Нобаробарӣ,таҳрука ва тагироти иҷтимоӣ

Нобаробарии иҷтимоӣ

Таҳаррукаи иҷтимоӣ

Навъҳои таҳаррукаи иҷтимоӣ

  • Нобаробариииҷтимой<em/>

Дар ҳама гунаҷомеа омилҳои муайянкунандаи тафовути байни табақаҳоро бо нобаробарии иҷтимоӣчен менамоянд. Нобаробарии иҷтимоӣ ин мафҳумест дар сотсиология барои нишондодани тафовути аъзоёни ҷомеа истифода гардида, шароити табақаҳои иҷтимоиро азҷиҳати баҳра бардоштани манофеъ нишон медиҳад.

Нобаробарӣ дарҳамаи ҷомеаҳо, ҳатто дар ҷомеаи соддатарин вуҷуд дорад. Тадқиқоти ҷомеаҳоисоддаи Гвинеяи Нав соли 1968 нишон дод, ки элементҳои нобаробарии иҷтимоӣ даронҳо ба назар мерасад. Масалан, папусе,ки мартабаи баландро дошт, имконияти қабул намудани меҳмонони зиёдро соҳиб буд.Аммо нобиноён, беморон мартабаи пастросоҳиб буданд.

Моҳияти нобаробариро олимони ҷомеашинос гуногун тавзеҳ медиҳанд. Дармасъалаи «Компоненти асосии нобаробарии иҷтимоӣ чист?», андешаҳои олимон гуногун мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, назарияҳоизиёде вуҷуд дорад, ки ин саволро ба таври худашон тавзеҳ медиҳанд.

Тарафдорони назарияи функсионализм нобаробариро яке аз шартҳои вуҷуддоштани ҷомеа дониста, зикр менамоянд, ки нобаробарӣ имкон медиҳад, ки ҳангомифаъолият дар ҷомеа намояндагони беҳтари он сарфароз гардонида шаванд. Аввалинмаротиба нобаробарии иҷтимоӣ аз тарафи Э. Дюркейгем дар рисолаи «Тақсимотииҷтимоии меҳнат» мавриди истифода қарор гирифтааст. Вай ба хулосае меояд, кидар ҳама гуна ҷомеа яке аз навъҳои фаъолият нисбат ба дигар навъҳо муҳимтарҳисобида мешавад. Қонун, дин, оила, меҳнат ва ғайраҳо метавонанд дар ҷомеатабақоти болоиро ба вуҷуд оранд. Аксари одамон истеъдодноканд ва як қисми онҳониҳоят ҳам боистеъдод мебошанд, тафовут дар раванди таълим байни аъзоёни ҷомеабоз ҳам пурзӯртар мегардад. Ба андешаи Дюркейгем дар ҷомеаҳои инкишофёфтаодамони боистеъдод бояд, вазифаҳои муҳимро иҷро намоянд. Барои ҷалб карданибоистеъдодҳо бояд аз сарфароз намудани меҳнати онҳо истифода бурд.

Ақидаи нобаробарии иҷтимоӣ табиӣ буда ва омили асосии вуҷуд доштани ҷомеаротарафдорони назарияи низоъ рад менамоянд. Мувофиқи андешаи онҳо нобаробариииҷтимоиро нафарони ҳукмрон барои зери назорат қарор додани арзишҳои иҷтимоӣ бабор оварда, тавассути он соҳиби боигарии ҳокимият мегарданд, Назарияимарксистии стратификатсия синфҳоро омили асосии нобаробарӣ меҳисобад. Ташкили иқтисодии ҷомеа мутобиқиин таълимот сабаби нобаробарии иҷтимоист. Аммо на ҳамаи тарафдорони назарияинизоъ ин ақидаро пайгирӣ менамоянд. Масалан, Р. Михеле олими сотсиолог собитнамуд, ки сабаби низоъ дар ҷомеа ин аз ҳадди зиёд ҳукуматро гирифтани олигархҳомебошад. Олигархия (ҳокимияти камҳо) аз 1000 то 10000 нафарро дар бар мегирад. Ин назарияро «қонуни оҳанини олигархия» меноманд.Назарияи нобаробарии М. Вебер дар асоси мафҳуми “гурӯҳҳои дараҷадор» бунёдёфтааст. Гурӯҳҳои дараҷадор – ин гурӯҳи одамонест, ки то андозае дар ҷомеа новобаста ба мавқеашон ҳурмату эҳтиромкарда мешаванд. Гурӯҳҳои дараҷадор аз рӯи се омил ҷудо карда мешавад: боигарӣ,мартаба ва ҳокимият. Ба андешаи М.Вебер, ин се омил компонентҳоинобаробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аммо бояд қайд намуд, ки ин назарияҳо оиди системаи стратификатсияандешаи охирин нест. Дар ҳама гуна ҷомеа омилҳои гуногун метавонад системаистратификатсиониро дигар намоянд.

Мушоҳидаҳоиҳаррӯза нишон медиҳад, ки одамон ҳамеша дар ҳаракатанд ва ҷомеа бошад дар инкишоф.Аз ҳамин хотир яке аз механизми муҳими стратификатсияи иҷтимоӣ ин зудҳаракатиииҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин назария маротибаи аввал аз тарафи олими рус – П.А. Сорокин, ки фаъолияти илмиашро дар ШМА гузаронидаааст, пешниҳод гардидааст.Таҳрукаи иҷтимоӣ (мобильность) муайян менамояд, ки чӣ тавр афрод, оила, гурӯҳииҷтимоӣ дар сохтори ҷомеа тағйир меёбад.

Ду навъизудҳаркатии иҷтимоӣ байни наслҳо ва дохили наслҳо вуҷуд дорад. Онҳо дар навбатихуд ба зернамудҳо ва зершаклҳо ҷудо мешаванд.

Зудҳаракатии байнинаслҳо тағйирёбии фарзандонро имконпазир шумурда қайд менамояд; ки фарзандонметавонанд дар ҷомеа мақоми хосаеро касб намоянд ва метавонанд ба сатҳи пастфароянд. Масалан, писари деҳқон метавонад, табиби соҳибмаълумот гардад, ё ин киписари табиб деҳқон шавад.

Зудҳаракатиидохили наслҳо нишон медиҳад, ки дар тӯли ҳаёт афрод метавонад, мавқеи худроиваз намояд. Вай барои болоравӣ ва мақоми худро ёфтан кӯшиш менамояд. Масалан,коргар метавонад, муҳандис шавад, сардори сех- сароянда ва директори заводгардад.

Ҳангоми тавлидафрод мақоми иҷтимоиро аз волидайни худ мегарад. Волидайн, хешу таборон,одамони наздики оила ба кӯдак рафторҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва байни оилавӣмеомӯзонанд. Бояд зикр намуд, ки дар вақти фаъолияти пуршӯру шари худ инсонроон чизе, ки волидайн доданд, қонеъ намегардонад вай мекӯшад, ки болотар барояд.Агар мақоми вай болотар барояд инзудҳаракатӣ болоравиеро нишон медиҳад. Аммо бояд тазаккур, дод, ки дар натиҷаигирудори зиндагӣ (гумкардани ҷойи кор, беморӣ ва ғайраҳо) инсон ба мақоми пастфарояд дар ин ҳолат таҳрука поён ҳаракаткунанда мегардад. Ҳамаи инҳо батаҳрукаи амудӣ мансубанд.

Таҳрукаи амудӣ –ин ҷойивазкунии фардҳо, гурӯҳҳо аз як табақа, синф ба дигар табақаву синф буда,ҳангоми ҷойивазкунӣ мақоми иҷтимоӣ низ тағйир меёбад. Агар болоравӣ ба зинаиболо бошад, ин навъ мӯътадилиро зудҳаркатии болорав меноманд, агар ба паст равад, пас зудҳаркатиипастфаро мебошад.

Таҳрукаи уфуқӣ(горизонталӣ) -гузариши фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ аз як мавқеъ ба дигар мавқеъба ҳамон меъёр мебошад. Масалан, гузариш аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, китағйиротҳои куллиро ба амал намеоранд.

Гуногунии таҳрукаи уфуқӣ ба таҳрукаи ҷуғрофӣ хизмат менамояд. Зеро ин ҷойивазкунииоддӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар, ки мақомиаввалро нигоҳ медорад, ҷойивазкунии ҷуғрофӣ фаҳмида мешавад. Агар ба ҷойвазкунӣҷои мартаба илова шавад, пас инромуҳоҷират (мигратсия) мегӯянд. Мигратсяя (кал.migtatio – кӯчиш) – иваз намудани ҷойи зист, аз якмакон ба макони дигар (минтақа. шаҳр,мамлакат) бо иваз намудани мақоми иҷтимоӣ мебошад. Афроди деҳа агар ба аёдати ақрабояш ба шаҳр ояд, ин мӯътадилииҷуғрофӣ мебошад. Агар вай ба шаҳр кӯчида дар он ҷо кор ёбад, ин мигратсия ба ҳисоб меравад.

Ғайр аз зудҳаракатии фардӣ зудҳаркатии гурӯҳӣ мавҷуд аст. Таҳрукаи гурӯҳӣдар ин ё он ҷое ба амал меояд, ки мақом ва мартабаи як синф баланд ё пастмегардад. Мувофиқи андешаҳои П.А. Сорокин, таҳрукаи гурӯҳӣ сабаби ба вуқӯъомадани ҷанги шаҳрвандӣ, табаддулоти ҳарбӣ, тағйири сохтори сиёсӣ, инқилобҳоииҷтимоӣ, забти хориҷиён, иваз кардани сарқонуни асосӣ ба сарқонуни нав, шӯришидеҳқонон, ҷангҳои байниҳамдигарии аристократҳо ва пайдоши империяҳои навмегардад.

Таҳрукаи фардӣ ба шахс тааллуқ дошта, вобаста ба иваз намудани ҷой ӯ бапоён ё ба боло иваз кардани мавқеи афрод ба вуқӯъ мепайванданд.

614
Нет комментариев. Ваш будет первым!