Ташаккули сотсиология хамчун илми мустакил

4.1. Заминаҳоипайдоиши сотсиология чун илми мустақил

4.2. Огюст Конт асосгузори сотсиология

4.3. Равияи табиатшиносӣ дар сотсиология

4.4. Равияи психологӣ ва психоаналитикӣ дарсотсиология

4.5. НуҚтаи назари марксистӣ дар сотсиология<strong/>

Дар авохири асри XVIII аввали асри XIX дарАврупо тағйиротҳои куллие ба амал омад, ки ҷаҳонбинии одамонро оид ба илм, ҳаётва умуман, ҷомеа пурра дигар намуд. Илми сотсиология маҳз тавассути чунинтағйирёбиҳо ташаккул ёфтааст. Ҷомеаи аврупоӣ аз шакли монархии идоракунииасримиёнагӣ ба шакли нави идоракунии капиталистӣ қадам мениҳад. Суръати тезитараққиёти капитализм сабаби пайдоиши як қатор мушкилотҳои иҷтимоии дигар дарҷомеа мегардад. Масалан, ба мисли ҷомеаи имрӯзаи мо бойҳо зуд бойтар вакамбағалон боз ҳам қашшоқтар мешуданд. Ҷабру истисмор аз тарафи корфармоён рӯз ба рӯз сангинтармешуд ваниҳоят,меҳнаткашон ба дод омада, эътирозҳои оммавӣ, коршиканӣ ва шӯришҳо бардоштаанд.Бахусус, аввалин маротиба бофандагони Селезӣ ва Леон. Ғайр аз ин ҳаракатҳо азқабили хдракати чаргистҳо, лудистҳо ба вуҷуд омаданд. Фалсафаи анъанавӣ дар ҷавобиин рӯйдодҳои нави ҷамъиятӣ душворӣ мекашид ва сабабҳои ба вуқӯъ омадани онҳоро ошкор карда наметавонист. Инрӯйдодҳо аксари мардумро мушавваш менамуд ва барои баҳо додан ба ин масъалаҳо илминав лозим буд.

Ташаккули сотсиология ин як ҷавобе буд, ба он тағйирёбиҳое, ки дар ҷамоаиинсонӣ ба амал омада буданд. Ҷомеашиносӣ аз диди фалсафаи анаънавӣ, ки назарияифалсафии абстрактӣ (мавҳум) – ро пайгирӣ менамуд, амал намуда, принсипҳоифалсафаи нави позитивистӣ(позитивизм равияи идеалистии фалсафаи буржуазӣ аст, ки фалсафаро ҳамчун илминкор мекард, донишро маҳсули ҳамаи илмҳо мешуморид), ки дар асоси илмҳои табиӣва дақиқ бунёд ёфта буд, барои ҷомеашиносӣ як кашфиёти ҷадиде ба шумор мерафт.Тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз нуқтаи назар ва усулҳои илмҳои табиӣ мавридитадқиқи ҷомеашинос қарор мегирифт. Донишҳои иҷтимоиро натанҳо бо методҳоиилмҳои табиӣ (мушоҳида, таҷриба ва ғайраҳо), балки баъзе навъҳои илмҳоинатуралистӣ (механитсизм, биологизм, органитсизм ва ғайраҳо) мавриди омӯзишқарор медоданд. Аз ҳамин лиҳоз, пайдоиши Сотсиология дар худ шукӯҳу шаҳоматиилмӣ ва тарҳи табиӣ-илмиро гирифта дараҷаиинкишофи илмҳои табииро инъикос менамуд.

Пайдоишисотсиология натоиҷи ташаккули ҷомеашиносист. Дар назарияҳои «физикаи иҷтимоӣ»ҳанӯз дар асари XVIII андешаи он, ки ҷомеа ин система(низом) аст, пайдо шуда буд. Қонунҳои маъмули илмҳои табиӣ, бахусус, геометрия,механика ва астраномия ба далелҳои зиёди ихтилофноки иҷтимоӣ рӯ ба рӯгардидаанд. Маҳз ҳамин ихтилофот сабаб шуд, рӯйдодҳои иҷтимоиро олимон мекӯшиданд,ки тибқи қонунҳои илмҳои табиӣ баҳо диҳанд. Дар давраи Эҳё чӣ тавре ки болотар зикр намуда будем, олимон ҷомеаро ба мисли мошина фаҳмида вазикр менамуданд, ки ҳар як винтча вазифаи хешро он иҷро менамояд. Тақсимотиҷамъиятии меҳнат, муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва иваз намудани ҷойю мартаба дарҷомеа мутобиқи ҳамин нуқтаи назар сурат мегирифт. Дар асри XIXаввалин кӯшиши ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодиро бидуни сиёсат таҳлил намудан пайдогардид. Мутафаккири машҳур – Жан Жак Руссо дар ҳалли масъалаи нобаробарии иҷтимоӣ қадами устуворе гузошт. Олимонииҷтимоиётшиноси англис асоси илми демографияи муосирро гузошта, методи тадқиқимиқдории қонуниятҳои иҷтимоиро кор карда мебароянд. Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣомили инкишофи илми антропологияи иҷтимоӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, заминаипайдоши илми наве, ки ҷомеаро чун як низоми том омӯзад, ба вуҷуд меояд.

ОгюстКонт (1798 – 1857) – файласуфи франсуз, яке азасосгузорони илми сотсиология шинохта мешавад. Вай натанҳо мафҳуми “Сотсиология”-роба илм ворид намуд, балки ин илми навро муқобили фалсафа гузошт. Яке аз ғояҳоиасосии Конт ин ҷудо намудани илм аз метафизика ва дин мебошад. Ба андешаи ӯ,илми ҳақиқӣ бояд, аз саволҳои «ҳалнашаванда», ки онҳоро на ба далелҳо такянамуда, тасдиқ кардан мумкин асту на ба инкор даст кашад. Ба андешаи ӯ, танҳоилме, ки манфиат меорад, ҳуқуқи маънавии вуҷуд доштанро дорад.

Контҳафт сол котиби файласуфи -утопист (хаёлпараст) Сен Симон буд, ба таври худандешаҳои ӯро тавзеҳ менамуд. Умуман,дар таърихи афкори инсоният ҳодисаҳои бисёре ба назар мерасанд, ки бузургони зиёд дар якҷоягӣ фаъолият намуда, аксари онҳо азҳам дар натиҷаи баҳс ҳангоми чопи ягон асар ҷудо мегарданд. Тақдир Огюст Конт ваСен -Симонро пас аз таълифи китоби «Системаи сиёсати исботӣ» (позитивӣ) соли1824, ки онро Конт таълиф намуда ба Сен -Симон барои тақриз нигоштан пешниҳодкарда буд, аз ҳам ҷудо менамояд. Сен -Симон китобро ба номи «Шароити аҳлисаноат» чоп менамояд.

Фаъолияти эҷодии Огюст Контро ба се давра ҷудо намудан мумкин аст. Давраиаввал (1818-1828), ки дар ин давра вай шаш иншои хурд таълиф менамояд, киминбаъд онҳоро дар рисолаи «Низоми сиёсати исботӣ» (1854) ҷой додааст. Дар иннавиштаҷотҳо вай шарт ва роҳҳои ақлгароёнаи ислоҳоти иҷтимоиро, ки инсоният дарзинаи бетартибӣ қарор дошт, нишон медиҳад. Дар ин навиштаҷотҳо андешаҳоеродарёфт намудан мумкин аст, ки ӯ баъдан такомул додааст. Амсоли нақши олимон дарҷомеаи нав, фарқияти ду давраи асосии инкишофи инсоният, мафҳуми позитивизмуусулҳои сиёсати позитивӣ ва қонуни машҳури се марҳила».

Давраи дуюм (1830-1842) -ин давраи камолоти ҳаёти эҷодии олим буда, вайасари «Курси фалсафаи исботӣ» -ро ки пайдарпай тайи солҳои 1830, 1835, 1838,1839, 1841 чоп гардидаанд, таълиф намудааст.

Давраи охири эҷодиёти ӯ аз нимаи дуюми солҳои 40 асри XIX оғоз меёбад. Дар ин марҳила вай асарҳои зерини худро: «Низоми сиёсатиисботӣ» ( 1854) «Таҳлили субъективӣ» (1856) ва ғайраҳоро таълиф менамояд. Вайяке аз вазифаҳои муҳими эҷодияшро дар таълифи «Инҷили илмӣ» медид. Ӯ иброзменамояд, ки ҳақиқати иҷтимоӣ бо ёрии усулҳои илмҳои табиӣ -мушоҳида, таҷриба,таҳлили муқоисавӣ омӯхта шавад.

Зуҳури сотсилогияи Конт натанҳо ба давраи инкишофи ҷомеа вобаста аст, балкиба инкишофи таърихии илм низ вобастагӣ дорад. Дар афкори вай мо ба як қатор вожаҳои нави илмӣ, аз қабилипозитивӣ, позитивизм, қонуни се марҳила, таснифоти илмҳо, организми иҷтимоӣ,низоми иҷтимоӣ, тартибот ва инкишоф, усули объективӣ ва субъективӣ, диниинсоният, сотсиократия ва ғайраҳоро мушоҳида менамоем. Мутобиқи қонунитаснифоти илмҳои Конт, ҳар як илми пештар пайдо гардида яке аз омили ба вуҷудомадани илми дигари мураккабтар мегардад. Вай илми биологияро илми наздиктар басотсиология мансуб медонист. Ба андешаи ӯ, онҳоро пеш аз ҳама мураккабиипредмети тадқиқ муттаҳид мегардонад ва онҳо чун як низом амал менамоянд.

Инкишофи ҷомеаро Конт дар зоҳиршавии «Қонуни се – марҳилавӣ» мебинад. Бафикри ӯ, ҷомеа аз як марҳила ба марҳилаи дигар теологӣ, метафизикӣ вапозитивистӣ дар такомул аст. Марҳилаи теологӣ аз аҳди қадим то 1300 мелодӣидома ёфтааст. Дар ин марҳила тамоми фаъолият ва равандҳою рӯйдодҳои иҷтимоииҷомеа натиҷаи фаъолияти қувваи абарқудрат фаҳмида мешуд. Пешвоҳои қабилаҳорошуури теологӣ таҷассумкунандаи ин қувваҳо медонист. Тазаккур намуд, ки қонунҳоиинкишофи ақлро манъ намудан аз имкон берун аст ва ақли инсонӣ низоми кӯҳанрошикаста тараққӣ менамояд. Шикасти низоми кӯҳан мутобиқи афкори вай як давраикалонро дар бар хоҳад гирифт. Марҳилаи наве, ки низоми кӯҳани диниро шикаста ваба ҷои он зуҳур намуд, ба андешаи Конт марҳилаи метафизикӣ мебошад. Марҳилаиметафизикӣ аз солҳои 1300 то 1800 мелодӣ идома меёбад. “Рӯҳи метафизикӣ” сабабизуҳури шакку шубҳа, худпарастӣ, хулқу ахлоқи коста ва бетартибии сиёсӣмегардад. Ин ҳолати номӯътадилии ҷомеаи инсонист. Ба фикри вай, барои сохтаниҷомеаи мӯътадил як идеологияи муттаҳидкунандае, ки дар асоси инкишофи донишҳоиилмӣ бунёд ёфта бошад, лозим аст. Ӯ позитивизмро чунин идеология мансубдониста, зикр менамояд, ки марҳилаи дигари инкишофи инсоният ин ҷомеаипозитивистист. Ҷомеаи нав бояд бо хусусиятҳои хеш аз ҷомеаи худпарастии ҳарбӣфарқ намояд. Яъне, дар ин марҳила инсоният аз ҷомеаи ҳарбӣ ба ҷомеаитараққикардаи саноатӣ мубаддал гардад. Азбаски дар чунин ҷомеа низ хусусиятҳоиманфӣ ҷой дорад, вазифаи илм аз тоза намудани ин камбудиҳост.

Равияи табиатшиносӣ дар сотсиология

Натурализм дарсотсилогия як самти назариявӣ – методологии ин илм буда, ба методҳои тадқиқиилмҳои табиӣ такя менамояд. Дар сотсиологияи охири асри XIX ва аввали асри XXду навъи натурализм – иҷтимоӣ-биологӣ ва иҷтимоӣ – механитсизм ҷой дошт. Валеравияи аввал нисбат ба равияи дуюм бартарӣ дошта, зери назарияҳои организмииҷтимоӣ ва дарвинизми иҷтимоӣ

фаъолиятменамуд. Намояндагони равияи иҷтимоӣ-биологӣ қонунҳои амалкунанда ва ташаккулдиҳандаиҷомеаро дар муқоисаи организми биологӣ ва эволютсияи биологӣ мавриди таҳлилихуд қарор медоданд.

Органитсизмииҷтимоӣ – консепсияи методологии ҷомеа буда, дар он ҷомеа чун шабоҳати яквоҳиди том ба организми биологӣ маънидод карда мешуд. Намояндаҳои барҷастаи инҷараён Г. Спенсер, А.Шеффле, Р.Вормс мансуб меёфтанд. Минбаъд зери таъсирии инҷараён равияи днгар эволютсионизм ба вуҷуд меояд.

Ғоянэволютсионизм дар сотсиолгияи баъд аз нашри осори Чарлз Дарвин пайдо шуд.Эволютсионизми иҷтимоӣ ҷидду ҷаҳд менамуд, ки ҷараёни таърихиро чун як қисмиҷараёни беинтиҳои кайҳон, низоми сайёрҳо, Замин ва фарҳанг ҳаматарафа даркнамуда, маънидод намояд. Бахусус, осори Герберт Спенсер(1820 – 1903) –файласуф- сотсиологи машҳур дар ташвиқи ин ғоя нақши калоне гузоштааст.

Ақоидиназариявии Спенсер зери таъсири комёбиҳои илмҳои табиӣ, бахусус, китоби«Пайдоиши навъҳо»-и Ч. Дарвин ва осори Адам Смиту Роберт Малтус ба вуҷудомадаанд. Дар маркази андешаҳои ӯ ғояи эволютсияи иҷтимоӣ меистад. Эволютсияииҷтимоиро як бахши эволютсияи умумӣ маънидод менамоянд. Вай эволютсияииҷтимоиро на як ҷараён, балки аз ҷараёнҳои зиёди мухтор иборат медонист.

Спенсер яке азаввалинҳо шуда вазифаҳои фанни сотсилогия ва доираи масъалаҳои онро дар китоби«Асосҳои сотсиология» баён намудааст. Вазифаи сотсиологияро ӯ аз омӯзиши рӯйдодҳоимонанд, далелҳои иҷтимоӣ, ки таъсири қонунқои эволютсиониро дар равандиҷараёнҳо кушода медоданд, иборат дониста, зикр менамуд, ки қонунҳои эволютсионӣба ирода ва хусусиятҳри ягон фард вобаста нест.

Спенсер ду шаклиҷомеа – ҷомеаи ҳарбӣ ва ҷомеаи саноатиро нишон дода, вуҷуд доштани ду тарзимуборизаро чун омили асосии пойдормондаи қайд намудааст. Шакли аввали муборизатариқи низоми ҳарбӣ суръат гирифта тарафи ғолиб мағлубонро маҳв менамояд. Даршакли дуюм бошад, пеш аз ҳама рақобати истеҳсоли ҷой дошта ва дар он танҳоҷомеаҳое, ки зеҳн ва хусусиятқои ахлоқии қавмиро доранд, ғалаба менамоянд. Чӣтавре ки олими шинохта Одина Ғуломов зикр менамояд «хизмати дигари Спенсер азон иборат мебошад, ки ӯ яке аз аввалинҳо шуда вожаҳои система, функсия, сохтор,институт-ро дар сотсиология ҷорӣ кардааст».

Эволютсионизмианъанавӣ ба рӯҳияи ҳаёти илмии ҷаҳон таъсири худро гузошта ва равияҳои нави онба вуҷуд омаданд. Яке аз равияҳои нав дарвинизми иҷтимоӣ ба номи ГербертСпенсер ва Людвиг Гумплович сахт марбут мебошад. Дарвинизми иҷтимоӣ табиӣбудани эволютсияи биологиро қайд намуда, принсипи интихоби табииро ба сифатиомили муайянкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ медонист. Асоси ғоявии ин равияро дарқобилияти табиӣ – иҷтимоии одамон дида, ҷомеа мутобиқи қонунҳои табиӣ фаъолиятмекунад. Олими австриягӣ – Людвиг Гумплович (1838-1909) дар осори хеш«Муборизаи нажодҳо» ва «Асосҳои сотсиология» доир ба предмети омӯзишисотсиология, низ дар ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ақоиди хешробаён намудааст. Аз ҷумла вай дар китоби «Асосҳои сотсилогия» доир ба предметиомӯзиши сотсиология даҳ омилро зикр менамояд, ки «сотсиология бояд гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва муносибатибайни онҳоро мавриди омӯзиши худ қарор диҳад. Муносибатигурӯҳҳоро ӯ муборизаи беамони гурӯҳҳо тасвиркарда менигорад, ки яке аз омилҳоиасосии ҳаёти иҷтимоист. Ба фикри ӯ, яке аз қонунҳои асосии иҷтимоӣ ин «саъюкӯшиши ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ аз тобеъ намудани гурӯҳи дигари иҷтимоист»2 Таърихиинкишофи башарият аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми муборизаи гурӯҳию авваланяк гурӯҳ, аз тарафи дигар умуман, маҳв карда мешуд, вале рафта – рафта гурӯҳиғолиб мағлубонро тобеи худ гардонида, онҳоро ба мақсади бештар фоида ба дастовардан истифода мебурданд. Чунин ҳамроҳкуниро Гумплович ба эътибор гирифтазикр менамояд, ки яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани давлат маҳсуб меёбад. Бопайдоиши давлат низои байни гурӯҳҳо азбайн нарафта, балки ба шакли нави муборизаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, ҳизбҳоисиёсӣ ворид мегардад. Вай ғояи муборизаи синфиро рад карда ва ақидаи муборизаинажодҳоро ба миён гузошта буд. Вай зикр менамуд, ки ҳамагуна гурӯҳи пурқувватиэтникӣ гурӯҳҳои хурди этникиро тобеи худ гардонида, барои пойдор мондани гурӯҳҳоихурди иҷтимоӣ аз қонуни табиииҷамъиятӣ мубориза барои зистан истифода мебаранд.

Механитсизмииҷтимоӣ – равияест, ки асри XIX дар аввали марҳилаи ташаккули сотсиология бавуҷуд омада, яке аз навъҳои охири позитивизм мансуб меёбад. Онҳо зери таъсирифизикаи анъанавӣ қонуниятҳои ҳаёти иҷтимоиро тибқи қонуну қонуниятҳои механикимавриди таҳлил қарор дода буданд. Аз ин рӯ, дар осори эшон вожақо ва ибораҳоизиёди физикӣ истифода мешуданд. Сохторииҷтимоӣ, ҷамъи ададҳо маънидод гардида ва ҷомеа бошад, амсоли агрегати механикӣаз фардҳо таркиб ёфтааст. Соддагии тарафдори механитсизм дар он таҷассуммегардад, ки онҳо сохтор ва ҷараёнҳоииҷтимоиро ба сохтор ва ҷараёнҳои олами ғайриорганикӣ муқоиса карда мекӯшиданд,ки онҳоро тибқи як қонуни умумӣ омӯзанд.

Дар асри XXмеханитсизм вобаста ба марҳилаҳои инкишофи илми физика дар шаклҳои нав(энергетикӣ, термодинамикӣ ва ғайраҳо) зуҳур менамояд. Ин андешаҳоро олимонибузург амсоли В.Ф. Освалд ва В.М. Бехтерев идома додаанд.

Ҷараёни психологӣ дар сотсиология

Дар охири асриXIX назарияи биологӣ -табиӣ ба бӯҳрон гирифтор гашт, имконият пайдо гардид, киравияи психологӣ – иҷтимоӣ ташаккулёбад. Психологизм дар сотсиология– кӯшишест, ки тавассути қонунҳо, инкишофи рӯйдодҳои равонӣ моҳияти одамуҷомеаро кушода диҳад. Намояндагони ин ҷараён аз чанд тараф моҳияти рӯйдодҳоиравониро кушода ва бо ёрии онҳо рӯйдодҳои иҷтимоиро маънидод мекарданд. Инҷараён дорои ду равияи мустақил буда, равияи аввал бо номи «психологияи халқҳо»машҳур буда, сахт бо этнография алоқамандӣ дорад. Равияи дуюм психологияи гурӯҳҳова интераксионизм ном дорад.

Намояндаҳоибарҷастаи равияи психологияи халқҳо Вилгелм Вунд, психологияи гурӯҳҳо ГюставЛебон ва Габриел Тард, интераксионизм Джордж Герберт Мид мансуб меёбанд. Равияи“психологияи халқҳо” ба тадқиқи таъсири мутақобилаи маданиятҳо ва шуури фардӣаввалин шуда даст задааст. Наздик намудани тадқиқи психолигӣ, этнографӣ,лингвистикӣ, антропологӣ яке аз дастовардҳои бузурги ин равия ба шумор меравад.Вале дар охирҳои асри XIXмуайян гардид, ки на психологияи фард, на «рӯҳи халқӣ» наметавонанд барои даркирӯйдодҳои иҷтимоӣ калид бошанд. Ин нуқтаро олимон дарк карда ба омӯзиши рафтори гурӯҳ, ва омма дастмезананд.

Олими шинохтаи сотсиология Г.Лебон вазъи ҷомеаи аврупоиро таҳлил намуда,зикр менамояд, ки ҷомеа ба марҳилаи нави тараққиёти хеш – давраи издиҳом, тӯдақадам ниҳода аст, ки тафаккури танқидии фард аз тарафи шуури беақлонаи издиҳоммаҷақ карда мешавад. Лебон издиҳомро чун гурӯҳи одамоне, ки гирифтори як рӯҳияиумумидошта эзоҳ дода, хусусиятҳои зерини издиҳомро бамисли ҳама гирифтори як ғояи умумӣ гардидаанд, дарки қувваи хеш, эҳсосотимасъулият доштанро гум менамоянд, ҳамеша тайёранд, барои зуд фаъолият кардан вабеақлона ба пешво пайравӣ кардани онҳоро қайд менамояд.

Ба андешаи Г.Тард яке аз муносибатҳои иҷтимоии оддитарин ин интиқол ва ёкӯшиши интиқлдиҳии эътиқод ва орзуҳост. Намунаи соддаи чунин муносибат-ҳолати хоби гиптнозист. «Ҷомеа -ин тақлид аст- тақлид дар навбати худ як навъигипноз аст» Вай ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҷараёнҳои онро тавассути оддитаринмеханизмҳои психикӣ бахусус тақлид, ки яке аз механизмҳои оддӣ мансуб меёбад,маънидод менамояд.

Тард ҷомеаро ба майнаи сар қиёс намуда, фардро майнаи сари ҷомеа медонад.Вай калиди дарк намудани руйдодҳои иҷтимоиро дар психология медид. Вазифаисотсиология аз омӯхтани қонунҳои тақлид намудан иборат мебошад, ки бо шарофатиин қонунҳо ҷомеа вуҷуд доштани ягонагии худро таъмин карда, аз тарафи дигар,паҳлӯҳои гуногуни он инкишоф ёфта ва ихтирооти нав паҳн мегардад.

Самти интераксионизми сотсиологӣ дар Амрико кӯшидаанд, ки психологизмро боорганитсизм муттаҳид намоянд. Дар маркази ғояҳои онҳо ҷараёни фаъолияти якҷояифардҳо меистод. Аз ҳамин ҷо номи ин ҷараён -интереаксионизм баромадааст. Шахсба ҳайси субъекти фаъолияти якҷоя баромад карда, чун фарди мавҳум (абстрактӣ)дониста нашуда, балки чун мавҷудоти иҷтимоӣ маънидод гардида ва ба гурӯҳҳоимуайяни иҷтимоӣ мансуб буда, дар ҷомеа вазифаҳои мушаххасро иҷро менамояд.

Асосгузори интераксионизм файласуф ва сотсиологи америкоӣ Ҷорҷ Герберт Мид(1863 – 1931) афзалияти иҷтимоиро нисбат ба фард дар ташаккули шахс қайд менамояд. Мид мавқеи худро ҳамчун«бихеворизми иҷтимоӣ»

шарҳ дода, зикр менамояд, ки танҳотавассути мафҳумҳои рафтор шуури инсонро дуруст фаҳмонидан мумкин аст.

Ба андешаи Мид, ҷаҳони иҷтимоии фард ва инсон дар натиҷаи фаъолияти якҷоя,ки нақши муҳимро «муҳити рамзӣ» мебозад, ташаккулмеёбад. Мутобиқи ғояҳои ӯ муносибатибайни одамон тавассути рамзҳои махсус, аз қабили имову ишора, забон ва ғайраҳосурат мегирад. Ба фикри Мид, инсон замоне, ки худро дарк мекунад, хешро аздигарон ҳангоми фаъолияти якҷоя чун як оинаи психологӣ муқоиса менамояд. Ӯ тахмин менамояд, ки инсон натанҳо кирдори дигаронро эҳсос карда, балкимақсаду ниятҳои онҳоро низ ҳис менамояд, одамон ҳамеша мақсаду ниятҳоидигаронро дарк карда, кирдори онҳоро таҳлил намуда, ба таҷрибаи худ такя намуда,фаъолият менамоянд. Моҳияти назарияи интераксионизми рамзӣ дар дида баромаданифаъолияти якҷояи байни фардҳо чун гуфтугӯи канданашаванда мебошад.

Психосотсиологҳо, ки аз биологикунонии – ҷомеа даст кашида буданд,мекӯшиданд, ки эволютсионизмро мағлуб намоянд. Таҳлилҳои назариявии онҳо бештар хусусияги таҳлилиро касб менамояд, вале ҳамаи инкӯшишҳо натавонист, ки ин ҷараёнро дар маънидодкунӣ, рӯйдодҳо, муносибатҳоииҷтимоии ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои илми ҷомеашиносӣ аз бӯҳрон раҳо намояд.Бахусус, баҳс доир ба ташаккулу такомули сотсиология дар Олмон авохири асри XIX, ки ба номи Фердинанд Теннис (1855 -1836) марбут аст, сурат гирифт.

Теннис муносибатҳои ҷамъиятиро иродавӣ маънидод менамояд. Вай муносибатҳоиҷамъиятиро вобаста ба навъҳои ирода ҷудо менамояд. Иродаи табиӣ инстинктивӣ- бешуурона, муҳаббати модарӣаст, ки одам берун аз ақл рафтор менамояд. Иродаи оқилонаи фард, имкон медиҳад,ки фард интихоб намояд ва кирдорашро бошуурона ба роҳ, монад. Мисол шудаметавонад – тиҷорат. Иродаи табиӣ-ҷамоаҳо ваиродаи оқилона -ҷомеаро ба вуҷуд меоранд. Дар ҷамоаҳо инстинктивӣ- бешуурӣ, эҳсосот, муносибатҳои табиӣ ҳукмронбуда, дар ҷомеа бошад, ақли бомулоҳиза. Дар тӯли таворих навъи аввал мавқеашро аз даст дода, ҷойи онро навъи дуюмишғол кард.

Равияи психоаналитикӣ дар сотсиология

Яке аз мутафаккирони барҷастаи сотсиологияи Ғарб, ки аз ҷиҳати ғоявӣ ваметодологӣ ҷомеашиносии классикии Аврупоро бою рангин намуда, асосгузоридокторинаи фрейдизм мансуб меёбад – Зигмунд Фрейди австрягӣ (1856-1939)мебошад. Ӯ роҳи нави табобати бемориҳои рӯҳӣ-методӣ таҳлили рӯҳиро ба роҳмондааст. Афкори иҷтимоии вай дар китобҳои “Тотем ва табу”, “Психологияи оммава таҳлили «Ман»-и инсоният», “Нооромӣ дар фарҳанг” ва ғайраҳо омадаанд.

Ҷараёни муосири таҳлили психикӣ дар сотсиология афкор ва назарияҳоифрейдистҳо, навфрейдистҳо ва инчунин, тадқиқи мушаххаси иҷтимоӣ дар асосипринсипҳои таҳлили равониро дар бар мегирад.

Проблемаи асосии иҷтимоии психоаналитикӣ ин масъалаи низои фард ва ҷомеамебошад. Ба андешаи тарафдорони онҳо тамаддун, арзишҳои иҷтимоӣ – ахлоқӣ, манънамудан, санктсия кардан, фардро маҷақ намуда, ба бегонашавӣ, вайроншавиихарактер ва асабоният оварда мерасонад. Вале бояд, зикр кард, ки пайравонифрейдӣ вуҷуд доштани арзишҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои (институтҳо) ҷомеъавиро якеаз омилҳои асосии ҳифзкунандаи инсоният дониста, қайд мекунанд, инсонро азбегонашавӣ нигоҳ медорад.

Нуқтаи назари марксистӣ дар сотсиология

Ҳарчанд солҳои охир назари мардуми мо вобаста бадигаргуниҳои мафкуравӣ нисбат ба таълимоти К. Маркс тағйир ёфтааст, вале тоҳанӯз дар илм касе шубҳа ба дастовардҳои сотсиологии ӯ накардааст. Дар асри XIX консепсияи сотсиологии марксизм дар ҷаҳон хеле машҳур мегардад. КарлМаркс ҳеҷ вақт худро сотсиолог наномидааст. Вай пеш аз ҳама иқтисодшинос башумор меравад. Карл Маркс ҷомеаро ҳамчун воқеъияте дар таҳаввули давомдор нишондода, қайд менамояд, ки он аз нобаробариҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад. Таълимотиасосии Маркс ин идеяи фаҳмиши материалистикии таърих ба шумор меравад. Ин идеядар китоби Маркс – “Капитал” таҳлили пурраи худро ёфтааст. Ба андешаи Маркс,асоси ҳама гуна ҷомеаро тарзи истеҳсолот ва муносибатҳои иҷтимоии он ташкилмедиҳад. Фаҳмиши материалистии таърихи ҷомеаро ҳамчун организми иҷтимоӣ чунсистемаи ягона таҳлил менамояд. Таълимоти марксистӣ ҳамеша бохусусияти зидди буржуазии худ аз дигартаълимотҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ фарқменамояд. Яке аз масъалаимарказии андешаҳои сотсиологии Маркс ин сохтори иҷтимоии ҷомеа ба ҳисобмеравад, ки минбаъд он боиси эҷоди назарияи сикфҳо мегардад.Кулли одамон дар ин маврид вобаста ба мақоми ишғолкардаашон дар тақсиминеъматҳои моддӣ ба синфҳои иҷтимоӣ тақсим шуда, бо тағйириформатсияҳои иҷтимоию иқгисодӣ мақому мартабаи онҳо низ тағйир меёбад. К. Маркссабаби мушкилоти иҷтимоиро низ танҳо дар нобаробарии иҷтимоӣ мебинад ва баандешаи ӯ, ик нобаробариро системаи коммунистӣ аз байн мебарад.Тағйирёбии қувваҳои истеҳсолкунанда ба тағйир ёфтани тарзи истеҳсолот оварда,расонида муносибатҳои иқтисодӣ билкулл дигар гашта, дар охир зербинои ҷомеаро низ ивазменамояд. Таҳлили муносибатҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам овард, китакроршавандагии рӯйдодҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян гарданд ва рӯйдодҳо ваҷараёнҳои ҷамъиятиро, ки дар ин ё он мамлакати дунё ба амал меояд, муттаҳид намуда,мафҳуми форматсияҳои иқтисодиро маънидод кунад.

Дар якҷоягӣ бо Фридрих Энгелс (1820 – 1895) Маркс консепсияи форматсияҳоиҷамъиятӣ-иқтисодиро кор карда баромадааст. Онҳо таърихи ташаккулёбию тараққиёти форматсияҳои ҷамъиятиро:ҷомеаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ ва феодалиро омӯхтанд. Аз тарафи онҳо синфҳо вагурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир ҷомеа: синфи пролетариат, буржуазия, деҳқонономӯхта шуд. Ба андешаи эшон синфи пролетариат (коргар) пешқадам мансуб меёбад.Буржуазия бошад, синфи судхӯр буда, қобилияти пешбарандагии ҳаёти ҷамъиятиро надорад. Ҳамин тариқ, баилм меъёри «ҳизбият» ворид гардид, ки минбаъд садди роҳи инкишофиилмҳои гуманитарӣ ва табиӣ (кибернетика, гинетика) гардид.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!