Ҷанбаҳои сотсиологияи соҳаи демографӣ ва муҳити зист

Демография – илм дар бораи бозтавлиди аҳолӣ, конуниятҳои тараққиёти ҳамаҷонибаи ба аҳолӣ дахл дошта: сохтор, ҳодисот, афзоишро меомўзад.Демография аз калимаи юнонӣ ( демос – халқ, графия-навиштан ) гирифта шуда маънояш дар бораи халқ навиштан, ба ҳисобгирии аҳолӣ мебошад.Аввалин маротиба мафҳуми демография аз тарафи олими фаронсавӣ А. Гияр соли 1855 дар асараш «Унсурҳои статистикаи омори аҳолӣ ё демографияи муқоисавӣ»истифода шудааст.

Аммо демография ҳамчун илмба ҷиҳатҳои иҷтимоии ҷомеа низ ср укор дорад.Барои он ки ҷараёни тағйирёбии ин ҷабҳаҳоро вобаста ба фаъолияти иҷтимоии одамон ( гурўҳҳо, коллективҳо, оила ва ғайра) мудохила карда, таъсири онҳоро ба иқтисодиёт, сиёсат, ва проблемаҳои мухимтарини дигари ҳаётии одамонро аз он нишон медиҳад. Масалан дар дохили ҷумҳурӣ ( ноҳияю вилоятҳо, шаҳру деҳот) шумораи аҳолӣ аз сабаби мигратсияи ( ҷойивазкунии аҳолӣ) каму зиёд мегардад.Тағйирёбиҳои мазкур ҳатман таъсирихудро ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мерасонад.Агар вазифаи демографҳо пешғуиҳои демографӣ боша два пешгўиҳои 20-30соли ояндароравшан созанд, сотсиологҳотаъсиримусбию манфии пешгўиҳоро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ муайян мекунанд. Агар дуруст андеша намоем, демография ва сотсиология ҳамчун илмҳои ҷудогона ба масъалаҳое дахл кардаанд, ки дар ҳар ду фан омўхта мешаванд. Дурусту мақсаднок интихоб кардани ҷои зист вобаста ба шароитҳои географӣ, сарҳадӣ, заминадорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷо ба ҷокунии аҳолӣ, таъмини мутадили ҷои кор, омўзонидани касбу ҳунар, таъмини хизматрасонии тандурустӣилму маърифат, нақлиёт барин даҳҳо дигар ҷиҳатҳои ба аҳолӣ дахл дошта аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки илми демография пайваста мавриди омўзиши доимии худ қарор додаст.

Маълум аст, ки шумораи одамон ва зисту зиндагии онҳо дар ҷои муқимии интихобкардаашон ҳамеша як хел намемонад.Вобаста ба сабабҳои гуногун шумораи онҳо кам ва ё зиёд мешавад, дар натиҷа фаъолияти истеҳсолии онҳо тағйир меёбад.Бинобар ин ба идораҳои шуғли касбу кори одамон, зисту зиндагии онҳо, муҳайё сохтани фаъолияти корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ба аҳолӣ хизматрасон ва монанди инҳо, ки ба мавзўоти илми демография мансуб мебошанд, маркази диққати худ кунонанд.Яъне дар ҷанбаҳои демографӣ ҷиҳатҳое низ вуҷуд доранд, кимавзўи бевоситаи демографияи сотсиологӣ мебошанд.Сабаби асосии ба миён омадани мактаби ( равияи) махсуси сотсиологияи демографӣ низ дар ҳамин буда, бо мурури пешрафти ҷомеа, ташаккулу тараққиёти муносибатҳои гуногуни одамон проблемаҳои демографӣ низ то рафт меафзоянд ва омўзишашон зарурати хосаеро талаб мекунад.

Ҳаёти иҷтимоии одамон тамоми тарафҳои зисту зиндагии ҷомеа, аз ҷумла касбу кор, шароити зиндагӣ, муносибатҳои оилаю оиладорӣ, муҳити зист, вазъи хизматрасонии корхонаю идора, ташкилоту муассиса ва ғайраҳоро дар бар мегирад.Дуруст ҳаллу фасл ёфтани чунин ҷанбаҳо бештар ба қувваи корӣ, шумораи аҳолӣ, тақсими мақсадноки географии онҳозич вобастағи доранд.Сотсиология чунин масъалаҳои иҷтимоиро дар пайвастагию вобастагии тамоми тарафҳоимансубдошта таҳлил карда, баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани кор дар ҳамаи самтҳо тавсияҳо медиҳад.Маълум месозад, ки дар ин ва ё он ноҳия, вилоят, умуман маркази аҳолинишин чи гунна проблемаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ, нарасидани ҷои кор, танқисии ташкилоту муассисаҳои хизматрасон ва ғайра, барои ҳалли ин масъалаҳо чӣ чораҳо бояд андешид.Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳолати дуруст ва мақсаднок ҷойгир кунонидани шумораи муайяни аҳолӣ ( бо назардошти ҷои зист, таъмини ҷои кор, нуқтаҳои хизматрасонӣ, мактабу маориф ва ғ.) иқтисодиёти ноҳия бурд карда, кулли муаммоҳои иҷтимоӣ аз байн бардошт хоҳанд шуд.

Барои инсон ҳангоми омўхтани мавзўъҳо муайян гардид, ки оиди ин проблемаҳои ҷойдошта ҳам сотсиология ва ҳам демография таваҷҷўҳ доштааст.

Ҳам демография ва ҳам сотсиология масъалаҳои ҷойдоштаро аз диди худ ҳаллу фасл мекунанд.Масалан, демограф шумора, миқдор, афзоиш, марг ва тавлидро ҳисобу китоб мекунад ва сабабҳои рўйдиҳандаи онро намеҷўяд. Сотсиолог бошад, сабабҳои рўй додан, хизматрасонии тиббӣ, вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва роҳҳои беҳбудии ҳалли онро пешниҳод мекунад.

Сотсиологҳо на ин ки фоиданокии ҷиҳатҳои иқтисодӣ ( молию пулӣ), инчунин таъсири ҳар як чорабиниро ба иҷтимоиёт муайян мекунанд.Масалан, тайёр кардани мутахассисон вобаста ба таъмин ва иҷрои кор, мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳо басанда, зиёд ё каманд. Ҳамаи он нафароне, кимаълумоти олӣ мегиранд, дониши кофиро доранд ё не? Оё аз иҷрои вазифаи худ баромада метавонанд ё не? Оё барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишвар мутахассисони хориҷиро даъват кардан лозим аст, ё кадрҳои маҳаллӣ аз иҷрои ин ё он амал баромада метавонанд? Аз ин рў идораи илмии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва демографӣ вазифаи муҳимтарини сотсиологҳо ба ҳисоб

мераванд.

Тавассути ҳодисаю воқеаҳои демографӣ, чи тавре, ки зикр шуд, дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии одамони касбу кори гуногун тағйиротҳои зиёде ба амал меояд. Ҳамаи онҳо на танҳо аз ҷиҳати оморӣ ҳисобу китобб худро бояд дошта бошанд, инчунин алоқамандии чунин ҷиҳатҳои миқдории ҳодисаю воқеаҳо( зиёд ва ё кам шудани аҳолӣ, шумораи коргарон, мутахассисон, марду зан, таъсири муҳити геогрфӣ ва ғайраҳо) дар вобастагӣ бо тамоми ҷабҳаҳои зисту зиндагии мардум, ҳаёти гуногунсоҳаи иҷтимоии онҳо омўхта таҳлил карда шаванд.Бояд кайд намуд, ки прблемаҳои сотсиологии соҳаи демографӣ хело ҳам зиёданд. Сотсиологҳо бояд дар ҳамкорӣ бо дигар намояндагони илмҳо тариқи тадқиқотҳои сотсиологӣ пур кардани анкетаҳо, сўҳбатбо аҳли ксбу кор ақалан 20 – 30 соли янда ва натиҷагириҳои судбахши онро дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоӣ ва фархангии кишвар, таҳқиқ кунад.

Соҳаи дигаре, ки сотсиология бештар ба он сару кор дорад ин омўзиш, тахлил ва хулосабарориҳо нисбати муҳити зист экология ( зистшиносӣ) ва алоқамандии он бо ҳаёти иҷтимоии мардум мебошад.Ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати инсон, шароити муътадили зисту зиндагӣто ҳадди имкон кўмак расонидан ба одамони синну со, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумлаи маводҳои омўзиш, таҳқиқ ва таҳлиле мебошанд, ки сотсиология соҳаи муҳити зист ба ўҳда гирифтааст.Одилона ба роҳ мондани чунин самтҳои фаъолият, зарурати пешрафти ҳаёт мебшад. Инсон ва табиат, инсон ва ҷомеа, инсонва муҳити зист, мақоми таълим, тарбия, илм, маърифат дар фаъолияти инсон ва боз масоили дигар муҳити зистро ташкил медиҳанд. Азбаски ҷамъият тғйр меёбад ва ҳар гунна муносибатҳо падид меоянд, биноҳо, табиат, омилхои биологию табиӣ низ дигар мешаванд. Хусусан масоили муҳим ва ҳалли онҳо: инсон, об, касалиҳо, санҷиши техникаи кайҳонӣ, яроқҳои ядроӣ масоили

умумибашарӣ гардидаанд, офатҳои табиӣ ҳар чанд зарар меоранд, лекин инсон ба қадри имкон харобиҳоро аз нав мекунад. Аз трафи инсонҳо паҳн кардани касалиҳо, заҳролуд намудани обанборҳо, хўрокаҳо, вайрон намудани муҳити зист боиси бадбахтиҳо дар ҷомеа мебошанд.Аз ин хотир вазифаи сосиологҳо омўзиш ва бартараф кардани ин масоилҳо буда дар байни аҳолӣ бурдани корҳои фаҳмодадиҳӣ мебошад. Аз фаъолияти муташаккили сотсиологҳо осудагии аҳли ҷомеа вобастагии калон дорад.Замин, инсон, муҳити зист, иҷтимоиёт – ҳамаи инҳо аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ҳаёти моро метавонанд гуворо созанд.

Адабиёт:

1.Ғуломов О.Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

2.Доброньков В.И.Кравченко А.И. Социология.М., 2004.

3.ИдиевХ.У., Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А, Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.8.Фролов… Социология. Учебник.М.; 2000

398
Нет комментариев. Ваш будет первым!