Шаклгирии илми сотсиология ва назарияхои умуми

Инсоният хамчун вучуди тафаккуркунанда тулитаърих натавонистааст аз андешаи дарёфти сабаби баркарори чамъият, заруратихамзистиаш бо шахсони дигар худро канор гирад ва бинобар хамин хам бароидарёфти ин асрор пайваста сарони фикриаш дар доираи илмхои мухталиф чустучухоификри ба харч додаанд. Ин чустучухо тули таърих бо мурури васеъ ва мураккаб гаштани хастии ичтимоии одамон амиктармегашт, зеро он фазои ичтимоие, ки эшон барои бароварда сохтани ниёзхояшон баон дохил мешуданд, акнун дар фаркият аз мухити ошнои авлоди, мушахассотимухталифи ноошнои муносиботу рафторро такозо мекард. Бинобар хамин хам дарзинахои аввал барои рахнамунсозии огохонаи одамон ба пайрахахои ноошноимуносиботи ичтимои, мутаффакирон тавассути панду андарзхо ва мукаррраротиахлокию дини кушиши ба низом даровардани ин муносиботро ба харч медоданд.Тадричан балогати фикри инсониятро муваффак ба эчоди як силсила низомхоиичтимоие намуд, ки хадафашон аз татбику нигохдории мукаррароти мавчудаю дилхохиичтимои ё такмилу таъгироти онхо иборат буд.

Дар таърихи афкори ичтимоии фарханги мо оидинизому сохтори ниходхои алохидаи ичтимои (давлат, дин, ахлок ва гайра) азчониби мутаффакирон фикру акидахои судманд баён шудааст, вале хаминро боядгуфт, ки аглаби онхо хастии чомеъаро руи колабхои суннатии таъгирнопазиртасаввур карда, масъулияти танзими рафтори ичтимоии одамонро ба души анъанавуиродаи офаридгор вогузор месохтанд. Бояд таъкид намуд, ки баъдан дар фархангимо шеваи фосилагири аз баррасии вокеъияти айнии хаёти чомеъа боло рафта, майлиэчоди хар гуна намунахои идеалии чомеъахои хайёли чоннок мегардад. Танхо дарасри XV ИбниХалдун дубора анъанаи кушиши чустучую дарки сабабияти айнии баркарорию пошхуриичомеъахои инсониро зинда месозад. Бинобар хамин хам, дар таърихи илмичомеъашиноси махз уро асосгузори пояи назарии ин илм мехисобанд. Нахуст эроде,ки И. Халдун аз пешгузаштагонаш мегирад, ин сарфи назари онхо аз макомиманфиату силсилаи талабот дар амали ичтимоии инсон аст. Зеро эшон чомеъаиинсониро хамчун ниходи мустакиле тасаввур мекарданд, ки низому тартибот дар онмарбути иродаи офаридгор, дахолати анъанот ва пайрави аз ахлоки хамида аст. Аз сабаби он, ки дар чомеъаи замони И. Халдун зарурати халли амалии масоили марбут батаъмини зисти манфиатбахши инсон дар чомеъа ва дарёфти шевахои навинибаркарории робитаи у бо соири ниходхои чомеъа мубрам эхсос намешуд, ин акидахомавриди арзёбии шоиста карор нагирифтаанд.

Пас аз И. Халдун шахсияти дигаре, ки хамчунбунёдгузори илми мазкур шинохта шудааст, ин чомеъашиноси фаронсави Огюст Контаст. Ба хотири дастнорас будани маълумоти тарчумаихоли ин шахсияти маъруфпешниходи мухтасари онро дар ин чо бамавкеъ медонем. У дар оилаи кормандимутавассити яке аз идорахои давлати ба Дуне омадааст. Маълумоти мутавасситародар зодгохаш Монтпеллер гирифтааст. Харчанд хонаводааш пайрави мазхаби католикбуд, вале у ба зуди аз ин мазхаб даст мекашад ва ба афкори озодихохона ва инкилобируй меорад. Баъд аз хатми мактаби мутавассит вориди донишгохи политехники шуда,аз байни кули довталабон макоми аввалро ба даст меорад. Вале баъд аз чандмуддат хукумат донишгохро ба хотири ба маркази афкори зиддихукумати табдилёфтанаш мебандад ва Конт ба зодгохаш баргашта дар донишгохи он чо ба омузишидарси пизишки ва физиология мепардозад. Баъдан боз ба Порис баргашта, бароидарёфти маош ба таълими дарси риёзиёт машгул мешавад. Соли 1814 ба у муяссармешавад, Ки вазифаи котибии Сен-Симонро ба даст орад ва ба дусти у табдил ёбад.Соли 1824 китоби « Системаи сиёсати исботи(позитиви)»-ро ба итмом расонида,онро барои такриз ба Сен-Симон медихад ва у онро баъдан бидуни зикри номимуаллифаш дар яке аз нашрияхо дар шакли як кисми китоби худ тахти унвони «Шароитиахли саноат» чоп намуд. Пас аз ин Конт уро ба додгох кашид, вале ба муваффакиятноил нашуд ва баъдан дустияшро пурра бо у катъ намуд. Конт баъдхо аз «таъсиримусибатборе» ки «робитаи шум» бо як «хуккабози фосид» бар у мукаррар ёдовар мешавад.

Баъдан то таълифи асари бузургаш «Курсифалсафаи исботи» у якчанд китоби дигарро ба табъ мерасонад. Соли 1825 бо хонумаКаролина Массин, ки одатан рафтори номуносиб дошт издивоч мекунад. Баъдан уикрор мешавад, ки ин издивочи ба хотири «мубохисаи чавонмардона» анчом додаамбузургтарин иштибохи зиндагиям буд. Каролина Масин, ки пештар низ одати таркихонаводаро дошт ин дафъа низ Контро тарк мегуяд ва ин нокомихо уро ба вартаибухрони рухи мекашанд. Машгалаи фаровони фикри уро мачбур месозад дар якистирохатгох бихобад ва табобат гирад. Вай пас аз хашт мох дар холе Ки ханузпурра табобат наёфта буд он чоро тарк мекунад ва Каме баъд даст ба худкушимезанад. Вале чун бухрони рухияш паст мешавад у аз ин амал даст мекашад. Чун ухуд тахсилкардаи риштаи пизишки низ буд ва иллали беморияшро ба хуби медонист,бинобар хамин хам барои чилавгири аз хар гунна бухрони чадид режими чисми варухии бисёр сахте барои худ тартиб медихад. Дар хамин холат у ба навиштаниасари пештар огозкардааш «Курси фалсафаи исботи(позитиви)» аз нав огоз мекунадва навбат кисмхои онро ба табъ мерасонад.

Пас аз чопи асари бузурги худ Конт ба тадрисиситорашиноси барои хама ва баъдан устодии донишгохи политехники мепардозад.Вале баъдан ба хотири пайрави аз акидаи чумхурихохияш аз вазифаи устоди механикава хандасаи аналитики низ сабукдуш мешавад. Харчанд дар ин муддат у китоби »Мукаддима дар хандасаи тахлили»-ротавонист нашр кунад. Хини фориг будан аз корхои тадриси у якчанд асари дигар«Гуфтор дар бораи зехни исботи», «Мукаддимаи рисолаи фалсафи дар ситорашиноси»ва гайраро ба табъ мерасонад. Бо дастгирии хаводоронаш файласуфи инглис ЧонСтюарт Миллс, якчанд сарватманд ва шогирдонаш у дар ин муддат ба таргибуташвики имконоти тафаккури позитивисти мепардозад. Соли 1845 Конт бо хохари якеаз шогирдонаш, ки си сол дошт бармехурадва новобаста аз он Ки у медонист вай ба бемории шифонопазир гирифтор аст, валеишкашро ба вай изхор мекунад. Аммо вай уро факат ба сифати дуст кабул мекунад,зеро худро дар мавриди он чи аз хадди мухаббат бигзарад нотавон медонад. Баъдаз ду соли ин вокеа Клутилд, яъне хохари шогирдаш дар хузури Конт чашм аз оламмепушад ва аз ин пас у аз издивоч кардан даст мешуяд ва факат парастиши ин занмекунад.

Ходисаи дигаре, Ки аз хаёти Конт чолиб аст инсайъи у дар рохи эъломи як навъ мазхаби башари аст. Дар ин хусус у соли 1851 бадусташ чаноби Тулуз мактуб ирсол мекунад. Дар он у менависад: »Якин дорам пешаз соли 1860 позитивизмро ба унвони танхо мазхаби вокеи ва комил дар калисоиНотердам таблиг хохам кард». Харчанд ин ба у муяссар намешавад, вале баъданкитобе тахти унвони «Шароити исбот ё шархи мухтасаре аз мазхаби хамагони»-родар робита бо ин хадаф таълиф мекунад. Соли 1858 у оламро падруд мегуяд.

Сабабируйоварии у ба ин илм аз талабу ниёзмандии чомеъаи он вактаи урупойи, ки акнунба арсаи тамаддуни саноати кадам мегузошт, берун меомад. Тамаддуни аграриисобик, вобаста ба шеваи истехсолиаш зарурати пайвастаи танзими илмии муносибатиодамонро ба хотири таъмини махсулнокии корашон эхсос намекард, вале акнун дартамаддуни индустриалие, ки дигар одамон на ба хайси такмили олоти мехнат, балкичузъи такмилсозии самаранокии он дониста мешуд, бинобар хамин хам барои ташкилифазои манфиатбахши пиёдасозии гаризахои созандагии у зарурат пеш омад. Албаттахалли ин масъаларо метавонист танхо илми чомеъашиноси бо таваччухи пайвастаихуд ба шеваи хамкорию хамзистии инсон дар чомеъа ба зимма дошта бошад. Худи О.Конт хам рисолати илми мазкурро дар пажухиши хамин хавза мебинад ва он то кунунновобаста ба чихатгирихои навинаш чунин боки мондааст.

Вале акнун дар тамаддуни индустриали, ки дигародамон на ба хайси такмили олоти мехнат, балки хамчун чузъи тахлилсозисамаранокии он дониста мешуд, бинобар хамин хам барои ташкили фазоиманфиатбахши пиёдасозии гаризхои созандагии у зарурат пеш омад. Албатта, инмасъаларо метавонист танхо илми чомеъашиноси бо таваччухи пайвастаи худ башеваи хамкорию хамзистии инсон дар чомеъа ба зимма дошта бошад. Худи О. Контхам рисолати илми мазкурро дар пажухиши хамин хавза мебинад ва он то кунунновобаста бо чихатгирихои навин чунин боки мондааст.

Тибки акидаи О. Конт, чомеъа бояд хамчунорганизме тахкик шавад, ки хар кадом узви ташкилдихандаи он барои саодатичамъияти хизмат кунад. Аммо фаъолияти организми мазкур шабехи конуниятхоиорганики сурат мегирад ва бинобар он хам у чомеъашиносиро ба статистикаиичтимои таксим мекунад. О. Конт бар асари нобоварии зехният ба хар гунаназариёт таъкид аз омузиши тачрибавии вокеъияти ичтимои кардан бо ин имкониятисихатии баррасии такрори хакикии ичтимоиро пеш мегузорад. Зеро у мехостчомеъашиносиро ба мартабаи илми дакик барорад.

Аз чехрахои дигари фикрие, ки дар шаклгирииилми мазкур сахм гирифтаанд, ин К. Маркс, М. Вебер, Т. Парсоне хастанд. Харчандсолхои охир назари мардуми мо вобаста ба дигаргунихои мафкурави аз таълимоти К.Маркс худдори нишон медихад, вале то хол дар илм касе шубха аз арзишибаррасихои сотсиологии у, аз худ нишон надодааст. Карл Маркс чомеъаро хамчунвокеъияте дар тахавулли мудавом мадди назар чилвагар медод, ки он азнобаробарии ичтимои сарчашма мегирад. ЧунМаркс ин чихатро ба мутлакият мебарорад, бинобар хамин хам дар ин чо таълимотиу ба мафкураи сиёси табдил меёбад. Масъалаи дигаре, ки таваччухи сотсиологииМарксро ба худ чалб сохта, ин сохтори ичтимоии чомеъа буда, боиси эчодиназарияи синфхо мешавад. Кулли одамон дар ин маврид вобаста ба макоми ишголкардаашон дар таксими неъматхои модди ба синфхои ичтимои таксим шуда, ботаъгири форматсияхои ичтимоию иктисоди силсилаи маротиби ин макомхо низ таъгирмеёбад. К. Маркс сабаби мушкилоти ичтимоиро низ танхо дар хамин нобаробаримебинад, ки онро ба пурраги метавонад гуё баркарории низоми адолатпарвар, яънекоммунизм аз байн барад.

М. Вебер, яке аз он чехрахои дурахшони илмичомеъашиноси аст, ки тавассути бардоштхои амику комил аз шарту шароитхоибаркарории чомеъаи инсони аз худ накше носутурдание ба ояндагон бокигузоштааст. У чомеъаро мачмуи афроди хушмандона амалкунандае тасвир месозад, кихар кадоме бо пайгири аз хадафи муайян ба муносибати хамдигар ворид мешаванд.Чузъи асосии ташкилдихандаи ин фаъолиятро у бо мафхуми «амали ичтимои» ишорамекунад.

Дар фаркият аз шевахои дигари амал вай бо онфарк мекунад, ки амали ичтимои ин дарки шахсии фард аз тамоюли имконпазири ориаз чунин нишонро М. Вебер амали ичтимои намедонад. Амали ичтимои фардро омодаичавоби муносиб ба рафтори дигарон сохта……? уро медиханд, ки хадафхои фардитавассути амали якчоя судианд, ба даст медид. Бинобар хамин хам он пайваста азхуд эчоди анчуманхои ичтимоиро эхсос мекунад. Яъне аз мухосиботхои бунёдишаклгирии чунин анчуманхо ба акидаи Вебер, ин муносибати хокимияти аст, зероамали муташаккили одамон бидуни вучуди назорату идоракунии ичтимои наметавонандба амал оянд. Дар ин зимма у бештар ба омилхои машруъияти хокимият диккатиасоси додааст.

Хизмати дигари Вебер аз он иборат аст, ки у даросори худ «Рухи сармоядори ва ахлоки протестанти » макоми омили ахлоки диниродар зухуру пойдории хочагидории сармоядори хеле бориз нишон медихад. Дарпротестантизм хутбаи кисмати инсонроофаридгор бидуни вокифии фарди мезанад ва инсон дар таъгири он кудрат надорад.Ягона амале, ки у метавонад анчом дихад, ин шугл ба кор, мехнат аст, ки урохорич аз андешаи окибат месозад. Байни инсону офаридгор касе нест ва танхохамин мехнати содиконааш метавонад уро бо офаридгор наздик созад. Ба акидаиВебер ин таълимоти М. Лютер (асосгузори протестантизм) дар оянда байни мардумипайрави ин мазхаб боиси такомулу пешрафти хочагидории сармоядори гашт.

Барои дарки бехтар аз асли максади Вебер боядаз тахлили сармоядори, Ки дар дебочаи фасли дуюми ин асар омадааст огоз намоем.Ба акидаи Макс Вебер сармоядори дар хама давру макон чехраи якхела надорад,балки чандин навъи зухури он вучуд дорад. Ба ибораи дигар дар хар навъ чомеаисармоядори хусусиятхое вучуд дорад, Ки ба хамон сурат онхоро дар чомеахоисармоядории дигар пайдо кардан мушкил аст. Вале бо истифода аз усули анвоъиидеали(идеалный тип) баррасии масъала муяссар мегардад. Сармоядори ба акидаи уруи вучуд доштани як чунин бунгохи тавлидие аст, Ки он пайваста барои ба дастовардани суд, фоидаи харчи бештар саъй мекунад ва ташкили аклонии кору равандиистехсолотро омили мусоидаткунанди барои ба даст овардани ин максад медонад.Дар навбати худ чунин майлу сайъи пайваста барои ба даст овардани фоида азарзишхои ахлоки сарчашма мегирад ва ин гунна арзишхо дар заминаи хамаифархангхо як хел дучор намешавад. Ба акидаи Вебер зухури он дар фархангимазхаби протестанти аз хама бештар ба чашм мерасад. Яъне харчанд одамхои харисупулпараст дар хамаи чомеахои шинохташудаи чахон вучуд доранд, аммогиройиши(мотив) нодир ва эхтимолан ягона махз дар ин тамаддун дучоршаванда аст,ки майл ба пулпарасти на аз тарики чанг, савдогари ё мочарочуйи, балки аз рохимехнати сангин, ташкили аклонии истехсолот кобили кабул дониста мешавад. Яънеистехсолоти сормоядори чунин шакли истехсолотест, Ки расидан ба хадди аксарисуду фоида аз тарики созмондихии аклонии тавлид хадафи асосияш аст. Албаттаистилохи «хадди аксари суд» хам истилохи комилан дуруст нест, зеро омилипешбарандаи сармоядори на хадди аксари фоида, балки он сайъи беохир дар рохиафзоиш додани сармоя аст. Хар точир хамеша табиатан моил аст дар хар муомилаианчомдодааш хадди аксари фоидаи мумкинро ба даст орад. Вале сармоядор он аст,Ки барои таъмини талаботи судчуйи хеш хадду марзро намедонад, балки хамвора азмаксади болобарии сармояаш пайрави мекунад. Дар мавриди афзоиши истехсолот низчунин аст.

Вале ба акидаи Вебер майли судчуйи, микдоризиёди пул доштан ба худи худ хеч алокае бо ташаккули сармоядори надорад.Пешхизматхои тарабхонахо, устодон, коргарон, порагирхо ва хама чунин майл доранд, аммо онхо робитаи камтаринбо рухи сармоядори доранд, зеро сармоядори дар навбати худ фурунишони, тасаллутбар нафсро дар ин маврид пеш мегузорад. Муродифи сармоядори чустучуи боздихи, даромадноки(рентабильность) аст ва пайрави намудан аз ин максад мухтавоимавчудияти онро ташкил медихад. Дар чомеае, Ки тамоми иктисоди он тобеъираванда сармоядори аст агар хадафи боздихи мадди назари як корхонаи истехсоликарор надошта бошад он махкум ба шикаст ва нобуди аст.

Дар зухури хочагидории сармоядори Вебер якчандпадидаи дар гузашта номаълум, аз чумла чудойии маскан аз коргох ё ин Ки бунгохитавлиди, хисобдории аклони, бюрократия(девонсолори) ва гайраро кайд мекунад ванакши онхоро дар ин раванд муфассал мавриди барраси карор медихад. Харчанднамунаи баъзе аз ин падидахо дар заминаи тамаддунхои дигар низ ба чашм расандхам, вале Вебер мухтавои онхоро бомухтавои кунинияшон яксон намебинад. Ба акидаи у ин падидахо дар заминаитамаддуни гарби бо чараёни сомондихии аклонии кор омезиш ёфта, шеваи чадиди хочагидориисармоядориро тахким бахшиданд.

Шархи Вебер аз мохияти хочагии сармоядори бавучуди фаркиятхо як андоза наздики бо таълимоти К. Маркс низ дорад. Авваланхарду чонибдори чунин акидаанд, Ки мохияти сармоядори алокаманди чустучуи судаз тарики бозор Буда, вучуди коргарони озод аз лихози хукуки дар бозори кор, Кинеруи худро ба сохибони воситахои тавлид ичора медиханд, омили мухими инкишофион аст. Фаркияти акидаи Вебер аз Маркс дар он зохир мешавад, Ки у ташаккулихочагидории сармоядориро пурра ба мансубияти воситахои тавлиди алокаманднамехисобад. Балки дар ин маврид мартабаи омили мазхабиро низ хеле мухиммехисобад ва инро дар мисоли алокамандии ахлоки мазхаби, бахусус мазхабипротестанти, бо рухи хочагидории сармоядори нишон медихад. Дар ин маврид усуоле пеш мегузорад, Ки барои чи ахлоки мазхабии дигар динхо имкони эчодишароити ичтимоии рушди як навъи монандбо сармоядории гарбро дар худ дошта натавонистанд. Яъне харчанд бисёре азнамунахои сармоядори дар тамаддунхои гайригарби хам вучуд доштанд ва алхол низдоранд, аммо вучуди хоси сармоядории гарбии устувор руи талкини судчуйии беохиртавассути ташкили аклонии кор ва истехсолот тавонист танхо дар сархадотитавсиаи тамаддуни гарби пайдо шавад.

Хамин тавр назари М. Вебер пешрафти хочагиисармоядории муосир бо ахлоки протестанти робитаи ногустастани дорад. Инровобаста ба он медонад, Ки рухи баъзе аз равияхои мазхаби протестанти дар худталаботи инкищофи хочагидориии сармоядориро тачассум мекунанд.Яъне дар онхо якчахонбинии муайяне аз як тараф ва сабки Хосе аз фаъолияти иктисоди аз суи дигарбо хам пайванди муайяне доранд. У бо иктибос аз таълимоти Калвин, пешвои яке азчараёнхои маъруф дар мазхаби протестанти мохияти ин гунна робитаи ногустанииахлоки протестантиро бо рухияи сармоядории навин чунин хулоса мекунад:

– як худои мутлак вучуд дорад, Ки чахонроофарида ва бар он хукмфармост, аммо зехни махдуди одамият кодир ба дарки инхудо нест;

– ин худо кисмати хар яки Моро таъинкардааст ва кушиши мо барои тагири хукмихудованд бебарор аст;

– инсон новобаста аз чигунагии кисматитаъиншудааш дар хар холл вазифадор аст барои ба худ моил сохтани тараххумиофаридгор содикона кор кунад ва дар онДуне аз он бахравар шавад.

Макс Вебер таъкид мекунад, Ки хамаи инрахнамоихои ахлоки ба сурати пароканда дар заминаи соири тамаддунхо, мазхабхониз вомехуранд, вале талкини мачмуаи ин аносир барои ба рох андохтани фаъолиятимехнатии одамон бори аввал махз дар мазхаби протестанти ба чашм мерасад. Тибкион дар ин чахони пургунох муъмин бояд умри худро дар рохи кори худо сарф кунад.

Ин омузиши худро Вебер баъдан дар силсилаиасархои марбат ба чомеашиносии динияш идома медихад. Хини омушизи масоилифавкуззикр дар заминаи динхои чинои, хинди, яхуди в.г. у назди худ кушиши пайдокардани чавоб ба ду саволро мегузорад:

Оё чизе муодили зухди дунёи, Ки ахлокипротестанти тачассуми он аст, дар тамаддуни дигаре чуз тамаддуни гарби ёфтмешавад? Ба ибораи дигар таъбири дини аз чахон Ки сарчашмаи рафтори иктисодиимуайяне, ки монанд бо рафтори аз чониби мазхаби протестанти дар гарбтаблигшаванда бошад, оё дар заминаи тамаддунхои дигар низ вомехурад ё не? Хиничавоб ба ин суолхо у хамоно таъкид мекунад, баъзе аз падидахои ахлокии барафтори иктисоди сармоядори мусоидаткунанда дар заминаи мазхабхои дигар низ ба чашм мерасанд, аммо онхо ба шаклиравшану возех танхо дар тамаддуни гарби имконпазир гаштанд. Бинобар хамин хамнизоми иктисоди сармоядори дар хеч чойи дигар чуз дар гарб тавсиа наёфтааст.

Асари дигари бузургхачми Макс Вебер «Иктисод вачомеа» ном дорад. Он як рисолаи умумии чомеашиносие аст, ки дар он чомеашиносиииктисоди, хукуки, сиёси ва чомеашиносии мазхаби хар кадом ба навбаи худ вахамзамон бо хам баст ёфтаанд. Мавзуи ин китоб тахлили вижагии хочагидории дарзаминаи тамаддунхои гуногун пайдошаванда аст. Ба ин хотир дар ин китоб анкарибаз хамаи тамаддунхо ба унвони мисол ё барои исботи фикр тахлили ичтимоиирафтори хочагидори сурат гирифтааст. Хадафи ин асар аз он иборат аст, Кимохияти падидахои иктисоди, сиёси, хукуки ва гайраро рушан кунад ва хамаро даряк дастгохи мафхумии ягона чо дихад. Муаллиф мехохад аз тарики мукоисаитамаддуни хочагидории гарби бо дигар тамаддунхо асолату пештозии онро дарпешбурди хочагидории сармоядори нишон дихад.

Махз дар хамин рисола Вебер чомеашиносирохамчун илми куниши, хамкории ичтимои(социальное взаимодействие, Action sociale) арзёбимекунад. Хадафи чомеашиноси ин аст, ки бо тафсири куниши ичтимои ва шархихусусияти чараёни он аз лихози ичтимои ба дарки ин навъ кунишхо бирасад. Дар инзамина Вебер на хама гунна рафтори одамонро ичтимои арзёби мекунад ва рафторхангоме ичтимои махсуб мешавад, агарзимни маъное, ки аз он фоил мепазирад, он бо рафторхои дигар ашхос робита доштабошад. Бинобар хамин хам у гушанишинию зухдпарастиро рафтори ичтимоинамехисобад. Рафтори устод дар синфхона рафтори ичтимои аст, зеро кундии баёниу марбути амали донишчуён аст, Ки мехоханд суханхою натичагирихои дар тахтанавиштаи уро барои худ ёддошт кунанд. Агар у ба танхои босуръат барои худашхарф мезад ва мухотабе, сомеъе надошт дар он сурат он куниши ичтимои набуд,зеро гуфтори у тахти таъсири рафтори хеч шунавандае карор надошт.

Куниши ичтимои ба сурати муносиботи ичтимоисозмон меёбад. Муносиботи ичтимои хангоме ташкил меёбад, Ки чандин субъектикуниш бо хам амал мекунанд ва маънои кунишхои хар як алокаманди якдигар аст банавъе Ки хар як куниши мутакобил тахти таъсири дигаре карор мегирад. Устод вадонишчу бо хам дар навъе аз муносиботи ичтимои карор доранд. Холати донишчутахти таъсири устод ва холати устод тахти тахти таъсири донишчу аст. Хамин таврбо таваччух ба ин Ки рафторхои чандин субъекти куниш(взаимодействие-хамкориимуштарак) ба таври муназзам хар як тахти таъсири дигаре сурат мегирад пас ба иннатича мерасем, ки ин навъ бонизоми ноши аз вучуди омили таъйинкунадае боядбошад. Ин омили таъйинкунандаи рафтори бонизоми субъектхои амали ичтимоироВебер одат ва дар сурати тулони такрор ёфтанаш онро русум ном мебарад. Дар инмаврид у истилохи Eingeleitet –роистифода мебарад ва максад аз он ин аст, ки одат ба як чузъи зиндаги табдилёфтааст. Он навъи рафторе ки аз лихози кадимату такороршавии пайвастааш башеваи чудонашавандаи амали инсон табдил ёфтааст Вебер анъана меномад.

Макс Вебер дар заминаи тафсири мафхуми кунишиичтимои боз чандин мафхуми калидии дигари чомеашиносиро ба миён мекашад.Мухимтаринионхо иборатанд аз – шанси ичтимои, машруъияти ичтимои, кудрат, набард вагайра. Зимни шархи мухтавои мафхуми «шанси ичтимои» у мефармояд, Ки чараёни муназзами куниши ичтимои амре мутлак вахатми нест.Масалан, дар одати роичи донишгохи маъмул аст, Ки шогирдон хангомисухангуйии устод хаёхуй накунанд ва пас ин шанс вучуд дорад, Ки суханронииустод дар сукути донишчуён баргузор шавад, аммо ин шанс маънои якин, хатми будани риояи ин коидаро надорад. Хатто дардонишгохи чиддитарине, Ки донишчуёни он маъмулан бо сукунат ба сухани устод гушмекунанд, имконияти ин Ки тайи як соат риштаи Сухан дар дасти устод бошадусадое аз ягон кунчи синфхона нахезад боварнакардани аст. Танхо чизе Ки имконпазир аст ин аст, Ки шанси Каму беш мухиме вучуд дорадКи суханони устод ба таври кули нисбатан дар холати риояи хомуши иброз шавад.

Пешниходи соири мафхумхои фавкуззикр низ бадунболи шархи мухтавои робитаи муназзами чараёни хамкорихои муштараки ичтимои,яъне куши ичтимои меояд. Ба акидаи Вебер муназзамии робитахои ичтимои мумкинаст факат натичаи одате тулони бошад, вале голибан авомили мукаммале хам дар ондахолат доранд, Ки иборатанд аз карордод, шартнома ва хукук. Раванди легетими,машруъ вакте карордоди аст, Ки тахаллуф, сарпечи аз он бо мухолифати дастчамъиру ба ру шавад. Ва хангоме хукуки аст, Ки тахаллуф аз он боиси раво диданиистифодаи зури нисбати афроди дахлдор гардад. М. Вебер пас аз тахлили ин мавзуъба шархи мафхуми «набард» мегузарад. Ба миён омадани ин мафхум марбут ба онаст, Ки у акидаи баъзе ах чомеашиносонро оиди руи хамоханги баркарор буданичомеахои инсониро кабул надошт. Огюст Конт таъкид мекард, Ки чомеахо факат аззиндагон ташкил наёфтаанд, балки ба хамон андоза аз мурдагон низ дар ташкилихуд таъсир мепазиранд. Аз назари М. Вебер сохтмони чомеахо факат аз хамирмояитавофук нест, балки аз ихтилофоту муборизот низ хаст. Набард, мубориза якробитаи ичтимоии бунёди дар сохтмон ва рушди чомеа аст. Хамин тавр дар нихоятиэчоди мафхумхои бунёдии китоби мазкур Вебер ба тахлили заминахои пайдоиши гуруххоиичтимои мепардозад. Ба акидаи у анчоми раванди ба хам омадани куниши ичтимоииафрод ба эчоди чомеа ва ё чамоат мусоидат мекунад.Фарки ин ду равандро –ташкили чомеа ва чамоат – у чунин шарх медихад. Раванди якпорчашавии хамкорииичтимоии одамон хамон вакт ба ташкили чамоат оаварда мерасонад, Ки бунёдиташкили гурух эхсоси тааллуки хамагон ба гурух бошад ва он руи тасдики, исботиэхсосот карор дошта бошад. Раванди мазкур хангоме ба ташкили чомеа меанчомад,Ки агар дарки манфиатхо субъектхои хамкории ичтимоиро бо хам муттахид созад.Баъдан руи истифодаи ин мафхумхо Вебер андешаронии худро оиди сиёсат, иктисод,ниходхои ичтимои ва гайра идома медихад.

Аз шахсиятхои дигари маъруфи илми чомеъашиносиин мутаффакири фаронсави Эмил Дюркгейм (1958-1917) мебошад. Дар фаркият аз М.Вебер сарсупурдагии хамагони он боз коидаву меъёрхои умумие медонад, ки онхо«Шуури коллективи»-ро ташкил медиханд. Яъне пеш аз он, мачмуи амалхое вучуддоранд, ки он бояд ба хотири пойдории чомеъа аз онхо пайрави созад.

Э. Дюркгеймдар оилаи раввини яхуди таваллуд шудааст. Падараш дар айёми хурдсолии у аз оламмегузарад. Аввалан дар коллечи зодгохаш Эпинол тахсил мекунад. Дар поениитахсилоти мутавассит чоизаи мусобикоти умумиро мегирад.Баъдан барои тахсил ба Порис меояд ва тахсилашро дардонишгох идома медихад. Сипас у ба Олмон барои аз Вундт гирифтани таълими улумиичтимои сафар мекунад. Баъди баргашт аз сафар дар «Мачаллаи фалсафи» якчандмаколаро ба табъ мерасонад ва бо дархости вазорати маориф ба тадриси илмичомеашиноси огоз мекунад. Соли 1893 рисолаи докторияшро дар мавзуи « Таксимикори ичтимои» дифоъ мекунад.

Китоби«Таксими ичтимоии кор» нахустин асари бузургхачми уст. Мавзуи ин асар тахлили вижагихои сурат гирифтанимуносиботи инсон бо чомеа аст. Яъне чи гунна мачмуае аз афрод метавонандчомеаеро ташкил диханд? Дюркгейм барои посух додан ба ин суоли вокеан бунёди душакли хамбастагиро аз якдигар фарк мегузорад – хамбастагии механики ваорганики. Хамбастагии механики Аслан тавассути омили хаммонандии сифати гуруххоиичтимои пайдо мешавад ва бинобар хамин хам онро Дюркгейм яке аз аломатхоиасосии чомеаи тавсиъанаёфта, ори аз ташкили мураккаби таксими иктисодии кормехисобад. Дар сурати бартарияти ин шакли хамбастаги аъзоёни гуруххои ичтимоиаз якдигар хеле кам ин мекунанд. Онхоаъзои як ичтимоъи вохиди ба хам монанд ва дорои эхсосоти вохиде мебошанд, Кионхо дар заминаи арзишхои умуми пайдо мешаванд. Ин гуна чомеа алхол ботамойизи(диференсиатсия) ичтимои ошно нест.

Дарфаркият аз хамбастагии фавкуззикр хамбастагии органики Аслан руи тамойизи амикиичтимои вучуд дорад ва афрод бо якдигар хаммонанд нестанд. Ин ду шаклихамбастагии ичтимоиро Дюркгейм омили руи кор омадани ду шакли чомеа, яънесегментари(гайримутамойиз) ва мутамойизшуда, диференсиатсияшуда. Сегмент ё китоъдар корбурди истилохии Дюркгейм як гурухи ичтимоие аст, Ки афроди он бо хампайвандхои наздик доранд. Аммо сегмент ё китоъ хамчун гурухи махаллии мушаххасинисбатан чудо аз дигар гуруххо ва дорои зиндагии хоси хеш аст. Сегмент гурухихудбасанда аст ва бо хорич чандон иртиботе надорад. Ба акидаи у дар баъземаврид ин навъ гуруххо хатто дар чомеахои аз лихози таксими мураккаби иктисодиикор тавсиъаёфта низ дучор меояд. Инро дар мисоли чомеа муосири инглис нишонмедихад.

Хаминтавр, хадафи Дюркгейм аз тахлили хусусиятхои хамбастаги дар чомеахои мухталиф ин нишон додани равандимураккабшавии таксими кор бо мурури боло рафтани тамоизи умуми дар чомеахо аст.Яъне маншаъи ин гунна тамойизпазирии ичтимоиро дар азхампошидагии хамбастагиисегментари, сохтаги мебинад.

Баъдандар хошияи тахлили ин мавзуъ Дюркгейм таваччухашро ба тахлили мавзуи вичдоничамъи равона месозад.Ба акидаи у вичдони чамъи иборат аст аз «мачмуъи бовархоюэхсосоти муштарак дар байни аъзоёни чомеахо». Ва дар асоси онхо дастгохимуайяни ичтимоие ба вучуд меояд, Ки «дорои хаёти мустакили худ аст». Онпайваста хамчун конун дар холи тахаввул аст ва он тачассуми холиси вичдонхоифарди нест. Чигунагии густариш ва неруи вичдони чамъи ба тафовути чомеаховобастаги дорад. Дар чомеахое, Ки дар онхо бештар бартарияти хамбастагиимеханики мушохида мешавад, дар онхо вичдони чамъи бузургтарин бахши вичдонхоифардиро дарбар мегирад. Дар чомеахое, Китамойизи(диференсиатсияи) байни афрод эиёд мушохида мешавад, хар касс дармавриди дилхохи худ фикр ва амал кардан озод аст. Баръакс дар чавомеъи дороихамбастагии механики мухимтарин бахши хастии фард тобеъи фармонумамнуъиятхои(санксияхо) ичтимои аст. Хаар кадар вичдони ичтимои кавитар бошадхамон кадар хашми одамон нисбати чурму поймолкунии меъёрхои рафтори ичтимоизиёдтар аст ва дар ин замина махкумшавии афрод вобаста ба файсалаи дастачамъиаст. Баръакс дар чомеае, Ки дар он хамбастагии органики хоким аст, доираи амаливичдони ичтимои махдудтар аст ва махкумшавии афрод вобаста ба чурмашонтавассути конуну шартномахои расми сурат мегирад.

Дюргеймаз казоватхои фавкуззикраш баъдан фикреро хулоса мекунад, Ки тамоми умр аз онпайрави менамояд ва он чунин аст: фард аз чомеа зойида мешавад ва на чомеа азфард. Ин фикр ба табдилнопазир будани умумияти ичтимои ба хосили чамъи унсурхоихуд ишора мекунад.

Дармавриди баррасии масъалаи таксими ичтимоии кор Дюркгейм боз ба як масъалаиумдаи методологии сотсиологи, яъне зарурати чустучуи миёнбари кайфияти объектиомузиш, Ки Аслан нисбат ба он хоричи аст, таваччух менамояд. Яъне тавассутипайдо кардани чунин мазохири берунии кайфияти объекти омузишро тачассумкунандадарки он осон мегардад. Дар мавриди таксими ичтимоии кор ба сифати чунинмазохир, намуди хоричи намудхои таърихии хукукро кабул кардан мумкин аст, эеротаърихи ташаккули онхо тачассумгари тахаввули таксими ичтимоии кор дар чомеахоимухталиф аст. Яъне аз бисёр чихат хусусияти таксими корро дар ин ва ё он чомеашаклхои роичи меъёрхои хукуки возехтар тачассум менамоянд.

Вобастаба казовати фавкуззикр Дюркгейм навхои маъмули таърихии хукукро дар инкишофичомеаи инсони ба ду гурух чудо менамояд – хукуки танбехи ва хукуки тармими ётаъовуни. Хукуки танбехи махсули бартарияти вичдони чамъи дар чомеаи дороихамбастагии механики аст. Дар ин маврид хамаи он рафторхое, ки бо меъёрхоиписандидаи вичдони чамъи мувофик нест хамчун чурм дониста мешавад ва микдоританбеххо хам дар ин маврид хеле зиёд мегардад. Дар ин замина Дюркгейм сайъмекунад ба чурм таърифи сотсиологи дихад ва мухтавояш ба он нигаронида шудааст,ки танхо дарбаргирандаи он чизе ки онро вичдони чамъи мамнуъ мехисобад нест.Балки чурм факат аз хорич, аз киболи ахволи вичдони чомеаи мавриди бахс таърифмешавад. Яъне мучрим касест, ки дар як чомеаи муайян аз кавоиди мадании ончомеа сарпечи карда аст. Аз ин лихоз Сукрот шоистаи он буд, ки мучрим шумурдашавад, харчанд ин аз руи арзёбихои чомеахои муосир гайриодилона менамояд. Пасаз чунин тафсири мухтавои чурм Дюркгейм инчунин баёни шархи сотсиологии чазо,кайфарро низ бамавкеъ мехисобад. У дарки маъмули чазоро, ки гуё хадафаш танхо чилавгири аз такрори чурм аст, радмекунад ва чонибдори зарурати фаротар азмарзи тарсондану монеъ шудани афрод аз такрори гунох, чиноят бурдани фахмишимухтавои ин падида мебошад. Яъне у кайфарро тачассуми майли касосгирии вичдоничамъи аз афроди меъёрхои эътирофшудаи рафтори чамъиятиро поймолкунанда медонад.

Дархукуки тармими сухан бар сари танбех кардан нест, балки хадаф иборат аст азбаргардони раванди ходисот бар мадори адолат. Хадафи он аслан иборат аз эчодихисси коллективи миёни одамон аст. Хукуки идори, тичорати аз навъи хукукитармими ба хисоб мераванд. Ин шакли хукук тачассумгари он аст, ки бинои чомеаичадид асосан бар карордод, яъне бар мувофикатхое аст, ки афрод байни худмебанданд.

Масъалаидигаре ки Дюркгейм дар ин замина кушиши чавоб чустан ба он менамояд ин марбутба он аст, ки то чи андоза бо мурури инкишофи чомеа хушбахтии инсон низ рушдмекунад. Бояд гуфт, ки чавоби у ба ин савол на дар хама маврид мусби аст.Уменависад, ки бехтарин далели он ки хушбахтии инсон хамрох бо тараккии чомеаичадид афзойиш намеёбад, фаровонии ходисахои худкуши дар онхо аст. Ва ишорамекунад, ки худкуши дар чомеахои муосир аз чомеахои пештара дида бештар ба чашммерасад. Аммо чун далели оморие аз худкушихои чомеахои пештара дар даст надоремдар ин нукта наметавонем якин дошта бошем. Ин масъаларо Дюркгейм дар асаримашхураш тахти унвони «Худкуши» хеле чолибу боварибахш мавриди тахлил карормедихад. Мундаричаи ин асар бо мавзуи таксимии ичтимоии кор робитаиногусасатани дорад, зеро хини ташрехи падидахои мусбати ба дунболи худ доштаиин раванд у хамчунин аз падидахои беморгуне, ки он ба хаёти ичтимоии мардумворид менамояд, ёдовар мешавад. Яке аз чунин падидаи беморгунро худкушименомад. Инро дар бахши охирини китоби « Таксими ичтимоии кор» хеле чолибуназаррас баён намудааст. Дар он чо Дюркгейм аз нобасомони(аномия), яъне фукдонё азхампошидагии арзишхои танзимкунандаи рафтори афрод сухан мегуяд ва инмафхумро дар баррасии мухтавои падидаи худкушии васеъ истифода мебарад.

Инмасъаларо Дюркгейм дар чомеахои чадид дар заминаи мавзуи болоравии мушкилотвобаста ба татбики робитаи афрод бо гуруххои ичтимои мариди барраси карормедихад. Ин дар чомеахои пештара хеле кам мушохида мешуд, зеро дар онхо афродва гуруххои ичтимои фикри ба дурустии меъёрхои кабулгаштаи рафтори ичтимоишубха карданро дар сар намепарвариданд ва аз онхо пайваста пайрави менамуданд.Фард дар ин маврид бо гурух алокаи махрамона дошт ва ба хотири чустучуипуштибони аз он дар зиндагияш самти рафторашро тибки файсалаи вичдони чамъи, таъовуниба рох монад. Вале дар чомеа муосир фард пайваста эхтиёчи огохи пайдо карданрооиди мухтавои карордодхои ичтимои хис мекунад ва ин аксар маврид монеъиккуркурона пайрави карданаш аз хар навъи фармонхои ичтимои мегардад. Аммоболоравии ин гуна фардиятгарои, ки аслан ба худии худ падидаи бад нест,мушкилоту хатархоеро низ ба дунбол дорад, зеро фард мумкин аст аз чомеаталаботе дошта бро ба ошад, ки чомеа имконияти таъмини онро надошта бошад. Рохикам кардани шиддати чунин мушкилотро Дюркгейм дар ташкили созмону ниходхо вагуруххои касби мебинад.

Дюркгеймбо эътирофи падидаи худкуши хамчун падидаи беморгуни ичтимои кушиши тахтиавомили ичтимои карор додани зухури онро ба харч медихад. Бинобар хамин хамхудкуши иборат аст аз « аз хар навъ марге ки натичаи мустаким ё номустакимикирдори худи курбониест, ки аз амали худ огох буда, медонистааст, ки мебоист бахамин натича бирасад». Дар мавриди тахлили омилхои мусоидаткунанда ба гаирёбиимизони худкушихо ва авхолу авзои ичтимои фарду чомеа Дюркгейм кушиш мекунадалокамандиро баркарор кунад. Яъне авомили ба худкуши даст задани одамон танхоавомили равони, рухи нест, балки онхо хусусияти ичтимои доранд. Барои исботи инказоват у мизони худкуширо дар байни чамъиятхои гуногун барраси карда, сайъисобит кардани онро ба харч медихад. Масалан вай зимни тахлили рафтори пайравонимазхабхои гуногун ба чунин хулоса меояд, ки таносуби беморихои рухи дар байнияхудихо бисёр болост, вале теъдоди худкушихо дар байни онхо хеле кам ба чашммерасад. Хамчунин у худкуширо хамчун навъе аз таклид, ки онро Тард чонибдоримекард, дар чомеаи муосир рад мекунад.Барои тасдики фикри худ Дюркгейм бо такя аз маълумотхои омори худкушихои н басе навъ чудо мекунад: худкушии худпарастона(егоисти), худкушиидигардустона(алтруисти) ва худкушии ноши аз нобасомонихои ичтимои(аномия).

Дюркгеймбарои нишон додани заминахои ичтимоии падидаи худкуши онро дар алокаманди босинну сол, вазъи оилави, гиройишии мазхабии афрод муфассал тахлил менамояд ватаъкид мекунад, ки мизони худкуши вобаста ба ин аломатхои демографи пайвастадар холи тагйир аст. Масалан хар кадар синну соли афрод боло равад хамон кадармизони худкуши миёни онхо меафзояд. Ин холат вобаста ба чинси афрод низ ба чашммерасад. Худкуши дар байни мардон бештар нисбат ба занон бештар мушохида мешавад.Мизони зухури ин падида бо омили мазхаби низ вобастагии кави дорад ва Дюркгеймбо такя аз маълумотхои омори нишон медихад, ки худкуши дар байни протестантхонисбат ба католикхо бештар аст. Робитаи худкуширо дар алока бо мансубияти чинсива вазъи оилавии афрод хам у хеле чолиб нишон медихад. Масалан агар ин падидадар байни занону мардони оиладор камтар мушохида шавад, пас дар мавриди мардонузанони бева инро гуфтан душвор аст.

Хаминтавр, тибки акидаи Дюркгейм вобаста ба гурухбандии фавкуззикри худкушихо инпадида аксар маврид ду навъи одамонро туъмаи худ мекунад: онхоеро, ки беш азхадди лозим аз гуруххои ичтимои фосила гирифтаанд ва касонеро, ки бар

1.18K
Нет комментариев. Ваш будет первым!