Гуруххои ичтимои, ниходхо ва ташкилотхои ичтимои

  • Гурӯҳҳои иҷтимоӣ<em/>
  • Умумияти иҷтимоӣ<em/>
  • Ниҳодҳои (институт) иҷтимоӣ<em/>
  • Ташкилотҳои иҷтимоӣ<em/>
  • Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ<em/>

Гурӯҳҳои иҷтимой<em/>

Олими машҳури рус – П.А.Сорокин қайд менамояд, ки “берун аз гурӯҳ таърихинсонро инъикос карда наметавонад. Умуман,инсонеро, ки тамоман худро аз ҷомеа ҷудо карда бошад ва ба ифроди дигармуомиланакунандаро мо намедонем”. Инсон ҳамеша дар гурӯҳ қарор дорад. Ҷомеа азмаҷмӯи гуногуни гурӯҳҳо – калонумайда, ҳақиқӣ ва номиналӣ, аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа иборат мебошад.Гурӯҳ ин пойдевори ҷомеаи инсонӣ мансубмеёбад. Дар рӯи замин аз афрод дида гурӯҳ бештар аст, чунки як нафар метавонад,айни замон ба якчанд гурӯҳ ворид гардад.

Гурӯҳи иҷтимоӣ ин маҷмӯи одамонест,ки хусусиятҳои умумии иҷтимоӣ дошта ва аз рӯи вазифаҳои иҷро кунандаашон дарсохтори ҷамъиятии тақсимоти меҳнат ба ҳам омадаанд. Чунин хусусиятҳо метавонадҷинс, синну сол, миллат, нажод, касб, ҷойи истиқомат, даромад, ҳокимият,маълумот ва ғайраҳо фардҳоро дар гурӯҳҳо муттаҳид намояд. Мафҳуми гурӯҳ нисбатба вожаҳои синф, табақаҳои иҷтимоӣ, коллектив, миллат ва инчунин нисбатимафҳумҳои этникӣ, марзӣ, динӣ ва дигар умумиятҳо, ки гуногунии иҷтимоиро, кидар байни маҷмӯи одамони алоҳида гуногунии иҷтимоиро қайд менамояд, қадимист.Аввалин кӯшишҳои эҷодӣ назарияи гурӯҳ, дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX аз тарафи олимон Э.Дюркгейм, Г.Тард, Г.Зиммел, Л. Гумплович, Ч. Кул, Ф.Теннис ба амал омадааст. Дар ҳаёти воқеӣ вожаи «гурӯҳи иҷтимоӣ» тафсироти гунонунро дорост. Дар баъзе ҳолатҳо ин мафҳум барои ифодакунииумумияти афроде, ки ҷисман ва фазоӣ дар як макон ҷойгиранд истифода бурдамешавад. Масалан, ба чун умумиятҳо афродҳое, ки дар як вагон рафта истодаанд, ёин ки фардҳое, ки дар як лаҳзаимуайян дар як кӯча ба ҳам омаданд ва дар як шаҳр зиндагӣ карда истодаанд, шуда метавонанд. Ин гуна умумиятҳороагрегатсия меноманд. Агрегатсия ин як миқдориодамоне, ки дар фазои муайян ба ҳамомадаю вале байни онҳо алоқамандии бошуурона мавҷуд нест, мебошанд.

Баъзе гурӯҳҳо тасодуфан ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро квазгурӯҳ меноманд.Квазгурӯҳҳо худ ба худ пайдо шуда мустаҳкам набуда, байни эшон алоқамандиимуваққатӣ вуҷуд дорад. Аҳамияти гурӯҳ барои фард аз он иборат мебошад, ки ингурӯҳ низоми муайяни фаъолият, супоришро дар низоми тақсимоти ҷаъиятии меҳнатдорад. Вобаста ба мақом дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доштани гурӯҳҳоикалон ва хурди иҷтимоиро сотсиология нишон медиҳад.

Гурӯҳи калон-ин гурӯҳе, ки аъзоёни бисёрро дошта, дар асоси робитаҳоигуногуни иҷтимоӣ, ки муносибатҳои фардӣ дар назар гирифта намешавад, мансуб меёбад. Навъҳои гуногуни гурӯҳҳои калонро қайднамудан мумкин аст. 1.Гурӯҳи номиналӣ (лот. nomen ном, номгӯ) -маҷмӯи одамонеро, ки ба мақсади таҳлили ягон хусусият, ки аҳамияти иҷтимоӣ надорад, гурӯҳи номиналӣ меноманд. Ба онҳогурӯҳҳои шартӣ ва оморӣ шомил шуда метавонад. Агар гурӯҳ аз рӯи ягонхусусиятҳояшон шартан гирифта шуда бошанд, он гоҳ ин навъ гурӯҳ гурӯҳи тозашартӣ мансуб меёбад. Масалан, гурӯҳи гандумгунон ё ин ки қадбаландон. Агархусусияти гурӯҳ асосӣ бошад, (масалан, касбу кор, ҷинс, синну сол) пас ин гурӯҳба гурӯҳҳои воқеӣ наздик мегардад.

Дуюм навъи гурӯҳҳои калон ин гурӯҳҳои воқеӣ мансуб меёбанд. Гурӯҳҳои воқеӣумумияти одамонест, ки қобилияти мустақилона фаъолият кардан ва даркимуташаккилонаи фаъолиятро чун як воҳиди том доранд. Ин гурӯҳҳо синфҳо,халқиятҳо ва дигар умумиятҳо, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои муҳим ташкилёфтаанд, мебошанд.

Гурӯҳи хурд ин гурӯҳест, ки миқдорионҳо кам буда, муносибатҳои фардӣ дар байни аъзоён вуҷуд дорад, ки асоси зуҳури ҳаяҷон ҳангоми якҷоя фаъолият кардан аз рӯи меъёрҳо, арзишҳо вашаклҳои рафтор дар онҳо пайдо мешаванд.Яке аз омилҳои асосии гурӯҳи хурд ин алоқаи фардии ( рӯ ба рӯи ) ҳар як аъзои он мебошад. Масалан, гурӯҳи донишҷӯён, талабаҳои як синф, бригадаи меҳнатӣ, экипажи самолёт ва ғайраҳо. Якчанд тарзи таснифи гурӯҳҳоихурд вуҷуд дорад. Гурӯҳи аввал ва гурӯҳи дуввумдараҷа. Гурӯҳи аввал – гурӯҳест,ки дар онҳо дараҷаи олии ҳамбастагӣ ва наздикии макони аъзоён, мақсади ягонадошта, ба тариқиихтиёрӣ аъзо гардидан, инчунин назорати ғайрирасмӣ ба рафтори аъзоёнаш ба назармерасад.

Масалан, оила, гурӯҳи ҳамсолон, рафиқон ва ғайраҳо. Мафҳуми гурӯҳи аввал азтарафи олим – Ч. X. Куллба илм ворид карда шудааст, ӯ ин гурӯҳро амсоли катакчаи аввалини сохторҳоииҷтимоии ҷомеа меҳисобад.

Гурӯҳи дуввумдараҷа – гурӯҳи иҷтимоиест, ки алоқаи иҷтимоӣ ин муносибатибайни аъзоён хусусияти ғайришахсӣ дар чунин гурӯҳ ба ҷойи дуюм гузашта, ба ҷойи аввал қобилятиамал кардани вазифаҳои муайян ва ноил гардидан ба мақсади ягона мебарояд.

Дар таснифоти гурӯҳҳои хурд гурӯҳи референтӣ (аз лотинӣ referens. пайваста) гурӯҳи аъзогӣ, ҳақиқӣ ва гурӯҳи мафҳумӣ ба назар мерасанд.

  • Умумияти иҷтимой<em/>

Умумияти иҷтимоӣ– маҷмӯи афроди воқеан вуҷуддошта, ки то андозае аз ҳам фарқ менамоянд ва чунсубъекти мустақил баромад мекунанд, дониста мешавад. Умумияти иҷтимоӣ маҷмӯи мустаҳками одамон буда, бо хусусиятҳоиандак ё бисёр тарзи зиндагӣ, шуури омма, то дараҷае меъёрҳои иҷтимоӣ фарқмекунанд. Умумияти хелҳо ва навъҳо ин шакли муштараки фаъолияти ҳаётии одамонмебошад.

Умумиятииҷтимоиро одамони бошуур намесозанд, балки зери таъсири инкишофи объективиитабиии фаъолияти ҷамъиятии инсоният ташаккул меёбад. Навъҳои гуногуни умумиятҳодар асоси объективии гуногун ба вуҷуд меоянд. Баъзе умумиятҳо ҳангомиистеҳсолоти ҷамъиятӣ, масалан, коллективи меҳнатӣ, синфҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳииҷтимоӣ-касбӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд. Баъзе дигарашон дар асоси этникӣ,халқиятҳо, миллатҳо (умумиятҳои этникӣ) ба вуҷуд меоянд. Ҳама гуна умумиятҳодар асоси якрангии шароити ҳаёти одамон ташкил меёбанд. Маҷмӯи одамон танҳовақте умумият шуда метавонанд, ки онҳо якрангии шаоитро дарк карда вамуносибати худро ба он муайян намоянд. Аз ин лиҳоз, дар эшон фаҳмиши ҷудокунӣ пайдо гардида, худиро аз бегона фарқ намуда ва манфиатҳоихешро нисбат ба умумиятҳои дигар дарк менамоянд. Дарки манофеъ дар қабоилиҷомеаи ибтидоӣ пайдо шуда буд. Ҳар якхалқ ва миллат чунин фаҳмро доранд.

Халқият – мафҳумест, кимансубият ё мавҷуд будани ягон намуди сифат ба халқро нишон медиҳад. Халқ ин гурӯҳи калони одамон буда, макони зист онҳоро бо ҳам алоқамандменамояд. Маънои этникии ин мафҳум ифодакунандаи умумиятҳои этникӣ, қабилаҳо,халқҳо ва миллатҳо ба шумор меравад. Мафҳуми этнос (etnos) юнонӣ буда, аз аввалҳои солҳои 50-уми асри XX навъҳои гуногуни этносҳоро дар зинаи қабилавию миллат қарор доштан –халқиятҳо ном мебурданд. Ҳамин тавр, халқият ин умумияти этникй – иҷтимой –таърихан баъд аз қабилаҳо ва пеш аз миллат пайдо шудааст.

Умумияти дигар ин миллат мансуб меёбад.Миллат (аз калимаи «nation» – халқ) як навъи этнос ба шумор рафта, таърихан дар як марзи муайян зиндагйкарда, алоқаи иқтисодии ягона дошта, бо як забон гуфтугӯ карда, хусусиятҳоифарҳангии хоса дошта ва шууру психологияи он аз дигар навъи чунин умумиятҳофарқ менамоянд. Ин таъриф дар адабиётҳои илмии муосир хело ҳам бисёр ба назармерасад. Вале имрӯзҳо дар муайянкунии миллат на ба хусусиятҳои этникй такямекунанд, балки зуд-зуд ба хусусиятҳои фарқкунандаи марҳилавй ва иҷтимойэтникии таърихан пеш зиндагй кардаи халқиятҳо такя менамоянд. Ба чунин сифатҳоягонагии забон, ки яке аз омилҳои шаклҳои адабишавии он, ки ба воситаи маълумотсурат мегирад, адабиёт ва васоити ахбори омма; инкишофи маданият ва санъатикасбй, ташаккули ҳайати синфй-иҷтимой, дараҷаи мувофиқи инкишофи саноат вағайраҳо ворид мешаванд.

Миллият мутааллиқ будан ба ин ё он миллат аст. Дараксаримамолики аврупой ин мафҳум ифодакунандаи табиати одамон ба ягон давлат истифодабурда мешавад, барои тааллуқ доштан чун умумияти этникй аксаран миллатҳои этникй(ethnic nationality) кор фармуда мешавад. Масъалаҳои умумиятҳои этникиро илми этносотсиологиямавриди баррасй қарор дода ва дорои мафҳумҳои хоса ва қонунҳои худ мебошад. Дармаркази тадқиқи ин илм муносибатҳои байни этникй, ки ба масъалаҳои ақаллиятҳоиэтникй алоқамандй доранд, омехташавиҳои этникй ва ғайраҳо меистад. Ақаллиятҳоиэтникӣ ин маҷмӯи одамонест, ки хусусиятҳои махсуси ҷисмонӣ ва фарҳангии онҳоро ба ҳисоб гирифта, батарзи дигар бо онҳо муносибат менамоянд. Зери мафҳуми омехташавй зӯран нобудкардан ваё бороҳи оҳиста – оҳиста омехташавии онҳо бо этносҳои асосй фаҳмида мешавад. Боядтазаккур дод, ки новобаста ба ақоиди зиёд нажод ба умумияти этникӣ мансуб нест. Нажод- ин гурӯҳи одамонест, ки дар тӯли таърих хусусиятҳоиякхелаи меросии умумй доранд, сабаби ягонаи пайдоиш ва вилояти ҷойгиршавиродоранд. Ба чунин сифатҳо ворид мегарданд: ранги пӯст, чашмон, мӯй, шаклҳоикосахонаи сар, қад ва ғайраҳо. Инсониятро илми муосир ба се навъи нажод ҷудоменамод:

1)аврупоидҳо, 2)муғулоид ва 3) негроидҳо. Сифатҳои фарқкунандаи нажодҳомоҳияти дуюмдараҷа доранд. Ҳамаи нажодҳо аз ҷиҳати биологй ва психологй баробарбуда, дар як зинаи инкишофи эволютсионии ақл мебошанд. Аммо дар тӯли таворих кӯшишҳои боло гузоштанияк нажод аз нажоди дигар ба назар мерасад. Бахусус, дар назарияҳои расизм ин бараъло намудор мешавад.Расизм – ин таҳқир, истисмори умумиятҳое, ки ба нажоди дигар мансубанд,мебошад. Имрӯзҳо расизм дар шаклҳои гуногун дар Руссия ба назар мерасад.

Мафҳуми«институт» маъноҳои зиёдеро ифода мекунад, дар забонҳои аврупой ин мафҳум аз лотинйinstitutum таҷҳизот, (барқароркардан) гирифта шудааст. Сотсиология ин мафҳумро азилмҳои ҳуқуқшиносй гирифта, ба вай маънои навро ворид кард. Дар забони тоҷикймуродифи калимаи институт (пажӯҳишгоҳ) истифода мегардад, ки пурра мафҳумиинститутҳои иҷтимоиро ифода карда наметавонад. Олимон Идиев X. Ғиёев Қ., Самиевкалимаи ниҳодро истифода бурданд, ки дар «Ғиёсуллуғот» ба маънои бунёд, хилқат»омада ва дар «Фарҳанги забони тоҷикй» ба маъноҳои – табъ, табиат, мизоҷ,сиришт, сифат, зот, одат, қоида, тартиб, расму оин, қарор, қарордод, маҳал,макон, ҷой, ҷойи истиқомат омадааст. Маъноибунёд ифодакунандаи мафҳуми институт ё ин ки структура буда, то андозае маъноионҳоро пурратар ва возеҳтар менамояд. Ниҳодҳои иҷтимой – ин пеш аз ҳама маҷмӯиқоидаҳоест, ки доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Зоҳиранниҳодҳои иҷтимой чун маҷмӯи афрод, ташкилотҳо, ки бо маводҳои муайян таъмингардидаанд ва вазифаҳои муайянро иҷро менамоянд, ҷилвагар мешаванд.

Масалан, ниҳоди иҷтимоии адлия зоҳиран аз маҷмӯи афрод (прокурор, судҳо,адвокатҳо) чун ташкилот (прократура, судҳо, маҳбасхонаҳо ва ғайраҳо) васоитимаводй бошад, таҷассумкунандаи маҷмӯи намунаи рафтори афроди салоҳиятдор, кивазифаи муайни иҷтимоиро иҷро менамоянд, намудор мегардад. Ин рафтори меъёрй банақшҳои иҷтимой хоси низоми адлия (судҳо, прокурорҳо, адвокатҳо ва ғайраҳо)мансуб ёфта, аз тарафи онҳо иҷро карда мешавад. Ҳамин тариқ, ниҳодҳои иҷтимой,то ҳадде намуна ва шакли мустаҳками таҷрибаи иҷтимой буда, ба воситаи он ҳаётиҷамъиятй ташкил ёфта, алоқа ва муносибатҳои ташкилотҳои иҷтимоии ҷамъиятросозмон медиҳад. Ниҳодҳои иҷтимой – ин олоти тавоноест дар тӯли таърихиҳазорсолаҳои эволютсияи маданй, барои баҳо мондани ҷомеа. Барои он ки ҷомеаталаботҳои аслии хешро қонеъ намояд, ниҳодҳои муайяни иҷтимоиро созмон медиҳад:

  • барои қонеъгардонидан ба талабот тавлиди насли инсонй (ниҳоди оила ва никоҳ )
  • қонеъ гардонииталаботи амният ва тартиботи иҷтимой (ниҳодҳои сиёсй, давлат);
  • қонеъ гардонииталабот барои ба даст овардани маводҳо барои пойдор мондан (ниҳодҳои иқтисодй,истеҳсолот);
  • қонеъ гардонииталабот ба илм, дониш, тайёр кардани мутахассисон (ниҳоди маориф дарҳамбастагии илм ва фарҳанг);
  • қонеъ гардонииталабот ба масоили маънавй (ниҳодҳои динй) ташкил дода шудаанд.

Ниҳодҳои иҷтимой вазифаҳои худро татбиқ карда афродеро, ки аз рӯи меъёрҳоимуайяншуда амал мекунад, ҳавасманд менамоянд ва афродеро, ки меъёрҳоиҷойдоштаро риоя намекунанд пахш карда, яъне рафтори афродро назорат менамоянд.Ниҳодҳои иҷтимой вазифаҳои возеҳ ва ниҳонй доранд. Вазифаҳои возеҳ инҳо башумор мераванд:

  • Мустаҳкамкунй ва таҷдиди муносибатҳои ҷамъиятй. Ҳар як ниҳод қонун вақоидаҳои худро дорад, ки рафтори аъзоёни худро мустаҳкам ва дар қолиби муайянҷойдошта нигоҳ медорад. Бадин васила пойдориисохторҳои иҷтимоии ҷомеаро нигоҳ медорад;
  • Вазифаитанзимкунии ниҳодҳои иҷтимой ба низом даровардани муносибатҳои байни афродиҷомеа бо василаи кор кардашудаи қолабҳои рафтор мебошад
  • Вазифаимуттаҳиднамоии ҷараёни муттаҳидкунй, робитаи мутақобила ва масъули ҳамдигарбудани ҳар як аъзои гурӯҳи иҷтимоиро дар бар мегирад;
  • Вазифаи пайвандинаслҳо аз боқй мондани таҷрибаи иҷтимой ва кӯшишипайваст кардани наслҳоро дар иҷро намудани фармонҳо ва риояи қонунҳо дар бармегирад;
  • Вазифаи коммуникативй барои паҳн намудани ахбороти дохили ниҳодй ва байниниҳодҳо хизмат менамояд.

Вазифаи ниҳонй беғаразона ба нақша гирифта нашуда, ниҳонй ба амал баровардамешавад. Масалан, ниҳодҳое мавҷуд ҳаст, ки натанҳо вазифаҳои худро анҷомнамедиҳанд, балки дар амалй гардидани онҳо низ мушкилҳо бунёд менамояд. Зоҳиранчунин ниҳодҳо талаботҳои ниҳонии гурӯҳҳои муайяни иҷтимоиро қонеъ менамоянд.Бояд иброз намуд, ки чунин рӯйдодҳо бештар дар ниҳодҳои сиёсй ба назар мерасад.

Ниҳоди оила

Аз ниҳодҳоигуногуни иҷтимоӣ оиларо, махсусан қайд намудан лозим аст. Маҳз оила яке азсоҳиби асосии интиқолдиҳандагони нақшҳо, симоҳои мадании байни наслҳо буда вадар иҷтимоишавии шахсият саҳми бузург мебозад. Оила -ин гурӯҳест, тавассутиникоҳ бо ҳам пайваст гардида, барои давом додани насли одамизод хизмат карда,тарбияи фарзандонро таъмин намуда, талаботҳои мухталифи ҷамъиятро иҷроменамояд. Ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар ташаккулу такомул мебошанд. Оила низ дартӯли таърихи инсоният дар инкишоф буда, таърих шаклҳои гуногуни он аз қабилиникоҳи гурӯҳӣ, якчанд ҳамсардорй (роlygamy) ва як ҳамсариро ёдмедиҳад. Ба ҷои оилаҳои бисёрфарзанд дар ҷаҳони имрӯза оилаҳое ба вуҷудомадаанд, ки фақат аз ду насл иборат мебошад (волидайн ва фарзандон) ин навъоилаҳоро оилаҳои нуклеар (nuclear) меноманд, кихоси ҷомеаҳои ғарбист. Нақши марду зан таърихан дар таҳаввулот аст, аз ҷумла расмутакомули никоҳ кардан, усулҳои тарбияи фарзандон ва ғайраҳо тағйирёфтаанд. Ғайр аз оилаи нуклеарй имрӯзҳодар ҷомеа шаклҳои дигари оила низ ба назар мерасад, аз қабили ташкили оилавӣ,ки оилаҳои хешутаборӣ номида мешаванд. Оилаҳои хешӣ натанҳо дар асосимуносибатҳои ҳамсарон ташкил меёбанд, балки чунин оилаҳо дар асоси наздик буданба хуни якдигар ташкил меёбанд. Ин қавми хешовандон бо ҳамсарону фарзандонашонмебошанд. Дар алоқамандй бо дигар паҳлӯҳои фаъолияти иҷтимоӣ (иқтисодӣ, ҳуқуқ, маданияти маънавӣ) зериомилҳои иҷтимоии иқтисодй тағйир ва инкишоф меёбад. Айни замон инкишофи он то андозае хусусияти мустақилонаро дорост. Дар илмдавраҳои махсуси ҳаёти оиларо қайд менамоянд. Давраҳои махсуси оила марҳилаи ташкил намудани оила ва қатъ гардидани мавҷудияти оила мебошад.Ҳаёти оиларо ба чунин давраҳо ҷудо менамоянд. 1) то ба дунё омадани фарзандон, 2) оила дар ҳайати волидону фарзандон, 3)фарзандонро ба оилаи мустақил ҷудо кардан, 4) барҳамхӯрии оила баъд аз фавтияке аз ҳамсарон. Ҳангоми созмон додани оила дар аксари таомули мардуми ҷаҳон зинаи санҷиши он, ки оё ҳамсари дуруст интихоб карда истодааст, вуҷуд дорад. Масалан, дармардуми тоҷик чанд муддат арӯс ва домод дар фотиҳа, ё ин ки ноншиканонмеистанд, то ин ки аз тамоми рафтору кирдори якдигар дурусттар огоҳ гарданд.Дармардуми аврупо як давраи муайян бо ҳам зиндагй карда якдигарро меомӯзанд вабаъдан ақди никоҳ мебанданд. Никоҳ ин маҷмӯи қоидаҳоест, ки ҳангоми ташкилнамудани оила байни марду зан ақд баста шуда ва ӯҳдадориҳою ҳуқуқҳои онҳоро дарасоси қонун ба низом медарорад. Мардуми Аврупо шакли моногамияро пазируфтаанд, яъне monogaниmyникоҳи як мард ба як занро меноманд. Дар таърихи башарият шакли полигами (polygamy), яъне як нафар метавонист чанд ҳамсар дошта бошад, бахусус, зан таъриханками дар кам ёд мешавад, вале ҳодисаҳое ба назар мерасад, ки як зан якчандшавҳари қонунй дошта бошад, ин шакли оиладории (polyandrчандшавҳарӣ) полиандрия меноманд.

Имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки бо сабабҳои гуногун оилаҳо вайрон мешаванд. Чӣбояд кард, то муносибатҳои байни ҳамсарон нигоҳ дошта шавад? Бекор карданиникоҳ, яъне талоқ барои ҷомеа манфиатнок нест. Аз ҳамин лиҳоз дар ҳама гунаҷомеа қонун ва қоидаҳои муайян амал менамояд, ки садди роҳи ҷудошавии оилаҳо,яъне талоқро гиранд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки хонадоршавӣ ба ризогиитарафайн ва дар баъзе ҳолатҳо бо хоҳиши падару модар суръат мегирад, ҷудошавииоилаҳои ҷавон ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои фарзандонашон бадбахтиифоҷиангезро ба бор меоварад. Оила чун ниҳоди иҷтимой барои ҳал намудани доираимасъалаҳои муайяни иҷтимой офарида мешавад, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:

1) Вазифаи тавлидкунӣ ва давом доданинасли инсоният;

2) Вазифаи мартабаи иҷтимоии оила – ҳар як фарди оила мартабаеро доро мебошад, ҳатто кӯдак мақому мартабаи хешро дорост;

3) Вазифаи иқтисодй – хоҷагидорй ва маишй, таъмини маводҳо, талаботҳоихоҷагй -маишии аъзоёни оила, ташкил ва пешбурди хоҷагй;

4Вазифаи ҳиссиётй – барои қонеъ гардонидани талаботҳои ҳиссиётй ба амсолимуносибатҳои маҳрамона (дӯст доштан, ѓамхорй ва ғайраҳо).

5) Вазифаи ба низомдарории шаҳватпарастй, барои ба тартиб дароварданиталаботҳои шаҳвонии табиии инсон хизмат менамояд;

6)Вазифаи ба ҳаёти иҷтимойомодасозии кӯдакон, яъне тайёр кардани онҳо барои иҷрои нақшҳои иҷтимоии лозимава барои бомуваффақият кор кардани ҷомеа нигаронида шудааст. Дар намуди умумймутобиқгардонии фард ба ҳаёти иҷтимой ин азбаркунии тарзҳои рафтор, азбаркунии механизмҳои психологй,меъёрҳои иҷтимой ва арзишҳо, ки барои бомуваффақият амал намудани фард дарҷомеа хизмат менамоянд, зоҳир мегардад. Иҷтимоигардй ин мафҳуми чуқур ва васеъмебошад. Иҷтимоигардй дар тамоми тӯли ҳаёт идома меёбад-иҷтимоигардии кӯдакон,калонсолон ва муйсафедон. Иҷтимоигардии кӯдакон дар ин ҷараён ҷои махсусроишғол менамояд, чунки дар ҳамин давра асосҳои ташаккули шахсият бунёд меёбанд.

Ташкилотҳои иҷтимой

Ҷомеаи инсониро бе ташкилшавйтасаввур кардан номумкин аст. Ташкилотҳои иҷтимоӣ (аз франсузй «organisatio» ташкил кардан, ба вуҷуд овардан, сохтан, тайёр кардан) ин таснифиумумиятест, ки қадре аз фардҳоро муттаҳид гардонида, баъзе аз муносибатҳоробарои расидан ба мақсад офарида сохтори олибунёдро ташкил медиҳад. Ин мафҳум босе маъно дар объкетҳои иҷтимой истифода бурда мешавад:

Дар аввал, умумияти сунъие, ки дар ҷомеа мавқеи хосаеро доро буда, бароииҷрои вазифаи ба нақша даровардашудаи муайян фаҳмида мешавад. Мутобиқи ин маъноба ташкилотҳои иҷтимоӣ ниҳодҳои маъмули иҷтимой ворид мешаванд. Тибқи чунинтаъриф ташкилотҳо – корхонаҳо, сохторҳои давлатй, иттиҳодияҳои ихтиёрй ва ѓайраро ташкилотҳои иҷтимой номидан мумкин аст.

Дуюм, ин ки зери вожаи ташкилот фаъолияти муайянро, ки вазифаи тақсимкунӣва роҳнамоиро дорост, фаҳмидан мумкинаст. Агар ин таърифро ба эътибор гирем, пас, ин вожа бо вожаи роҳбарӣ ҳаммаъномегардад.

Сеюм, зери мафҳуми ташкилот дараҷаи сифат ва мартабаи ин ё он объектфаҳмида мешавад. Дар он сурат бо ин вожа сохтори муайян, таркиб ва навъи алоқаихос ба ҳар як объекти иҷтимоиро ифода намудан мумкин аст. Ташкилии иҷтимоӣвақте зуҳур меёбад, ки имконият барои расидан ба ҳадаф танҳо ба воситаи эътирофкардани мақсадҳои фардӣ ва ё ин ки ноилшавӣ ҳадафҳои фард танҳо тавассутиҳадафҳои умумӣ имконпазир гарданд. Мақсади ташкилоти иҷтимоӣ пеш аз ҳамарасидан ба талаботҳои коллектив, ки тавассути фаъолнокии аъзоёни ташкилот амалӣмегардад, фаҳмида мешавад. Унсури марказии ҳама гуна ташкилот сохтори иҷтимоиион ба шумор меравад.

Сохтори иҷтимоӣ – дар маҷмӯинақшаҳои ба ҳам алоқаманд, инчунин банизомдарории муносибатҳои аъзоёниташкилот, дар мадди аввал муносибати ҳокимият ва тобеият ифода меёбад. Сохториташкилоти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама бо дараҷаи ташкили он фарқ менамояд.

Ташкилоти расмӣ (аз лот. «forma» нав. андом, симо) ва ё сохтори расмии ташкилот – ин тарзи муташаккилиииҷтимоӣ, ки мақоми иҷтимоӣ ва равобити тарафайни новобаста аз рафтори аъзоёнмушаххас гардидааст, ба ҳисоб меравад. Масалан, директор, ҷонишинон, сардоронишӯъбаҳо ва коркунони қаторӣ мавқеи иҷтимоии хешро доранд. Директор метавонадбоғайрату кордон бошад, метавонад ноӯҳдабарою бесалоҳият бошад. “Коргар”- иқаторӣ метавонад, истеъдоди баланд дошта, вале вай расман мақоми пастро дарташкилоти иҷтимоӣ дорост. Робитаи тарафайни мақоми сохтори расмӣ дар асосиқоидаҳои сахти дарҷгардидаи ҳуҷҷатҳои расмӣ асос ёфтааст. Вале дар дохили ҳаряк ташкилоти расмӣ ташкилотҳои ғайрирасмӣ бунёд меёбанд. Ташкилотиғайрирасмӣ системаи алоқаи иҷтимоии худба худ ташкилёфтаест, ки қоидаҳо, фаъолияти байниҳамдигарӣ, муносибатибайнигурӯҳӣ каму беш ҳақиқист.

Аз нуқтаи назари сохтори ғайрирасмӣ корманди босалоҳият ва бовиҷдонметавонад, нисбат ба директор мақоми баландро дошта бошад. Муносибатҳоибайниҳамдигарии дар сохторҳои ғарирасмӣ

Ба қоидаҳои расмӣ мустаҳкам карда намешаванд, онҳо то дараҷаи бо фаъолиятитарафайн сурат мегиранд. Сохтори ғайрирасмӣ тағйирпазир ва нисбат ба сохтори расмӣ ноустувор аст.

Одамон бе бунёди сохтори иерархӣ (аз юнонӣ –hierarchia ҳокимияти муқаддас) барои созмон доданифаъолияти коллективӣ, ки барои татбиқ кардани мақсадҳои омма нигаронида шудабошад, фаъолият карда наметавонанд. Иерархияи иҷтимоӣ дар ташкилот (азюнонӣ – hierarchia ҳокимяти муқаддас) -ин шакли бунёд ниҳодани ташкилоти иҷтимоӣ, ки мақоми иҷтимоӣ ва нақши дараҷаипаст зери назорати болоиҳо қарор дорад, мебошад. Яке аз шаклҳои чунин ҳокимиятдорӣ-бюрократиямансуб меёбад. Назарияи сотсиологии бюрократия аз тарафи М.Вебер кор кардашудааст. Бюрократия (аз калимаи франсузӣ «йureau» – идора, коргоҳ, ва юнонии kratos – ҳокимият, қувва, хӯҷаинӣ, ҳукмронӣ) – ин ҳокимияти умумии аз як зумраафродест, ки вазифаҳо ва мартабаҳоро ишғол карда ва иерархияи муайянеро ташкилмедиҳанд. Онҳо аз ҳам бо қонунҳои расмӣ ва вазифаҳояшон, ки фаъолиятумасъулияти онҳоро муайян мекунад, фарқ менамоянд. М. Вебер чанд хусусиятҳоихосаи ташкилотҳои бюрократиро зикр намудааст.

Аввалан, вазифаи ташкилот байни унсурҳо чун вазифаи расмӣ тақсим кардашавад. Дуюм, мақомҳо ва нақшҳо бояд мутобиқи сохтори иерархӣ, ки шаклипирамидаро дошта бошад, ташкил карда шуда, ҳар як фарди вазифадор маъсулиятдошта бошад, ба роҳбарияти болоӣ оид ба фаъолияти аъзоён ва фаъолияти хеш.Сеюм, қарору фаъолияти шахси мансабдор мутобиқи қоидаҳо ва дастурҳои расмӣидора карда мешавад. Чаҳорум, муносибатҳои дохилии ташкилот дар асоси хусусиятиғайришахсӣ ташкил ёфтаанд.

Ҷомеаи шаҳрвандй ва давлат

Ҷомеаи шаҳрвандӣяке аз шаклҳои мустақили ташкилоти иҷтимоӣ мансуб меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ –ҷомеаи инкишофёфтаи иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиест, ки муносибатҳоибайниҳамдигарии шаҳрвандон муталлиқан ба роҳ монда шудааст ва ба давлатмуносибат надоранд, аммо дар якҷоягӣ амал менамояд. Мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣякчанд маъноро дорад. Ба сифати категорияи сотсиологӣ ифодагари ҳақиқатест, кимаҷмӯи

муносибатҳои ғайрисиёсиро дар бар мегирад. Агар аз муносибатҳои ҷамъиятиигуногун, баҳамалоқамандӣ, мақом ва нақши ниҳодҳо ва он чизе, ки ба доираисиёсат мансуб аст, барорем, қисми боқӣ мансуб ба ҷомеаишаҳрвандист. Ба он муносибатҳои хешутаборӣ, байни миллатҳо, динӣ, иқтисодӣ,фарҳангӣ, муносибати байни синфҳо ватабақаҳо, ҳайати демографии ҷомеа, шаклҳои равобити одамон ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ба тарзи дигар иброз намоем, ҳама он чизе, ки зери назорати давлат қарор надорад, ҷомеаи шаҳрвандист.

Ба сифати вожаи сотсиологияи ҷомеаишаҳрвандӣ маҷмӯи ҳақиқатест, ки муносибатҳои ғайрисиёсиро инъикос менамояд.Вале ба ҳайси мафҳуми идеологӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки ин ҳақиқат чӣгуна бошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқимаънои сотсиологӣ пеш аз давлат пайдо гардидааст. Ҳатто дар байни шикорчиён ваафроди дигари ибтидоӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасид. Давлат бошад 5-6 ҳазорсол баъдтар ба вуҷуд омадааст. Алоқамандии ҷомеа ва давлатро бо ёрии назарияисистема маънидод намудан мумкин аст. Мутобиқи ин назария, системаҳо ба ду навъиасосӣ: корпускулярӣ( атомӣ) ва сахт ҷудо мешаванд. Дар низоми корпускулярӣ(атомӣ) унсурҳо байни ҳам озодона робита карда, агар яке бо сабабҳои гуногункорношоям гардад, баосонӣ монандӣ ӯро ёфта иваз менамоянд. Дар низомҳои сахтҳамаи қисмҳо якхела буда, барои мӯътадил амал кардан вазифаҳои ин низом зарураст, ки мавҷудият ва равобити тарафайн дар як вақт вуҷуд дошта бошад.

Ҷомеа аз низоми ниҳодҳои иҷтимоӣ иборатбуда, бо шарофати онҳо ҷомеа вуҷуд дорад. Яке аз ниҳодҳои муҳими ҷомеа давлатмансуб меёбад. Давлат – ин ташкилоти таърихан бунёдёфтаи ҳокимияти сиёсӣ буда,фаъолияти якҷоя ва муносибатҳои гуногуни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умумиятҳоро ташкилкарда, равона сохта назорат менамояд. Ин яке аз навъҳои умумии ташкилотииҷтимоӣ, ниҳоди сиёсии муҳими ҷомеа мебошад.

1.13K
Нет комментариев. Ваш будет первым!