Тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳаматарафа ва самаранокии давлат ва ҷомеъаи шаҳрванди танҳо дар вақти ташаккули системаи доимоамалкунандаи ҳокимияти давлати, ҳангоми амли яқҷояи мақомотҳои гуногуни давлати, ки ба се шоҳаи асоси таалуқ дорад: қонунгузор, иҷроия ва суди имконпазир аст.

Дар низоми тақсимоти ҳоқимият роли сарвариро мақомоти қонунгузори ҳокимият иҷро мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди дигар давлатҳо мақомоти ҳокимияти намояндаги ва қонунгузор амал мекунад. Мақомоти мазкур Маҷлиси Оли мебошад.

Ҳокимияти қонунгузори дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлати мавқеи хос дорад. Ин мавқеъ ба нақши ҳокимияти қонунгузор дар амали сохтани мақсаду вазифаҳои давлат вобаста аст. Ҳокимияти қонунгузори тибқи вазъи конститутсионии худ аз ҳама бештар ба халқ иртибот дошта, дар фаъолияти он иродаи халқ ба худ шакли расми ва амали ва мегирад. Санадҳои ҳуқуқии ҳокимияти қонунгузори иродаи халқро ба забони давлати ифода карда, ба он шакли олии ҳуқуқи медиҳад. Ҳарҷанд қонунҳо аз номи давлат тасвиб мешаванд, вале дар онҳо пеш аз ҳама бояд манфиати халқ ифода ёбад. Давлати демократии сиёсати худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт бояд ба манфиату иродаи халқ мувофиқ гардонад. Мақомоти қонунгузоре, ки бо тартиби интихоботи озодона ташкил ёфтааст, самтҳои асосии сиёсати дохили ва ҳориҷии давлатро пеш аз ҳама аз руи ба инобат гирифтани манфиати халқ муайян мекунад.[1]

Моддаи 48-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Маҷлиси Олиро ҳамчун мақомоти дупалатаги муайян мекунад. Тартиби таъсис ва фаъолияти палатаҳои Маҷлиси Оли ғайр аз Конститутсия боз, инчунин дар қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мустаҳкам шудааст. Барои муайян намудани мароми ҳар ду палатаи парлумон муайян қардани моҳият (на миқдори) ваколатҳои ин ё он палата аҳамияти муҳим дорад.[2]

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, 25-тои онҳо бо роҳи овоздиҳии ғайримустақим, пинҳони дар ҷаласаҳои яқҷояи вакилони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳр, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси милли ҳамаи онҳо намояндагии баробар доранд. Аз яқ чор ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд. Собиқ Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни якумраи Маҷлиси милли мебошанд, агар онҳо худашон бо розигии худ аз ҳуқуқи мазкур саркаши накунанд.[3]

Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии парлумон буда, фаъолияти вай дар асоси принсипи плюррализми сиёси, бисёрҳизби ба тариқи муҳокимаи коллективи озод амали мегардад.Дар Маҷлиси намояндагон ба воситаи вакилон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҷойи зисти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги доранд.[4]

Маҷлиси намояндагон дар асоси мандати мустақим таъсис меёбад. Мӯҳлати ваколати он дар моддаи 48 Конститутсия муқарар карда шудааст, ки мувофиқи он «Маҷлиси намояндагон ба муҳлати 5 сол интихоб мегардад.» Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат буда, интихоботи вакилон бороҳи низоми омехта гузаронида шуда, 42 вакил ба воситаи низоми мажоритари, боқимонда, яъне 21 вакил дар асоси намояндагии баробари ҳизбҳои сиёси, интихоб карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, қайд кардан лозим аст, ки дар рафти таъсиси Маҷлиси Оли ду роҳи таъсисёби истифода мешавад. Маҷлиси намояндагон палатае мебошад, ки бе иштироки дигар шохаҳои ҳокимият таъсис меёбад. Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси Маҷлиси милли фаъолона иштироқ мекунад.

Асоси сиёсию ҳуқуқии таъсиси мансаби Президент дар Тоҷикистон ин Эъломияи иститқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истоқлолияти ҶШС Тоҷикистон», изҳороти Шурои Олии ҶШС Тоҷиқистон дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 гардиданд. Дар онҳо эълон гардид, ки ҳокимияти давлати дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузор, иҷроия ва суди ба амал бароварда мешавад. Кушиши татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлати ба таъсиси мансаби Президент дар Тоҷикистон замина гузошт.

Мувофиқи Конститутсияи ҶТ соли 1994 Президентро шаҳрвандон дар интихоботи умуми ба муҳлати 5 сол интихоб карданд. Дар раъйпурсии соли 1999 ба Конститутсия тағйироту иловаҳое дохил карда шуданд, ки дар натиҷаи он вазъи ҳуқуқи-конститутсионии Президенти ҶТ боз ҳам устувортар гардид. Аз ҷумла муқарар қарда шуд, ки Президентро ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Дар райпурсие, ки 22 июни соли 2003 оид ба таъғиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор гардид муҳлати ваколати Президенти ҶТ тағйир ёфт. Муқарар қарда шуд, ки Президентро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.[5]

Дар вақти таъсиси институти президентдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мамоликҳои ҳориҷи низ истифода мешуд

Ҳоло ду шакли асосии президентура вуҷуд дорад: яккаҳукумрони (президент) ва коллегиали. Шакли коллегиалии ҳукуматдори бештар дар мамлакатҳои сотсиалисти вуҷуд дошт. Дар айни ҳол ин шакли давлатдори кам паҳн шудааст, вале дар баъзе давлатҳо то ҳолл вуҷуд дорад. Хусусан, Шурои Федерали дар Шветсария, ки функсияҳои сарвари давлат ва ҳукуматро пайваст мекунад.[6]Дар Эрон ваколатҳои асосии президентура байни Сарвари давлат, ки махсус аз тарафи руҳониён интихоб карда мешавад (Оятулло) ва президент, ки онро шаҳрвандон интихоб мекунанд, тақсим қарда мешавад.

Шакли бештари паҳншудаи президентдори шакли яккаҳукумрони мебошад. Дар ин ҳолат мамлакатҳои гуногуни Президенти метавонад вазъи нобаробар дар низоми мақомоти ҳокимияти давлати дошта бошанд. Мақоми Президент дар низоми тақсимоти ҳокимият аз шакли идоракуни вобаста аст.[7]

Дар баъзе мамлакатҳо – президент аз болои давлат, ҳукумат, ҳокимияти иҷроия сарвари мекунад. Яъне дар асл нақши пешбарандаро дар идоракунии давлат мебозад ва миқдори зиёди ҳуқуқҳоро нигоҳ медорад.

Дар дигар ин чун қоида, ҷумҳуриҳои парлумони президенти бештар сохтори сунъиро ифода мекунад. Дар ин ҳолат функсияҳои аслии давлатдориро ҳукумат иҷро мекунад ва сарвари давлат ҷойи аввалро дар низоми ҳокимияти иҷроия ишғол мекунад. Дар таҷрибаи ҷаҳони шаклҳои давлатдории омехта, яъне ҳам парлумони ва ҳам президенти якҷоя низ вуҷуд дорад. Сарвари давлат ҳамҷун баёнгари ҳокимияти иҷроия шинохта мешавад. Вай ҳокимиятро танҳо ё ин ки якҷоя бо ҳукумат идора мекунад. Дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад.

Ҳамин тариқ, тартиби таъсиси ҳокимияти иҷроия ва институти президентдори аз як қатор шароитҳо вобаста мебошанд. Ба онҳо шаклҳои идоракуни, характери режими сиёси ва интихоби будани мансаби президенти тааллуқ дорад. Шарти оҳирин ва аз ҳама муҳимтарин дар рафти ташаққули институти президентдори мебошад.Дар ҳамаи давлатҳое, қи шақли идорақунии ҷумҳурияви доранд, мансаби Президент интиҳоби мебошад ва ҳар яқ шаҳрванде, қи ба шарту шароитҳои дар Қонститутсия овардашуда мувофиқат меқунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон шуда метавонад.Ҳамаи президентҳо ба муҳлати муаӣян интиҳобшуда, барои он қи дар мансаби президент будани онҳо бо муҳлати мандат истисно қарда шуда, аз тарафи Конститутсия муқарар карда мешавад.[8]

Дар ҷумҳурияҳое, ки шакли идоракунии президенти доранд. Президент, чун қоида, мандати мустақим дорад (ба истиснои ИМА, ки дар он ҷо президент ғайримустақим аз тарафи коллегияи интихобкунандагон таъин мегардад.) Президент ба тариқи интихоботи мустақим интихоб гардида, мандати худро бевосита аз корпуси интихобкунандагон мегирад. Мақомоти қонунбарори давлат парлумон дар интихоботи президент иштирок намекунанд, яъне дар таъсиси мансаби президент тамоман иштирок намекунад.

Ғайр аз ин, интихоби мустақими президент дар баъзе мамлакатҳо таҷрибаи интихоби ғайримустақим президент низ вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат сарвари давлат, инчунин бе иштироки парлумон интихоб мегардад, аммо мандати худро бо тариқи интихоботи умуми мустақим не, балки аз тарафи коллегияи махсуси интихобкунандагон, ки онҳоро ҳам бевосита шаҳрвандон интихоб мекунанд, мегирад. Ин гунна тартиби интихобот имрӯз дар ИМА, Индонезия ва Покистон вуҷуд дорад. Дар ин гунна мамлакатҳо президент мандати мустақим надорад ва бор оҳи интиҳоботи бисёрзинаги интиҳоб мегарданд. Дар ҳолати мазкур иродаи интихобкунандагон ҷузъи таркибии иродаи парлумони амалкунанда мебошад.[9]

Дар вақти таъсис додани ҳокимияти президенти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мамлакатҳои гуногун истифода шуда буд.Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии президентиро интихоб кард, ки мувофиқи он президент мандати мустақим дошта, аз тарафи ҳалқ бевосита интихоб мегардад. Ҳамин тариқ, институти президенти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз дигар шохаҳои ҳокимият таъсис меёбад. Вале ин маънои онро надорад, ки дигар шохаҳои ҳокимият дар таъсиси мақомоти иҷроия иштирок намекунад.

Инчунин, ғайр аз президент ба сохтори мақомоти иҷроия ҳукумат ҳам дохил мешавад. Президенти ҶТ сарвари Ҳукумат мебошад, аммо ҳукумат қисми таркиби ва элементи асосии механизми ҳокимияти иҷроия мебошад. Мувофиқи моддаи 69-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвазир ва дигар аъзоёни Ҳукуматро таъин ва озод мекунад ва фармонҳоро оиди таъин ва сабукдуш намудан, барои қабул ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовини якум ва муовинони у, вазирон, раисони қумитаҳои давлати иборат аст. Ҳукумат мақоми иҷроияи ҶТ буда, бо мақсади таъмини роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Оли, фармону амрҳои Президент ташқил қарда мешавад. У ба низоми мақомоти идораи давлати роҳбари намуда, фаъолият ва мутобиқати ҳамқории онҳоро таъмин меқунад.

Конститутсия ба мансаби аъзои Ҳукумат мувофиқ набудани вазифаи дигарро муқарар кардааст. Он наметавонад вакили мақомоти намояндаги бошад, ба соҳибкори машғул шаванд. Раиси Ҳукумати ҶТ Президент буда, сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад.У ба фаъолияти Ҳукумат роҳбари намуда, барои ваколатҳоро самаранок амали намудани он тадбирҳо меандешад. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Ҳукуматро Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2001, дигар қонунҳо, Қарорҳои Маҷлиси Оли, Фармон ва амрҳои Президент, санадҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофнамудаи ҳуқуқи байналмиллали ташкил менамояд.

Фаъолияти Ҳукумат дар асоси усулҳое қарор мегирад, ки онҳо ба эҳтироми шаъну эътибори шахсият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимият, ошкорбаёни, дастаҷамъи барраси ва ҳал намудани масъалаҳои бо дарки масъулияти шахсии аъзоёни ҳукумат дар назди президент барои фаъолияти худ равона қарда шудаанд. Ин усулҳо ба чораҳои зарурии ташкили амали гардонида мешаванд.[10]

Ҷойи намоёнро дар низоми мақомоти ҳокимияти давлати ҳокимияти суди ҳамчун соҳаи соҳибихтиёр ва мустақили ҳоқимияти ишғол мекунад. Ҳокимияти судиро судҳо амали мегардонанд. Онҳо мақомотҳои қонунбарор ва иҷроияро иваз накарда, низоъҳоро байни онҳо ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъияти дар асоси Конститутсия ва қонунҳо бартараф намуда, воситаи самараноки мувозинат ва боздори мебошанд.[11]Ин гуна мақом фақат дар ҳолати вуҷуд доштани ҳокимияти суди таъмин карда мешавад. Принсипи мустақилии судяҳо мушаххастар идеяи вуҷуддоштани ҳокимияти мустақилро, ки аз дигар шохаҳо ҷудо меистад, итоати онро ба қонун ифода мекунад.[12]

Дар рафти таъсисёбии ҳокимияти суди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мамлакатҳои ҳориҷи низ истифода шуда буд. Яке аз принсипҳои асосие, ки дар Сарқонуни ҶТ эълон шуда буд, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Бо ҳамин мақсад дар мамлакат ислоҳоти суди гузаронида. Аксарияти тағйиру иловаҳо, ки ба Конститутсия солҳои 1999 ва 2003 дароварда шуда буданд махсус ба ҳокимияти суди тааллуқ доштанд. Дар Айни ҳол ислоҳоти суди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад. Аммо тартиби таъсиси ҳоқимияти суди дар ҶТ яқ қатор ҳусусиятҳоро, ки ба кишварҳои собиқ давлатҳои Шурави хос астанд, дорост.

Якумин, дар Конститутсия мустақилияти ҳоқимияти суди, амалигардонии вай аз номи давлат эълон қарда мешавад. Дар ин вақт мустақилияти ҳокимияти суди бояд бо муқарар намудани муҳлати дарози ваколати судяҳо таъмин карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам монанди дигар давлатҳои собиқ ИҶШС қарор дар бораи инкор намудани принсипи ноивазшавии судяҳо қабул карда шуд, чунки дар марҳилаи бунёди низоми суди ин гуна қадам ришвахуриро дар низоми суди ба миён оварда метавонад.

Дуюмин, соли 1999 мақомоти махсус барои интихоботи аввалини номзадҳоро ба мансаби Суди Шурои адлия таъсис ёфта буд. Вазифаи мақомоти мазкур таъмини мустақилияти пурраи ҳокимияти суди. Мақомоти мазкур аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳайати Шурои Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.[13]

Сеюмин, мувофиқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи протседураи омехтаи таъсиси корпуси судяҳо истифода мешавад. Судяҳои зинаи поёниро Президент таъин ва озод мекунад бо пешниҳоди Шурои Адлия.[14] Бояд қайд намуд, ки судяҳои Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, Суди конститутсииониро бо пешниҳоди Президент Маҷлиси милли таъин ва озод мекунад.


[1] Ниг: Парламентское право России.Учебное пособие, М1999; Каримов А.Д.Парламентское право Франции.М 1998.[2] Ниг: ИмомовА.И.Интихобот ва парламент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.Душанбе. 2001 саҳ 61.[3] Ниг: Моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 апрели соли 2000.[4] Ниг: Раҷабов С. Конституционные основы организации и деятельности представительных органов государственной власти в Республике Таджикистан.//Государство и право.№1 2003.(бо заб.тоҷиқи)[5] Ниг: Имомов А.И.Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. саҳ327[6] Ниг: Конституции зарубежных стран.- М., 2001.саҳ 123.[7] Ниг: Сравнительное қонституционное право.//Под.ред.Ҷирқин В.Е. – М., 2002 саҳ 347.[8] Ниг: Тоҳян Феликс.Конституционныӣ порядок президентских выборов в современном мире.Сравнительно-правовое исследование. – Ереван, 1998.саҳ 14[9] Ниг: Тоҳян Феликс.Конституционныӣ порядок президентских выборов в современном мире. Сравнительно-правовое исследование.- Ереван, 1998.саҳ 16-17.[10] Ниг: Имомов А.И Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2004.саҳ 338.[11] Ниг: Витрук Н.В Конституционное правосудия в России (1991-2001). – М., 2001 саҳ 781[12] Ниг: Андрусенко Ҳ.Қ Вопросу оместе и роли судебных органов в системе государственной власти Республики Таджикистан. Государсво иправо. — №1, 2001.саҳ 1.[13] Ниг: Моддаи 95 Қонунти конститутсиони «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»[14] Ниг: Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли1994. – Душанбе, 2003. саҳ. 46-56.
548
Нет комментариев. Ваш будет первым!