Макотиби асосӣ ва назарияҳои сотсиологии муосир

Функсионализм,структурализм, функсионализми структурӣ<em/>

Назарияи низои иҷтимой<em/>

Назарияи ивазнамоии иҷтимой<em/>

Бихевиоризм, интераксионизми рамзӣ, этнометодология

Сотсиологияи феноменологӣ<em/>

СотсиологияиПитиримАлександревич Сорокин<em/>

Ҳолати назариявии сотсиология дарумумияти том инъикоскунандаи гуногунандешии назариявист ва он аз гуногун буданиҷабҳаҳои гуногуни сотсиологӣ сар мезанад. Дар баробари ҷанбаи ягонаи назарияивоқеӣ – сотсиологӣ дар байни олимон ақидае ҷой дорад, ки якҷинса набуданипредметаи сотсиология иҷозат медиҳад, ки назарияҳои гуногун дар омӯзиширавандҳои иҷтимоӣ истифода бурда шаванд. Аз ин рӯ, вожаи парадигма нақшимарказиро ишғол менамояд. Парадигма – тамоми дастовардҳои эътирофшудаи илмӣ, кидар тӯли як вақти муайян намунаи гузориши масъала ва ҳалли онро медиҳад, мансубмеёбад. Ин вожа аз тарафи олимони амрикоӣ дар мадхали илмшиносӣ ворид кардашудааст.

Парадигмаҳои асосии сотсиологӣ (ҳақиқати иҷтимоӣ, тафсири иҷтимоӣ, рафторииҷтимоӣ) мутобиқкунанда ва муйянкунандаи навъҳои назарияҳои сотсиологӣмебошанд. Парадигмаи “ҳақиқати иҷтимоӣ” аз диди назарияи структурӣ-функсионалӣ, низом ва низои тафсир мегардад. Парадигмаи “таърифи иҷтимоӣ” азназарияи иҷтимоии амал, интераксионизми рамзӣ сотсиологияи феноменологӣ ваэтномедологӣ бармехезад. Парадигмаи “амали иҷтимоӣ» воқеияти иҷтимоиро аз дидиназарияи бихевиоризм (рафтор, ахлоқ)-и сотсиологӣ ва ивазкунии иҷтимоӣ эзоҳмедиҳад.

Вале назарияҳои дигари иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки онҳоро ба ягон аз инпарадигмаҳои зикршуда ворид намудан ғайриимкон аст. Баъзе аз онҳоро дидамебароем.

Сотсиологияи маълумот – нуқтаи назарест, ки асоси онро тасаввур оидивобаста будан ба механизмҳо ва вазифаҳои маълумот бо истифодабарии усулҳоигуногуни тадқиқи сотсиологӣ ташкил менамояд. Намояндаи барҷастаи ин нуқтаиназар – Карл Манингейм ва Томас Лукман мебошанд.

Дар аввалҳои солҳои 80 –постмодернизмарзи ҳастӣ кард. Ин ҷараёнтаъкид менамояд, ки ҷомеаи постмодерн бояд ба консепсияи ҷомеа ва парадигмаииҷтимоӣ мутобиқат намоянд. Мутафаккири машҳури ин ҷараён сотсиологи англис – Э.Гидденс мансуб меёбад.

Тарафдорони назарияи низоми иҷтимоӣ шароитеро ҷустуҷӯ доранд, ки бароинизом оқибатҳои мусбиро таъмин намояд. Ин омезиши структурӣ-функсионалӣ вамодели низои иҷтимоист. Объекти тадқиқи сотсиологияро дар муносибатҳо васохторҳо ҷустуҷӯ карда, зикр менамоянд, ки ҷомеа аз одамон ва нияту саъю кӯшишионҳо вобастагӣ надорад. Масалан, ташкилотро одамон бунёд менамоянд, вақте кибунёд ёфт, вай бо қонунҳои хосаи худ зиндагӣ намуда, ба иродаи одамоне, ки онро бунёд намуда буданд, вобастагӣнадорад.

Барои хубтар дарк намудани функсионализми структуравӣ аввалан бояд маҳакисохтори функсионализм ва структурализмро дида бароем. Омӯзиши функсионалӣ дарсотсиология яке аз усулҳои асосӣ мансуб меёбад. Моҳияти он аз он иборатмебошад, ки объекти тадқиқ ва унсурҳои онро чун воҳиди том ҷудо карда, мавқеюмазмун ва вазифаҳои онро муайян намуда, инчунин аз ҳам вобаста будани унсурҳова мақсади иҷтимоии онҳоро нишон додан зарур аст. Дар ҳама консепсияҳоииҷтимоӣ, ки ҷомеа чун низом мавриди таҳлил қарор гирифта бошад, усулифунксионалӣ вуҷуд дорад. Дар коркарди равияи функсионалӣ Р. Мертон саҳмиарзандае гузоштааст.

Р.Мертон (1910) – сотсиологи америкоӣ, президенти ассотсиатсияисотсиологҳои Амрико (19.57). Вай вожаи “функсия”-ро кор карда баромадааст.Функсия -маҷмӯи оқибати мушоҳидаҳост, ки имконият муҳайё месозад, система(низом) худро ба муҳити атроф мутобиқнамуда нигоҳ медорад. Мертон вазифаҳои возеҳ ва норавшанро фарқ менамуд.

Дар баробари вожаи “функсия”, Мертон вожаи “дисфунксия”- ро кор карда қайд менамояд,ки низом аз меъёри қабулгардида даст кашида, давраи навро барои мутобиқ шуданфароҳам оварда, меъёрҳои иҷтимоӣ тағйир меёбанд. Дисфунксия – маҷмӯи натоиҷи мушоҳидашавандаест,ки мутобиқгардии низомро ба муҳит заиф намуда, ба вайроншавии пойдорию устворӣоварда мерасонад.

Структурализм дар сотсиология равияест,ки таҳлили структуравиро ҳангоми омӯзиши рӯйдодҳои иҷтимоию фарҳангӣ истифодамебурданд. Ин равия солҳои 60 асри XX хеле паҳнгардида буд. Бахусус, дар корҳои муҳаққиқони фаронсавӣЛеви-Стросс, Фуко, М. Лакан ва дигарон усули тадқиқи структурализм бештар баназар мерасад.

Тарафдорони ин ҷараён иброз менамоянд, ки имконияти сохтани моделини навивоқеияти иҷтимоӣ ҷой дорад. Чунин моделбарои онҳо забон аз аввал чун низоми шаффофӣ ташаккулёфта мисол шудаметавонист. Ин аппарати методологии структурализмро муайян намуда, имкониятихусусиятҳои аломатҳоро дар низом бо ёрии усулҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ(забонҳои табиӣ, забони гуфтугӯӣ, забони барномасозӣ ва ғайраҳоро) нишон дод.

Таҳлили структурӣ-функсионалӣ- ин ҷараён дар сотсиологияи амрикоӣ баъд азҶанги дуюми Ҷаҳон ҳукмфармо буда, вазифаи сотсиологияро аз омӯзиши роҳҳо ваструктураҳое, ки устувории низоми иҷтимоиро нигоҳ медорад, иборат медонад.Муаллифи ин равия Толкот Парсонс (1902-1979), сотсиолог-назариячииассотсиатсияи сотсиологҳои Амрико (1949) мебошад. Маҳаки таҳлили структурӣ –функсионалиро афкори тартиботи иҷтимоӣ дар бар мегирад, ки дар он ризоият(консесус) нисбат ба низо бартарӣ дорад. Барои назарияи структурӣ-функсионалӣкӯшиши бошуурона сохтани низоми амали иҷтимоӣ хос аст.

Тарафдорони неоэволюстионизм мекӯшанд, ки хусусиятҳои функсионалӣ ва низомиафкориро дар якҷоягӣ бо инкишофи ақоид мавриди таҳлил қарор диҳанд. Имрӯзҳо инвожа барои нишон додани навъҳои гуногуни андешаҳои эволютсионизм хизматменамояд. Неоэволютсионизм аз дастурҳои тағйиротҳои эволютсионии бисёрхатта ваканда-канда бармеояд. Эволютсияи иҷтимоиро давоми мантиқии эволютсияи биологӣҳисобида, барои маънидодкунии пайдоиши фарҳангии инсоният далелҳои нави илмҳоииҷтимоиро оварда, барои собит сохтани афкори хеш аз далелҳоитадқиқотҳои таҷрибавӣ истифода мебаранд. Маҳдудияти эволтсионизми анъанавиронеоэволютсионизм тавассути коркарди вожаи «низоми кушода» мехоҳанд аз байн бардоранд.

  • Назарияи низоииҷтимой<em/>

Назарияи низои иҷтимоӣҷараёнест, ки низоъро омили асосии пешбарандаи ҷомеа меҳисобад. Ин вожа аз тарафи Г.Зиммел ба илм ворид карда шудааст. Низомномаи асосии ин назарияроРалф Дарендорф (1929) сотсиологи олмонӣ кор карда зикр менамояд, ки ташкилотҳои мураккабдар асоси тақсимотиҳокимият бавуҷудомада, сарчашмаи низоъ ба шумор мераванд. Мутобиқи ин назария, афроде, ки сариқудратанд тавассути роҳҳои мухталиф фардҳоеро, ки нисбатан ҳокимияти камтардоранд, бороҳимаҷбурсозӣ барои ба даст овардани фоида истифода мебаранд. Имконияти тақсимиқокимият ниҳоят ҳам маҳдуд буд, аз ин рӯ, аъзоёни ҷомеаҳои гуногун барои азсари нав тақсим кардани қокимият мубориза мебаранд. Ин мубориза метавонадпинҳонӣ амалӣ гардад.

Ҳамин тариқ, мутобиқи афкори Дарендорф, асоси низоъро на мақсадҳои иқтисодӣташкил медиҳанд, балки пеш аз ҳама мақсадҳои тақсимоти ҳокимият дар бармегирад. Сарчашмаи низо кото РоНйкиз (инсони сиёсй) ба ҳисоб меравад. Тақсим намудани ҳокимият яке аз масъалаҳои доимӣҳама гуна ҷомеаҳо мебошад. Тақсим кардани ҳокимият доимӣ буда, аз он гурез нества чун воситаи қаноаткунандаи мақсадҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.

Назарияи ивазнамоии иҷтимой

Назарияи ивазнамоии иҷтимоӣ – равияест дар сотсиологияи муосир, киивазнамоии неъматҳои иҷтимоии гуногунро асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ меҳисобад.Намояндагони барҷастаи ин ҷараён Ҷорҷ, Хомане ва Питер Бла мебошанд. Ҷ. Хоманешиори “Инсонро ба сотсиология баргардонидан лозим»-ро ба миён гузошт. Мутобиқиафкори ӯ, сотсиология дар натиҷаи инкишофи табиии равоншиносӣ ба миён омадааст.Унсури муҳими ин ҷараён назарияи рафтори иҷтимоӣ гардид, ки чун ивазнамоӣтафсир меёфт. Моҳияти ин назария аз он иборат мебошад, ки одамон бо ҳамдигардар асоси тачрибаҳои доштаашон ҳамкориро ба роҳ монда ва имкониятҳои гирифтанимукофот ва ё сарф намуданро бар мекашанд. Мутобиқи фаҳмиши ин назария, рафториодамон чунин ба роҳ монда шудааст, ки дар гузашта кирдори онҳо қадр гардидаастё на. Чун роҳи маънидодкунии амалҳои иҷтимоӣ бихевиористӣ (рафтор) номидамешавад.

Низомномаи мукаммали назарияи ивазнамоӣ ба П. Бла мансуб буда, вай зикрменамояд, ки одамон ба навъҳои гуногуни қадр ниёз доранд, то тавонад онҳо боафроди дигар ҳамкорӣ намоянд. Питер Бламенигорад, ки одамон ба муносибатҳои иҷтимоӣ барои ин ворид мешаванд, киинтизоранд онҳоро қадр менамоянд ва барои он муносибатҳои иҷтимоиро давом медиҳанд, ки бамақсадҳои хеш расанд. Қадр намудан дар ҷараёни ҳамкории якҷоя таҳсин, эҳтиром,мартаба ва инчунин ёрии амалӣ шуда метавонад.

Бихевиоризм ( Веhavе – рафтор)

Бихевиоризм (азанглисӣ Вehave – рафтор, илми рафтор) – равияи позитивистии сотсиология буда,маҳаки онро дарки рафтори одам чун маҷмӯи аксуламали тӯлонӣ бар таъсири муҳитиберуна (стимул-ҳавас) ташкил менамояд. Формулаи асосии бихевиоризм:ҳавас-аксуламали он мансуб меёбад. Ин ҷараён дар равоншиносии амрикоӣ дарохирҳои асри XIX ва аввали асри XX ба вуҷуд омадааст. Навъи классикии он солҳои 20 -уми асри XX ба дараҷаи олии тарққиёти хеш расид.

Бихевиоризм чун усули асосӣ тасниф, қайд ва санҷидани омилҳои берунаирафторро, ки зери назорат қарор дорад, истифода мебарад. Асоси фалсафиибихевиоризмро позитивизм ташкил дода, асоси таҷрибавии онро бошад, тадқиқотирафтори ҳайвонот дар бар мегирад. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки таҷрибаҳо натанҳодар ҳайвон гузаронида мешуд, инчунин одамон низ мавриди таҷрибаи муҳаққиқонибихевиорист қарор мегирифтанд. Бояд қайд намуд, ки чунин таҷрибаҳо имконфароҳам овард, ки усули хосаеро барои таъсир расонидан ба рафтор ба миёнбиоваранд.

Бихевиоризм алоқаи байни ҳавасмандй (стимул) ва аксуламалро ба дараҷаимутлақ оварда расонида, онро чун асосӣ умумии эзоҳдиҳӣ маънидод менамояд.

Бихевиоризм ба тамоми соҳаҳои донишҳо, ки ба омӯзиши инсон сару кор дорад,таъсири амиқ гузошт. Дар илми сотсиология бахши навро “ бихевиоризмисотсиологиро” ба миён овард, ки аз методҳо ва вожаҳои бихевиоризм васеъистифода мебарад. Ғайр аз назарияи “ҳавасмандӣ-аксуламал”, бихевиоризми иҷтимоӣаз назарияҳои “майдон”, “таҳсили иҷтимоӣ ” ва инчунин назарияҳои гуногуни“психотерапевта” истифода мебарад. Назарияи “майдон” аз назарияи“ҳавасмандӣ-аксуламал” ба он фарқ менамояд, ки дар он бештар ба хусусиятҳоихосаи инфиродӣ, эҳсосоти узвҳои бадан ба ҳавасмандии муҳити беруна такя кардамешавад. Тарафдорони ин назария бар он андешаанд, ки ба ҳисобгирии хусусиятҳоихосаи инфродии узвҳои бадан имкон медиҳад муайян намоем, ки ҳамин хел ҳавасмандӣ ҳангоми банақша воридсозии ангезандаҳо ба даст меояд. Назарияи “психотерапевта” диққатихоса ба ҳаводиси гузаштаи ҳаёти ин ё он фард медиҳад. Назарияи “таҳлилииҷтимоӣ” ба рафтори хосаи инфродӣ ва омилҳои берунаи таъсирасонанда диққатиҷиддӣ медиҳад.

  • Интераксионизми рамзй<em/>

Интераксионизмирамзӣ (аз англисӣ interaction – якҷоя амалнамудан, ҳамкорӣ) – ҷараёнест дар сотсиология, ки ҳангоми таҳлили ҳамкориииҷтимоиро ба субут расонидан, ба мазмунҳои рамзии он бештар такя менамояд.

Асосиинтераксионизми рамзиро тасаввур оиди фаъолияти иҷтимоӣ чун маҷмӯи нақшҳоииҷтимоӣ, ки дар забонҳо, имову ишораҳо ва дигар рамзҳо ба назар мерасад, ташкилмедиҳад. Хосияти хосаи интераксионизми рамзӣ инҳост: аввалан ҳангомимаънидодкунии рафтори иҷтимоӣ зарур аст, на аз талаботҳо, мақсадҳо ва шавқурағбати фардӣ, балки аз дарки ҷомеа чун маҷмӯи ҳамкории байни шахсҳо пайгирӣнамуд; дуюм бояд кӯшиш намуд, ки гуногунии алоқаи одамро чун алоқа тавассутирамзҳо фаҳмид. Ба рамзҳои забонӣ диққати ҷиддӣ дода Г. Мид олим – сотсиологиамрикоӣ шахсиятро натиҷаи ҳосили иҷтимоиёт ҳисобида, ташаккули онро дар нақшиякҷоя амал намудан мебинад. Нақшҳо дар ҳолатҳои гуногун як сарҳадеро бароирафтори фард ба миён меоваранд. Нақшидигар касро қабул намудан назорати берунаи иҷтимоиро таъмин намуда, бахудназораткунию ташаккули «Ман»-и одамӣ оварда мерасонад.

Этнометодология

Этномегодология– равияест дар сотсиологияи амрикоӣ, ки усулҳои этнографӣ ва атропологиро дарметодологияи умумии илмҳои сотсиологӣ паҳн менамояд.

Этнометодологиямуносибатҳои танзим гардидаи байни одамонро, ки дар эътиқоду дастурҳо қабулгардидаанд, меомӯзад. Ин дастурҳо муайян менамоянд, ки дар кадом лаҳза гуфтаничизе мумкин аст, ё ин ки хомӯш будан лозим, ҳазл кардан мавқеъ дорад, ёин ки тамасхур кардан даркор нест. Намояндаи барҷастаи ин равия ГаролдГарфинкел мебошад. Вай мекӯшад, ки усулҳои антропологияи иҷтимоӣ ва этнографиродар тамоми илмҳои ҷомеашиносӣ ҷорй намояд. Ба андешаи намояндагони ин ҷараён,предмети тадқиқи сотсиология тафсири алоқаи пинҳонӣ, даркнашавандаи байниодамон бошад. Ба фикри Г. Гарфинкел ҳамаи одамон дар ҷомеа – сотсиологиямавриди омӯзиш қарор мегирад ва сотсиолог дар ҷомеа амалҳои дигаронро қайд карда ва иддаои дарки онҳородоранд, ба ҳайси назариячиёни таҷрибанок баромад менамоянд.

Сотсиологияи феноменологӣ

Сотсиолгияи феноменологӣ – равияест дарсосиология, ки ифодакунандаи фаҳмиши гуногунии сотсиология мебошад. Тарафдорониин равия ҷомеаро чун рӯйдоде мебинанд, ки бо таъсири мутақобилаи маънавии афроддар офараниш ва ҳамеша дар таҷдид қарор дорад. Асосгузори ин равия файласуф васотсиолог А. Шютс буда, рисолаи асосии ӯ -“Феноменологияи ҷаҳони иҷтимоӣ”мебошад. Вазифаи муҳими сотсиологияро А.Шютс дар ташкили ҳаёти ҳаррӯзаи кушодмеҳисобад.

Ба фикри ӯ,позитивизм моҳияти рӯйдодҳои иҷтимоиро нодуруст фаҳмида, ба он монандиирӯйдодҳои табиатро низ ҳамроҳ менамояд,. А.Шютс қайд менамояд, ки олами табиат маънои дохили сохториро надорад. Оламииҷтимоӣ оламест, ки маҳаки онро маъно ташкил медиҳад. Рӯйдодҳои иҷтимоӣ сар то ба по пурмаъно мебошанд, Мутобиқиақоиди ӯ, олами иҷтимоии худро дар олами ҳаррӯзаи азсаргузаронанда ватафсирдиҳандаи одамон падид менамояд ва он дар шакли тасаввури типи олам бароионҳо маъно дорад.

П. А. Сорокин

Яке аз сотсиологҳои барҷастаи асри XX Питирим Александревич Сорокин буд. Вай соли 1922 диссертатсияашро дармавзӯи “Системаи сотсиология” ҳимоя намуда, аз Россия фирор мекунад. Вай як солдар Чехословакия зиндагӣ менамояд. Бо таклифи сотсиологҳои барҷастаи АмрикоЭдвар Хайес ва Эдвард Росс ба Нию-Йорк меравад. Дар донишгоҳ лексия хонда ва ботаълифи китоби «Сотсиологияи инқилоб» машғул мешавад. Вай дар донишгоҳи Гарвардкор карда, аввалин роҳбари факултаи сотсиология ба шумор меравад ва тӯли фаъолияти худ назарияҳои илмӣ, аз ҷумла оидиинкишофи фарҳанг, назарияҳои сотсиологӣ ва назарияи конвертатсияро кор карда ваба табъ расонидааст. Ӯ олими сермаҳсул буда, як зумра асарҳои ҷолиби диққаттаълиф кардааст, ки ба онҳо мансубанд: «Таҳрукаи иҷтимоӣ» (1925), «Назарияимуосири сотсиологӣ» (1929), «Усулҳои сотсиологияи шаҳр ва деҳот» (1931) вағайраҳо. Соли 1964 П.А. Сорокин раиси ассотсиатсияи сотсиологҳои Амрико интихобгардид ва ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон “классики зиндаи сотсиология” эътирофгардида буд.

Таълимоти Сорокин нисбат ба сотсиологҳои дигар аз ду лиҳоз таваҷҷӯҳи муҳаққиқонроба худ ҷалб менамояд: аввалан, вай мавзӯи тағйиротҳои иҷтимоиро хеле васеътадқиқ кардааст ва баъдан масъалаи тақрукаи иҷтимоиро хеле равшан таҳлилнамудааст. Дар китоби «Таҳрукаи иҷтимоӣ» П. Сорокин вожаҳои таҳрукаи уфуқӣ ваамудиро баррасӣ менамояд. Таҳрукаи уфуқӣ ҳаракати ҷисм дар фазост, масалан,мигратсия. Таҳрукаи амудӣ – тағйирёбии мартабаи иҷтимоист: яъне «дар зинаииҷтимоӢ ҳаракат ба боло ва ба поён намудан» Дар ҷомеаҳои гуногун вобаста банавъи суръат ин таҳрука гуногун аст. Дар қар як ҷомеа «нардбонҳо» вучуд дорад,ки тавассути онҳо ин ҳаракатҳо амалӣ мегарданд. Мисоли анъанавӣ аскарӣ, мактаб,бюрократия, ташкилотқои тахассусӣ ва динӣ шуда метавонанд. Онҳо барои ҷисмииҷтимоӣ чун узвҳои назорати ҷисми биологии мураккаб зарур мебошанд. Сорокин баандешае омад, ки таҳрука имконият муҳайё менамояд, ки ҷиҳати ақлонӣ ваинтелектуалӣ инкишоф ёбад ва айни замон сабаби пайдоиши скептисизм, худпарастӣгардида, ахлоқ ба зинаи паст фаромада худкушӣ авҷ гирад.

1.11K
Нет комментариев. Ваш будет первым!