Ҳизбҳои сиёсии тоҷикистон

Ҳизби сиёсӣ — чунин идтиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд

Дар натиҷаи ҷамъомаду гирдиҳамоиҳое, ки тамоми соли 1989 дар Тоҷикистон(барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ), махсусан дар Душанбе шуда гузаштанд, ба таъсиси аввалин созмонҳо ва ҳизбҳои сиёси такон доданд. Майи соли 1989 дар Душанбе маҳфили сиёсии «Рў ба рў» ташкил ёфт. Дар ин маҳфил, ки ба мисли «микрофони озод», дар имрўза ќасри «Ваҳдат» гузошта шуда буд амал мекард, шаҳрвандон аз пойтахт ва ноҳияҳои дурдаст омада андешаҳои худро озодона баён намуда, ин ё он амалдори ҳизбӣ ё давлатиро ба зери танќид мегирифтанд. Баъзан, бо ташаббуси маҳфил барои саволу ҷавоб амалдорони давлатӣ, аз ҷумла вазирон даъват карда мешуданд. Ба ин маҳфил тақлид намуда дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъомадҳо рӯй медоданд. Мардуми дар ғафлатбудаи тоҷикро баҳсу мунозираҳои гуногун оид ба камбудиҳои мавҷуда бедор мекард.

15 сентябри соли 1989 дар Душанбе маҷлиси муассисони созмони сиёсии «Растохез» барпо гардид, ки дар он бештар намояндагони зиёиён, махсусан ҷавонон, ҳатто коммунистон иштирок намуданд. Дар фаъолияти ин ҷамъият талабҳои истиќлолияти сиёсӣ (дар доираи Иттиҳоди нави таҷдидёфта), иқтисодӣ, ҳимояи манфиати фарҳангии халқи тоҷик, баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва ѓайрањо гузошта шуд. Сарвари созмони сиёсии «Растохез» иқтисодшинос, номзади илмҳои иќтисодӣ Тоҳир Абдуҷаббор интихоб гардид. Барномаи «Растохез» ба ҷамъияти сотсиалистӣ хавфи ҷиддӣ надошт. Аммо сарварони ҳизби коммунистӣ фаъолони созмони сиёсии «Растохез»-ро таъќиб менамуданд. Дар натиҷа ин ҷамъият зуд ба мавқеи зиддикоммунистӣ гузашт.

Дар солҳои 1989-1990, дар ҷумҳурӣ, боз дар шаҳри Кӯлоб (созмони «Ошкоро»), дар шаҳри Хуҷанд (созмони «Эҳё»), дар шаҳри Конибодом ва Истаравшан (созмони «Ваҳдат»), дар Хоруғ (созмони «Лаъли Бадахшон») ва дигарҳо ба вуҷуд омада, фаъолият мекарданд.

10 августи соли 1990 дар Душанбе аввалин ҳизби ғайрикоммунистӣ – Ҳизби демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Сарвари он номзади илмҳои фалсафа Шодмон Юсуф интихоб гардид. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳарчанд пештар бунёд гардида буд, вале танҳо аз 6 октябри соли 1990фаъолияти он ба қонуният дароварда шуд.

Бисёре аз созмонҳо ва ҳизбҳои ба вуљуд омада нашрияҳои худ – рўзнома доштанд ва ба воситаи онҳо андешаҳои худро дар байни мардум паҳн мекарданд. 12 декабри соли 1990 Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияњои ҷамъиятӣ» қарор қабул кард, ки мувофиқи он дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳо қонуни, ошкоро фаъолият карда метавонистанд. .

Ҳизби аграрии Тоҷикистон – Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Солҳои 2005 – 2014 – Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон – Қароқулов Амир Бӯриевич – доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), узви вобаста (1994) ва узви пайваста (2001)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон буд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад.

Ҳизби демократии Тоҷикистон – Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демукроти Тоҷикистон, ки бо якҷояшавӣ бо Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон бо сарварии раиси ҲВТ Саидиён Ҳикматуллоҳ аз сӯйи Вазорати адлия ба расмият шинохта шудааст .

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – (аз соли 2005) Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро “ҳизби кисагии ҳукумат” хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид. Зимнан, оқои Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳудуди 20 ҳазор нафар узв дорад.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – (аз соли 2004) раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров аст. Ҳизб 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст, ва 6 августи ҳамон сол сабти ном гардид. Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар нахустин анҷумани он дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт ва нахустин раҳбари он зан буд. Аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид. Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намояндагон, сарвари фраксияи ҳизб дар парлумони Тоҷикистон. Қарори №26 – Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи пешниҳоди Ҳизби Комунистии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва шахсони боэътимоди Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ; таъс. 10 декабри соли 1994) ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.

Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ ба ҳайси муовинони Раиси ҲХДТ: Саидмурод Самад Фаттоҳзода – муовини якуми Раиси ҳизб, Асрор Қурбон Латифзода ва Раъно Маҳмудзода Бобоҷониёнмуовинони раис интихоб гардиданд.

Нашрияи марказии ҳизб рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар вилоятҳои Ҷамҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд , вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.

974
Нет комментариев. Ваш будет первым!