Назарияхои сотсиологии охири асри 19 ва ибтидои асри 20

Афкори сотсиологии Георг Зиммел

Афкори сотсиологии ЭмилДюркгейм

Сотсиологияи Макс Вебер

Низоми сотсиологии Вильфредо Парето

Ташаккул ва инкишофисотсиологияи таҷрибавӣ (эмперикӣ) <em/>

  • Афкорисотсиологии Г.Зиммел<em/>

Афкорисотсиологии сотсиологи олмонӣ – Георг Зиммел (1858 – 1918) ниҳоят ҳамдиққатҷалбкунада мебошад. Ба андешаи вай, сотсиология боядчун як усули мураттабкунандаи маҷмӯи рӯйдодҳои иҷтимоӣ бошад. Масалан,грамматика ҷудокунандаи шаклҳои тозаи забон буда вамазмуну мундариҷа сабаби пойдории ин шаклҳост. Зиммеласосгузори «сотсиологияи тоза» мебошад. Мақсади методи сотсиологӣ, ба фикри ӯ,ошкор сохтани шаклҳои тозаи маҷмӯи илмҳои ҷомеашиносӣ, ё ин ки умумиятдиҳӣ,мураттабсозию таснифи психологӣ дар инкишофи таърих аст.

Дар баробари“сотсиологияи тоза”, Зиммел «назарияи маърифати сотсиологӣ»-ро кор карда баромадааст,ки таълимот оид ба табиати амалҳои иҷтимоӣ, «метафизикаи иҷтимоӣ» ба шумормеравад. Ӯ олими ниҳоят серкор буда, доир ба масоили гуногуни ҷамъиятиюиҷтимоӣ, аз қабили назарияи сотсиологӣ, сотсиологияи шаҳр, сотсиологияи ҷинсҳо,оила, тафриқабандии иҷтимоӣ, сотсиологияи қудрат (ҳокимият), сотсиологияи низова ғайраҳо зиёда аз 30 китоб таълиф кардааст.

Предметисотсиология, ба андешаи Зиммел, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҷараёниинкишофу тазоди табиии онҳо мансуб меёбад, на низоми босуботи иҷтимоӣ, сохтор,ниҳодҳои иҷтимоӣ, балки танҳо лаҳзаҳои ҷараёни инкишоф ва ташаккули онҳопредмети омӯзиши сотсиология дониста шуда, онҳоро бо вожаи «ҷамъиятигардида»ифода менамояд. Таҷрибаи истифодабарии усули сотсиологиро дар илмҳои гуногун вамуайян намудани қонуниятҳои хосаро дар доираи предмети анъанавии онҳо Зиммелсотсиологияи умумӣ меҳисобад. Тасниф ва мураттабсозии шаклҳои тозаиҷомеагардониро сотсиологияи расмӣ ном мебарад. Ба пиндори ӯ, меъёримуайянкунандаи сотсиологияи расмӣ вожаҳои шакл ва мазмун мебошанд. Вазифаисотсиология, мутобиқи фаҳмиши ӯ, аз ба низомдарории ҷомеа чун рӯйдоди байниинсонӣ ва байнифардӣ иборат мебошад.

Эмил Дюркгейм (1858 – 1917) яке азпоягузорони мактабҳои сотсиологии анъанавӣ -франсуз ба ҳисоб меравад. Консепсияимарказии Дюркгейм сотсиологизм ба шумор меравад. Сотсиологизм мекӯшад, киҳангоми фаҳмонидани рӯйдодҳои иҷтимоӣ омилҳои дигарро (географӣ, психологӣ, ахлоқӣ вағайраро) инкор намуда, танҳо ба паҳлӯҳои иҷтимоии онҳо диққат диҳад.

Сотсиология тибқи пиндори Дюркгейм, бояд ҳақиқати иҷтимоӣ, хусусиятҳои баон хосро омӯзад. Унсурҳои ҳақиқати иҷтимоӣ воқеаҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, кидар маҷмӯъ ҷомеаро ташкил медиҳанд. Воқеаҳоииҷтимоӣ- мувофиқи таснифи Дюркгейм, ҳама гуна амал, ки ба фард таъсири берунамерасонад, ба ҳисоб меравад. Баъд аз тавлид фард як зумра қонунҳои тайёр, расмурусум, қонунҳои ахлоқӣ, эътиқоди динӣ, анъанаҳо, забон ва низоми пулиро рӯ барӯ мегардад, ки онҳо новобаста аз хоҳиши он мустақилона амал менамоянд.

Ҳақиқӣ будани воқеаҳои иҷтимоӣ дар он зуҳур мегардад, ки ба фард таъсиррасонида, айни замон фардро маҷбур месозад, ягон амали муайянро иҷро намояд. Азин рӯ, ҳар як нафар маҷбурсозии иҷтимоиро эҳсос менамояд. Қонуну қоидаҳоиҳуқуқӣ ва ахлоқиро фард вайрон наменамояд, то замоне ки онҳоро ҳама аъзоёниҷомеа номаъқул меҳисобанд. Дар консепсияи Дюркгейм сотсиология дар байни идмҳоиҷомеашиносӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд, зеро илмҳои дигари ҷомеашиносиробо методу назарияҳо оиди ҷомеа таъмин менамояд.

Вай масъалаи тақсимоти меҳнат дар ҷомеаро баррасй намуда, ба ҷанбаи ҳамраъӣбаҳои баланд медиҳад. Ҳамраъйиро Дюркгейм шарти олӣ, арзиши олии ҷомеа таснифнамуда, зикр менамояд, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни ҷомеа эътироф гардидан аст.Дар ҷомеаҳои инкишоф наёфтаи кӯҳан ҳамраъйии механикӣ, ки дар асоси монандкуниифардҳо ва вазифаҳои ишғолкунандаи фардҳо амал менамояд. Ҷомеаи муосир узвҳоигуногунро ба ёд меорад, аз ҳамин хотир, Дюркгейм ҳамраъйи навро ҳамраъйии узвӣменомад. Тақсимоти меҳнатро ба гуногунии фардӣ ва мутаносибан ба нақши касбиятифардҳо вобаста медонад. Ҳар кас шахсият мегардад. Ҷомеа ва тафаккур тағйирмеёбад.

Дар баробари консепсияҳои назариявию тадқиқияш таҳлили рӯйдоди худкушӣ хелемашҳур мегардад. Дюркгейм аз маънидодкунии фард-равонии худкушӣ дасткашида васабабҳои сирф иҷтимоиро дар рӯй додани амал ба миён мегузорад. Ба ақидаиДюркгейм, худкушии ин нишондиҳандаи ҳолати бӯҳронии ҷомеа буда, моҳияти онро азон бояд ҷуст.

Сотсиологияи М.Вебер

Яке аз назариятчиёни барҷастаисотсиология олими немис асосгузори фаҳмиши сотсиологӣ Макс Вебер (1864 -1920)мебошад. Осори ӯ ҷолиби диққат буда, дар онҳо раванди таърихи инкишофи афкорисотсиологӣ хеле мӯшикофона таҳлили худро ёфгаанд. Консепсияи фаҳмиш дар сохториметодологии ӯ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Вай ин вожаро барои кушодани моҳияти тамоми ҳақиқати иҷтимоӣ ва тамомитаърихи инсоният истифода мебарад. Асоси консепсияи фаҳмиши ӯ мунтазам ва дақиқмуайян намудани ҳодисаҳои таърихӣ мебошад.

Моҳияти фаҳмиши сотсиологии Вебер дар он таҷассум меёбад, ки сотсиолог бояддарк намояд ва фаҳмонад; 1) ба воситаи кадомамалҳои даркгардида, одамон мекӯшанд, то ин ки мақсадҳои хешро амалӣ намоянд вабо кадом сабаб амалӣ шудани он ба онҳо муяссар мегардад ё на; 2) ба рафтори дигар афрод кӯшиши онҳо чӣ гуна таъсир мегузорад.

Хизмати бузурги Вебер дар илми сотсиология ин ворид намудани вожаи “типииидеалистист”. “Типи идеалӣ” – мафҳуми сунъӣ – мантиқиест, ки имкон медиҳад,хусусиятҳои хосаи тадқиқшавандаи хирқаи иҷтимоиро муайян намуд. Масалан, типиидеалии муҳорибаи ҳарбӣ бояд дар худ тамоми ҷузъиётҳои асосии муҳорибаи воқеиродошта бошад. Типи идеалӣ аз олами воқеӣ бармехезад, на аз хаёлҳои мафҳуминазариявӣ. Мутобиқи фаҳмиши Вебер, ин вожаи динамикист. Азбаски ҷомеа вамақосиди муҳаққиқони он дар таҳаввулот аст, зарурат ба миён меояд, ки типи навро бояд офарид, ки ба воқеиятибаамаломада, мутобиқат намояд.

Дар афкори ӯ масъалаи дигар «амали иҷтимоӣ» ҷои хосаро ишғол менамояд.Назарияи «амали иҷтимоӣ»-и Вебер дар он таҷассум мегардад, ки амали бошууронаифард ба амали дигарон нигаронида шудааст. Ба таври дигар иброз намоем, Вебер бафаъолияти зеҳни фард диққат медодааст.

Дар осори Вебер хориқаи бюрократия тадқиқ гардида ва онро яке аз омилҳоитараққиёти ҷомеа мепиндорад. Вожаи бюрократияро Вебер тавассути назарияиақлгароӣ таҳлил намуда ва онро дараҷаи олии идоракунии ҷомеа медонад. Дарконсепсияи Вебер вожаи бюрократия хусусияти мусбиро касб намуда, муфиднокии ондар моҳияти таснифи он таҷассум меёбад. Дар баробари ин, вай зикр менамояд, кибюрокартия ба озодиҳои либералӣ – буржуазӣ ва демократия таҳдид менамояд. Валебе мошинаи бюрократӣ ягон навъи ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад.

Афкори иҷтимоии Вебер ба афкори сотсиолгии нимаи дуюми асри XX-и Ғарб таъсири ҷиддие расонидааст. То ба имрӯз афкори ӯ сарчашмаимузокираҳо дар раванди масъалаи назариявӣ – методологии маърифати сотсиологиямебошад.

Низоми сотсиологии В. Парето

Вильфредо Парето (1848 – 1923) яке аз назариятчиёни пурқуввати сотсиологияи аввали асри ХХ-и Италия мансубмеёбад. Вай як қатор асарҳои ичдимоию иқтисодӣ таълиф намудааст, кимашҳуртарини онҳо «Курси иқтисодиёти сиёсӣ» (1896-1897), «Низоми сотсиалистӣ»(1902), «Китоби дарсии иқтисоди сиёсӣ» (1906), «Рисола оиди сотсиологияи умумӣ»(1916) ва ғайраҳо мебошанд. Дар осори ӯ масъалаҳои зерин аз ҳам вобаста буданиунсурҳои низомҳои иҷтимоӣ, баробарии иҷтимоӣ, элитаи ҷомеа, ҳоким, ғайри ҳокимва ҷойивазкунии элитаҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Китоби «Рисола оидисотсиологияи умумӣ» чун асари классикии назарияи сотсиологӣ дар Ғарб шинохташудааст. Дар раванди ташаккули тафаккури сотсиологии Парето консепсияҳоипозитивистӣ ва ғайри ақлгароии А.Бергсон, Ф.Нисше, Г. Лебон, Г. Тард ва дигаронтаъсири амиқ гузоштаанд. Вай яке аз аввалинҳо шуда методи тадқиқимантиқӣ-таҷрибавиро ба миён гузошт. Ба андешаи ӯ, сотсиология низ ба мислиилмҳои физика, химия ва астрономия илми дақиқ бошад ва ҳангоми тадқиқотисотсиологӣ танҳо аз муҳокимаҳои собит шудаи таҷрибавӣ истифода бояд бурд. Вориднамудани унсурҳои навро ғайриимкон дониста зикр менамояд, ки онҳо оварда ба таъриф ва далелҳои қалбакӣмерасонад.

Низоми сотсиологии В. Парето дар асоси назарияи амалҳои ғайримантиқӣ бунёдёфтааст. Мувофиқи фаҳмиши Парето, кулли амалҳои инсоният, ки таърих ба онҳомуроҷиат менамояд, ба масъалаҳои ғайримантиқӣ мансубанд. Дар афкори сотсиологии Парето ҳиссиёт ҷои хосаро ишғолмекунад. Ба фикри вай, «умқи тамоми фаъолияти инсонро ҳиссиёт ташкил менамояд».

Парето ҷомеаро амсоли низом баррасӣнамуда, аз қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат медонад. Мутобиқи фаҳмиши ӯ, афродаз ҷиҳати ҷисмонӣ, ақлонӣ ва ахлоқӣ баробар нестанд. Афроде, ки то андозае азҷиҳати ақлонию ахлоқӣ ва ҷисмонӣ нисбат ба дигарон инкишоф ёфтаанд, элитароташкил менамояд. Ҳар як доираи фаъолият элитаи хешро дорад. Вай назарияибиологии элитаро инкишоф додааст. Мутобиқи назарияи ӯ, ба табақаи болоӣ вапоёнӣ ҷудо намудани афрод маҳаки ҷомеаҳои инсонист. Парето ду навъиэлитаро ҷудо менамояд;

  • Элитаи ҳукмрон – яъне, дар идоракунииҳокимият ширкатку-<strong/>

нанда.

  • Элитаи ғайри ҳукмрон.<strong/>

Мустаҳкамӣ ваминбаъд заволи элита ва «ҷойтағйирдиҳии онҳо» қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумормеравад. Ба фикри мутафаккир фард ҳангоми тавлид бо як зумра норасогиҳо бадунё меояд, ки қобилияти кор фармуданидигаронро тавассути фанду фиреб ва зӯроварӣ дорад. Ин қобилиятҳо муайянкунандаинавъҳои ҳукмронӣ мебошад ва тавассути онҳо ҷои тағйирдиҳии элитаҳо ба миёнмеояд. Агар элитаи ҳукмрон ҷой дошта, элитаи нав пайдогаштаро, ки аз табақаипоёнӣ бархостаанд, эътироф нанамояд, пас оқибати кор ба инқилоб овардамерасонад. Моҳияти инқилоб мутобиқи фаҳмиши Парето таҷдиди элитаи ҳукмрон-табақаи болои ҷамъкятист. Таърих ин «гӯри ашрофон» аст, иброз менамояд олим.

Хуллас, даросори Парето афкореро, аз қабили миллатчигӣ, империализм, расизм,антисемитизмро дарёб намудан мумкин аст, ки олим онҳоро маҳкум менамояд.

Ташаккул ва инкишофи сотсиологияи таҷрибавӣ (эмперикӣ)

Сотсиологияи таҷрибавӣ – ифодакунандаитамоми тадқиқи таҷрибавии сотсиологӣ сотсиологияи шаҳр, маълумот, меҳнат, оилава ғайраҳо мебошад. Солҳои 20-30 асри XX ин ҷараён шакл гирифта ба вуҷуд омадааст. Эмпиризм – усули маърифатимусбӣ, сотсиология ҳамчун фан оиди дарки ҷомеа буда, дар асоси далелҳоитаҷрибавии мушаххас ба миён омада ва имкон медиҳад, ки ақлгароёна ҷараёнҳоииҷтимоиро идора намуд. Вазифаҳои илмии сотсиология оиди маърифат додан, оидиҷомеа ба ҷои дуюм гузошта шуда ва ба ҷои аввал вазифаҳои таҷрибавии сотсиологӣ бардошта мешавад. Ҳамин тариқ, донишҳоиназариявӣ аз доираи сотсиология дур андохта мешавад. Ба таври дигар ибрознамоем, мутобиқи пайгирони ин ҷараён сотсиология бояд илм оиди амалҳои иҷтимоӣбошад.

Сотсиологияи эмперикӣ амсоли равияи табиӣ-илмӣ дар сохтори маърифатисотсиологӣ ташаккул ёфтааст. Ин ҷараён дар асоси як қатор арзишҳои позтивистииилми сотсиология, аз қабили

  • рӯйдодҳои иҷтимоӣба қонунҳое итоат менамояд, ки барои табиат ва ҳақиқати иҷтимоӣ таърихиумумӣ мебошанд; 2) усулҳои тадқиқи сотсиологӣ амсоли усулҳои тадқиқи илмҳои табиатшиносӣ,дақиқ, сахт ва воқеӣ бошанд; 3) Сотсиология бояд аз арзишҳои мулоҳизаҳоиидеологидошта озод бошад.

Шарти сотсиологияи таҷрибавӣ чунинмуайян шудааст:

  • воқеияти маърифатиилмӣ танҳо тавассути таҷриба нишон дода шавад;
  • тамоми рӯйдодҳои иҷтимоӣ аз ҷиҳати миқдору сифат тасниф карда шаванд;
  • “ҷанбаи субъективӣ»-и рафторро танҳо ба воситаи мушоҳидаи кушод тадқиқнамудан мумкин аст.

Сотсиологияи таҷрибавӣ ду ҷараён: ҷараёни академикӣ ва амалиро дорост.Вазифаи ҷараёни аввал аз бунёди низоми илмӣ оид ба ҳаёти алоҳидаи ҷамъиятӣ варӯйдоди ҷамъиятӣ мебошад. (масалан, сотсиологияи шаҳр, меҳнат, сотсиологияиВАО). Ин донишҳо чун асоси методологии тадқиқоти мушаххаси илмӣ истифодамешуданд. Вазифаи ҷараёни дуюм аз ташкили ин тадқиқот барои ҳалли вазифаиамалии муайян иборат мебошад.

Дар инкишофи сотсиологияи эмперикӣ саҳми олимони Амрико: Лестер Уорд,Албион Смол, Франклин Гиддингс, Уилям Самнер, Эдвард Росс, Толког Парсонс вадигарон бузург аст. Месазад, ки хизматҳои Элтона Мэй сотсиолог ва психологиамрикоиро, ки асосгузори сотсиологияи саноатӣ ва назарияи «муносибатҳои инсон»мебошад, қайд намуд. Сотсиологияи саноатӣ – соҳаи амалии илмҳои иҷтимоии Амрикобуда, ба омӯзиши муносибатҳои меҳнатии одамон дар корхонаҳои саноатӣ буда, бакоркарди тавсияҳо барои баланд бардоштани истеҳсолот машғул аст.

Дар инкишофи сотсиологияи саноатӣ таҷрибаи Хоторнӣ, ки зери роҳбариипрофессор Э. Мэй дар Вестерн Электрик Компании назди Чикаго (1924-1932)гузаронида шуда буд, нақши муҳиме гузошт. Таҷрибаи Хоторнӣ якчанд тадқиқимуҳимро дар бар мегирад ва натиҷаи охирин ин хулосаҳост: 1) дида баромадани нақши омили инсонӣ дар истеҳсолот, бахусус, омили равонӣва иҷтимоӣ-равониро дар ҷои аввал гузоштан;

ташкилоти ғайрирасмӣ рӯйдоди кушода мебошад.

Ин тадқиқотҳо дар инкишофи сотсиологияи Ғарб, бахусус, назарияи «муносибатҳоиинсон» асос гузошта ва дар тараққиёти сотсиологияи саноатӣ нақши боризегузоштаанд.

Мактаби Чикагогӣ, ки айни замон бо номи «ҳаракати тадқиқи иҷтимоӣ» маъруфаст, дар сотсиологияи амрикоӣ ҷои хосаеро ишғол менамояд. Асосгузорони инмактаб Роберт Парк ва Эрнст Берджес дар солҳои 1915-1935 мебошанд. Ин мактабусулҳои зиёди тадқиқро истифода бурда, онҳо усулҳои тадқиқи назариявӣ ва амалроомезиш дода, равандҳои иҷтимоии ҷомеаро мавриди омӯзиш қарор медоданд.Тадқиқоти онҳо дар Чикаго бо номи «лабораторияи иҷтимоӣ» сурат мегирифт. Онҳоҳаёти умумиятҳои гуногун, шаклҳои рафтори каҷ, вайроншавии оила, оворагардӣ вағайраҳоро мавриди тадқиқи худ қарор дода буданд. Дар инкишофи илми сотсиологияин мактаби Чикагогӣ таъсири амиқ гузоштааст.

1.14K
Нет комментариев. Ваш будет первым!