Интихоби систематики

Интихоби систематики миёни мухаккикон дар баробари интихоби тахминиисода ва хатто дар бисёр маврид аз он хамбештар хеле маъмул аст. Онро одатан интихоби механики хам ном мебаранд ва шаклиоддишудаи интихоби тахмини ба шумор меравад. Интихоби хучрахои хонахоибисёрошёна ба ин мисол шуда метавонад. Хучрахо аз руи накшаи муайян ( хучраиканорагии дасти чап дар ошёнаи охири даромадгохи аввал ва г.). Агар пурсандачадвали ракамхои тахминиро надошта бошад ва умумияти генерали на он кадар зиёдбошад дар он сурат руйхати истифода мебаранд. Тартиби ичрои ин амал он кадар мушкил нест: масалан агар шумораивохиди умумияти генерали аз 2000 нафар корманди ягон корхона бошад, пас дар инмаврид аз руи зарурати интихоби 200 корманд барои пурсиш руйхати дар шуъбаикадрхо мавчударо истифода мебаранд. Дар ин маврид умумияти генералиро бо вохиди интихобшаванда такисим намуда,кадами интихобро ( шаг выборки) муайян менамоянд. Вобаста ба натичаи бадастомада хар нафари дахуми дар руйхат чойдоштаро мо имкони барои пурсишинтихоб карданро пайдо мекунем. Ин амалро тавассути формулаи математики чунинишора мекунан:

K= N

n

ки дар ин чо к= кадами интихоби, N= шумораи умумияти генерали, n= вохиди умумияти интихоби аст.

Хамин тавр, барои ташкили чунин интихобномадакик муайян кардани «кадами интихоб» ё ин ки «интервали чахиш» хамчуннишондихандаи математикии барои таъминитаносуби умумияти генерали ва умумияти интихоби пешбинишуда хеле мухим аст. Он нишон медихад, ки мо читавр шумораи дар руйхати одамон чойдоштаро метавонем аз умумияти генерали баумумияти интихоби гузаронем. Вобаста баин мисоли дигарро овардан хело бамаврид аст. Фарз мекунем, Ки барои моинтихобномаи иборат аз 100 нафарро аз хисоби 5000 одам тартиб додан зарур аст,Дар сурати истифодаи интихоби систематики аввалан мо бояд фосилаи интихобибайни элементхои умумиро тавассути таксими он бо шумораи лозима ичро намоем.Яъне 5000 –ро бо 100 таксим намуда интервали чахишро 50 меёбем. Хамин тавр моимконият пайдо мекунем, Ки хар кадом пачохумин нафарро хамчун респондентинтихоб намоем. Вале интихоби нуктаи сархисоб тахмини сурат мегирад ва хатминест, Ки он аз аввал огоз ёбад. Масалан агар тасодуфан нуктуи сархисоб аз адади31 огоз ёбад, пас ба интихобнома нафароне ворид мешаванд, Ки тахти ракамхои 41,51, 61 ва г. карор доранд.

Дар охир кайд кардан зарур аст, Ки дар асоси интихоби систематики натартиби эхтимоли, балки фехристи алифбойи, картотекахо, чадвалхое, Кизхтимолияти ба интихобнома воридшавии хамаи вохидхои умумияти генералиро таъминменамоянд, гузошта шудааст.

Агар умумияти генерали калон бошад – ин дар тахкикотхои амали зиёд баназар мерасад – он вакт зарурияти таксими умумияти тахкикшаванда ба чузъхоиякхела ва баъдан чудо кардани вохидхоимуносиб пеш меояд. Чунин

шакли интихобро дар чомеашиносиинтихобнамоии нохиябандишуда ё ин Ки стратификатсияшуда ном мебаранд.Унвони мафхуми аввал ба таксими умумиятиинтихоби аз нигохи махали чугрофии зист ва мафхуми дуюм аз руи табака (чинс,синну сол, даромад в.г.) далолат менамояд. Дар тахкикотхои бозоршиноси ин усулхамсатх дониста мешаванд, вале ин тавр нест, зеро дар асл онхо зинахоимустакили ташкили интихобнома мебошанд. Яъне мухаккик бо муайянсозии вохидиинтихоб марбут ба ягон махал онро аз лихози хусусиятхои чинси, маълумот,даромад в.г. боз ба вохидхои хурдтар табакабанди менамояд. Бинобар хамин хамдар амалияи тахкикотхои байналхалки ин равишро танхо тахти унвони интихобномаистратификатсиони ном мебаранд ва хадаф аз чунин интихобнома фарохам оварданиимконияти якхела барои мариди тахкик карор гирифтани хамаи чузъхои умумиятигенерали аст. Дар забони инглиси маънои калимаи «стратификатсия» ба кабатхочудокуни, таксимкуни, чудокуни мебошад.Дар чомеашиноси калимаи мазкур азгеология, Ки барои ифодаи амудии ба кабатхо чудокунии кишри замин истифодабурда мешавад, иттихоз шудааст.Хаминтавринтихобномаи тасодуфии стратификатсиони ба интихоби хар як кабат, страта дар алохидаги асос ёфтааст. Ин сахехи натоич ва сарфаивакт, харочотро муяссар месозад. Масалан агар ба зимаи мо омузиши сатхикамбизоатии ахоли вогузор шуда бошад, аз кадами аввал мо тахмин карда метавонемин холат Аслан дар байни калонсолон, бекорон, оилахои серфарзанд в.г. зиёдтарба назар мерасад ва мо метавонем ихтиёран хар кадоме аз ин табакаро интихобнамоем. Вале тавассути ин амал мо натоичи сахех ба даст оварда наметавонем.Бинобар хамин хам бо истифода аз усули интихобномаи тасодуфии тахмини, вакте кибар хар як аъзои ин гурух имконияти якхелаи воридшави ба объекти омузиш додамешавад мо ба сахехияти натоичи тахкикоти ноил гардем. Хадафи хама гуннатабакабанди дар чараёни тартибдихии интихобнома ин баланд бардоштани аникиивохидхои интихобшаванда аст. Табакахо чунин берун оварда мешаванд, Ки парокандашавии (дисперсия) андозахоитагирёбанда дар дохили кабатхо нисбати байни хамдигарияшон камтар бошад. Дарчараёни ба табака чудокуни тагиротхои чузъии байни кабатхо баамалоянда бахатогии миёнаи интихобнома дохил намешаванд ва тавассути тартиби чудокуниитабакахо чуброн карда мешаванд. Аз ин ру чараёни ба табакахо чудонамоии реапондентхои пешбинишаванда нисбат баинтихоби тасодуфии содда бештар заминаи ба даст овардани маълумоти сахех фарохам месозад.

2.4.4. Интихобномаилонави

Ин тарзи ташкили интихобнома, ки дар чараёни онобъектхои чудокардашаванда на респондентхои алохида, балки гуруххоиминбаъд мавриди пурсиши пурра кароргиранда мебошанд. Масалан, аз 200 гуруххидонишчуён, ки хар кадомашон иборат аз 15 нафар мебошанд, мумкин аст дар асосиинтихобномаи тахмини 30 гурухх чудо шавад. Дар ин холат 450 бояд мавриди пурсишкарор гирад. Муътабарии интихоби лонавиро якхела будани хайъати гуруххо таъминкарда метавонанд. Ба сифати лона на танхо гурух инчунин махаллахо, нохияхо,кучахо в.г. баромада метавонанд. Ин тарзи ташкили интихобнома хеле камхарочот,нисбатан содда буда, сарфи вакти зиёдро талаб намекунад. Амалан ташкилиинтихобномаи мазкур чунин сурат мегирад: аввалан гуруххо ё лонаи чузъхо муайяншуда, руйхаташон тартиб дода мешавад. Танхо аз ин гуруххо баъдан чудо карданичузъхо сурат мегирад. Масалан барои назархохии ахолии шахр 1000 одам пешбинишудааст. Азбаски руйхати тамоми ахолии шахрро мо дар даст надорем, мо тавассутихарита махаллахои онро муайян менамоем. Руйхати мазкур колаби интихобномаро, киаз он тахминан ва ё бонизом интихоби махаллахо ба рох монда мешавад, ташкилхохад дод. Баъдан чудокунии бинохо ба хамин тартиб дар дохили махаллахо суратмегирад. Бо анчоми ин кор ба рох мондани алока бо хонаводахои бинохои чудошудава пурсиши ягон ахли ин хонавода пеш меистад. Агар тахминан 500 махалла мавчудбошад аз онхо ба шакли тасодуфи 25 махалла интихоб мегардад. Дар ин махаллахо4000 хонавода хаст. Алока бо чоряки онхо ба рох монда мешавад, чунки интихоби1000 респондент зарур аст ва ин адади хонавода ба шакли тахмини ё бонизоммуайян карда мешавад.

Методхои гайриэхтимолии ( гайритахмини ) ташкили интихобномахо

Интихобномаи гайриэхтимолиь- ин чунинтарзи интихоби чузъхоест, ки дар раванди он мо наметавонем пурра имкониятиворидшавии хар як элементро ба умумияти интихоби пешбини наметавонем ва инэътимоди моро ба муътабарии интихобнома то андозае махдуд месозад. Аз ин рубештари маврид дар пажухишхои сотсиологи ба методхои интихобнамоии эхтимолиафзалият дода мешавад, харчанд баъзан тибки талаботи тахкикот зарурияти пайравиаз интихобномаи гайритахмини низ пеш меояд.Новобаста аз чихатхои номбаршудаиманфияш интихобномаи гайриэхтимоли аз як катор арзишхо низ бархурдор аст. Ондар самти пурра, хаматарафа кушодани пахлухои сифатии объекти омухташавандаимкониятхои васеъро метавонад дар ихтиёри мухаккик вогузор намояд. Он тавассутиистифодаи методхои зерин амали мегардад: интихобнамоии номуташаккилона(стихияви), интихобнамоии хиссави(квотаги), лундаи барфи (снежный ком), махаллиасоси в.г.

Усули интихобнамоии чузъхо дар интихобномаи гайритахмини аз усулхоианъанавии пештар омухтаамон фарк мекунад, харчанд хадафи хар кадоме аз онхо бадаст овардани заминаи муътабари тачассуми умумияти генерали дар умумиятиинтихоби аст. Вале дар фаркият аз интихобнамоии эхтимоли дар мавридиинтихобнамоии гайриэхтимоли оиди к кулли объектхои омухташаванда хулосаи омори баровардан он кадар кобиликабул нест. Чунин хулосахо то андозае танхо нисбати умумияти генерали равобошад. Ду шакли умумии интихобнамоии гайритахминиро чудо менамоянд: а)чудокунии маслаки ё ин ки максаднок ва в) номуташаккилона. Мохияти чудокуниимаслаки аз он иборат аст, ки чузъхои интихобшаванда вобаста ба ягон тартибипештар муаяншуда ба рох монда мешавад. Шаклхои маъмули ин тарзи интихобнамои инметоди «лундаи барфи» ва методи интихоби хиссави мебошанд. Методи аввал чунинамали гашта метавонад: масалан, агар барои мо пурсиши 300 нафари ягон гурухлозим бошад, вале мо дар даст танхо нишонии дах нафари онхоро дошта бошем, пасчустучуи аъзоёни дигари гурухро метавонем тибки рохнамоии онхо ба рох монем.Агар хар яке аз дах нафари пурсидашуда иловатан нишонии боз ду нафари дигарроба хидмати мо гузорад ва онхо дар навбати худ боз нишонии ду нафарии дигаррохамин тавр мо дар зинаи панчуми пурсиш адади пешбинишудаи пурсидашавандахородастрас карда метавонем. Кайд кардан зарур аст, ки ин метод аслан дар мавридичустучуи коршиносон (экспертхо ), аъзоёни гуруххои камшумор – масаланистеъмолкунандагони ягон навъи махсулоти гаронкимат в.г. мавриди истифода карормегирад.

Методи хиссави ё ин ки квотаги яке азусулхои маъмули хини пурсишхои афкори умум истифодашаванда аст. Дар холатипешаки маълум будани маълумотхои омори оиди аломатхои санчишии чузъхои умумиятигенерали аз ин метод пайрави ба амалмеояд. Хама гуна маълумоти ба ин ва ё он аломати умумияти генерали марбутметавонад ба сифати квота кабул карда шавад. Дар ин холат респондентхомаксаднок аз руи ба бузургихо, параметрхо мувофик омаданашон интихоб кардамешаванд. Дар кадами аввал якчанд аломати ба вохидхои умумияти генералимансубро ба сифати бузурги, параметр кабул намуда, баъдан аз руи он интихобиреспондентхо сурат мегирад. Одатан ин гуна бузургихо, параметрхои квотахонабояд бештар чор аломат бошад, зеро дар сурати зиёд шуданашон чустучуи респондентхои ба онхо муносиб душвормегардад. Квотахоро хам вобаста ба параметрхои мустакил ва хам алокаманд муайян кардан мумкин аст. Намунаеро баррасимекунем, ки дар он таносуби умумияти генерали ва умумияти интихоби тавассути дуаломат, яъне тахассус ва маълумот таъмин карда мешавад. Чудокунии респондентховобаста ба ин аломатхо тавассути фоизхо ифода мешавад. Масалан агар бароипурсиш 200 нафар пешбини шуда бошад, пас хайъати он чунин ташкил дода мешавад,ки дар таносуби фоиз сохтори таксимшавии элементхои умумияти интихоби дар асосиду аломати муайянгашта бо сохтори элементхои умумияти генерали аз руи хамин дуаломат мутобикат намояд. Аломатхо, маълумотхои пешбинишаванда аслан хусусиятиичтимоию демографи доранд.Онхоро бо кумаки маълумотхои омории расми асоснокменамоянд.Бинобар омузиши пешакии онхо барои мухаккик зарур ва хатми аст. Вактеки дар ин асос интихобнома тайёр мегардад баъдан барои анкетёрхо варакахоирахнамо тартиб дода мешавад, ки дар онхо киро мавриди пурсиш карор додан увобаста ба аломатхои ичтимоию демографияшон нишон дода шудааст. Дар хама мавридбояд риояи таносуби аломатхои ба респондентхо марбути умумияти генерали ваумумияти интихоби мадди назар бошад. Одатан ташкили интихобномаи квотаги дарзинаи охири омодасозии дастгохи тахкикоти сурат мегирад ва он ба нохиябандиишудани респондентхо асос мегузорад. Акнун сотсиолог таваччухи худро ба чустучуиреспондентхои мувофик ба хусусиятхои демографии пешбинишуда равонамесозад. (таблитса).

Барои фахмотар шудани мохияти ин усули бунёдии тахкикоти сотсиологииовардани мисоли мушаххасро зарур мехисобем. Масалан дар ягон тахкикоти марбутба пурсиши афкори мардум оиди маъракаи интихоботи аз руи тафовути синну солашонпеш гузошта шудааст. Тахмин мешавад ки сохтори синнусолии ахолии минтакаи бароитахкикот пешбинишуда мумкин аст чунин бошад: таблитса) ст 112. н

Бо назардошти он ки баинтихобнома бояд нафарони на хурдтар аз 18-сола бояд ворид шаванд бинобар хаминхам мо ба сифати асоси интихобнома он кисми таблитсаро мегирем, ки дар он синнусоли ахоли аз 20- сола боло аст. Ч унки чудо кардани нафарони 18-19-сола дартаблитса гайрииимкон аст. Дар натича умумияти интихобии ба даст омадаро чунинтасвир кардан мумкин аст: таблитса ст. 113).Чуноне ки мебинем шумораи хар якгурухи синнусоли хам дар умумияти генерали ва хам дар умумияти интихоби аз руифоиз ба хам баробар аст.

Хамин тавр ташкили интихоби квотаги чузъи хатмии пажухишхои ичтимои аст,харчанд он нисбат ба интихоби эхтимоли дар натича фоизи хатогии бештареродорад. Дар амалия интихоби тахмини камтар татбик мешавад, зеро барои ташкили онмухаккик бояд руйхати респондентхои пешбинишавандаро дар ихтиёр дошта бошад,вале ин хама вакт муяссар намешавад.

332
Нет комментариев. Ваш будет первым!