Ҷомеа ва фарҳанг
Наќшаи кор:
1. Мафњуми “фарњанг” ва шарњи сотсиологии он 1
2. ќисматњои фарњанг 2
3. Ягонагї ва фарќияти фарњангњо: 2
• Фарњангњои универсалї 2
• Этносентризм ва релятивизм 3
• Субкултура ва контркултура 4
4. Фарњанги халќї, оммавї ва эгалитарї 4
5. Диффузияи фарњанг 4
Адабиёт:
1. Бањромбеков В., Миров Ф. Асосњоисотсиология. – Душанбе: “Матбуот”, 2015.
2. Волков Ю. Е. Социология. — М.: «Дашков и К°», 2012.
3. Гидденс Э. Социология. Перев. с англ. Изд. 2-е. -М.: Едиториал УРСС, 2005.
4. Гулањмадов Ш.Н., Абдулвоњидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011.
5. Лавриненко В.Н. Социология. Конспект лекций. – М.: Проспект, 2013.
6. ОсиповГ. Социология. Основы общей теории. Второе издание. – М.: Инфра-М, 2013.
7. Штомпка П. Социология. – М., 2010.
Мафњумњоикалидї:
“Фарњанг”, “тамаддун”, “фарњанги оммавї”, “этносентризм”, “релятивизм”, “субъкултура”, “контркултура”, “фарњанги универсалї”, “диффузияи фарњанг” ва ѓайрањо
1. Мафњуми “фарњанг” ва шарњи сотсиологии он
Маљмўи дастовардњои моддї ва маънавиеро, ки инсон дар тўли ташаккули худ ба даст овардааст ва барои пешрафти љомеа истифода мешавад ва аз насл ба насл мегузарад, фарњанг номидаанд. Њайвонот, ки аз рўйи истинкт зиндагї мекунанд, дар њамаљо як хел рафтордоранд, аммо рафтори одамонро фарњанг муайян менамояд. Фарњанг ин њамачизест, ки инсон дар натиљаи фаъолияти моддї ва маънавї аз “табиати аввал” (офаридаи Худо) истифода бурда “табиати дуввум” – ро месозад. Фарњанг ин љањони ба таври сунъї созмондодаи одамон аст, ки чунин љањон дар табиат вуљуд надорад ва артефакт (зуњуроти сунъї) мебошад. Барои сотсиология љињати муњими фарњанг он аст, ки одамон дар рафти офаридани фарњанг чи гуна бо њам муносибат мекунанд.
Асоси њар як фарњангро арзишњо ва меъёрњои иљтимоие ташкил медињанд, ки рафтору фаъолияти одамонро ба танзим медароранд. Бисёре аз рафтору одатњои инсонњо бамеъёрњо ва арзишњои фарњангиашон шакл гирифтаанд. Масалан, Дар Гренландия ањолї дар назди одамони бегона шўхи намекунанд ва намеханданд, аммо ин маънои онро надорад, ки онњо бадќавоќ ва даѓаланд. Фарњанги онњо чунин талаб мекунад ва ба одат табдил ёфтааст. Марказњои хизматрасонї барои он, ки кормандонаш бо муштариёнаш бочењраи хандон муошират кунанд, онњоро дар хориљи мамлакат мехононанд. Америкоињо ва японињо мењнат ва муваффаќиятро ќадр мекунанд, аммо барои амрикоињо индивидуализм хос аст, японињо бошад ба коллектив майл доранд. Ё мењмондўстии тољикона. Арзишњои фарњанги аз як насл ба насли дигар тавассути сотсиализатсия мегузарад.
Тамоми комёбињою дастовардњои инсониро, ки дар тўли ташаккули љомеавї ба даст овардаанд, ба ду ќисмат људо намудаанд: фарњанги моддї ва маънавї. Фарњанги моддї, ќабл аз њама воситањои истењсолот, предметњои мењнати љисмонї, иншоотњо, биноњо, олоти мењнат, асарњои санъат, предметњои рўзгор ва ѓайрањо, ки предметњои он бештар мушкилотњои зиндагии инсонро осон мегардонад, кулли љомеа барои ба даст овардани предметњои он сањм мегузоранд.Фарњанги маънавї, дар истењсолоту маишат истифода шудани комёбињо, савияи маълумот, вазъи маориф, кашфиётњо, адои хизмати тиббї, санъат, меъёру одобу ахлоќи аъзоёни љамъият, дараљаи инкишофи талаботу манфиати одамон ба моли фарњанги маънавї, дониш, эътиќод, аќида, арзишњо, идеология, ахлої, забон, ќонунњо, анъана, урфу одатњо дохил мешаванд. Њатто њар як фарњанг муносибатњои ѓайри лафзонї низ дорад.
Аз рўи аќидаи олимон кайњон 15 миллиард сол пеш ва сайёраи мо 4,5 млрд сол пеш пайдо шудааст. Њаёт дар Замин 3,5 млрд сол пеш ва 3 млн сол пеш гузаштагони мо дар Африкаи Марказї ба њаёти заминї ва шикор оѓоз мекунанд. Тахминан 250 њазор сол пеш њомосапенс ё инсони боаќл пайдо шуда, 40 њазор сол пеш одамони мисли имрўза ташаккул меёбанд. Тахминан 12 њазор сол пеш таќсимоти мењнат шурўъ гардида, дар њудуди Миср ва Эрони имрўза тамаддуни аввалин пайдо мегардад. Њоло дар сайёраи мо зиёда аз 5 њазор забон ва 200 давлати љањон (20 давлат аз собиќ СССР ва Югославия пайдо шуд) ба ќайд гирифта шудааст.
2. ќисматњои фарњанг
Муњимтарин ќисматњои фарњанг символњо ё аломатњо (масалан, забон) арзишњо ва боварињо, меъёрњо ва ашёњои моддї (аз љумла технология) ба њисоб мераванд. Такягоњи асосии фарњанг маънавиёт (арзишњо, забон, хату алифбо, асотир, мазњаб, анъанањо, оину русум ва санъат) мебошад. Сабабаш ин аст, ки онњо дар муќоиса бо офаридањои моддї устувор ва дарозумртар буда, ба њар яке аз ин падидањои маънавї – маданї муњри хираду заковати њар кадом халќ наќш бастааст, ки онро аз фарњанги мардуми дигар xудо мекунад. Забон рўњи фарњанг аст. Забон ин маљмўи рамзу аломатњост, ки тавассути он раванди муошират ва мубодилаи афкор ба роњ монда мешавад.
Урфу одат ин тарзи љолиби рафтори одамон, ки аз насл ба насл гузашта дар љамоањои муайян ва гурўњњо истифода гардида, ба одати аъзоёни он мубаддал мегардад. Дар њамаи љамъиятњо њазорњо тарзи рафтор ќабул гардидаанд. Бо роњи санљидан ва хато кардан як ё якчанд нави рафторро ќабул менамоянд (масалан, тарзи хўрок хўрдан, салом намудан ва ѓайрањо). Агар ин амалњо дар њаёти њаррўза такрор шаванд, пас онњо урф мегарданд. Агар урфу одат аз як насл ба наслњои дигар гузарад, ба анъана мубадал мегардад. Анъанадар забонњои аврупої бо мафњуми традитсияи калимаи лот. tќaditio гирифта шудааст. Яке аз шаклњои рамзии манъ намудани баъзе амалњо ва ба тартиб даровардани рафтор ин ритуал (калимаи лот. ќitѓalis – маросим)мебошад. Ин маљмўи урфу одатњои рамзии барќарор гардидаест, ки навъњои муќарраргардидаи равобити афродро ба танзим дароварда, аз он ҷумла тарзи сухан рондан, ки ба тариќи рамзї навъи алоќаи фардњо, гурўњњои иљтимої, дар умум арзишњо, нињодњо, рўйдодњои таърихї, одамон ва ашёњои табиат ва ѓайраро дар бар мегирад (масалан, русуми љаноза дар он баланд њарф задан, хандидан мумкин). Умуман, фарњанг дар њаёти љомеа ин пеш аз њама чун васоити њифзкунандаи таҷрибаи инсоният ва аз як насл ба насли дигар интиќолдињандаи онњо хизмат мекунад.
3. Ягонагї ва фарќияти фарњангњо:
• Фарњангњои универсалї
Фарњанги њамон гуногун ранг буда, аз њам фарќ мекунанд. Бисёре аз шаклњои рафтор дар доираи як фарњангњо ќобили ќабул аст, аммо дар дигар фарњанг рафтори номатлуб њисоб мешавад. Масалан, никоњ дар синни 12 -13 дар баъзе аз давлатњои Шарќи Наздик кори муќаррарї њисобмешавад, аммо дар давлатњои Ѓарбї дар ин синну сол фард хурдсол њисоб мешавад. Мусулмонон гўшти хук намехуранд, аммо барои ѓарбињо ин яке аз хўрокњои асосї аст. Ё баъзе аз њиндуњо гушти гов намехўранд. Барои баъзе аз намояндагони давлатњои Осиёи Дургӯштисагугўр ба таоми лазиз њисобмешавад.
Њарчанд фарњангњо аз њам фарќ кунанд њам, маънои онро надорад, ки дар байни онњо ягонагї ва монандї дида намешавад. Сотсиологњо кўшиш мекунанд, ки дар байни фарњангњои зиёд як умумиятро пайдо намоянд, ки бо забони илмї онњоро фарњангњои универсалї меноманд. Фарњангњои универсалї љињатњои хос ва такроршавандаи њаёт аст, ки дар њамаи љомеањо мушоњида мешаванд. Сабаби пайдоиши фарњангњои универсалї дар он аст, ки баъзе аз масъалањо дар њама љо як хел зоњир мешаванд ва талабот ба њалли онњо чунин маданиятњоро ба вуљуд меоранд. Сотсиологи амрикої Љ. Мердок дар натиљаи тадќиќоти худ 88 намуди фарњангњои универсалиро људо намудааст, мисли “забон”, “урфу одатњо”, “моликияти хусусї”, “сафар кардан”, “табаќањои иљтимої”, “эътиќод”, “варзиш”, “мусиќї”, “салом додан”, “тўњфа намудани гул” ва ѓайрањо. Ин фарњангњо њарчанд дар шаклњои гуногун зоњир шаванд, аммо як моњиятро ифода менамоянд. Масалан, “оиладор шудан” фарњанги универсалии њамаи љамъиятњо њаст, аммо дар њар як љомеа бо урфу одат ва анъанањои гуногун амалї мегардад.
• Этносентризм ва релятивизм
Њар як фарњанг ба худ тарзи нотакрори рафторро дорад, ки барои намояндаи дигар фарњанг бегона мебошад. Њангоме, ки мо ба хориљи мамлакат сафар мекунем, дар муњити фарњангии бароямон бегона моро як эњсосоти аљоибе фаро мегирад. Он љанбањои њаётии рўзмаррае, ки кайњо дар ботин ва хуни мо љой гирифтааст, дар дигар давлат фавќуллода менамояд. Бисёре одамон дар дигар давлат ва муњити барояшон бегона худро гум мекунанд (садамаи фарњангї). Зеро онњо такягоњи одатии худро, ки барои фањмидани љањони ињота намудаашон кўмак мерасонд, аз даст додаанд ва ба фарњанги нав њанўз мутобиќ нашудаанд. Фарњанги муайян барои як нафаре метвонад комилан ќобили ќабул набошад ва моњияти урфу одатњои он фарњангро нафањмад. Масалан, сайёњи аврупої аввалин маротиба ба давлати мусулмонї меояд, аз овози “азон” бањаяљон меафтад, њол он, ки барои мусулмонони ин давлат “азон” як чизи муќаррарї ва муњим ба њисоб меравад, ки онњоро ба ибодат даъват менамояд.
Яке аз масъалањои сотсиологї бањодињии одамон ба фарњанги якдигарї мебошад. Одамон ба фарњанги дигар аз нуќтаи назари фарњанги худ бањо медињад, ки онро этносентризм меноманд. Ба фарњанги дигар он аз нуќтаи назари фарњанги худ њукм рондан ва нодида гирифтан, паст задан ё рад намудани фарњанги бегона этносентризм ном гирифтааст. Этносентризм љињати мусбї низ дорад. Он ягонагии гурўњњоро устувор мегардонад, шиддати низоъ љои дохилиро паст менамояд, мисли ширеш намояндагони як фарњангро бо њам “мечаспонад”, намегузорад, ки онњо ба дигар гурўњњо ё умумиятњои бегона бипайванданд. Фарњанги як халќу миллат барои намояндагонаш ягона ва бењтарин фарњанг менамояд. Њолате мешавад, ки намояндагони як фарњанг фарњанги дигарро паст мезананд, нодида мегиранд ва ё тавассути фишор онро нобуд кардан мехоњанд. Яке аз мисолњои этносентризм фаъолияти миссионерї мебошад, ки бо ин васила дин, фарњанг, тарзи зндагии худро як халќу миллат ба дигарон бор кардан мехоњанд. Њоло њам ба давлатњои шарќи бо роњи зўрї ё тарѓиб бор кардани тарзи зиндагии њарбї, демократия ва ѓайрањо.
Ба муќобили равиши этносентризм релятивизми фарњангї баромад мекунад.Мувофиќи ин равия њар як фарњангро вобаста ба њаёти њамон халќ фањмидан мумкин аст. Мо моњияти фарњанги дигаронро бо воситаи муќобилгузорї ба фарњанги худ омўхта наметавонем. Рафтори ин ё он халќро тавассути арзишњо, меёрњо ва боварињои онњо омўхтан лозим аст. Ба таври объективї муносибат намудан ба фарњанги бегона, муносибати тањаммулпазирона нисбати урфу одат ва рафтори намояндагони дигар фарњанг ё аќалан мавќеи бетарафиро ишѓол намудан, моњияти релятивизми фарњангиро ташкил медињад. Њар як фарњанг њаќќи вуљуд доштан дорад.
Мо бояд фарњанги бегонаро паст назанем, намояндагони онро тањќир накунем ва муносибати тањаммулпазирона дошта бошем, зеро он фарњанг ва урфу одатњо барои намояндагонаш арзиши баланд, ќадру ќимат дорад ва дар њаёти он халќ ягон наќшеро мебозад. Масалан, дар баъзе аз халќиятњои инуит пиронсолони заифро барои мурдан дар хунукї мегузоранд. Агар аз нуќтаи назари фарњанги мо ин амал вањшоният ва ѓайри инсондўстї аст, аммо барои он халќиятњо чораи инсондўстона пиндошта мешавад. Ба аќидаи онњо дар он дунё одамон бо бадани мисли заминиашон бармехезанд. Аз нуќтаи назари сотсиологї ин анъана, онњоро аз гуруснагї ва беморї наљот медињад, зеро захирањои моддї дар ин халќиятњо намерасад ва зарурати доимо кам кардани шумораи онњо пайдо шудааст.
• Субкултура ва контркултура
Њар як умумияти иљтимої арзишњо ва меъёрњои хосаи худро доранд, ки бо фарњанги њукмрон зич алоќамандї дорад. Дар шароити имрўза дар баъзе аздавлатњо, масалан, ИМА намояндагони фарњангњои гуногун дар як сотсиум зиндагї намуда, меъёрњою арзишњои фарњангии худро то њол нигоњ доштаанд. Ин намунањои махсуси фарњангро субкултура (порчафарњангњо) меноманд. Субкултурањо фарњанги гурўњњои иљтимоиест, ки њарчанд аз фарњанги њукумронињо фарќ кунанд њам, аммоба он алоќаманданд (зид нестанд), балки дар рушди фарњанги умумї сањм мегузоранд. Шаклњои маъмули субкултураи шањрї, ќишлоќї, аќаллиятњои миллї, субкултураи љавонон, дўстдорони реп, хип-хоп, мухлисони футбол, муллоњо ва ѓайрањо вуљуд доранд. Субкултурањо ба одамон имконият медињанд, ки мувофиќ ба фикр, хоњиш ва боварии худ озодона амал кунанд.
Яке аз навъњои субкултура – ин контркултура мебошад. Меъёрњо, арзишњо ва тарзи зиндагии субкултура на танњо аз фарњанги вуљуддоштаи њамаи љомеа фарќ менамояд, балки ба муќобили он мебарояд. Контркултура фарњанги гурўњњои иљтимоиест, кињарзишњо ва меъёрњои фарњанги њукумрони љомеаро инкор менамояд. Масалан, дастаи авбошон, љинояткорон, экстримистњо, терористњо, майхорањо, нашъамандон, бомжњо ва ѓайрањо.
4. Фарњанги халќї, оммавї ва эгалитарї
Њар љомеа навъњои хоси фарњанги худро дорост, ки аз тарафи аксари аъзоёни он эътироф гардидаанд. Фарњанги халќї ба таври стихиявї ва аз њаёту фаъолияти муштараки одамон пайдо шуда, дар урфу одат ва анъанањои иљтимоии он халлї ифодаи худро меёбад.
Фарњанги оммавї бошад мањсули тамаддуни саноатї аст, ки ба худ њамаи табаќаю умумиятњои иљтимоиро љалб менамояд. Мањз тамаддуни саноатї раванди урбанизатсияро тезонд, маълумоти олиро ќариб ба њамаи табаќањои иљтимої дастрас гардонид, наќши ВАО ва коммуникатсияро дар њаёти мардум боло бурд. Ба фарњанги оммави дохил мешаванд: рў овардан ба тарзи зиндаии шањрї, тањсили миёнаи њамагонї ва кўшиши тањсил дар мактабњои олї, истифодаи воситањои коммуникатсия, мисли компютер, телефони мобилї ва интернет, рушди саноати реклама, муд, ташаккули талаботњои истеъмолї ва ѓайрањо.
Фарњанги эгалитарї дар аввал муќобили фарњанги халќї ва хоси одамони таълимдида ва тарбиядидаи шањрї буд, мисли фарњанги аристократњо. Дар асри ХХ фарњанги эгалитарї ба зидди фарњанги оммавї баромада, њамчун вокуниш ба манфиатљўйӣ ва манфиатхоҳӣ намоён гардид. Ба фарњанги эгалитарї тарзи зиндагии ба истилоњ зебо (эстетикї) дохил мегардад, ки ба одами муќарарї бегона ва нофањмо аст.
5. Диффузия (пањншавї) – и фарњанг
Таѓйирёбии фарњангњо дар натиљаи диффузия ё пањншавии унсурњои фарњангњои пешќадам дар љомењои муосир ба вуљуд меояд. Диффузия –раванде, ки дар рафти он унсурњои пешрафтаи фарњангї аз як низоми иљтимої ба дигар низом пањн мешавад. Њар як фарњанг дастовардњо ва љињатњои нотакроре дорад, ки ба дигар фарњангњо фарќ доранд. Миллањо унсурњо ва дастовардњои муњими фарњанги пешќадами якдигариро ќабул менамояд ва истифода мебаранд. Масъалан, имрўз бо мусоидати раванди глобализатсия унсурњои фарњанги ѓарбї- аз воситањои технологї ва коммуникатсионї то фарњанги либоспўшї дар љомеањои боќимонда босуръат пањн мешаванд. Масалан, демократикунонии љомеа, компютеркунонї, истифода аз воситањои коммуникатсионї, мисли телефони мобилї, интернет ва ѓайрањо. Умуман, баъзан ваќт барои њимояи фарњанги миллї ва амнияти шањрвандон ин ё он давлат ба пањншавии баъзе аз унсурњои фарњанг монеъ мешаванд (ба пањншавии либоси аврупої ё идеологияи бегона) ва баръакс ба дигар унсурњои барои љомеа муњими фарњангњои пешрафта мусоидат менамоянд (компютеризатсияи истењсолот, тањсил дар хориља ва ѓайрањо).