СОТСИОЛОГИЯ ХАМЧУН ИЛМ

1.1.Предмет ва объекти омӯзиши сотсиология

1.2.Методҳоисотсиологӣ

1.3. Сохтори донишҳои сотсиологӣ

1.4.Мақоми сотсиология дар низоми илмҳои ҷамеашиносӣ

1.5Маќоми сотсиологиядар ҷомеаи муосир

Ҳанӯз дар устураҳои мардуми олам аз он ҷумла дар афсонаҳои халқиимардуми ориёӣ оид ба ҷомеа ва муносибатҳои аъзоёни ҷомеа афкори зиёде ба чашммерасад. Аз он ҷумла, дар афсонаҳои таърихии мардуми форсу тоҷик, таърихипешдодиён оиди ҷомеаи инсонӣ ва тарзи муносибатҳои иҷтимоии аъзоёни онмаълумотҳои фаровон дида мешавад. Ҷомеаи инсонӣ ва равандҳои иҷтимоии он ҳамешапиндори мутафаккиронро ба худ ҷалб намуда, 2500 – сол пеш дар таърихи инсониятхирадмандони Шарқу Ғарб афкори хешро доир ба пахлӯҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣиброз намуданд, ки дар боби оянда сари ин масъала баҳс хоҳем кард. Вале боядтазаккур дод, ки тахайюл оид ба предмети сотсиология то асрҳои XIX гуногун ва тағйирпазир буд. Олими франсуз Огюст Конт соли 1838 вожаисотсиологияро (sociologos – вожаи франсузист: лотинии cocietas – ҷомеа ва юнонии 1оgоs – таълимот) ба илм дохил кард, яъне илме, ки ҷомеаро меомӯзад, тафсир дод.Оид ба омӯзиши передмети сотсиология дар байни олимон фикри муайяне ҷойнадорад. Яке аз омилҳои номуайянии предмети тадқиқи сотсиологӣ аввалан аз ониборат мебошад, ки сотсиология дар шароитҳои гуногуни ҷамъиятии мамлакатҳоигуногун ташаккул меёфт ва «дархостҳои иҷтимоӣ» ҳаёти ҳақиқии муайянро тадқиқменамуд, дуюм номуайянии предмети сотсиология аз он иборат мебошад, ки боташаккули тафсир ва тағйирёбии асосҳои методологии тадқиқоти сотсиологӣ вобастабуд. Ҳамин тариқ, пеш аз оне, ки предмети тадқиқи сотсиологияро муайян созем,аввалан, объекти маърифати сотсиологиро бояд дарк намоем.

  • Объекти маърифати сотсиологӣ ҷомеа мебошад. Аммо вожаи “ҷомеа” ифодагари пурраи предметисотсиология шуда наметавонад. Ҷомеа объекти омӯзиши тамоми илмҳои ҷомеашиносӣва гуманитарӣ ба шумор меравад.
  • «Ҳақиқати иҷтимоӣ» низ обеъктиомӯзиши ин фанҳо мебошад.

Бароидарки илмии сотсиология муайян кардани фарқи объект ва предмети тадқиқи онкалиди асосӣ ба ҳисоб меравад.

Объекти маърифат – ҳамаи он фаъолиятимуҳаққиқ, ки барои дарки ҳақиқат ва нишон додани ҳақиқат равона шудааст,мебошад. Фарқи як илм аз илми дигар дар он мебошад, ки ҳатто ҳангоми омӯзиши якобъект онҳо аз қонунҳо ва қонуниятҳои хосаи худ истифода мебаранд. Ҳамин тариқ,инкишоф ва амал намудани ҷомеа бо талаботҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ,психологӣ ва дигар қонуну қонуниятҳо, ки предмети илми сотсиология мансубанд,муайян карда мешаванд. Ҳар яке аз ин бахшҳо доираи масъалаҳои хешро доранд, кипредмети фанҳои алоҳида буда, мавриди омӯзиши онҳо қарор мегиранд.

Аз рӯйи анъанаҳои ҷойдошта ҳангоми муайянкуниипредмети маърифати сотсиологӣ як хусусияти «махсуси» ин ё он рӯйдоди иҷтимоӣ баэътибор гирифта мешавад. Ба ин рӯйдод якҷоя амал кардан, муносибати иҷтимоӣ,низомҳои фаъолияти иҷтимоӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ, равандҳои иҷтимоӣва ҳаёти иҷтимоӣ ворид мешаванд.

Гарчанде то ҳанӯз масъалаи предмети тадқиқисотсиология ҳалли хешро наёфтааст, хусусияти муайянкунандаи он маҷмӯи хосиятҳо,алоқа ва муносибатҳое, ки бо мафҳуми иҷтимоӣ ифода гардидаанд, мебошанд.Модоме ки ин алоқаҳо ва муносибатҳо дарҳар як объекти иҷтимоӣ ба таври махсус ифода гардидааст, объекти сотсиологӣ чуннизоми том баромад мекунад. Вазифаи сотсиология аз умумиятдиҳии ин низомҳо,алоқаҳо ва муносибати ҳар як объекти иҷтимоӣ то ба дараҷаи идоракунии мақсаднокиодамон аз рӯи қонуниятҳо мебошад. Ҳамин тариқ, мафҳуми сотсиология, рӯйдодҳоииҷтимоӣ, равандҳои иҷтимоӣ, алоқаҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ, тарзҳоиташкили онҳо барои дарки предмети сотсиология аввалин омил мансуб гардида,қонуну қонуниятҳои иҷтимоӣ дар дарки моҳияти он кӯмак мерасонад.

  • Қонуниятҳои иҷтимоӣ— ба тариқи воқеӣ вуҷуддоштан ва такрори алоқаҳои иҷтимоӣ, рӯйдоди иҷтимоӣ, ки ифодагари инкишофуамалкунии ҷомеа чун як низоми том ва зернизоми он дар алоҳидагӣ мансуб меёбад.

Вожаи марказии сотсиология – рӯйдоди ичдимоӣ,яъне маҷмӯи ин ё он хосиятҳо ва муносибатҳои махсуси ҷамъиятӣ ҳангоми фаъолияти якҷоя дар шароити мушаххас,ки дар муносибати байниҳамдигарии одамон, умумиятҳои иҷтимоӣ вобаста аз мартабаиишғолкардаашон дар ҷамъият ва раванди ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муҳимеро иҷроменамоянд, ифода мекунад. Ба ибораи дигар, зоҳиршавии муносибатҳои ҷамъиятӣ дардараҷаи байниҳамдигарии фаъолияти якҷояи иҷтимоӣ мебошад.

Рӯйдод ва раванди иҷтимоӣ, раванди иҷтимоӣвақте зуҳур меёбад, ки агар рафтори якфард зери таъсири фарди дигар ва гурӯҳновобаста аз он, ки ин фард ё умумияти иҷтимоӣ иштирок дорад ё на қарор гирад.Маҳз дар ҷараёни фаъолияти якҷоя фардҳо метавонанд ба ҳамдигар таъсир расонида,ҳар яке аз онҳо соҳиб ва ифодакунандаи ягон сифати иҷтимоӣ гарданд. Пас,иҷтимоиёт натиҷаи фаъолияти якҷояи афрод, инъикоскунандаи мазмун ва сират вахосияти ботинии фард ва умумияти иҷтимоӣ, ки дар ҷараёни ба ҳам омадани одамуҷамъият ташаккул меёбад, мебошад. Вожаи иҷтимоиётро дар чанд дараҷа дидан мумкин аст:

  • дар дараҷаи фардӣ (дар дараҷаи фаъолияти байниҳамдигарии ду фард)
  • дар дараҷаи микроумумиятҳо (оила, бригада,коргарон ва ғайраҳо)
  • дар дараҷаи умумиятҳои бузург (умумиятҳоиэтникӣ, марзӣ ва дигар)
  • дардараҷаи иттиҳод – ҷомеа (дараҷаи иҷтимой)
  • дар дараҷаи васеи ҷамъияти ҷаҳонӣ.

Ҳамин тариқ, сотсиология – илм дар бораииҷтимоиёт дар ҳама гуна зоҳиршавияш буда, қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофу амалнамудани дараҷаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоиро кушода медиҳад.

Илмҳобарои дарки предмети омӯзиши хеш роҳҳои махсуси пажӯҳишро пеша намуда, азусулҳое истифода мебаранд, ки ҳангоми тадқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалӣроҳи баосонӣ ҳал намуданро пешкаш менамояд. Танҳо ба воситаи методи дурусти ин-тихобгардида метавон ҳақиқати объективиро омӯхт.

Метод (калимаи юнонӣ. methodos – “роҳ ба сӯи чизе”) – ин амсоли қутбнамо буда, имкон медиҳад, ки муҳаққиқба комёбиҳо ноил гардад. Ибораи “методи сотсиологӣ” ба сифати ҷамъоваранда ваумумиятдиҳанда кор фармуда мешавад. Ҳамин тавр, методи сотсиологӣ— мафҳуми ҷамъоваранда буда, муайянкунандаи самти фаъолиятисотсиолог дар раванди ҷараёни пажӯҳиш барои васеъ намудани донишҳои сотсиологӣмебошад. Ин самти муайяни маърифат, усул, тарзва олотҳо, ки дар тадқиқотҳои сотсиологӣистифода гардида: микро ва макро омӯзиши воқеаи ҷузӣ ва омӯзишиоммавӣ, пурсиши озод ва ё пурсиши расмӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Методҳои сотсиологиро ба ду навъгурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:

1 Методҳои умумиилмӣ Ба методҳои умумиилмӣ методҳое мансубанд, ки тамоми илмҳо аз онҳо васеъ истифода мебаранд: муқоиса, муқоисавӣ таърихӣ, танқиди диалектикӣ, генетикӣ, мушоҳида, озмоиш ва ғайраҳо.
2 Методе, ки хоси як илм аст Ба методҳои сирф сотсиологй, ки танҳо ин илм истифода мебарад, дохил мешаванд: пурсиш, биографӣ ва сотсиометрӣ ва ғайраҳо.

Яке аз сифатҳои асосии методи сотсиологӣомӯзиши ҳақиқати иҷтимоӣ дар асоси таҷриба (эмперизм) мебошад. Дар баробари инметоди ҷамъоварӣ ва таҳлили ахборотро доир ба далелҳои иҷтимоӣ зикр намуданайни муддаост. Ба методҳои асосии ҷамъоварии аввалин маълумотҳои сотсиологӣпурсиш, омӯзиши ҳуҷҷатҳо, мушоҳида ва ғайраҳоро дохил намудан мумкин аст. Оидба навъҳои методҳои сотсиологӣ дар боби 3-юм муфассалтар ҳарф хоҳем зад.

1.3. Сохтори донишҳоисотсиологӣ<em/>

Донишҳоисотсиологӣ ба амсоли илмҳои дигар гуногунтаркиб ва сохтори мураккабибисёрдараҷаро дорост. Илми сотсиология, чун илмҳои дигар, дар ду самт: назариявӣ ва амалӣ тараққӣкардааст.

Ин ду самт бо хусусиятҳои хосаи худ аз ҳам фарқменамоянд Аввалан, ду навъибаҳамалоқамандии дараҷаҳои маърифати назариявӣ ва амалиро қайд намудан зарураст. Сотсиологияи назариявӣ масъалаҳоиилмиро барои фаҳмонидани рӯйдоди иҷтимоӣ, коркарди аппарати илмӣва методологияи тадқиқ мавриди омӯзиши хешқарор медиҳад. Яъне, сотсиологияи назариявӣ мекӯшад, ки ба саволи «чӣ ва чӣ тавр омӯхташавад», ҷавоб гӯяд. Сотсиологияи назариявӣ (сотсиологияи умумӣ) таърихисотсиология, таълимот оиди ҷомеа, назарияи рафтори иҷтимоии омма, назарияитағйирёбии иҷтимоӣ, методологияро дар бар мегирад. Агар сотсиологияиамалӣ барои ҳалли ягон масъала кӯшиш намояд, сотсиологияи назариявӣ дар коркарди аппаратиилмӣ, назарияҳои илмӣ, принсипҳои сотсиология, ошкор кардани қонуниятҳои умумӣхизмат менамояд.

Сотсиологияи амалӣ барои расидан ба мақсадҳоимуайяни амалӣ, роҳҳо ва тарзҳои истифодабарии донишҳои назариявӣ дар амалиякӯшиш менамояд. Ин бахш ба саволи «барои чӣ омӯхта мешавад?» ҷавоб мегӯяд.

Тадқиқи таҷрибавиро ҳам дар доираи сотсиологияи назариявӣ ва ҳам дар доираисотсиологияи амалӣ гузаронидан мумкин аст. Агар мақсади он бунёди назария бошад, пас ба сотсиологияи назариявӣмансуб аст, агар коркарди тавсияҳо амалӣ бошад, пас ба сотсиологияи амалӣ шомилмегардад.

Робитаи байни тадқиқоти назариявӣ ва таҷрибавӣ ба воситаиназарияи воситаи

миёна амалӣ мешавад. Назарияидараҷаи миёна – аз тарафи сотсиологи амрикоӣ – Роберт Мертон соли1947 ба илм ворид карда шуда, ба ҳайси банду басткунандаи сотсиологияиназариявӣ ва (эмперикӣ) таҷрибавӣ баромад менамояд. Ин ба як бахши донишҳоисотсиологӣ мансуб ёфта, қонуниятҳо ва инкишофи инсон, умумиятҳои иҷтимоӣ ваниҳодҳои иҷтимоиро дар доираи алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ меомӯзад.

Назарияи дараҷаи миёна ду навъи асосииалоқаҳои иҷтимоиро кушода медиҳад:

  • байни ҷамъият ва доираи ҳаёти иҷтимоӣ;
  • алоқамандии байни ҳамдигарӣ ва вобастагии байни ҳамдигарии ҳамин доираиҳаёти ҷамъиятӣ.

Вобаста ба вазифаҳояш ин таълимот бароимаърифати методологии равандҳои иҷтимоии алоҳида,умумиятҳо ва ниҳодҳо хизматменамояд. Яъне, чун асоси методологӣ барои тадқиқи сотсиологии мушаххасистифода бурда мешавад.

Назарияи дараҷаи миёна имрӯзҳонавъҳои зиёдеро дорост. Онҳоро шартан ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст:

Номи назария Масъалаҳои омӯзиш
1 Назарияи ниҳодҳои иҷтимоӣ сотсиологияи оила, маълумот, меҳнат, дин ва ғайраҳо
2 Назарияи муносибатҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои хурд, синфҳо, этносҳо ва ғайраҳо
3 Назарияи махсусгардо- нидашудаи равандҳои иҷтимоӣ рафтори каҷ, таҳрукаи иҷтимоӣ, шаҳришавӣ ва ғайраҳо.

Ҳамин тариқ,донишҳои сотсиологӣ гуногунҷабҳа буда, аз шохаҳои зиёд иборат мебошад. Донишҳоисотсиологӣ, назарияи умумии сотсиологӣ, инкишоф, гуногунии дараҷаи умумият вамуносибатҳои байни онҳоро дар бар гирифта, равандҳои оммавӣ ва фаъолиятимахсуси иҷтимоии одамонро тадқиқ менамояд. Сотсиология чун низоми маърифат баомӯзиши далелҳои ҳақиқати иҷтимоӣ такя намуда, умумияти назариявии он дарзаминаи принсипҳои илмӣ, рӯйдодҳо ва равандҳои иҷтимоиро ба ҳам пайваста вамаънидод менамояд.

1.4.Мақоми сотсиология дарнизоми илмҳои ҷамеашиносӣ

Сотcиология дар алоқамандӣ бо илмҳои дигари ҷомеашиносӣ инкишоф ёфта, дарнизоми илмҳои ҷамъиятӣ нақши асосиро дорост. 1) сотсиология ба илмҳои дигариҷомеашиносӣ назарияи асоснокшударо оиди ҷомеа ва сохтори бахшҳои он медиҳад.

  • Ба илмҳои дигар тарзу усулҳои омӯзиши инсон ва фаъолият, инчунин, усулисанҷидани фаъолияти онро пешниҳод менамояд. Ин зоҳир менамояд, ки илмҳои дигариҷомеашиносӣ «иҷтимоигардида» ва дар натиҷа ҷараёни нави тадқиқи иҷтимоиёт даронҳо пайдо гардад: иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологӣ, иҷтимоӣ- сиёсӣ,иҷтимоӣ-демографӣ ва ғайраҳо.

Сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар илмҳоиҷомеашиносӣ танҳо як бахши ҳаёти ҷомеаро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад.Сотсиология бошад, ҷомеа ва дигар низоми иҷтимоиро чун як воҳиди том бо тамоми хосияту хусусиятҳояш, муносибатҳо ва қонуниятҳои амалкунандааш, кидар ҳама гуна бахшҳои ҳаёт, хоҳ ҳуқуқӣ бошад, хоҳ иқтисодӣмавриди омӯзиши худ қарор медиҳад. Айни замон ҳама равандҳои ҷамъиятӣ, ки азтарафи илмҳои махсус омӯхта мешаванд, ба як бахши ҷудонашавандаи ҷараёнииҷтмоии том ворид мешаванд. Сотсиология дар байни илмҳои ҷомеашиносй ду мартабадорад: вай ҳам ба илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ба илмҳои иҷтимоӣ мутааллиқ аст, яъневай ба қавли П. Сорокин, илми умумиятдиҳанда нисбат ба илмҳои дигаре, ки ҷомеава инсонро меомӯзанд, ба ҳисоб меравад.

Сотсиология дар байни илмҳои ҷомеашиносӣду мартаба дорад: вай ҳам ба илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ба илмҳои иҷтимоӣ мутааллиқбуда, нақши умумиятдиҳандаро мебозад.

Аз тарафи дигар, вазифаи умумиятдиҳандагиисотсиология аз кашфиётҳои илмҳои дигар, аз қабили таърих, иқтисодиёт васиёсатшиносӣ вобастагӣ дорад.

Аз рӯйипредмети омӯзишашон антропология ва психологияи иҷтимоӣ илмҳои ба сотсиологияниҳоят наздик шуморида мешаванд. Вале антропологияи иҷтимоӣ ба омӯзиши фарҳангуҷомеаи тосаноатӣ машғул буда, бароимуайян намудани пайдоиш ва раванди инкишофи насл ва фарҳанги инсонӣ кӯшиш бахарҷ медиҳад.

Сотсиология бошад, ҷомеаи мураккаби муосирромавриди омӯзиши худқарор медиҳад.

Ҳар як илм оламро мутобиқи ҳақиқати иҷтимоӣдида мебарояд. Биёед, ин масъаларо дар мисоли мушаххас, аз қабили харидани либосдида мебароем. Иқтисодчиён пеш аз ҳама сари ин масъала бо вожаҳои талабот ва таклифотандеша карда ва харидорро водор месозанд, ки дар ҳар мавсим нарх ба ашёҳои ниёздошта пастубаланд мешавад ва ин метавонад ба буҷаи хона таъсир расонад. Равоншиносон бошанд,масъаларо аз нигоҳи равонии шахс матраҳ карда, исбот карданӣ мешаванд, ки шахсилибосхаранда ҳангоми харидорӣ кардан Мани хешро (яъне аз шахсият буданаш дарак медиҳад) нишон медиҳад.Иҷтимоиётшиносон бошанд, мекӯшанд, ки алоқамандии чунин дигаргуниҳоро, азқабили мақому мартабаи шахси харидкунанда, навъи харид, тарзи рӯйдоди нақшииҷтимоӣ ва меъёрҳои муқаррарие, кибарои фардҳои ҷомеа пешниҳод гардидаанд, аз тарафи ин харидор чӣ гуна ба амалбароварда мешавад, мавриди таҳлили худ қарор диҳанд.

Сотсиология нисбат ба дигар илмҳо жарфтарандеша менамояд. Имконияти таснифи рафтори гурӯҳи бисёри одамонро дошта, аз ҳаминлиҳоз ба омор майл дорад. Аммо бояд зикр намуд, ки ҷаҳони ботинии инсон бароисотсиология пӯшида мемонад. Равоншиносии иҷтимоӣ дар ҳамбастагии сотсиология варавоншиносӣ ба майдон омада, инсонро дар иҳотаи бевосита тасвир менамояд. Ииилм алоқамандии одамонро дар гурӯҳҳои хурд мебинад. Вале ин гуна равоншиносимконияти пешгӯии тағйир ёфтани режими ҳукмрон ва натиҷаи муборизаҳои ҳизбҳои сиёсиронадорад.

ин се илм рафтори одамонро васеъ мавридиомӯзиши хеш қарор медиҳад. Равоншинос фард ва олами ботинии онро меомӯзад.Равоншиносии иҷтимоӣ бошад, гурӯҳҳои хурд (оила, гурӯҳи шарикон, тимҳоиварзишӣ) – ро омӯхта, сабабҳо, роҳҳо ва қонуниятҳои рафтори одамонро даргурӯҳҳо ва ҷомеа, инчунин, сирати психологии фардҳоро дар гурӯҳ ва умумиятҳомавриди таҳлили хеш қарор медиҳад. Состиология гурӯҳҳои калон, яъне миллионодамонро – нафақахӯрон, кӯдакон, камбизоатон, табибон, мусулмонҳо ва ғайраро новобастааз мутааллиқияти иҷтимоӣ, тарзи имону имондорӣ, миллат, ҷинс, синну сол вадигар паҳлӯҳои фаъолияти инсонро мавриди пажӯҳиши хеш қарор медиҳад.

Дар байни сотсиология ва фалсафа таъриханалоқаи ниҳоят мустаҳкам вуҷуд дорад. Донишҳои фалсафӣ аввалин кӯшишҳое буданд,дар омӯзиши ҳақиқати иҷтимоӣ. Фалсафа ва сотсиология дар омӯзиш ҷанбаи умумӣ ваҳақиқати иҷтимоӣ доранд. Ҳар ду ҷомеаро чун як низом ва воҳиди том дидамебароянд. Фалсафаи иҷтимоӣ чун асоси умуминазариявӣ ва методологии сотсиологиябаромад менамояд. Масалан, ҳангоми омӯзиши ягон умумияти этникӣ сотсиологияба арзишҳои фалсафӣ такя намуда, ҳастии ҳаматарафаи ҳама гуна этносҳорокушода дода метавонад. Аз тарафи дигар,сотсиология таҳлилҳои мушаххас оид ба зоҳиршавии ҳаёти ҷамъиятиро пешкаш намуда,фалсафа онҳоро ҳамчун мавод барои умумиятдиҳӣ истифода мебарад. Аммо бояд зикрнамуд, ки фалсафа ва сотсиология аз ҳам дар предмети тадқиқ ва

инчунин мақсаду вазифаҳои тадқиқ фарқменамоянд. Фарқи асосии сотсиология ва фалсафа дар он мебошад, ки сотсиологиядиққати хешро барои дарки маводҳои таҷрибавӣ равона созад, фалсафа диққатихешро барои дарки сарчашмаҳои назариявӣ равона мекунад.

Байни илми таърих ва сотсиология умумиятҳоизиёде ба назар мерасанд. Ҳар ду ҷомеаро чун воҳиди том дар ҳама шаклҳои зоҳиршавӣба далелҳои мушаххаси ҳаёти ҷамъиятӣ такя карда меомӯзанд. Агар таърих баомӯзиши чизе, ки аллакай ба анҷом расидааст, машғул шавад, сотсиологиярӯйдодҳои замони муосирро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад. Сотсиология азтаърих вобаста ба предмети омӯзиш низ фарқ менамояд, агар таърих тамомитарафҳои ҳаёти ҷамъиятро омӯзад, сотсиология танҳо “иҷтимоиёт”-ро дар ҷомеамавриди тадқиқи хеш қарор медиҳад. Ғайр аз ин сотсиология аз таърих бо табиатва моҳияташ фарқ менамояд: сотсиология такроршавии рӯйдодииҷтимой моҳияти ин такроршавӣ ва равандҳоро нишон диҳад, таърихмушаххасан аз ҷиҳати хронологӣ (таърихи рӯз) раванди ҳодисаҳоро ватакрорнашавандагии онҳоро нишон медиҳад.

Сотсиология ва сиёсатшиносӣ бо ҳам робитаиниҳоят ҳам наздик доранд. Сиёсатшиносӣ кӯшиш менамояд, ки қонуниятҳои ҳаётисиёсиро чун як бахши ҳаёти ҷомеа кушояд ва наметавонад, ки хусусияти хосиҷомеаро чун низоми иҷтимоии том ба ҳисоб нагирад, он чизе ки сотсиология батаҳлили он машғул аст. Фаҳмидани ҷомеабе баҳисобгирии хусусияти сохтори сиёсӣ ва сохти сиёсӣ номумкин аст. Назарияимахсуси сотсиологӣ сотсиологияи сиёсӣ ба ҳам наздик будани сотсиология васиёсатшиносиро нишон медиҳад. Сотсиологияи сиёсӣ айни замон як бахши донишҳои сиёсӣ мансуб меёбад. Аммосотсиология ва сиёсатшиносӣ илмҳои гуногун буда, аз ҳам тафовут доранд:сотсиология ҳаёти иҷтимоиро тадқиқ менамояд, сиёсатшиносӣ бошад, ҳақиқатисиёсӣ, ҳаёти сиёсии ҷомеаро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки робита байнисотсиология ва илмҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва педагогӣ низ ба чашм мерасад.Аз ин рӯ, онҳо ба ҳамдигар вобаста буда, як маҷмӯи илмро оид ба ҷомеа ифодакарда, якдигарро пурра менамоянд.

1.5. Вазифаҳои сотсиология дар ҷомеаи муосир

Вазифаҳо ванақши сотсиология дар ҷомеаи муосир аз вазифаҳое, ки иҷро мекунад, муайян кардамешавад. Вазифаҳоисотсиологияро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст:

  • Назариявӣ — маърифатӣ
  • Ҷаҳонбинона.

Вазифаи назариявӣ – маърифатӣ аз ғундоштан, пайванд кардани донишҳооиди ҷомеа ва сохтору унсурҳои раванди он иборат мебошад. Маънии ин вазифаисотсиология вобаста ба тараққиёти босуръати ҷомеаи инсонӣ баланд гардидаистодааст. Бахусус, дар мамлакати мо, ки тағйиротҳои куллӣ тез-тез ба вуқӯъпайваста истодааст, мақоми ин вазифаи сотсиологӣ хубтар мушоҳида карда мешавад.Танҳо ба воситаи донишҳои объективии сотсиологӣ оиди тағйирёбиҳо, табиат ваҷамъият маълумотҳо ба даст оварда, онҳоро дарк намоем ва тавонем аз бӯҳрон раҳоёфта, тараққиёти мустаҳками мамлакатро таъмин намоем.

Сотсиология метавонад ба воситаи донишҳои илмии объективӣ равандҳоидушвори иҷтимоиро, ки ҷомеаи муосир ба он рӯ ба рӯ мегардад, нишон диҳад.Гарчанде ки бисёре аз мо вуҷуд доштани ин мушкилотҳоро дарк менамоем, валеилман роҳи ҳалли ин мушкилотро фаҳмонида наметавонем. Сотсиология бошад, роҳҳоиҳалли ин душво- риҳоро бо тариқи илмӣ нишон медиҳад. Ана дар ҳамин ҷо вазифаимаърифатии сотсиология ҳувайдо мегардад.

Ба таври мушаххасзоҳиргардии вазифаи амалии сотсиология бағоят гуногуншакл аст. Самти амалиисотсиология дар он таҷассум меёбад, ки сотсиология ҷомеаро чун як воҳиди томтадқиқ карда, қобилияти коркардабарории пешбинии илмиро допгга, ин ё он рӯйдодраванди иҷтимоиро пешгӯӣ менамояд. Бахусус, дар давраи гузариши инкишофи ҷомеа.

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, донишҳои сотсиологӣ аксаран батадқиқотҳои эмперикӣ (таҷрибавӣ) такя менамояд. Дар ҷараёни тадқиқи таҷрибавӣ –ҷамъоварӣ, ба тартибдарорӣ ва захираи ахбороти сотсиологӣ вазифаи ахборотиисотсиология иҷро мекунад. Дар ҷомеаи муосир бе доштани ахбори дақиқ роҳбарии самаранок кардан номумкинаст. Дар акси ҳол ҳама чиз бо формулаи муайян «хостем, ки беҳтар шавад, валечун ҳарвақта шуд» воқеъ мегардад. Дар асоси ахбороти объективӣ, сотсиолог бароисиёсатмадорон тавсияю фарзияҳо кор карда пешниҳод менамояд.

Бавазифаи амалии сотсиология инчунин хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, аз қабиликорҳои иҷтимоӣ, маслиҳатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонии оила, телефони боварӣ вағайраҳо низ мансубанд. Ғайр аз ин ба сотсиологияи амалӣ самтҳои махсуси тадқиқба амсоли бозор, телефони идоракунии ҳайат, афкори ҷамъиятии омма ва ғайраҳоворид мегардад.

Сотсиология ҷомеаро чун яквоҳиди том омӯхта, ба андозае муносибатҳои иҷтимоӣ ва равандҳоро дар ҷаҳонимуосир тасвир сохта, дар одамон низоми ақидаро оиди ҷаҳони инсоният ва мақомиинсон ба вуҷуд оварда, муносибати инсонро ба муҳити иҷтимоии ҳақиқӣ ба бороварда, инчунин, мавқеъ ва идеалҳои ҳаётии одамонро дар бар мегирад. Вазифаиҷаҳонбинии сотсиологӣ дар ҳамин таҷассум меёбад.

Сотсиология мефаҳмонад, ки чӣ гуна шароитбарои инсон даркор аст, то худро ҳамчун субъекти иҷтимоӣ татбиқ намуда ва дар охир тавонадмоҳият ва имконоти худро пурра истифода барад. Вазифаи гуманистии сотсиология дар ҳамин таҷассум меёбад.

4.21K
Нет комментариев. Ваш будет первым!