Афкори сотсиологии Асри Миёна ва замони Эҳё

  • Андешаҳои сотсиологии мутафаккирони форсу тоҷик дар Асрҳои Миёна
    • Афкори сотсиологии аврупоӣ дар Асри миёна
    • Афкори сотсиологии Замони Эҳё

 Андешаҳои сотсиологӣ мутафаккирони форсу тоҷикдар Асрҳои Миёна

Омӯзиши ҷомеа, равандҳо, муносибатҳо, рӯйдодҳо – тамоми ҷараёнҳоииҷтимоии ҷомеа диққати мутафаккирони форсу тоҷикро ба худ ҷалб карда, онҳокӯшидаанд, ки аз лиҳози илмӣ нуқтаи назари хешро иброз доранд.

Фалсафаииҷтимоии Абӯ Ҳанифа (699-767 мелодӣ). Саҳми шахсиятҳодар раванди инкишофи ҷомеаи инсонии ҷаҳон хуб ба назар мерасад. Яке аз чунинчеҳраҳои шинохта, ки аҳли суннати ҷамоаи исломиро зери як иттиҳод ҷамъ овардаюаз иттиҳоди муслимин пуштибонӣ намудааст – Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собитмебошад. Вай натанҳо чун пешвои мазҳаби дини Ҳанафӣ ( ҳанфа – пок, ранг,устувор ба ақидаи худ будан, гиёҳе,ки дар Ироқ мерӯяд, кӯза – зарф барои таҳорат кардан) дар ҷамоаи муслиминмашҳур аст, балки чун як олими закӣ низмаъруф гардидааст. Муҳаққиқон осори ӯробаррасӣ карда 1) «Алфиқҳулакбар», 2) «Алфиқҳулавсат», 3) «Алолим вал мутаъаллим»4) «Аррисола» 5) «Китобуулвасият» 6) «Китобаррад ъалал қадарййя» зикр менамоянд, ки даронҳо зиёда аз 500 масъалаи ҳаёти иҷтимоиимуслимин мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Чунон ки ҷомеашинос – Ибни Халдун 1332-1406 зикр менамояд, ӯ ба 400 ҳадисиРасул(а) (фикрҳои худро Г-Ш) иброз намудааст. Абӯҳанифа илмҳои гуногуни замонаашро, аз қабили илми тиб,илми адён (динҳо), илми усул (калом) ва ғайраҳоро омӯхта ва аз онҳодасткашиданашро шарҳ дода, сабаби ба илми фиқҳ машғул гардиданашро чунин тавзеҳмедиҳад. «Ҳама умр дар илми фиқҳ саъй кардам, ки дар вай ҳама нафъ дидам ва зарарене. Агар як масаъларо бо иҷтиҳоди худ ҷавоб гӯям ва агар хато берун ояд, яксавоб бувад ва агар дуруст берун ояд, ду савоб ва ба ровояти дигар даҳ савоббувад.»1 Аз ин бармеояд, кимақсади асосии Имоми бузург ин пеш аз ҳама ҳал намудани масоили норавшанииҷтимоӣ, ки аҳли ҷамоаи исломӣ ба онҳо дучор мегардиданд, мебошад. Азбаскиҷамоаи исломӣ баъд аз реҳлати паёмбар ба қисмҳои мухталиф ҷудо гардида будандуҳамеша байни онҳо низоъҳо ба назар мерасид, Абӯҳанифа мекӯшид, ки тавассутиҳадисҳои саҳеҳи Расули Акрам иттиҳоди муслиминро ба ҳам оварад ва то андозае баин мақсади хеш ноил гардид, ки то ба имрӯз аксари аҳли суннат аз мазҳаби ӯ дар мамолики гуногун пайравӣменамоянд. Ӯ дарҳақиқат, аввалин нафаре буд, баъд аз давоми хилофати амиралмӯъминин Алӣ(раз) ба ихтилофоте, ки дар ҷамоаи муслимин дар оғози сулолаи Уммавиён ба вуҷудомада буд, қалам бардошта, ақидаи аҳли суннатро нисбати ихтилофотҳои ҷойдоштаиброз намояд. Имоми Аъзам масоили гуногуни ҷамоаи исломӣ, аз қабили динӣ,фалсафӣ, фиқҳӣ ва иҷтимоиро аз диди мазҳаби суннӣ баҳо медиҳад. Дар афкорииҷтимоии ӯ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷамоаи инсонӣ аз қабили имону имондорӣ, мастию бадмастӣ, ливотат, дуздӣ,зино, сеҳр, рибо, ришва, тӯҳмат ва ғайраҳо бардошта шудаанд, ки аксари онҳо тоба имрӯз масоили доғи ҷамоаҳои мутамаддини Ғарбу Шарқ мансуб меёбанд, ки барои ҳаллиин масоил ҳукуматдорон ва қонуну қонунгузорон дасткӯтаҳӣ мекашанд.Абӯҳанифа ин масоилро бо овардани ояҳоиКаломуллоҳ ҳадисҳои Расули Акрам ва қавли саҳобаҳо ва агар алфози саҳобаҳоихтилоф меёфту ва аз ояҳои Қуръони кариму ҳадисҳои Муҳаммад© ҷавоб намеёфт,дар асоси қиёс ба масъала равшанӣ меандохт. Чуноне ки Имоми Аъзам менигорад.«Аммо қиёси мо пайравӣ аз амри Аллоҳ аст, яъне бо фармони ӯ амал мекунем.Масъалаву қиёсро бо китоби Худои таоло, суннатҳои Расул © ва суханони саҳобарост медорем ва пайравӣ менамоем»1 Абӯҳанифа «дар бораи ҳарому ҳалол сухангуфтан» – ро (Г-Ш.) «беҳтарини суханҳо» ҳисобида ва «аз ҳарому ҳалол сухан гуфта, халқро аз масъият нигоҳ»медорад. Масалан оиди рибо (фоида ва суд) сухан ронда, зикр менамояд, ки рибо дар шариат як навъ додугирифти ҳаром ва нораворо гӯянд, ки иборат аз ду қисмаст. Рибо дар савдо ва рибо дар қарз. Ӯ аз каломи худовандӣ оварда мегӯянд: “Аҳаллал– лоҳул – байа ва ҳарамар- рибо” (Ҳалол кард, Аллоҳ, тиҷоратро ва ҳаромкардааст, риборо). Ва қавли Расул(а) -ро оварда зикр менамояд, ки «лаъанаРасулуллоҳи © окиларрибо ва маъкулаҳу» Лаънат кардааст, Расулуллоҳ(а), судхӯрва суддиҳандаро.

Имоми Аъзам ба яке аз масоили доғи ҷаҳонимуосир, ки кулли додҳои ҳукуматҳои ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст – ришваюришвахорӣ даст зада, ин масъаларо аздиди Расул (а) баррасӣ намуда, иброз менамояд, ки «Расул(а) оиди ришва чунинмегӯяд: “Лаънатуллоҳи алар-рошӣ вал мурташӣ ва манн ямшӣ байнарошӣ (валмрташиӣ)(Лаънати Худо аст бар ришвадиҳанда ва ришвагиранда ва касе, ки миёни онҳокорсозӣ мекунад). Аз ин гуфтаҳо равшан мегардад, ки ҳам ришвадиҳанда ҳамришвагиранда ва ҳам миёнарав гуноҳ содир менамоянд ва онҳоро Худованд лаънатмехонад. Яқинан, лаънатхондаи Худованд аст, ки эшонро дар давлатҳои дунявӣмавриди муҷозот қарор медиҳанд.

Имрӯзҳо барои таҳсили илм намудан дар макотибиолӣ аксаран ҷавонон воситаҳои гуногунро ҷустуҷӯ менамоянд. Абӯҳанифа инмасъаларо баррасӣ намуда, зикр менамояд, ки «Барои илм омӯхтан шахсеро набоядвосита кард, зеро Худои таъолоро ба аҳли уламо аҳду паймон ҳаст, аз роҳи ростба халқ илм омӯзанд ва таълим диҳанд. Батаълими олим ва тадриси мударрис ҳеҷ шарту шароит лозим нест. Дар роҳи Худотаълими аҳком ва тадриси улум…. Ба ҳар олиму мударрис воҷиб аст, чунончӣибодат воҷиб аст, фақат барои Аллоҳ таъоло»1.

Ҷомеи инсонӣ дар асоси муносибатҳои тарафайнбарои қонеъ гардонидани талаботҳо бунёд ёфтааст ва дар афкори ин фақеҳи бузургиислом оиди муносибатҳои оилавӣ, ҳамсоягӣ, ҳуқуқҳои зану мард ва ғайраҳоандешаҳои ҷолиби диққате ба назар мерасанд, ки омӯхтани онҳо аз аҳамият холӣнест. Масалан, ӯ оиди хонадор шудан андешаашро чунин иброз менамояд: «…касе,ки чаҳор зан бо адлу қасам гирифта бошад, ҳалол аст, валлоҳ як зан, зеро ки дарҚуръони маҷид омадааст: «Фа ин хифтум ан ла таъдилув фа воҳидатун» Лозим аст,ки аз Қуръон таълим бигирем ва ба он амал намоем»2. Абӯҳанифапойбанди фармудаҳои Худованд буда ва ба хотири молу мулки дунё ва ширинивулаззати дунё ҳаргиз хушиву хушҳолии охирати абадиро аз даст намедод. Ӯ нисбатисиёсату ҳукумат фикрашро дар заминаи худотарсиву худопарастӣ баён карда, зикрменамояд, ки «Ҳокими ҳақиқӣ – Худованд аст ва расули Худо © ба ҳайси намояндаиӯ дар рӯйи замин итоаткунанда аст. Ва шариате, ки аз тарафи Худо ва пайғамбараш© ба мо расидааст, аълотарин қонун аст, ки дар муқобили он ба ҷуз итоат вапайравӣ аз ӯ роҳи дигаре нест»3.

Ҳамин тариқ, фалсафаи иҷтимоии Имоми Аъзам боандарзҳои рангорангоро ёфта, то ба имрӯз аҳамияти илмӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоиашонро нигоҳ дошта,барои мо пайравони мазҳаби ӯ чун дастуруламал хизмат карда истодааст.

Яке азсаромадони фалсафа, тиб ва илми кимиёи мардуми форсу тоҷик – Абӯбакри Муҳаммадибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ(251(865м) – 290ҳ(902м.)) низ афкори хешро оиди ҷомеаи инсонӣ ва муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа даросораш «Тиббуррӯҳонӣ», “Сиратулфалсафӣ”. «Илми илоҳӣ» ва ғайраҳо (муҳаққиқоносорашро зиёда аз 200 адад медонанд), иброз кардааст. Бахусус, назари ЗакариёиРозӣ оиди ҷомеаи инсонӣ дар «Тиббуррӯҳонӣ», ки иборат аз бист фасл аст, бараълонамудор мегардад. Закариёи Розӣ олами инсониро ба ду гурӯҳ ҷудо менамояд.Гурӯҳи носеҳону омӯзгорон, ки аз ҷиҳати донишу хирад пешдастӣ доранд ва гурӯҳишогирдону донишҷӯён ва насиҳатҷӯён, ки аз ҷиҳати донишу хирад ва таҷорубизиндагӣ ба гурӯҳи аввал баробар нест. Закариёи Розӣ ба хулосае меояд, ки инсоннатанҳо аз ҷиҳати моддӣ, иҷтимоӣ мутеи ҳамдигаранд, балки аз ҷиҳати маънавӣ низба якдигар эҳтиёҷ доранд.

Мутафаккир дар рисолаи «Аломати иқбол вадавлат» сабабҳои нуфузу мартаба пайдокардани шахсро дар ҷомеа ба таври возеҳу равшан нишон дода, аз ҷумла «устувории мулк»-(ро) вобаста ба қонунҳои боадолатиӯ, аз қабили ҳазар кардан аз сустбунёдӣ, ки вайроншавӣ, аз душманону мухолифонва инчунин, нисбат ба онҳо эҳтиром доштан»1 иборат медонад.

Закариёи Розӣ масъалаи пешоҳангӣ (сарварӣ)-робаррасӣ карда, ба хулосае меояд, ки «ноил гардидани шахс ба раёсат, пеш аз ҳамаба ҳарҷониба омода будани он»2 вобаста аст ва табиат бе сабаб ягончиз ё қувваеро намеофарад.

Мутафаккир шахси фазилатнок, росткор, зиракупешгӯйро сарвар ва пешво ҳисобида зикр менамояд, ки «то даме, ин гуна сифатҳовуҷуд»(доранд) «шахс поку фозилу сиёсатмадор бимонад»3. ЗакариёиРозӣ соҳибмартаба гардидани шахсро мавриди таҳлили худ қарордода, ба хулосае меояд, ки «эҳтимому эҳтироми тобеон ва асҳобонро нисбат башахс»1бояд соҳиб гардад. Шахси раёсатманд дар ҳолатҳои баландии мартабааш ҳам, ҳамешахоҳони эҳсон буда, аз бадкирдориву бадандешӣ худро нигоҳ медорад.

Афкори фалсафии ӯ аз он шаҳодат медиҳад, киЗакариёи Розӣ яке аз аввалин назариячиёни ақлгаро (ратсионалист) ватаҷорубпарасти асримиёнагии Шарқ мансуб гардида, ҳамеша таъкид менамояд, ки«ҳар як амалро кас ба диққат азқиёси фикрӣ гузаронад.Чунки ақл чизеро, ки пешниҳодмекунад, он чизро бо ҳуҷҷату мадрак ва далели возеҳ нишон медиҳад.3Ӯ мақому манзалати ақлро дар ташаккулу такомули фард қайд карда «маҳз тавассутиақл» инсон соҳиби ҷоҳу ҷалол гардида, бо «кӯмаки он ҷавҳари аслро дарёфт»намуда ва ба «тавассути ақл аз ҳайвони ғайри нотиқ афзалият пайдо» менамояду«ҳастии оламро дарк менамояд».

Закариёи Розӣ оиди дар ҷамоа ҷамъ гардиданиодамонро мавриди таҳлил қарор дода зикр менамояд, ки «кӯшиши бисёри одамонбарои таъмини зиндагии як нафар ва баръакс, кӯшиши як нафар барои зиндагииодамон зарурият пайдо мекунад». Яъне яке аз омилҳои асосии пайдоиши ҷамъиятро ӯдар талаботҳои моддии инсон дида, аз ҷумла менигорад, ки «як одам аз куҷо худроҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад ва ҳам аз ҷойю макон фароҳам намояд. Лекин худион як нафар ҳатман мутахассиси як ҳунар шуда метавонад». Вай 6.11 хулосаемеояд, ки «тавассути ҳамбастагӣ» ва муовинат одамон муттаҳид гардида, «корҳое,ки ба нафъашон мебошанд, дар байни худ тақсим кардаанд». Ҳамин тариқ, вай бахулосае меояд, ки муттаҳид гардидан ва дар як ҳамбастагӣ қарор доштани одамоназ талаботҳои зиндагӣ бармехезад.

Хулоса, дар афкори фалсафӣ, тиббии ЗакариёиРозӣ як зумра андешаҳои ҷолиби диққат аз қабили ҷомеа, ҳамбастагии ҷомеа,муовинат, мартабаи шахс, тақсимоти меҳнат ва нобаробарии тақсимоти меҳнатандешаҳои ҷолиби диққате ба назар мерасад, ки то баимрӯзҳо аҳамияти илмии худро гум накардаанд ва метавонанд дар омӯзиши ҷомеа вамуносибатҳои иҷтимоии ҷомеа мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. Душанбе: Адиб. 1989. саҳ. 122.

Абӯнасри Форобӣ (870-950) яке аз саромадони фалсафаи машшои ШарқиНаздик мансуб ёфта, дар баробари масоили фалсафӣ нисбат ба паҳлӯҳои ҳаётииҷтимоии инсоният андешаҳои ҷолиби диққат иброз намудааст. Мувофиқи шаҳодати Абӯрайҳони Берунӣ, вай 184 асарнигоштааст. Масалан, ӯ дар асарҳояш “Фусулалмаданӣ”, «Фусули мунтазиа», «Калом филақлилкабир», “Китоб фил ақлиссағир”, «Китоб ул-мадҳал фил ҳисоб», “Ал сиёсатулмудуния” инсон, мақоми ӯ, шароити зисту зиндагии вай, насибу тақдир, масъулияти инсон ҳангоми фаъолият кардан вадигар равандҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фикри хешро иброз кардааст. АбӯнасриФоробӣ дар олами ислом нахустин ҳакиме буд, ки бунёди баҳси марбут ба масъалаитадбири манзилро тарҳрезӣ кард. Вай дар фаслҳои асараш «Фусулалмаданӣ» азмасъалаҳои оиладорӣ ба унвони «Рабулманзил» ёд карда, мадинаву манзилро бабадани инсон монанд кардааст. Форобӣ зимни тавзеҳоти куллӣ дар бораи тадбириманзил, дар атрофи муносибатҳои аҳли оила, яъне марду зан, падару фарзанд,хоҷаву банда ва соҳиби молу мулк ишораҳо кардааст, ки ин гуна ақидаҳо бештар бакитоби «Сиёсат»-и Арасту хеле шабоҳатдошта, зери таъсири он иншо гардидааст. Аз сабаби он ки китоби «Сиёсат»-иАрасту ба забони арабӣ тарҷума нашудабуд, аз ин рӯ, манбаи афкори Форобӣ дар ин хусус гузоришҳои ноқисе аз ин китобва шояд осори иқтибосӣ аз он бошад. Аз ибороти Форобӣ чунин бармеояд, ки ӯ ба мисли Арасту,андешаҳоро перомуни масъалаи манзил ҳамчун муқаддимаи баҳсҳо дар атрофи сиёсатпазируфтааст. Дар афкори ӯ инсон махлуқи ҷамъиятӣ мансуб ёфта, бояд меҳнаткарда ризқу рӯзии худро дарёфт намояд. Омилҳои пайдоиши ҷомеаро дар зарурати қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣва маънавии одамон дида, иброз менамояд, ки одамон аз рӯйи талаботҳои худ башаклҳои гуногуни истеҳсолоти нозу неъматҳо машғул гардида муттаҳидиро ба миёнмеоваранд. Ба андешаи мутафаккир, дар чунин муттаҳидӣ, ёрии ҳамдигар одамонроводор менамояд, ки пурмаҳсул меҳнат намоянд.

Ба андешаи Форобӣ, яке аз омилҳои пешбарандаиҷомеа шахсони бузург: подшоҳон, ҳокимон ба шумор рафта, онҳо метавонанд даринкишофи ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Абурайҳони Берунӣ(973-1048) нуҷумшинос, муаррих, бостоншинос, заминшинос, сарватшинос ва файласуфибузург ба шумор меравад. Абӯрайҳони Берунӣ осори пурғановате аз қабили «Алосорулбоқия ан алқурун улхолия» (Осорулбоқия), «Китоби таҳдиди ниҳоят ал амокин литасҳиҳи масофат -ил-масокин» (заминшиносӣ) «Китоби фи-тадқиқи мо-ли-лҲинд»(«Мо-ли-л Ҳинд»), «Алқонунул Масъудӣ филҳайат вал нуҷум» (қобусномаиастраномӣ ва математикӣ), «Китоб -ул ҷамоҳир фи маърифат – ҷавоҳир» (кашфи I сарватҳои зеризаминй), «Китобуссайдона фи-т тиб(б) (фармакогнозия-тавассути растаниҳо табобат кардан), «Китобуттафҳим ли авоили саноат ит -таҷим»ва ғайраҳоро нигоштааст, ки дар онҳо масоилҳои гуногуни илмӣ мавриди баҳсуандеша қарор гирифта, дар доираи фаҳмиши мутафаккир арзёбӣ гардидаанд.

Ба афкори таърихию фалсафӣ, иҷтимоию иқтисодииБерунӣ бо мутолиаи китобҳои «Осор -ул боқия», «Мо-ли-л Ҳинд», «Китоб ул-ҷамоҳид» шинос шудан мумкин аст. Чӣ тавре ки Муҳаммад Осимӣ дар сарсухани«Китобуттафҳим ли авоили саноат ит -таҷим» I овардааст. «Осорулбоқия» таърихи тамаддуни умумиинсонирро бо тартибимуайян баён намуда, тарзи такомулёбии афкор ҷамъиятиро бо далелҳои ақлӣ» 1 дарбар мегирад. Абӯрайҳони Берунӣ дар ин китоб андешаи Шарқиёнро оиди падариинсония: будани ҳазрати Одам оварда ва бар зидди андешаҳое, ки ҳазрати Одамропадари инсоният намедонистанд, баромад карда зикр менамояд, ки «тағйиротҳоиқиёфа, рангу пусти бадан, ахлоқ, хулқу хӯй натанҳо ба насаб вобаста аст, балкиба мавзеи зист, об, ҳаво ва ғайра зич алоқаманд мебошад».2 Омилҳои ба қавмҳоҷудо гардидан ва ба забонҳои дигар ҳарф задани инсониятро мутафаккир дар«давраи аввал ба гурӯхҳо тақсим шудан аз ҳам ҷудо гаридан»-и одамон иборатдониста зикр менамояд, ки мувофиқи зарурат ба ҳар гурӯҳи халқ лозим омад, ки боин ё он калимае ба ҳамдигар муроч, иат намояд.

Абуалй ибни Сино (980-1037) мутафаккир, аллома, файласуф, табиби нотакрорбуда, дар инкишофи фарҳангу илми мардумитоҷику форс саҳми босазое гузошта аз хеш мероси гаронбаҳое боқӣ мондааст, кимаъруфтаринашон «Китобулшифо», «Китобулнаҷот», “Ишорот ва танбеҳот”,«Донишнома» «Тадобири манзил» ва ғайраҳо мебошанд.

Мутолиаи ин асарҳо нишон медиҳад, ки алломадар баробари масоили фалсафӣ, тиббӣ, мантиқӣ, мусиқӣ доир ба ҷомеа ва муносибатҳоииҷтимоии он, равандҳо, ҳодиса ва рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеа андешаҳои ҷолиб иброзкардааст. Бахусус, дар рисолаҳои “Тадобири манзил”, «Қадр», «Мушрид-ул кифоя»,«Аҳд», «Таҳсил- ус-саодат», «Ҳай ибни Яқзон», «Тайр», «Ишқ» «муносибатҳоигуногунии иҷтимоии ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мувофиқи таълимоти ӯинсон дар ҷомеа бе меҳнат зиндагӣ карда наметавонад. Ӯ «эҳтиёҷоти подшоҳонурайятро …. бо якдигар мусовӣ» дониста зикр менамояд, ки инсон дар зиндагӣ бағизо ниёзманд аст, ки ғизову хӯрок мояи ҳаёти вай аст»1. Маҳз дар якҷоягӣ бо дигаронимкон медиҳад, ки бааосон ризқу рӯзии худро пайдо карда талаботи моддии хешроқонеъ намояд. Дар ҷомеаи инсонӣ муносибатҳои гуногун амал менамояд ва афродиҷомеа бояд ҳамоҳанги талаботҳои зиндаги амал намояд. Ба андешаи Ибни Сино Инсон бо ақл, шуур,қобилият, ахлоқ, одоб, илму фарҳанг, эҷодкорӣ ва дигар омилҳо аз ҳайвон фарқменамоянд. Ӯ мардумро ба ин ду қисм» «ҳарис» ва «ба касб мӯҳтоҷ» ҷудо менамояд.Ибни Сино саноатро «собиттару пойдортар аз тиҷорат»дониста зикр менамояд, ки тиҷорат ба василаи мол сурат мегирад ва имкони фановузавол буда, мумкин аст аз дасти тоҷир рафта онро бе сармоя бигзорад. Валекинсаноат ин тавр нест, балки… соҳиби он онро омӯхта метавонад, бидуни доштанимол ва сармоя ҳам аз он истифоданамояд»2.Саноатро Ибни Сино ба ҳайси ҳунар ва донишу таҷриба фаҳмида ва се навъи онронишон медиҳад.

  • Аз ноҳияи ақл. Ва он иборат аст, аз раъи саҳеҳ ва назари соҳиб дар машваратва ҳусни тадбир. Ин саноати арбоби сиёсату тадбир ва соҳибони мақоми вазорат мебошад.
  • Аз ноҳияи адаб. Ва он иборот аст, азнависандагӣ ва муншигарӣ на илму нуҷуму пизишкӣ ва ғайра. Ин саноати удабо аст.
  • Аз ноҳияи дастҳо, монанди шуҷоат. Ва ин саноати суворкорону тирандозон аст.

Аз ин гуфтаҳои аллома бармеояд, ки танҳонафароне, ки дорои ақли расои ҳаматарафаи инкишофёфта доранд, бояд сарварииҳокимият ва вазоратхонаҳоро дошта бошанд.

Агар шахс хоҳад, ки «ин саноатро василаизиндагонӣ иттизох кунад, бояд бикӯшад, бунёди онро бар пояи маҳкаму устувореқарор бидиҳад» ва аз андарзҳои ҳаким бармоеяд, ки ҳангоми аз бар намудани касбшахс бояд ҳаматарафа сайъ намояд, то ин ки онро бапуррагӣ аз бар намуда, даркасби рӯзгузаронии хеш истифода карда тавонад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар андешаҳои ин табибирӯҳу ҷони одамӣ масоили муносибати тарафайни марду зан ба назар расида ваменигорад, ки «мард мӯҳтоҷ аст …. барои ҳифзу хисорати андӯхтааш каси дигарроҷонишин бинмояд». Барои ин кор шоиста ва сазовор нест магар зан»1.

Ибни Сино ҳанӯз дар асрҳои 10-11 масъалаи доғирӯзи ҷомеаи муосир, баробарии марду занро мавриди таҳлили худ қарор додааст. Азҷумла дар рисолаи «Тадобири манзил» 17 сифати беҳтарини занҳоро, аз қабили:

  • Хирадмандбошад.
  • Диндор бошад.
  • Бошарм бошад.
  • Зиракубофатонат бошад.
  • Дӯстдорубомуҳаббат бошад.
  • Валуд бошад.
  • Забондарознабошад.
  • Итоаткор бошад.
  • Покдилу беғашбошад.
  • Дар пушти саримард ва ҳоли ғайбати ӯ амин бошад.
  • Вазнину сангинбошад.
  • Бовиқор бошад.
  • Боҳайбат бошад.
  • Дар мақомихидмат ба шавҳараш таккаббур наварзад, балки фӯрутан бошад.
  • Тадбири кору кирдорашро хубу накӯ бинамояд.
  • Андаки шавҳарашро ба сарфаҷӯӣ зиёд кунад.
  • Гарду ғубори ҳузну андӯҳро аз дили шавҳараш бавасилаи ахлоқи накӯ ва забонаш пок кунад, нишон додааст.

Ибни Сино ба масъалаи баробарии марду зан дастзада, зикр менамояд, ки мард бояд «аз умури зайл»

  • Занро ба вазъи хубӣ нигаҳ бидорад..
  • Иғораи ӯро тарк кунад.
  • Хотираи занро ба кори муҳиме машғул созад.

Асоси пойдории оиларо мутафаккир дар эҳтиромитарафайн мсбинад.

Яке аз бахшҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа парваришуомӯзиши фарзандон дар иҷтимост аз тарафи Ибни Сино дар рисолаи « Тадобириманзил» хеле ҷиддӣ мавриди тадқиқ қарор гирифта аст. Ӯ оғози тарбияи наслинаврасро аз қатъ гардидани шири модар иборат дониста зикр менамояд, ки «мубаддалба ғизоҳои дигар шурӯъ шавад, ба таъдиду тарбияти ахлоқӣ».1Замони баомӯзиш фарогирии бачаро Ибни Сино аз дуруст забонро аз баркардани бача ва тансиҳат будани он дониста ва зикр менамояд, ки аз ин замон бабача бояд «илму адаб омӯхт».

Ибни Сино барои дуруст тарбия намудани атфолпешниҳод менамояд, ки дар «интихоби омӯзгор ва мураббӣ дақиқ шуд» ва ба роҳитаҳзиби ахлоқ ва парваришу тарбияти бача ошно… буда, бовиқору сангин,бомуруввату покдомон бошад».2

Ибни Сино усули дар иҷтимоъ тадрис доданибачаро пешниҳод карда ва зикр менамояд, ки чунин метод чанд фоида дорад:

  • Шогирдон ҳамеша бо нишоту ҳарис ба омӯхтани илму адаб ва ахлоқ мебошанд,гоҳе бо якдигар муҳобот мекунанд ва гоҳе ба ҳоли ҳамдигар ғибат мехӯранд. Вамавқеи иззати нафс водорашон менамояд, то аз дигар шогирдон ақиб намонанд.
  • Шогирдон муҷтамеъ бо якдигар сухан мегӯянд, ин сухан гуфтан сабаби рӯшноиюфузунии ақлу фаҳмишашон мегардад, зеро ҳар як ширинтарин суханро, ки дидавушунидааст, ба дигарӣ мегӯяд ва ин ширинӣмӯҷиби шигифтагӣ ва шигифтагӣ сабаби ҳифзу гуфтани он ба дигарӣ мегардад.
  • Шогирдон бо якдигар рафиқ мешаванд ва ба ҳамдигар эҳтиром менамоянд вамехоҳанд, ба якдигар сабқат кунанд ва муовазаву мубодилаи ҳуқуқ менамоянд.
  • Ҳамаи инҳо асбоби муҳоботу муҳокимот ва мусобиқот буда, мӯҷиби таҳзибиахлоқ ва таҳрики ҳимматҳо ва тармини одоби хуб мебошанд.

Файласуф, масаъалаи «ба шогирд чиро боядомӯхт?»-ро баррасӣ карда, тавсия додааст, ки пас аз омӯзонидани «Қуръони маҷид»«ба ҳар касмуносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт», вагарна таълиму тарбия натиҷаи матлубнамедиҳад».1Ба қавли мутафаккир «агар ҳама шоиста ва мустадии омӯхтани ҳамаи саноеъ» бошад, «ҳамаи мардум» дорои «олитарин саноат»-и иҷтимоъгарданд.

Ҳамин тариқ, дар осори фалсафӣ – иҷтимоии ИбниСино як зумра панду андарзҳое омадаанд, ки дар омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни ҳаётииҷтимоии ҷомеа имрӯзҳо аҳамияти илмию методологӣ ва тарбиявии худро гумнакардаанд.

Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ (1058-1111) зодаи деҳаи Ғаззоли (ғазол калимаи арабӣбуда, маънои пашмрес ва риштагарро дорад) Тус буда, дар раванди ташаккулифалсафӣ, бахусус «равиши фалсафаи шаккокӣ (скептик)» саҳми беандозаегузоштааст. Ғаззолӣ яке аз аввалинҳо шуда ба ҳимояи фалсафаи калом бархоста,тавонистааст, ки тавассути «Таҳофутулфалосифа» ба паҳншавии фалсафаи машшоъ дарбайни аҳли дин гардад. Абӯҳомид Ғаззолӣ ва бародараш Аҳмад Ғаззолӣ дар мадрасаимашҳури Бағдод таълим гирифтаанд ва онҳо ҳар яке дар улуми динӣ мавқею мартабаихосаеро касб намудаанд. Бахусус мавқеъва мартабаи Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ дар ҷаҳони ислом то кунун бо номиҲуҷҷатулислом ёд мегардад.

Ҳуҷҷатулислом доир ба масоили гуногуни фалсафӣфикрашро дар китобҳои «Албасит фи-л-фурӯ», «Алмунтаҳал фи илмилҷадал»,«Ал-иқтисод ва-ал эътиқод», «Ар -рисолату-л-қудусия фи қавоиди- л-ақлия»«Мақосидл фалосифа» «Эҳёи улум», «Кимиёи саодат» ва ғайраҳо иброз намудааст.Бахусус андешаи иҷтимоии ӯ аз Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ сарчашма мегирад.Таълимоти иҷтимоии Муҳаммад Ғаззолӣ дар китоби ӯ «Алиқтисод филэътиқод» хелевозеҳ ва равшан дарҷ гардидааст. Чӣ тавре ки дар сарсухани китоби «Кимиёисаодат» С. Аҳмадов ва Ш. Имомов меоварданд, «таълимоти иҷтимоӣ ва ахлоқииҒаззолӣ ба ҳаёти порсоӣ (аскетизм) ва шикастанафасию қаноатмандӣ аҳамияти ҷиддӣдода шудааст»1. Дар таълимоти иҷтимоии ӯ дараҷаи имони фард бафақр, қаноат ва парҳезкорӣ, шефтаи сарват нашудан вобаста мегардад. Ғаззолӣкамбағалӣ, фақру қаноатро воситаи муҳими (такмилдиҳандаи имон мепиндорад.Мутобиқи пиндори ӯ, инсон то андозае аз моли дунё, ки баҳри зиндагии ӯ воҷибаст, қаноат кунад.

Дар «Кимиёи саодат» ӯ ба масъалаи омӯзиши илмдаст зада, баҳсро аз ҳадиси Муҳаммад©оғоз менамояд. Ҳадиси Расул( с) талабу-л- илми фаризатун ало кулли мусслимин, – яъне ҷустани илм фарзаст, бар ҳамаи мусулмонҳо, ки то кунун дар олами ислом сари ин ҳадис баҳсҳоигуногун, аз қабили оне, ки мутакаллимон баронанд, ки мутобиқи ин ҳадис танҳобояд илми калом омӯхта шавад; фуқаҳо бошанд, иброз менамоянд, ки танҳо илмифиқҳ мавриди омӯзиш қарор гирад. Муҳадисон бошанд, зикр менамоянд,

ки илми ҳадису суннат омӯхта шавад ва суфиёнбошанд, бар он андешаанд, ки илми аҳволи дилро бояд омӯхт, вуҷуд доранд. Ҳуҷҷатулисломқайд менамояд, ки «ихтиёри мо он аст, ки ба як илм махсус нест ва ин ҳама илмҳониз воҷиб аст»2. Яъне ба андешаи Ғаззолӣ, муслимин дар омӯзиш танҳояк илмро мавриди омӯзиш қарор надода, балки донистани ду навъи илм барои онҳовоҷиб аст. Абӯҳомид Ғаззолӣ илмҳоро ба ду навъ – илме, ки «ба дил тааллуқ»дорад ва илме, ки «ба аъмоли ҷавореҳ тааллуқ дорад» ҷудо менамояд. Илми «аъмолиҷавореҳ тааллуқ дорад (ба Г-Ш) ду қисм карданӣ ва нокарданӣ» 3 ҷудокарда мешавад. Вай зикр менамояд, ки «ҳар кор, ки фаропеш… меояд бад-он вақтилми он воҷиб мешавад.Ғаззолӣ қайд менамояд, ки «ҳар пешаро илме аст» донистани он барои мутахассинисоҳа шарт ва зарур аст.

Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ омӯхтани илмробарои ҳама шарт ва зарур ҳисобида, аз ҷумла менигорад, ки илм бар ҳамаимусулмонон фариза аст ва ҳеҷ мусулмон аз ҷинси илм мустағнӣ нест. Ба андешаивай азхудкунии илм ҳар пеша, ки бад-он машғул хоҳад шуд, барои ҳама якхеланест. Мартабаи олимро дар байни дигар пешаҳо муайян намуда, зикр менамояд, ки«барои талаби дунё хоҳад буд ва илм бештари халқро дар дунё аз дигар пешаҳобеҳтар» бувад.

Ғаззолӣ дар китоби «Кимиёи саодат» батавондорону тоҷирон муроҷиат намуда, зикр менамояд, ки садақаи хешро аввалан ««аҳли илм» диҳанд, зеро ки… ба садақаи вай (олимГ-Ш) фароғати илм ёбад, вай(садақакунада Г-Ш) дар савоби илм шарик бувад»3. Ҷаҳони имрӯза бисёрродмардонеро медонад, ки пажӯҳишҳои олимонро бо маблағҳои молиявӣ таъмин намудава мекӯшанд, дар раванди ташаккули маданияти ҷаҳонӣ саҳми хешро бо ин василагузоранд.

Дар сар то сари осори Муҳаммад Ғаззолӣназарияи сабру қаноат ҷойи хосаро касб менамояд. Ин назарияи ба таълимотииҷтимоии дини мубини ислом мувофиқ буда, «сарватеро, ки дар мабнои зулмубаҳрабардорӣ аз зулмати дигарон ба даст омадааст, қатъиян маҳкум мекунад. Фақруқаноатро нишонаҳои имони комил шуморида, имонро бо қаноату фақр алоқамандмесозад. Ин афкор ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Расул (а) ва инчунин,дар тамоми таълимоти аҳли тасаввуф зикр гардидааст. Ғаззолӣ дар китоби«Насиҳатулмулук» адлу инсоф, некӣ, накӯкорӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро васфкарда, бақои мулкро дар адл дида, ҳукмрони замонро ба адлу инсоф даъват мекард.Аз нигоҳи Ғаззолӣ, чун дигар мутафаккирони аҳли тасаввуф адлу инсоф азнишонаҳои имон ба Худованд ва ахлоқи ҳамида буда, канораҷӯӣ аз он шахсроаз имон дур карда, шефтаи ҳавою ҳавас,ғуломи ғаразҳои зишт мегардонад.

Ҳуҷҷатулислом оиди шоҳи одил ҳарф зада, маликисазовор онеро медонад, ки дороӣ шонздаҳ хислат, аз қабили «дониш ва тезҳушӣ вадарёфтани ҳар афзори кор бастан ва мардонагӣ бо далериву оҳистагиву некхӯӣ вадод додани заиф ва қавӣ гузоштани дӯстӣ ва меҳтарӣ намудан ва эҳтирому мардиро ба ҷой овардан ва рой тадбирдар корҳо ва ахбори бисёр хондан ва сияру-л-мулк нигоҳ доштан ва баррасидаикорҳои мулки пешин бошад. Ӯ чаҳор чиз зудудани мулки хешро аз беаслон ва ободондоштани мулк,ба наздик доштани хирадмандон ва нигаҳбон кардани бар мамлакат роипиронро барои мулк фарз медонад. Ҳамин аст, ки дар аксари мамолики ҷаҳони мутараққӣШӯрои пирон дар баробари дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ амал намуда ва маслиҳатҳоихешро дар идоракардани ҷомеа ба сарварони давлатҳо пешниҳод менамоянд. Назарияи истифодабариизеҳни олимон дар идоракунии давлат сар то сари афкори иҷтимоии МуҳаммадҒаззолиро дар бар гирифтааст. Аз забони хирадмандони тасаввуф сухан ронда, зикрменамояд, ки “беҳтарин подшоҳ он аст, ки бо аҳли илм муҷоласат кунад” Ваймартабаи илму донишро дар умури идоракунии давлат хуб дарк намуда зикрменамояд, ки «ҳар куҷо хираду дониш бувад, онҷо дувоздаҳ чиз гирд ояд: иффату адаб ва парҳезу амонат варостиву шарм ва раҳмату некӯхӯӣ ва вафову сабр ва ҳилм»1.

Фахриддини Розӣ (1148-1210) дармарҳилаи аввали фаъолияташ мутакаллими ашъарӣ буда, сипас кӯшидааст, кифалсафаро ба калом бипайвандад ва каломи нақлиро ба каломи ақлӣ – фалсафӣмубаддал созад, вале дар интиҳо аз калому фалсафа ноумед гардида ва таълимотиҚуръонро васоити беҳтарини ҳақиқат донистааст. Ин олими пуркор осори зиёде доирба масоили гуногун эҷод кардааст, ки чор гурӯҳи илмҳои асримиёнагиро дар бармегирад: 1.улуми ақлӣ (фалсафӣ, мантиқ, калом, ҷадал), 2.риёзиёт ва табииёт, 3. улуми адабӣ(адаб, балоғат, навҳ), 4. улуми динӣ (фиқҳ, усул, тафсир). Аз ин чаҳоргонаи иброзгардида маъруфтаринашон инҳоянд: .

  • «Мабоҳисулмашриқия»
  • «Рисолатулкаломия фи-л -ҳақоиқ-ил- Илоҳия»
  • «Бароҳин дар илми калом»
  • «Мафотиҳулғайб»
  • «Мунозирот»
  • «Ҷомеъулулум». Ин асарро Фахриддини Розӣ ҳангоми дар Хоразм иқоматдоштанаш муддати се сол таълиф менамояд. Дар он оиди шаст илм ва шарҳи мавзӯотионҳо маълумот дода шудааст. Мутафаккир ҳангоми шарҳу баёни илмҳои фиқҳ, тафсир,маонӣ, мантиқ, табииёт, таъбир, тиб, тилисмот, нуҷум, рамл, илоҳиёт, сиёсат,тадбири манзил, одоби мулк кайфият ва хосиятҳои онҳоро баррасӣ кардааст.

Дар таълимоти мутафаккирони асримиёнагӣ ахлоқ ва сиёсат илми ягонава муштарак ҳисобида шуда ва дар осори ахлоқии эшон ақидаҳои иҷтимоию сиёсиашон низба назар мерасад. Зимни баррасии афкори иҷтимоии Фахриддини Розӣ бояд назариахлоқи ӯро мавриди таҳлил қарор дод ва аз он андешаҳои иҷтимоии ин олимбармеоянд.

Фахриддини Розӣ дар«Ҷомеъулулум» фаъолияти ҳаётию тарзи амалҳои одамонро ба талаботи маишӣ,эҳтиёҷоти зиндагӣ эзоҳ медиҳад. Табиат ин эҳтиёҷоти мардумро қонеъ гардониданаметавонад, барои қонеъ гардонидани талаботи моддии хеш одам бояд ба касбҳоигуногун: оҳангарӣ, бофандагӣ, бинокорӣ ва ғайраҳо машғул гардад. Вале «як одамӣмумкин нест, ки ба ҳамагии масолеҳи худ қиём тавонад кард, балки яке зироаткунад ва дуюм хиёлат ва маҷмӯъ ҳама кор тамом гардад»1 Ӯ яке аз омилҳоимуносибат кардани одамонро дар ҳал кардани ягон талаботи байни ҳамдигарииодамон мебинад ва зикр менамояд, ки «муҳимоти як шахсбо вай танҳо ҳосил нашавад… ҷамъе мебояд, чунонки миёни эшон муомила бувад,бо ҳар кас чизе аз он ки дорад, ба чиз, ки кас дорад, бадал карда тавонад».

Ҳамин тавр, Фахриддини Розӣ пайдоиши ҷамъиятро табиӣ шуморида ва ба ташаккулки муносибатҳоииқтисодии байни одамон вобаста намудааст.

Мутафаккир ҷамъиятро аз рӯи қишрҳои иҷтимоиаш ба се табақа: «аввал касоне, ки соҳиби тадбирбошанд, дуюм соҳиби ҳирфиёт ва сеюм, нигаҳбонон» ҷудо кардааст. Агар се ҳирфатиасосӣ (зироаткорӣ, бофандагӣ ва бинокорӣ) барои таъмини маишӣ хизмат кунанд,вазифаи сиёсат ба андешаи мутафаккир ба низом даровардани муносибатҳои иҷтимоӣ,«кори мардум» аст. Аз ин рӯ, Фахриддини Розӣ сиёсатро «ҳирфати раиси мутлақ»номидааст, ки ба он ҳирфатҳои дигартобеъ мебошанд.

Ф.Розӣ сиёсати идора кардани мулкро ба ду навъ – «фозила» ва «ноқиса» ҷудокардааст. Сиёсати «фозила» ҳирси молро ба қувваи ақл тобеъ гардонида,фазилатҳои олии ахлоқиро дар ҷомеа мепарварад. Сиёсати «ноқиса», баръакс, бахалқ зулм мекунад, онҳоро ғуломи худ мешуморад, бандаи ҳирсу ҳаво мешавад вабоиси дар мулк ривоҷ ёфтани шарр мегардад.

Фахриддини Розӣ бовар дошт, ки шоҳи одилубомаърифат, ки сиёсати фозила дошта бошад, дар ҷамъият адлу инсофро ҷорӣ кардаметавонад.

Таҳлили афкори ахлоқӣ ва иҷтимоии ФахриддиниРозӣ нишон медиҳад, ки вай дар ин ҷодаҳо фикрҳои ҷадидтаре нисбат ба АбӯнасриФоробӣ иброз накардааст, вале афкори ӯ то ба имрӯз шоистаи хондан ва баҳрабардорӣмебошад.

Ҷалолиддиаи Румӣ(1207-1273) аз абармардони фарҳанги бостонитамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтаборуҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ буда, дар радифи АбӯабдуллоҳиРӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ,Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, АбдулқодириБедил, Саййидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳратиадабиёту ҳикмати мардуми тоҷику форсро ва умуман, мардуми мусулмонро оламгиргардонидааст. Ҷалолиддини Румӣ тавонистааст, ки дар раванди ташаккули фалсафаииҷтимоӣ саҳми беандозаи худро гузорад. Осори ӯ саршор аз андешаҳои иҷтимоӣбуда, барои имрӯзиён ҳамчун манобеи судманди омӯзиши хизмат карда метавонад.Умуман, Румӣ асари алоҳидае оиди иҷтимоиёт нанигошта, вале афкору андешаҳоииҷтимоии ӯро аз асарҳояш, аз қабили «Маснавии маънавӣ», девони

«Шамси Табрезӣ», рисолаи «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоизи маҷолиси сабъа» ва«Мактубот» «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ -ро дарёфт кардан мумкин аст.

Афкори фалсафию иҷтимоии Мавлоно саршор азидеяи «Сулҳи кулл» буда ва тавонистааст, ки қавмҳои гуногунеро, ки дар Румиқадим сукунат доштанд, ба ваҳдату ягонагӣ даъват намояд. Ин идея аз тарафитамоми мардумони Руми қадим пазируфта шуда ва шӯҳрати мутафаккир натанҳо дарОсиё, балки дар тамоми ҷаҳон афзун гардид:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки манхудро намедонам,

На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на дарриям, на баҳриям,

На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!

Назарияи «Сулҳи кулл»-и Мавлоно натанҳо аз Асрҳои Миёна, балки имрӯз низдар раванди ихтилофи тамаддунҳои гуногун зару рияти худро гум накарда, балкимоҳияти навро касб намудааст. Ҷаҳони имрӯза, ки мувоҷеҳи таззодҳои зиёдгардида, лаҳзаҳои ниҳоят ҳассосро аз сар мегузаронад, бояд аз панду андарзҳоиМавлоно пайгирӣ намуда, оммаву тӯдаҳоро ба ваҳдату ҳамдилӣ роҳнамун созад.

Яке аз асарҳои баргузидаи Мавлоно – «Маснавӣ» ба шумор рафта, аз 6 -дафтар иборат буда, шоир-файласуф 14 соли охири ҳаёташро ба эҷоди ин асарбахшида, дафтари шашуми он нотамом монда, дар он андешаҳои судманди орифона,нуктаҳои муфиди иҷтимоӣ, ақидаҳои волои инсонпарварӣ, ситоиши муҳаббати покимаънавӣ, тавсифи ишқи сӯзони инсонӣ, танқиди зимомдорони золим, тарбиятиҳамзамонони ҷоҳил, тараннуми сулҳу ваҳдату бародарӣ, таҷассуми меҳру эътиқодубаробарӣ ва дигар эҳсосу армони наҷиби Мавлоно ба риштаи назм кашида шудааст.

Аксари муҳаққиқони осори Мавлавӣ бар онанд, ки ҳангоми офариниши «Маснавӣ»Мавлоно аз эҷодиёти шифоҳии мардумони гуногуни олам ва беш аз 150 мадракумаъхази хаттиро ба кор андохта, дар навбати худ, мақому мароми созандагивунигорандагӣ ва «ман»-и шоириву инфиродии хештанро побарҷо нигаҳдорӣ кардатавонистааст.

Идеяи инсони комил – асоси маҳаки «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро дар бармегирад. Инсони комил, ки зинаи олитарини роҳи камолот мебошад, бояд дар атрофихуд танҳо масоили умда ва муқаддасро мушоҳида намояд. Ба ақидаи Мавлоно, инсоникомил ваҳдатро натанҳо барои худ, балкибарои ҷаҳон фароҳам месозад ва онро ҳифз мекунад. Аслан ҷаҳоне, ки саршоримеҳру муҳаббат аст, наметавонад ба ваҳдат моил набошад. Аз ин лиҳоз, мухолифатубеадолатӣ дар ҷаҳон мухолифи андешаиягонагист. Мавлоно ба хулосае омадааст, ки ҳатто динҳои мухталиф, сарфи назараз тафсири гуногуни зоти Худованд ҳақиқатан ягона, яъне асолати офаридгорромеҳвари таълимоти худ медонанд ва дар ин замина ҳар гуна ҷудоиандозиро миёниодамон ботил меҳисобанд. Чуноне ки Мавлоно менигорад:

Ҳар кас ба забоне сифати ҳоли тугӯяд,

 Тӯтӣ ба шакархониву булбул ба тарона.

Румӣ таъкид месозад, ки инсоният таҳти таъсири омилҳо ва сабабҳои мухталифитаърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сатҳи фитрат ва истеъдоди худ дорои дарки хоси худшиносӣ ва худогоҳӣ мебошад. Одамон ҳақиқатро бозабонҳои гуногун ва бо роҳҳои мухталиф меҷӯянд, зоти Худоро бо сифатҳоимухталиф ном мебаранд, аммо ҳамаи онҳодар асл толиби ҳадафи ягона мебошанд:

Мавлоно роҳи расидан ба инсони комилро ниҳоят тӯлонӣ маънидод намуда, азҷумла чунин менигорад.

Ҳазорсола раҳ аст, аз ту томусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба қаддиинсонӣ.

Мувофиқи фаҳмиши аксар нафаре, ки калимаи шаҳодатро ба забон оварда ваиқрор менамояд, ки Ло илоҳа илолоҳ Муҳаммадан Расулоллоҳ мусулмон ҳисобидамешавад, вале ба фикри Мавлоно, ин ҳанӯз баёнгари он нест, ки чунин афродромусулмон ҳисобид ва барои мусулмони ҳақиқӣ шудан солҳои тӯлонӣ бояд заҳмат кашид ва раҳи ҳазорсоларо тай кардан лозим аст, зеро мутобиқи таълимоти динимубини ислом, инсон барои ба Ҳақ – таоло расидан зинаҳои махсуси камолотро боядтай намояд.

Агар барои мусулмонӣ ҳақиқӣ шудан инсон бояд чунин заҳматҳо бикашад, пасбарои инсони комил шудан вай бояд дучанд заҳмат кашад. Яъне ҳадди инсонӣ зинаи баландтарини камолот ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, афкори иҷтимоии Мавлоносаршори идеяҳои гуманистӣбуда, яке аз аввалин тарғибгарон дар роҳи гуфтугӯи тамаддунҳо дар таърихибашарӣ мансуб меёбад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ( 1314-1393) – ориф, солики роҳи тариқат яке аздонишмандони барҷастаи калом ва илмҳои фалсафию ҷомеашносӣ аз худ мероси пурғ

1.14K
Нет комментариев. Ваш будет первым!