Мактабҳои бонуфузи сотсиологии замони ҳозира

  1. Сабабҳои асосии ба миён омадани мактабҳои гуногуни

сотсиологӣ.

Чи тавре маълум аст, тамоми ҳаёти ҷамъиятиро қувваҳои гуногуни фаъолияти одамон: иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ, маънавӣ, маданию маърифатӣ ва ғайраҳо ташкил медиханд. Маҳз дар раванди бевосита зоҳир ёфтани чунин фаъолият одамон дар байни худ муносибати мушаххаси характери моддию маънавӣ, техникию сиёсӣ, демографию этикӣ ва ғайраҳо доштаро пойдорa сохта, манфиату маром, орзую умедҳои хешро, то ҳадди имкон қонеъ мегардонанд. Агар гӯем, ки ҷомеа ин маҷмӯъ ва ё системаи муносибатҳое мебошанд, ки дар раванди фаъолияти гуногунсоҳаи одамони касбу кори мухталиф; синну сол, касбу ҳунар, ҷинс ва ғ.пайдо шуда, идома ёфта, ташаккулу тағйир меёбад ва аз як зина (поён) ба зинаи дигар (болои) мегузарад, хато намекунем.

Системаи робитаҳои дохилии ҷамъият, ки ба воситаи фаъолияти одамон ба миён меоянд, бутунӣ, устуворӣ, мустаҳкамӣ, пай дар пайи инкишофи онро таъмин менамояд. Тазаккур бояд дод, ки маҳз ботуфайли чунин робитаҳо ҷомеа вуҷуд дорад, амал мекунад, пеш меравад, тағйиру такоммул меёбад.

Ҷомеа чун организми фавқулодаи мураккаб ба омилҳои муайян такя карда бо истифода аз онҳо бутунию мазмунии худро нигоҳ дошта меояд. Дар байни онҳо муҳити иқтисодӣ (истеҳсолӣ) муайянкунандаи асосии инкишофи таърихии ҳамаи равандҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта ва таносубан ба он муҳитҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ (идеологи), маънавӣ (ахлоқӣ) барин ҷиҳатҳоро дар пайвастагии диалектикӣ муоина намудан мувофиқи мақсад мебошад.

Сотсиологҳо вазифадор ҳастанд, ки дар ин роҳи муроди хеш, яъне дониста гирифтани қонунҳои иҷтимоии дар ҷомеа амал дошта кӯмак расонанд. Ба ин хотир ҷомеаро аз диди тарзу усул ҳои илмӣ таҳқиқу таҳлил карда истода, ҷанбаҳои ҳалталаби ҳаёти иҷтимоиро мавзӯи омӯзиши доимии худ қарор додан хелеҳам мақсаднок мебошад. Боиси хурсандист, ки ҳоло кулли ҷанбаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи мавзӯи асоситарини омӯзиши сотсиологӣ қарор доранд. Равияю мактабҳои муштараки сотсиолгӣ: сотсиологияи меҳнат, сотсиологияи иқтисодиёт, сотсиологияи сиёсат, сотсиологияи фарҳанг, сотсиологияи ҳуқуқ, сотсиологияи тарбия ва оила, сотсиологияи тиҷорат ва ғайраҳо машғули омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии мардум мебошанд. Барои аниқу равшан ҳал ёфтани муаммоҳои ҷойдошта, зарурате ба миён меаяд, ки мактабҳои гуногуни сотсиологӣ пайдо шаванд.

Ҳаёти иҷтимоӣ табиатан хеле ҳам мураккаб буда, паҳлӯҳои гуногуну мухталифи зисту зиндагии инсонро дар бар мегирад. Аз он рӯзе, ки сотсиология пайдо шуд ва ҳамчун илми ҷомеашиносӣ шинохта гардид ба ҷумлаи мавзӯи асосии омӯзиши вай ҳаёти иҷтимоӣ, алоқамандӣ, пайвастагӣ ва вобастагии паҳлӯҳои гуногуни вай (ҳаёти иҷтимоӣ) қарор гирифт ва ҳоло дар ҳаллу фасли ба ин масъала дахлдошта натиҷаҳои самарабахше ҳосил гардидаанд. Давру замоне буд, ки аввало як мактаб масалан, мактаби сотсиологии меҳнат, чанде аз паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиро меомӯхт ва хулосагирӣ менамуд (масалан, тадқиқотҳое, ки аввалин маротиба Огюст Конт дар чанд фабрикаи ҳамонвақтаи Франсия гузаронида буд). Баъдтар, тавассути пешрафти ҷомеа, ба миён омадани проблемаҳои наву тозаи иҷтимоӣ зарурати пайдо шудани боз чанд мактабҳои дигаре гардид (мактабҳои сотсиологии тарбия, сотсиологияи ҳуқуқ, сотсиологияи оила ва ғ.). Ҳоло бошад дар ҷаҳон зиёда аз 150 мактабҳои сотсиологӣ таъсис дода шудааст ва имрӯзҳо онҳо дар ҳаллу фасл намудани зумра проблемаҳои иҷтимоӣ мақоми муҳимеро бозида истодаанд. Аз ҷумлаи чунин миқдори мактабҳои сотсиологӣ, ки 50-аш дар Амрико фаъолият мебарад аз ҳама мактаби сотсиологии меҳнат, ҳуқуқ ва ғ. бештар мақому мароми худро нишон дода, зарурати пеш дар пеш, ҳатман омӯхтану таҳлил кардан ва хулосаи илмӣ намудани проблемаҳои ҷойдоштаи ин соҳа иҷтимоиро тасдиқ менамоянд. Дар собиқ Шӯравӣ низ чандин мактабҳои сотсиологӣ амал доштанд: сотсиологияӣ меҳнат, сотсиологияӣ илм, сотсиологияӣ ҳуқуқ, сотсиологияи ҷавонон ва ғ.

Сабаби пайдо шудану амал кардани мактабҳои сотсиологӣ ин пеш аз ҳама ба миён омадани проблемаҳои гуногуни иҷтимоӣ мебошанд. ин ва ё он проблемаҳое, ки пайдо мешавад ҳатман ҳалли худро мегузаранд ва вобаста ба он сотсиологҳое пайдо мешаванд, ки машғули омӯзишу таҳлил ва хулосагирӣ аз онҳо мешаванд. Сабаби дигари пайдо шудани мактабҳои сотсиологӣ ин нисбатан характеру хусусияти хоса доштани ин ва ё он ҷанбаи иҷтимоӣ ва зарурати омӯзиши онҳо мебошад. Зарурати мушаххасан омӯхтани ҳар кадоме аз проблемаҳо новобаста ба сабабҳои зикршуда, дар кадом шакле, ки ин ва ё он мактаб (равия, ҷараён) пайдо нашавад, барои ҳамаи онҳо методологияи ягонаи илмӣ, тарзу усулҳои соф сотсиологӣ асоси мебошанд. ин чунин маъниро дорад, ки сотсиолог, аз кадом мактабе, ки набошад, ҳатман бояд худи илми сотсиологияро хуб донад. Ҷомеа пеш меравад. Проблемаҳои наву тозаи иҷтимоӣ ба миён меоянд. Танҳо тавассути самаранок ҳал намудани онҳо имконе пайдо мегардад, ки ҷомеа дар пуррагӣ ҳамаҷиҳата омӯхта, хулосагирӣ карда шавад. Дар ин раванд мақому мароми ҳар кадоме аз мактабҳои сотсиологӣ бузург аст

Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан душвор нест, ки сабабҳои асосии ба миён омадани (пайдо шудани) мактабҳои гуногуни сотсиологӣ ин хеле ҳам характери серҷабҳа (серпаҳлӯ) доштани ҳаёти иҷтимою иқтисодӣ, сиёсю фарҳангшиносӣ, маданӣ ва ғ. доштани фаъолиятмандии одамон, воқеияти зисту зиндагии онҳо мебошад. Агар, хоҳем дар бораи ҳаёти инсонӣ пурра маълумоте пайдо намоем, ҳатман мебоист алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии ҳамаи ҷиҳатҳои онро тавассути маълумотҳое, ки намояндагони ин мактабҳо: сотсиологҳои меҳнат ва иқтисодиёт,

сотсиологҳои соҳои тарбия, оилаю оиладорӣ, ҳуқуқ, экологӣ, демографии ва ғ. ба даст меоваранд ва аз ҷониби аҳли илму маърифат, алалхусус хуб дастгирӣ менамоянд, омӯзем, таҳлил намоем ва хулосаҳои аниқ барорем.

  1. Мактабҳои бонуфузи сотсиологии замони ҳозира (муосир).

Аввалин мактабҳои сотсиологӣ дар университетҳои Чикаго, Гарварди, Мичигани ШМА дар охири асри Х1Х ва авали асри ХХ пайдо шуда буданд. Ҳазорҳо ҳазор тадқиқотҳои амалӣ, ки онҳо оиди масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ: ахлоқӣ, тарбия, ҳуқуқ, давлату

давлатдорӣ, дин, сиёсат, фарҳанг, коллективҳои коргарӣ, ҷавонон, интихоби касбу ҳунар, сабабҳои содиротии маҳсулотҳо ва ғ. гузаронида шуда буданд, асоси илмӣ – назариявӣ ва амалии сотсиологияро поягузор шуданд. Дар ин давра асосан сотсиологияи таҷрибавӣ (эмперики) тараққӣ меёфт. Дар ин давра дар Европа дар пуррагӣ сотсиологияи илмӣ – назариявӣ, дар шакли фалсафаи иҷтимоӣ амал мекард. Дар иМА бошад сотсиологияи амалӣ бештар авҷ мегирад ва сотсиологҳо ба ахлоқ, ҳаракат, муносибатҳои гуногуни одамон дар ҳаёт, кору зиндагӣ диққат дода баъзе хулосагириҳо мекарданд. Ва ин боиси он мегардад, ки психологияи иҷтимоиётшиносӣ (соҳаи иқтисодӣ, сотсиологӣ,

сиёсатшиносӣ ва ғ.) қувват гирад. Ба ин пайдо шудани ҷараёни БиХЕВиКРиЗМ (ахлоқ), ҳаракат (повидение) шаҳодат медиҳанд. Проблемаҳои сотсиологии дин, ҳуқуқ, ахлоқ, криминалистика, сотсиологияи иқтисодиёт ва ғ. бештар диқатҷалбкунанда гардида, боиси ташкил карда гузаронидани чандин тадқиқотҳо шудаанд.Ҳоло дар соҳаи сотсиология зиёда аз 150 номгӯи мактабҳои (равияҳо) сотсиологӣ дида мешавад. Дар давраи солҳои 30-40-уми асри Х1Х, пайдо шудани синфи коргар боиси ба миён омадани сотсиологияи меҳнат гардид. Ба ин муносибат бештар проблемаҳои коргарӣ омӯхта (сотсиологияӣ индустриалӣ) хулосагирии илмию амалӣ карда мешуданд.

Фикри О.Конт, ки дар асараш физикаи иҷтимоӣ дар бораи «ҷомеа ҳамчун системаи тому ягона бояд омӯхта шавад» диқатҷалбкунанда буд ва он боиси пайдо шудани равияҳои гуногуни сотсиологӣ – иҷтимоиётшиносӣ гардид. Дар асри Х1Х як зумра мутафаккирон гумон доштанд, ки ҳаёти хоҷагидорӣ, иқтисодиёт бояд аз сиёсат озод бошад. Мутафаккири Англия дар асри XVII – Д.Граунт, ки асоси фаҳмиши назарияи демографиро гузошта буд, боиси аз ҷиҳати миқдори (оморӣ) кор карда баромадан ва баҳ о додан ба зумра паҳлӯҳои иҷтимоӣ шуданд. идеяи «далел»-ҳои Конт, яъне танҳо аз рӯи далелҳо хулосагир ӣ кардан равияҳои эмперикиро қувват бахшид. Асари вай « Курси фалсафии позитивист ӣ»дар ин ҷода мақоми бузурге бозид. «Статикаи иҷтимоӣ» (иқлим, нажот, демографӣ) ва «Динамикаи иҷтимоӣ» (ақл, рух, инкишофи фикр, илм ва ғ.)- и ӯ дар байни ҷомеашиносон «серташвиш»-ро ба миён овард. Назарияи Герберт Спенсер (1820- 1930) дар бораи «Ҳамранг будани инкишофи зина ба зинагии ҷомеа ва организми биолог ӣ» (алоқамандӣ, вобастагии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти биологӣ гӯё айнан дар ҳаёти иҷтимоӣ низ такрор мешуда бошанд; ҷомеаи хурд, калон – проблемаҳои худро дорад, чуноне, ки организми умумӣ- биологӣ) дар фаҳмиши ҳаёти иҷтимоӣ боз як фикри наверо ба миён овард ва боиси пайдо шудани равияҳои нав гардид. Дар асараш «Асосҳои сотсиологӣ» (основания социологии) ӯ дар бораи вобастагии зисту зиндагии инсонро аз табиат, муҳити зист, иқлим ва ғ. дида, қайд мекунад, ки чунин ҷиҳатҳо низ дар ҳаёти иҷтимоӣ ба назар гирифта шаванд. ин фикр дар оянда ҷараёнҳои демографӣ, географӣ, табиии- таърихии сотсиологиро ба миён овард. Мутафаккир таъкид мекард, ки сотсиология дар қатори ҷомеаро ба таври умумӣ омӯхтанаш, инчунин паҳлӯҳои алоҳидаи ҳаёти одамон: дин, забон, санъат, ахлоқ, зебогӣ, сиёсӣ ва ғ.низ меомӯзад. ин фикр дар оянда боиси ба миён омадани мактабҳои сотсиологии илми соҳавӣ гардидаанд. Дар асрҳои XIX ва аввали асри ХХ ба миён омадани мактабу равия ҳои мактаби сотсиолог ии шаҳрдорӣ, «тараққӣ додани шаҳр ва шаҳрдорӣ», «географӣ», «демографӣ», «биоорганикӣ», «дарвинизми иҷтимоӣ» ба ин мисол шуда метавонанд. Сотсиологҳои Франсуз Эмил Дюркгейм (1858 – 1917), Олмон Макс Вебер (1864 – 1920) мактабҳоеро дар соҳ аи омӯхтани фаъолияти меҳнатӣ, ҳуқуқӣ, (сабаби ба худкуши оварда расонидани одамон бо сабабҳоибади аҳволи иқтисодӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, танзими сусти давлату давлатдорӣ, муносибатҳои нохуш дар ҷомеа ва ғ.) ба миён оварданд. Э.Дюркгейм дар асар ҳои сотсиологии худ «Дар бораи тақсимоти ҷамъиятии меҳ нат», «Қоидаи усули (тарзи) муносибати сотсиологӣ», «Худкушӣ» ва ғайраҳои дигар дар сотсиологияӣ ин давра равияи «худро» кушода тавонист.Макс Вебери Олмонӣ (1864-1920) мавзӯи омӯзиши сотсиологияро аз руҳи инсон дониста, таъкид мекард, ки танҳо ҳамин «чиз» имкони ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро медиҳад.Баъдтар боз дигар мутафаккирон низ ба майдони маънидодкуниҳои сотсиологии ҷомеаю ҷомеадорӣ баромаданд.

Ҳамин тавр, о ҳиста- оҳиста сотсиология дар бисёр мамолики Аврупо паҳн гардид ва баъдтар дар Руссия низ шинохта шуд. Дар сол ҳои аввалини ҳокимияти советӣ масалан, дар Санкт-Петербург (Ленинград), Москва нуқтаҳои (кафедра факултет) омӯзиши сотсиологӣ ба кор шурӯъ карданд. Ҳоло дар ҷаҳон, чи тавре қайд шуд, зиёда аз 150 мактабу равияҳои гуногуни сотсиологӣ амал доранд ва намояндагони онҳо даҳҳо проблемаҳои иҷтимоиро ҳал менамоянд. Дар шаҳри Душанбе низ мактабҳои сотсиологии меҳнат, ҷавонон, таълиму тарбия амал дошта, тад қиқотҳои зиёде мегузаронанд. Дар назди Пажуҳишго ҳи фалсафаи АУ ҶТ вуҷуд доштани шӯъбаи сотсиологӣ, дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъсис ёфтани факултаи фалсафа ва дар назди он ба фаъолият шур ӯ ъ кардани ш ӯъбаи сотсиолог ӣ (2001 -ум) имкон дода истодаанд, ки сотсиология р ӯз то рӯ з мақому мароми наву тозаеро со ҳиб гардад. Ба табъ расонидани аввалин китоби дарсии «Сотсиология» (2000-ӯм муаллиф дот. Одина Ғуломов) асарҳои ҷолибе «Сотсиологияи ҳуқуқ» (2006). «Мактабҳои сотсиологӣ» (2007), ки онҳо низ бо қалами О.Ғуломов тааллуқ доранд, аз пешрафти илмии сотсиология дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.

1.56K
Нет комментариев. Ваш будет первым!