Мафҳум, хусусият ва навъҳои ҷомеа

Нигоҳи муосирон ба фаҳмиши ҷомеа

Таҳлили сотсиологии ҷомеа

Детерменизмитаърихй – иҷтимоӣ

Фаҳмишҳои мухталиф оиди навъҳои ҷомеа

Ҳар як фард ҷомеаро ба таври худ даркменамояд. Бештар ин мафҳум маҷмӯи одамонро, ки аз рӯи ягон таваҷҷӯҳи умумӣ,тарзи ҳаёт ва фаъолияти якҷоя бо ҳам муттаҳид гардидаанд, ифода менамояд. Фаннисотсиология ин мафҳумро ба таври дигар мавриди таҳлили худ қарор медиҳад. Пас,худи ҷомеа чист ва объекти омӯзиши он аз чӣ иборат аст?

  • Нигоҳи муосирон ба фаҳмиши ҷомеа.<strong/>

Тамоми таърихи ақоиди сотсиологӣ – ин таърихиҷустуҷӯ ва методи бунёди ҷомеа мебошад. Дар тӯли таърихи инсонӣ мафҳуми ҷомеа,давраҳои инкишофи он ва инқирози ҷомеа ба тарзҳои гуногун баррасӣ гардидааст.Ин мафҳум ҳанӯз аз давраҳои қадим то ба имрӯз бо тарзҳои гуногун маънидод кардамешавад. Масалан, файласуфи барҷастаи аҳди Юнони бостон – Арасту ҷомеаро маҷмӯигурӯҳҳо дониста зикр менамояд, ки баҳамалоқамандии гурӯҳҳо ба воситаи меъёрҳова қоидаҳо муайян ва ба танзим дароварда мешаванд. Олими франсавии асри XVIIIСен-Симон зикр менамояд, ки ҷомеа ин устохонаибузургест, ки дар он табиат мутеи инсон аст. Барои мутафаккири асри XIX Прудон мафҳуми ҷомеа гурӯҳҳои мухолиф фаҳмида шуда қайд менамояд, ки ҷомеа инсинфҳоест, ки барои амалӣ намудани масъалаи ҳақиқат мекӯшад. Асосгузори илмисотсиология ОгюстКонт ҷомеаро тавзеҳ карда, онро аз ду ҷавҳари ҳақиқат иборат медонад: 1) натиҷаитабиӣ инкишофиҳиссиётҳои маънавӣ, ки дар як оила, халқ, миллат ва дар охир тамоми инсониятифода мегардад;2) чун механизмиавтоматӣ амалкунандае, ки аз қисмҳои ба ҳам алоқаманд, атомҳо ва ғайраҳоиборат мебошанд.

Дар ҷомеашиносии муосир назарияи атомистииҷомеа вуҷуд дорад, ки ҷомеаро аз маҷмӯи одамони ба ҳам фаъолияткунанда вашахсиятҳо маънидод менамояд. Муаллифи ин назария Ҷ. Девис,менигорад: «Ҷомеаро ба мисли анкабут тасаввур кардан мумкин аст, ки дорои якқатор эҳсосот ва дастурҳои хоса мебошад…» Ҳар як фард бо риштаҳои пуди бодигарон дар алоқамандӣ

қарор дорад, агар ба таври дигар иброз намоем,ҳар як фард бо тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар равобит мебошад. Яке аз назарияҳои хелемаъмул ин назарияи Г. Зиммел аст, ки робитаи байни фардҳоро ифодакунандаи ҷомеамедонист. Робитаи иҷтимоӣ – ин ҳама гуна рафтори гурӯҳи фардҳо, дар ҷомеа дармуддати муайяни вақт дониста мешавад. Ин мафҳум мазмун ва мундариҷаи муносибатибайни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро, ки чун сарчашмаҳои сифатии ҳама гунанавъҳои фаъолият ба шумор мераванд, ифода мекунад. Натиҷаи ин равобитро алоқаииҷтимоӣ ташкил медиҳад. Алоқаи иҷтимоӣ баҳамалоқамандии фардҳоест, ки мақсадимуайян дар шароити мушаххас дорад ва он дар ҷой ва вақти муайян ба вуқӯъ меояд.Ин фаҳмиш то андозае ба усули сотсиологии дарки ҷомеа ҷавобгӯ аст.

Асосҳои муқарраргардидаи инкишофи минбаъдаи инназария дар таълимоти шабакавии ҷомеа инъикоси мантиқии хешро ёфтааст. Инназария ба фардҳое, ки дар ҷомеа қарорҳои муҳимро қабул менамоянд, такя намуда,аз ҳам вобастагӣ надоранд. Назарияи робитаи иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни он дармаркази диққати хеш омилҳои шахсият ва фардҳои фаъолияткунандаро мегузорад.

Дар назарияи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҷомеа чунмаҷмӯи гурӯҳи одамон ва гурӯҳҳои бартаридошта тавзеҳ дода мешаванд. Агар дар назарияҳоиатомистии ҷомеа ва таълимоти шабакавӣ компоненти асосӣ – гурӯҳи одамон бошанд, пас дар маркази консепсияи инназария мафҳумҳои ҷомеа ва инсоният меистанд.

Дар илми сотсиологӣ ду усули омӯзиши ҷомеа:функсионалӣ ва конфликтологӣ (низоӣ) мавҷуд аст. Мувофиқи муқаррароти назарияи функсионалӣ:

  • ҷомеа -ин системаест, ки аз қисмҳо таркиб ёфта ва дар навбати худ дар як воҳидиягона муттаҳид гардидааст;
  • ) системаи ҷамъияти мустаҳкамиро нигоҳ медорад, дар онҳо механизмҳоивазорати дохилӣ ба амсоли суд, органҳои муҳофизати ҳуқуқӣвуҷуд доранд;
  • дисфунксияи (аз инкишоф баргаштан) онҳо вуҷуд доранд, вале худ ба худ аз байн хоҳанд рафт.
  • тағйиротҳо на ба таври инқилобӣ, балки оҳиста – оҳиста ба вуҷуд меоянд;
  • Ба ҳам иаздикшавии иҷтимоӣ дар асосирозигии аксари шаҳрвандони мамлакат ҳангоми дарки он, ки ҷомеа ин мисли якриштаи бофташуда мебошад, ба вуҷуд меояд.<strong/>

Равияи конфликтологӣ зериназарияҳо ва асарҳои К.Маркс арзи ҳастӣ намудааст. Вай муборизаи синфиро яке азомили асосии ҷомеа меҳисобад. Ҳамин тариқ, ҷомеа-ин майдони муборизаи доимиисинфҳои ба ҳам зид буда, бо шарофати муборизаи байни синфҳо ҷомеа пеш меравад.

Зери маъноивасеи мафҳуми ҷомеа умумияти ҳама гуна ташкилотҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.Вобаста ба ин мафҳуми ҷомеаро чунин таъриф додан мумкин аст: Маҷмӯи равобитибайни одамон, ки таърихан дар ҷараёни ҳаёт чун тарзи ҳаёт пазируфта шудааст,ҷомеа ном дорад.

Ин таърифро дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт дучор шудан мумкин аст. Масалан,хондан, ҷомеаи китобдӯстдорон, ҷамъияти моҳидорон ва ё ҷомеаи мураккабусерзинаро ҳар рӯз мо мушоҳида карда метавонем. Аз ҳамин лиҳоз, таҳлилисотсиологӣ хусусияти бисёрдараҷагиродорост. Ҳақиқати иҷтимоиро метавон ба ду зина ҷудо намуд: макро вамикросотсиологӣ. Макросотсиологӣ ба навъҳои рафтори фард диққат дода, бароифаҳмиши ҷомеа ёрӣ мерасонад. Ба ин навъҳо шомиланд, оила, дин, маълумот ваинчунин сохтори иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа. Дар зинаи макросотсиологӣ ҷомеа чунҷараёни таърихии инкишофи инсоният, системаи равобит ва муносибатҳои гурӯҳҳоикалон ва хурд, анъана, қонунҳо, ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, ки дар асоси тарзҳоимуайяни истеҳсолот, тақсимот, иваз кардан ва истифодабарии маводҳои моддӣ вамаънавӣ амал менамоянд, дониста мешавад.

Таҳлили зинаи микросотсиологӣ дар худ омӯзиши микросистемаҳо(муносибатҳои байни фардӣ)-ро, ки одамонро иҳота кардаанд, дар бар мегиранд. Ин системаҳои эмотсионалиест, ки равобитифардро бо дигар одамон дар бар мегирад. Ҷамъшавии гуногуни ин равобитҳогурӯҳҳои хурдро ба вуҷуд меоранд, ки аъзоёни онҳо бо якдигар аз рӯйи дастурҳоимусбӣ алоқаманд мебошанд. Муҳаққиқоне, ки ин зинаро меомӯзанд, ба хулосаеомадаанд, ки рӯйдоди иҷтимоиро дар он ҳолате дарк кардан мумкин аст, ки маъноирӯйдодеро, ки фардҳоро бо ҳам алоқаманд ташкил додаанд, дар бар гиранд. Мавзӯиасосии таҳқиқи онҳо ин ахлоқ, рафтор, моҳият ва арзишҳоеанд, кибаҳамалоқамандии байни одамон, мӯътадилии ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ҳаётивоқеӣ ҷомеа чун ашё вуҷуд надорад, вале бояд тазаккур дод, ки ҷомеа

дар шакли мушаххасаш ба мисли ҷомеаиТоҷикистон, ҷомеаи амрикоӣ, ҷомеаи насрониён, ҷомеаи исломӣ ва ғайраҳо вуҷуддоранд. Дар ин ҳолат мафҳуми ҷомеа ба маънои фаҳмиши хурд истифода гардида,баробари маънои давлат ва миллатҳои муосир фаҳмида мешавад.

Олими амрикоӣ Н. Смелзер ҷомеаро тавзеҳ дода зикр менамояд, ки ҷомеа дороихусусиятҳои зерин: марзи муайяни ҷуғрофӣ, системаи ягонаи қонунбарор ва ҳуввияти муайяни миллиро бояд дошта бошад. Барои васеъдарк намудани моҳияти ҷомеа дардараҷаи макро (васеъ) чанд хусусияти асосии онро зикр кард:

  • сарҳад – марзиҷуғрофӣ, ки харитаи кашидашударо дошта ва равобити иҷтимоӣ ва баҳамалоқамандиииҷтимоӣ дар доираи он амалӣ мегардад;
  • вуҷуд доштани шинохти ҳуввияти худ. 3) аз ҳисоби фарзандони одамоне, ки намояндаи онҳо баҳисоб мераванд, зиёд шудани бартарии онҳо;
  • мустаҳкамӣ ва тарзи истеҳсолоти дохилӣ вабаҳамалоқамандии онҳо;
  • мухторияте нишон диҳад, ки вай қисми ягон ҷомеаи дигар нест ва инчунинимкониятҳои қонеъгардонии талаботҳои афродро доро бошад ва тавонад вуҷуддоштани худро тасдиқ намояд. Ҳаёт дар ҷомеа аз тарафи ин ё он ниҳод ваташкилоти иҷтимоӣ бо арзишҳо ва меъёрҳое, ки аз дохили худи ҷомеа баромадандуофарида мешаванд, ба низом дароварда шуда, идора карда мешавад;
  • қувваи зиёди баҳамназдикшуда: ҷомеа, системаи ягонаи арзишҳо (фарҳанг,маданият) буда, ба ин система наслҳои навро ба он ва инчунин равобит вамуносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ мегардонад.

Тарзҳои гуногуни тавзеҳи ин мафҳум аз О. Контсар карда то Т. Парсонс ҷомеа чун системаи ягона тавзеҳ гардида, дар худмиқдори зиёди рӯйдодҳои гуногун ва ҷараёнҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Системаи иҷтимоӣ – ин унсури сохтории ҳақиқатииҷтимоӣ буда ва аз ташкилотҳои ягонаи муайян иборат мебошад. Элементҳои асосии ҷомеа ниҳодҳои иҷтимоӣ,умумияти иҷтимоӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки арзишҳои муайяни иҷтимоӣ ва меъёрҳоро,ки аз тарафи фардҳои алоҳида кор карда шуда ва он арзишҳою меъёрҳо алоқамандӣва муносибатҳои иҷтимоӣ вазифаҳои

муайянро иҷро менамоянд, дониста мешаванд. Ииэлементҳо ба ҳамдигар сахт марбутбуда, сохтори ҷомеаро ташкил медиҳанд.

Сохтори иҷтимоӣ – ин тарзи муайяни равобит вабаҳамалоқамандии элементҳост, яъне фардҳое, ки мавқеи муайяни иҷтимоиро ишғолменамоянд ва онҳо вазифаҳои муайянро вобаста ба арзишҳо ва меъёрҳое, ки ҷомеаимазкур барои худ қабул кардааст, иҷро менамоянд. Сохтори ҷомеаро вобаста азқисматҳои асосии ҷомеа дидан мумкин аст.

Хусусиятҳое, ки дар муайян намудани сохторҳоиэлементии ҷомеа асосӣ ба ҳисоб мераванд, инҳоянд: омилҳои табиие, ки одамонроба ҷинс, синну сол, хусусиятҳои нажодӣ ҷудо менамоянд; умумияти марзии иҷтимоӣ(аҳолии шаҳр, минтақа ва ғайраҳо ); иҷтимоӣ- демографӣ (мардҳо, занҳо, кӯдакон,ҷавонон ва ғайраҳо.), этникӣ -иҷтимоӣ (авлод, қабила, халқият, миллат).

Дар зинаи макроиҷтимоӣ баҳамалоқамандиисохтори ҷомеа дар шакли ниҳодҳои иҷтимоӣ (оила, давлат ва ғайраҳо) фаҳмидамешавад.

Зинаи микроиҷтимоӣ бошад, дар шакли вазифаҳоииҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Ҷомеа бо ченакҳои сохторӣ ва дигар ченакҳояш ботариқи вертикалӣ ба қабатҳои одамон бо ҳам алоқаманд буда, вобаста ба муносибатба тарзи моликият ба дороҳо ва камбағалон, вобаста ба ҳокимият бошад, баидоракунандагон ва идорашавандагон ва ғайраҳо ҷудо мешаванд. Ҳангоми таҳлилиҷомеа чун як воҳиди том натанҳо элементҳои сохтории вайро, балкибаҳамалоқамандии элментҳои гуногунро гӯё, ки онҳо ба ҳамдигар таъсирнамерасонанд, дидан лозим аст. Оё дар байни фермер ва муаллим ягонбаҳамалоқамандии иҷтимоӣ дида мешавад ё на? Оила ва муносибатҳои истеҳсолотроба ҳам чӣ муттаҳид месозад?.. Таҳлили функсионалӣ – структурӣ ба ин саволҳоҷавоб дода метавонад. Ҷомеа элементҳои худро на ба воситаи барқарор намуданиравобит, балки дар асоси вобаста будан ба функсияҳо муттаҳид менамояд.Сотсиологи америкоӣ – Т. Парсонс, ташкилкунандаи мактаби структур-функсионалӣин вазифаҳои асосиро, ки ҷомеа бе онҳо вуҷуд дошта наметавонад, нишон медиҳад;

  • адаптатсия ( мутобиқ гардидан) талабот барои мутобиқ гаштан ба муҳити зист;
  • мақсади дастовард – гузориши масъала, ки дар назди система меистад;
  • интегратсия (наздикшавӣ)– нигоҳ доштани низоми дохилӣ;
  • намуди баҳамалоқамандии система, яъне имконияти сохтори истеҳсолӣ ва пасткардани шиддати иҷтимоии системаро нигоҳ доштан.

Вазифаҳои асосии системаро, ки Т.Парсонс нишондода, чор зерсистемаи муҳими онро (иқтисодиёт, сиёсат, хешовандӣ ва фарҳанг ),ки дар иҷро намудани талаботҳои зерсистема хизмат менамоянд, қайд мекунад. Вайниҳодҳои иҷтимоиеро нишон медиҳад, ки дар танзими ҷараёнҳои адаптатсионӣ,мақсаднокӣ, мӯътадилгардонӣ ва якҷояшавӣ ( корхонаҳо, бонкҳо, ҳизбҳо, аппаратидавлатӣ, мамлакат, оила, масҷид ва ғайраҳо) саҳм мегузоранд.

Детерменизми таърихй – иҷтимоӣ

Вазифаҳои зерсистемаҳоро интихоб намуда,саволи алоқаи детерменистиро ба миён овард. Назарияи детерминизм омилҳоизерсистемаҳоро, ки симои ҷомеаро пурра нишон медиҳад, мавриди омӯзиш қарормедиҳад. Детерминизм ин таълимоти объективии қонунҳои баҳамалоқамандӣ ва азякдигар вобаста будани рӯйдодҳои табиат ва ҷомеа мебошад. Принсиписи асосиидетерменизм ин ҳамаи ашёҳо ва муҳити атроф дар робита ва муносибатҳои гуногунибайниҳамӣ вуҷуд доранд. Дар байни ҷомеашиносон ақидаи ягона дар бораи кадомомил симои ҷомеаро ифода мекунад, вуҷуд надорад. Масалан, К. Маркс зерсистемаииқтисодиро муайянкунандаи асосии ҷомеа меҳисобад (детерминизми иқтисодӣ).Тарафдорони детерменизми техникии омили асосӣ дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа инкишофитехника ва технологияи муосирро мансубмедонанд. Тарафдорони детерменизми фарҳангӣ асосӣ ҷомеаро дар арзишҳо вамеъёрҳои мустаҳками такрорнашавандаи ҷомеа медонанд. Детерминизми биологӣ ҳамарӯйдодҳои иҷтимоиро ба хусусиятҳои генетикии биологии одамон мансуб медонанд.Агар ҷомеаро аз лиҳози қонуниятҳои алоқамандии инсону ҷомеа, омилҳои иқтисодӣва иҷтимоӣ таҳлил намоем, пас ин назарияро назарияи таърихӣ – иҷтимоӣ номид.Детерменизми таърихӣ – иҷтимоӣ яке аз принсипҳои асосии сотсиологӣ буда ифодакунандаи ҳамаиалоқаҳо ва аз ҳамвобаста будани

рӯйдодҳоронишон медиҳад. Чӣ тавре ки ҷомеа инсонро тавлид менамояд, инсон дар навбати худҷомеаро меофарад. Инсон маҳсули фаъолияти моддӣ ва маънавии худ ба ҳисобмеравад. Инсон натанҳо объект, балки субъекти фаъолияти иҷтимоист. Фаъолиятииҷтимоӣ содда мебошад. Ин мафҳумро М.Вебер кор карда ба илм дохил кардааст: мақсад ифода кардани самти фаъолиятифард, ки бошуурона ба замони гузашта, ҳозира ва ё ояндаи рафтори дигарон равонакарда шудааст. Моҳияти ҳаёти иҷтимоӣ дар фаъолияти амалии инсон маҳфуз мебошад.Инсон фаъолияти хешро ба воситаи навъҳою қолабҳо, равобитҳо ва муносибатҳоитаърихан барқароргардида бо дигар одамон ба роҳ мемонад. Аз ин рӯ, дар доираиҳаёти ҷамиятӣ фаъолияти фард на ҳама вақт характери фардӣ дорад, вале он ҳамавақт хусусияти иҷтимоӣ дорад. Фаъолияти иҷтимоӣ – ин маҷмӯи фаъолиятҳоиарзишнокест, ки аз тарафи субъект (ҷамъият, гурӯҳ, шахсиятҳо) дар соҳаҳо вазинаҳои гуногуни ташкилии ҷомеа амалӣ гардонида мешавад, мақсади муайянииҷтимоӣ ва манфиатро барои расидан ба натиҷаҳо истифода мебарад, аз қабилииқтисодӣ,’ иҷтимоӣ ва идеологӣ.

Таърих ва муносибатҳои иҷтимоӣ ҷудо азфаъолият вуҷуд дошта наметавонад. Фаъолияти иҷтимоӣ аз яктараф бо қонуниятҳоиобъективӣ амалӣ гардонида мешавад ва оназ ирода ва шуури одамон вобаста набуда, аз тарафи дигар дар он одамон вобастаба мавқеи ишғолкардаашон роҳҳои гуногуни амалӣ гардонидани фаъолиятро медонад,ширкат меварзанд.

Хусусияти асосии детерменизми таърихи – иҷтимоӣ дар он таҷассум мегардад,ки объекти вай фаъолияти одамон буда, дар айни замон чун субъекти фаъолиятдониста мешавад. Ҳамин тариқ, қонунҳои иҷтимоӣ – ин қонунҳои фаъолияти одамон,қонунҳои созмондиҳандаи ҷомеа, қонунҳои хусусии фаъолияти иҷтимоӣ мебошанд.

Навъҳои ҷомеа

Дар ҷаҳони муосир навъҳои гуногуниҷомеа вуҷуд дорад, ки аз ҳамдигар бо бисёр хусусиятҳои намоёнашон, масалан(забони муошират, фарҳанг, мавқеи географӣ, андоза ва ғайраҳо) ва хусусиятҳоинонамоёнашон аз қабили (дараҷаи наздикшавиашон, эътидолияташон ва ғайраҳо) фарқменамоянд. Мутобиқи

гурӯҳбандииилмии фарқиятҳои ҷомеаҳоро аз рӯи баъзе хусусиятҳои умумиашон бояд ба эътиборгирифт.

Ҷомеаҳоро азнабудани як критерияи умумӣ гурӯҳбандӣ кардан хеле душвор ва мураккаб мебошад.

Дар миёнаиасрҳои XIX К. Маркс гурӯҳбандии ҷомеародар асоси тарзи истеҳсолот ва муносибат ба моликият пешниҳод намуд. Вай тамоминавъҳои ҷомеаро ба панҷ навъ ҷудо кард: (форматсияҳои иқтисодӣ) ҷомеаи ибтидоӣ,ҷомеаи ғуломдорӣ, ҷомеаи феодалӣ, ҷомеаи капиталистӣ ва ҷомеаи коммунистӣ.

Мувофиқигурӯҳбандии дигар ҷомеа ду навъ – содда ва мураккаб мешавад. Критерияи асосиионҳо миқдори идоракунӣ ва зинаҳои қабати ҷомеа мебошанд. Ҷомеаи содда – ин ҷомеа, ки қисматҳои асосияшро қабатҳоиякхелаи аҳолӣ ташкил намуда, дар он на сарватмандон на камбағалон, на роҳбар вана зердаст ҷой надоранд, сохтор ва вазифаҳо дар ин навъ ҷомеаҳо суст инкишофёфтаанд ва ҷои як қишрро қишри дигар метавонад зуд иваз намояд. Чунин ҷомеаҳои содда дар ҷаҳони имрӯза низ дар кураи замин бачашм мерасанд.

Ҷомеаи мураккаб – ҷомеаест, ки қабати иҷтимоиаш сохтори ниҳоят пурқувватдошта, бо якдигар алоқаманданд ва айни замон аз якдигар вобастагӣ доранд, ки баяк самт равона намудани онҳо ногузир аст. К. Поппер ду навъи ҷомеа: пӯшида вакушодаро нишон медиҳад. Фарқияти байни ин ду ҷомеа, ки Поппер нишон медиҳад азякчанд омил иборат аст, пеш аз ҳама муносибати назорати иҷтимоӣ ва озодии фард.Дар ҷомеаҳои пӯшида (маҳкам) хусусиятҳои зерин; мӯътадилии иҷтимоӣ маҳдуд карда шудаанд, навовариро қабулнадоранд, ба анъанаҳо содиқанд, сиёсати шахшудаи авторитарӣ доранд, коллективизмдар онҳо чуқур реша давондааст. Ба ин навъҳои ҷомеа К.Поппер далатдории Снарт,Пруссия, Россияи подшоҳӣ, Германияи фашистӣ, Иттиҳоди Шӯравии даврони сталиниромансуб медонад.Ҷомеаи кушод бо хусусиятҳои динамикии сохтори иҷтимоӣ, ҳаракатибаланд, навгониҳоро қабул карда метавонад, тафаккури танқидӣ дорад, идеологияибисёрақидагӣ ва демократӣ ҷой дорад. К. Поппер намунаи ҷомеаи кушод Афинаиқадимро дониста, дар ҷаҳони муосир бошад, ҷомеаҳои демократии ғарбро ҷомеаи кушод медонад.

Яке аз шаклҳои ниҳоят паҳнгаштаи гурӯҳбандии ҷомеа ин гурӯҳбандиисотсиологи амрикоӣ Д. Белл, ки дар асоси тағйирёбии

зербинои технологӣ ҷомеаро ба навъҳои анъанавӣ, саноатӣ, баъдисаноатӣ ҷудокардааст, мебошад.

Ҷомеаи анъанавӣ (тоиндустрявӣ) -ҷомеаи бо тарзи аграрӣ, ки дар он ҷо тарзи мубодилаи натуралӣ мавқеи муҳимдошта, сохтори ин ҷомеа камҳаракат ва дар асоси анъанаҳои ҷойдошта ба танзимдароварда мешавад. Барои ин гуна ҷомеаҳо меҳнати дастӣ хос мебошад. Суръатипасти истеҳсолот, ки ин хусусиятҳо талаботҳои одамонро ба дараҷаи ниҳоят маҳдудиҷро менамояд дар ин гуна ҷомеаҳо ба назар мерасад. Сарварони чунин ҷомеаҳониҳоят коҳиланд, навовариро кам қабул менамоянд. Рафтори фардро дар чунинҷомеаҳо анъана, меъёрҳои муаяйнгардида, ниҳодҳои иҷтимоӣ ба танзим медароранд. Тағйир додан ва фикридигаргун кардани анъана, расму русум, меъёрҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ин гунаҷомеаҳо тамоман номумкин аст.Вазифаи интегративии худро маданият ва ниҳодҳоииҷтимоӣ иҷро карда, ҳама гуна вокуниши озодии шахсиятро, ки барои зина ба зинадигаргунсозии ҷомеа лозим аст, пахш менамоянд,

Мафҳуми ҷомеаи саноатиро аввалинмаротиба А.Сен-Симон истифода бурда, хусусияти нави он зерсохти техникиро қайдкардааст. Ҷомеаи саноатӣ-ин ҷомеаи мураккабест, ки дар асоси тарзи хоҷагидориисаноатии пурҳаракати боқувват ва навсозиисохтор, тарзи танзими иҷтимоӣ-фарҳнгӣ, ки дар асоси озодии фард ва манфиатҳоиҷомеа фаъолият менамояд, мебошад. Барои ин гуна ҷомеаҳо тақсими меҳнатӣ инкишофёфта, истеҳсолоти васеи мол, автоматикунонӣ ва мошинакунонии тарзи истеҳсолот,васоити коммуникатсияи оммавии инкишофёфта, шаҳрдорӣ ва ғайра хос мебошад.

Ҷомеаи баъдисаноатӣ (баъзан ин ҷомеаро ҷомеаи информатсионӣ ёиттилоотӣ низ меноманд) -ҷомеаест, ки дар асоси инкишофи васеи ҳаматарафаивасоити информатсионӣ- итталоотӣ ба даст овардан ва коркарди масолеҳи табиӣ ба воситаииваз намудан вакоркарди информатсионӣ, инчунин, дар соҳаи хизматрасонӣ инкишофи чашмрас дидамешавад. Дар ин ҷомеаҳо сохтори шуғли аҳолӣ иваз гардида, гурӯҳҳои баландихтисосигуногун ба вуҷуд меоянд. Аз рӯи баъзе пешбиниҳо аллакай дар аввали асри XXI дар мамлакатҳои мутараққӣ нисфи зиёди коргарон дар соҳаи информатсионӣ,чорякашон дар соҳаи истеҳсоли мол, чоряки дигарашон дар соҳаи хизматрасонӣ аз он ҷумла, хизматрасонии информатсионӣмашғул мегарданд.

Тағйирёбии зербинои технологӣ ба ташкилисистемаи равобит ва муносибатҳои иҷтимоӣ таъсири худро мегузорад. Агар дарҷомеаи саноатӣ синфи асосиро коргарон ташкил диҳанд, дар ҷомеаи информатсионӣбошад, синфи асосӣ хизматчиён ва идоракунандагон ба ҳисоб мераванд. Мафҳумигуногунии синфҳо суст гардида, сохтори иҷтимоӣ -вазифавӣ ташаккул меёбад. Баҷои роҳбарон принсипи идоракунии ризоияти тарафайн барқарор гардида, баҷойи ҷомеаи демократӣ, ки намояндагониқишрҳои иҷтимоӣ онро идора мекарданд, сохтори худидоракунии демократӣ меояд. Дар натиҷаи чунин сохтор типи навиташкилии шабакавӣ, ки вобаста ба вазъият самти дигаргуниҳо ва тағйиротро тақозодорад, пайдо мегардад.

Бояд зикр намуд, ки як катор муҳаққиқонисотсиолог ба он диққат медиҳанд, ки дар чунин ҷомеаҳо озодии афрод ниҳоят ҳамба дараҷаи баланд мерасад ва он ба он оварда мерасонад, ки тарзи ниҳоииназорати иҷтимоии афрод ба вуҷуд меояд.

Дар охир ҳаминро бояд тазаккур дод, ки ғайр азин таснифотҳо боз таснифотҳои дигари гурӯҳбандии ҷомеаҳо дар таълимотҳоисотсиологии муосир ҷой дорад. Муҳим он ки муҳаққиқ кадом омилҳоро ҳангомитаснифоти ҷомеа дар мадди аввал мегузорад.

375
Нет комментариев. Ваш будет первым!