Ҷамъият-низоми худинкишофёбанда
Наќша:
1.Мафњуми љамъият ва нишонањои асосии он
- Сохтори љамъият ва унсурњои асосии он
- Иерархия (зинабандї) – и низоми иљтимої (типњои љомеа)
Адабиёт:
- Бањромбеков В., Миров Ф. Асосњои сотсиология. – Душанбе: “Матбуот”, 2015.
- Гидденс Э. Социология. Перев. с англ. Изд. 2-е. -М.: Едиториал УРСС, 2005.
- Гулаҳмадов Ш.Н., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011.
- Осипов Г. Социология. Основы общей теории. Второе издание. – М.: Инфра-М, 2013.
- Правильное общество. -М.: Питер, 2015
- Штомпка П. Социология. – М., 2010.
- Яковлев А. М.Социальная структура общества и право: учебное пособие для вузов. – М.: Норма, 2014.
Мафњумњои калидї:
“Љамъият”, “сохтори иљтимої”, “нишонањои љамъият”, “навъњои љомеа”, “эволютсионизми иљтимої”, “идеология”, “консерватизм”, “либерализм”, “худинкишофёбандагї” ва ѓайрањо
- Мафњуми љамъият ва нишонањои асосии он
Љамъият объекти омўзиш ва категорияи илми сотсиология буда, масъалаи маърифатии он љавњари ќадима дорад. Одамон дар бораи љамъият њар хел тасавурот доранд. Бисёр ваќт бо ин мафњум маљмўи муайяни одамоне, ки аз рўи кадом шавку раѓбат, таваљўњи тарафайн, тарзи њаёт ва фаолияти якљоя муттањид мешаванд, ифода меёбад. Гурўњи oдамоне, ки байни якдигар ягон чизи умумї доранд дар шуури муќарарї ба мафњуми «љамъият» фањмида мешавад. Масалан, љамъияти њамкасбон. Дар фањмиши илмї «љамъият» – ин иттињоди худинкишофёбанда ва мустањками одамон аст, ки бо манфиатњои умумї байни ягдигар алоќаманд ва дар асоси меъёру арзишњои умуми њатмї барои ќонеъ намудани талабот шахсии худ амал мекунанд. Љомеа љамъи тамоми муносибатњои одамонро ифода менамояд. Ба маънои мањдудтар иттињоди одамоне, ки як њудуди муайянро дар ихиёр доранд ва соњиби маданият ва давлати худ мебошанд. Олими фронсавии асри ХVIII- ХIХ Анри Де Сен – Симон дар чунин аќида буд, ки љамъият ин як корхонаи калоне, ки њокимияти инсонро нисбат ба табиат таъмин менамояд.
Моњияти њаёти љамъиятї ба фаъолияту амали инсон асос меёбад. Инсон фаъолияти худро дар асоси муносибат бо дигар одамон, ки шаклњо ва навъњои онњо дар тули таърих ташакул ёфтанд, амалї мекунад. Барои њамин дар кадом соњаи њаёти иљтимоие, ки фаъолияти инсон амалї шавад, вай доимо характери иљтимої дорад. Љамъият њамчун системаи калони иљтимоиест, ки зерсистемањои онро иќтисодиёт, иљтимоиёт, сиёсат ва фарњанг ташкил медињанд. Њар яке аз ин системањои умумии љамъиятї зерсистемањои бисёреро дар бар мегирад, ки унсурњои онњоро худи институтњои иљтимої, ташкилотњои иљтимої ва ѓайра ташкил медињанд. Бояд ќайд кард, ки људокунии системаи иљтимої басо шартї буда, онро масъалањо ва маќсади тањќиќот муайян мекунанд. Масалан: дар сотсиологияи марксистї људо кардани чор зерсистемаи љамъият ќабул шудааст: иќтисодиёт, иљтимоиёт, сиёсат, фарњанг. Дар доираи тањлили сохторї-функсионалї њамчун зерсистемањои љамият: умумиятњои иљтимої, институтњои иљтимої, ташкилотњои иљтимої, наќшњои иљтимої, ќоидањо ва арзишњо људо мешаванд.
Њамин тариќ, љамъият ин алоќањои иљтимої ва амали байнињамии системавии муташаккилона буда, талаботњои гуногуни одамонро таъмин ва ќонеъ мегардонад, устувор, худтанзимшаванда ва худинкишофёбанда мебошад. Њамчун системаи бузург љамъият аз рўи ќонунњои худ амал мекунад. Ин имконият медињад, ки љамъиятро њамчун системаи пойдори байнињамии иљтимоии одамон, гурўњњои иљтимоие, ки дар як њудуд зиндагї мекунад ва бо алоќањою муносибатњои гуногуни фарњангї, иљтимої ва иќтисодї муттањид шуданд, ба анъана, урфу одат, институтњои иљтимої ва системаи ќойдавии арзишї такя мекунанд, дида баромадан мумкин аст. Барои дурустар дарк кардани моњияти љамъият чанд аломатњои асосии вайро људо кардан лозим меояд:
- Њудуд-мавќеи љуѓрофї, кидар он амали якљоя ва мутањиддии одамон ба вуљуд меояд;
- Ном;
- Афзудани шумораи ањолї аз њисоби такрористењсолии насл;
- Мухторият – мустаќилона вуљуд дорад ва дараљаи баланди худтанзимнамоиро дорост. Њаёт ва фаъолияти љамъият ба воситаи институтњо ва ташкилотњои иљтимої дар асоси он меъёрњо ва принсипњое, ки дар дохили худи љамият ташаккул ёфтаанд ба низом дароварда, идора мешавад.Танњо дар љамъият инсон ба касби алоњида машѓул шуда, талаботњои худро ба хўрок, манзил ва пўшок таъмин карда метавонад, ба дастовардани илмї-маъданї ва ба пешрафти он ноил мешавад.
- Универсалиати љамъият ба одамон чунин шакли ташкили њастиро пешнињод менамоянд, ки онњо ба маќсади худ расида метавонанд;
- Ќувваи бузурги њамгирої- љамъият њар насли инсонро ба худ мутеъ менамояд, ба њам меоварад ва ба фаъолият равона месозад. Одамон бо риштаи ноаён умумиятњои забонї, маданї ба њам баста шудаанд. Онњо худ ба он љазб мешаванд. <li/>
Љамъият дорои сохтори махсус ва муайяни худ мебошад. Сохтори иљтимої яке аз мафњумњои бунёдї дар мавриди дарки моњияти љомеа ва тарзи мављудияти он ба шумор меравад. Аз ин рў, омўзиши њама гуна раванду падидаи иљтимої одатан аз омўзиши сохтори вай оѓоз мешавад. Яке аз њадафњои асосии омўзиши сохтори иљтимоии љомеа ин кўшиши дарёфти заминањои ба табаќањо људо кардани аъзоёни љомеа ва хусусияти дар ин заминањо пайдо шудани муносибатњо дар байни онњо мебошад.
Оиди сохтори љамъият назарияи марксистї пешнињодоти худро дорад. Мувофиќи ин назария љамъият аз синфњо, табаќањо ва гурўњњои иљтимої таркиб ёфтааст. Дар ташаккули фањмиши сотсиологии сохтори иљтимоии љомеа сањми П. Сорокин низ хеле зиёд аст. Тибќи таълимоти ў љомеа иборат на аз афроди мушаххаси алоњида, балки аз низоми љузъњои алоќамандест, ки мављудияти ин низом афзудани имконияти назорат аз болои рафтори одамон вобастагї дорад.
Сохтори иљтимої ин усули муайяни алоќа ва амали байнињамдигарии унсурњо, яъне одамоне, ки мавќеи муайяни иљтимоиро аз рўи маљмўи меъёрњо ва арзишњои дар системаи иљтимої ќабулшуда, ишѓол мекунанд. Мафњуми «сохтори иљтимоии љамъият» – ин низоми тарафњои љамъият ва робитаи унсурњои љамъиятиро ифода менамояд. Ба маънои дигар синфњо ва гуруњњои иљтимої робита ва таъсири мутаќолбили онњо сохтори љамъиятиро ташкил медињанд. Сохтори иљтимои љомеа – ин маљмуи умумиятњои (гуруњњо, табаќањо) ба њам алоќаманду ба њам амали байни њами доштаи институтњои иљтимої, маќомњои иљтимої ва муносибатњои байни онњост. Тамоми унсурњои сохтори иљтимої њамчун организми ягонаи иљтимої дар амали байнињамианд.
Сохтори иљтимоиро вобаста ба он, ки дар кадом асос ќисмњои таркибии љамъият људо мешавад, њар хел дидан мумкин аст, мисли умумиятњои иљтимої – териториявї (ањолии шањр, дењот, минтаќа), иљтимої – демографї (аз рўи синну сол ва љинс), иљтимої – этникї (авлод, халќият, миллат), иљтимої – синфї (буржуазия, прлетариат) ва иљтимої – касбї људо кардан мумкин аст. Дар сатњи макро сохтори љамъиятро системаи институтњои иљтимої: оила, њуќуќ, иќтисодиёт, маориф ва илм, давлат, дин ва ѓайра ташкил медињанд. Дар сатњи микрої бошад сохтори иљтимоиро системаи наќшњои иљтимої ташкил медињанд.Аз рўи дигар асосњо њам љамъият ба сохторњо људо мешавад. Масалан, аз рўи ба табаќањо људо шудани ањолї дар асоси муносибат ба моликият: бойњо ва камбизоатњо; аз рўи муносибат ба њокимият: идорашавандагон ва идоракунандагон; дар асоси эътиборнокии касбу вазифа ва ѓайра.Унсурњои таркибии љамъият њамчун системаи иљтимої ин институтњои иљтимої ва гурўњњое мебошанд, ки дорои арзишњои муайяни иљтимої ва меъёрњо буда, аз одамони алоњида иборат њастанд, ки аз рўи алоќањо ва муносибатњои иљтимої бо њам мутањид шудаанд ва вазифањои муайяни иљтимоиро иљро мекунанд. Њамаи ин унсурњо бо њам алоќаманданд ва сохтори љамъиятро ташкил медињанд.
Шахс унсури таќсимнашавандаи љомеа мебошад. Дар љамъият њамчун система, ки аз мављудоти бошуур иборат аст, вазифањои идоранамої дар маќомотњои барои ин маќсад ташкилшуда љамъ карда мешавад. Алоќањои иљтимої њам дар шакли муносибат ва њам дар шакли амали иљтимої ва амали байнињамдигарї ифода меёбанд.Амали иљтимої (ин мафњум аз тарафи М. Вебер ба сотсиология ворид шудааст) њамчун шакли алоќаи иљтимої заминаи аввалини системаи иљтимої мебошад, яъне воњиди соддатарини фаъолияти иљтимоист. На њар як амали одамон, ки ба талаботи онњо асос меёбад, амали иљтимої шуда метавонад. Амали инсон њамон ваќт характери иљтимоиро мегирад, ки агар:
- Амал бошуурона бошад (то ин ё он дараља љанбаи аќлонї дошта бошад);
- Амал ба рафтори дигарон равона гардида бошад. Дар дигар мавридњо амали одамон амали иљтимої набуда, њамчун амали фардї мебошад.
Муносибатњои иљтимої – ин системаи устувори одамон ва умумиятњои иљтимоиест, ки дар раванди амали байнињамдигарии онњо дар шароити њамин љамъият ташаккул ёфтааст.
Дар љањони муосир типњои гуногуни љомеа вуљуд доранд, ки байни худ аз рўи бисёр аломатњои аёнї (мисли забон, маданият, мавќеъи љуѓрофї, њаљми њудуд) ва њам ѓайри аёнї (дараљаи якљоя будан ва дараљаи устуворї) ва ѓайра фарќ мекунад. Таснифоти илмї талаб мекунад, ки аломатњои ба худ хос ва аслї људо карда шаванд, ки як гурўњи љамъиятро аз дигар гурўњњо фарќ кунанд ва ё љамъиятњои ба як гурўњи муайян дохилшударо муттањид кунанд. Навъбандии љамъият ин маљмўи нишонањои устуворе, ки љамъият ва халќњоро дар даврањои гуногун тавсиф мекунад. Навъбанди ба мо нишон медињад, ки љамъият чи гуна таѓйир ёфта, кадом даврањоро аз сар гузаронидааст.
Бузургтарин антропологњои асри XIX Э. Тейлор, ва Л. Морган љомеаро дар асоси инкишофи эволютсионї таснифот намудаанд. Морган андеша дорад, ки њама гуна љомеа дар инкишофи худ як роњ, яъне аз «вањшигї» ба марњилаи мобайнии «варварї» ва аз он ба њолати «таммадунї» тай менамояд. Дар мобайнњои асри ХIХ Карл Маркс типологияи љамъиятњоро пешнињод кард, ки асоси вайро усули истењсолоти неъматњои моддї ва пеш аз њама муносибат ба моликият ташкил медињанд. Ў њамаи љамъиятњоро ба панљ форматсияи љамъиятї – иќтисодї: обшинаи ибтидої, ѓуломдорї, феодалї, капиталистї ва коммунистї, ки фазаи авали онро љамъияти сотсиалистї ташкил медињад, људо кард.
Типологияи дигар љамъиятњоро ба љамъиятњои содда ва мураккаб људо мекунад. Меъёр (аломат) – и асосї – ин сатњи идоракунї ва дараљаи ба табаќањо људошавии љамъият аст. Љамъияти содда ин љамъиятест, ки ќисмњои асосии вай яклухт мебошанд. Дар он сарватманду камбизоат набуда, тафриќаи сохтор ва вазифањо кам љой доранд ва ба осонї иваз мешаванд. Инњо ќабилањои ибтидої мебошанд, ки дар баъзе љойњо имрўз њам вуљуд доранд. Љамъияти мураккаб љамъиятест, ки дорои тафриќаи зиёди сохтор ва вазифањои бо њам алоќаманду вобаста мебошад (Г.Спенсер).
К. Поппер ду хели љамъият: пўшида ва кушодаро људо мекунад. Асоси фарќияти онњо пеш аз њама ин муносибати назорати иљтимої ва озодии шахс мебошад. Ба шакли пўшидаи љамъият сохтори иљтимоии камтаѓйирёбанда, љойивазкунии мањдуд, дарк накардани навигарињо, анъанавї, идеологияи авторитарї, коллективизм хос њастанд. Ба ин хел навъи љамъият Поппер Иттињоди Шўравии давраи Сталиниро дохил кардааст.
Љамъияти кушод дорои сохтори иљтимоии тараќикунанда, љойивазкунии васеъ, ќобилияти чизи навро ќабул кардан, хосияти танќидї, индивидуализм ва идеологияи плюралистии демократї мебошад. Поппер намунаи ин хел љамъиятро дар давлатњои демократии Ѓарби муосир мебинад.
Дар назарияи «љомеаи фаровони» – и худ Љон Кеннет Гелбрейт ба сифати талаботи таснифкунанда сатњи истеъмолотро муайян мекунад. Љомеаи фаровонї мамлакатњои тараќќикардаи саноатиеро меномад, ки дар он аксарияти ањолї ба сатњи баланди зиндаги одат кардаанд. Истењсоли мол (мањсулот) бефосила зиёд мегардад ва ба вуљуд овардани талаботи сунъи ба чашм мерасад. Дар натиља истењсоли аз њад зиёд пайдо шуда, хариди молњои нодаркор, танњо барои нигањдории маќоми иљтимоии худ аст.
Соли 70 – уми асри XX назарияи љомеаи посиндустриалї (баъдисаноатї) хеле машњур гардид. Намояндагони он Д. Белл, А. Тоффлер, А. Турэн ва Ж. Фусате се зинаи инкишофи љомеаро дида баромадаанд:
- Љомеаи анъанавї ё тосаноатї (аграрї);
- Љомеаи индустриалї (саноатї);
- Љомеаи посиндустриалї (баъдисаноатї);
Дар анъанавї (тоиндустриалї) љомеа аз љињати иќтисоди ќафомондае, ки асоси иќтисодиёташонро кишоварзи ташкил дода тамоми соњањо аз рўи анъанањо ба танзим дароварда мешаванд.Дар љомеаи индустриалї саноат дар маркази фаъолияти иќтисодї ќарор дорад. Дар љомеаи постиндустриалї шакли асосии фаолияти иќтисодии одамон хизматрасонї, истењсолоти фардї ва истеъмол мебошад. Ин гуна љомеа ба дастовардњои илмї-техникї асос меёбанд ва захираи аз њама арзишнок дар ин љомеањо иттилоот ба шумор меравад, сохтори иљтимоии љомеа мураккаб мегардад.Айни замон сотсиологњо дар бораи пайдоиши типиинави љомеа – љомеи иттилоотї бисёр сухан гуфта истодаанд