Ахлоқи иҷтимоӣ ва назорати иҷтимоӣ
- Моҳият ва субъекти (ахлоқӣ) иҷтимоии омма<em/>
- Гуногунии рафтори иҷтимоии омма<em/>
- Ахлоқи коллективй<em/>
- Рафтори иҷтимоии шахсият<em/>
- Рафторикаҷравӣ<em/>
- Назорати иҷтимоӣ<em/>
- Низои иҷтимоӣ<em/>
Инсоният ҳамешамекӯшад, донад, ки чаро аҳолӣ кӯч мебандад, зиёд мешавад, револютсия мекунандва ҷанг менамоянд. Ба ин савол ҷавоб ҷуста, олимони сотсиолог кӯшиш менамоянд,ки онҳоро аз рӯи рафтор, ахлоқи умумӣ маънидод намоянд. Ҳар як ҷомеа бамӯътадилӣ ниёз дорад, аз ҳамин лиҳоз, рафтори иҷтимоии омма яке аз масъалаҳоиумдаи ҷомеа ба шумор меравад.
- Моҳият ва субъекти (ахлоқӣ) иҷтимоии омма<strong/>
Рафтори омма ин шакли ҳаёт, фаъолияти миллионҳо одамон, ки дар ҷанг,инқилобҳо, корпартоиҳо ширкат мекунанд, мебошад.
Фаҳмонидани категорияи “ахлоқ-рафтор” бисёр душвор мебошад. Ин мафҳум бо якқатор мафҳумҳои дигар бисёр омехта мебошад. Ахлоқ ин ҷараёни баҳамалоқамандииолами зинда ва муҳити зист буда, рафтори инсониятро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётииҷтимоӣ- меҳнат, сиёсат, илм, муносибатҳои оилавӣ, шахсӣ, байнигурӯҳӣ, синфӣ вамуносибатҳои байналхалқӣ ба танзим медарорад. Ахлоқ яке аз шаклҳои асосии шуури ҷамъиятӣ буда, дар он меъёру баҳоҳои мақбули умум эътирофгардидаи фаъолияти инсон инъикосмеёбад. Меъёри ахлоқӣ ҳангоми рафтору кирдори одамон, дар рафти муоширати онҳоташаккул ёфта амал мекунад.
Рафтори иҷтимоӣ – оммавӣ – тарзи ҳаёт ва фаъолияти гурӯҳи калони одамонбуда, онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ ва мӯътадилии ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд. Басубъектҳои ахлоқӣ иҷтимоии омма бошад аксарият, издиҳом, тамошобинон ва фардҳоиалоҳида, инчунин гурӯҳҳои хурд (оила, микрогурӯҳ) доираҳое, ки байни худмуносибат менамоянд, шомиланд.
Мафҳуми “омма” ҳангоме кор бурдамешавад, ки мо бо одамоне кор дорем, ки онҳо ба ҳама рӯйдодҳои иҷтимоӣ бетарафбуда, аз рӯи рафторашон онҳоро ба ягон ташкилот ҳамроҳ намудан ғайриимкон аст.Яъне, онҳо ба ягон ҳизби сиёсӣ, ташкилотҳои иттифоқи касаба ва дигар ташкилотҳоаъзо нестанд. «Омма» дар ҳама мамолики дунё вуҷуд дорад. Миқдори «омма» ниҳоятзиёд мебошад, онҳо ба ягон ҳизбҳои сиёсӣ, ягон ҳаракати иҷтимоӣ ҳамроҳнамешаванд ва ҳатто ба интихоботҳо намераванд.
Дар сотсиология мафҳуми “оммаи халқ” бештар истифода мегардад. Оммаи халқ-категорияи сотсиологӣ буда, меҳнаткашонро қувваи асосииинкишофдиҳандаи ҷомеа маънидод менамояд.
Издиҳом (тӯда – юнонӣ. оxlos, — охлос) —ҷамъ гардидани гурӯҳи бузурги одамон. Издиҳом бетартиб, ногоҳон,номуташаккил ба вуҷуд омада метавонад ва баъзан муташаккил ҳам шуда метавонад.Омили муташаккилии издиҳом метавонад аънана, ҳодиса ва диққати умумӣ ба объектбошад. Аъзоёни издиҳом дар аксар вақт дар ҳолати ҳаяҷони якхела қарор доранд.Издиҳом дорои як қатор параметрҳо ва сифатҳоест, ки миқдори афроди ҷамъгашта,самту суръати ҳаракат, ҳолати руҳӣ ва ғайраҳо дар бар мегирад. Асосан издиҳомпредмети омӯзиши психологияи иҷтимоист. Дар сотсиология издиҳомро ба навъҳои гуногун ҷудо менамоянд вашаклҳои зерини он маъмул мебошад: издиҳоми ногаҳон бавуҷудомада, издиҳоми зери таъсирмонда, конвентсионалӣ ва амалкунанда. Издиҳоми ногаҳонро афроде ташкил медиҳад, ки дар назди ягон ҳоди саи рӯйдода даркӯча ҷамъ омаданд. Издиҳоми мӯътасирро маҷмӯи одамоне ташкил медиҳад, ки якҷояхурсандӣ ва ё андӯҳро ифода менамоянд. Гурӯҳи конвентсионалӣ афродеро дар бармегирад, ки онҳо аз рӯи арзишҳои муайян шуда дар ҳамон ҳолат рафтор менамояндва аз доираи он арзишҳо намебароянд. Масалан, мухлиси шавқуннакунанда дарстадион. Издиҳоми амалкунанда – ин маҷмӯи одамонест, ки вобаста ба объектимушаххас рафтори фаъол менамоянд. Издиҳоми амалкунандаро ба якчанд гурӯҳ ҷудомекунанд. Гурӯҳи агрессивӣ, гурӯҳе, ки паноҳгоҳ меҷӯяд, ё ин ки эмин буданромехоҳад. Гурӯҳи агрессивӣ издиҳоме, ки ба вайронкорӣ даст мезанад, мебошад. Издиҳомипаноҳҷӯяндагон афродеро муттаҳид месозад, ки дар ҳолати ҳарос қарор доранд.Авбошон ин издиҳомест, ки ба ғоратгарӣ ва задухӯрд машғуланд. Издиҳомиэкстатикй афродеро ба ҳам овардааст, ки зери ягон маросими динӣ ё дигартаъсиррасониҳо гирифтор гардидаанд.
Зери мафҳуми “публика” гурӯҳи калони одамоне дониста мешаванд, ки ягонҳодиса шавқу ҳаваси онҳоро бо ҳам овардааст, онҳо бе ягон ташкилии махсус баҳам меоянд. Публика бо пайдоиши предмети таваҷҷӯҳи омма ба вуҷуд меояд. Ин метавонад ҳодиса, фард, бозёфти илмӣ,ягон бахши санъат ва ғайра бошад. Олим Г. Тард хонандагони як рӯзномаро публикаменомад. Дар тафовут нисбат ба издиҳом дар байни аъзоёни публика баҳси ақлонӣ(гуногунандешӣ) танқид ва мубориза ҷой дорад.
Субъекти рафтори омма ин фард мебошад. Инчунин маънидод карда мешавад,фаъолияти онҳо дар доираи ягон вақти муайян ва фазо мувофиқат нашудааст,фаъолияти онҳо оқибатҳои муҳими иҷтимоиро ба бор меорад. Масалан, қарори оилаоиди доштан ва на- доштани фарзанд метавонад ба таркиши демографӣ овардарасонад. Нобоварии саҳмгузорон метавонад, ба хазинаи молиявии банк ва мамлакаттаъсири манфӣ расонад. Рафтори як нафар метавонад предмети омӯзиши сотсиологиянабошад. Агар ин фаъолият хусусияти оммавиро касб намояд, он гоҳ сухан доир барафтори омма меравад.
Рафтори иҷтимоии оммаро тавсифи гуногун менамоянд. Вобаста ба масоҳат вадараҷаи ташкили ин ё он рафтори иҷтимоӣ онро ба шаклҳои зерин: ҳаракатҳоииҷтимоӣ, ахлоқӣ оммавӣ ва ахлоқи иҷтимоии шахс ҷудо мекунанд.
- Ҳаракатҳои иҷтимоӣ<strong/>
Ҳаракатҳоииҷтимоӣ як шакли рафтори иҷтимоӣ буда, фаъолияти гурӯҳи калон ё якчанд гурӯҳродар бар мегирад. Гурӯҳҳо фаъолияти худро барои қонеъ гардонидани талаботҳо вашавқу ҳаваси худ амалӣ менамоянд. Пас, ҳаракати иҷтимоӣ мусоидат кардан ёнакардан ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳаракатҳоииҷтимоиро аз рӯи хусусиятҳояшон ба чунин тартиб овардан мумкин аст. Агарфаъолияти ҳаракат ба сохторҳои давлатӣ равона карда шуда бошад, пас ин навъҳаракатро ҳаракати сиёсӣ медонанд. Вале бояд зикр намуд, ки аксаран ҳаракатҳоиомма, ки барои қонеъ намудани талаботҳои худ равона шудаанд, ҳаракати сиёсӣшумурда намешаванд. Масалан, ҳаракат барои барқарор намудани ҳуқуқҳоишаҳрвандӣ, ҳаракат барои беҳтар кардани шароити зист) меҳнат. Баъзе аз онҳометавонанд, ки хусусияти сиёсиро кам ё бисёр касб намоянд. Дар ҳама ҳолат ҳаряк ҳаракат дорои мақсад ва мароми ба худ хос аст. Дар аксари мамлакатҳои муосирҳаракатҳои занон, ҷавонон, экологӣ, ҳаракатҳои гендерӣ ва ғайраҳо хело инкишофёфтааст.
Ҳаракатҳоииҷтимоиро ба навъҳои зерин ҷудо менамоянд, ки инҳоянд: ҳаракати иҷтимоииутопиявӣ (хаёлӣ), ҳаракати ислоҳоткунандагон, ҳаракати таназзулкунанда,ҳаракати инқилобӣ.
Ҳаракати иҷтимоии утопиявӣ ҳамеша мекӯшад,ки як ҷомеаи идеалӣ бароиинсоният бисозанд. Тарафдори ҳаракати ислоҳоткунадагон (реформаторҳо),мехоҳанд, ки дар сохтори мавҷудаи ҷомеа дигаргуниҳои иҷтимоиро ворид намоянд.Намояндагони ҳаракатҳоитаназзулкунанда (ҳаракати муқовимат) бошанд, садди роҳи дигаргуниҳои иҷтимоии ҷомеамегарданд.
Ҳаракати инқилобӣ мехоҳанд, бороҳи инқилобӣ сохтори мавҷудаи ҷомеаротағйир дода, сохти нави ҷамъиятиро барпо намоянд. Ҳама ҳаракатҳоииҷтимоӣ аз норизогӣ ба ягон чиз сар мезананд.Вале бояд, тазаккур дод, ки на ҳамаи норизогии иҷтимоӣсабаби ба вуқӯъ омадани ҳаракатҳоииҷтимоӣ мегардад. Ғайр аз ин дар тафаккури аксари мардум ақидае пайдо мешавад,ки ҳукуматдорон барои ҳалли проблемаҳо кӯшиш намеварзанд. Дар ин ҳолат но-розогии иҷтимоӣ ба вуҷуд омада ҳаракатҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меорад.Ҳаракаткунандагони иҷтимоӣ ба ҳукуматдорон роҳҳои ҳалли масъалаҳоро мегузоранд.Ин ҷо сухан доир ба идеологияи мавҷудаест, ки чун пул байни норизоён ватарафдорон хизмат менамояд. Барои дар амал тадбиқ намудан ва роҳбарии инфаъолиятҳо ташкилот, пешво, тарафдорони ашаддӣ, ки ҷавҳарро ташкил медиҳанд,лозим аст.
Дар ҷомеаҳоимӯътадил ҳаракатҳои иҷтимоӣ ниҳоят кам ба вуқӯъ меоянд. Агар ҳаракати иҷтимоӣниҳоят пурзӯр бошанд, пас ин бозгӯӣ ҷомеаи номӯътадил мебошад. Дар бисёрҳолатҳо ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи харобкорӣ, вайрон кардан ба вуҷуд меояд.Ҳаракатҳои пурзӯри иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои номӯътадил бавуҷуд меояд. Харобкориииҷтимоӣ дар натиҷаи гум кардани самти ахлоқии одамон ба вуқӯъ мепайвандад. Р.Мертон аъзоёни ҷомеаи номӯътадилро чунин тасниф менамояд: 1) дар тафаккуриаппарати роҳбарӣ бетарафй нисбат ба табақаи поёнӣ ба вуҷуд меояд; 2) табақаи поёнӣэҳсос менамояд, ки ба мақсади асосии худ, ки ин ҷомеа эълон доштааст, нахоҳадрасид; 3) ҳамаи аъзоёни ҷомеа эҳсос менамояд, ки кӯшишҳо бе натиҷа мемонанд; 4)бовариӣ пайдо мегардад, ки ин ҷомеа аъзоёнашро умуман дастгирӣ карданаметавонад.
Дар ҷомеаҳоимӯътадил ҳаракатҳои иҷтимоӣ низ ба вуқӯъмеоянд ва онҳо ба ҷараёни ороми фарҳангӣ табдил меёбанд. Ҷараёни фарҳангӣ-равандест, ки тағйиротҳои муайян метавонанд тарзи ҳаётро оҳиста – оҳиста тағйирдиҳанд. Масалан, муборизаи нажодҳо дар тӯли якчанд сол боиси тағйирдиҳиисарқонуни ШМА гардид.
Ахлоқи коллективй
Ахлоқи коллективӣ дар тӯли таърих бавуҷуд меояд. Ахлоқӣ коллективӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ пас аз худ ба худ дарккардани одамон ба амал меояд. Субъекти ахлоқи коллективиро издиҳом ташкилмедиҳад.
Аввалин маротиба дар асри XIX аз тарафи табиб ва рӯҳшинос Г. Лебон назарияи ахлоқи коллективӣ пешниҳодгардид. Вай дар китоби “Психологияи издиҳом ” (1895) зикр менамояд, ки равониодамон ин ирсӣ (аз гузаштагон мерос мондааст) ва ҳосилшуда ( дар натиҷаитаҷрибаи шахсӣ) мебошад. Ба издиҳом афтида одамон ба давраи аввали инкишофи худбармегарданд.
Г. Лебон қонуни ягонаи равони издиҳомробаён намудааст. Мазмуни ин қонун аз он иборат мебошад, дар издиҳом маълумотбарои одамон дар як зина қарор дорад ва дар натиҷаи он оммаи шабеҳ (якхела)пайдо мегардад. Яке аз хусусиятҳои оммаи шабеҳ аз он иборат мебошад, ки:
- зудбоваранд, зудзери таъсир қарор мегиранд ва онҳо тафаккури танқидӣ надоранд;
- кӯҳнапарастанд,тоқатнопазиранд;
- қобилиятимушоҳида надоранд;
- ниҳоят ҳамэҳсосотӣ мебошанд.
Ин хусусиятҳо мувофиқи андешаи Г.Лебон, дар натиҷаи се механизми асосии равонӣ: тақлид, мубталогардӣ,худталқинкунӣ ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи фаъолияти бешуурона дар давраи аввал одамон ба инстинктисоддалавҳона итоат кардан фаъолият менамоянд. Яке аз механизми асосӣ инхудталқинкунӣ ба шумор меравад. Ин механизм дар оммаи шабеҳ замоне зоҳирмегардад, ки бешуурона, бе ягон мулоҳизаи танқидӣ ҳама гуна ташвиқро барои амалнамудан қабул намуда, рафторе содир менамоянд, ки ба характер одатҳо взтафаккури онҳо бегона аст. Яке аз омилҳои асосии алоқамандии фард ва издиҳом интақлид ба шумор меравад. Яъне бошуурсна ва бешуурона фаъолияти одамон, ки бароитакрори амалҳо ва рафтори афроди дигар равон шууда бошад. Таъсири ин ҳолатирӯҳию равонии аз тарафи олими франсуз шогирди Г. Лебон Г.Тард тавзеҳ ёфтааст. Ӯандешаҳои худро доир ба ин масъала дар китобҳояш “Қонуни тақлид кардан” (1892.)ва “Афкори омма ва издиҳом” (1902.) иброз намудааст.
Дар ҷаҳони муосир назарияи рафтори оммаи олимон – X. Ортега – Гасет ва Д. Рисмен ҷолиби диққат мебошад. Дар андешаҳои онҳоконсепсияи эҷоднамудаи Г.Лебон ва Г.Тард инкишоф дода шудааст. Мувофиқи андешаиОртега-Гасет, дар ахлоқи оммавӣ мавқеи асосиро аксарият ишғол менамоянд.Вай дар китобаш “Шӯриши омма” вазифаҳоиоммаро чунин тавзеҳ медиҳад: Омма 1) имрӯзҳо ҳамон амалҳоеро иҷро менамоянд, кипештар аз тарафи ақаллият интихоб гардидаанд; 2) ва онҳо дигар ба ақаллият итоатнаменамоянд.
Дар китоби “Издиҳоми танҳо” Д. Рисмен нишон медиҳад, ки фард ба тавримеханикӣ амал менамояд, дар натиҷа вай чун омма баромад мекунад, на чуниздиҳом. Васоити ахбори омма ба одамон таъсир расонида, онро танҳо худ ба худнамемонад ва яке аз сабабҳои таркиши эмотсианалии омма мегардад.
Таҳлили консепсияҳои муосир нишон медиҳад, ки хусусиятҳои асосиии рафториоммаро нишон диҳем. Аввалан бояд зикр намуд, ки онҳо ғайриоддӣ буда, бастандартҳои муайян ҷавобгӯй нестанд. Дуюм онҳо яке аз навъҳои экстремалиирафтор мебошанд. Сеюм рафтори омма имкон медиҳад, ки одамон хатарро эҳсос кардатавонанд. Чорум дар шароити муайяни иҷтимоӣ ба амал меояд: аз қабили дараҷаибаланди бекорӣ, дараҷаи бади иҷтимоӣ иқтисодӣ, дараҷаи пасти аҳолӣ ва ғайраҳо.
Яке аз фарқиятҳои ҷиддии байни издиҳом аз омма ин беҳад наздик буданииздиҳом ба ҳам мебошад. Дар омма алоқаи байни одамон он қадар муҳим нест.Рафтори омма бештар дар издиҳом ба назар мерасад ва он метавонад, ки хусусиятиоммавиро касб намояд.
Дар илми ҷомеашиносй се навъи эҳсосотро ба рафтори омма мансуб медонанд:тарс, душманӣ, хурсандӣ. Ин эҳсосот дар издиҳом ва омма ифода ва ҳис кардамешавад. Дар ҳолатҳои гуногун эҳсосот бо қувваи гуногун метавонад ба вуҷуд ояд.
Рафтори иҷтимоии шахсият
Рафтори шахсият – амалҳои зоҳирии мушоҳидашаванда ва фаъолияти муайяни фардпайдарпай мебошад, ки онҳо таваҷҷӯҳи одамони дигарро ҷалб менамояд. Рафторифард маънои иҷтимоиро замоне дар бар мегирад, ки вай чун шахсият шинохта шудава бо афроди дигар дар муошират аст. Ин ҷо сухан дар бораи субъекти рафторемеравад, ки вай аз нуқтаи назари мавҷудоти соҳибхирад баромад карда, ҳамаиамалҳо ва муносибату алоқаашро дар мизони хирад роҳандозӣ менамояд.
Рафтори инсон аз рафтори ҳайвонот билкул фарқ менамояд. Ҳайвон тамомифаъолияташ барои қонеъ гардонидани талаботҳои табиии хеш сарф менамояд. Одамбошад, ғайр аз талаботҳои табиӣ боз ба талаботҳои дигар ниёз дорад. Пеш аз ҳамабарои ноил шудан ба талаботҳои табиӣ инсон як қатор амалҳои бошууронаро басомон мерасонад, ки минбаъда барои истеҳсол кардани маводҳои ниёзи ӯ хизматменамояд. Масалан, тайёр намудани олоти меҳнат, истифодабарии забон чун воситаимуошират. Бояд зикр намуд, ки талаботҳои инсон рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Азҳамин лиҳоз ҳамагуна рафтори одамон ҷавҳари иҷтимоӣ доранд.
Рафтори иҷтимоӣ –фаъолияти зоҳирии инсон буда, мавқеи мушаххаси фард ва устувории ӯро нишонмедиҳад. Ба сифати механизми худтанзимкунандаи рафтори иҷтимоии шахсият дастури иҷтимоӣ, ки дар натиҷаибаҳамалоқамандии ангезанда ва далелҳо шароити мушаххаси муҳити беруна ба вуҷудмеояд, баромад мекунад. Дастурамал дар худ тайёр будани инсонро барои фаъолшудан нисбат ба ягон объект нишон медиҳад. Дастури иҷтимоӣ – арзиши муносибатба объекти иҷтимоӣ буда, он аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ тайёр аст, муносибаташромусбӣ ё манфӣ нисбат ба объект ифоданамояд. Мувофиқи андешаи сотсиологи амрикоӣ Ҷ. Герберт, дастури иҷтимоӣ дар худҳамаи он чизеро, ки барои мо қобили қабул аст ё нест, нисбат ба худ ва муҳитиатроф таҷассум менамояд. Дастури иҷтимоӣ аз қобилияти дарки ҷаҳону худ вақобилияти чӣ тавр дигарон онро дарк менамоянд, он аз тарафи оммаи иҷтимоӣ чӣтавр қабул карда мешавад, ба вуҷуд меояд.
Соли 1934 олими америкоӣ Лапер таҷрибае гузаронд, ки минбаъд бо номи«парадокс» (таноқуз, бовар накардан) маълум гардид. Ӯ бо донишҷӯёни хитоӣ дар255 меҳмонхонаҳои ШМА меҳмон мешаванд. Дар 255 меҳмонхона онҳоро бо лутфумеҳрубонӣ қабул менамоянд, вале танҳо дар як меҳмонхона онҳоро хуб қабулнакардаанд. Вай баъд аз бозгашт ба 255 меҳмонхона барои дубора меҳмон шудан баонҳо мактуб менависад ва зикр менамояд, ки онҳоро ба мисли маротибаи аввал хушқабул карда метавонанд. Аз 128 меҳмонхона ҷавоб омад. Танҳо соҳиби якмеҳмонхона дар ҷавобаш нигоштааст, ки онҳоро хуб пазироӣ менамояд. Соҳиби 127меҳмонхонаи дигар ҷавоби рад додаанд. Лапер ба хулосае, омад, ки рафтор вамуносибати ҳақиқии соҳибони меҳмонхона нисбат ба хитоиҳо тафовут дорад.
Сабаби бовар накардан дар он мебошад, ки дар ҳар як инсон на як дастур,балки якчанд дастури иҷтимоии дараҷаҳои гуногунро дорад, ки вобаста ба шароитаз онҳо истифода мебарад. Чӣ тавре ки маълум аст, талаботҳои инсонӣ аз рӯитарзи муайян хусусиятҳои мартабавиро дорост. Ҳангоми қонеъ намудани талаботимартабаи паст дар одам талабот барои қонеъ намудани мартабаи баланд пайдомегардад. Ҳар як дараҷа барои худ дастури иҷтимоии худро дорост.
Дар бахши аввали ин қисса дастури содда, яъне хуб пазироӣ гардидани устодушогирди хитоӣ аз тарафи соҳибони меҳмонхонаҳо нишон дода шуда ва соҳибони мехмонхонаҳоба рафтори донишҷӯи хитоӣ ошно набудаанд ва замоне ки онҳо ба рафтори донишҷӯихитоӣ шинос гардиданд, муносибати худро ба мактуби ирсолкардаи устоди донишгоҳбилкул дигар карданд ва ҷавоби рад доданд. Рафтори донишҷӯи хитоӣ ба арзишҳо вадастурҳои мавҷудаи ҷомеаи ҳамонвақтаи амрикоӣ ҷавобгӯ набуд.
Фардҳо ҳамеша дастурҳои хешро вобаста ба дастурҳои одамони дигар тағйирмедиҳад. Саволе пайдо мешавад, ки афроди дигар кистанд? Ин савол ду ҷавобродорост 1) Дигарон нафароне мебошанд, ки мо нисбати онҳо як ҳусну таваҷҷӯҳи хосадорем ва онҳо ба мо мақбуланд. 2) Дигарон онҳоеанд, ки дар қатори мо буда, валекаме мартабаи онҳо баланд мебошанд.
Рафтори каҷравӣ
Рафтори одамонна ҳама вақт ба арзишҳо ва андозаҳое, ки омма қабул кардааст, монандӣ мекунад.Рафтори каҷрав (аз калимаи лот. deviatio гирифта шуда, маънояш – ношоиста,бероҳа, ноҷо буда) – ин амал, фаъолияти одамонест, бо арзишҳо ва андозаҳое, киҷомеа барои ҳамаи аъзоёнаш қабул намудааст, рост намеояд. Ин рафтор, кихусусияти инфиродиро дорост, аз тарафи илми равоншиносӣ, педагогика мавридиомӯзиш қарор дода шудааст. Предмети омӯзиши сотсиология амали як нафар не,балки рафтори омма, ки ба самти муқобили ҷараёни арзишҳои ҷойдошта равонашудааст, қарор мегирад. Аз рӯи фаҳмиши сотсиологӣ рафтори каҷравӣ рӯйдодииҷтимоӣ – таърихӣ мебошад, ки бо арзишҳои барқароргардидаи ҷомеа ин рафтормутобиқат наменамояд.
Предмети омӯзиши сотсиология ин бемории равонӣ намебошад ва ин беморӣхусусияти оммавиро касб намекунад. Рафтори каҷрав дар байни одамони бемориирӯҳидошта кам ба назар мерасад. Онҳо арзишҳои доштаи ҷомеаро кам вайронменамоянд. Рафтори каҷрав аз тарафи одамони бошуур бештар ба назар мерасад.
Рафтори каҷрав на ҳама вақт маънои манфиродорост. Аз арзишҳои ҷомеа дур шудан ду маъноро ифода менамояд:1) манфӣ баиштибоҳ роҳ додан дар сохти мавҷуда ва барои аз байн рабудани он ташвиқотбурдан; 2) мусбӣ, яъне барои такомул ёфтани он ҳамчун олот хизмат кардан.
Се қисми асосии каҷравии иҷтимоиро ҷудо кардан мумкин аст: инсон (гурӯҳ),ки ба онҳо рафтори муайян мансуб аст; интизорӣ ва арзишҳо, ки чун усулибаҳодиҳии рафтори ноҷо ба ҳисоб меравад; гурӯҳ ё ташкилот, ки рафторро даркменамояд. Рафтори ноҷо, каҷравиро бо мушкилӣ муайян кардан мумкин аст, чункиченакҳо ва арзишҳои дар ҷомеа ҷойдошта ҳамеша тағйирпазир ва гуногун мебошанд.
Ба навъ ҷудо кардани рафтори каҷрав ниҳоят ҳам кори мушкил ба ҳисобмеравад, чунки як рафтор метавонад, ки айни замон хуб шумурда шавад ва пас азмуддате ноҷо хисобида шавад. Пеш аз ҳама, рафтори каҷравӣ бори аввалро ҷудоменамоянд. Дар рафтори каҷравӣ бори аввал як қисми арзишҳое, ки ҷомеа ё гурӯҳқабул кардааст, барои аъзоёни он ҳатмӣ мебошад. Агар афроде, ки дар ин ҷомеа ёин гурӯҳҳо рафтори ноҷо кунанд, гунаҳгор дониста намешаванд. Каҷравии дуюм – инкаҷ гаштани фард аз нормаҳои ҷойдошта дар гурӯҳҳо ва ҷомеа мебошад.
Аз тарафи Р. Мертон намудҳои рафторҳои иртиҷоӣ кор карда шудааст. Ӯ каҷравӣаз арзишҳои ахлоқро чун норизогии афрод ба фарҳанги муайянӣ ҷойдошта пиндошта,зикр менамояд, ки фард мехоҳад, барои қонеъ кардани талаботҳои иҷтимоии худкӯшиш ба харҷ диҳад.
Одамон дар иҳотаи иҷтимоӣ қарордоранд ва онҳо ба гурӯҳҳои гуногун аъзо мебошанд. Ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ ҷадвалирасидан ба мақсадҳои хешро аз рӯи батанзимдарории арзишҳои ахлоқӣ дорад.Вобаста аз муносибатҳои байниҳамдигарии мақсаду маром ва роҳҳои расидан баонҳоро Р. Мертон ба панҷ навъ ҷудо менамояд.
Конформизм (итоат кардан) ин рафторест, ки умумияти иҷтимоӣ аз ақидавуандешаи худ рӯй гардонида, мақсад ва мароми умумияти ҷойдоштаро қабул менамояд.Ин навъи рафтор бисёр ҳам паҳнгашта мебошад. Рафтор дар чаҳорчӯбаи нақшаҳое, киаз тарафи омма қабул гардиданд ва барои ба мақсад расидан нигаронида шудаанд,ба роҳ монда мешавад.
Навгониҳо (навоварӣ) рафтор, ифодакунандаи мақсад буда, он олотҳои расиданба мақсадро надорад. Масалан, аввалин ислоҳотчиёни ҷомеаи муосири рус мақсадҳоиниҳоят ҳам хуб пешниҳод карда буданд, яъне ҷомеаи камбағалонро ба ҷомеаи бойюсарватманд баробар созанд. Аммо онҳо роҳҳои амалӣ намудани ин мақсадро нишоннадода буданд. Р. Мертон ин навъи рафтори иртиҷоиро тавсиф карда менигорад:“Номувофиқии шаклҳои навоварӣ метавонад натиҷаҳои хилофи корро ба бор орад,одамон аз нокомиҳо барои расидан ба мақсад мутаассир гашта, онҳо аз ниҳодҳоиҷамъиятӣ ва нигоҳдории расидан ба комёбиҳо рӯй мегардонанд».
Ритуализм (аз калимаи маросим гирифта шудааст.) эътироф накардани мақсад,вале этътирофи воситаи расидан ба мақсадро ифода менамояд. Масалан, бюрократ батарзи дуруст пур кардани коғазҳои гуногун назорат карда, мақсади асосии онро,яъне барои чӣ онҳо пур карда мешаванд, фаромӯш менамояд. Мақсад ба як тарафгузошта шуда, арзишҳои муайяншуда нигоҳ дошта мешавад. Аҷибаш дар он аст, кимансабдор бе мақсад фаъолият намуда, оқибат худ қурбонии чунин амалҳо мегардад.
Ретритизм (парасторӣ, нигоҳубин, парвариш, парастиш) навъи одати фард дарҷомеа буда, онҳоро ҷомеа эътироф надорад. Ин одамон дар ҷомеаанд, вале боядзикр кард, ки онҳо ба ин ҷомеа мансуб нестанд, Ин чунин маъноро ифода мекунад,ки онҳоро ҷомеа рад кардааст. Инкори ҷомеа онҳоро ба куҷо мебарад? Одамон бабемории рӯҳӣ гирифтор гардида, майзада мешаванд, маводи мухаддир истеъмолмекунанд, оворагард мегарданд ва ё ба дин рӯй меоранд.
Исён (балво) – ин рафтори иртиҷоӣ буда, мақсад ва воситаҳои вуҷуд доштаиҷомеаро инкор карда, мақсад ва воситаҳои навро пайгирӣ менамоянд. Ин кӯшишест,ки тартиботи навъи иҷтимоиро бино намоянд.
Аз ин ҳама навъҳои рафтори каҷрав фақат конформизм ба ин навъ дохилнамешавад. Дигар навъҳо ба рафтори иртиҷоӣ мансуб мебошанд.
Якчанд навъи маънидодкунии рафтори иртиҷоӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи назарияҳорафтори иртиҷоиро ба се гурӯҳ ҷудо менамоянд: биологӣ, равонӣ ва сотсиологӣ.Назарияи биологӣ рафтори каҷравро авлодӣ дониста, амалҳои иҷрокардаи шахсровобаста ба он мебинад. Назарияи равонӣ бошад, рафтори каҷравро вобаста банодурустии инкишофи равонии шахс медонад. Назарияи сотсиологӣ рафтори каҷравроаз нуқтаи назари омилҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ маънидод менамояд.
Аввалин маротиба аз нуқтаи назари сотсиологӣ рафтори каҷравӣ дар назарияибетанзимии (аномия) Э. Дюркгейм баён гардидааст. Зеро мафҳуми “аномия” – гуфта,Дюркгейм бетанзимиро медонист”. Ҳангоми бӯҳрони ҷомеа арзишҳои ҷомеа вайронмегарданд, одамон самти худро гум мекунанд, ҳолати вайроншавии иҷтимоӣ ба вуҷудмеояд, яъне арзишҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ суст ва ё муқобили якдигар меистанд.
Минбаъда назарияи бетанзимӣ аз тарафи Р. Мертон инкишоф дода шудааст.Мувофиқи андешаи вай, сабаби рафтори каҷравӣ дар он мебошад, ки байни арзишҳоифарҳангӣ ва васоити иҷтимоие, ки эътироф гардидаанд, ҷудоӣ ба амал меояд.Масалан, одамон барои ноил гардидан ба муваффақияти молӣ кӯшиш менамоянд, валетавассути меъёрҳои эътирофшуда ва роҳҳои қонунӣ ба орзуи хеш намерасанд.
Назарияи бетанзимӣ дар ҷаҳони имрӯза чунин тавзеҳ дода мешавад. Бетанзимӣин ҳолати ахлоқӣ-психологии фард ва шуури ҷамъиятиест, ки ифодакунандаи вайроншавиисохтори арзишҳо буда, роҳҳои расидан ба мақсадро тариқи ғайриқонунӣ медонад.
- Назорати иҷтимой
Дар ҷумҳурии мо одамон бисёр мегӯянд, ки дар ҷомеа тартибот кам ба назармерасад. Дар илми сотсиология мавқеи ашёҳо ва муҳити атрофро бо мафҳуми «тартиботииҷтимоӣ» ифода менамоянд. Тартиботи иҷтимоӣ маҷмӯест, ки дар он одат ваанъанаҳо ноаён амал менамояд, алоқамандии байни афрод тавассути он суратгирифта, ҳангоми иҷроиши фаъолияти гуногун мусоидат карда, барои бомуваффақиятфаъолият намудани системаи вуҷуддошта хизмат менамояд.
Кор накардани ин ё он арзишҳои иҷтимоиро дар ҷомеа қайд намуда ва айнизамон бояд, зикр кард, ки дар маҷмӯъ системаи иҷтимоӣ фаъолият менамояд, одамонба кор мераванд, нақлиёти шаҳрӣ кор мекунад ва ғайраҳо. Саволе ба вуҷуд меояд,ки чӣ маҷбур месозад, системаи ҷомеа фаъолият намояд? Назорати иҷтимоӣ тарзихудтанзимкунии системаи иҷтимоӣ буда, ба воситаи унсурҳою меъёрҳо, аз он ҷумламеъёрҳои ҳуқуқӣ танзим мегарданд. Вазифаи эътидолии системаи назорати иҷтимоӣаз тарзи истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсоли ҷомеа ва сохтори иҷтимоии он(гурӯҳҳо, синфҳо, сохтори давлатӣ) вобаста мебошад.
Назорати иҷтимоӣ ду унсури асосӣ: меъёр ва санксия (иҷозат, рухсат )-родорост. Меъёрҳо ин андозаҳоест, ки чӣ тавр дар ҷомеа бояд рафтор кард. Санксия-воситаест, ки фардҳо барои амалашон қадр карда мешаванд ё ҷазо мегиранд. Ҳаётиинсон, қадру қимати он, муносибат ба калонсолон, хурдсолон, рамзҳои коллективӣ,ба воситаи қонунҳои ҷомеа қадр ва муҳофизат карда мешаванд.
Назорати иҷтимоӣ қонунӣ ва ғайриқонунӣ мешаванд. Назорати қонунӣ аз тарафиташкилотҳои давлатӣ иҷро карда мешавад.Барои амалӣ гардидани онҳо сохтор ва қоидаҳои махсус тартиб дода мешавад.Масалан, қонуни ҷиноятӣ. Ташкилотҳои иҷтимоии чунин сохторҳо сохторҳоимуҳофизати қонун мебошад. Се усули қонунии назорати иҷтимоӣ ҷой дорад: маҳдудкардан, ҷудо кардан ва сафед кардан. Маҳдуд кардан ба мақсади аз дигар афродҷудо кардан мебошад, ки ҳатто сафед карда намешавад. Ин ба нафароне дахл дорад,ки якчанд маротиба ҷиноят содир кардаанд. Ҷудо кардан алоқаи гунаҳгорро боодамони дигар муваққатан қатъ кардан аст, вале ин маънои онро надорад, ки фардигунаҳгор дигар имкониятҳои муошират карданро аз даст медиҳад. Онҳо имконияти баҳаёти ҷомеа бар- гаштанро доранд, агар ба қонунҳо ва меъёрҳои ҷойдоштаи он риоянамоянд. Масалан, дар махқама ва беморхонаи рӯҳӣ бо муддати муайян ҷой доштанибаъзе фардҳо. Сафед кардан ин тайёр кардани фард ба ҳаёти мустақил ва иҷрокардани вазифаҳои ҷамъиятиашон мебошад. Инҳо метавонанд, ки майзадаҳо ва ёистеъмолкунандагони маводи мухаддир, ки бе муайян кардани ному насабашонтабобат гардида, барои фаъолияти минбаъда равон карда шаванд.
Назорати ғайриқонунӣ – як навъи таъсиррасониест, ки ба гурӯҳҳои хурд мансубмебошад ва ба воситаи танқиду хандахариш каҷравии афродро пешгирӣ менамоянд.Чор навъи назорати иҷтимоии ғайриқонуниро мукофотонидан, боварикунонидан, ҷазододан, аз сари нав баҳо доданро олимон нишон додаанд. Мукофоти иҷтимоииғайриқонунӣ дар шакли лабханд, нигоҳи хайрхоҳона ва ғайраҳо ифода меёбанд.Ҷазои ғайриқонунӣ дар шакли нигоҳи ғазаболуд, танқиди ниҳоят сахт, таҳдид, латукуб ифода мегардад. Боваркунонии ғайриқонунӣ низ яке аз шаклҳои пешгириирафтори каҷ ба ҳисоб меравад. Аз сари нав баҳодиҳӣ яке аз шаклҳои мураккабиназорати иҷтимоии ғайриқонунӣ буда, рафторест, ки ношоиста ҳисобида мешуд ва богузашти айём ҳаматарафа омӯхта шуда, чун рафтори муқаррарӣ маънидод кардамешавад.
Назорати иҷтимоӣ ба тарзҳои муайян гузаронида мешавад. Пеш аз ҳама бо роҳииҷтимоикунонии назорати иҷтимоӣ. Рафтори одамон дар ҷомеа бояд мутобиқидархости ҷомеа суръат гирад. Дар натиҷаи иҷтимоикунонии одамон, ки вазифаҳоииҷтимоии худро бешуурона иҷро менамоянд, оҳиста – оҳиста ба одат мубаддалмегарданд.
Назорати иҷтимоӣ ба воситаи таъсирасонии гурӯҳӣ аз он шаҳодат медиҳад, кифард аъзои гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳ мутобиқи меъёрҳои муайян фаъолиятменамояд, ҳангоми вайрон кардани ин меъёрҳо фард бояд ҷазо гирад. Таъсиригурӯҳӣ аз бисёр ҷиҳатҳо вобаста ба мартабаи фард, муттаҳидии гурӯҳ ва ғайраҳовобаста мебошад. Масалан, агар гурӯҳ бениҳоят муттаҳид бошад, онҳо қонунро хубриоя менамоянд ва дараҷаи таъсири гурӯҳ низ зиёд мегардад.
Низои (моҷаро) иҷтимоӣ
Яке аз шаклҳои ниҳоят паҳнгардидаи рафтори оммавӣ ин низои иҷтимоӣ ба шумормеравад. Ин рӯйдоди иҷтимоӣ буда, ифодакунандаи ҷараёни инкишоф ва ҳал карданифаъолият ва муносибатҳои зидди одамон мебошанд, ки аз рӯи қонуниятҳоиобъективии инкишофи ҷомеа ба амал меояд. Самти ҳаракати ин ҷараён шаклҳоизерини баҳамалоқамандии диалектикиро дорост: 1) аксуламали кушод;
- ҳолати рӯҳии фардва гурӯҳи таззодҳо, ки дар шакли кушода ба вуқӯъ намеоянд.
Ҳама гуна низои иҷтимоӣ сохторимураккаби дохилии худро дорост. Таҳлили мазмун ва муҳимияти равиши низои иҷтимоӣ умуман аз рӯи се зина: зинаи пешазнизоӣ,зинаи низоӣ ва зинаи ҳалли низоъ гузаронида мешавад.
Ягон низои иҷтимоӣ яку якбора ба вуқӯъ намепайвандад. Ҳар яки он дар ҳолатипешазнизоӣ қарор дорад. Дар тӯли муайяни вақт оҳиста – оҳиста ҳаяҷони шиддатнок,оташинӣ ва қаҳру ғазаб ҷамъ мегардад. Ҳолати пешазнизоӣ, баъзан чунон тӯлмекашад, ки сабаби аввалини моҷаро фаромӯш мегардад. Яке аз хусусиятҳои асосиимоҷаро дар лаҳзаи пайдоиш аз вуҷуд доштани ашё (объект) вобаста мебошад. Инобъект бояд ба чашми мухолифин тақсимнашаванда намояд. Андоза ва миқдори онбарои мухолифон даркшаванда бошад. Агар ин ҳолатҳо ҷой надошта бошад, пасмухолифин ба муқобили якдигар барнамехезанд.
Ҳолати пешазнизоӣ -дар ин давра, тарафҳои мухолифини дар- низоъбуда,захираҳои мавҷудаи худро ба ҳисоб гирифта, баъдан ба фаъолияти таҷовузкорона(душманона) даст мезананд. Ба ин захираҳо, маводҳои арзишманд, ахборот,ҳокимият, алоқа, эътибор ва ғайраҳо мансуб мебошанд. Дар ин муддатмуттаҳидгардии қувваҳои мухолиф оиди пайдо кардани тарафдорон ва тартиб доданигурӯҳҳое, ки дар низоъ ширкат меварзанд ба вуқӯъ меояд.
Пеш аз ҳама ҳар як тарафи мухолиф роҳҳои расидан ба мақсадро бе ширкатитарафи мухолиф меҷӯяд. Вақте ки ҳамаи кӯшишҳо бефоида анҷом меёбад, фард ва ёгурӯҳи иҷтимоӣ объектеро, ки барои расидан ба мақсад халал мерасонад ва дараҷаи«гуноҳи» онро муайян сохта ва имконияти ба зидди якдигар қарор гирифтан пайдомешавад, ин ҳолати пешазнизоиро идентификатсия меноманд.
Ба ҳолати пешазнизоӣ, инчунин ҷараёни инкишофи як стратегия ва якчандстратегия мансуб мебошад. Барномае қабул карда мешавад, ки ба ҳолати мавҷудбуда ҷавобгӯ бошад. Мухолифон ҷосусҳои хешро барои муайян кардани ҷиҳатҳоисусти якдигар мефиристанд, то ин ки амалашонро якчанд қадам пештар оғознамоянд.
Ҳолати низоӣ ин фаъолияти иҷтимоиест, ки барои дигар кардани рафторимухолиф ҳангоми ҷой доштани воқеа равона шудааст. Ин қисмати ниҳоят фаъолинизоъ мебошад. Онҳоро шартан ба ду
гурӯҳ ҷудо менамоянд, ки ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои ба худ хосро дорад:
Ба гурӯҳи аввал низое, ки хусусияти озод дорад, дохил мешавад. Ба онҳомансубанд: ҷанҷол (яъне муноқишае, ки байни ду нафар бо воситаи сухан суратмегирад), маҳдудкунии иқтисодӣ, муборизаи сиёсӣ, низои ҷисмонӣ ва ғайраҳо.Азбаски низоъ дар ҷомеа баргузор мегардад, фардҳои бисёре ба он кашидамешаванд. Агар низоъ кушоду равшан баргузор гардад, одатан доираи низоъ васеъмегардад ва он пешгӯишаванда ва муайян мебошад.
Ба гурӯҳи дуюм низоъҳои пардапӯшона мухолифин мансуб мебошанд. Низоипардапӯшона, рӯйпӯшона яке аз воситаи роҳбарии рефлексевӣ ба шумор меравад.
Мувофиқи тавсифи В. Лефевр, роҳбарии бешуурона – як тарзи роҳбарӣ буда,қабули қарорро яке аз афроди амалкунанда иҷро менамояд. Ин онро ифода менамояд,ки яке аз ҳарифон мекӯшад, ки ба шуури дигарон ахбореро ворид кунад ва он шахсзери таъсири андешаҳои он амал намояд ва ба манфиати ӯ кор анҷом пазирад.Хусусияти берунии ҳалли низоъ ин ба поёнрасии воқеа мебошад. Яъне муноқишаибайни тарафҳои мухолиф бардошта мешавад. Вале бояд зикр кард, ки барои ба анҷомрасидани низоъ ин кифоя нест. Ҳалли низои иҷтимоӣ танҳо дар ҳолати тағйирдодани вазъи низоъ, яъне маҷмӯи шароитҳои иҷтимоӣ равоние, ки низоъро ба вуҷудмеоранд, вобаста аст.
Адабиёт:
а) Асосӣ:
- *Идиев X. У., Самиев Б.Ч., Гиёев Қ.Х.Сотсиология. Душанбе – 2006.
- Гулаҳмадов Ш., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б.Сотсиология. Кулоб-2011.
- Одинаев Ғулом. Сотсиология,- Душанбе -2000
- Социология.Основы общей теории. М., 1996.
- Общая социология. М., 2013.