Афкори сотсиологӣ дар аҳди бостон

Афкори сотсиологи дар Ҳинди Қадим

Афкори сотсиологи дар Чини Қадим

Афкори сотсиологи дар Эрони Бостон

Афкори сотсиологи дар Юнони Қадим

Омӯзиши ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замонҳо диққатимутафаккиронро ба худ ҷалб намуда меояд. Олимон ва мутафаккирон ҳанӯз аз аҳдибостон паҳлӯҳои мухталифи онро мавриди омӯзиши худ қарор додаанд. Аввалинандешаҳо оиди ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоӣ, табақаҳои иҷтимоӣ, тарзи давлатдорӣдар таълимоти динию фалсафии мардуми Ҳинд ба назар мерасад. Дар китоби динииҳиндуёни қадим оиди давлату давлатдорӣ, сохтори давлатдорӣ ва табақаҳоиҷамъиятӣ маълумотҳои хеле муфид ба назар |мерасад, ки то имрӯз моҳияти илмиихудро гум накардаанд. Аз ҷумла, дар таълимоти динӣ оиди чор варна (табақоте),ки дар ҷомеаи ҳамонвақтаи Ҳиндустон ҷой доштанд, аз қабили браҳманҳо (дуогӯён),яъне рӯҳониён; қшатирҳо (қирмизиҳо), яъне ҷанговарон:, вайшиҳо (зардҳо), яънебарзгарон; шудраҳо (сиёҳон), яъне барзгарони бебизоат маълумотҳои ҷолиби диққатдода шудааст. Варна калимаи санскритӣ буда, маънои рангро дорост. Дар Аврупо ба маъниикаста (табақа) истеъмол мешавад. Чӣ тавре ки мебинем, ҳар як табақа ранги хосаихешро дошта, аз ҳамдигар фарқ доштанд ва ин нишон медиҳад, ки ҳар як варнамавқеи муайянро дар ҷомеаи Ҳинди бостон доштанд. Дар ҳар табақа муносибатибайни табақавӣ мавҷуд буда, мувофиқи он никоҳи байни табақаҳои бегона манъкарда мешуд. Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин маълумот оиди вожаи табақа(Варна) ва худи табақаҳо дар ҷомеаи инсонӣ мансуб меёбад. Мансубияти табақавӣмодарзодӣ буда, табиати меросӣ дошт. Узвҳои ҳар як табақа касбу кори анъанавиихешро дошт. Меҳнати фикрӣ ба табақаи олӣ, яъне браҳманҳо мутааллиқ буда,муҳофизат ва соҳаи ҳарбӣ мутааллиқи кшатирҳо буда, савдо ҳунармандӣ, косибӣхоси вайшҳо буда, меҳнати вазнину миёншикан ба табақаи охир – шудраҳо тааллуқдошт. Минбаъда афкори иҷтимоӣ дар мактабҳои фалсафии Ҳинди қадим, аз қабилибуддоия, чорвакҳо, санҳя ва ғайраҳо такомул ёфт.

Таълимот оиди ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоииҷомеа дар таълимоти динию фалсафии мардуми Чини қадим нисбат ба Ҳиндустониқадим боз ҳам мукаммалтар ва возеҳтар баррасӣ гардидааст. Аввалин андешаҳоииҷтимоиро дар таълимотҳои динии онҳо ба амсоли «Панҷ китоб» дучор мешавем.Инсон ва табиат, аз рӯйи таълимоти онҳо, бояд мутобиқи қонунҳои Дао зиндагӣ ваамал намоянд. Дар баробари асарҳои динии чиниён мактабҳои фалсафии зиёде мавҷудбуд, ки доир ба масъалаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ афкорихудро иброз намудаанд. Мактаби фалсафии Конфутсий, низ оиди муносибати байниаъзоёни ҷомеа ва гуманизм, табиати маънавии инсон, оила ва оиладорӣ, идоракуниидавлат ва ғайраҳо нуқтаи назари худро баён кардаанд. Мутобиқи таълимотиКонфутсий дар ҷомеа қонуни «Жен» (инсондӯстӣ) амал мекунад, ки муносибатитарафайни одамон дар асоси ин қонун сурат мегирад. Асоси гуманизмро «парастишиволидон» ва «эҳтироми бародари бузург» ва умуман, инсониятро дӯст доштан ташкилмедиҳад. Конфутсий инсондӯстиро хоси на ҳама медонад. Ба андешаи ӯ, инсондӯсттанҳо асилзодагон шуда метавонанд. Аз ин бармеояд, ки ӯ ҷомеаи Чини қадимро баду табақа: аслизода ва «аввом» ҷудо кардааст.

Ба андешаи Конфутсий, танҳо асилзодагонметавонанд мардумро идора кунанд, чунки онҳо нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳатиахлоқ бартарӣ доранд. Ӯ тарафдори давлатдории монархияи анъанавӣ буд. Яъне,афкори иҷтимоии Конфутсий хусусияти ахлоқиро доро буд.

Минбаъд дар фалсафаи Чини қадим ҷойи таълимотиахлоқиро таълимоти “қонунпарастҳо” ишғол менамояд. Дар афкори онҳо қонунҳо ҷойимахсусро ишғол намуда, аз ишораҳои ахлоқӣ даст мекашанд. То қонунпарастонтаассуроти соддалавҳона оиди он, ки «давлат оилаи бузургест», ҷой дошт ва дартаърихи афкори башарӣ бори аввал онҳо кӯшидаанд нишон диҳанд, ки давлатро чунсохтори мураккаб бояд шахсони амалдор идора намоянд. Яке аз назариячиёни интаълимот Гунсун Ян буда, ки минбаъда ҳокими Шан Стзюн интихоб шудааст. Дартаърихи афкори инсонӣ бо номи Шан Ян ёд мешавад. Шан Ян ҷомеаро ба се давра ҷудо мекунад.

  • нафъҷуй,
  • инсондӯстӣ,
  • қонунпарастӣ.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳонбинии чиниёни қадим доир ба як қатор паҳлӯҳоиҳаёти иҷтимоӣ, муносибатҳои байни ҳамдигарии аъзоёни ҷомеа, тарзҳои идоракуниидавлат, табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, риоя карданиқонунҳои ҷомеа, ҷазоҳои маъмурӣ маълумотҳои дақиқу ҷолиби диққатеро дарёфткардан мумкин аст, ки то ба ҳол аҳамияти илмию маърифатии худро гум накардаанд.

Ҷомеа ва масоили гуногуни иҷтимоии ҷомеа дар ривояту қиссаҳо,таълимоти динӣ ва афкору андешаҳои фалсафии мардуми эронинажод дар аҳди бостонмавриди таҳлил қарор гирифта, доир ба паҳлӯҳои гуногуни он ибрози назаркардаанд. Дар сарзамини Осиёи Марказӣ, мардумони ориёитабори эронинажод зиндагӣмекардаанд ва дар ин сарзамин таълимотҳои гуногуни динию фалсафӣ аз қабилимаздония, зардуштия, монавия ва маздакия амал менамуданд, ки ҳар яке аз онҳооиди ҳаёти иҷтимоии инсон ақоиди хешро иброз кардаанд. Бахусус, дар таълимотидини зардуштӣ ва дар китоби муқаддаси онҳо – «Авасто» оиди ҷомеа, муносибатҳоииҷтимоии ҷомеа, рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мулоҳизоти ҷолиби диққате баён гардидааст, киомӯхтани онҳо аз манфиат холӣ нест ва ба таври мушаххас чанде аз ин афкорромавриди таҳлил қарор дода, пешкаши ҳаводорони ҷомеашинос мегардонем.

Китоби муқаддаси Зардушт «Авасто» ба шумор рафта, аз панҷ қисм:

  • «Ясно»-«назр», «ниёз»-ро ифода мекунад, ки аз матнҳои маросимӣ иборат аст.
  • «Яштҳо» («Яшт»-«ниёиш», «ситоиш», киаслан аз сурудаҳо дар васфи буддоёни дини Зардуштӣ иборат мебошад.
  • «Видевдат», «қонун ба муқобили девон (шаклибаъдинаи нодурусташ «Вандидод»), дастурҳо дар бораи покизагӣ ҳангоми тоатуибодат (як қатор муқаррароти динӣ ва шаръӣ, порчаҳои асотири қадим, ҳамосӣ вағайраҳоро дар бар мегирад.
  • «Виспрат»- «ҳама родҳо» (номи баъдинаи он, киносаҳеҳ аст «Виспарад» аз маҷмӯи дуо ва матнҳо иборат ёфтааст.

Як бахши Ясноро Готҳо ташкил медиҳад, ки дармаҷмӯъ он 17 бобро дар бар гирифтааст.

Аз рӯитадқиқи муҳаққиқон «Готҳо», аслан аз суруду муноҷотҳои манзум (назм) иборатбудааст. Порчаҳои алоҳидаи насрӣ низ дар он ҷой доштааст. «Готҳо» яке азсарчашмаҳои ниҳоят пурқимати «Авесто» буда, дар он муҳити воқеӣ, тарзи зиндагӣ,ҳаёти ҷамъиятӣ, зиндагии муқимӣ ва машғулияти мардумони ориёӣ таҷассуми худроёфтааст. Чунончи:

« Ай Маздоаҳуро! Он гоҳ ки ба чорпоён озодонароҳ додӣ, то ба кишоварзон ё ба чодарнишинон пайванданд, Сипандормузу1 хирадименуии падидорандаи чорпоён аз они ту буд». («Ясно, готи 31, банди 9).

«Пас (чорпоён) аз он миён кишоварзӣ галлапарварон,посбони маниши некро худойгони хеш донистаанд.

Ай Маздо!

Чодарнишини биёбонгард (ки бо кишоварзӣнапардозад), ҳарчанд бикӯшад, аз паёми некӣ (ту) баҳра наёбад»

(«Ясно» Ахунавадгот, готи 31, банди 10).

«Ай Маздо!

Манам, ки бо парастиши ту (зангори) нофармониюбадманиширо (аз) дилҳо бизудояму озодаро аз (ҷанги) хирасарону кишоварзро азҳамсоягони дурӯғпараст ва пешворо аз накӯҳандагону сарзанишгарон ва чаманичорпоёну киштзорро аз дасти гумоштагони бедодгару нобакор бираҳонам».

(“Ясно” Ахунавадгот, готи 33, банди 11).

Сипандормуз, номи фариштаи чаҳорум дар ҷаҳони минӯи, намояндаи дӯстдориюфурутании Аҳурамаздо, дар ҷаҳони хокӣ нигаҳбони замину хуррамию ободонист вамардумро ба кори кишоварзӣ дилгарм месозад.

«Оёҳаргиз девҳо худовандгарони хубӣ буданд? Онон мебинанд, ки чӣ гуна КарапануУсиҷу Кави 1чорпоёнро бар ишон ба хун мекашанд.

Инон чорпоёнро аз рӯи ойини ростин бароикушоиш бахшидан ба киштуварз намепарваранд».

(«Ясно» Уштавадгот, готи 44, банди 20).

«Ай Зардушт!

Кист он покдине, ки дар (густариши) ойинибузурги муг дӯст (ва ёвари) туст?

Кист он кас, кихостор аст бад ин ном баландовоза гардад?

«Он кас Гуштосб аст (ки) дар поёникор (аз) дини ростин пуштибонӣ хоҳад кард»2 («Ясно» готи 46, банди 14).

Дар ин сурудаҳо тарзи зиндагӣ ва машғулиятихалқҳои ориёӣ равшан тасвир ёфтааст ва ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, кихалқҳои ориёинажод хеле барвақт ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастаанд. Ва ориёҳо азҷумлаи нахустин зироаткорону чорводорони ҷаҳониён мебошанд, ки бо ин ҳунари хешдар ташаккули тамаддуни халқҳои Шарқ саҳми беандоза доранд.

Мазмуни ҳаёт, машғулияти гузашгагони мо дар«Авасто» хеле равшан ифода ёфтааст.

Чунончи гуфтамешавад:

«Он касе, ки бо дасти чапу рост ва росту чапзаминро меронад ва мекорад ба замин фоидаи бисёр меорад. Ин ба шавҳари дӯстдоремонанд аст, ки барои зани маҳбуб дар бистари нарму музайян ба роҳат хобидаашфарзанд ва ё неъмати дигар мебахшад…

Замин ба он касхитоб мекунад:

«Эй одаме, ки маро бо дасти чапу рост ва ростучап меронӣ ва кишт мекунӣ, дар ҳақиқат ман монда нашуда тавлид мекунам, ҳамешаҳосили фаровон ва ҳама гуна хӯрокворӣ муҳайё месозам, касе, ки ғалла мекорад,гӯё тухми некӣ мепошад.

(Видевдот, фикрҳои 25-26-31).

Чун ба ин гуфтаҳо хуб назар афканем, мебинем,ки ҳадаф аз заминро бо дасти чапу рост ва росту чап рондан ин нахуст шудгориҳалоли замин аст ва ё малакаи бо ду даст кор карда тавонистани заминдор –деҳқон мебошад. Ҳар ду омил ҳам боровари хуби ҳосил аст. Заминро ба зан ташбеҳдодааст ва меҳнатро ба шавҳар ки, ба занаш фарзанд ва ё неъмат мебахшад.

Нидои замин бадеҳқон низ пандомӯз аст, ки чун ту замин меронӣ (меҳнати ҳалол мекунӣ), манмонда нашуда тавлид мекунам (ҳосили дилхоҳ медиҳам).

“Касе, ки ғалламекорад, гӯё тухми некӣ мепошад”. Чӣ панди ибратомӯз аст, ки мардумро бамеҳнати ҳалол ва зиндагии хуб даъват менамояд, ки дар маҷмӯъ аз шиори маъмули«кирдори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» сарманшаъ мегирад. Ва онҳоеро, киғалла мекоранд, зироаткоранд аз пайравони ойини некӣ ойини Зардушт номидаанд.

Ин ифодаи ҳаётиинсонӣ тамоюли реалии зиндагӣ, инкишофиҳунари зироаткорӣ ва чорводорӣ хушбахтииаҳли меҳнат, инкишофи ҷомеаи инсониро мо дар қисмати дигари «Готҳо» мебинем, кихеле ибратомӯз мебошад.

Чуноне:

«Маро ба чӣ корофаридед?

Кист он кас, кимаро падид овард

Хашму ситамусангдиливу зӯр маро ба сутуҳ овард

Ай офаридгор!

Маро ҷуз тунигаҳбони дигаре нест.

Инак, беҳрӯзивушодкомии барзгаронро ба ман арзонӣ дор!

(«Ясно, готи 29, банди 1).

«АйМаздо?

Аз ту мепурсам: сазои он кас, ки дурӯғпарастинопокро ба шаҳриёрӣ бирасонад чист?

Ай Аҳуро!

(Аз тумепурсам) Подафрҳам (ҷазои) он бадкунише, ки мояи зиндагии хешро ҷуз ба озорикишоварзони дурусткирдору чорлоён ба даст наёварад, чист?»1

(Ясно. Готи 31. банди 15).

Дигар нуқтаи муҳими «Готҳо», аз назаримуҳаққиқон, ин таҷассуми ҷамъияти авестоӣ ба маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоиюсиёсии халқҳои ориёӣ мебошад.

Б. Ғафуров даркитоби «Тоҷикон» дар мавриди тавсифи сохти ҷамъиятии давраи авестоӣ андешаронда, китоби В.Гейгер “Маданияти Эрони Шарқӣ дар аҳди бостон» – ро ки соли1882 дар хориҷа чоп шудааст, ёдовар шуда, қайд намудааст, ки ин ягона китобест,ки то андозае сохти ҷамъияти авестоиро таҷассум менамояд. Ӯ қайд мекунад, ки«ин асар кӯҳна шудааст ва умед аст, ки бостоншиносону эроншиносони мо дарсолҳои наздик чунин асари зарурӣ ба вуҷуд меоранд»1.

Дарвоқеъ, ин умеди Б. Ғафуров чун фоли некумдае аз донишмандонро дар хориҷ ва дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон бамасъалаи омӯзиши ҳаёти ҷамъиятии давраи авестоӣ кашидааст.

Дар ин доира тадқиқоту, тафсироти худи Б.Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» (Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти “Авесто”китоби 1. Душанбе 1983. саҳ. 72-77) хеле ҷолибанд. Илова бар он, таҷдиди назарва тадқиқи таърихию воқеии асари «Авесто» дар давраи навин дар китоби пурарзишимуҳаққиқ, Эмомалӣ Раҳмон – «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Лондон 1999) дарқисматҳои “Нахустин қомусномаи ниёгон» (с. 29-43) «Ватани Зардушт ва шуурипайғамбари ойини ростин» (с. 43-54) ва мақолаашон «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуниэронӣ» дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (аз 17 июни соли 2006) таҷассум ёфтааст.

Чунонки бармеояд, хусусияти муҳими ҷамъиятиавестоӣ чаҳорзина будани он аст.

1 Сарвари динии иманйа «сарвари олии
хонадон дини заратуштро
2 сарвари динии авлод висйа тэма» номида
мешаванд.
3 сарвари динии қабила зантума
4 сарвари динии даҳйума
мамлакат

Усули чаҳорзинагии ҷамъият ин ҷараёни нахустини гузариш ба ҷомеаисинфӣ (сохти ғуломдорӣ) мебошад, ки аксари халқиятҳои қадим дар давраи гузаришаз ҷомеаи ибтидоӣ ба ҷомеаи ғуломдорӣ ин сохторро доштаанд. Дар таълимоти авастоӣ оиларо нмана ва кадхудоионро – нмано мехондаанд ва нмано «худованди хона» ба ҳисоб мерафт. Зани калони дар оилаи нманопатнӣ – «кадбону»номида мешуд ва мавқеи калонеро дар оила мебозид. Б. Ғафуров қайд намудааст, ки«мавқеи зиёдеро ишғол кардани зани калонӣ дар оилаи тоҷикон, махсусан, сокинонимаҳаллаҳои назди Помир, ба ҳукмронии ҳазорсолаи ислом нигоҳ накарда, то замонимо боқӣ мондааст. Материалҳои этнографие, ки дар мавзеъҳои гуногуни Помирҷамъоварӣ шудаанд, бо ин шаҳодат медиҳанд»1

Баланд будани роли занон дар Осиёи Миёна(Шарқи Эрон) дар сарчашмаҳои зиёди таърихӣ омадааст. Занони ҳукмрони Уструшанва Суғд лақаби «афшин» доштаанд. Инро олимон Бартольд В.В. ва Абаев В.И, исботкарда буданд. Ин унвонро баъдтар ба мардон медоданд.

Дар «Авесто» матнҳои зиёди дигаре омадааст, кимуҳити оилавиро таҷассум менамояд «нманйа» – аъзои оила, «висйа» – эзидониқабилавӣ, «фравашиҳо» – фариштаҳо, «вира» – мард, сарбоз, ғулом, вайса-«вайса», «парийатер» – узвҳои хурди оила мебошанд. «Нафа»- иттиҳодияҳое, кинисбат ба оила калонтар ва ин гурӯҳ то 100 марди комилҳуқуқро дар бар мегирад.«Вис» – қабила аст, ки аз якчанд гурӯҳи бизоатманд иборат аст, «вистапи» – сардори қабила, «вис»-маънии маскани аҳлиқабила деҳро низ дорад. Узви комилҳуқуқи ҷомеа онеро меҳисобиданд, ки ба синникамолот расида (ба овони 15 – солагӣ) бошад ва он ҳуқуқҳои иштирок дармаросимҳои динӣ, ҳуқуқи барпо намудани оиларо пайдо мекунад. Масъалаҳоихонаводаро шӯрои қабила, ки аз бизоатманд он иборат мебошанд ҳал менамуданд.«Шӯрои қабила вазифаи ниҳоят масъули ҷамъиятӣ дошт. Ҳалли масъалаҳоихонаводаҳо, масъалаҳои ҳаёти дохили истеҳсолӣ ва ҷамъиятии марбут ба анҷомивазоифи динӣ ва ҳуқуқӣ, ғайр аз ин, масъалаҳои муносибат бо қабилаҳои дигарроҳал менамуд»2.

Бояд ин нуқтаро қайд намуд, ки нобаробарӣ дарҷамъият пайдо мешуд, сарватмандон соҳибони чорпоён ва заминҳо будаанд.Тақсимоти иҷтимоӣ дар замони зуҳури Авесто ба вуҷуд омада буд ва чунон кимаълум мегардад, чунин гурӯҳҳои «иҷтимоӣ – касбӣ» – рӯҳонӣ, сарбозудучархасавор, деҳқону чорводор, ҳунарманд, номбар мешавад. Ҳамчунин дар доираиҷамъият дар қатори Мардуми оддӣ боз «родмардон» «ашрофон» – «азата»(«асилзодагон») вуҷуд доштанд. Дар забони форсии миёна – паҳлавӣ, калимаи “азата” маънои «зодаихонадони шоҳ» «родмард» «озодасл» – ро дорад. Калимаи «даҳйу» – маънои «вилоят», «мамлакат», давлатчаҳо» – родорад.

Дар «Готҳо»-и «Авасто» идеали «шоҳони хуб», китавонанд кишварашонро аз душманони дохилию хориҷй муҳофизат намоянд, ифодаёфтааст.

Таҳлилу пажӯҳишҳои муносибатҳоииҷтимоӣ – сиёсии давраи «Авесто» собит месозад, ки дар Осиёи Миёна ин давраигузариш аз сохти ибтидоӣ ба сохти ҷомеаи синфӣ-ғуломдорӣ будааст. Ин ҳолатро Ф. Энгельс таҳлил намуда,қайд менамояд, ки дар натиҷаи лашкаркашиҳои ғоратгарона мавқеи сипаҳсолорон вапешвоёни Қабилаҳо баланд мегардад. Акнунсипаҳсолори олӣ ва дастёрони вай аёну ашрофи меросӣ шуда мемонанд, «демократияитабии сохти ибтидоӣ бааристократияи нафратовар» мубаддал мегардад.1

Омӯзиши хоҷагии аҳди авестоӣ нишон медиҳад, ки дар ҳазораи 1-и пеш азмелод ду навъи маъмули хоҷагидорӣ пайдо мешавад. Дар саҳро кӯчманчигииҷорводорӣ ва дар водиҳо бошад, муқиминишинии заминдорӣ ташаккул меёфт. Ин чиз возеҳу равшан маълум аст,ки барои инкишофи ягон шакли хоҷагидорӣ, аввалан шароитҳои воқеӣ, аз ҷумлаисаҳроҳои васеъ, табиати бою рангин, кӯҳсор, дарёҳо ва ҳамчунин мардумимеҳнатқарин лозим аст. Хушбахтона, дар Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим иншароитҳо вуҷуд дошт ва ташаккули кори хоҷагӣ низ дар ин сарзамин ба назар мерасад. Чуноне ки дар яшти Ардивисура(Аноҳид) тасвири кӯҳи Ҳуқаро ба дарёи (уқёнуси Фаррох крат ифода ёфтааст, ки воқеан ҳам ҷанбаивоқеӣ дошта таҷассуми табиатро ва машғулияти одамони замони авестоиро дорад).

Афкори иҷтимоии файласуфони Юнони бостон

МутафаккирониЮнони бостон дар инкишофи илми башарӣ саҳми беандозае гузоштаанд ва эшон доирба масоили мухталифи илмҳои табиӣ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ афкори хешро ибрознамудаанд. Бахусус, мақоми макотиби фалсафии Юнони Қадим хеле назаррас мебошад.Файласуфони машҳури юнонӣ Демокрит, Афлотун, Арасту, Суқрот оиди паҳлуҳоигуногуни ҷомеа ва сохтори он, давлат ва вазифаҳои он, қишрҳои иҷтимоии ҷомеа вағайраҳо назари хешро баён кардаанд, ки то ба имрӯз аҳамияти худро гумнакардаанд.

Демокрит(460-370 пеш аз милод) доир ба пайдоиши давлат, сиёсат, озодии шаҳрвандон, тақсимимеҳнат сухан ронда, сиёсатро санъати муҳим ва олӣ ҳисобида, вазифаи онротаъмини манфиатҳои омма иборат медонад. Демокрит озодии одамонро тарафдорӣ карда, шакли демократии давлатдориродастгирӣ намуда, зикр менамояд, ки кормандони давлат манфиатҳои оммаро азманфиатҳои хеш болотар донанд. Ӯ асоси пешрафти ҷомеаро дар талаботҳои маводихӯрока ҳисобида қайд мекунад, ки талабот ба ғизо муаллими инсон аст. Ҳаётиҷамъиятӣ, аз нигоҳи ӯ, бояд бе задухӯрд, дар асоси қонуну қонуниятҳо ташкилкарда шавад.

Афлотун (427-347) – ро яке аз аввалин ҳақиқатнигорони ҳаёти иҷтимоии башармешуморанд. Ӯ дар осори хеш «Давлат», «Қонунҳо»; доир ба сабабҳои пайдоишидавлат, сохти идоракунии давлат, вазифаҳо, тақсимоти меҳнат, озодӣ, тарзиташкили зисту зиндагӣ ва ғайраҳо маълумотҳои дақиқи илмиро пешниҳод кардааст,Афлотун зикр менамояд, ки фарде, ки мувофиқи табиаташ берун аз давлат умр басар мебарад ё ин ки саломат нест, ё одами ғайриоддӣ мебошад (1-378). Аз инбармеояд, ки ӯ давлат ва қонунҳоро барои он зарур медонистааст, ки одамон бадинвасила ба мақсадҳои хеш расида тавонанд. Ба андешаи ӯ давлат дар тақсими меҳнатбояд саҳмгузор бошад. Афлотун сохти ҷумҳуриявии давлатдориро пайгирӣ менамуд.Афлотун қишрҳои иҷтимоии ҷомеаи Юнони бостонро аз таркибҳои зерин иборат медонад.

  • Ҳокимон -файласуфон чун идоракунандагон;

® Ҷанговарон-ҳимоятгарони давлат аз шӯришҳои дохилию берунӣ;

  • Ҳунармандон.

Афлотунзиддиятҳои ҷомеаро дар вуҷуд доштани моликияти хусусӣ ва оила дониста, таклифменамояд, ки барои бардоштани онҳо аз ҷомеа истиқоматгоҳои умумӣ барпо карданлозим аст. Вай яке аз аввалинҳо шуда, органи идоракунии давлат- шӯроҳо(советҳо) – ро пешниҳод карда ва аз ҳар табақаи ҷомеа ба шӯроҳо бояд 90нафарӣ намоянда интихоб гардида манофеи

эшонро ҳимоятнамоянд.

Арасту (384-322) маъруфтарин иҷтимоиётшиноси аҳди бостони Юнон мансуб меёбад. Вай таъкид менамояд, ки инсонмавҷудоти иҷтимоист нисбат ба занбӯру галаи ҳайвонот. Барои исботи фикрашсоҳиби нутқ будани инсонро мисол меоварад. Оиларо яке аз шаклҳои аввалинииттиҳод медонад ва минбаъд маҷмӯи онҳо деҳаҳо ни ҷамъи иттиҳоди деҳдҳо давлатроба вучуд меовард. Давлат аз нигоҳи Арасту, гуногунии ҷомеа буда аз ҳамин рӯмавчудоти табиӣ мгӣошад. Ӯ ҷомеаро яке аз шартҳои асосии мавчудоти одамон меҳисобад.

Арасту доир ба 158 шаҳр – давлатдориҳои Юнони бостон маълумотҳодода, тарзи сохти идораи конститутсионй, сохти заминдории идоракуниро таҳлилкардааст. Мутафаккир се навъи бадтаррини ва се навъи бадтарини давлатдориронишон дода ва ба шаклҳои беҳтарин чунин тарзҳои давлатдориро мансуб медонад:

  • монархия.
  • аристократия
  • «полития»

Ба шаклҳоибадтаринии давлаторй:

  • тирания
  • олигархия
  • демократияи харобгашта

Афкори иҷтимоию фалсафии Арасту дар осори ӯ «Сиёсат», ИолитияиАфинагӣ», «Физика», «Метафизика», «Аналитикаи 1-2», Риторика» ва ғайраҳоомадаанд.

Файласуфи насронӣ Аврелий Августин (Августини Саодатмнид) (354-430)дар рисолаи «Оиди шаҳри Худовандӣ (413 – 426) андешаи ягонагии умумиятиинсоният ва аз як насли Одам ба вуҷуд омадани одамонро иброз кардааст. Ӯ ҳаётрозаминӣ (шаҳри заминӣ) ва мамлакати худовандӣ (шаҳри худовандӣ) медонад. «Шаҳризаминӣ» дар заминаи гуноҳҳо ва зӯроварӣ бунёд ёфтааст.

1.96K
Нет комментариев. Ваш будет первым!