавҷуд аст. Оиди фаҳмиши равандҳои сиёсӣ ва тағйирпазирии зуҳуротҳои сиёсӣ назарияҳои гуногун мавҷуд аст.Ин назарияҳо дар навбати худ самти инкишофи равандҳои сиёсиро таҳлил ва шарҳ медиҳанд.Яке аз тарзи маъмули таҳлилираванди сиёсӣ ин методи сохторӣ функсионалӣ мебошад. Намояндагони ин метод Т.Парсонс, м, Вебер, Ф. Тёнес мебошанд, ки онҳо ҷомеаро ҳамчун як падидаи системавӣ, яъне ба тариқи том мавҷуд дощта, аз зерсистемаҳо иборат буда, вазифаҳои муайянеро иҷро карда, меҳисобанд. Дар равандҳои сиёсӣ бошад, нақши институтҳо барҷаста аст. Чунки ҳар як ниҳод тарзи рафтори муайянеро меъёргузорӣ мекунад.Масалан: давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ нисбат ба институтҳои иҷтимоӣ.
Равандҳои сиёсӣ тамоми соҳаҳои инкишофи ҷомеаро фарогиранд, ки хусусиятҳои зеринро доранд:
1.Таҳлили субъектҳои фаъолияти сиёсӣ, ки дар асоси манфиатҳои гурўҳӣ ва табақавӣ амалӣ мешаванд.
2.Дараҷаи таъсирнокии қувваҳои гуногуни сиёсӣ ба равандҳои сиёсӣ.
3.Таъсири омилҳои беруна ба раванди сиёсӣ.
Адабиёт:
1.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.
2.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.
3.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.
4.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.
5.Радаев В.В. Шкаратан О.И. Социальная стратификация.М.,1996.
6.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.
7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.