Сохтори иҷтимоӣ ва стратификатсияи иҷтимоӣ

  1. Сохтори синфӣ –иҷтимоии ҷомеа ва иҷтимоиёт
  2. Қабати (стратификатсияи) иҷтимоӣ<em/>
  3. Модели системаи стратификатсионӣ<em/>
  4. Стратификатсия дар Тоҷикистон<em/>

Ҳар як инсон дар ҷомеа мавқеъҳои гуногунро ишғол менамояд, ки мақомииҷтимоии вай ташаккул меёбад. Тадқиқотҳои бисёр собит менамояд, ки мавқеииҷтимоии фард дар ҷомеа нақши муҳимро иҷро менамояд. Мавқеи иҷтимоӣ ба ҳолатирӯҳӣ то андозае таъсир мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз се мафҳуми сотсиологӣ –сохтори иҷтимоӣ, ҳайати иҷтимоӣ ва стратификатсияи иҷтимоӣ бо ҳам зич алоқамандмебошанд.

Ҳангоми таҳлили ҷомеа ба мо маълум гардид, ки вай натанҳо дар худ маҷмӯифардҳоро гирд овардааст, балки баҳамалоқамандии байни фардҳо ва дар маҷмӯъ азқисматҳои гуногуни баҳамалоқаманд, ки дар як доираи муайян ҷой гирифтааст,иборат мебошад. Ин қисмҳо аз рӯи хусусиятҳои муайяни муттаҳидкунандаашоншахсиятҳоро дар як маҷмӯъ тавассути элементҳои оддӣ ба ҳам меорад.

Сохтори иҷтимоии ҷомеа – дар раванди инкишофи илми сотсиология мутафаккиронкӯшиш ба харҷ доданд, ин мафҳумро тавзеҳ намоянд. Масалан, иқтисоддонҳоимаъруфи англис ҷомеаро ба табақаҳо аз рӯйи хусусиятҳои зерин: сарват, боигарииафрод, музд, суди молиявӣ ва баҳрабардорӣ ҷудо намудаанд. Вале бояд зикр кард,ки ин гурӯҳ банди мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеаро пурра ифода карданаметавонад. Дар муайян намудани ин мафҳум саҳми Т. Парсонс хело ҳам бузургмебошад. Мувофиқи андешаи ӯ ҷомеа натанҳо аз фардҳои мушаххаси алоҳида, балкиаз низоми ҷузъҳои алоқаманд, ки мавҷудияти онҳо марбут ба болоравии рафториодамон аст, ташкил ёфтааст.

Хусусияти асосии сохтори иҷтимоӣ ин пеш аз ҳама аз ақаллиятҳо иборат буданмебошад. Дар вай рангорангӣ, гуногунии халқ таҷассум ёфтааст. Ин мафҳумро,асосан омилҳои этникӣ, динӣ ҳангоми ҷудо намудан ба ақаллиятҳо ифода менамоянд.

Ҳар як фард дар ҷомеа мавқеъ ва мартабаи худро дорост. Аз ҳамин лиҳоз омилисохтори иҷтимоӣ доир ба як системаи муайян ҳарф задан номумкин аст. Масалан,ҳар як аъзои ҷомеа бояд соҳиби ягон касб, маълумот, муҳити зист ва ғайраҳобошад. «Дар ҷомеа- шиноси амалӣ сохтори иҷтимоӣ» аз рӯи ин омилҳояшон баиҷтимоию-демографӣ, иҷтимоию синфӣ, иҷтимоию тахассусӣ, иҷтимоию ҳудудӣ, миллӣва ғайра ҷудо мешаванд. Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки моҳияти зерсохторииҷтимоӣ чист? Моҳияти зерсохтори иҷтимоию демографӣ аз нишон додани таносуб,вобастагии сохтори демографӣ (ҷинс, синну сол) бо омилҳои иҷтимоӣ иборат аст.

Сохтори иҷтимоии ҷомеаро фардҳое ташкил карда метавонанд, ки онҳо ҳангомифаъолияти якҷоя як қисми сохтори иҷтимоиро тағйир диҳанд. Ҳатто қабилаҳое, кидар ҷомеаҳои соддалавҳона зиндагӣ менамоянд, дорои ягон хусусият мебошанд, аз қабили синну сол, сохторисиннусолӣ, сохтори хешутаборӣ, сохтори ҳокимият. Барои он ки сохтори иҷтимоииҷомеа аз байн наравад, одамон зарур медонанд, ба қонунҳои иҷтимоӣ риоя намоянд.Дар ҳамин тарафи динамикӣ сохтори иҷтимоӣ намудор мегардад.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки сохтори иҷтимоии ҷомеаро тасвири оморӣ ташкилмедиҳад ва дар ҳаёти воқеӣ бошад, сохтори иҷтимоии ҷомеаро сохтори синфӣ ташкилмедиҳад.

Сохтори синфии иҷтимоии ҷомеа – ин маҷмӯи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣмебошад, ки дар он ҳар як синф вобаста ба мавқеи ишғолкардааш ва табақаҳоииҷтимоӣ нақши муҳимро мебозад. Синфҳои иҷтимоӣ ин гурӯҳи калони одамоне, ки азрӯи мақоми таърихӣ дар системаи муайяни муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа,муносибати онҳо ба олоти истеҳсолот, тарзҳо ва андозаи гирифтани музд азҳамдигар фарқ менамоянд, мебошанд. Қишри иҷтимоӣ — умумияти иҷтимоиест, киодамонро аз рӯи хусусиятҳои ба ҳам наздик- даромад, обрӯ ва дараҷаи маълумот,маданият ва ғайраҳо гурӯҳбандй менамояд.

Ба синфҳо тақсим намудани ҷомеа дар илм аз аввалҳои асри XIX шурӯъ гардидааст. Муаррихони англис зиддияти байниҳамдигарии синфҳоигуногунро нишон дода, ногузирии бархӯрди онҳоро баён намудаанд. Иқтисодшиносонианглис таркиби дохилии синфҳоро тафсир намуданд. К. Маркс синфҳоро таҳлилнамуда, ба хулосае меояд, ки вобаста ба шаклҳои таърихии ҷомеа синфҳо низтағйир меёбанд ва инкишофи ҷомеа ба ногузирии ҳокимияти диктатураи пролетариатоварда мерасонад. Ин назарияи сахт зеританқиди ҷомеа қарор гирифта, минбаъд боиси пайдоиши назарияи дигар мегардад.

Аз аввалҳои асри XX назарияи қишрбандии табақотии иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Қишрбандии табақоти иҷтимоӣ –фарқияти макро – микрогурӯҳҳо ва инчунин фардҳо аз рӯи хусусиятҳои гуногунашон мебошад.

Қабати (стратификатсияи) иҷтимоӣ

Қабати(стратификатсия – калимаи лотинӣ stratum– қабат ) иҷтимоӣ ба қисмҳо ҷудо намудани маҷмӯи одамон (аҳолӣ) аз рӯи тартибииерархӣ (мавқеи ҷойгиршуда) ба қабатҳо ҷудо намудан буда, ки ҳар як қабат азякдигар бо хусусиятҳои ҳукмрон будан, сарвати зиёд, мақом ва имтиёзот доштаашонфарқ менамояд. Мазмуну мундариҷаи сохтори иҷтимоии ҷомеаро ба таври амудӣ дидамебароем. Барои дарки қабатииҷтимоӣ мо бояд онро дар ҳолати вертикалӣ таҳлил намоем. Чунин таҳлил имконмедиҳад, ки ҳайати иҷтимоӣ ба қабати иҷтимоӣ мубаддал мегардад.

Қабати иҷтимоӣ аз қишрбандии табақоти иҷтимоӣ фарқ менамояд… Мафҳумиқишрбандии табақоти иҷтимоӣ аз рӯи ҳаҷм аз мафҳуми қабати иҷтимоӣ фарқменамояд. Масалан, моҳигириро гирем; вай аз рӯи ҳаҷмаш нисбат ба тахассусимоҳигир фарқ менамояд. Вобаста ба тахассус ҷудо намудани аҳолӣ як мавқеимуайянеро дар ҷомеа одам касб менамояд, ки ин ба қабатбандии аҳолӣ мансуб аст.

Муҳити иҷтимоӣ дар куҷое, ки ба вуҷуд ояд, вай муташаккил мебошад. Як қисмиафрод чун пешво ва қисми дигар ба ҳайси иҷрокунанда баромад менамояд. Вобастаба мақоми ишғолкарда афрод мукофот, имтиёзот ва вазифаҳоро дорост. Бе чунинсистемаи мартабагӣ муносибатҳои байнифардӣ ва ба ҳам алоқамандии онҳо бароирасидан ба ҳадафҳои зарурӣ ғайриимкон мебошад. Саволе ба вуҷуд меояд, ки қабатииҷтимоӣ чӣ тавр бунёд ёфтааст?

Бояд қайд намуд, ки якчанд қабатҳои асосии иҷтимоиро нишон додан имконпазираст. 1. Асоси ҳама ҷараёнҳои иҷтимоиро системаи функсионалии мақсаднок ташкилмедиҳад. Хусусияти қабати (стратификатсигӣ) ба одамон имкон медиҳад, ки ҷомеава ягонагии сарҳадоти онро ҳимоя намоянд. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ҷараёнитаркиббандии иқтисодӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва дигар сотхторҳо (синфҳо, гурӯҳҳо,таркибот, ниҳодҳо)-ро таҳлил ва тавсиф намуда, алоқамандию муносиботи онҳоромуайян созем.

Стратификатсия-арзиши рамзист. Иномил алоқаманд аст, ба дарки ченакҳои иҷтимоӣ. Ҳама гуна ивазнамоӣ дар ҳолатеки аз тарафи бештараи аҳолӣ пазируфта мешавад, қобили қабул гардида, мавқеашромустаҳкам менамояд.

  • Асосистратификатсияро мафҳуми андоза ташкил медиҳад. Андоза ин сарҳадест, кимуносибатҳои иҷтимоӣ дар доираи арзишҳои муайяншуда, амалӣ мегарданд.
  • Асосҳои табиӣ ваантропологӣ. Аввалин талаботҳои табиии одамон сотсиология ва антропологияро баҳам алоқаманд менамояд. Омили антропологй дар стратификасия мавқеи хеле муҳимроишғол менамояд, омили антропологӣ дар стратификатсияи иҷтимоӣ хусусиятҳоиафродро (мард, қобилиятҳои ҷисмонӣ ва равонӣ) ва хусусиятҳое, ки аз рӯзи аввалинсон аз худ менамояд (алоқаи хешутаборӣ, ба кадом қавму қабила мансуббудан)-ро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Ҷомеаро аз рӯйи ин асосҳо, ки дар он ҳар як мақом ва ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣвазифаи муайянро иҷро менамояд, баҳо додан мумкин аст. Вале бояд зикр намуд,баҳоҳо якхел намешаванд. Масалан, деҳқон нисбат ба агроном ва ё вазир мақомипастро дорост. Мақоми воло ва нафароне, ки ин мақомро доранд, хубтармукофотонида мешаванд, доираи ҳукмронии ин афрод васеъ мебошанд, ҳурматизиёдтарро доранд ва бояд зикр кард, ки маълумоти онҳо бояд аз афроди дигарбаландтар бошад. Ҳамин тавр, чор навъи тавсифи стратификатсия: даромад,ҳокимият, маълумот ва мартаба вуҷуд дорад. Ин чор ченак фардҳоро водор месозад,ки барои расидан ба онҳо кӯшиш намояд. Агар таркиби иҷтимоӣ дар алоқамандиитақсимоти меҳнат ба вуҷуд ояд, стратификатсияи иҷтимоӣ бошад, дар асоситақсимоти натиҷаи меҳнат, яъне манфиатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.

Модели системаи стратификатсионӣ

Асосан се навъи модели системаи стратификатсионӣ: ғарбӣ, шарқӣ ва омехтамаъмул аст. Модели ғарбӣ дар худ системаи стратификатсионии инкишофёфтаидемократиро таҷассум менамояд. Агар ба таври нақша тасвир намоем, пас онро баамсоли ромб тасвир намудан мумкин аст ва бояд зикр намуд, ки аксари аҳолии инмоделро синфи миёна ташкил медиҳад. Чанде, ки синфи миёна кам бошад, ҳамонқадар имконияти ба ҳам бархӯрии синфи поёнии ҷамъият ва ашрофон ба назармерасад. Табақаи миёнаи ҷамъиятӣ аз афроди ба- ландихтисос, ки маоши баландмегиранд, иборат мебошад.

Табақаи миёна дар модели ғарбӣ чун асоси пойдории инкишофи ҷомеа хизматменамоянд. Қисмати болоии ин синфро асосан мутахассиони баландихтисос ташкилмедиҳад ва қисмати мобайнро мутахассисон ташкил медиҳанд. Мутахассисонибаландихтисос гуфта пеш аз ҳама нафаронеро меноманд, ки дар касбу кори худустоҳои моҳир буда, асосан бо кори эҷодӣ машғул мебошанд. Мафҳуми мутахассисафродеро ифода менамоянд, ки маълумоти миёнаи тахассусӣ доранд, яъне коллеҷҳороба итмом расонидаанд.

Модели ғарбиро дар мисоли ҷомеаи амрикоӣ дида мебароем. Системаистратифакатсионалии он аз ҳафт гурӯҳ иборат мебошад.

  • гурӯҳи олимартабон, олитарин гурӯҳ. Ба ин гурӯҳ дохил мешаванд: роҳбароникорпоратсияҳои калон, дорандагони фирмаҳои юридикӣ (ҳуқуқшиносӣ), роҳбарониволомақоми ҳарбӣ, судҳои минтақавӣ, олимони тиб, пешвоёни дин, меъморон,артистон ва ғайраҳо;
  • “гурӯҳи олӣ”. Ба он роҳбарони фирмаҳои миёна, муҳандисон-механикон,табибоне, ки методи табобати худро доранд, ҳуқуқшиносоне, ки таҷрибаи корӣдоранд ва муаллимони коллеҷҳо шомиланд;
  • “гурӯҳи олии миёна”. Ба онҳо кассирҳои бонкҳо, муаллимониколлеҷҳои мунисипалӣ, роҳбарони дараҷаи мобайн, муаллимони макотиби миёна дохилмешаванд;
  • гурӯҳи “синфимиёна”. Ба ин гурӯҳ коркунони банк, табибони дандон, муаллимони макотибиибтидоӣ, роҳбарони бахшҳои кори корхонаҳо, кормандони компанияҳои суғуртавӣ,роҳбарони мағозаҳои бузург;
  • “синфи миёнаипоён”. Ин гурӯҳро таъмиргарони мошинҳо, сартарошон, савдогарон, кормандонимеҳмонхонаҳо, кормандони почта, пулис, ронандагони мошинаҳои борбар ва ғайраҳоташкил медиҳанд;
  • “синфи миёнаи поёнтар”. Онҳоро ронандаҳои таксӣ, коргарони дараҷаи мобайн,пешхизматон, шветсарҳо ташкил медиҳанд;
  • “синфи поёнии поёнтар”. Ба он хизматгорзан, боғбон, кӯчарӯб ва ғайраҳомансубанд.

Тадқиқи ин гурӯҳҳо нишон дод, ки ҷомеаи мутамаддини амрикоиро синфи миёнаташкил медиҳад ва тағйирёбии мавқеи худро дар ҷомеа афроди амрикоӣ нохуб қабулменамоянд. Масалан, агар ронандагони таксӣ, ки худро ба намояндагони «тахассуситоза» медонанд, онҳоро таклиф намоянд, ки рафта дар завод коргар шуда кор кунанд, худро таҳқиргардида меҳисобанд. Кор бароиамрикоиҳо натанҳо асоси беҳшавии материалист, балки пеш аз ҳама асоси ҳурматнамудани худ ва худбаҳодиҳист.

Дар мамолики демократӣ барои мустаҳкам намудани масъалаҳои иҷтимоии аҳолиихуд машғул намегарданд. Дар ин мамолик танҳо раванди афкори умумро зери назоратқарор медиҳанд. Аз ҳамин хотир муайян намудани миқдори синфҳо дар ин ё он мамлакатғайриимкон мебошад. Моделе, ки мо дида баромадем, ин модели ягона нест, балкидигар моделҳои ҷудо намудани синфҳо низ вуҷуд дорад.

Модели шарқӣ ба мамолике тааллуқ дорад, ки асосан шакли шарқии истеҳсолотродоранд. Дар ин шакли истеҳсолот ҳамаи меҳнаткашон вобастанд аз давлат вароҳбароне, ки неъматҳои истеҳсол намудаи меҳнаткашонро ба манфияти худ истифодамебаранд. Ин модел амсоли пирамида мебошад, ақаллият ҳокими мутлақ буда, мақомумазалати баландро доранд, аксарият бошад, аз ҳукмрони дур буда ва дар фақрубенавоӣ зиндагӣ менамоянд. Бояд зикр намуд, ки ин модел тақрибан 5- ҳазор солдорад ва дар Ҳиндустон пайдо шудааст. Дар замони муосир бо дигаргуниҳо ин шаклвуҷуд дорад.

Стратификатсияииҷтимоӣ ҳамеша мӯътадил буда, асоси ҳамаи ҷомеаро ташкил медиҳад.

Стратификатсия дар Тоҷикистон

Омӯзиши системаи стратификатсионӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз солҳои 80-умшурӯъ гардидааст. Дер омӯхтани ин масъала пеш аз ҳама ба сохти идеологӣ сахтвобастагӣ дошт.

Бояд зикр кард, ки омӯзиш нишон медиҳад, ки гуногунии иҷтимоӣ нестнамешавад, балки инкишоф меёбад. Давлат намиранда, балки инкишофёбанда аст.Кормандони аппарат табақаи махсус набуда, балки синфи иҷтимоӣ ба ҳисобмераванд.

Ин ақоидро ҳанӯз М. Вебер дар аввалҳои асри XX баён намуда, қайд кардааст, ки синфи ҳукмрон дар ҷомеаи сотсиалистӣ инбюрократҳо мебошад.

Минбаъда омӯзиши гурӯҳи роҳбарикунанда аз тарафи олими амрикоӣ Ҷ. Бернхайм дар китоби «Инқилоби роҳбарӣ»соли 1941 мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Вай зикр менамояд, ки ба ҷойи синфикапиталист, синфи роҳбарҳо ба вуҷуд меоянд, ки онҳо соҳибмулк нестанд, валекорхона ва ҷомеаро назорат менамоянд.

Соли 1957 рисолаи М. Ҷиллас “Синфи нав” ба табъ мерасад. Дар он таърихиинкишоф ва эҳёшавии дубораи синфи роҳбар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баёнгардидааст. М.С.Восленский дар китоби “Номенклатура” ақоиди М. Ҷилласро инкишофдода қайд менамояд, ки на ҳама роҳбарон, на ҳамаи коммунистонро синфи ҳукмронменоманд, номенклатура табақаи болоии ҷомеаро медонад.

Номенклатура маҷмӯи номгӯивазифаҳоест, аз тарафи органҳои болоӣ созмон дода мешавад. Ба синфи ҳукмроннафароне дар басти ташкилотҳои партиявӣ буданд, аз Бюрои партиявӣ то бюроҳоирайонии партиявӣ дохил мешаванд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табақаи олӣ ба 100 – ҳазор омада мерасид ва қисматипоёнии номенклатура 150 – ҳазор одамро дар бар мегирифт. Дар замони шӯравӣноменклатура 750 – ҳазорро дар бар мегирифт ва бо аъзоёни оилаашон 3 миллионроташкил медоданд.

Р. В. Ривкин соли 1989 мақолаи “Сотсиологияи Шӯравӣ ва назарияистратификатсияи иҷтимоӣ»-ро ба тасвиб расонид, ки дар он қабатҳои зеринииҷтимоӣ нишон дода шуда буд. Инҳо; 1) табақаи волои сиёсӣ 2) табақаи миёна аз аппарати партиявӣ; 3)коркунони пасти ҳамин аппарат; 4) роҳбарони хоҷагиҳои асосӣ – табақаи дараҷаимиёна; 5) роҳбарони хурд; 6) мутахассисони хурди дараҷаҳои гуногун ва соҳаҳои гуногун; 7) коргаронидараҷаҳои гуногун; 8) аъзоёни колхозҳо ва ғайраҳо.

Т. И. Заславская соли 1991 таҷрибаи 70 – соларо ҷамъбаст намуда, дарсохтори иҷтимоии он се гурӯҳро дарёфт: табақаи олӣ, табақаи поёнӣ ва миёнаҳолон.Табақаи олиро номенклатура ташкил медод, яъне кормандони ҳизбӣ. Табақаи поёнрокоргарон, деҳқонон ва зиёиён, табақаи мобайнро бошад афроде ташкил медоданд, киба номенклатура хизмат мекарданд, инҳо: роҳбарон, рӯзноманигорон, тарғиботчиён,кормандони махсуси тиб ва дигарон.

Ҳамин тавр, дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеаи бесинф вуҷуд надошт, балки ҷомеа азтабақаҳо иборат буд.

Агар раванди стратификатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намоем, пас,мо дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон системаи бо баъзе элементҳои сохтибозорстратификатсионии омехтаро дида метавонем. Дар охирҳои солҳои 80-ум бобаъзе элементҳои системаи бозорӣ рӯ овардани ҷумҳурӣ дар низомистратификатсионӣ каме дигаргунӣ ба амал омад. Аз солҳои 1992 бошад, ки батариқи сунъӣ табақаи болоии ҷомеа –мулкдоронро ба вуҷуд оварданд, ки онҳо қисмати ниҳоят ками аҳолиро ташкилменамоянд. Бояд ҳаминро зикр намуд, ки дар- баробари табақаи болоӣ то ба ҳолноменклатура дар сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда истодаанд ва онҳо низ батабақаи болоӣ мансубанд. Дар баробаи ин табақаҳо дар системаи стратификатснонииҷумҳурӣ табақаи дигар – камбағалон, бенавоён пайдо шудаанд, ки онҳо тақрибан90% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

629
Нет комментариев. Ваш будет первым!