Шахсият дар низоми муносибатхои ичтимоӣ

  1. Масъалаи инсон дар сотситология<em/>
  2. Мафҳуми шахсият дар сотсиология<em/>
  3. Таҳлили дараҷаи макросотсиологиишахсият<em/>
  4. Алоқамандии шахсият ва ҷомеа<em/>
  5. Консепсияи мартабавии шахсият<em/>
  6. Назарияи нақшавии шахсият<em/>
  7. Назарияитасвирии Ман<em/>
  8. Масъалаи инсон дар сотситология<em/>

Масъалаи инсон ва шахсият дарнизоми донишҳои сотсиологиимуосир як масъалаи муҳими илмӣ ба шумор меравад. Инсонро илмҳои гуногун марвидиомӯзиши хеш қарор додаанд ва ҳар яке дар омӯзиши он хусусиятҳои хоси худродоранд. Ин хусусиятҳо предмети омӯзиши онҳоро муайян мекунад. Илмҳоигуманитарӣ ва табиӣ ба омӯзиши инсон машғуланд.Илмҳои гуманитарӣ инсонро чунмавҷудоти ҷамъиятӣ мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад ва илмҳои табиӣ бошанд,инсонро чун мавҷудоти биологӣ таҳқиқ менамояд. Ҳангоми омӯзиши ҷанбаҳоисотсиологии ҳаёти инсон омилҳои биологӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Беназардошти тарафҳои иҷтимоии ҳаёти инсон масъалаҳои илм ва техника ҳалли худронахоҳанд ёфт. Сотсиология инсонро дар маркази омӯзиши худ қарор дода, пеш азҳама ба илмҳои дигари гуманитарӣ, аз қабили фалсафаи иҷтимоӣ, антропология,психологияи умумӣ ва иҷтимоӣ, педагогика, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва инчуниниқтисодиёт сахт алоқаманд аст. Масъалаиинсон ин яке аз бахшҳое мебошад, ки сотсиологияро бо илмҳои дигар алоқамандменамояд.

Ҳар яке аз илмҳои зикргардида инсонро аз нуқтаи назари хеш мавридиомӯзиши худ қарор медиҳанд. Масалан, философия инсонро аз нигоҳи назариявӣ –таърихӣ мавриди таҳлили худ қарор дода, моҳияти инсон, маънои ҳаёт, қонуниятҳоиумумии иҷтимоӣ – биологии инкишофи онро меомӯзад. Антропология пайдоиш ва инкишофи инсон,пайдоиши нажодҳои инсоният ва тағйири шакл додани инсониятро тадқиқ менамояд.Яке аз қисматҳое, ки сотсиологияро бо антропология наздик менамояд, ин қисматисотсиологие, ки ба омӯзиши ҷомеаҳои содда ва анъанавӣ машғул аст, мебошад.

Психологияи иҷтимоӣ низ инсон ва ҷамоаи онромавриди омӯзиши худ қарор дода, вале танҳо ба масъалаҳои махсуси он дастмезанад. Масалан, чӣ тавр одам шахсият мешавад, чӣ тавр вай хусусиятҳои шахсиихудро амалӣ менамояд, сохтори шахсият, масъалаи муносибти байни фардӣ вағайраро тадқиқ менамояд. Равияи психоаналитикӣ дар ҷаҳони муосир андар фаҳмишиинсон ва шахсият саҳми босазое гузошт, бахусус, мавқеъ ва вазифаи инстинктродар рафтори одам мавриди таҳлил қарор дода, бисёре аз

паҳлӯҳои норавшани шахсро кушод. Сотсиологиямоҳияти пеш аз шуур ва беақлонаи рафтори одамонро инкор наменамояд ва айнизамон ин омилро барзиёд дар рафтори одамон нишон намедиҳад.

Дар сотсиология инсон яке аз мавҷудоти олиирӯи замин, ки дорои таъриху фарҳанги хоса ҳаст, мавриди таҳлил қарор мегирад.Нисбат ба дигар мавҷудоти зинда инсон натиҷаи фаъолияти маънавӣ ва моддии худдониста мешавад.

Агар сухан оид ба як одам чун намояндаи ҷомеа,халқ, табақаи иҷтимоӣ ва ё синф равад, мафҳуми фард истифода бурда мешавад.Фарди иҷтимоӣ, ин аъзои ҷудокардашудаи ҷамоа мебошад. Ин мафҳум ҳангоме ба корбурда мешавад, ки намояндаи танҳои ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифта бошад.Мафҳуми фарди иҷтимоӣ дар илмҳои дигар, бахусус, психология васеъ истифодабурда мешавад. Дар психология зери ин мафҳум намояндаи авлод фаҳмида шуда, кихусусиятҳои хосаи рӯҳию равониро дорост. Ин мафҳумро аз мафҳуми фардият боядфарқ намуд (фардият хусусиятҳои табиӣ ва иҷтимоии такрорнашавандагиро дорост).

Мафҳумҳои одам ва шахсиятдар таърихи башарият зиёда аз ду ҳазор сол чун синоними якдигар донистамешаванд. Вале бояд зикр намуд, ки байни онҳо тафовути маъноӣ ва ҷиддӣба назар мерасад. Пайдоиши мафҳуми шахсиятро ба театрҳои антиқа мансубмедонанд. Дар театрҳои антиқа зери мафҳуми персон, ки ифодакунандаи ниқоб будава актиёр зери он нақши ҷанговар, ғулом ва ғайраҳороифода мекард. Аз як тараф, инсон Мани худро зери ниқоб гирифта ва айни замонхудро ба табақаи дигари иҷтимоӣ пайванд намуда, рафтори эшонро пешкашитамошобин менамуд.

Дар илми муосир ду тарзи муайянкунии шахсиятвуҷуд дорад. Аввалан, мантиқӣ-расмӣ, дуюмин диалектикӣ-мантиқӣ. Аввалин,мантиқӣ-расмӣ ба мантиқи шаклӣ мансуб буда, дорои тафаккури комил мебошад.Вобаста ба ин таври муайянкунии шахсият тавассути мафҳуми васеи авлоди инсонӣмуайян карда шуда ва баъдан хусусиятҳои фарқкунандаи шахсият ва инсон овардамешавад. Дар аксар ҳолатҳо ин хусусиятҳо мусбӣ мебошанд ва аз ин мебарояд, кишахсият одамонеро меҳисобанд, ки дорои сифатҳои муайяни мусбист.

Заифии ин назария ҳангоми ҷавоб додан басаволи «киро шумо шахсият меҳисобед ва намеҳисобед?» маълум мегардад. Масалан:Агар шумо кӯдакро шахсият ҳисобед, пас аз кадом синну сол? Агар ҷинояткорро,пас аз рӯйи кадом сифатҳояш?

Дуюмин тарзи муайянкунии шахсиятдиалектикб-мантиқб ба воситаи таҳаввулоти умумӣ, махсус ва ягона, ки шахсият азнуқтаи назари иҷтимоӣ дорои хусусияти махсус бошад ба эътибор гирифтанамешавад. Бояд тазаккур дод, ки одамон сифатҳои умумии биологӣ, иҷтимоиро доромебошанд. Айни замон одамон дорои хусусиятҳои хосаеро (фардиро) доро мебошанд.Агар сифатҳои умумии одамонро, ки ба фаъолияти ҳаёти иҷтимоии онҳо вобастагӣдоранд, дида бароем ва онҳоро ба хусусиятҳои фардияшон таносуб диҳем, тавсифииҷтимоии шахсият ба даст оварда мешавад.

Ҳамин тариқ, инсон мафҳуми умумӣ буда, таҷассумгаривожаи биоиҷтимоист. Хусусияти иҷтимоии инсон ифодакунандаи шахсият мансубмеёбад. Шахсият, сифатҳои иҷтимоии одамон буда, маҳсули инкишофи ҷамъиятӣ ваворидгардии фард ба низоми муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Фард дар ҷараёниазхудкунии вазифаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи худогоҳӣ шахс мешавад. Худогоҳӣ индарки такрорнашавандагӣ ва худшабеҳӣ чун субъекти фаъолият ба ҳайси аъзоиҷамеа. Яке аз сифатҳои асосии шахсият фаъолнокии иҷтимоист. Фаъолнокиииҷтимоиро дар ду ҷанба дидан мумкин аст: ҷанбаи аввали фаъолнокии иҷтимоӣ дарҷараёни тарбия, омӯзонидан, муомила ва фаъолияти таҷрибавӣ ташаккул меёбад.Баъзе аз одамон табиатан фаъол, пурғайрат ва серҳаракатанд, ки аз айёми кӯдакӣмашҳур мегарданд. Баъзе дигар, баръакс, ниҳоят ҳам суст ва беғайратанд. Зери таъсириомилҳои иҷтимоӣ фаъолнокӣ ё инкишоф меёбад ва ё баръакс фаҳмида мешаванд.

Ҷанбаи дуюм аз дарк кардани фаъолнокӣ чунбаъзе фаъолияти мушаххас бармеояд. Дар ин ҳолат фаъолнокӣ тавассути нишондодимушаххас ифода меёбад. Мисол, шуда метавонад, ченаки фаъолнокии меҳнатӣ даристеҳсолот. Меъёри фаъолнокии иҷтимоӣ натиҷаи фаъолият шуда метавонад. Мафҳумисубъекти иҷтимоӣ ба мафҳуми фаъолнокии иҷтимоӣ зич алоқаманд мебошад. Субъекти иҷтимоӣ ин инсонест, ки қобилияти фаъолнокии иҷтимоиродорост.

Таҳлили дараҷаи макросотсиологии шахсият

Яке аз хусусиятҳои омӯзиши шахсият аз нигоҳи сотсиологӣ аз ониборат мебошад, ки шахсият дар ду дараҷа макро (васеъ, калон) ва микро (хурд,танг) баррасӣ мегардад. Дар дараҷаи микросотсиологӣ шахсият иҷрокунандаи нақшимуайяни сотсиологӣ дида баромада мешавад. Дар дараҷаи макросотсиологӣ шахсиятмаҳсули маданият дониста мешавад. Ба фикри Э. Дюркгейм, барои он ки шахсиятрофаҳмем, маданияти ҷамъиятии вайро паст задан лозим аст. Дар ин дараҷа мафҳумҳоишахсиятҳои мсъёрӣ ва модалӣ истифода бурда мешавад. Яъне шахсиятҳое, киинъикоскунандаи хусусияти хоси ягон маданиятанд. Масалан, амрикоии садфоиза,одами советӣ ва ғайраҳо. Ин як навъ типи идеалӣ мансуб меёбад, ки ҷомеа дарпайравии онҳо насли ҷавонро тарбия менамояд.

Дар байни олимон баҳс атрофи «шахсият дорои кадом меъёрҳо боядбошад», ки ҷомеа босамар рушд намояд, вуҷуд дорад. Агар ин ё он гурӯҳииҷтимоиро гирем ва аз рафтори як шахсияти он, мақсаду маром, шарт вақонуниятҳои мавҷуд будани гӯрӯҳи мазкурро бе мушкилӣ дарк карда метавонем. Дар тафаккури мо тасаввур оид ба чӣ гунабудани ин ё он гурӯҳ ҷой дорад. Масалан, донишҷӯ дар мактаби олӣ чӣ гуна бошад?Омӯзгори мактаби олӣ кӣ шуда метавонад? Кӣ аскари қисми ҳарбӣ?

Шахсияти модалӣ (аз калимаи юнонии modus гирифта шуда маънояш – тарз, меъёр, андоза) – ин одамест, ки ба мислиаъзоёни дигари ҷомеа маданияти намунавиро пайгирӣ менамояд. Шахсиятҳои модалӣ,ба таври дигар карда гӯем, афроде мебошанд, ки дар ҳамон марзу бум паҳнгардидааст. Баъди пошхӯрии ИҶШС дар Тоҷикистон шахсиятҳои зиёде ба ҳолати рӯҳӣдучор гардида буданд ва онҳо намедонистанд, ки дар ин тағйирёбӣ чӣ кор кунандна онҳоро бо чунин гурӯҳи шахсиятҳо ворид намудан мумкин аст. Ҳоло бошад,савдогарҳо хеле зиёданд, ки ба ҳар восита мехоҳанд, ки пул ёбанд, ҳатто бо роҳиқаллобию ришваситонӣ ҳам бошад, ки васоити ахбори омма ва органҳои судӣ оид башахсиятҳои мафиозӣ хеле зиёд қайд намуда ва барои ҷомеа хатарнок будани эшонрозикр менамояд.

Омӯзиши навъҳои шахсиятҳои модалӣ нишонмедиҳад, ки кадоме аз онҳо дар ҷомеа мақоми ҳукмронро доро мебошанд.

Баъзе аз муҳаққиқон шаш навъи шахсиятҳо – олимон, иқтисодчиён,сиёсатмадорон, рӯҳониён ва санъаткорону адибонро нишон медиҳанд. Ин навъҳородар асоси самти иҷтимоие, ки бештар дар онҳо зуҳур кардааст, ҷудо менамоянд.Масалан, шахсияти иқтисодчӣ ҳамеша мекӯшад, ки ҳаматарафа аз ҷиҳати моддӣтаъмин бошад. Шахсиятҳои модалӣ ҳеҷ гоҳ ба шахсиятҳои меъёрӣ монанд шуданаметавонад, гарчанде ки дар онҳо кӯшиши расидан барои ноил шудан ба комёбиҳомушоҳида мешавад. Одамоне, ки аз меъёрҳои қабулгардидаи ҷамъият канорагирӣменамоянд, барои ҷомеа хатарнок мебошанд. Чунин шахсиятҳо, ё ин ки нормаҳоимавҷудбудаи ҷомеаро тағийр медиҳанд, ё ин ки ҷомеа онҳоро маҷбур менамояд, кимеъёрҳои мавҷуддоштаро иҷро намоянд.

Ҳаминро бояд тазаккур кард, ки шахсиятҳои меъёрӣ бештар доимӣ ва шахсиятҳои модалӣ динамикианд: бо тағйирёфтани шароити фаъолияти ҳаёт ин навъҳои шахсиятҳо низ тағйир меёбанд.

Дар ҷаҳони муосир шахсиятҳое низ вомехӯранд, ки аз доираи иҷтимоии худбаромада ва аз фарҳанги худ канда шудаанд ва дар ҷойи нав ҳоло мутобиқнагардида ва маданияти онҳоро напазируфтаанд. Ин навъ шахсиятҳоро маргиналӣ (азлотини. Marginalis -дар канор) меноманд. Ин ҳолати рӯҳии ниҳоят ҳам мураккаб буда, тарс ваташвишро ба бор меоварад. Одамон барои барканор кардани тарс мекӯшанд, ки баягон гурӯҳ, ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва ё ташкилот бипайвандад.

Алоқамандии шахсият ва ҷомеа

Барои пурра дарккардани шахсият дар дараҷаи макросотсиологӣ зарур аст, ки хусусиятҳрибаҳамалоқамандии ӯро бо муҳити зист дида бароем. Оид ба муҳити зист суханронда, пеш аз ҳама муҳити иҷтимоиро дар назар дорем, маҳз он одамонеро, ки фарддар байни онҳо гардиш мекунад ва аз онҳо вобаста аст, ё онҳо аз ӯ вобастаанд.Муҳити иҷтимоӣ —ин маҷмӯи омилҳои иҷтимоиест, ки дар ташаккул ва рафторишахсият таъсир мерасонад. Мавҷуд будани макромуҳит (ки ба он тақсимотиҷамъиятии меҳнат, сохтори ҷамъиятӣ, низоми парваришу омӯзиш ва ғайраҳомансубанд) ва микромуҳитро ( ба он коллективҳои меҳнатӣ, оила ва мактаб воридмешаванд), олимон қайд менамоянд.

Муҳити иҷтимоиишахсият муносибатҳоро то дараҷаи ҷамъиятӣ муайян мекунад. Баҳамалоқамандиишахсият ва ҷомеа ин ҷариёни фаъолияти фаъоли шахс дар ҷомеа буда, вай метавонадмуҳити иҷтимоиро ва муҳити зистро тағйир диҳад ва баръакс, низоми иҷтимоӣ вамуҳити зист метавонад ба шахс таъсири хешро гузорад. Муносибате, ки дар натиҷаичунин баҳамалоқамандӣ сурат мегирад, муносибати иҷтимоӣ ном дорад. Муносибатииҷтимоӣ ин низоми мустаҳками муайян буда, дар ҷараёни баҳамалоқамандиибайниҳамдигарии фардҳо дар шароити ҳамон ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ доранд,мебошад. Муносибати байни афрод дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуқӯъмепайвандад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мисолҳоро дида мебароем.Масалан, шумо агар хоҳед, ки хонадор шавед, барои муносибати муайянеро бояд бонафари дигар ва одамони наздики ӯ барқарор намоед, то ин ки ин муносибатҳоонҳоро водор созанд барои барпо намудани оила бо шумо розӣ бошанд. Барои он кисоҳибвазифа гардед, дар ҷое кор мекунед, ки донишҳои доштаю малакаи шумо кофӣ нест, бояд бо роҳбарон ва ҳамкорон муносибатитарафайнро барқарор намоед.

Ҳамин тариқ, ончизе, ки мо мекунем, натиҷаи муносибати иҷтимоист, ҳар як коре, ки менамоем, инбарқарор намудани муносибатҳои тарафайн мебошад. Агар шахс дар ҷомеа бамартабае ноил гардад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вай муносибати тарафайнро бодигар аъзоёни ҷомеа дуруст ба роҳ мондааст. Муносибатҳои иҷтимоӣ ин маҳсулиэҷодиёти инсоният мебошад. Муносибати байниҳамдигарии ҳайвонот табиӣ мебошад вааз инсоният сунъӣ ва дар асоси баҳамалоқамандии аъзоёни ҷомеа барои қонеъгардонидани талаботҳо ба миён меояд. Муносибатҳои иҷтимоӣ инъикоскунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда,дорои ду дараҷа мебошанд:

  • дараҷаи иҷтимоӣ:– одамон бо якдигар ба воситаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ муносибат менамоянд;
  • дараҷаи равонӣ варӯҳӣ (психологӣ): ин муносибати байнифардӣ, одам ба одам, одам ва дигаронмебошад.

Муносибати шахсият ва ҷомеаро чун фаъолияти фард барои қонеъ карданиталаботҳои хеш маънидод кардан мумкин аст. Агар инро бо формула ифода намоем,он гоҳ А аз Б вобаста аст, Б ба А барои иҷро кардани вазифаҳои иҷтимоӣ лозимаст.

Барои иҷро кардани вазифаи муайян дарҷараёни баҳамалоқамандии иҷтимоӣ ба фард ӯҳдадориҳо гузошта мешавад. Бароииҷрои ин ӯҳдадориҳо ӯ ҳуқуқҳои хосаро дорост. Тӯҳфа кардан ва пардохт бароииҷрои вазифаҳо дар асоси муносибатҳои иҷтимоӣ як шаклҳои муайнякунии ҳуқуқҳоихоса мансуб меёбад. Вазифаи фард ва ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳо дар муносибат бадигар ширкаткунандагон мартабаи инсонро муайян мекунад.

Консепсияи мартабавии шахсият

Ҳангоми дидабаромадани мавқеи шахс дар ҷомеа мафҳуми мартабаи иҷтимоӣ бештар мавридиистифода қарор дорад. Мартабаи иҷтимоӣ, мутобиқи таърифи П. А. Сорокин, инмақоми ишғолкардаи фард дар фазои иҷтимоист. Фазои иҷтимоӣ аз фазои геометрӣ(сеандоза) бо бисёрандозагияш фарқ менамояд. Барои мартабаи иҷтимоии инсонро муайян созем, аввалан бояд, мавқеи иҷтимоиионро донем. Олими рус – П. А. Сорокин масъалаи антиқаро ба ибораи дигаргардонида менигорад «Ба ман иброз намоед, ки ба кадом қабати иҷтимоӣ тааллуқдоред ва кадом вазифаро дар ин гурӯҳҳо дорӣ, ман иброз кунам, ки ту кадоммартабаро дар ҷомеа дорӣ ва аз рӯи нақшаи иҷтимоӣ Шумо кӣ ҳастед?1».

Мавқеи иҷтимоӣ (статус) (калимаи лот. status – ҳолат, кор, мавқеъ) мавқеи мутаносиби фард ё гурӯҳ дар низоми иҷтимоӣвобаста ба иҷрокунии вазифаҳои иҷтимоӣ дар доираи ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳост. Ҳаряк фард вазифаҳои зиёдеро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ иҷро менамояд, чункивай аъзои якчанд гурӯҳи иҷтимоист. Аз ҳамин лиҳоз, вай мавқеи гуногунро дорост.Мавқеъҳоро ба навъҳо ҷудо мекунанд: – мавқеи асосӣ ва муҳим. Мавқеи асосӣ дарбайни мавқеъҳои дигаре, ки фард дар ҷомеа дорад, мавқеи майянкунандаи фардмебошад. Аъзои ҷомеаи муайян, шаҳрванд будан, мутааллиқи оила будан, агар оноила дар сохторҳои ҷомеа мақоми муҳимеро дошта бошад, мавқеи асосӣ шуда метавонад.Мақоми асосии инсонро аз лиҳози иҷтимоӣ муйян менамояд. Лекин на ҳама вақтҳамон мавқеи ишғол карда, ки ба сифати мавқеи асосӣ дар ҷомеа ҷой дорад, бамавқее, ки шахс худро мансуб медонад, мувофиқат менамояд. Аммо одамон якдигарровобаста ба мавқеи ишғол кардаашон дар ҷомеа эътироф менамоянд.

Афрод дар ҷомеа мақоми муайянро бо ду тарз соҳиб мегардад. Мавқеи мутааллиқбудан, ки тавассути хусусиятҳои авлодӣ фардро бар ҷомеа эътироф менамоянд (нажодӣ, мансубияти этникӣ) ва мавқеи ноилгардида, ки худи шахс бо кӯшиш ба дастовардааст (маълумот, хизмат) ҷудо менамоянд.

Мавқеи мутааллиқ будан- ин мақомииҷтимоест, ки новобаста из хоҳишу майл, маҳорати фард ё гурӯҳ авлодан ба онҳодода мешавад. Гуногунии чунин мавқеъ ифодакунандаи мавқеи синфӣ- иҷтимоии фард дарҷомеа буда, сабаби мансубияти он ба синфҳои иҷтимоист. Мавқеи ноилгардида – инмақоми иҷтимоиест, ки фард бо кӯшишу ирода ба воситаи интихоби фардияш дарнатиҷаи рақобат бо афроди дигар ишғол кардааст, мансуб меёбад. Гуногунии мавқеиноилгардида – вазифаи касбӣ, яъне мавқеи ишғолкардаи фард дар ҷомеа шудаметавонад.

Ҳамин тариқ, мафҳуми мавқеи иҷтимоӣ ифодакунандаимақоми шахсият дар низоми муносибатҳоииҷтимоӣ ва фаъолияти вай дар шаклҳои гуногуни ҳаёт ва дар охир баҳо доданифаъолияти шахс аз тарафи ҷомеа дар ягон шакл (моҳона, тӯҳфа, мукофот, рутба,имтиёзот) ва инчунин худбаҳогузории шахс ба баҳое, ки ҷомеаю гурӯҳи иҷтимоӣмедиҳад ё мувофиқат мекунад ё на, мебошад. Масъалаи мақоми иҷтимоӣ натанҳохусусияти назариявиро дорост, инчунин хусусияти таҷрибавиро низ дар бармегирад. Дар ҳаёт мисолҳои зиёде вомехӯранд, ки афрод ба тариқи дурӯғ соҳибимақому мартаба гардидаанд.

Назарияи нақшавии шахсият

Назарияинақшавии шахсият як самти омӯзиши шахсият мансуб ёфта, мутобиқан тавассутиазхудкунӣ қабул гардида ва ё иҷрокунии вазифаҳои иҷтимоию навъҳои рафтор,нақшҳо тавсиф меёбад. Чунин нақшҳои иҷтимоӣ аз мавқеи иҷтимоии шахс бармеояд.Меъёрҳои асосии ин назария аз тарафи иҷтимоиётшиноси амрикоӣ – Ҷ. Г. Мид даркитобҳои – «Нақш, Ман ва ҷомеа». (1934), «Таҳқиқи инсон». (1936) баёнгардидаанд. Ба андешаи ӯ, мо рафтори нақширо тавассути ким-кадом нафари бомаънӣаз бар менамоем, яъне ба рафтори вай пайравӣ намуда, нақши худро дар ҷомеа хоҳемгузошт.

Инсон ҳамеша худро тавассути афродидигар мебинад ва нақшеро барои атрофиён иҷро менамояд, ё ин ки нақши ҷамъиятихудро нигоҳ медорад. Барои иҷрои нақш Мид 3 навъи вазифаҳоро қайд менамояд: 1) тақлид –такрори механикӣ; 2) дар нақшбозидан, аз як нақш ба нақши дигар гузаштан; 3) гурӯҳан аъзо гардидан, аз худкардани нақши муайян то ба чашми фарди гурӯҳҳои иҷтимоӣ намудор гардад. Мафҳумимарказии ин назария «нақши иҷтимоӣ» дар аввалҳои асри XX дар осори Э.Дюркейгем, М. Вебер ва баъдтар Т. Парсонс, Р. Липтон ва дигарон кор карда шудабуд. Нақши иҷтимоӣ ( Rоlе-аз франсузӣ) намунаи рафтор мустаҳкам шуда, тасдиқгардидааст, барои одамоне, ки ин ё он мавқеъро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣишғол кардааст, интихоб гардидааст.

Нақши иҷтимоӣ асосан дарду самт дида мешавад; 1) интизори нақшва 2) бозидани нақш. Интизории нақш намунаи рафторест, ки аз тарафимавқеи махсус барои одамони ҳамин мавқеъ ва ҳамин низоми иҷтимой (дар доираимеъёрҳо ва ченакҳо) тарҳрезӣ гардидааст. Ба тариқи дигар ин рафторест, кимуҳити моро иҳота кардааст ва мавқеи моро дар ҷомеа медонанд, рафтори мороинтизоранд. Бозидани нақш – ин рафтори ҳақиқии инсон, киин ё он мавқеи иҷтимоиро дорост мебошад. Дар сохтори меъёрй нақши иҷтимой чорунсур вуҷуд дорад: 1) таснифи навъҳои рафтор,мутобиқ будан ба нақши мавҷуда; 2)амр кардан, талаб кардан алоқаманд аст бо рафтори мазкур; 3) баҳо додан банақши амр гардида;4) иҷозат додан.

Метавонад, ки хусусияти мусбӣ ё манфиродошта бошад. Ҳар якшахс мавқеъҳои гуногунро дорост ва ҳаряк мавқеъ мутобиқат мекунад ба спектри нақшҳо. Ҳамин тариқ, бояд тазаккур кард, ки ҳар як фард дар ҷомеа нақшҳоигуногуни иҷтимоиро иҷро менамояд. Вобаста ба ин масъалаи ихтилофии нақш ба миёнмеояд. Ихтилофи нақш – ин бархӯрди меъёрҳои нақш мебошад, ки фарде, ки иннақшро бояд иҷро намояд, айни замон нақшҳои дигарро иҷро карда истодааст ва ёин ки бо сабабҳои дигар ба вуҷуд меояд.

Ихтилофи нақшро чунин тасниф намуданмумкин аст. Аввалан, ин ихтилофоти дарки нақши худ ва нафароне, ки моро иҳотакардаанд. Масалан, муаллими мактаби олӣ чунин мепиндорад, ки бе ягон таъзиқиберуна барномаи таълимиро ба шогирдон омӯзонида метавонад. Аммо дар кафедраметоди дигари азбаркунии фанро пешниҳодменамояд. Дуюм, ин ихтилофи байни самтҳои гуногуни як нақш шуда метавонад.Масалан, адвокат бояд, ки маҳкумшавандаро тарафдорӣ карда, бегуноҳии ӯро исботсозад, вале чун ҳуқуқшинос, ҳимоятгари адолати иҷтимоиёт ва ҷомеа интизор аст,ки ба вайронкунандагони қонун мубориза мсбарад. Сеюмин, ихтилоф байнииҷрокунандаи нақши иҷтимоӣ бо сифати баланд амалро бояд иҷро намояд, чунки азвай натиҷаҳои баландро интизоранд. Дар байни варзишгарон сифатҳои пурқувватӣ,қавииродагӣ, аз эҳсосот дур будан, кӯшидан барои ғалаба, қадру қиммат ҷойдоранд. Олимон Штайн ва Хоффман (1978) муайян кардаанд, ки барои духтарон инсифатҳо қобили қабул нест. Ба онҳо бештар садоқат, эҳсосоти чуқур, қобилиятимутаассир гардиданмақбул аст. Аз ин рӯ, варзишгарон бояд сифатҳоеро бояд гиранд, ки баҳри расиданба мақсадҳояшон ёрӣ расонанд ва айни замон сифатҳоеро интихоб намоянд, кидиққати зебосанамҳоро ба худ ҷалб карда тавонанд. Чаҳорум, ин ихтилофест, ки азтарафи одамони гуногун як нақшро шахс ба талаботҳои якхела иҷро намояд.Масалан, аз занҳо дар ҷойи кор роҳбарон талаб менамоянд, ки фидокорона фаъолиятнамоянд, дар хона шавҳарон аз онҳо талаб менамоянд, фидокорона кор намоянд.Панҷумин нави ихтилофот байни сифатҳои шахсиятии фард ва талоботҳои нақш башумор меравад. Пинҳон нест, ки одамони зиёде дар вазифаҳое кор менамоянд, кионҳо сифатҳое, ки ин касб талаб менамояд, надоранд. Онҳо ин корро дар аксарҳолатҳо бо як дилсардӣ иҷро менамоянд.

Назарияи тасвирии Ман

Яке аз назарияҳои шахсият дар сотсиология ва психология назариявӣ –«Назарияи тасвирии Ман» мебошад. Ин назария аз эътирофи ҳалкунандаимуносибатҳои фард, ки муносибати ҳар якеро чун оинаи якдигар нишон медиҳад,бармеояд. Симои Ман ин мафҳуми марказии як қатор маънидодкунии шахсият ба шумормеравад. Ман – ин мустақилӣ, соҳибихиёрӣ арзиши интегралии як шахс буда, ки дарасоси он фард худро аз олам ва одамони дигар фарқ менамояд. Яке азасосгузорони ин ҷараён – У. Ҷеймс дар Ман

  • Мани иҷтимоиродида ва зикр менамояд, ки танҳо бадин хотир атрофиён ин одамро эътирофменамоянд. Чӣ қадаре ки инсон бошад, ҳамон қадар фардҳо ва гурӯҳҳо мавҷуданд ваҳамон қадар

Мани иҷтимоӣ дарҷомеа ба назар мерасад, ки афкори онҳо аз ҳам тафовут доранд. Ин ақидаро олимиамрикоӣ Ҷ. X. Кул инкишоф додааст. Вайчунин мепиндорад, ки мавҷудоти ҳақиқии иҷтимоӣ қобилияти аз гурӯҳҳо худро ҷудокардани фард ва дарки худи Ман мебошад. Шартиасосии ин ба андешаи Кулл муомилаи фард бо одамон ва аз бар кардани фикридигарон оиди худаш аст. Эҳсосоти Ман бе эҳсосоти Мо вуҷуд надорад. Фаъолиятибошууронаи фард ҳамеша иҷтимоист. Онҳо барои инсон маънои таносубии фаъолиятродошта, ки дар одамони дигар нисбати Мани вай таассурот пайдо мешавад. Одамонидигар ин оинаест барои фард, ки симои Худро тавассути онҳо дарк карда ва худташаккул меёбад. Ба пиндори Ҷ. X. Кулл шахсият таҷассумкунандаи маҷмӯи хусусиятҳои аксуламали равонӣҳангоми баҳодиҳии атрофиён мебошад. Мани шахсии вай -ин маҷмӯи таассуротҳоиатрофиён аст, ки ба хаёли ӯ дар онҳо ба вуҷуд овардааст. «Ман» иборат астаз :

  • таассурот доирба он, ки ба одамони дигар Ман чӣ тавр зоҳир мегардам; 2) таассуротест,ки чӣ тавр одами дигар симои (образ) маро баҳо медиҳад; 3) аз ин ҳиссиётимахсус барои ман чӣ натиҷа мебарояд – ифтихор ё обрӯ рехтан. Ҳамаи ин дарҳиссиёти инсонӣ андӯхта гардида муайянкунандаи фардии тасвирии Ман мансубмеёбад.

«Ман»омехтакунандаи иҷтимоиёт ва фардиёти инсон буда, кафил ва ҷамъбасти алоқамандииҷомеа аст. Ҷомеа барои фард дар шакли сатҳҳои иҷтимоӣ ва шахсияти худ кушодамегардад. Ҷомеа берун аз шуури фард қариб, ки вуҷуд надорад. Ҳамин тавр,мафҳуми «Ман» аз рӯи моҳияташ маҳсули тахайюлот мебошад. Назарияи тасвирии Маназ тарафи Ҷ. Мид, ки мафҳуми марҳилаи ташаккули Ман-ро ҷорӣ кардааст, инкишофдода шудааст.

643
Нет комментариев. Ваш будет первым!