Заминаҳои пайдоиши илми сотсиология

Барқароршавии илми сотсиология давраи дуру дарози таърихи дорад, чунки кўшишҳои дарк намудани характери сохтори љамъияти, ба инсоният ҳанўз дар ибтидои инкишофаш хос буд. Инкишофи таълимот дар бораи ҳаёти љамъиятиро мо дар Юнони қадим дар асарҳои Афлотун ва Арасту дарёфт мекунем. Афлотун диққати худро ба таҳлили табақаҳои зеринро равона мекунад: «файласуфон» – е, ки давлатро идора мекунанд (ҳокими мекунанд), «сарбозон», ки љанговаранд, «косибон», ки шахсони озод ва ѓуломон мебошанд.

Дар давраи эҳё масъалаи муносибатҳои инсонҳоро дар љомеа Т. Мор, Н. Макиавелли, М. Монтен дида баромадаанд. Ин масъала нисбатан хубтар дар замони нав, дар асарҳои Ж. Ж. Руссо, Д. Дидро, Т. Гоббс ва дигарон мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Диққати махсусро, хусусан, асарҳои Ш. Монтескё љалб мекунад. Монтескё чи гуна тамаддунҳо мустаҳкам мешаванд, ба ављи аълои худ мерасанд ва аз байн мераванд, дида мебарояд. Дар асараш «Оиди рўҳи қонунҳо» (1748) ў рафтори инсонро дар сохтори љомеа шарҳ додаст. Аз нуқтаи назари сотсиология беҳтарин идеяе, ки Монтескё пешниҳод намудааст, принсипи тақсимоти ҳокимият дар давлати буржуази – демократи мебошад.

Сотсиология ҳамчун дониши илми замоне ба вуљуд омад, ки тарзи зиндагии муқаррарии мардум ба шароитҳои нави иљтимои рост намеомад. Умуман, ба вуљуд омадани сотсиология ҳамчун илми нав дар бораи љомеа ин тарзи ҳаёт, робитаҳои рўзмара миёни одамон, ки аз рўйи анъана буданд, таѓйир ёфт, аз нав тақсимкунии ҳокимият ба вуљуд омад ва низоми идоракунии иљтимои душвор гашт. Фикру андешаҳое, ки нисбати инсон ва сохтори иљтимои вуљуд дошт, зери омўзиши дубора қарор гирифт. Дар ин айём тадқиқотҳои зиёди амали (эмпирики) дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти љомеа оѓоз шуданд.

Яке аз аввалинҳое, ки истифодабарии усулҳои илмҳои табиатшиносиро барои дарки хаёти љомеа љонибдори мекард, файласуфу муаррихи франсави Клод Анри де Сен – Симон (1760 – 1825) буд. Сен – Симон ва Конт «Нақшаи корҳои барои аз нав ташкилкунии љамеа зарур» – ро омода сохтанд. Идеяи асосии ин нақша он буд, ки бояд илме ташкил кард, ки ба мушоҳидаҳои объективи асос ёбад ва мувофиқи усулҳои илмҳои табиатшиноси, хусусан, физика кор карда шавад. Сараввал илми навро дар бораи љомеа Конт физикаи иљтимои ном гузошт. Ба монанди қисматҳои физика Конт ин илмро ба «статикаи иљтимои» ва «динамикаи иљтимои» људо кард.Баъдтар дар соли 1839 Конт дар љилди чоруми асари шашљилдаи худ «Курси фалсафаи позитиви» ба љои мафҳуми физикаи ичтимои мафҳуми нав – сотсиологияро истифода кард. Сабаби иваз кардани мафҳуми физикаи иљтимои он буд, ки асосгузори омор, математик ва физики белгияги А. Кетле (1796 – 1874) дар асараш «Физикаи иљтимои ва ё таљрибаи тадқиқи қобилиятҳои инсон» физикаи иљтимоиро танҳо ба тадқиқи омории ҳаёти љамъияти мансуб медонад. Пас аз он, ки љомеашиносон кўшиш намуданд љомеаро ба воситаи усулҳои илми (намунаи ин дар илмҳои табиатшиноси истифода мешуд) омўзанд, сотсиология ҳамчун илми мустақили љомеашиноси ба вуљуд омад.

а) ОгюстКонт – асосгузори илми сотсиология (Шоев К)

Огюст Конт (1798 – 1857) сотсиолог ва файласуфи франсави, дар илм ҳамчун асосгузори сотсиология ва фалсафаи позитиви этироф шудааст. Ба ақидаи ў илми ҳақиқи бояд аз масъалаҳои ҳалнопазире, ки онҳоро дар асоси далелҳо на рад ва на исбот кардан мумкин аст, даст кашад. Ба андешаи ў танҳо он илме дар амал фоида меорад, ки ҳуқуқи вуљуд доштанро дорад ва љонибдори таҳқиқи пайвастагии далелҳои иљтимои мебошад. Ў кўшиш мекард, ки равиши ақлониеро барои омўхтани љомеа кор карда барояд, ки ба мушоҳида ва таљриба асос ёбад. Асари машҳуртарини О. Конт асари шашљилдае бо номи «Курси фалсафаи позитиви» мебошад.

Ба андешаи О. Конт сотсиология ягона илмест, ки ошкор кардани қонунҳои умумии инкишоф ва амалкунии љомеа, ки аз қонунҳои табиат људонашавандаанд, равона шудааст ва сотсиология ба воситаи чор усул: мушоҳида, эксперимент, муқоиса ва усули таърихи омӯзишроба роҳ мемонад. Мафҳуми «позитивизм» – ро худи Конт дар панљ маъно медид: ҳақиқи, фоиданок, дуруст, дақиқ ва ташкилкунанда.

Сотсиологияи позитивии Конт аз 2 таълимоти асоси иборат буд:

  1. Статикаи иљтимои;
  2. Динамикаи иљтимои.

Статикаи иљтимои муносибатҳои миёни институтҳои иљтимоиро ошкор менамояд. Мувофиқи ақидаи Конт дар љомеа ба монанди љисм (организм) – и зинда қисмҳои алоҳида байни ҳам ҳамоҳанг шудаанд. Қонуни дохилии статикаи иљтимоиро вай тартибот медонист. Барои таҳлили тартибот мафҳуми ҳамфикри ва ҳамдигарфаҳмиро истифода мебурд.

Динамикаи иљтимои бошад љамъиятро дар таѓйирот ва инкишоф меомўзад. Омўзиши динамикаи иљтимои зарур аст, чунки он ба ислоҳотҳо мусоидат менамояд ва барои таҳқиқи таѓйиротҳои муқаррарие, ки ҳангоми пошхўри ва ё аз нав љобаљокунии сохтори иљтимои ба вуљуд меояд, кўмак мерасонад. Қонуни дохили динамикаи иљтмои прогресс аст. Прогресс фақат барои љамъияти инсони хос аст.

Инкишофи љомеа ба андешаи Конт ин натиљаи «Қонуни се зина» мебошад. Конт чунин меҳисобид, ки инкишофи љомеа ин гузариш аз як зинаи инкишоф ба зинаи дигар аст: теологи, метафизики, позитиви. Зинаи теологи то соли 1300 давом дошт. Дар ин зина тамоми зуҳуротҳо ҳамчун натиљаи таъсири қувваҳои фавқуттабии дида баромада мешуданд. Аммо қонунҳои инкишофи ақлро манъ кардан номумкин аст ва онҳо низоми пешинаро аз байн мебаранд. Аз байн бурдани тартиботи кўҳна марҳилаи муайянро дар бар мегирад, ки Конт онро ҳамчун зинаи метафизикии инкишофи љомеа, яъне зинаи аз байн рафтани тартиботи пешинаи љамъияти муайян намудааст. Зинаи метафизики аз соли 1300 то 1800 давом дошт. «Рўҳи метафизики» ин изҳори шубҳа, худхоҳи, вайроншавии ахлоқи ва бетартибии сиёси мебошад. Ин ҳолати ѓайримуқаррарии љомеа мебошад. Барои баргардонидани ҳолати муқаррари ба љомеа идеологияи муттаҳидсозандае зарур аст, ки бо рафти инкишофи дониши илми беҳтар шудан мегирад. Ин гуна дониш позитивизм мебошад. Барои ҳамин зинаи минбаъда позитивисти ном дорад. Дар љомеаи нав бояд ба љои худхоҳи ѓамхори (инсондўсти), баланд рафтани ҳисиётҳои иљтимои, мустаҳкам шудани тартибот ва сулҳи иљтимои, гузариш аз љомеаи ҳарби ба низоми ташаккулёфтаи саноати ба миён ояд. Аммо аз сабабе, ки дар он љиҳатҳои манфи боқи мемонанд, вазифаи илм тоза кардани онҳо аст.

б) Таълимоти сотсиологии Герберт Спенсер

Герберт Спенсер (1820 – 1903) яке аз бузургтарин донишманди англис мебошад, ки таълимоти худро оиди таҳаввулоти иљтимои пешниҳод намуда, дар илми сотсиология саҳми бузург гузоштааст. Мутафаккир дар доираи анъанаҳои сотсиологияи позитиви, инчунин аз рўйи назарияи Чарлз Дарвин назирияи таҳаввулотии љомеаро пешниҳод менамояд. Дар асараш «Статикаи иљтимои» (1851) нуқтаи назари худро оиди «ҳолати иљтимои» – и инсоният ҳамчун ҳолати мувозинат ва ризоият (гармония ва консенсус), ки ҳангоми қонеъ гаштани талаботҳои фардҳо ба даст меояд, пешниҳод кард.

Г. Спенсерро дар илми сотсиология асосгузори равияи органики меҳисобанд. Ў љамъиятро ба организми биологи монанд карда, қисмҳои алоҳидаи љомеа (давлат, масљит, маориф ва ѓ.) – ро бо узвҳои алоҳидаи организм (дил, системаи асаб ва ѓ.) муқоиса менамояд. Ба ақидаи Спенсер ҳар як узв ба организми бутун ягон фоида меоварад ва вазифаи ҳаётан зарурро иљро мекунад. Таѓйиротҳо дар љамъият бе таѓйирёбии қисмҳои он ва вазифаҳои иљрокунандаи онҳо ба вуљуд омада наметавонад. Дар ҳолате, ки таѓйирот дар иқтисодиёт ба вуљуд ояд, ин ба дигаргуншавии сохтори иљтимои оварда мерасонад, чунки синфҳои нав (масалан, соҳибкорон ва коргарони кироя) ба вуљуд меоянд. Ба ақидаи ў, қонуни асосии инкишофи иљтимои ин қонуни зинда мондани фардҳои нисбатан беҳтар мутобиқшуда ба ҳисоб меравад. Вазифаи интихоби табииро рақобати иқтисоди иљро менамояд. Давлат бояд ба раванди интихоби табии дахолат накунад ва аз фардҳои нисбатан камтар мутобиқшуда халос шудан зарур аст. Ин гуна ҳолат баъдтар номи «дарвинизми иљтимои» – ро гирифт. Спенсер зидди инқилоб буда, онро бемории организми иљтимои ҳисоб мекунад.

Спенсер назарияи таҳаввулоти иљимоиро пешниҳод намуда, ақида дошт, ки ҳама љомеаҳо зина ба зина инкишоф меёбанд. Спенсер таҳаввулотро ҳамчун як тамоюли умумии инкишоф таҳқиқ мекард, ки дар натиљаи он ташаккулёби ва мураккабшавии объектҳо, тафриқаи қисмҳои вазифаҳои гуногунро иљрокунанда ва ҳамгироии қисмҳои онҳо ба як чизи бутун ва ягона табдил меёбанд. Г. Спенсер барои дар илм ворид шудан ва васеъ истифода шудани мафхуми «институти иљтимои» мусоидат намуд. Ба ақидаи ў, институтҳо ягонагии иљтимоиро нигоҳ медоранд, чунки барои фардҳо рафтори аниқеро муайян менамоянд. Фардҳо аз рўи тартиботи институтҳо амал мекунанд, зеро маҳз институтҳо муҳимтарин талаботҳои одамонро қонеъ мегардонанд.

в) Таълимоти сотсиологии Эмил Дюркгейм

Эмил Дюркгейм (1858 – 1917) донишманди фаронсавиест, ки барпошавии сотсиология ҳамчун илми мустақил ва фанни таълими дар Авпупо бо номаш алоқаманд аст. Инчунин Дюркгейм асосгузори мактаби сотсиологи дар Фаронса мебошад. Мероси адабии Дюркгейм ин асарҳои: «Усули сотсиология», «Оиди тақсимоти меҳнати љамъияти», «Худкуши. Рисолаи сотсиологи», «Сотсиологияи маориф», ва ѓайра мебошанд.

Ба ақидаи Дюркгейм сотсиология бояд воқеият (ҳақиқат) – и иљтимоиеро, ки сифатҳои хоси худро дорад, омўзад. Унсурҳои воқеияти иљтимои далелҳои иљтимои мебошанд, ки дар маљмўъ љомеаро ташкил медиҳанд. Далелҳои иљтимои ин воқеиятест, ки новобаста аз фард вуљуд дошта, «қувваи маљбурсози» доранд (тарзи тафаккур, қонунҳо, урфу одат, забон, этиқод, низоми пули). Масъалаи маркази дар эљодиёти илмии Дюркгейм ин масъалаи ҳамфикрии иљтимои мебошад. Ў ба монанди Конт ва Спенсер ақида дошт, ки љомеа бояд ба консенсус асос ёбад. Низоъҳо на қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи љомеаанд ва на аломати ҳаёти коллективона, балки онҳо аломати бемори ва бетартибии љомеа мебошанд. Дюркгейм ѓояи Марксро оиди он ки «инқилоб ягона воситаи мувофиқи ҳал намудани низоъҳои иљтимои мебошад» – ро рад мекард.

Мувофиқи ақидаи Дюркгейм дар таърихи љомеаҳои инсони ду навъи тақсимоти меҳнатро људо кардан мумкин аст, вобаста ба ин ду навъи ҳамфикри вуљуд дорад. Навъи якум ин ҳамфикрии механики, ки дар натиљаи умуми будани этиқоду ҳиссиётҳо ба вуљуд омада, одамон бо онҳое муносибатро нигоҳ медоранд, ки аз рўи тарзи ҳаёт ва фикррони ба худи онҳо монанд бошанд. Дар ин намуди ҳамфикри сатҳи пасти тақсимоти меҳнат (фардҳо дар иљрои вазифаҳои истеҳсоли ва љамъияти метавонанд якдигарро иваз кунанд) вуљуд дорад, сохторҳои иљтимои на он қадар равшан тафриқабанди шудааст. Навъи дуюм ин ҳамфикрии органики мебошад, ки дар натиљаи људокуни аз рўи намуди шуѓл ба вуљуд омада, одамон бо онҳое муносибат мекунанд, ки аз рўи тарзи ҳаёт ва фикррони аз онҳо фарқ мекунанд, вале барои қонеъ гардонидани талаботҳояшон онҳо ба ин одамон ниёз доранд. Дар ин намуди ҳамфикри бошад, тақсимоти меҳнат дар сатҳи нисбатан дигар ба роҳ монда шудааст.

Таълимоти ҳамфикрии иљтимоиро Дюркгейм инчунин дар дигар асари машҳури худ «Худкуши» (1897) истифода бурдааст. Дар ин асар Дюркгейм фарқияти шумораи худкуширо дар давлатҳои гуногун, умумиятҳои гуногуни этники ва дини, дар байни категорияҳои гуногуни демографи таҳқиқ карда, онро исбот кардани буд, ки љавоби ин танҳо сотсиологи буда метавонад. Дар рисолаи «Оиди тақсимоти меҳнати љамъияти» Дюркгейм аномияро ҳамчун номуайянии меъёрҳо маънидод карда буд. Набудани самт ва қоидаҳои мушаххаси рафтор ба зиёд шудани ҳисси бегонашави аз љомеа ва ба паҳн шудани рафтори низоъљўёна ва худвайронкуни (ҳатто то ба худкуши) бурда мерасонад.

г) Таълимоти сотсиологии К. Маркс

Карл Маркс (1818 – 1883) яке аз бузургтарин ва машҳуртарин донишманди илмҳои љамъиятии асри XIX мебошад. Асарҳои К. Маркс, ки дар сотсиология аҳамияти хоса доранд, инҳоянд: «Манифести партияи коммунисти», «Капитал» (Сармоя), «Муборизаи синфи дар Фаронса аз соли 1848 то соли 1850», «Оиди танқиди иқтисоди сиёси. Сарсухан». Аз рўи таълимоти марксисти сохти ҳар як љамъиятро воситаҳои истеҳсолоти модди ташкил медиҳанд, яъне Маркс тарафдори фаҳмиши материалистии таърих буд. Фаҳмиши материалистии таърих љамъиятро ҳамчун организми иљтмои, низоми ягонаи иљтимои меҳисобад ва сарчашмаи тараққиёту инкишофи љамъиятро дар худи дохили љамъият мебинад[1]. Маркс тарафдори аз байн бурдани љомеаи куҳна ва ба ивази он ба љомеаи наву боадолатона буд. Маркс роҳи инқилобии таѓйироти љомеаро тарафдори менамуд. Инчунин ў асосгузори назарияи низоъ мебошад, низоъ ва зидиятҳоро ҳамчун омили асосии таѓйиротҳои иљтимои ва қувваи пешбарандаи таърих меҳисобад.

К. Маркс ба чунин паҳлўҳои манфии капитализм, ба монанди истисмори инсон за тарафи инсони дигар, қашоқшавии оммаи халқ ва зиёдшавии љинояткори диқати махсус медод. Ба андешаи ў дар доираи капитализм ин зуҳуротҳоро аз байн бурдан номумкин аст, чунки капитализм ба монанди ѓуломдори ва феодализм сохти антагонисти[2] мебошад. Дар он љомеаҳое, ки синфҳо вуљуд доранд антагонизм вуљуд дорад, яъне як синф ҳамеша синфи дигарро истисмор мекунад, аз ҳисоби қувваи кории онҳо зиндаги мекунад.Синфе, ки соҳиби сарват аст, ҳељ гоҳ намехоҳад сарвати љамкардаи худро аз даст диҳад. Синфе, ки ин гуна сарватро надорад, кўшиш мекунад соҳиби сарват шавад. Муборизаи миёни синфҳоро омўхта, Маркс ба чунин хулоса омад, ки истисморро ба воситаи ислоҳоти љомеа аз байн бурдан номумкин аст. Истисморро танҳо бо воситаи барҳам додани љомеаи синфи ва ба љои он ташкил кардани љомеаи баробари бесинф бартараф намудан мумкин аст.

д) Таълимоти сотсиологии Макс Вебер

Макс Вебер (1864 – 1920) асосгузори сотсиологияи фаҳмиш ва назарияи амали иљтимои мебошад. Вебер диққати асосиро ба таҳқиқи сабабу мақсади фаъолият ва рафтори инсон ва ё гурўҳ равона мекард. Ба ақидаи Вебер фаъолияти шахсони алоҳида ва ё гурўҳ аз тарафи муносибатҳои иљтимои ва сохтори иљтимои пешаки муайян нашудаанд, балки онҳо мулоҳизакорона ва мустақилона мебошанд. Натанҳо љомеа ба инсон (гурўҳ) таъсир мерасонад, балки инсон низ мақсаду манфиатҳои худро пеш гирифта, дидаю дониста бо дигар инсонҳо муносибат мекунад, ки дар натиља воқеияти иљтимои ба вуљуд меояд. Муҳимтарин асарҳои Вебер «Ахлоқи протестанти ва рўҳи капитализм», «Оиди баъзе категорияҳои сотсиологияи фаҳмиш», «Сиёсат ҳамчун ҳунар ва касб», «Илм ҳамчун касб», «Ахлоқи хољагидории динҳои љаҳони», «Таърихи аграрии дунёи қадим», «Хољагидори ва љомеа» ва «Оид ба љомеаҳои тиљорати дар асрҳои миёна» ба ҳисоб мераванд. “Амали иљтимои” яке аз мафҳумҳои маркази дар сотсиологияи Вебер аст. Амали иљтимои гуфта чунин амалеро меноманд, ки аз рўи маънои ба он додаи иштирокчиён ба амали дигар одамон алоқаманд буда, ба онҳо равона шудааст.Вебер назарияи бюрократияи идеалиро кор карда баромадааст.

е) Питирим Сорокин

Питирим Сорокин (1889 – 1968) машҳуртарин сотсиологи русу амрикои мебошад. Асари ў «Динамикаи иљтимои ва фарҳанги» (1937) яке аз беҳтарин асар дониста шуда буд. Асари дигари ў «Љойивазкунии иљтимои» асари классикии љаҳони гардид. Дар ин асар Сорокин мафҳумҳои љойивазкунии амуди ва љойивазкунии уфуқиро дида баромадааст. Инчунин П. Сорокин асогузори назарияи табақабанди ба шумор меравад. Шарҳи мухтасари ин назария дар осори илмии ў «Инсон, тамаддун, љомеа» оварда шудааст.Дар солҳои 30 – уми асри ХХ сотсиология ҳамчун илми «буржуази» эълон гардид, баъзе аз донишмандони ин соҳа ҳабс шуданд, қисми дигар мамлакатро тарк намуда ба Аврупою Амрико муҳољират намуданд. Дар солҳои 30 – уми асри ХХ марксизм ҳамчун идеологияи љамъияти мустаҳкам гардид. Сотсиология як шохаи фалсафа эълон гардида, «материализми таърихи» ба љои сотсиология қабул карда шуд. Аз солҳои 60 – ум саркарда сотсиология мавқеи аз даст додаи худро баргардонидан гирифт. Дар Тољикистон соли 1967 дар назди Шўъбаи фалсафаи АИ ЧТ бахшии таҳқиқотҳои сотсиологи таъсис ёфт (аз соли 1991 шўъбаи сотсиология), ки то охирҳои солҳои 90 –ўми асри гузашта ягона маркази таҳқиқотҳои сотсиологи дар љумҳури буд.

Марҳилаи муҳими ташаккули сотсиология ҳамчун илм ва институткунонии таълимоти сотсиологи таъсис додани шўъбаи сотсиология ва баъдтар кафедраи сотсиология дар факултаи фалсафаи ДМТ шуданд. Соли 2001 бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи миллии Тољикистон дар назди кафедраи таърихи фалсафаи факултаи фалсафаи ДМТ ихтисоси сотсиология таъсис дода шуд. Соли 2005 дар назди факултаи фалсафаи ДМТ кафедраи тахасусии сотсиология кушода шуд.

[1] Социология. Основы общей теории: Учебник для вузов – М.: Норма, 2003. С. 8

[2] Зидияти оштинопазир миёни синфњои асосии љомеа.

2.97K
Нет комментариев. Ваш будет первым!