Тарз ва усули ба даст даровардани иттилоотҳо дар зинаи аввали тадқиқот

1.Зарурати пеш аз тадқиқот муайян кардани тарзу усулҳои тадқиқотии гузаронидашаванда.

Вазифаҳое, ки дар назди сотсиологҳо истодаанд ва ё ба миён омаданашон аз гумон дур нестанд, хеле ҳам бешумор буда, онҳо тарафҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии одамон, гуруҳҳо, табақаҳо, коллективҳоеро, ки дар ҷомеа амал мекунанд, дар бар мегиранд. Ҷомеа ҳамеша, дар ҳар давру замон манфиатдори он мебошад, ки чунин ҷанбаҳо сари вақт омӯхта, таҳлил ёфта, мақсаднок ҳаллу фасл ёбанд. Тавониста аз диди илм баҳо додан ба муаммоҳо, самарабахшона ба низом даровардани ҳаёти иҷтимоӣ омили муҳимест дар таъмини пешрафти ҷомеа ва ҳарчи тезтар осудаҳолона гардонидани зисту зиндагии мардуми он. Мақсаду мароми идораи илмии ҷомеа низ аз ҳамин иборат буда, дар ин ҷода мебоист корҳои зиёде ба анҷом расонида шаванд. Тарзу усулҳои сотсиологии тадқиқотӣ ҷанбаҳои гуногунмаком доштаи ҳаёти иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин мактабҳои идораи илмии ҷомеа ба ҳисоб рафта, тавассути истифода аз онҳо дар ба низом даровардани кулли муаммоҳои ба миён омадаи соҳа кумаки зиёде расонида метавонад.

Чи тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, дар ҳақиқати ҳол интихоби дурусти тарзу усули тадқиқоти сотсиологӣ ва тавониста аз онҳо самарабахшона истифода бурдан аз ҷумлаи роҳҳои асосии ба даст даровардани масъалаҳои хеш ба шумор рафта, ҳамеша муваффақиятҳои корро таъмин карда метавонад. Албатта, набояд фаромӯш сохт, ки ҳар як ҷанба (проблема), вобаста ба моҳият, максад ва доираи масъалаҳое, ки дар он ҷой доранд истифодаи тарзу усули муайяни (мушаххаси) сотсиологиро талаб менамоянд. Мақсад аз истифодаи тарзу усули тадқиқоти сотсиологй дарёфт кардани (исбот намудани) роҳҳои ҳалли муаммоҳои ба миёномада буда, тавассути онҳо ҳақиқати ҳолро барқарор намудан аст.

Сотсиолог—тадқиқотчӣ бо истифодаи аз ин ва ё он тарзу усули омӯзиши воқеа мебоист ба ҷанбаҳои ба миён омадаи назариявй, амалию ҳаётӣ, муаммоҳои зиндагӣ, мушкилоти ҳаёти иҷтимоии ҷомеа равшанй андозад. Вобаста ба ҳамин, бо баробари амиқу равшан муайян сохтани ҷанбаҳои илмию назариявй ва воқеии тадқиқотӣ, ҳамчунон тарзу усули омӯзиши онҳоро низ бояд пешбинӣ кунад. Ӯ (сотсиолог—тадқиқотчӣ) ба принсипҳои илмию назариявии методологии ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ: илмият, объективият, ягонагии назария ва амалия тарафҳои тадқиқотшаванда, системанокии ҷанбаҳо, диалектикаи ҷиҳатҳои объективию субъективии масъалаҳо, сабабҳои (риштаҳои) муаммоҳои ба миён омада ва ғайраҳо такя карда истода, механизми кор ба далелҳои иҷтимоиро равшанӣ андохта, ба ҳар як қисматҳои хурду калон, асосию ғайриасосӣ, муҳиму номуҳими ҷанбаҳои тадқиқотиро ба нақша гирад. Пеш аз он ки ба тадқиқоти сотсиологӣ шуруъ карда шавад, бояд масъалаҳо амиқу равшан муайян бошанд, тадқиқотчиён хуб дарк карда бошанд, ки аз он (тадқиқот—О.Ғ.) чиро интизор шудан мумкин аст? Дар фаъолияти тадқиқотиашон бештар ба кадом тарзу усулҳои омӯзиши сотсиологии ҷанбаҳои иҷтимоӣ такя намоянд? Оё объекту субъектҳои тадқиқотӣ дуруст интихоб карда шудаанд магар? ва ғ…

Натиҷагирӣ аз тадқиқот исботи он аст ки тадқиқотчиён (сотсиологҳо—О.Ғ.) то кадом дараҷа нисбати иҷрои вазифаи касбии худ масъулиятбахшона муносибат кардаанд; ҷиҳатҳои илмию методологӣ, (назариявӣ) ва амалии муаммоҳои ба миён омадаро равшан медонанд ва ё аз вазъи кунунии ҳодисаю воқеаҳои тадқиқотшаванда бохабаранд ё не; магар тарзу усули омӯзиши онҳо (ҳодисаҳои иҷтимои чун муаммо ба миён омада—О.Ғ.) дуруст муайян карда шудаанд ё не?

Дар тадқиқоти сотсиологӣ ба таваккалӣ роҳ додан, донистаю нодониста ҳаллу фасли ин ва ё он муаммои ба миён омадаро мавриди омӯзиш қарор додан боиси ба миён омадани бесару сомониҳои зиёде мегардад. Набояд фаромӯш сохт, ки мардум, алалхусус онҳое, ки дар назди сотсиологҳо вазифа мегузоранд, аз тадқиқоти гузаронидаи онҳо умедҳои зиёдеро интизоранд. Дар ҳолати рух додани хатогиҳо, ба мақсад мувофиқ карда натавонистани натиҷагирӣ аз тадқиқот, хулосаи рӯякӣ баровардан аз онҳо ва монанди ииҳо боиси нобоварӣ зоҳир намудан ба сотсиологҳо ва умуман нисбати сотсиология чун илм мегардад. Аз ин рӯ он масъулияте, ки дар назди сотсиологҳо истодааст, аз ҳамаи илмҳои дигар, алалхусус ҷомеашиносӣ дида, хеле ҳам баланд мебошад. Ҳамаи ин ва боз дигар тарафҳои илмию назариявӣ, методологй ва амалии ҳаллу фасли ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ водор месозанд, ки сотсиологҳо ҳамеша эҳтиёткор бошанд, на ин ки ба бемасъулиятй ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳанд, инчунин кушиши онро намоянд, ки сазовори боварии ҳамешагии мардум бошанд.

интихоби дурусти тарзи усули тадқиқоти ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷомеа, равшанӣ андохтан ба кулли муаммоҳои соҳа ва аниқ кунонидани самтҳои раванди самарабахши фаъолияти одамон (коллективҳо, гурӯҳҳо ва Ғ…}, дар ин ҷода яке аз роҳҳои ба даст даровардани чунин мақсадҳои нек хоҳанд гардид.

Ҳаёти инсон ҳамеша пур аз ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоист. Бештари онҳо одатан новобаста ба майлу хоҳиши одамон рух медиҳанд. Вале ҳодисаҳою воқеаҳое низ вуҷуд доранд, ки рух додани онҳо ба фаъолияти худи одамон, дараҷаи фаҳмиш, мақсад, маром, хоҳиши бевоситаи худи онҳо зич вобастагй доранд. Дар ҳар ду сурат ҳам одамон майлу хоҳиши онро доранд ва мехоҳанд, ки ба моҳияту маънои ҳар кадоме аз ҳодисаҳо хубу гуворо сарфаҳм рафта, хулосаҳои зарурй бароваранд. Ҳамин аст, ки онҳо баҳри ба даст даровардани муродҳои хеш аз тарзу усулҳои гуногуни омӯзишу таҳлили илмию назариявй ва амалии сотсиология васеъ истифода мебаранд. Тазаккур бояд дод, ки истифодаи ин ва ё он тарзу усули омӯзишу таҳлили воқеаҳои иҷтимой ва натиҷагирй (хулоса) аз онҳо пеш аз ҳама ба он вобаста мебошад, ки то кадом дараҷа масъалаҳои (ҷанбаҳо) ба миён омада маълуманд. Одатан дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоии ба миён омада чунин тарзу усулҳои сотсиологии омӯзиш: мушоҳида, саволнома (анкета), сӯҳбат (интервю), таҳлили ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мешаванд. Ба ин мақсад зарурате ба миён меояд, ки дар ин ҷо нисбати тарзу усулҳои мушаххаси сотсиологии омӯзиши ҳодисаю воқеаҳои дар олам рух дода шуда ё рух диҳанда назар карда, оид ба баъзеи онҳо ҳарф занем ва исбот намоем, ки дар ҳақиқати ҳол то кадом дараҷа ин ва ё он тарзу усул кумакрасон ба ҳисоб мераванд.

2.Тарзу усулҳои мушахасси тадқиқоти сотсиологи баҳри
омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимои.

Мушоҳида аз ҳама шакли оммавитарини тарзу усули сотсиологии баҳодиҳӣ ба ҳодисаю воқеаҳо буда, вай дар ҳаёти ҳаррӯзаи зисту зиндагии мардум мақоми хосаеро пайдо намудааст. Одамон ҳатто дар фаъолияти оддитаринашон, дар иҷрои вазифаи ҳаррӯзаашон, дар вохури бо рафиқону ҳамкасбонашон, бо мақсаду бе мақсад, нисбати кулли ҳодисаю воқеаҳо мушоҳида мекунанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки чунин мушоҳидаҳо аз мушоҳидаҳои сотсиологӣ фарқи калон доранд. Фарқияти мушоҳидаҳои сотсиологӣ аз мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи одамон пеш аз ҳама дар он зоҳир меёбанд, ки онҳо ҳатман дар асоси мақсаду мароми муайян гузаронида мешаванд. Мушоҳидачӣ-сотсиолог масалан, баҳри кадом як мақсади муайянеро пайдо кардан нақшаи гузаронидани онро (мушоҳидаро-О.Ғ.) пешакӣ тартиб медиҳад. Дар нақша объекту субъекти мушоҳида, вақту соат, муҳлат ва дигар ҷиҳатҳои (мақсадҳои) ба воқеа дахл дошта ба қайд гирифта мешаванд. Чунин мушоҳидаро асосан мутахассисон-сотсиологҳо мегузаронанд.

Дар нақшаи (барномаи) мушоҳидачӣ тарзу усули коркарди иттилоотҳои ба даст овардашуда, навиштани ҳисобот аз рӯи натиҷаи кор, тайёр кардани хулосаю дархостҳо нисбати проблемаҳои тадқиқотшаванда ва ғ… нишон дода мешаванд. Чунин мушоҳидаҳо мушоҳидаи илмӣ- тадқиқотчӣ ба ҳисоб рафта, мақсад аз онҳо равшанӣ (муайянӣ) андохтан ба ин ва ё он ҷанбаи ба миён омада мебошад.

Мушоҳидаҳо метавонанд озод ва махфӣ, ишитирокчии бевосита ва ё бавосита, майдонӣ (саҳроӣ) ва лабараторӣ, санҷишӣ (назоратӣ) ва ғайрисанҷишӣ (ғайриназоратӣ) стандартӣ (дар се зина (давра): тарадудӣ (аввал), мавсимӣ (муваққатӣ) ва натиҷагирӣ (хулосавӣ) гузаронида шаванд.

Тарзу усули истифодабарии саволу ҷавоби анкета дар сотсиология таърихи худро дошта, аз ҷумлаи оммавитарин усули омӯзиши ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин анкетаи сотсиологӣ соли 1886 аз ҷониби К. Маркс васеъ истифода шуда буд. Анкета аз калимаи франсузӣ гирифта шуда, маънояш тадқиқот (тафтишот) мебошад. Саволномаҳои анкета бо мақсади равшанӣ андохтан ба он муаммоҳое мебошанд, ки аз ҳалли мавзӯъ бар меоянд. Тарзи сотсиологии саволу ҷавобии анкета дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, алалхусус он ҷабҳаҳои, ки доираи (қисмҳои) таркибиашон хеле васеъ буда, омӯзишу таҳлили чуқури оммавиро талаб менамояд, истифода бурда мешавад, Саволномаҳои анкета бояд тарзе тартиб дода шаванд, ки ҳамаи қисматҳои проблемаи тадқиқотшавандаро дар бар гиранд. Анкета ин ба даст овардани кулли ҷабҳаҳои мебошанд, ки дар ҷамъулҷамъ ба ҳалли масъалаҳои дар тадқиқод гузошта шуда бояд кумак расонида тавонад.

Одатан анкета аз се қисм: муқаддимавӣ, асосӣ ва ҷамъбастӣ иборат аст. Дар қисми муқаддимави асосан муроҷиат ба пурсупосшудагон ҷой дода шуда, мақсад, маром ва вазифаҳои асосии тадқиқот, қоидаю тарзи пур кардани анкета нишон дода мешавад. Дар қисми асосӣ бошад вобаста ба шарҳи масъалаҳои мавриди омӯзиш қарор ёфта саволномаҳо ҷой дода шуда, аз пурсупос шудагон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар кадоме аз саволҳои гузошта шуда ҷавоби амиқи беғаразона диҳанд. Дар қисмати ҷамъбастӣ маълумотҳои зарурӣ нисбати фаъолият, касбу кор, синну сол, баромади иҷтимоии пурсупосшудагон ба нақша гирифта мешавад.

Шакли истифодабарии саволу ҷавоби анкета метавонад бевосита (дар хузури тадқиқотчӣ ва тадқиқшаванда), ғоибона (ба воситаи идораҳои алоқа, телевизион, телеграф, телеграмма, рузномаю маҷаллаҳо), пӯшида (ба саволҳои гузошташуда пешакӣ тайёр будани ҷавобҳо), нимпушида (ба саволҳои гузошташуда вариантҳои муайяни ҷавобҳо дода шуда, боз дар охири ҳар савол саволи озод гузошта шудааст), ки ба воситаи он пурсупосшаванда фикри худро метавонад дар шаклҳои пешкаш шуда баён созад ва анкетаи кушода ( саволҳо тавре гузошта шудаанд, ки ба онҳо фақат худи пурсупосшаванда варианти ҷавобашро ифода мекунад), гузаронида шаванд. Албатта, ҳар кадоме аз ин намудҳои пурсупос ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро доранд (нигаред ба намунаҳо) _ _

СУҲБАТи (ГУФТУГУЗОРӢ) СОТСиОЛОГӢ. ин тарзу усули махсуси омӯзиши воқеаю ҳодисаҳои иҷтимоие мебошад, ки дар қатори дигар тарзу усулҳо васеъ истифода мешавад. Дар ҳаёти иҷтимоӣ тарафҳо, ҷиҳатҳое вуҷуд доранд, ки бо чашми оддй мушоҳида кардани онҳо ғайриимкон мебошад. Дар шакли истифодаи тарзу усули сотсиологии анкетагузаронй низ ҳатто онҳоро аниқ кунонидан мушкил аст. Барои ҳамин ҳам чунин тарафҳо,ҷиҳатҳоро, ки дар омӯзиши таҳлили ҳаёти иҷтимоӣ мақоми муҳимеро бозида метавонаду вале бо дигар тарзу усулҳо дуруст муайян сохтани онҳо мушкил аст бо истифода аз суҳбатҳои (гуфгугузори) сотсиологӣ равшанӣ меандозанд. Афзалиятнокии чунин усули омӯзиши андеша, фикр, мақсад, дархост- сӯҳбати сотсиологй пеш аз ҳама дар он зоҳир меёбад, ки шахси тадқиқотчӣ нисбати равшани андохтан ба масъалаҳои ба миён омада имкониятҳои зиёде пайдо мекунад. Ҳамчунон шахси пурсупосшаванда низ метавонад дар пуррагй нисбати мавзӯи сӯҳбат фикрашро амиқ баён намояд (албатга дар ин ҷо маҳорати касбии тадқиқотчӣ зарур аст).

Сӯҳбати (гуфтугузорӣ) сотсиологӣ якчанд шакл дорад. Одатан дар адабиёт ба ин соҳа бахшида шуда ба чунин шаклҳои (тарзу усули) гузаронидани гуфтугуи сотсиологӣ дучор мешавем: Оддӣ, мураккаб, стандартӣ (яклухт), назоратӣ (санҷишӣ) ва ғайаҳо.

Сӯҳбати оддии сотсиологӣ дар обекти тадқиқотшавандае истифода мешавад, ки моҳияташон он қадар мураккаб нест. Дар ин зинаи омӯзиш саволҳо (барнома) тартиб дода намешаванд. интервуер (шахси барандаи тадқиқот) метавонад озодона, вобаста ба шароит, имкониятҳои ба миён омада худаш саволҳоро пешниҳод кунад.

Сӯҳбати стандартии сотсиологӣ чунин шакли омӯзиши ҳодисаю воқеаҳо мебошад, ки баҳри равшанӣ андохтани муаммоҳои ноайёни доманадор, серпаҳлӯ равона шуда, дар он пешакй саволҳо ба тартиб дароварда мешаванд. Баъзан дар ин шакл лентаҳои сабти овози магнитафонӣ истифода меёбанд. Агар чунин восита вуҷуд надошта бошад шахси сӯҳбаткунанда ҳамаи вариантҳои ҷавоби ҳамсӯҳбаташро то ҳадди имкон дар хаёлаш нигоҳ медорад. Одатан саволҳои он то 20 номгуйро ташкил дода метавонанд. Сӯҳбати назоратӣ бошад бо мақсади то кадом дараҷа амиқу равшан будани даделҳои ба даст оварда шуда истифода карда мешавад.

Сӯҳбати сотсиологиро дар шакли кӯтоҳ (оддӣ) ва муфассал (давомнок) гузаронидан мумкин аст. Шакли оддии сӯҳбат ин саволу ҷавоби кутоҳ нисбати як ва ё якчанд масъалаи рузмарра буда, шакли муфассали он бошад сӯҳбате аст, ки обектҳои васеи тадқиқотиро дар бар мегирад.

Дар сӯҳбати сотсилогӣ метавонанд шахси алоҳида ва ё гурӯҳҳо иштирок кунанд. СОТСиОМЕТРиЯ: Яке аз тарзу усули омӯзиши муносибатҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои на чандон ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, асосан бо воситаи он алоқаи байни ҳамкорон, ҳамсолон, одамони ба якдигар аз ҷиҳати шуғли кор, зисту зиндагӣ, оилаю оиладорӣ, таълимӣ ва ғайраҳо наздик омӯхта мешаванд. Асосгузори ин методи сотсиологи америкои Дж Морено ба ҳисоб меравад. У яке аз аввалинҳо шуда ба муайян сохтани муносибатҳое, ки дар байни гурӯҳҳои хеле хурди ҷомеа вуҷуд доранд ва ё ба миён меоянд даст зада буд. ТАРЗи ОМУЗиШи ҲУҶҶТҲОи СОТСиОЛОГӢ аз ҷумлаи хеле ҳам қадимтарин ба ҳисоб рафта, дар амиқу равшан сохтани далелҳои гуногуни иҷтимоӣ нақши муҳимро мебозад. Пештар, то давраи пайдоишу инкишоф ёфтани ҳисобу китоби мошини, алалхусус, электронӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои тадқиқот зарурат пайдо карда бо қувваи даст иҷро мешуданд. Албатта, он сарфи зиёди вақти кору маблағ ва дигар хароҷотҳоро талаб мекард. Акнун, ки имконияти бо мошин коркарди ҳуҷҷатҳо пайдо шудааст, чунин тарзи омӯзиш вақту муҳлати камро талаб менамояд. Дар ҳаёти инсонӣ, алалхусус ҷиҳатҳое, ки ҳаёти иҷтимоии ӯро дарк менамоянд, ҳуҷҷатҳо хеле ҳам бисёранд. Сотсиолог, вобаста ба мавзӯи тадқиқот бояд ҳуҷҷатҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳад, ки натиҷагирӣ аз онҳо мақсаднок бошад. Ба ин хотир омузиши шаклҳои зерини ҳуҷҷатҳо маълум аст:

а/ Ҳуҷҷати расмӣ; б/ ҳуҷҷати ғайри расмӣ. Ҳуҷҷатҳои расмӣ чунин ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки аз тарафи органҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тартиб дода шудаанд ва ба онҳо дохил мешаванд: Фармонҳо, қарорҳо, ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ, ҳуҷҷатҳои оморӣ, маълумотномаҳо, ҳисобу китобҳои хоса, ки ба фаъолияти корхонаю идораҳо ва ғ… бахшида шудаанд. Ҳуҷҷатҳои ғайри расми он ҳуҷҷатҳое мебошад, ки одамони алоҳида барои мақсадҳои хеш тартиб дода, нигоҳ медоранд.

Ҳуҷҷатҳо инчунин метавонанд инфиродӣ ва гурӯҳӣ бошанд (протоколи маҷлисҳо ва ғ…) Аз рӯи ба қайдгирӣ ҳуҷҷатҳо инчунин шаклан дастнависию (дастхатҳо) нашрӣ (сабти овоз дар лента, магнитафон, кино ва ғ…) мешаванд. Вобаста ба аҳамиятнокиашон ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа низ шуда метавонавд. Ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаро бевосита худи тадқиқотчиён, тавассути мушоҳидаояшон тартаб медиҳанд. (Ҳисоботи илмӣ, дастхатҳои аналитикӣ, рӯзномаҳо ва ғ…). Ҳуҷҷатҳои дуюминдараҷа бошанд дар асоси омӯзиши ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа сохта мешаванд (китобхое, ки дар асоси сарчашмаҳо навишта шудаанд, расме ки дар асоси кадом як асар эҷод карда шудааст ва ғ…).

Санҷиш чун тарзу усули омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ аз ҳаёти иҷтимоӣ баҳри он истифода бурда мешавад, ки муаммои дар ин ва ё ин соҳа ба миён омада ва ё ноаён санҷида шуда, фикре тасдақ ва ё раъд карда мешавад. Асоси санҷишро амалия, фаьолияти меҳнатию чамъиятии одамон, зисту зиндагии онҳо ташкил медиҳад. Бо истифода аз чунин тарзу усул далелҳои зиёде дар амалия санҷида шуда, хулосаҳои илмию назариявӣ ва ҳаётӣ бароварда мешаванд. Масалан, дар асоси системанок омӯхтан, санҷидан, хулоса баровардани чунин ҷиҳатҳои басо муҳими ҳаёти иҷтимои ба монанди: таълим, тарбия, оилаю оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, идораи фаьолияти созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ташкилоту идораҳо ва боз даҳҳо дигар соҳаҳо имконияти воқеӣ пайдо мегардад, ки аз як тараф, вазьи ин соҳаҳо санҷида шуда, иллату норасогиҳо равшан гарданд ва аз тарафи дигар тамоили инкишофи минбаъдаи ҳар яке дар қисматҳо муайян карда шаванд. Санҷиши ин ва ё он тарзу усули фаъолият, идоракунӣ дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати боварибахшона таъмин гардонидани пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ омили муҳим ба шумор меравад. Чунин санҷишҳо ва натиҷагарӣ аз онҳо барои ҳар як соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад. Масалан, дар солҳои гуногуни мавҷудиёти собиқ давлатдории Шуравӣ тавассути истифода аз тарзу усули сотсиологии санҷиш шаклҳои омехтаи хоҷагидорӣ (колхозу совхозҳо), фаъолияти идоракунӣ, ташкили гуногуни фаъолият дар идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию маърифатӣ ва ғайраҳо васеъ истифода меёбанд. Таҷрибаи бои идоракунии ин ва ё он соҳаи корҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ (колхозу совхозҳо)-и пешқадамро омӯхта, дастраси дигарон карда мешуданд.

Одатан санҷишҳо аз рӯи хусусияту моҳияташон ба санҷишҳои иқтисодӣ, педагоги (тарбиявӣ), ҳуқуқӣ, эстетикӣ, идеологӣ ва ғайраҳо тақсим мешаванд. Фарқияти онҳо ҳамин аст, ки доираи ҳар яке мушаххас буда, талаботҳои муайянеро пеш мегузоранд.

317
Нет комментариев. Ваш будет первым!