Методология, методика ва усулҳои тадқиқи сотсиологӣ

ТадҚиҚ ва навъҳои он<em/>

Навъҳои тадҚиҚотисотсиологӣ<em/>

Давраҳои тадҚиҚисотсиологӣ<em/>

Интихобномаҳо ва фарзияикорӣ<em/>

Тадқиқе, кибарои ҳалли ягон масъалаи таҷрибавӣ равона шудааст, тадқиқи амалӣ ном дорад ватадқиқе, ки мақсади инкишоф додани назарияҳои илмӣ ва ё қоидаҳои асосиро дарбар мегирад, тадқиқи фундаменталӣ ном дорад.

Тадқиқоте, кибарои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо аз усулҳо, методика ва техникаи тадқиқотисотсиологӣ истифода мебарад, тадқиқитаҷрибавӣ ном дорад. Тадқиқи таҷрибавӣ ҳам дар доираи сотсиологияи назариявӣ ваҳам дар доираи сотсиологияи амалӣ гузаронида мешавад. Агар мақсади тадқиқ коркардани назарияҳои илмӣ бошад, пас ба сотсиологияи назариявӣ мансуб аст ва агармақсади тадқиқ коркарди тавсияҳои амалӣ бошад, ба сотсиологияи амалӣ воридмегардад.

Аксари тадқиқотисотсиологии таҷрибавӣ барои ҳалли ягон масъалаи амалӣ равона гардидаанд. Дарадабиётҳои илмӣ чунин тадқиқотҳо бо тарзҳои гуногун (таҷрибавӣ- эмперикӣ(Осипов Г.В.), амалӣ (Харчева В.), мушаххас ва ғайраҳо ном бурда мешавад.

Тадқиқотисотсиологӣ-низомӣ мантиқии пайдарпайи методологӣ, методикӣ ва ташкил кардашудаи техникӣ, ки бо якдигар тавассути мақсади ягона барои ба даст оварданидалелҳои саҳеҳ оиди рӯйдоди омӯхташаванда, ё ин ки дар таҷрибаи ояндаистифодабаранда пайвастааст, мансуб меёбад.

Навъҳои тадқиқоти сотсиологй

Вобаста ба мураккабӣ ва бузургиивазифаи гузошташуда одатан ё навъи тадқиқи сотсиологӣ инкишофӣ (кашф кардан),тавсифӣ ва таҳлилиро муҳаққиқон қайд менамоянд.

Тадқиқисотсиологӣ инкишофӣ – бо мақсади санҷидани тамоми унсурҳои тадқиқоти асосӣ вабарои даровардани тағйиротҳо ба нақша гузаронида мешавад. Ин навъи тадқиқафроди зиёдро дар бар нахоҳад гирифт, азбаски мутобиқи дастур тадқиқи чуқур ваҳама- тарафа гузаронида хоҳад шуд.

Тадқиқитавсифшаванда бо мақсади муайян намудани сохтор,шаклҳо ва тавсифи рӯйдод ва ҷараёни омӯхташаванда гузаронида шуда, маҷмӯи зиёдиодамонро дар бар мегирад. (коллективҳои калон, корхонаҳо, сокинони як район вағайраҳо)

Тадқиқитаҳлилӣ натанҳо таснифисохтори унсурӣ ва ё ҷараёнҳои омӯхташавандаро дар бар мегирад, инчунинсабабҳоеро ошкор месозад, ки асоси ин рӯйдод ва ҷараён мансуб меёбад.

Рӯйдодҳо ваҷараёнҳои иҷтимоиро метавон статистикӣ (ҳисобӣ) ва динамикӣ (мутаассил) омӯхт.Дар ҳолати аввал ба тариқи аниқ рӯйдод омӯхта мешавад; дар дуюм ҳолат бошад,такроршавандагии ҳодисаҳо баъд аз гузаштани чанд вақт мавриди омӯзиш қарормегиранд. Аз ҳамин лиҳоз, ҳангоми омӯзиши чунин рӯйдодҳо тарзи тадқиқи панелӣба амал бароварда мешавад, ки

баъд азгузаштани як муддати вақт ин навъи тадқиқ гузаронида мешавад. Масалан, тадқиқисолона, нимсола, семоҳа, якмоҳа ва ғайраҳо.

Тадқиқ ҳам дар шароити лабораторӣ ваҳам табиӣ гузаронида мешавад. Масалан, омӯзиши вазъи психологии меҳнатии бригадаҳангоми фаъолияти меҳнатӣ гузаронида мешавад, ки ин навъи тадқиқро саҳроӣмегӯянд.

Ғайр аз ин, навъи дигари тадқиқ-тадқиқи когортӣ вуҷуд дорад (сокогоз – калимаи лотинӣ буда, маънои бисёр,ташкилотҳоро ифода менамояд). Ин навъи тадқиқ гурӯҳҳои бисёрро дар бар мегирад.Ба онҳо як ҳодиса, рӯйдод, ҷараёни иҷтимоӣ як хел таъсир расонидааст вазиндагии онҳо ба ҳам монандӣ доранд. Масалан, нафароне, ки дар як давраи муайянтавлид шудаанд. (кӯдакони ҶБВ, давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ғайраҳо)

Тадқиқе, ки барои баровардани хулосаҳодар асоси муқоисаи рӯйдодҳои иҷтимоӣ дар як доираи муайяни вақт ва ё дар якҳудуди муайян гузаронида мешавад, равона шудааст, тадқиқи муқоисавӣ ном дорад.

Ҳангоми гузаронидани тадқиқи сотсиологӣсе давраро мушоҳида намудан мумкин аст:

  • давраиомодашавӣ,
  • давраи асосӣ(саҳроӣ),
  • давраиҷамъбастӣ.

Дар давраи омодашавӣ нақшаи тадқиқисотсиологӣ кор кардашуда ва дар он методология, методика ва ташкили тарафҳоитехникии тадқиқ қайд мегардад. Дар ин ҳуҷҷат пеш аз ҳама асоси назариявиитадқиқ ифода мегардад. Масалан, агар тадқиқи оила гузаронида шавад, муҳаққиқбояд донад, ки оила чист, аз рӯи кадом арзишҳо ва қонуниятҳо вуҷуд дорад ваинкишоф меёбад. Дар ин ҳолат ба сифати асоси назариявии тадқиқ яке азназарияҳои дараҷаи миёна -«Сотсиологияи оила» хизмат менамояд.

Ва бояд зикр намуд, ки оила ҳамчунқисми ҷудонашавандаи ҷомеа ба шумор меравад, аз ин рӯ, сотсиолог бояд ҳангомитадқиқи оила маълумотҳои назариявиро оиди ҷомеа дошта бошад ва донад, ки чӣтавр он вуҷуд дорад ва чӣ тавр инкишоф меёбад ва оила чӣ гуна нақшро дар ҷомеамебозад. Ба таври дигариброз намоем, оила бояд ба ягон назария (масалан, назарияи низои Р. Дарендроф,назарияи Т. Парсонс ва ё ягон назарияи дигар) такя намояд.

Ғайр аз ин, дар нақша усули гузариш аз дастурҳои умуминазариявӣ ба тарзҳоиҳал, олоти ҳалли тадқиқи мушаххас ва усулҳои ҷамъоварӣ, коркарду таҳлилимаълумотҳо ҷойгир шудааст.

То андозае мутобиқати дастурҳои умумӣ, усулҳое, ки маҳаки донишҳоисотсиологиро дар бар мегиранд, ба хусусияти рӯйдод ва ё ҷараёни омӯхташавандава ба хусусияти масъалаҳои ҳалшаванда дар усулҳои тадқиқи сотсиологӣ ифодаихудро ёфтааст.

Усули тадқиқи сотсиологӣ – маҷмӯи амалиётҳо, усулҳо, тартиби муайянгардидаидалелҳои иҷтимоӣ ва коркарду таҳлили онҳост. Ҷамъи малакаҳо, маҳорат, усулҳоифаъолият дар ташкил ва гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ (масалан, санъатитартиб додани анкета, бунёди ҷадвал ва ғайраҳо) техника номида мешавад.

Дар барнома масъалаи тадқиқ тасвият ёфтааст. Барои ин таҳлили вазъимасъалавӣ гузаронида шуда, муайян намудани ихтилоф дар ҷараёни амал намуданиобъектӣ иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Надонистани роҳҳо, олотҳо ва усулҳои ҳаллиихтилофот водор месозад, ки барои ёрӣ ба илм муроҷиат намоем, («фармоишииҷтимоӣ»). Тасвияти масоили тадқиқ фарзияи гузаронидани корҳои муайяни назариявӣва то андозае масоили кадом ҷанбаъро сотсиология ошкор ва ҳал менамояд:(масалан, ҳангоми тадқиқи сотсиологӣ тарафҳои дигари ҳуқуқӣ ва ё иқтисодӣ даряк тараф гузошта шуда, кадом мабда асосӣ мансуб меёбад ва кадом мабдадуюминдараҷа аст ва аз ҳама муҳимаш кадом ҷабҳаҳои он ҳангоми тадқиқотҳои дигарҳалли худро ёфтаанду ва кадом ҷабҳаҳои онро дар ин тадқиқот бояд ҳал намуд).

Дар натоиҷи таҳлил мавзӯи тадқиқ муайян мегардад; (масалан, тадқиқиинтизоми меҳнат дар хоҷагии ба номи С. Зарифов)

Барои ин аввалан объекти тадқиқ муайян карда мешавад. Ба ҳайси объектитадқиқ ин ё он умумияти одамон (масалан, коллективи меҳнатии хоҷагии С.Зарифов), фаъолияти онҳо, шароити меҳнатии онҳо омӯхта шуда ва баъдан предметитадқиқ ва хусусиятҳои манбаи тадқиқ мавриди таҳлил қарор гирифта, ба саволе, кимуҳаққиқ ҷавобашро меҷуст, оварда мерасонад. Ягон навъи тадқиқ имкониҳаматарафаи тадқиқи як манбаъро надорад. Аз ин рӯ, ҳангоми омӯхтани манбаъмарзи муваққатиеро муайян менамоянд, (объектҳои иҷтимоӣ ҳама вақт дар тағйиротанд).Ба сифати марзи муваққатӣ як вақти муайян хизмат менамояд. Ин метавонад соли муайян, ё ин ки моҳимуайян бошад.

Интихоби объект ва предмети тадқиқ ба сотсиолог имконият муҳайё месозад, кидар асоси таҳлили мунтазам модели фарзиявиро сохта, имкони тавсифи унсурҳоиобъекти тадқиқшавандаро дар шакли нақша пайдо намояд. Ба тариқи назариявӣсохтани модели масоили омӯхташаванда имкон медиҳад, ки ба мақсадҳои муайян вавазифаҳои тадқиқ гузашт. Зери вожаи мақсади тадқиқ натиҷаҳои охирин фаҳмидамешавад, ки муҳаққиқ мехоҳад, баъд аз анҷоми кор ба даст орад. Ин натиҷаҳометавонад назариявӣ-маърифатӣ, амалӣ, ё ин ки дигар навъ бошад. Одатан, мақсадитадқиқ дар ҳамбастагии фармоишгар муайян карда шуда, дар шартнома номи тадқиқва мақсад низ дарҷ мегардад.

Вазифаҳои тадқиқ -доираи масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки таҳлили онҳобарои ҷавоб додан ба саволи асосии тадқиқ зарур аст. Масалан, мақсади тадқиқомӯхтани таъсири тарбияи оила дар ташаккули рафтори каҷи наврасон бошад, пасяке аз вазифаҳои тадқиқ ин нақши падар ва модар дар ташаккули шахсият, омӯхтанинизоми арзишҳо ва дигар омилҳо мебошад. Ҳамаи ин зинаҳо имкон медиҳанд, ки яквоҳиди том будани рӯйдод ва ҷараёни тадқиқро мушоҳида намоем.

Қадами дигари тартиб додани нақшаи кори тадқиқ ин тафсир ва муайян намуданивожаҳои асосӣ, ки ҳангоми тадқиқ истифода бурда мешаванд, мансуб меёбанд.

Тафсири вожаҳо – аз ҷиҳатиназариявӣ муайян намудани вожаҳои асосӣ буда, барои он ки муҳаққиқ мазмунумундариҷаи вожаҳоеро, ки истифода мебарад, ҳангоми кор бурдан онро ба маънои дигаршарҳ надиҳад. Масалан, ҷинояткор:- шахсе, ки ҷиноят содир карда, то ба ҳолмутобиқи қонун маҳкум нагардида; ва мафҳуми дигари ҷинояткор:- шахсе эътироф шудааст, кимутобиқи қонун маҳкум гардидааст. Кадом мафҳуме, ки истифода гардад, ҳамонмафҳум омӯхта шавад.

Ҳангоми муайян намудани вожаҳо дар муҳаққиқ баъзе навъҳои (қиёси даҳонакӣ)объекти воқеӣ ҷамъ мегардад, ки имкон медиҳад, хусусиятҳои нав ва муносибатипредмети омӯхташаванда мушаххас аниқ гарданд.

Мақсади муайян намудани вожаҳо –барқарор намудани робита байни аппаратитадқиқ ва асбобҳои методии онҳо мебошад. Он ба як воҳиди томи санҷиши техникӣва индикаторҳо мубаддал мегардад. Ҳамин тариқ, муайянкунии вожаҳо -маҷмӯи амалҳо бо ёрии мафҳумҳои аввалин буда, дар тадқиқи сотсиологии мушаххасистифода шуда, ба қисмҳо ҷудо гардида, имконияти тавсифи мундариҷаи онро дорад.

Муваффақияти тадқиқи минбаъда вобаста аст, аз дуруст гузаронидани ин давра,аз он ҷумла коркарди фарзияҳо. Гипотеза (калимаи юнорӣ hypothesis – фарз, тахмин) – асоси тахмини илмӣ барои маънидокунии ягон намудипешниҳодшавандаи рӯйдод буда, санҷишро талаб менамояд. Фарзия шакли тахмин ва ёроҳ додани ғалат буда, ки дар он моҳияти мазмун хусусияти тахминиро дорад.

Вобаста ба масъалаи тадқиқ фарзияҳоро ба асосӣ ва ғайриасосӣ, вобаста ба мундариҷаитадқиқ фарзияҳои шарҳдор, тавсифӣ ва сабтдорро ҷудо менамоянд. Фарзияҳоипешниҳодшаванда бояд якчанд талаботро доро бошанд:

  • мафҳумҳое, кихусусияти таҷрибавӣ дар доираи тадқиқи мазкур надоранд, набояд истифодагарданд;
  • имконияти санҷишродар рафти тадқиқ дошта бошанд;
  • дар тасвияти худбояд нишондод оиди тарзи санҷиш дошта бошанд;
  • бояд ки оддӣбошанд ва набояд ҳар гуна шарту қайдро дар бар гиранд.

Фарзияҳое, ки ба чунин талаботҳо ҷавобгӯянд, фарзияҳои корӣ ном доранд.Онҳо фаврӣ будани тадқиқро тезонида, интихоби дурусти объект ва ашёи тадқиқ ваусулҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоиро нишон медиҳанд.

Пас аз ташаккули фарзия ба коркарди асбобҳои тадқиқ шурӯъ намуд, маҷмӯиусулҳои методӣ ва техникии тадқиқ, ки дар рафти он амсоли ҳуҷҷатҳои гуногунбаромад менамоянд. Ба таркиби асбобҳои тадқиқ усули ҷамъоварии аввалинмаълумотҳо, варақаҳои пурсиш, тарзҳои коркард, таҳлил ва аз он ҷумла номгӯинишондодҳои иҷтимоӣ, ҷадвалҳои иҷтимоӣ, ки чун асбоби баҳодиҳии ахборотииҷтимоии муҳаққиқ хизмат менамоянд, ворид мешаванд.

Ҷадвалҳо: хаттӣ (масалан: нишондиҳандаи – дараҷаи маълумот, ҷадвалиибтидоӣ, миёна, олӣ); рақамӣ, графикӣ, номиналӣ, ки аз номгӯи сифатҳо (масалан,ҷинс, синну сол ва ё мақсад ва ғайраҳо) шуда метавонанд.

Дар таҷрибаи сотсиологӣ ҷадвалҳои се ва панҷдараҷадори мавқеъдошта, кисимметрӣ ҷойгиранд, истифода бурда мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои асосии сифати ченак дар сотсиология дараҷаи мутобиқатинишондодҳои ченак мансуб меёбад.

Тадқиқи генералӣ сарфи хароҷотҳои иловагӣ ва сарфи вақти иловагиро талаб намуда,муддати тадқиқро дароз менамояд.

Аз ин рӯ, бевосита як бахши элементҳои маҷмӯи тадқиқи генералӣ, китавассути усулҳои махсус интихоб гардидаанд, тадқиқ мегарданд.

Яке аз қисмҳои тадқиқи генералӣ – интихобнома буда, имкон медиҳад, ки оидияк гурӯҳ унсурҳо хулосабарорӣ намоем.Ҳангоми мураттабсозии интихобнома як гурӯҳ «мафҳумҳои хосаи соҳавӣ истифодабурда мешаванд, ки умумияти генералӣ ва интихобӣ аз ҷумлаи онҳоянд».1 Умумияте, ки барои татбиқи нақшаи тадқиқоти фардии муайян мавриди интихобқарор мегирад, умумияти генералӣ номида мешавад. Умумияти генералӣ бо рамзи N ишора шуда ва умумияти интихобиро бо рамзи n ишора менамоянд. Ба сифати умумияти генералӣ ва ё қисми он, ки дар бораионҳо муҳаққиқ мехоҳад маълумоти пешбинигардидаро ба даст оварад, баромадкарда метавонад. Дар баробари харҷи камимаблағ ва мӯҳлати кӯтоҳ интихобнома тадқиқи фундаменталии радомизиониро (аззабони англисии random – интихоби тахминӣ), яъне интихоби тасодуфиро тақозо менамояд.

Навъҳои гуногуни интихобнома вуҷуд дорад; асосан олимон ду навъи он:тасодуфӣ ва ғайритасодуфиро қайд менамоянд. Тасодуфӣ яке аз шаклҳои хелемаъмули он буда, муҳаққиқи рус Н. Н. Чурилов чунин шаклҳои навъи интихобномаитасоддуфиро пешниҳод менамояд: 1) эҳтимолӣ, 2) системанокӣ, 3) ноҳиябандишуда,4) лонавӣ.

Ба ғайритасодуфӣ бошад, шаклҳои зерин:1) стихиявӣ,

  • квотавӣ, 3) усули бузургии асосиро ворид менамояд. Силласте Г. Г. дигарусулҳои табақабандии навъҳои интихобномаро пешниҳод намуда, зикр менамояд, кинавъҳои эҳтимолӣ (тасодуфӣ) ва мақсаднок вуҷуд дошта, онҳо дар навбати худдорои методҳои хоса мебошанд. Ба гурӯҳи эҳтимолӣ(тасодуфӣ) –и вай методҳои зерин:
  • ҷудокуниитасодуфӣ (дар ҳолате ки умумияти генералӣ аз 800 нафар зиёд нест); 2) интихобимеханикӣ, 3) интихоби силсилавӣ,
  • интихоби лонавӣҷудо менамояд.

Ба гурӯҳи дуюм бошад, методҳои зайлро 1)репрезентативӣ,

  • квотавӣ, 3) тасодуфиро ворид намудааст. Респондентҳоро дар илми омор башаклҳои зерини интихобкунанда ҷудо менамоянд:

-интихоби тасодуфӣ вобаста ба синнусол;

-интихобитасодуфӣ

– интихоби механикӣ

– интихоби типӣ(намудӣ)

– интихоби силсилавӣ.

Барои муайян намудани саволҳои умумимиллӣ андозаи интихоби муқаррарӣ аз1000 то 2500 респондентро дар бар мегирад. Дар муайян намудани масъалаҳоиминтақавӣ ва масоили махсуси шаҳрвандон (ҷавонон, нафақагирон, зиёиён вағайраҳо) аз 200 то 500 нафар интихобкунанда бояд ширкат варзанд. Ҳангомитаҳлили зергурӯҳҳои зиёд андозаи интихобномаҳо аз 1000 бояд зиёд бошад.

Хусусияти интихобнома, ки сифати умумияти генералиро инъикос менамояд, репрезентатив ном дорад. Репрезентативаз калимаи лотинӣ – represento гирифта шуда, маънояш муаррификунӣ буда, сохтору ҳолати умумияти генералииобъекти тадқиқ шуда метавонад.

Ҳангоми татбиқи интихобномаҳо ва лоиҳакашии онҳо хатогиҳо рух медиҳанд. Бахатогиҳои интихобнома инчунин иштибоҳоти санҷиш низ ҳамроҳ шуда метавонанд.Ҳангоми санҷиши аниқ натоиҷ бояд 95% фисадро ташкил намояд, он гоҳ натиҷаи бадаст овардашуда барои тадқиқ кофист.

Ҳар як тадқиқи сотсиологӣ вобаста ба объект ва предмети омӯзиши худнотакрор буда, онҳо мақсаду маром, вазифа ва айни замон методҳои тадқиқи хосаихешро доранд. Дар ҳар як тадқиқот як ва ё якчанд усулҳои ҷамъоварии ахбор коркарда шуда, методҳо ва методикаи тадқиқ, тарзҳои тадқиқ ва тартиби тадбиқи онҳоинъикос меёбанд. Ҳангоми интихоби методҳо ва методикаи тадқиқ онро бояд асоснокнамуд, ки онҳо ба фарзияи пешниҳодшуда мутобиқат намуда, барои санҷиши ҳаминфарзия зарур бошанд.

521
Нет комментариев. Ваш будет первым!