Муносибат ва алокахои ичтимои

Чуноне, ки мо дар бахсхои кабли ёдовар шудем, чомеъаруи баркарории муносибату алокахои ичтимоии одамон суббот дорад. Пас саволе бамиён меояд, ки одамон чи тавр ба доираи ин муносибату алокахо фаро гирифтамешаванд. Мусаллам аст, ки хеч инсон наметавонад зиндагии хешро бидуни инпадидахо ба рох монад ва бинобар хамин хам у барои таъмини ниёзу талаботи хешвориди муносибат бо афроду гуруххои ичтимои, муассисоту ташкилотхои мухталифмешавад. Яъне уро ба ин амал таъмини манфиатхояш водор месозад. Муносибатуалокахои инсон бо объектхои зикрёфта метавонад бевосита ва бавосита, фаъол вагайрифаъол сурат гирад. Вале дар хама маврид хадафи онхо аз дарёфту интихоби онобъектхое иборат аст, ки у дар онхо тачассуми арзишхову орзухоиинтизордоштаашро мебинад.

Алокахоиичтимои аз руи хадафу дурнамояшон ба сохахои алокахои манфиати ва мубодилотичудо мешаванд. Алокахои манфиати рушан аст, ки руи ягон ниёзу талаботбаркароранд ва хадафашон аз чустучуи объекти ба талаботаш чавобгуй иборат аст.Вале дар чомеъаи мо алокахои шахси аз манфиат бартарият доранд. Зеро хар якфард симои ичтимоии худро кушиш мекунад дар оинаи хавохохию сардруйииумумиятхои ичтимои бинад. Бинобар хамин хам у мекушад, рафтору амали фардияшробо меъёрхои гурухи хамоханг созад. Аммо бо мурури боло рафтани муносибатхоибозоргони дар чомеъаи мо низ алокахои манфиати чоннок мешаванд. Яъне фард пешаз хама вобаста ба он, ки то чи андоза, фарди дигар барои ба вокеъиятпайвастани манфиаташ мусоидат мекунад, бо у робита баркарор месозад.

Шакли алокахои мубодилоти бошад, руи табуддулитарафайни арзишхои муайян (ахборот, ашё, намунаи рафтор ва гайра) баркарорбуда, дар фаркият аз алокахои ичтимоию шахси, тулонию хамешаги нестанд. Агар,дар алокаи манфиатию шахси фард барои чалби таваччухи майли таъгири рафторашродар баъзе маврид ба харч дихад, пас ин баркарории алокахои мубодилоти бештар бачашм намерасад зеро, ки шакли алокаи ичтимои наметавонад аз доираи бархурдхоизудгузар фаро равад. Масалан, шахси хамеша аз магозаи махаллааш харидкунандаалокаашро бо фурушанда бидуни таваччух бо шахсияташ магар, табассуми сохтаюхарфпаронии касби ба рох мемонад.

Алокахои ичтимои барои омузиши макоми фард дарнизоми алокахои ичтимои статуси гурухияш ва вижагихои ролаш дар гурух ахамиятикалон доранд. Омузиши тамоюлоти алокахои ичтимои заминае барои дарки шевагихоимуносибати ичтимоианд.

Дар фаркият аз алокахои ичтимои муносибатиичтимои руи рафтори муносибати фардхои хамкорикунанда карор дорад дар сурате,ки баркарории алокахои ичтимои ори аз хадафи тагйири эшон аст. Бинобар хаминхам, муносибати ичтимои натичаи такмилу хусусияти хамешаги гирифтани алокахоиичтимои мебошад. Яъне хар фард пас аз баркарории робита ба аъзоёни гуруххоидигари ичтимои тадричан ба дарёфти созиши арзишхои пайравикунандаашон воридимуносибати мухталифи ичтимои мешаванд. Вижагии ин муносибатхо аз он бармеояд,ки арзишхои мазкур миёни аъзоёни гуруххои ичтимои нобаробар таксим шудааст.Вобаста ба ин нобаробари муносибатхои ичтимои хусусияти хукмронию тобеъиятидошта, рафокат, хамкорию ракобат пайдо мекунанд. Аз миёни ин муносибатмуносибати тобеъияту хокимият вобаста ба ахамияти хосаашон кобили омузиши алохида мебошад.

Тобеъияти (вобастагии) ичтимои чунин шаклимуносибатест, ки натичаи амали ичтимоии як фард марбут ба ягон хадаф аз амалимутакобилаю чавоби фарди дигар вобаста аст. Каблан, чунин вокеъ мешавад, кифард дар таъмини хадафаш нисбат ба гурухе дар вазъи вобастаги карор доштабошад, пас дар таъмини хадафи дигар аз вазъи хоким бархурдор аст. Хамеша боядсамти рафтори тобеъ барои системаи хоким равшан бошад. Аз ин ру озодии системаитобеъ дар интихоби самти рафтораш махдуд аст. Яъне тобеъият дар заминаи нигоришифард аз кумаки фарди дигар рох бароварда сохтани ягон талаботи у аст ва бароиба ин даст ёфтан, бояд самти рафтораш барои кумаккунанда муайян бошад. Масалан,агар давлате амали шудани ягон хадафашро вобастаи дастгирии давлати дигарбинад, пас у дар бисёр маврид зарурати хамохангсозии самти рафторашро боинтизории он эхсос мекунад, вагарна таъмини ин ниёзаш номумкин мегардад.

Тобеъияти ичтимоиро ба ду гурух таксиммекунанд: тобеъияти сохтори ва пушида ноайён. Тобеъияти сохтори, марбут бафаркияти зинаю мартабаю макомхо дар гурух аст, ки он бештар хоси фаъолиниташкилоту муомилот аст. Фарди дорои макоми паст дар тобеъияти фарди макомибаланддошта карор дорад. Тобеъияти пушида бошад, марбути фаркияти дастёби азарзишхо (хокимият, моликият, дониш ва гайра) аст, ки дар ин маврид маком –статус аз ахамият бархурдор аст.

Муносибати кудрати.

«Кудрат» яке аз он падидахои ичтимоиест, ки фаъолиятиинсон тули таърих дар рохи касби он вориди чандин чонбозихою фочеъахо гаштааст.Дар чомеъашиноси ба мафхуми мазкур чунин таъриф дода мешавад: Кудрат, ин яке азшаклхои махсуси муносибати ичтимоии дастхои миёни ду шахсест, ки яке тахти амридигаре карор дораду дар натичаи ин тобеъияти шахси кудратманд идораи манфиатихудро амали месозад.

Кудратро ба шакли кудрати сиёси, иктисоди,ичтимои ва маънавию ахбороти таксим мекунанд. Дар ин миён макоми кудрати сиёсичашмрас буда, аломатхои фарккунандааш инхоянд:

  1. Дар дастдоштани салохияти конунии истифодаи кувва ва воситахои дигари хукмрони дардоираи кишвар;
  2. Воллоиятихатми будани карорхои он барои чомеъа ва шаклхои дигари хокимият;
  3. Дороисалохияти бо кумаки хукуку конун аз номи чомеъа ба тамоми шахрвандон мурочиатба амал овардан;
  4. Якмаркази, яъне дорои маркази ягонаи кабули карор будан, ки онро аз шаклхоидигари хокимият (масалан, иктисоди), фарк мекунонанд;
  5. Гуногуниизахирахои дар ихтиёрдошта.

Хокимияти сиёси дар навбати худ ба хокимиятидавлати ва чамъияти таксим мешавад. Хокимияти сиёси дар чомеъа маъмулантавассути ниходхои сиёси (парламент, хукумат, органхои сиёси ва гайра) таъминкарда мешавад. Хокимияти чамъияти тавассути сохторхои хизби, ташкилотхоичамъияти, воситахои ахборот, афкори умум шакл мегирад.

Ахёнан, мундаричаи хокимиятро иборат аз низомибаркарории тобеъияту хукмрони иборат медонистанд, вале дар асри XX М. Вебер (чомеъашиноси олмони) ба мухтавои инмафхум маънои тозаеро ворид сохт. Дар ин маврид мухтавои кудрат на танхо иборатаз кобилияти хукмрони, балки мувофики паймон оиди назардошти манфиати онхоест,ки дар тобеъият карор доранд. Дар чомеъаи конуни хавзаи чунин паймонхотавассути таъсири афкори умум харчи васеътар шуда, боиси баркарории режимхоидемократ ва дастёбии афрод ба шукуфоию боигарии моддию маънави мешавад.

Дар силсилаи маротиба чузъхои кудратроташкилкунанда макоми субъекти хокимият назаррас аст. Ба хайси субъекти хокимиятфард метавонад ба ташкилоти умумияти ичтимои ва гайра махсуб шавад. Бароипиёдасозии муносибати субъект бояд дорои сифатхое чун иродаю хохишикудратталаби дошта бошад. Ба чуз аз ин у бояд дорои махорати кашфи таъбу завкитобеъан ва аз эътибору кобилияти зиёд бархурдор бошад, зеро хокимият ин хамешамуносибати тарфайни хоким тобеъ аст. Яъне бидуни он кудрат вучуд надорад.

Субъекти хокимият барои пиёдасозии муносибатхоикудрати дар фаъолияти хеш захирахои мухталифро мавриди истифода карор медихад.Захирахои кудрати гуфта, он воситахоеро дар назар дорад, ки онхо барои такмилихокимият хизмат мекунанд. Ба хайси захирахои хокимият муносибатхои иктисоди,ичтимои, хукуки, маъмури ва фарханги хизмат мекунанд. Аз ин миён захираииктисоди шарти асосии хокимияти сиёси аст. Захираи иктисоди марбути хачминохолиси махсулоти милли ба хар сари ахоли захирахои мухити табии, захираитилло, дарачаи харби арзи милли, дарачаи татбики дастовардхои техники даристехсолот аст. Захираи ичтимои, ки он гуруххои кишрхои ичтимои мебошанд, кихокимият ба он такя мекунад. Таркиби мушахасси онхоро сохти ичтимоии кишвармуайян месозад. Хамзамон гуруху кишрхое хастанд, ки пайванди вазъи тобеъ ва ёмиёнаравро доранд. Захирахои ичтимои хамчунин мачмуи он чорабинихоест, ки батаъгири макоми гуруху кишрхои ичтимои ва чоннок сохтани фаъолмандии онхонигаронида шудааст. Хокимияте, ки дар ——- дар тависяи бунёди ичтимоии худкарор дорад, кушиши бепоёне дар рохи таъмини манофеъи дохил шудан дорад.Захирахои ичтимои ахёнанд —- бо захирахои иктисоди хастанд. Масалан, даромадубоигари дар баробари он, ки захирахои иктисодианд, хамчунин захирахои ичтимоиниз ба шумор мераванд, вале захирахои ичтимои гайр аз ин чунин иншонахоро чунвазифа, маълумот, таъмини ичтимои ва гайраро низ дар бар мегирад.

Захирахои хукуки ин мачмуи он конунхоест, кидар асоси он хокимият шакл гирифтаанд ва онхо дар фаъолияти амалияашон истифодамешаванд. Ба ин хар гуна фармону карорхо дохил мешаванд. Захирахои маъмурибошанд, иборат аз мачмуи он ташкилотхои хокимиятианд, ки ичрои манфиатбахшумаксадноки фаъолияти хокимиятро таъмин месозанд.

579
Нет комментариев. Ваш будет первым!