Мавзуи омузиши чомеашиноси
Дар сухбати кабли ёдовар шудем, ки таваччухи мавзуи илми мазкур ба фарогирии хаёти чомеъаи инсони марбут аст, вале мантикан суоле пеш меояд, ки ба чуз илми чомеашиноси хастанд боз дигар илмхои чомеаро омузанда? пас дар миёни шеваи омузиши онхо ягон фаркияте хаст ё на? Барои рушан сохтани ин суол ру меорем ба фалсафа, ки мегуяд: новобаста ба яксон будани предмети омузиш хар кадоме аз илмхо яктарафи онро мавриди омузиш карор медиханд. Яъне куллан омухтани предмети дониш ба илм муяссар намешавад. Бинобар хамин харчанд чомеа предмети омузиши илмхои мухталиф аст, вале хар кадоме аз онхо як сохаи муайяни хастии онро пажухишу барраси мекунад. Масалан, агар сиёсатшиноси хаёти сиёсию шарти вучуди ниходхои марбутаи онро омузад, пас иктисод воситахои хаёти хочагидории онро пажухиш мекунад. Пас тахти назари чомеашиноси кадом чанбаи хаётичомеа карор дорад?
Дар фаркият аз соири илмхои дигар чомеашиносидар омузиши чомеа аз хама бештар ба вижагии сифати муносибати байни одамон вамакоми дар он ишголкардаашон диккат медихад. Зеро бо халли ин масоил инсонимкони дарёфти чавоби он суолхоеро, ки у пайваста оиди сабаби баркарори чомеа,зарурати он, гуногунии макомхои ишголкардаи одамон дар он, нобаробарии таъмининиёзи моддию маънави ва гайра аз худ медихад, ба даст меорад. Бинобар хамин хамин илм чомеаро на иборат аз чамъойии механикии одамон, балки мачмуи чузъхоибонизоми байни худ ба муносиботи гуногунсатха воридгаштае медонад, ки тагйирионхо боиси дигаргунихо дар алокахои ичтимои ва макоми дар чомеа ишголкардаиодамон мешаванд. Хар як одам дар чомеа чандин макомро сохиб аст, яъне хамзамону метавонад дар зинаи ичтимои касби рохбар, падар, варзишгар, мутахассис вагайраро дошта бошад. Вай онхоро ичро мекунад. Одамони дорои макоми якхела дарчомеа чойхои якхеларо сохиб гашта, умумиятхои ичтимоиро (гурух, кишр вагайраро) ташкил медиханд, ки дар онхо алокаи мустахками ичтимои баркарор аст.Дар чараёни фаъолияташон онхо берун аз гурухи худашон бо одамони дигари ришатиалокаву муносибатхои бисёрчонибаро баркарор сохта, барои худ рафтори муайяниичтимоиро интихоб мекунанд. Мавкеи одамон дар сохтори чамъият аз бисёр чихатмарбути захирахои ичтимоии (хокимият, моликият, таъсир, дониш ва гайра) дарихтиёр доштаашон аст.
Вале агар дар мавриди муайянсозии мавзуиомузиши чомеашиноси танхо ба чузъиёт диккат дихем, пас дарёфти риштаи онхоро бохам пайвасткунанда имконнопазир мешавад. Бинобар хамин дар рафтори одамон бачузъ аз вижагихо хамчунин якрангихое хаст, ки мо онхоро бо мафхуми конунхоиичтимои ишора мекунем. Аслан конунхои ичтимоиро хамчун муносибати нисбатанустувору боз тавлидшаванда миёни одамон ва гуруххои мухталифи ичтимои муаррифимекунанд. Харчанд вучуди конунхои ичтимои шайъан ба чашм намерасад, валевокеъан онхо муайянсозандаи самту низоми амалу рафтори одамони мебошанд. Чунонхо новобаста ба шуур ва майлу хохиши эшон амал мекунанд, бинобар хамин хамтагйири онхо тахти иродаи фардии онхо карор надоранд, вале инсон кобилиятидонистану тибки огохонаи онхоро дорад.
Одатан дар мавриди муайян кардани мавзуиомузиши ин илм такя ба мухтавои номи онро низ зарур мехисобанд. Калимаи«сотсиология» аз забони лотини гирифта шуда маънояш «societans» – чомеа ва «logos» – таълимот аст. Бо такя аз ин мухтаво бештарилми мазкурро ба таври умуми хамчун илм дар бораи чомеа таъриф медиханд. Тибкиакидаи Э.Гидденс мавзуи сотсиологияхамчун илми чамъиятшиноси ин омузиши ниходхои ичтимои ва заминахои ташаккули онхо аст. М. Вебер бошаддар ин маврид тахлили мухтавои амали ичтимоиро хадафи асоси мавзуи омузиши илмисотсиология мехисобад. Дар мачмуъ сотсиология низоми муайяни донишхои илми оидиташаккул ва самти рафтори одамон дар алокаманди бо мансубияти онхо ба гурухуумумиятхои ичтимои аст.
Дар мавриди муайян намудани мавзуи омузишисотсиология ду сатхи тахлили равандхои ичтимои, яъне макросотсиология вамикросотсиология диди гуногун доранд. Равиши аввал агар мавзуи омузишисотсиологияро марбут ба баррасииумумияту ниходхои бузурги ичтимои донад, пас равиши дуюм баррасии вижагихоирафтори ичтимоиро дар сатххои гуногун хадафи асосии фан мехисобад. Вале дармачмуъ мавзуи сотсиология иборат аз шарху омузиши алокаю муносибат ва онраванди хамкорихои байни одамон аст, ки ба худ унвону хусусияти ичтимоиромегиранд.