Ташаккулёбии иктисодии милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

С1. Соҳибистиқлолӣ –заминаи асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ

С 2.Марҳилаҳои таърихии ташаккули иқтисоди миллии мамлакат

С 3.Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бунёдшавии иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

С 4.[адафҳо ва хусусиятҳои ҷоришавии муносибатҳои бозоргонӣ дар иқтисоди миллӣ.

САВОЛИ 1. Иқтисоди миллӣ маҳз ба давлати миллиимустақил хос буда, чун хоҷагии бисёрзинаи мамлакат танҳо дар шароити истиқлолиятидавлатии кишвар метавонад арзи вуҷуд намояд. Бинобар ин агар давлат мустақилнабошад, яъне дар тобеияти ягон давлати дигар бошад, дар ин ҳолат иқтисодиётионро миллӣ гуфтан ҷоиз намешавад, зеро он маҳз бо давлати соҳибистиқлол мансубаст. (дар собиқ ИҶШС ҶТ-ро миллӣ гуфтан нашояд).

Бо ақидаи Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон«…истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ вазамонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».

Бо гуфтаҳои боло такья карда метавон шарҳи ботафсилимафҳуми соҳибистиклолиро чунин маънидод намуд: истиқлолият –ин дар арсаи ҷаҳонӣэътироф гардидани давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ ва иқтисодиимамлакат аст; -ин шарафу номусу ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ваталошу ранҷи бардавомии ҳар як фарди ҷомеъа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳангиволост; -ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, сарфи назар аз халқият,миллат, урфу одат ва ақидаю афкор аст.

Бояд қайд намуд, ки дар бисёр мавридҳо мустақилиятидавлатиро бо маънои ба вуҷуд омадани мустақилияти иқтисодӣ мефаҳманд, ки ин ақидаина он қадар дуруст аст, зеро соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ маънои соҳибшавироба истиқлолияти иқтисодӣ надорад. Мафҳуми истиқлолияти иқтисодӣ маънои мустақилиихоҷагидории мамлакат, пешбарии иқтисодиётро новобаста аз ягон давлати дунё мефаҳмонад.Яъне ин маънои онро дорад, ки гуё кишвари мазкур фаъолияти иқтисодии худро бе ҳамкорӣба хориҷа бурда метавонад, ки ин ғайримкон аст, зеро равнақи муносибатҳоихоричии иқтисодӣ яке аз омилҳои пешравии мамлакат мебошад. Бинобар ин иқтисодиётимамалакати мустақил комилан мустақил шуда наметавонад (ИМА ва бехатарии иқтисодӣ).

САВОЛИ 2. Пайдоиш ва инкишофи иқтисодии миллиидавлатҳои дунё тамоман гуногун буда, ба якдигар монандӣ надоранд ва сабабҳоипайдоиш ё пош хӯрдани иқтисоди миллӣ, манбаҳои ташаккулёбӣ, ангезаҳои ривоҷуравнақи он гуногунанд. Таърихи пайдоиши иқтисоди миллии мамалакат аз таърихипайдоиши забони миллӣ, фарҳанги миллӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Таърихи ташаккулёбии иқтисоди миллии ҶТ-ро аздавраи ба даст овардани истиқлолияти давлати шуморидан дуруст аст. СоҳибистиқлолииТоҷикистон аз лаҳзаи аз собиқ ИҶШС ҷудо шудан ибтидо гирифта ин ҷудошавӣ, ки азҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ проблемаҳои гуногунро ба миён овард албатта кори начандоносон буда сабабҳои он ба хамагон маълум аст (тарзи тақсимоти моликият, захираҳоипул, тилло ва дигар боигариҳо …).

Тақсимоти моликияти дар тихтиёри марказ будаииттиҳоди аз байнрафта, тақсимоти «мероси марказ» барои ҶТ ба мисли ҷумҳуриҳои дигар як тарзи махсуси милликунонӣ –воситаиташаккули иқтисоди миллӣ буд. Ин «мерос» барои ташкил намудани иктисоди миллиидавлатҳои навбунёди мустақил заминаи хубе гузошт. Тақсимоти моликият дар қаторикорхонаҳои калон, бонкҳо, рохҳои оҳан ва ғ., инчунин қарзҳои собиқ ИҶШС-po дар бар мегирифт (ҳам қарзҳо ба хориҷадодашуда ва гирифташуда).

Мувофиқи созишномае, ки дар Бишкек бо иштирокироҳбарони лавлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои тақсимоти моликияти иттифоқи соли1992 қабул шуда буд, ин тақсимот аз руйи чунин принсип сурат гирифт: ҳар як ҷумҳуриииттифоқӣ соҳиби ҳамон мoликиятемегардад, ки дар санаи тақсимот дар қаламрави он ҷойгир шуда бошад. Қарор шуд,ки ҳамаи боигариҳои хазинаҳои давлатии дар марказ буда ба ихтиёри ФР гузашта, қарзҳоидавлатии хориҷиро медиҳад ва мегирад.

Дар ҷараёни ин тақсимот ҶТ соҳиби ҳамон боигариегашт, ки дар қаламрави мамлакат воқеъ буд –корхонаҳои саноатӣ, барқгоҳҳо, роҳиоҳан, фурӯдгоҳҳо ва ғайраҳо.

САВОЛИ 3. Ташаккулёбии иқтисоди миллиро аз руйизаминаҳоисиёсӣ, иқтисоди ва ташкилӣ таҳлил менамоянд.

Заминаи сиёси масъалаи муқарраршавии ҳокимияти давлатӣ,низоми ҳокимияти сиёсӣ ва самтҳои сиёсати иқтисодии онро дар бар мегирад. Дарин асос принсипҳои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гумрукӣ, арзӣ, сиёсати буҷҷетиюандозгузорӣ, демографӣ ва инчунин ҳамкориҳои иқтисоди хориҷӣ муаяйн кардамешаванд.

Бояд қайд намуд, ки таъсири омилҳои сиёсӣ банатиҷаҳои хоҷагидории хар як мамлакати алоҳида бо чунин роҳҳо сурат мегирад:

-аз руйи усулҳои сафарбаркунии омилҳои сиёсиипешрафти иқтисодиёт, аз ҷумла имкониятҳои сиёсии сафарбаркунии омма ба сӯи ҳадафҳоиасосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат;

-аз руи кафолатҳои сиёсие, ки давлат пешкашменамояд, аз ҷумла дар бобати ҳавасмангардонии соҳибкорон ва дигар субъектҳоихоҷагидорӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои иқтисодивуиҷтимоӣ, таблиғот дар соҳаи ислоҳоти иқтисодӣ, пешгирии қонуншиканиҳо,беадолатиҳои иқтисодӣ ва дигар камбудиҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат;

-фароҳам овардани шароити мусоид бароисармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ. [амин тариқ, барои инкишофи иқтисоди миллӣ дарқатори дигар заминаҳо заминаҳои сиёсӣ бояд пурра истифода шаванд, бартарият ёмахдудиятҳои иқтисоди миллӣ аз руйи имкониятҳои заминаҳои сиёсии кишвар таҳиява муқаррар гарданд.

Дар ҶТ заминаи иқтисодии ташаккулёбии хоҷагиимилӣ ба заминаи иқтисодии ташаккулёбии хоҷагии миллӣ бо заминаи сиёсӣ, яъне соҳибшавӣба истиқлолияти давлатӣ печ дар печ дар як давра ба миён омад.

Заминаҳои иқтисодии ташаккулёбии иқтисодии миллӣ ба вазъи иқтисодиевобаста аст, ки дар он низоми хоҷагӣ амал мекунаду инкишоф меёбад. Вазъи иқтисодироқонунгузорӣ муайян мекунад ва маҳз қонунҳо муносибатҳои моликият, инчунин шаклҳоиҳуқуқию ташкилии хоҷагидориро ба танзим медароранд. Кодекси граждании ҶТ, дигарқонунҳо, амали онҳо унсурҳое вобаста буданд, ки дар асоси онҳо иқтисоди миллӣдар шароити ташаккулёбии худ танзим гашт.

Заминаҳои ташкилии иқтисоди миллии мамлакат фаъолияти низоми хоҷагиимамлакатро дар бар мегирад, ки худ чун объекти мураккаб зоҳир гашта, аз ҷонибидавлат идора карда мешавад. Заминаи ташкили пеш аз ҳама ташкили идоракуниимамлакатро фаро гирифта, тавассути фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дарнавбати худ се шохаи ҳокимиятро (ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ, ки ба СарқонуниҶТ ва қонунҳои конститутсионӣ асос ёфтааст) дар бар мегирад амалӣ мегардад. Даршароити соҳибистиқлоли ташкили идоракуни дар мамлакат дар давраи кӯтоҳтаринтабаддулотро пушти сар намуда, сохтоpи навидавлатдорӣ, принсипҳои нави мустақилона ҳал намудани муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоиродарёфт намуда, идоракунӣ ба худ нақши навро ороста барои бахши хусусӣ васармоягузори муҳити нави соҳибкориро ба пеш овард.

САВОЛИ 4. Соҳибистиклолию ташаккулёбии иқтисодимиллӣ ва гузариш ба бозор –ин ду ҷараёни бузург дар ҶТ дар як давра ба миёномадаанд, ки бе таъхир ва ба таври қатъӣ гузаронидани табадуллоти кулӣ сиёсӣ, иқтисодӣва иҷтимоиро ба рӯзномаи ҳаёти ҷомеа гузоштаанд. Бояд қайд намуд, ки барномаиислоҳоти иқтисодии ҶТ барои соли 1995-2000 ва то соли 2005 нишон дода шуда буд,аз инҳо иборат буданд:

-ташаккули низоми самараноки танзими давлатии иқтисодиёт;

-ташаккули иқтисодиёти ба шаклҳои гуногунимоликият асосёфта ва муҳити рақобатдор дар асоси ислоҳоти муносибатҳо дар соҳаимоликият;

-ба вуҷуд овардани низоми пулию карздиҳие, кибосамар амал мекунад;

-ҷорӣ намудани ислоҳоти сохтори ва таҷдиди иқтисодиёт;

-ноил шудан ба иқтисодиёти озод (кушода), муҳаёҳнамудани шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ;

-ташаккули низоми танзими воридот;

-ташкил намудани низоми самараноки ҳавасмандкуниимеҳнат;

-пурзӯр намудани ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва инкишофиравобити хориҷи бо мамолики ҷаҳон.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, чораҷӯиҳоизиёдеро ба амал баровард, ки миёни онҳо чорабиниҳои зайлро метавон ҷудо намуд:

1. Дар мамлакат ниҳоди (институти) моликиятихусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҷорӣ гашт.

2. Моликияти ягонаи давлатӣ, аз ҷумла фондиманзилии давлати хусусӣ гардонида шуд.

3. Нархҳо озод гаштанд, ба истиснои номгӯихурди онҳое, ки аз ҷониби давлат танзим карда мешаванд.

4. Ташаккулёбии инфрасохтори бозорӣ, яъне бонкҳоитиҷоратӣ, биржаҳо, мақомоти танзими зиддинҳисорӣ, мубодилаи арзи хориҷӣ ва ғ.

5. [уқуқ ва озодиҳои инсон мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқибайналхалқӣ эътироф гаштанд.

(Норасоиҳо дар соҳаи соҳибкорӣ). Ислоҳот дар ҶТдар як давраи кӯтоҳ ва даврае, ки нотинҷиҳои сиёсӣ ҷой дошт сурат гирифта,барномаҳои таҳия ва қабулгашта на ҳама вакт мӯътадил татбиқ мегаштанд. Аз ҳаминнуқтаи назар солҳои сипаригашта дар ҷаҳорчубаи ислоҳот –ин солҳои ҳам созандагӣва ҳам солҳои ҷанги шаҳрвандию барқароркунии баъдиҷангӣ, ҳам ислоҳи хатогӣ ба ҳисобмераванд. Вале мо ҳамагон ба он умед мебандем, ки ин хатогиҳою камбудиҳо бо кӯмакукӯшиши хирадмандонаи Президенти мамлакат, қувваю ғайрати чавонон, ки ояндаимамлакат дар дасти он аст, оҳиста-оҳиста бартараф шуда давлати кӯчаку ҷавони мосоҳиби иқтисодиёти пешрафта гардида обрӯю эҳтибори худро дар арсаи байналмиллалӣбоз ҳам васеътару кушодтар баррасӣ менамояд.

727
Нет комментариев. Ваш будет первым!