Фарханг ва чомеа

Фарҳанг ва ҷомеа

1. Моҳияти маданият ва навъҳои он

2.Унсурҳои фарҳанг

3.НаҚши маданият дар ҳаёти ҷомеа

4. Динамикаи маданият

Таҳлили баҳамалоқамандӣ нишон медиҳад, ки ҳаёти иҷтимоӣ хусусияти оммавиро дорост. Аммо баҳамалоқамандии омма аз шакли коллективии зиндагии ҳайвонот фарқ менамояд. Он хусусият, рӯйдод, элементҳои ҳаёти инсонӣ, ки сифатан ҷомеаи инсониро аз олами ҳайвонот фарқ мекунонад, бо мафҳуми маданият ифода карда мешавад.

Маданият (фарҳангшиносӣ) яке аз илмҳои ҷомеавӣ шинохта шуда, дорои хусусиятҳои хоси фалсафии худ мебошад.

Илми фарҳангшиносӣ системаи донишҳо дар бораи қонунҳои табиат ва ҷамъият буда, ҳамчунин соҳаи ҷудогонаи донишҳо мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки маданият (фарҳанг) системаи донишҳо дар бораи қонуниятҳои зиндагӣ ва ё ҳаёти инсонӣ мебошад.

Маданият бо қонуниятҳои табиат алоқамандӣ дошта, онро олимон табиати дуюм ва ё илми зиндагӣ низ номидаанд. Ин илм натанҳо дониш медиҳад, балки ин илм тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсониро аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва фаъолияти кормандони корхонаҳоро дар бар мегирад. Дар раванди фаъолияти бошууронаи дигаргунсозии табиат ва ҷамъият ҳар як насли инсон таҷрибаи андӯхтаи ниёгонро аз бар менамояд ва дар баробари ин сарватҳои моддӣ ва маънавӣ меофарад, роҳ ва усулҳои истеҳсоли онҳоро такмил медиҳад, ҳамчун истилоҳи илмӣ фалсафаи маданият аз тарафи муҳаққиқи немис – А.Мюллер истифода шудааст.

Вале ақидаву фикрҳои алоҳида доир ба маданият дар ҳама марҳилаҳои инкишофи афкори аврупоӣ ба мушоҳида мерасад. («Маданиятшиносӣ»- и Назри Яздонӣ ва Далери Баҳромӣ), Маданиятшиноси рус Гуревич П.С бар он ақида аст, ки яке аз аввалин назарияҳои баҳсноки мавриди баҳси фалсафа қарор дошта, ин таносуби маданият ва табиат аст. Минбаъд базуддӣ инкишоф ёфтани маданият аз он вобаста буд, ки маънидодкуниҳои зиёди худи ҳамин ‘падида аз тарафи файласуфон ва ҷомеъашиносон суръат гирифт. Берсон ва Гердер қайд кардаанд, ки дар барқароршавии маданиятшиносӣ нақши асосиро фалсафаи маданият мебозад.

Оид ба фалсафа, фарҳанг дар замони маорифпарварии Ғарб такони сахте ба миён омада, сипас дар асри XX ташаккули босуръати маданият ба назар расид. Чун истилоҳи «Фалсафаи маданият» бештар дар эҷодиёти файласуфони асрҳои XIX- XX Волтер, Руссо, Викко, Гердер, Федотова, Салавёв В.А, Бердяев Н. А ба назар мерасад, аз ин хотир истифодаи расмии онро ба ибтидои асри XX рост донистан месазад.

Аз диду назари фалсафаи фарҳанг тарзи аз бар кардани олам мебошад, як навъ воситаест, ки тамоми мавчудот тавассути он ба мо намоёну дастрас мешавад. Худи одам ҳам хориқаи маданият аст. Маданият ин принсипи эҷодии ҳаёти шахс ва тамоми ҷамъият аст. Маданият хиради таҷассумёфтаи инсоният буда, чун унсури маънавӣ бо олами табиӣ пйваста амал мекунад.

Беҳтарин хусусияту намунаҳои маданияти пештара ба ҳаёти мо гузашта, солҳои тӯлонӣ фаъолият мекунад. Хориқаи маданият дар пеши назари мо бо ҳашамати воқеияш намоён шуда, на фақат ифтихори наҷибона, балки ҳисси масъулият ва ҳатто хавфу ташвише ҳам мебошад, ки масъалаҳои сершумори

олами ҳозираро ба миён овардааст. Тасвирҳои мухталифи соҳаи маданият имконпазир буда, ҳар кас вобаста ба мақсадҳои мушаххаси тадқиқотӣ ба тарзи худ ифода менамояд.

Вале таърифи томи моҳияти маданият, ки дар ҳама ҷо маълум шуда бошад, вуҷуд надорад, гарчанде дар баробари ҳамин маъно ин мафҳум, яъне фарҳанг, маданият ба назарамон фаҳмо менамояд. Мафҳуми маданият аз аввал на фақат бо кори хуби иҷрошуда, балки бо тарзу мақсадаш низ алоқаманд аст. Маданият як навъ лиҳозест, ки тамоми мавҷудот ба воситаи он ба мо намоёну дастрас шудааст.

Аз ин ҷост, ки маҷмӯи дастовардҳои моддӣ ва маънавиеро, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеавӣ ба даст овардааст ва барои пешрафти инсоният истифода мешавад ва аз насл ба насл мегузарад, маданият номидаанд. Бояд гуфт, ки вожаҳои «маданият», «фарҳанг» ва «култура» аз тариқи воситаҳои ахбори умум бо забонҳои гуногун садо дода, дар навиштаву сӯҳбатҳо фаровон истифода мешавад.

Вале аксар одамон дар шарҳи вожаҳои зикршуда ва ибораҳои маъмул душворӣ мекашанд ва гоҳо ба шарҳи соддалавҳона ва маънидоди сатҳии онҳо қаноат мекунанд ва аксаран мафҳумҳои маданият, фарҳанг, култура ҳамрадиф дониста мешаванд. «Култура» калимаи лотиниест, маъноҳои кишт кардан, зироаткорӣ намудан, маънои парваришу тарбия ва парваридану рӯёниданро дорад. Ин мафҳум ҳанӯз аз давраҳои қадим дар давлатдории Рим мавриди истифода қарор дошт. Калимаи култура аз асри XVIII ин ҷониб дар Аврупо истеъмол мешавад.

Пас маданият чист? Маданият аслан калимаи арабӣ буда, маънояш шаҳрдорӣ аст, яъне сокини шаҳр, шаҳрванд. Ба ёд биёрем, шаҳри Ясрибро, ки «Мадинатулнабӣ», яъне шаҳри пайғамбараш хондаанд ё пойтахти қадимтарини ирониён Тайсафунро, ки аз шаҳомату бузургиаш арабҳо дар ҳайрат монда, «Мадоин»- шаҳраш номидаанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар Шарқ тарзи зисти шаҳриёнаро бо мафҳуми маданияту тамаддун ҳамрангу ҳаммаъно медонистаанд.

Агар ба истилоҳи «фарҳанг» назар кунем, ин вожа 2700 сол пеш нахуст дар китоби «Авасто» навишта шуда, аз ду бахш «фар» ва «ҳанг» (тҳанг) иборат буда, бахши «фар» маънои комёбиҳои давраи пешро дошта, бахши «(тҳанг) маънои кашидан, овардан ва ё он комёбиҳои давраи пешро аз насл ба насл гузарониданро дорад. Тамоми комёбиҳою дастовардҳои инсониро, ки дар тӯли ташаккули ҷомеавӣ ба даст овардаанд, ба ду қисмат ҷудо намудаанд:

  • Маданияти моддӣ, қабл аз ҳама воситаҳои истеҳсолот, предметҳои меҳнати ҷисмонӣ ва ғайраҳо, ки предметҳои он бештар мушкилотҳои зиндагии инсонро осон мегардонад, кулли ҷомеа барои ба даст овардани предметҳои он саҳм мегузоранд.
  • Маданияти маънавӣ, дар истеҳсолоту маишат истифода шудани комёбиҳо, савияи маълумот, вазъи маориф, кашфиётҳо, адои хизмати тиббӣ, санъат, меъёру одобу ахлоқи аъзоёни ҷамъият, дараҷаи инкишофи талаботу манфиати одамон ба моли маданияти маънавӣ дохил мешаванд. Дар он зиёиён, санъаткорон, муҳандисон ва олимон саҳмгузоранд.

Ин қисматҳои маданият ҳар яке ба сари худ мустақил набуда, дар алоқамандии якдигар амал мекунанд. Маданияти маънавӣ дар шакли шайъӣ маҳфуз мемонад, ҳамаи ин то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, ба насли ҳозира хизмат мерасонад.

Мувофиқи қонунияти маданию таърихӣ, ки ба рушди маданият мусоидат мекунад, маданияти маънавиро ба навъҳо ҷудо мекунанд. Аслан қонунияти тараққиёти ҷамъият ва ба навъҳо ҷудо кардани маданият масъалаи муҳимтарини фалсафаи фарҳанг буда, боиси баҳси доманадоре гаштааст. Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини предметҳои маданияти моддӣ қонеъ гардонидани талаботи зиндагии инсон бошад, хусусияти муҳимтарини маданияти маънавӣ дарозумрии предметҳои он мебошад.

Дар сотсиология зери мафҳуми маданият маҷмӯи усулҳо, тарзҳо, қолабҳо ва самти алоқамандии одамон бо муҳити атроф, ки онҳоро дар ҳаёти якҷоя барои нигоҳдории сохтори фаъолият ва муносибатҳо кор карда баромадаанд, дониста мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳлили сотсиологии маданият тарафҳое, ки бо танзимдарории муносибати байни одамон, ки чун системаи идеалҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва навъҳои аҳлоқ баромад мекунанд, дида мешаванд. Ҳамаи ашё, амал ва ё рӯйдод (хоҳ вай олот бошад, ё ин ки мусаварраи рассом, ё шиор) маънои иҷтимоиро вақте доро мегардад, ки амалу ахлоқи одамонро ба як ҷараёни муаяйн раҳнамун созад.

Унсурҳои асосии маданият

Оид ба омилҳое, ки ба рушду нумӯи маданият мусоидат мекунад, миёни муҳаққиқон баҳсу талошҳои тӯлонӣ давом дорад. Ба андешаи бисёр олимон, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ омилҳое маҳсуб мешаванд, ки ба пешравии фарҳанг мусоидат менамоянд. Муҳимтарин омил- омили сиёсӣ буда, омилҳои боқимондаро пайваст гардонида ва ташаккул медиҳад. Дар ҳама давру замон вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорӣ вобастагии зич дорад.

Сохти ҷамъият ва фаъолияти сиёсатмадорон ба омили сиёсӣ дохил мешавад. Омили сиёсӣ қодир аст, корҳои бузургеро баҳри рушди фарҳанг сомон диҳад. Аз тарафи дигар, бо рафтори баъзе сиёсатмадорони ҷомеаҳо маҳз ҳамин омили сиёсӣ метавонад, сабабгори таназзули фарҳангӣ ин ва ё он халқҳо, нестшавии унсурҳои маданият ба мисоли забон, анъана, хат, фарҳанг ва ғайраҳо гарданд. Омилҳои муҳимтарини маданиятро дар нақша чунин тасвир намудан мумкин аст.

Масалан, давраи ҳукмронии сиёсатдорони Сосониёну Сомониён, Куруши Кабир, Дориюш, Бобакони Сосонӣ, Ардашери Бобакон, Шопури 1, 2,.Анӯшервони Одил, вазир Бузургмеҳр, Сомонхудот, Асад, Исмоил, вазирон Балъамӣ, Ҷайҳунӣ, Низомулмулк ва дигарон, ки боиси рушду нумӯи маданияту санъат гардидаанд ва ё баръакси он сиёсати Искандари Мақдунӣ, Чингиз, Темур, ва Гитлер, ки ба пояи маданияти ҷаҳонӣ зарба зада, боиси харобшавии маданият гардидаанд.

Пайваста ба ин аз пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр ёдовар мешавем.

Рӯзе аз Бузургмеҳр пурсиданд: Чаро дӯстон баосонӣ душман мешаванду душманон бо машаққати зиёд дӯст мегарданд?

Бузургмеҳр гуфт: Чунки сӯхтан осон, сохтан мушкил, шикастан осон, пайвастан мушкил, маблағ сарф кардан осон, маблағ ёфтан мушкил аст.

Яке аз паҳлӯҳои дигари маданият ин унсурҳои рушди маданият ба шумор меравад. Ғайр аз вожаи унсур дар илм вожаи рукн ( баромадаш арабй ҷамъаш-аркон ) низ истифода мегардад. Зимни унсури маданият он бахшҳои фаъолияти инсон дар назар дошта мешавад, ки маҳсули тафаккур ва шууранд. Ба ибораи дигар, он паҳлӯҳои эҷодии инсонро унсур меноманд, ки дар муддати қарнҳои зиёд тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковат шакл

гирифта, миёни маданиятҳо ба ҳукми қонун даромадаанд. Ин унсурҳо, ки асоси маданияти маънавиро ташкил кардаанд, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, назари намояндагони ин ё он маданиятро ба кайҳон, олами атроф, падидаҳои ҷамъияту ҳодисаҳои табиат инъикос мекунанд.

Муҳимтарин меъёрҳои маданият ба назари мо, арзишҳо, забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, оину русум ва санъат мебошад. Савол пайдо мешавад, ки чаро такягоҳи мо намунаҳои маънавиёт гардидаанд? Сабабаш ин аст, ки онҳо дар муқоиса бо офаридаҳои моддӣ устувор ва дарозумртар буда, ба ҳар яке аз ин падидаҳои маънавӣ – маданӣ мӯҳри хираду заковати ҳар кадом халқ нақш бастааст, ки онро аз маданияти мардуми дигар ҷудо мекунад. Пешрафти фарҳанги мардуми оламиён дар ин унсурҳои фарҳанг таҷассум ёфтааст.

Ин унсурҳои фарҳанг таърихи хеле кӯҳан дошта, сутунҳои устуаореанд, ки фарҳанг болои онҳо қомат рост кардааст. Онҳо ҷавҳари зотии фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, сайқал ёфта, нерӯи некиву хирад, меҳру муҳаббатро ба худ зиёд намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардидаанд, Унсурҳои зикршуда дар раванди меҳнати бунёдкоронаи инсонҳо пайдо шудаанд.

Яке аз омилҳои муйянкунандаи ҷомеа арзишҳо ба шумор мераванд ва онҳо дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса доранд. Рафтори инсон вобаста ба талаботҳои ӯ, ки манфиатҳои ҳиссиро дар бар мегирад, муайян мешавад.

Арзишҳо – ин хусусияти предмети ҷамъиятӣ буда, талаботҳои муайяни субъекти ҷамиятиро (гурӯҳ, инсон, ҷомеа) муайян карда, мафҳумест, ки рӯйдодҳои муайянро, ки барои ҷомеа ва шахс маънои иҷтимоӣ – таърихӣ дорад, ифода менамояд. Дар илми сотсиология категорияи арзишҳои иҷтимоӣ хеле васеъ истифода мегардад, яъне қисматҳои системаи иҷтимоӣ, ки маънои махсусро дар шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ дорост. Ин мафҳум барои ҳар як фард маънои гуногунро дорост.

Дар рафти баҳамалоқамандии субъекти иҷтимоӣ рӯйдодҳои иҷтимоӣ, ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва ашёҳои иҷтимоиро аз нуқтаи назари мувофиқат кардан ё мувофиқат накардан ба талаботҳо онҳо, чӣ барои мувофиқат кардан ё мувофиқат накардан ба талаботҳои онҳо, чӣ барои онҳо беҳтар аст ё чӣ беҳтар нест, чӣ муҳим аст ё чӣ муҳим нест, чӣ манфиатовар аст, чӣ зараровар, чӣ кор

кардан мумкин аст, чӣ кор кардан мумкин нест ва ғайраҳоро баҳо медиҳад.

Арзишҳои иҷтимоӣ чун маҷмӯи мақсадҳои ҳаётӣ ва воситаи ба мақсад расидан баромад менамоянд. Барои баъзе афрод ба висоли маҳбубааш комгор шудан мақсади ҳаёт бошад ва воситаи расидан ба мақсад ин меҳнати пурзаҳмат мебошад. Дар чаҳорчӯбаи ҷомеа арзишҳои маъмул, ки барои аксари одамон яканд, ба назар мерасанд.

Системаи арзишҳо водор месозад, ки мавҷуд будани низоми арзишҳои гуногун дар умумиятҳои иҷтимоӣ, синфҳо, гурӯҳҳо эътироф карда шаванд. Ҳамин тариқ, арзишҳо -нишондиҳандаҳои дастури баҳодиҳӣ, амр ва манъ, мақсаду нақшаҳо дар шакли меъёрҳо инъикос ёфта мебошанд. Афрод пеш аз оне ки вуруди маданият мегардад, аввалан бояд арзишҳоро қабул фармояд. Арзишҳо дар аксари мавридҳо чун танзимгари ҳаёти иҷтимоии ҷомеа баромад менамоянд. Ташаккули арзишҳо дар шахс ба он оварда мерасонад, ки ҳар як афроди ҷомеа чун субъекти фаъол худро дар ҷомеа муаррифӣ намояд. Арзишҳо дар таърихи инкишофи инсоният чун меъёрҳои ахлоқӣ низ дониста шуданд. Меъёрҳои ахлоқӣ бо арзишҳои маданият дар алоқа буда, барои фаъолияти инсон роҳнамо мебошанд. Яке аз компонентҳои дигари маданият ин меъёрҳо дониста мешаванд. Мафҳуми меъёрҳо ба маънои васеъяш ифодакунандаи қоида ё идоракунии аввал дониста мешавад. Қоидаҳои ахлоқ, қолабҳо, тарзи муайяни фаъолият, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи гурӯҳи иҷтимоӣ ва ё омма ба воситаи манъ намудан сурат мегирад, меъёрҳои иҷтимоӣ ном дорад.

Ҳангоми салом мо дасти ростамонро дароз менамоем, ҳангоми хӯрок хӯрдан ҳарф намезанем, дар хонаи мусибатзада баланд ҳарф намезанем ва то чанд рӯз дар он ҷо хӯрок намехӯрем, пеш аз хӯрокро хӯрдан дастонамонро мешӯем, дар кӯча ба калонсолон салом мегӯем ва ба амалҳои ба инҳо монандро иҷро намуда, ба меъёрҳое, ки аксари мардум қабул намудаанд, пайравй менамоем. Маданияти мо муайян месозад, ки кадом меъёрҳои иҷтимоӣ рафтори дурусти моро дар ҷомеа гаъмин менамояд.

Меъёрҳои иҷтимоӣ-маданӣ дар ҷараёни инкишофи таърихии ҷомеа барои ифода намудани талаботҳои аъзоёни ҳар як давраи таърих, барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар зинаҳои гуногуни ҳаёт ба вуҷуд омадааст. Бо гузашти айём субъектҳои иҷтимоӣ арзишҳоеро нигоҳ медоранд,

ки бештар дархури онҳо мебошанд. Меъёри иҷтимоиро то як андоза чун натиҷаи мустаҳкамии навъҳо, шаклҳо, ин ё он навъи баҳодиҳӣ бояд донист. Бояд зикр намуд, ки меъёрҳои иҷтимоӣ рафтори қақиқиро нишон намедиҳад, вуҷуд доштани рафтори меъёриро дар назар дорад. Меъёр ифодакунандаи эътироф, розигӣ ва дастурамал мебошад. Агар афроди ҷомеа аз меъёрҳои ҷойдошта берун бароянд, гирифтори ҷазо мегарданд.

Ҷомеа дар як ҳолат намемонад, вай тағйир меёбад. Аз ҳамин рӯ, бахше аз меъёрҳо дар фаъолияти инсон тамоман маънои худро гум намоянд, ё аз байн мераванд ва ё тағйир меёбанд, бахше аз меъёрҳо даҳсолаҳо маънои хешро дар ҷомеа нигоҳ медоранд. Меъёрҳои нав метавонанд пайдо шаванд.

Меъёрҳои ҷойдоштаро аз рӯи критерияҳои гуногун тасниф намудан мумкин аст: аз рӯи амали онҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ) аз рӯи мазмун ва мундариҷа (меъёрҳои забонӣ, урфу одат, анъана, расму русум, ахлоқ, меъёрхри ҳуқуқӣ).

Меъёрҳои аз рӯи амалашон:

Меъёрҳои аз рӯи мундариҷаашон:

Сиёсй

Урфу оддат, анъана, расму русум

Иқтисодй

Ахлоқй

Меъёрҳои ҳуқуқй

Меъёрҳои забонӣ, хату алифбо

Забон ҳамчун унсури маданият ташаккул ёфта, дар рушди фарҳанг саҳм мегирад ва вобаста ба сарнавишту таърихи миллат ғановати он аён гардида, бо пайдоиши халқияту миллат фаъолияти васеъ касб мекунаду ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасад. Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон буда, ҳар як фард тавассути он фикрашро баён мекунад ва якдигарро мефаҳмад.

Оид ба хату алифбо ва аҳамияти он дар пешрафти маданият сухан ронда, он имконияти ба наслҳо боқӣ гузоштани арзишҳои волои аҷдодиро чандин маротиба афзун мегардонад. Агар доир ба хату алифбо дурустар андеша ронем, маълум мешавад, ки мардум қатто дар нимаи дуюми асри XIX ҳам аз баъзе сирру асрори хату алифбо огаҳ набуданд. Хат доираи имконияти инсонро васеъ сохта, ба ӯ шароит муҳайё мекунад, ки паҳлӯҳои ҳаёти худро бо рамзҳо ифода намояд.

Хат ин низоми аломатҳост, ки ба воситаи нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин намуда, хабареро ба фосилаи муайян мерасонад ва мероси кӯҳанбунёди инсонро то ба давраҳои минбаъда мебарад. Аввалин алифбо алифбои финикиён буда, шакли мукаммалтарини хат аст. Дар он овозҳои алоҳида акс меёбанд ва ба халқҳои алоҳида ё гурӯҳи халқҳо тааллуқ дошта, доим ҳдмсафарашон мебошад.

Инсон бо ихтирои алифбо қадами бузурге дар ҷодаи пешравӣ ниҳод. Ӯ китобро офарид. Китобе, ки метавонад аз авзои замону рӯҳи ниёгон ба мо маълумотҳои дақиқ бидиҳад. («Мавод доир ба назарияи фарҳанг» – и Ҷ. Асрориён ва Н. Сайвалиев).

Урфу одат ин тарзи стереотипи рафтори одамон, ки аз насл ба насл гузашта дар ҷамоаҳои муайян ва гурӯҳҳо истифода гардида, ба одати аъзоёни он мубаддал мегардад. Дар ҳамаи ҷамъиятҳо ҳазорҳо тарзи рафтор қабул гардидаанд. Бо роҳи санҷидан ва хато кардан як ё якчанд навъи рафторро қабул менамоянд. (масалан, тарзи хӯрок хӯрдан, салом намудан, ва ғайраҳо). Агар ин амалҳо дар ҳаёти ҳаррӯза такрор шаванд, пас онҳо урф мегарданд. Агар урфу одат аз як насл ба наслҳои дигар гузарад, ба анъана мубадал мегардад. Анъана (дар забонҳои аврупоӣ бо мафҳуми традитсияи калимаи лот. механизмест, ки наслҳои оянда меъёрҳои маданӣ ва арзишҳо, тарзҳои ахлоқро аз пешгузаштагони худ қабул намуда, дар ҳаёти иҷтимоии худ васеъ истифода мебаранд.

Меъёрҳои ахлоқӣ ифодагари системаи ақоид оид ба рафтори дуруст ё нодуруст, тасаввурот доир ба некиву бадӣ ва ғайрҳо мебошанд.

Яке аз шаклҳои рамзии манъ намудани баъзе амалҳо ва ба тартиб даровардани рафтор ин ритуал мебошад. Ритуал (калимаи лот. маросим ) ин маҷмӯи урфу одатҳои рамзии барқарор гардидаест, ки навъҳои муқарраргардидаи равобити афродро ба танзим дароварда, аз он ҷумла тарзи сухан рондан, ки ба тариқи рамзӣ навъи алоқаи фардҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, дар умум арзишҳо, ниҳодҳо, рӯйдодҳои таърихӣ, одамон ва ашёҳои табиат ва ғайраро дар бар мегирад. (Масалан, русуми ҷаноза дар он баланд ҳарф задан, хандидан мумкин нест ё ба гуфти шоир «дар бари орзуда дил ногаҳ сурудан хуб нест»

Ҳамаи анъанаҳоро ба ду навъ ҷудо намудан мумкин аст: 1. Навъҳои рафторе, ки аз рӯи

тартиботи муқарраргардида бояд амалӣ гардад. 2. Навъҳои рафторе, ки дар алоқаманди бо дигар аъзоёни ҷомеа барои ҳалли ягон масъала равона гардидааст. Дар Рими Қадим вожаи ахлоқ ифодакунандаи суннатҳои муқаддаси расму русум ба ҳисоб мерафт. Ахлоқ ҷамъи калимаи хулқ буда, ба маъноҳои одоб, хӯй, табиат, рафтору кирдор истифода бурда мешавад. Ахлоқ яке аз шаклхои асосии шуури ҷамъиятӣ буда, дар он меъёру баҳоҳои мақбули умум эътирофгардидаи фаъолияти инсон инъикос меёбад. Меъёри ахлоқй ҳангоми рафтору кирдори одамон, дар рафти муоширати онҳо ташаккул ёфта амал мекунад. Ҳангоми тановули хӯрок агар мо дастҳоямонро нашӯем, ҳамтабақони худро нороҳат менамоем. Вале агар зан кӯдакони хешро партофта аз хона баромада равад, ба пойдории оила латна мезанад. Чунин амалро ҷомеа намепазирад ва ба воситаи арзишҳои ахлоқӣ кӯпшш менамояд, ки роҳи чунин

амалҳоро гирад. Ҳар як фарҳанг арзишҳои ахлоқии хешро дорост ва дар доири он фарҳанг баъзе рафтор ахлоқан дуруст ҳисобида шуда, баъзе рафторҳо бошанд, ғайриахлоқӣ мансуб меёбанд. Яке аз шаклҳои хосаи ахлоқ ин табу (мамнӯъ,) яъне тамоман даст кашидан аз истифодаи баъзе калимот ва иҷро накардани баъзе амалҳо мебошад. Табу дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва содда ниҳоят паҳн гашта буд ва имрӯзҳо низ дар ҷаҳони муосир дида метавонем.

Яке аз унсурҳои муҳими фарҳанг ин ба танзимдарории ахлоқи ҷомеа тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Меъёрҳои ҳуқуқӣ – арзишҳои ахлоқие мебошанд, ки аз тарафи аксарияти аҳолӣ расман дар шакли қонунҳо пазируфта шудаанд ва аз тарафи сохторҳои давлатӣ дар шакли қарор, фармон ва дигар тавсифнома дарҷ гардида, дар ҷамъият фаъолият менамоянд. Одамон ба арзишҳои ҳуқуқӣ риоя намуда итоат менамоянд. Баъзе афродҳо ин меъёрҳоро вайрон менамоянд ва онҳоро тавассути ҷазо додан вобаста ба ҷинояташон ислоҳ намудан мумкин аст. Меъёрҳои ҳуқуқӣ-меъёрҳои ахлоқии расман эътирофгардидае мебошанд, ки иҷроиши онҳо ҳатмист. Аз тарафи ниҳодҳои махсуси ҷамъиятӣ (суд, милиса, ҳукуматҳои маҳаллӣ) иҷро намудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки қонун муайян кардааст, зери назорат гирифта мешаванд. Барои ба танзимдарории ҳаёти ҷомеаи муосир қонунҳо яке аз омилҳои муҳим ба шумор мераванд.

Ҳамин тариқ, дар ҳар як ҷомеа анъана, расму русум, меъёрҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад, ки бо хусусиятҳои хосаашон як ҷомеаро аз ҷомеаи дигар фарқ мекунонанд.

Нақши маданият дар ҳаёти ҷомеа

Маданият дар ҳаёти ҷомеа ин пеш аз ҳама чун васоити ҳифзкунандаи таҷрибаи инсоният ва аз як насл ба насли дигар интиқолдиҳандаи онҳо хизмат мекунад. Саҳми маданият дар ҳаёти иҷтимоӣ мушаххасан тавассути вазифаҳояш намудор мегардад. Яке аз вазифаҳои аввалини маданият ин банизомдарории ҷомеа мебошад. Маданият дар ҷомеа пеш аз ҳама вазифаи танзимкуниро дорост. Барои шахсият арзишҳои иҷтимоие, вуҷуд доранд, ки тавассути онҳо шахс ба мақсадҳои дар пешгузоштааш мерасад ва чунин арзишҳоро арзишҳои муҳим меҳисобанд. Масалан, фардеро мегирем, ки озодӣ барои ӯ яке аз арзишҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Фарз менамоем, ки; а) вай шароите меҷӯяд, ки ба ӯ мувофиқ бошад; б) вай худро бад эҳсос менамояд, вақте ки озодии ӯ маҳдуд мегардад; в) мекӯшад бо афроди дигар, ки ақоиди ӯро тарафдорӣ менамояд, алоқа барқарор намуда, аз он арзишҳо ҳатто ба тариқи низоъ дифоъ намояд. Агар фардеро гирем, ки барои вай арзиши муҳим саломатист (оила, ё ватанпарастӣ ва ё чизи дигар) маълум мегардад, ки рафтори ин гуна фард аз фарде, ки озодӣ барояш арзиши муҳим ба ҳисоб меравад, фарқ менамояд. Ҳамин тариқ, арзиш самти рафтори фардро дар алоқамандии иҷтимоӣ муайян менамояд. Вале бояд зикр намуд, ки танҳо арзишҳо мураттабкунандаи рафтори шахс нестанд. Меъёрҳои иҷтимоӣ нисбат ба арзишҳо ба фард дар ин ҳолат чӣ гуна бояд рафтор карданро мушаххасан нишон медиҳад.

Ҳамин тариқ, арзишҳо-меъёрҳои фарҳангӣ ба ҳайси мураттабкунандаи рафтори одамон баромад менамояд.

Фарҳанг тавассути вазифаҳои тарбиявӣ ва таълимӣ шахсиятро ташаккул медиҳад. Таассуроти умумие, ки ба кадом самт арзишҳо-меъёрҳо майл доранд, ҳангоми нодуруст рафтор кардани аъзоёни ҷомеа чӣ тавр роҳи дурустро интихоб бояд намуд, маънои муайянро касб менамояд. Дар ин сурат арзишҳо-меъёрҳои фарҳангӣ вазифаи интегративиро иҷро карда, ягонагии ҷомеаро нигоҳ медорад. Дар охир ҳаминро бояд зикр намуд, ки фарҳанг таҷрибаи таърихии умумиятҳо, гурӯҳҳо, ҷомеаро барои наслҳои оянда интиқол медиҳад ва ҳамин аст, вазифаи ахборотии фарҳанг.

Динамикаи маданият

Ҳар ҷомеа навъҳои хоси маданияти худро дорост, ки аз тарафи аксари аъзоёни он эътироф гардидаанд, ки онро фарҳанги оммавӣ дар илм меноманд. Маданияти оммавӣ дар ҷомеаи муосир яке аз шаклҳои ҳастии маданият ба шумор меравад. Ҷомеа аз умумиятҳои иҷтимоии гуногун ( этникӣ, демографӣ, касбӣ, ақаллиятҳои гуногун ва ғайраҳо) иборат мебошад. Ҳар яке аз онҳо арзишҳо ва меъёрҳои хосаи худро доранд, ки бо маданияти ҳукмрон зич алоқамандӣ дорад. Ин навъҳои маданиятро собкултура (худфарҳангӣ) меноманд. Шаклҳои маъмули субкултураи шаҳрӣ, қишлоқӣ, ақаллиятҳои миллӣ, маданияти авбошон ва ғайраҳо вуҷуд дорад. Субкултура (худфарҳангӣ) аз фарҳанги ҳукмрон ва дигар фарҳангҳо бо арзишҳо ва меъёрҳои хеш фарқ менамояд. Масалан, ҳаёти ҳарбиро бо ҳаёти донишҷӯён муқоиса намоем, мебинем, ки байни онҳо тафовутҳои ҷиддӣ ба назар мерасад.

Ҳамин тариқ, субкултура ин низоми арзишҳо, меъёрҳо, тарзи рафтор ва ҳаёти гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ буда, аз фарҳанги ҳукмрон фарқ мекунад, вале бо он алоқаманд аст.

Яке аз навъҳои субкултура ин контркултура мебошад. Вай натанҳо аз фарҳанги вуҷуддошта фарқ менамояд, балки ба муқобили он дар низоъ мебошад. Масалан, субкултураи дастаи авбошон, ҷинояткорон ва ғайраҳо. Агар намондагони субкултура ба таври хеш арзишҳои умумӣ ва меъёрҳои ҷомеаро қабул намоянд, пас нлмонядагони контркултура аз арзишҳо ва меъёрҳои ҷомеа даст мекашанд.

Таърих баёнгари он аст, ки маданият ин чизи шахшуда нест. Барои исботи фикр кофист, ки мо маданияти аҳди бостони форсу тоҷикро бо маданияти аҳди Сомониён, маданияти замони Шӯравиро ба маданияти давраи Истиқлол қиёс намоем. Вале бояд зикр намуд, ки мо дар байни онҳо як пайванди ногусастаниро дарёфт карда метавонем. Рӯшан мегардад, ки дар маданияти минбаъда унсурҳои маданияти пешина ҷой доранд, ки ин баёнгари ба як маданият мансуб будани онҳост.

Аз ин ҷо бармеояд, ки ҷараёнҳои субкултура, яъне амал кардани фарҳанг ба мисли рӯйдодҳои иҷтимоӣ дорои ду самти ба ҳам зид мебошад. 1. Самти нигоҳдорӣ, мустаҳкамӣ. 2. Роҳи инкишоф, ташаккул ва тағйирпазирӣ.

Аз нуқтаи назари сотсиологӣ, маданият ин усули арзишии дарёфти ҳақиқат ба воситаи баҳодиҳӣ, меъёрҳо ва навъҳои рафтор мебошад.

Тағйирёбӣ дар фарҳанг, яъне ташаккули ақоид, арзишҳо тарзҳои фаъолият ва меъёрҳои рафтор бо роҳи худинкишофёбӣ сурат мегирад. Ҳангоме ки инсон ягон кашфиёт ва ё навоварӣ менамояд, аз доираи навъҳои фаъолияти анъанавӣ мебарояд. Ин кашфиётҳо, навовариҳо метавонанд тасодуфан, худ ба худ, ё ин ки дар натиҷаи озмоиш ва хато ба вуҷуд меоянд. Навгониҳои бавуҷудомадаро ба арзишҳо-меъёрҳои ҷойдоштаи фарҳангӣ муқоиса намуда, бартарии онҳоро муайян карда ва дар низоми фарҳангии хеш ҷой медиҳанд. Дар инкишофи илм, техника ва технология мутафаккирон (Ибни Сино, Берунӣ, Галилей. Ниютон, Эйнштейн ва дигарон) ва дар санъату адабиёт рассомони машҳур (Леонардо Да Винчи, Рафаелло, Беҳзод), адибон (А. Рӯдакӣ. Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Шекспир, Гёте, В. Гюго ва ҳазорони дигар) нақши боризе гузоштаанд.

Дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ахлоқӣ, пеш аз ҳама нақши паёмбарон – Зардушт, Буддо, Мусо, Исо ва ҳазрати Муҳаммад © хеле баръало эҳсос карда мешавад. Ин масъала аз тарафи файласуфон (Конфутсӣ, Суқрот, Афлотун, Арасту, Абунасри Форобӣ ва даҳҳо ҳазор дигарон) ва адибон (Унсурулмаолии Кайковус, Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон) низ баррасӣ гардидааст. Паёмбарон ақоиди хешро дар шакли порчаҳои динӣ ва ё дар шакли дарккунии мантиқӣ иброз менамоянд. Онҳо роҳҳои нави ҳалли масоили мураккаби иҷтимоиро дар шакли панду андарзҳои ахлоқӣ, таълимот, китоб, эъломияҳо баён менамоянд. Масалан, китоби Авасто аз сурудаҳо, Қуръони маҷид – дорои 114 сура буда, дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳаёти инсонӣ баён ёфтаанд. Паёмбарони бузург чандсадсолаҳо ҳатто ҳазорсолаҳо роҳҳои инкишофи фарҳангу маданияти умматони хешро муайян намудаанд. (Мисоли равшани ин пайғамбари охируззамон – ҳазрати Муҳаммад © ва паёмбари аҳли насоро – Исои Масеҳ ба шумор мераванд, ки маданияти умматони онҳо бо хусусиятҳои хосаашон аз ҳам фарқ менамоянд.

Тағйирёбии фарҳанг дар натиҷаи диффузия низ, яъне аз як фарҳанг ба фарҳанги дигар ҳангоми дар тамос будан ба вуҷуд меояд. Чунин тамосҳо метавонад, нишонаи худро нагузорад ва дар баъзе ҳолатҳои дигар аз онҳо нишонаҳои бараълои таъсири як фарҳанг ба фарҳанги дигар ба назар мерасад. Масалан, имрӯзҳо дар шарқи исломӣ таъсири фарҳангӣ ғарбӣ ба чашм мерасад.

Ба тариқи фишор ва зӯроварӣ унсурҳои нав дар шаклҳои маданият низ ҷорӣ мегарданд. Масалан, паҳншавии насроният дар таърихи башарият бо номи юриши салибӣ машҳур аст, ё ин ки ҷоришавии дини ислом дар сарзамини Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна, ё ин ки инқилоби Октябри соли 1917 дар Руссия унсурҳои нави маданиятро дар ин сарзаминҳо ба вуҷуд овард. Оиди ҳаракати тағйирёбии фарҳанг дар илми сотсиология як ақидаи муайяне вуҷуд надорад. Баъзе аз олимони сотсиолог бар он ақидаанд, ки дар ҷомеа ҳамеша тағйиротҳои унусурҳои маданият вуҷуд дорад ҷва дар натиҷаи ин тағйирёбиҳо онҳо пурра дигаргун мешаванд. Ин тағйирёбӣ аз содда ба мураккаб ва аз якҷинса ба бисёрҷинсагӣ майл дорад. Мутобиқи ин назария инкишофи фарҳанг ба болоравӣ майл менамояд, ки он инъикоскунандаи ҷомеаи ташаккулёфта ва инсондӯстист. Вале ин назарияи машҳури асри XIX имрӯзҳо ба танқиди сахт мувоҷеҳ гардидааст. Баъзе аз олимони машҳури муосир (А. Швейсер, Э. Фромм ва дигарон.) оид ба пастравии фарҳанг ҳарф мезананд. Қисми дигарашон бошанд (О. Шпенглер, А.Тойнби ва дигарон.) инкишофи болоравандаи фарҳангро рад карда, зикр менамоянд, ки фарҳанг давра ба давра инкишоф (тавлид мешавад, нумӯъ менамояд, инқироз ва марг)-ро аз сар мегузаронад.

Мутобиқи андешаи тарафдори диалектикӣ бошад, ҳама гуна арзишҳо, меъёрҳо ва навъҳои фарҳангӣ се зинаро аз сар мегузаронад. 1) Зинаи болоравӣ – ин арзишҳо, меъёрҳо ва навъи фарҳангӣ аз тарафи ҷомеа ва ё гурӯҳ эътирофгардида ва паҳн мешавад. 2) Зинаи мувафаққият, комёбӣ, дастоварди фарҳангӣ, ки то як сарҳади муайян омада расида ва баъд аз он ба муҳити атроф ва мазмуну мундариҷаи худ дар низоъ мешавад. 3) Зинаи қатъгардии арзишҳо ва меъёрҳои фарҳангӣ. Ин натанҳо марг аст, балки зери таъсири таззодҳо навъи фарҳангӣ ба ҳолати навъи сифатӣ мегузарад. Аммо бояд зикр намуд, ки мазмуну мундариҷаи кӯҳани он пурра нест карда намешавад, балки асоси мундаричди навъи фарҳангӣ нав мегардад.

Таҳлили ҳамкории иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки; 1) ҳаёти иҷтимоӣ хусусияти гурӯҳиро дорад. 2) якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории одамон тавассути арзишҳо ва меъёрҳои низоми ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд. Муносибати байни одамон ба воситаи арзишҳо, ки онро мафҳуми фарҳанг (маданият) ифода менамояд, дар низоми иҷтимоӣ ба вуқӯъ меояд. Дар ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки коллективи одамон ширкат менамоянд, албатта алоқамандии иҷтимоӣ ва ҷанбаи фарҳангиро дидан мумкин аст. Фарҳанг ин тарзи мавҷудияти ҷомеа ба шумор меравад ва мо наметавонем, бе донистани арзишҳо, меъёрҳо ва навъҳои фарҳангӣ фаъолият ва маънои рафтори одамонро дарк намоем. Аз тарафи дигар, низоми махсус нерӯ барои фарҳанг ва дигар воситаҳои мавҷудот мебошад. Сотсиологияи муосир ҳамин ҷиҳатҳоро ба эътибор гирифта, ҷомеаро чун як низоми иҷтимоӣ – фарҳангӣ баррасӣ менамояд.

2.05K
Нет комментариев. Ваш будет первым!