Усулҳои ҷамъоварӣ ва коркаду хулосабарории ахбори сотсиологӣ

Усули пурсиш ва навъҳои он

Пурсиши хаттӣ(анкета ва Қисматҳо таркибии он)

Пурсиши шифоҳӣ ва навъҳои он

Коркард,таҳлил ва пешниҳоди маълумотҳо<em/>

Яке аз навъҳои ҷамъоварии аввалини маълумотҳои сотсиологӣ ин усули пурсишба шумор меравад. Пурсиш дар ду шакл гузаронида мешавад шифоҳӣ ва хаттӣ.

Пурсиши хаттӣ (анкетӣ) аз саволҳои муайяни матраҳшуда, ки дорои мақсадумароми муайян аст, ба пурсидашаванда пешниҳод мегардад.

Пурсиши хаттӣ метавонад дар ҳузури тадқиқотчӣ ва ё дар ғоиби ӯ ба воситаипочта, телефон, ё ин ки ба воситаи дарҷи анкетаҳо дар матбуот гузаронида шавад.Анкетаҳо фардӣ ва гурӯҳӣ шуда метавонанд.

Сохтани пурсишномаҳо дар муайян намудани маълумоти аниқ ҳаматарафа кӯмакиҷиддӣ мерасонад. Пурсидашаванда худаш мустақилона аз рӯйи роҳнамое, ки муайянгардидааст, бояд анкетаро пур намояд. Саволҳо мантиқан бояд пайдарпай омадабошанд.

Анкета аз 4- қисмат иборат мебошад.

  • Муқаддима –пурсидашавандаро бо мазмуни анкета шинос намуда ва ба ӯ маълумотҳои даркориробарои пур намудани анкета фароҳам меорад.
  • Қимати маълумот-мазмуну мундариҷаи саволҳоро дар бар мегирад. Саволҳо пӯшида ва кушодамешаванд. Масалан, саволи «Шумо чӣ тавр ба фаъолияти Умар дар вазифаи деканӣбаҳо медиҳед? Ба ин савол 3 навъи ҷавоб пешниҳод карда мешавад (мусбӣ, манфӣ вадар ҷавоб додан мушкилӣ мекашам). Аз ин пешниҳодот пурсидашаванда ҷавобро худашинтихоб мекунад. Гурӯҳи дигари саволҳо ба тариқи кушода пешниҳод карда мешавад,ки пурсидашаванда худаш ҳангоми ҷавоб озод аст. Масалан, шумо ин тобистон даркуҷо дам мегиред? Чавобҳо ҳар хел шуданаш мумкин. Ғайр аз ин саволҳоитозакунанда (филтрӣ) барои муайян намудани пуррагии ҷавоб гузошта мешавад.
  • Қисмати дигари анкета дар хеш маълумотҳои иҷтимоӣ – демографӣ ватахасуссиро дар бораи пурсидашаванда дар бар мегирад. ( Масалан, ҷинс,синну сол, тахассус ва ғайраҳо )
  • Қисмати охирробошад, раҳматнома барои ширкат варзидан дар пурсиш ташкил медиҳад.

Методи дуюм – ин гирифтани интервю ба шумор меравад, интервю калимаианглисӣ буда, маънояш сӯҳбат аст. Интервю методи ҷамъоварии маълумоти сотсиологӣ ба шумор рафта, шахсонимахсусан тайёр шуда, ба тариқи шифоҳӣ онро мегузаронанд. Интервю як вақтимуайянро дар бар намегирад, вай метавонад доир ба мавзӯъҳои гуногун гузаронидашавад, интервюи фардӣ ва гурӯҳӣ, расмӣ, нимрасмӣ ва ба инҳо монанд шудаметавонад. Шакли дигари пурсиш ин пурсиши мутахассисӣ ба шумор меравад, ки ягонмутахассис дар бораи ин ё он соҳаи касбу ҳунар сӯҳбат ороста, ба саволҳо ҷавобмедиҳад.

Мушоҳида яке аз шаклҳои дигари ҷамъоварии маълумот ҳисобида мешавад. Ин шакли ҷамъоварии маълумот бо роҳи ба қайдгирии ягон рӯйдод ё ҳодиса аз тарафитадқиқшаванда, ки дар як шароити муайян мегузарад, оғоз мегардад. Ҳангомигузаронидани тадқиқот шаклҳои гуногуни мушоҳида истифода бурда мешавад: расмгирӣ, кино, видеоаппаратура вағайраҳо.

Аввалин маълумотҳои сотсиологироаз ташхиси ҳуҷҷатҳо низ гирифтан мумкин аст. Ҳангоми гузаронидани чунин тадқиқ ҳуҷҷатҳоҳамчун сарчашмаи асосии ба дастоварандаи маълумот ба ҳисоб мераванд. А сифати ҳуҷҷат– ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ инҳо мансуб шуда метавонанд:ҳуҷҷатҳои шахсӣ, рӯзнома,мактуб, қисмати зиёди вазифаҳои сотсиологӣ ин омӯзиши рӯйдодҳои иҷтимоӣ, ки даргурӯҳҳои хурд (бригада, оила, фирмаҳои алоҳида) ба вуҷуд меоянд, ба шумормеравад. Ин метод рафти тағйиротҳои иҷтимоиро ба воситаи мушоҳида мавридиомӯзиш қарор медиҳад, дар ин навъи тадқиқ дар баъзан ҳолатҳо тадқиқотчӣ барафти ҷараёни рӯйдод гоҳо дахолат карданаш мумкин.

Коркарди нақшаи тадқиқ бо сохтанинақшаи кор ба анҷом мерасад. Нақшаи кори вақти тадқиқ аз воҳидҳои ҷонӣ ва молӣ,методикаи ҷамъоварии аввалин маълумотҳо ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Давраи сеюм, ё ин ки охирини тадқиқи сотсиологӣ тайёрнамудани аввалин маълумотҳо барои коркард, коркарди онҳо, таҳлили онҳо,шаклгирии хулосабарорӣ ва тавсияҳои амалӣ мансуб меёбанд.

Тайёрнамудани аввалин маълумотҳо барои коркарди зинаҳои таҳрир, рамзмонӣ, назоратисифати маълумотҳо ва аорид намудани онҳо ба МЭҲ (Мошинаи Электронии Ҳисоббарор)– ро дар бар мегирад. Ҳангоми коркарди маълумотҳо дар МЭҲ – ҳо барномаҳоикомпютерии SPSS ва SAS истифода бурдамешавад.

Методҳое,ки ҳангоми таҳлили маълумотҳо истифода мегарданд, гуногунҷабҳа буда ва дар худмаҷмӯи васеи методҳои

мантиқӣ ва математикӣ – ҳам оддӣ ва ҳам мураккаро дар бар мегирад. Интихоби методи мушаххас пеш аз азхусусияти фарзия бармехезад, ба саволҳо мо ҷавоб ҷуста ва ҷавоб мегирем.<strong/>

Коркард ва таҳлили гурӯҳи маълумотҳоро дар бармегирад. Натоиҷи ба даст овардашуда дар шакли ҷадвал пешниҳод мегардад. Мисол

Набзи тақсимоти хароҷоти ҳармоҳаи гуфтугӯи телефонҳоибайналхалқӣ

Барои инъикоси натоиҷи таҳлил ғайр аз ҷадвалаҳоинчунин намудҳои гуногуни гистограммаҳо аз қабили диаграммаҳоисутунӣ истифода бурда мешаванд.

Яке аз шаклҳои дигари пешниҳоди таҳлили маълумотҳо диаграммаи даврашаклмансуб меёбад.

Ҳарчанд натиҷаи таҳлили якандозагӣ маънои мустақилро дорост, куллимуҳаққиқон аз таҳлили бисёрченака, ки маҷмӯи методҳои статистикӣ (ҳисоб)-ро дарбар мегиранд, барои омӯзиши рӯйдодҳои бисёрченака, яъне рӯйдодҳое, ки дороихусусиятҳои гуногунанд, истифода мебаранд. Ин метод имкон медиҳад, ки фарзияҳоигуногун ва сабабу алоқамандии байни рӯйдодҳо омӯхта шаванд.

Маълумотҳои эмперикии ба дастовардашуда дар натиҷаи коркарду таҳлили рақамӣнишодиҳандаи сифати объекти тадқиқ ба шумор намеравад, балки тасвиркунандаиумумиятдиҳандаест, ки тавассути қонуниятҳои мантиқӣ ва математики бузургиҳоирақамӣ пайдо гашта, акнун мазмуну маъно пайдо мекунад. Тағйирёбии ахборотисотсиологии аз нишондиҳандаҳои рақамӣ ба натиҷаи нишондиҳандаҳои мушаххасиобъекти тадқиқ интерпретатсия (тафсир) номида мешавад. Ҳар як нишондиҳандаиамалӣ бисёрмаъногиро ифода менамояд, аз ин рӯ, онҳо вобаста аз назарияиинтихобгардида ва мавқеи ахлоқию дигар хусусиятҳояшон бо тарзҳои гуногунинтерпретатсия мегарданд. Тасаввур менамоем, ки зиёда аз 30% пурсидашудагонсиёсати ҳукумати моро маҳкум менамоянд. Ин маълумотро чунин интерпретатсиянамудан мумкин аст, яъне онҳо орзу доранд, ки ҳукумати дигар сари кор ояд, ё инки ба тариқи дигар ин норозигии онҳоро чунин тавзеҳ кардан мумкин аст. Ислоҳотгузаронида ҳайати ҳукуматро тағйир дода, ҳукумат метавонад корро идома диҳад.Ҳар ду ҳолат ҳам далелҳои иловагиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, муҳакқиқвазифаҳои тадқиқро ҳатман муайян намояд, то ин ки натиҷаҳои ба дастовардаашробо далелҳои мушахасгардида ифода намояд.

Натиҷаи тадқиқ дар шакли ҳисобот, ки дар он бояд консепсияҳо, методҳо,таснифи ҳамаи қисмҳои барнома, таснифу таҳлили маълумотҳои бадастоварда,инчунин хулоса, пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ дарҷ ёфта бошанд, пешкаш кардашавад.

913
Нет комментариев. Ваш будет первым!