Мафҳуми “умумияти иљтимои” ва таснифоти он
Инсон аз лањзаи таваллуд то ба охири умр дар дохили умумиятњои иљтимої зиндагї ва кору фаъолият менамояд. Дар сотсиологияи Шўравї (имрўз дар сотсиологияи русиягї) умумиятњои иљтимої њамчун категорияи асоси тањлили сотсиологї ба њисоб меравад. Њатто баъзе аз сотсиологњо (масалан, А. Ядов) сотсиологияро илме меноманд, ки барќароршавї, рушд ва таѓйироту дигаргуншавии умумиятњои иљтимої ва шаклњои гуногуни зуњуроти он: низом, сохтор ва институтњои иљтимоиро меомўзад .
Умумияти иљтимої њаммаънои калимаи англисии “community” буда, ба забони тољикї маънои љамоа, муттањидшавї, ягонагї ва људонопазирро дорад. Умумияти иљтимої маљмўи одамонест, ки аз рўйи меъёрњои иљтимої-фарњангї ва њудудї аз њам фарќ мекунанд ва дар байни онњо муносибату робитањои устувор пайдо шудаанд. Умумиятњои иљтимоиро аз рўйи нишонањои зерин аз њам фарќ намудан мумкин аст:
• Аз рўйи шумораи њайат: аз 2-3 нафар то миллионњо нафар;
• Вобаста ба мўњлати мављудият: аз чанд даќиќа (издињом) то якчанд њазорсола (умумияти этникї);
• Вобаста ба заминањои пайдоиш: умумиятњои касбї, њудудї, этникї, демографї, иљтимої-фарњангї ва ѓайрањо .
Умумияти иљтимої шакли њаёту фаъолияти коллективии одамон мебошад. Вобаста ба ин нишондодањо чунин намудњои умумиятњои иљтимоиро аз њам фарќ менамоянд:
• Умумиятњои оммавї;
• Умумиятњои этникї;
• Умумиятњои гурўњї ё гурўњњои иљтимої .
2. Умумияти оммавї њамчун шакли умумияти иљтимої
Умумиятњои оммавї категорияи сотсиологиест, ки ба таври номуташаккил ва эњтимолї пайдо шуда, њудудњои аниќи муайян надоранд ва муваќќатӣ буда, таѓйирёбандаанд. Умумиятњои оммавї (квазигруппа) дар шакли њаракатњои иљтимої, издињом ва ѓайра пайдо мешаванд. Яке аз шаклњои умумияти оммавї – ин издињом мебошад. Издињом љамъи зиёди одамон дар љойњои љамъиятї, љамъшавии мувваќатї ва номуташаккили фардњои иљтимої мебошад. Дар ин љо бояд фарќияти мафњуми «оммавї»-ро аз мафњуми «издињом» фарќ намоем. Ваќте мо оиди оммаи одамон дар кўчаю бозоррњо сухан мегўем, пеш аз њама љамъ шудани шумораи зиёди одамонро дар як фазои мањдуд дар назар дорем. Онњо аз љињати љисмонї дар як мавзеъ љамъ омадаанд, аммо алоќаю робитањои муттамарказонидашуда надоранд, барои ягон маќсади умумї гирд наомадаанд. Њар яке барои ќонеи ягон талаботашон дар он њудуд ворид шудаанд. Пас аз чанде ин одамон пароканда мешаванд. Дар њолати намоишњо, бетартибињо ва гирдињамойињо њар як нафар бо дигар нафарон дар якљоягї амал менамоянд ва амалу таъсири онњо ба як марказ нигаронида мешаванд ва дар охир издињоми одамон њамчун як организми том амал менамояд.
Дар илми сотсиология якчанд назарияњо оиди издињом пешнињод шудаанд. Яке аз ин назарияњо бо номи “назарияи мубталошавї (сироятёбї)” машњур аст. Мувофиќи назарияи мубталошавї (заражения) дар шароити издињом зуд ва босуръати баланд эњсосот, андеша ва амали як иштирокчї ба иштирокчии дигар мегузаранд ва пањн мешаванд. Яке аз асосгузорони ин назария донишманди франсўз Гюстав Ле Бон мебошад. Дар асараш “Издињом” иќилоби фаронсавиро тањќиќ намуда, ба хулосае меояд, ки амали фарде, ки гирифтори эњсости коллективї гаштааст, аз амали ў дар гурўњњои хурд ба кулли фарќ менамояд. Мањз дар зери таъсири издињом шахс он амалњои харобсозанда ё ќањрамононае мекунад, ки дар танњої ин амалњо њатто ба гўшаи хаёлоташ њам намеомаданд. Ба андешаи Лебон, дар издињом шуури коллективї ташаккул меёбад. Ў се омили амали коллективиро нишон медињад:
1) Эњсости махфї мондан ба иштирокчии издињом нерў мебахшад;
2) Мубталошавї (сироятёбї) – рўњия ва андешаю амали умумї мисли вирус ё бемории сирояткунанда аз як нафар ба дигар нафар, аз як гурўњи одамон ба гурўњи дигари одамон мегузарад. Њар як нафар мехоњад кореро кунад, ки дигар иштирокчиёни издињом њамон корро анљом дода истодаанд;
3) Дар издињом одамон зуд мутаассир мегарданд, мисле, ки зери таъсири гипноз мемонанд. Онњо тамоми нишондодњои сарварони издињомро иљро намудан мехоњанд. Махсусан, њокимият ва маќоми лидерњо ба издињом таъсири фавќуллода мерасонанд.
Мувофиќи аќидаи Г. Ле Бон дамон дар ињотаи издињом рафтори худро пурра идора карда наметавонанд, муваќатан дар зери таъсири тарѓибу ташфиќоти пешвоёну доњиёни издињом мемонанд, ќобилияти тањлилу андешаи дурнамои рафтори содиркардаистодаи худро аз даст медињанд. Г. Ле Бон бовар дошт, ки дар ињотаи издињом инсон (њатто инсони фарњангї) метавонад берањм, пурѓазаб, вањшї ва хунхору беаќл гардад.
Мунаќидони ин назарияи Ле Бон кам нестанд. Ба аќидаи онњо Г.Ле Бон њамагуна ќарори одамони зиёди љамъомадаро бешуурона меномад. Дар њолате, ки ќарорњои оќилонаро мањз гурўњњои калони одамон дар асоси бањсу мунозирањо бароварда метавонанд. Илова ба ин аксарияти издињоми одамон бошуурона ва бомаќсадона сурат мегирад. На њама ваќт издињом аз одамони љинояткор, бадахлоќ ва оворагард таркиб ёфтааст. Њам дар инќилоби Франсия ва њам Инќилоби октябр (1917) одамони зиёди ихтисосманд ва дорои маданияти баланд иштирок намудаанд.
3. Умумиятњои этникї (гурўњњои этникї) ва таснифоти онњо
Гурўњњои этникї – ин гурўњи одамоне њастанд, ки забон, таърих ва фарњанги маънавии умумї доранд. Мафњуми “этнос” (ethnos) юнонї буда, ба забони тољикї маънои халќро дорад. Дар адабиёти илмї зери мафњуми “умумияти этникї” маљмўи устувори одамоне фањмида мешавад, ки дар њудуди алоњида зинадагї мекунанд, маданияту психологияи хос ва эњсоси фарњангии худро доранд. Донишмандон се намуди асосии гурўњњои этникї ё “этносњо”: ќабила, халќ ва миллатро аз њам фарќ мекунанд. Ќабила чунин намуди иттињодияи одамон мебошад, ки дар асоси муносибатњои хунї ва хешутаборї ба њам алоќамандї доранд. Ќабила аз якчанд ќавму авлод таркиб ёфтааст, ки дар гузашта аз як оила ё нафар маншаъ мегиранд. Одамонро дар ќабила эътиќоди ибтидої, забон ва њудуди ягонаи зист низ муттањид менамояд.
Аз аввалњои солњои 50-уми асри ХХ навъњои гуногуни этносњоро, ки дар зинаи байни ќабилавї ва миллат ќарор доштанд, халќиятњо ном мебурданд. Њамин тавр, халќият – ин умумияти этникї баъд аз ќабилањо ва пеш аз миллат пайдо шудааст. Халќ дар фарќият бо ќабила иќтисоду хољагии нисбатан пешрафта доранд ва дар онњо маданияти оммавї, урфу одат ва анъанањо дар шакли ёдгории хаттї, асотиру афсонањо ва таърих ташаккул ёфтааст. Халќ ин гурўњи калони одамон буда, макони зист онњоро бо њам алоќаманд менамояд, тарзи зиндагї, институти дин, худшиносї ва њокимияти сиёсиашон нисбатан тараќќиёфта аст. Дар љањон ќариб 3 њазор халќњо зиндагї доранд. Дар љањон 280 халќе вуљуд дорад, ки шумораашон аз як миллион нафари зиёд аст ва аксарияти ањолии оламро (тахминан 96%) ташкил медињанд. Дар замони њозира дар љањон ќариб панљ њазор забонњои миллї вуљуд доранд, ки ба онњо халќњо ва гурўњњои этникї гап мезананд, вале давлатњо аъзоёни Созмони Миллали Муттањид зиёда аз 200 –тоанд.
Умумияти дигари рушдёфта миллат мебошад. Миллат (калимаи лотинии «natio» – маънои «авлод» ё «ташаккулёбї») гурўњи калони одамонест, ки таърихан дар як марзи муайян зиндагї карда, алоќаи иќтисодї ва фарњангии ягона дошта, бо як забон гуфтугў мекунанд, бо шууру психологияи хосаи худ аз дигар навъи чунин умумиятњо фарќ менамоянд. Миллат шакли олии таърихан ташаккулёфта умумияти иљтимоию этникии одамон буда, умумияти њаётї, иќтисодї, забонї, њудудї, худшиносии миллї ва баъзе хосиятњои муайяни маданият, урфу одат, маишат ва анъанањоро таљассум менамояд. «Миллат ин рўњ аст», – хулоса мекунад Э. Ренан. Дар охир миллати ташаккулёфта давлати худро таъсис медињад. Бояд махсус ќайд кард, ки бештари миллатњо дар шароити капитализм ташаккул ёфтан, кўшишњои тараќќиёти озоди худ ба муттањид кардани давлатњои аз њам људои феодалї мадад карданд. Дар љањони имрўза зиёда аз 90% -и ањолии рўйи заминро миллатњо ташкил медињанд. Дар сотсиологияи Ѓарб зери мафњуми “миллат” маљмўи шањрвандон ва халќи давлат фањмида мешавад, ки ба сатњи баланди маданият ва ташкили сиёсї расидаанд ва њамчун умумият маданият ва забони ягона доранд, имчунин дар асоси низоми ташкилоти давлатї муттањид шудаанд. Њамин тавр, аз назари сотсиологњои ѓарб “миллат” – ин умумияти њудудї ва сиёсї буда, миллат ба давлат њаммаъно меояд. Пояи асосии њастии миллат ва устувории он худшиносии миллї мебошад. Худшиносии миллї мазмуни шуури мутааллиќияти одамон ба “миллати худ” мебошад. Худшиносии миллат иборат аст аз шинохти мавќеи таърихии худ, мавќеи имрўза ва ояндаи миллати худ њамчун узви људонашавандаи љомеаи љањонї.
Баъзе аз донишмандон нажодро низ ба умумияти этникї мансуб медонанд. Нажод – ин гурўњњои одамоне мебошанд, ки дар тўли таърих дар макони муайян пайдо шуда, зиндагї кардаанд ва аломатњои умумии биологї доранд (ранги пўст, шакли чашм, сохти мўй ва сар, ќаду ќомат ва ѓайрањо). њоло дар илми муосир се навъи нажодро аз њам људо менамояд: аврупої, муѓулоид ва негроид ё сиёњпўстњо. Олимон ба хулосае омадаанд, ки сифатњои фарќкунандаи нажодї бартарї надоранд. Њамаи нажодњо аз љињати биологї ва психологї баробар буда, дар як зинаи инкишофи эволютсионии аќл мебошанд. Аммо дар тўли таърих кўшишњои боло гузоштани як нажод аз нажоди дигар ба назар мерасад. Бахусус, дар назарияњои расизм ин бараъло намудор мешавад. Расизм – ин тањќир, истисмори умумиятњое мебошад, ки ба нажоди дигар мансубанд. Ба аќидаи онњо прогресси љамъиятиро нажоди сафедпустї аврупої таъмин менамояд ва дигар халќу миллатњо вобаста ба мутааллиќияти нажодиашон нокомил таваллуд шуда, дар рушди тамаддуни умумиинсонї ягон наќш гузошта наметавонанд. Чи хеле ки таљриба ва мушоњидањо нишон медињанд, имрўз дар прогресси љомеа на танњо сафедпустони аврупої, балки дигар халќу миллатњо сањми худро мегузоранд.
Тољикистон давлати сермиллат аст. Дар ин сарзамин баробари миллати тољик боз намояндагони дигар халќу миллатњо, мисли ўзбекњо, ќирѓизњо, ќазоќњо, туркманњо, русњо ва дигарон зиндагї мекунанд (ниг. ба љадвали 1).
Љадвали 1. Њайати миллии ањолии Љумњурии Тољикистон, соли 2012 .
Миллатњо Шумора Фоиз
Тољикон 6373834 84,3
Ўзбекњо 926344 12,2
Лаќайњо 65555 0,9
Ќирѓизњо 60715 0,8
Русњо 34838 0,5
Туркманњо 15171 0,2
Тоторњо 6495 0,1
Арабњо 4184 0,1
Афѓонњо 3675 0,1
Лўлињо 2334 0,0
Ќазоќњо 595 0,0
Аксарияти мамлакатњои олам гуногунмиллатанд. Дар мамлакатњои алоњида намояндагони дањњо ва њатто, садњо халќњо зиндагї менамоянд. Аз ин хотир, масъалаи муносибатњои байни умумиятхои миллию этникї дар њар макону замон ањамияти муњим пайдо менамояд. Дар шууру рафтори умумияти этникї миллатгарої ва шовинизм ташаккул ёфтанаш мумкин аст, ки дар натиља муносибати байни халќу миллатњои дар дохили як давлат зиндагидоштаро то дараљае вайрон месозад. Дар натиља эгоизми этникї ба миён омада, як миллат мехоњад нисбат ба халќу миллатњои дигари дохили як давлат бартарияти худро нишон дињад. Ављи падидањои миллатчигї, кўшишњои барои халќи худ муњаё кардани интиёзњо аз њисоби халќњои дигаре, ки дар ин њудуд зиндагї мекарданд, ботадриљ меафзояд. Захирањои моддї ва маънавии њудуди муайян байни халќу миллатњои дохили он нобаробар таќсим мешавад, ки њамчун манбаъ ва сабаби низоъњои этникї баромад менамоянд.
4. Умумияти гурўњї ё гурўњњои иљтимої
Гурўњ – ин љамъи ду ва зиёда одамонест, ки дар асоси нуќтаи назар ва маќсадњои умумї, фаъолияти якљоя, алоќањо ва таъсири устувори њамдигарї муттањид шудаанд. Наќшњо ва кор моро дар доираи муносибатњои иљтимої муттањид менамоянд. Агар ин муносибатњо дурудароз давом кунанд, хусусиятњои гурњњро соњиб мешаванд. Гурўњ ин аз љамъшавии одамон фарќ дорад. љамъшавии эњтимолии одамони номаълум дар як љой ва як ваќт “агрегат” номида мешавад. Масалан, харидорони бозор, мухлисон, тамошобинони кинотеатр ва ѓайрањо. Одамон зуд-зуд ба агрегат дохил шуда ва боз ба осонї аз он берун мешаванд. Гурњњро инчунин аз категорияњои ањолї низ бояд фарќ намоем. Категорияњои ањолї –ин љамшавии одамон аз рўйи ягон сифати умумї мебошад, ки аксар ваќт барои бањисобгирии омории ањолї истифода мешаванд. Масалан, синну сол (кўдак, наврас, љавон, пиронсол), љинс (зан ва мард), сатњи тањсилот (маълумоти ибтидої, миёнаи нопурра, миёнаи пурра, касбї-техникї, олї, аспирантура), вазъи оилавї (муљљарад, оиладор, волидон, људошудагон), даромад (сарватмандон, миёнањолон, камбизоатњо), миллат (русњо, тољикњо, ўзбекњо ва ѓайрањо), љойи истиќомат (шањрињо, дењотиён), истифодаи хизматрасонї (мисли муштариёни ширкати мобилї ва ѓайра), касбу фаъолият (ронандагон, муаллимон, мансабдорон ва ѓайра).
Ба аќидаи сотсиологи рус Ю.Г. Волков одамон бо њам ду хел робитањо доранд: экспрессивї ва инструменталї. Робитањои экспрессивї дар асоси иштироки эмотсионалї дар кори дигар одамон сурат мегирад. Чунин робитањо дар байни хешовандон, дўстон ва дигар одамони аз љињати эмотсионалї наздик пайдо мешаванд. Робитањои инструменталї дар асоси њамкорї ва барои ба даст овардани кадом як маќсад пайдо мешаванд ва љињатњои эмотсионалї надоранд. Ин муносибатњо тоза корї буда, њатто баъзењо барои расидан бо маќсад бо душманони худ њамкорї мекунанд. Вобаста ба ин меъёр гурўњњои иљтимоиро ба ду намуд људо мекунанд: гурўњи аввалиндараља ва дуввуминдараља. Гурўњи аввалиндараља чунин гурўњи иљтимоиест, ки аъзоёни он муносибатњои наздики ѓайрирасмї, робитањои дурударози шахсї ва эмотсионалї доранд. Масалан, аъзоёни оила, доираи дўстон, дастаи варзишї ва монанди инњо. Мафњуми “гурўњи аввалиндараља”-ро аввалин бор сотсиологи амрикої Ч. Кули (1864-1929) истифода намудааст. Гурўњи дуввуминдараља чунин гурўњи иљтимоиест, ки аъзёни он бо маќсади расидан ба маќсадњои мушаххас бо њам њамкорї менамоянд ва дар байни онњо муносибатњои эмотсионалї вуљуд надорад. Муносибатњои онњо расмї буда, на њама ваќт самимї ва боваринок њастанд. Аслан ин гурўњњои дар ташкилотњо барои њал намудани вазифањои махсус ташкил мешаванд. Баъди бо маќсад расидан пароканда мешаванд ва бештари њолат робитањои худро идома намедињанд.
Ба мо на танњо гурўње, ки ба он тааллуќ дорем таъсир мерасонанд, балки дар њаёти мо дигар гурўњњои иљтимої наќш доранд. Аз ин нуќтаи назар гурўњњои иљтимоиро ба гурўњњои дохилї ва берунї људо мекунанд. Гурўњи дохили гурўњест, ки мо ба он тааллуќ дорем ва худро ба он идентификатсия (монанд) мекунем. Гурўњи берунї гурўњест, ки мо ба он тааллуќ надорем ва худро ба он идентификатсия (монанд) намекунем. Њангоме, ки гурўњи дохилиро дар назар дорем, љонишини “МО” ва њангоми дар назар доштани гурўњи беруна љонишини “ШУМО”-ро истифода мебарем.
Гурўњи референтї чунин воњиди иљтимоиест, ки њангоми бањодињї ва ташаккулёбии аќида, эњсосот ва амалкунї ба он такя менамоем. Яъне шахс њангоми амалкунї худро ба одамони дигар гурўњњо монанд кардан мехоњад, рафтори одамони дигар гурўњро такрор мекунад ба онњо таќлид менамояд. Гурўњи референтї гурўњест, ки мо ба он монанд шудан мехоњем. Гурўњи рефернетї зиддиятњои рафтори одамонро шарњ медињад. Масалан, мусулмоне, ки ба дини масењї гузаштааст, марде, ки худро тавассути љарроњї зан кардааст, инќилобчї аз табаќаи сарватманд, хоине, ки бо душманон њамкорї мекунад, дењотие, ки тарзи зиндагии шањриро таќлид менамояд. Мо бо тамоми ќувва кўшиш мекунем, ки ба намояндагони ягон гурўњи бароямон намуна монанд шавем, стандартњои он гурўњро ќабул менамоем. Агар гурўње, ки мо ба он тааллуќ дорем ба гурўњи референтии мо мувофиќат накунад, эњсоси деприватсия (ноќаноатмандї) пайдо мешавад. Аниќтараш байни он чие ки мо айни замон соњибем (њолати гурўњи дохилї) ва он чизе, ки ба аќидаи мо бояд соњиб бошем (маќоми гурўњи референтї) зиддият пайдо мешавад. Масалан, корманди ташкилот њангоми муќоисаи худ бо њамкороне, ки маќоми баланди касбиро соњиб шудаанд, худро заифу нотавон њис мекунад. Эњсоси деприватсия одамонро ба бегонашавї ва харобшавї оварда мерасонад, боиси њамроњ шудани одамон ба гурўњњои эстремистию терористї ва инќилобї мегарданд. Баъдан, гурўњи референтї омили нерўмандї таѓйироти иљтимої аст.
Гурўњњои иљтимої хусусияти динамикї доранд. Ба чунин хусусиятњо шумораи аъзоён, сохтори дохилї (лидер, аъзои ќаторї, аутсайдерњо) ва тарзи роњбарї таъсир мерасонанд. Вобаста ба шумораи аъзоён гурўњњоро ба хурд ва бузург људо менамоянд. Гурўњи хурд аз ду нафар (диада), се нафар (триада) то 15-20 нафар иборат аст. Гурўњњои калон ба монанди синфњо, миллатњо, армия, ташкилотњо бузург то њазорњо нафарро ташкил мекунанд. Дар гурўњи иборат аз ду нафар, мисли њамсарон, дўстон наќши эњсосот ва эмотсия калон аст. Ин гурўњњо хеле нозук буда, зуд ба маюсї ва ноумедї гирифтор шуда метавонанд. Аммо муносибатњои онњо хело саммимї, боваринок ва ѓайрирасмиянд. Ваќте ба гурўњи диада шахси сеюм њамроњ мешавад, муносибатњо таѓйир меёбанд. Масъалаи лидерї пайдо шуда, зиддиятњо ба миён меоянд. Ба аќидаи сотсиологњо дар гурўњи то панљнафара одамон фикру аќидаи худро озодона байн мекунанд, ба осонї наќшњояшонро иваз мекунанд .
Гурўњњои хурд бе лидер ва роњбар вуљуд дошта метавонанд, аммо гурўњњои калон бе роњбар ба халос дучор мегарданд. Масалан, факултетро бе декан, кафедраро бе мудир, ташкилотро бе директор тасаввур кардан номумкин аст. Хоњу нохоњ дар гурўњ шахсе пайдо мешавад, ки таъсираш ба гурўњ аз дигарон зиёд аст. Роњбар аз лидер фарќ мекунад ё худи лидер метавонад роњбар бошад. Бештари ваќт роњбар ин вазифаи расмї аст, интихоб ё таъин карда мешавад. Аммо лидер ин шахсест, ки ба гурўњ таъсири зиёд дорад ва эњтирому боварии аъзоёни гурўњро тавассути кордонї, босаводї ва дигар сифатњои баланди шахсї соњиб шудааст. Баъзан ваќт таъсири лидер аз роњбари гурўњ зиёдтар аст ва дигаронро дар атрофи худ љамъ менамояд. Роњбарї авторитарї (ба инобат нагирифтани фикри аъзоён ва истифодаи фишору афзалиятњои шахсї), демократї (иштироки васеи аъзоёни гурўњ дар њалли масъалањои пайдошуда) ва пассивона (бепарвої ва ноуњдабароии роњбар) мешавад. Бењтарин тарзи роњбарї – ин роњбарии демократї аст, аммо дар баъзе аз давлатњои рў ба рушд вобаста ба менталитети халќ ва вазъи ногувори иљтимої роњбарии авторитарї афзалият дошта метавонад.
Бепарвоии иљтимої. Чунин тасаввуроте вуљуд дорад, ки зиёд будани шумораи одамон раванди корро метезонад ва мањсули кори њар як нафар зиёд мешавад. Аммо таљрибањо нишон медињад, ки ин аќида на њама ваќт дуруст аст. Мувофиќи натиљаи тадќиќотњо одамон дар кори гурўњї нисбат ба кори мустаќилона ќувваи кам сарф мекунанд. Онњо фикр доранд, ки њарчанд зиёд кор њам кунанд, ба назари одамон наменамояд, кори гурњї дониста мешавад ва баъдан, дар гурўњ кўшиши ками онњо айён намегардад. Ин њодисаро бепарвоии иљтимої меноманд. Масалан, дењќонон нисбати хољагињои коллективї дар хољагии дењќонии шахсии худ ќувваи бештар сарф мекунанд. Дар доираи бепарвоии иљтимої њодисаи дигареро бо номи дилеммаи иљтимої шарњ додан мумкин аст. Дилеммаи иљтимої њолатест, ки аъзои гурўњ ба зиддияти байни ба таври пурра ќонеъ гардонидани талаботњои шахсї ва пурра бењтар намудани накўањволии коллективї гирифтор мегардад. Яъне њар як шахс мехоњад аз гурўњ максимум фоида гирад. Мувофиќи ин назария дар коллектив њатман ягон нафаре пайдо мешавад, ки барои накуањволии коллектив манфиатњои шахсии худро љурбон менамояд ва сањми Шумо лозим намегардад. Агар шахс боварї дошта бошад, ки њамаи аъзоёни гурўњ дар ин ё намуди фаъолият фоидаи баробар ба даст меоранд, њамон ќадар майлашон ба манфиатњои эгоистї кам мегардад. Баъдан, назорати иљтимої ва аз тарафи љамъият мањкум гардидани одамоне, ки доим аз пайи манфиат мегарданд, боиси амал намудани аъзоён ба манфиати коллектив мегардад. Сабаби дигаре, ки аъзои гурўњро барои амал намудан ба манфиати коллектив водор менамояд – ин тафаккури коллективї мебошад. Тафаккури коллективї – раванди баровардани ќарорњои гурўњї мебошад, барои нигоњ доштани њамкорињои гурўњї нигаронида шудааст ва аксарияти аъзоёни гурўњ ба дурустии ин фикри худ боварї дорад. Тафаккури шаклгирифтаи коллективї, ки аксарияти аъзоёни гурўњ дастгирї мекунанд, ба дигар аъзоёни ба ин аќида норозї фишор меорад ва таъсир мерасонад. Аќидае, ки аз тарафи аксарият дастгирї меёбад, дигаронро низ ба худ љалб мекунад, њарчанд аз тањти дил ба он боварї надошта бошанд њам. Њангоме, ки шахс пурра ба гурўњ вобастааст, барои нигохдошти љойи худ дар гурўњ хоњу нохоњ аќидањои шахсии худро љурбони аќидањои коллективї мекунад ё ноогоњона аз ин андешањо пайгирї менамояд