Сохтори соҳавии иқтисоди миллӣ, такмили назария ва амалияи соҳабандӣ дар ҷумҳурӣ
С 1. Мазмун ва моҳияти сохтори иқтисод. Сохторисоҳавӣ, минтақавӣ, такрористеҳсолӣ, умумиқтисодӣ ва иҷтимоии иқтисоди миллӣ
С 2. Таҳлили сохтори соҳавии саноат, тахассусикорхонаҳои саноатӣ, мавқеъ ва нақши соҳаҳои алоҳидаи он
С 3. Сохтори соҳавии кишоварзӣ, муаммоҳо ва маҷмӯичорабиниҳои ба рушди соҳа мусоидаткунанда
С 4. Сохтори соҳавии нақлиётӯ алоқа. Муаммоҳо ва дурнамои рушди соҳаҳо.
Саволи 1. Бояд қайд намуд, ки рушди самараноки иқтисодимиллӣ аз сохтори ӯ вобастагӣ дорад ва сохтор то чи андоза мукаммал бошад, ҳамонқадар ба рушди иқтисод мусоидат менамояд.
Сохтори иқтисоди миллӣ –таркиби дохилӣ ва пайвастагии соҳаҳо ва узвҳороифода намуда, на танҳо ҷиҳати миқдорӣ, балки сифатии онро, вобаста ба таносубҳоидохилӣ инъикос менамоянд. Сохтори иқтисоди миллӣ чун ифодакунадаи дараҷаитаркибёбии иқтисодиёт мутобиқи шароити замон арзёбӣ мешавад.
Сохтор доимо дар ҳолати инкишофу тагйирёбӣ қарордорад, ки онро ҷунбиши (лағжиши) сохторӣ меноманд. Ингуна ҷунбиш дар шароитибозор бештар дар натичаи рақобати бозорӣ ба миён меояд: ҳамчун оқибати муфлисшавиибаъзе корхонаҳо ё соҳаҳои иқтисодиёт фаъолияти истеҳсолии худро қатъмегардонанд, аз руи талаботи бозор баръаккс корхонаҳои нави истеҳсолӣ вахизматрасонӣ бунёд мешаванд, ки фаъолияти онхо сохтори истеҳсоли маҳсулот ва хизматро дар минтақа бакуллӣ тагйир медиҳад.
Сохтори иқтисоди миллӣ, чи тавре ки қайд кардашуд таносуби миқдориро ифода мекунад, -таносуби байни соҳаҳо, байни гурӯҳҳоиистеҳсолоти ҷамъиятӣ ё дигар қисматҳои иқтисоди миллӣ. Аз рӯи ин гунна таносубҳоисохторӣ иқтисоди миллиро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
-сохтори соҳавӣ; сохтори минтақавӣ; сохторитакрористеҳсолӣ; сохтори умумииқтисодӣ; сохтори иҷтимоӣ.
Сохтори соҳавӣ таносуби байни соҳаҳои иқтисодиёти кишварро бамонанди саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва ғайра, яъне вазни хоси ҳаряки ин соҳаҳоро, масалан, дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё дар шумораиумумии кормандон муайян мекунад.
Сохтори минтақавии иқтисоди миллӣ таносуби минтақаҳои маъмуриимамлакатро, аз ҷумла вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, минтақаҳои ҷуғрофӣ (минтақаҳоишимолӣ, ҷанубӣ, кӯҳӣ, водигӣ) муайян мекунад. Ингуна таносубҳо хислатҳои ҷойгиршавииқувваҳои истеҳсолкунандаро дар минтақаҳои алоҳида ва омилҳои тақсимоти объектҳоиистеҳсолиро муайян мекунанд. Тансубҳои минтақавӣ аз рӯйи ҳаргуна нишондиҳандаҳо–истеҳсоли маҳсулот, шумораи аҳолӣ, миқдори фондҳои истеҳсолӣ ё аз рӯйи дигариктидорҳои истҳсолӣ муайян карда мешаванд.
Аҳамияти сохтори такрористеҳсолӣ дар он аст,ки бо ёрии он таносуби бахшҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, хизматрасони муайянкарда шуда, тамоюли инкишофи ин соҳаҳо ва инчунин дурнамои онҳо аз руйи пешгӯиҳоиилмӣ асоснок карда мешаванд.
Сохтори умумииқтисодӣ хоҷагии миллиро аз нуқтаи назари таносубҳоибайни истеҳсолот ва истеъмолот, байни истеъмолот ва андӯхт, аз руйи таносубҳоидигари иқтисодие, ки дар дохили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ҷойдоранд, баррасӣ менамоянд.
Сохтори иҷтимоии иқтисоди миллӣ дар шароити бозор таносуби бахши давлатӣ ва ғайридавлатиро аз руинишондиҳандаҳои гуногуни иқтисодӣ таҳлил намуда, дар бораи инкишофи муносибатҳоибозорӣ, ҷараёни хусусигардонии моликият, равнақи соҳибкорию рақобат ва дигар ҷарёнҳоииқтисодӣ маълумот медиҳад. Сохтори иҷтимоӣ инчунин таносуби табақаҳои алоҳидаиаҳолиро аз руйи даромади онҳо, таносуби мардуми камбизоат ва сербизоат, беҳтарнамудани шароити зисту зиндагии мардум ва дигар чиҳатҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолиробаррaсӣнамуда, маълумотҳои зарурӣ пешкаш менамояд.
Сохтори иқтисодиёти миллӣ таносубҳоинамбаршударо ба тариқи вазни хоси ин ё он узв бо ифодаи фоиз, коэффициент,афзоиши мутлақ ва ё нисбӣ ва дигар нишондиҳандаҳои оморӣ муайян карда ҳар якеаз ин нишондиҳандаҳо аҳамияти хоси худро дорад ва ҷиҳатҳои алоҳидаи иқтисодиётроифода менамояд.
Саволи 2. Cаноат яке аз соҳаҳои муҳим ва дар айни замон пешбарандаи иктисоди миллӣ ба ҳисоб рафта,афзоиши истеҳсолоти саноатӣ имкон медиҳад, китаъсиси ҷойҳои нави корӣ суръат ёфта, ба ин васила ба ҳалли проблемаҳоикамбизоатии аҳолӣ мусоидат карда шавад. Барои чунин рушд Тоҷикистон дороиимкониятҳои кофӣ мебошад (, мавҷудияти канданиҳои фоиданок, истеҳсоли ҳаҷминазарраси маҳсулоти кишоварзӣ, музди меҳнати на он қадар баланд ва г.).
Бояд қайд намуд, ки дар солҳои истиқлолиятсаноати гуногунсоҳаи кишвар ба таназзули амиқ рӯ ба рӯ шуд: дар муқоиса бо соли1991 ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар соли 1996 то 34.2 фоиз ва дар солҳои 2004-2005 то 63,6 фоиз паст гардид, ки ин бегуфтугӯ ба сатҳи камбизоатии аҳолӣтаъсири манфӣ расонд. Сатҳи самти ашёии саноат афзоиш ёфта, беш аз 58 фоизроташкил медиҳад. Дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ Заводи алюминийи Тоҷикистон бо вазни қиёсии беш аз 40 фоиз нақши асосиродошта, фаъолияти содиротии он аз тарифҳо ба қувваи барқ, тарифҳои нақлиётӣнархи гилхок ва алюминий вобаста мебошад. Ҳиссаи саноати кӯҳкорӣ аз сабаби сатҳина он қадар баланди сармоягузориҳо, хароҷоти назаррас барои коркарди конҳо,даромаднокии пасти корхонаҳои дахлдор, аз нигоҳи техникӣ ба таври кофӣ муҷаҳҳазнабудани онҳо, заминаи сусти институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ, маҳдуд будани дастрасииинвесторҳо ба иттилоот ҷавобгӯи нерӯи мавҷуда намебошад.
Бо вуҷуди ин дар солҳои охир вобаста ба заминаипасти ибтидоӣ рушди истеҳсолоти саноатӣ бо суръати баланд идома дошт. Манбаъҳоиасосии рушд мухталиф буданд: агар дар оғоз ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонвобаста бошад, рушди имрӯзаи саноат ба маблағгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ,баланд гардидани талаботи дохилӣ алоқаманд аст. Тоҷикистон барои рушди истеҳсолоти аҳамияти минтақавӣ ҷиҳати коркарди саноатӣдорои захираҳо ва (маҳсулоти кишоварзӣ, алафҳои доруворӣ, ангишт, тилло, сангҳоиқиматбаҳо, дигар захираҳои моддӣ) ва инфраструктураи зарурӣ мебошад (дардурнамо, баъди ҳалли проблемаҳои таъминот бо энергия).
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сабабҳои асосиитаназзули истеҳсолоти саноатӣ ва суръати нокифояи барқарорсозии он аз инҳоиборатанд: ғунҷоиши на он қадар баланди бозори дохилӣ, қатъ гардидани робитаҳоиқаблии кооперативӣ, мавҷуд набудани сиёсати дақиқи саноатӣ, сатҳи баландитанзим; маҳдуд будани таҷриба ва дониш дар соҳаи менеҷменти саноатӣ, маҳсулнокиинокифояи қувваи корӣ (танҳо 45 фоиз аз сатҳи Хитой, ду маротиба камтар нисбатба Полша ва Ҳиндустон); сатҳи баланди фарсудашавии таҷҳизот ва технологияи кӯҳна,мушкил будани дастрасӣ ба сармоя, сифати номатлуби маҳсулоти истеҳсолшаванда; бадгардидани шароити ҳамлу нақл, таъминот бо газ, об, гармӣ ва қувваи барқ.
Гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ дар бахшисаноат на танҳо ба баланд бардоштани нерӯи мақомоти идоракунии давлатӣ, инчунинба такмили системаи идоракунӣ нигаронида шудааст. Инвентаризатсияи иқтидорҳоимавҷудаи саноатӣ ва таҳлили корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда(азнавташкилшуда) имкон медиҳад, ки заминаи иттилоотӣ беҳбуд ёфта, усулҳоибаланд бардоштани самарабахшии моликияти давлатӣ таҳия карда шавад.
Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣва беҳбуди дастрасии инвесторҳои имконпазир ба иттилоот метавонад ҷиҳатифаъолтар гардидани инвесторҳои мустақим ба ин соҳаи сармояталаби саноатмусоидат намояд. Бояд имконияти кишвар ҷиҳати ҷалби бештари инвеститсияҳоихусусӣ ба ин соҳа, аз ҷумла таҷдиди қонунгузории андоз, қонунгузорӣ дар бораимоликият беҳбуд бахшида шуда, системаи таъминоти иттилоотӣ оид ба конҳои мавҷудаба инвесторони имконпазир, таҷдиди сохтори системаи бақайдгирӣ ва интиқоли ҳуқуқбарои соҳибии конҳо, таълими кадҳои миллӣ созмон дода шавад.
Фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои соҳибкорихурди саноат на танҳо шуғли босамарро таъмин менамояд, ҳамчунин метавонад барушди умумии саноат ва диверсификатсияи иқтисодиёт мусоидат намояд.
Барои истифодаи афзалиятҳои истеҳсолии Тоҷикистондар доираи вазифаҳои «Дастгирии рушди самтҳои афзалиятноки саноат» маҷмӯичорабиниҳо пешбинӣ мегардад. Ин тадбирҳо асосан ба пешниҳоди лоиҳаҳои асосииинвеститсионӣ барои саноати сабук ва озуқаворӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаҳо босикли пурраи коркарди пахта ва дигар ашёи кишоварзӣ алоқаманд мебошанд. Дар онҳоба саноати масолеҳи бинокорӣ, бо дарназардошти афзоиши талабот ба маводисохтмон аз ҷониби объектҳои сохташавандаи энергетикӣ, роҳсозӣ, дигар объектҳо,инчунин аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Барои ҷалби инвеститсияҳо ҷиҳатикоркарди алюминий, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва саноати кӯҳкорӣ бештар кӯшишба харҷ дода мешавад. Бо дарназардошти талаботи афзоянда аз ҷониби соҳаикишоварзӣ пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати таъсиси истеҳсолот оид ба тавлиди қисмҳои эҳтиётӣ,сохтани техникаи нави кишоварзӣ пешбинӣ мегардад. Беҳбуди таъминоти объектҳоисоҳибкорӣ хурд, инчунин хоҷагиҳои ҳавлигӣ бо энергия метавонанд ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсолитаҷҳизот барои тавлиди энергияҳои алтернативӣ (шамолӣ, офтобӣ) ва газҳои биологӣмусоидат намояд, ки мустақиман ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳоидурдасти Тоҷикистон вобаста мебошад.
Бо дарназардошти муҳимии нақлиёт ва энергетикадар таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ ва оддигардонии дастрасии аҳолӣ бахизматрасониҳои иҷтимоӣ лоиҳаҳои нави пешниҳодшаванда дар ин соҳаҳо баматритсаи бахшии фаъолияти СПКСК барои 2007-2009 ворид гардиданд.
Хамин тавр, татбиқи тадбирҳои зикргардида имконмедиҳад, ки дар соли 2009 ба муваффакиятхои зерин ноил гардем:
-дар бахши инфраструктура – муомилоти мол вамусофиркашонӣ мутаносибан 12.6 фоиз ва 4.7 фоиз афзоиш ёбад, ҳиссаи бахши алоқанисбат ба ММД 38 фоиз зиёд гардад;
-дар бахши энергетика – давомнокии ҳисобимиёнаи шабонарӯзии додани қувваи барқ ба истифодабарандагон аз 16 то 20 соатидома ёбад, касри квазифискалӣ аз 20.5 то 0 фоиз паст гардида, ҷадвали дақиқидодани газ, қувваи барқ ва гармӣ ҷорӣ карда шавад;
-дар бахши саноат – ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣаз ҳисоби барқарорсозӣ ва рушди корхонаҳо 25.6 фоиз, рушди ҳосилнокии меҳнатдар саноат 16 фоиз, рушди саноати содиротӣ 18 фоиз ва афзоиши шумораи кормандондар саноат 20.5 фоиз таъмин карда шавад.
Саволи 3. Кишоварзӣсоҳаи муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа то солҳои 90-ум35-36% маҳсулоти умумии дохилиҷумҳурӣ истеҳсол карда мешуд. Анқариб 39%-и фондҳоиасосии истеҳсолии ҷумҳурӣ дар ин соҳа ҷамъ оварда шуда буданд. Зиёда аз 42 % аҳолииқобили меҳнати ҷумҳурӣ дар ин соҳа машғули кору фаъолият буданд. Яънекишоварзии ҷумҳурӣ ба як низоми мутамаркази хоҷагидорӣ табдил дода шуда буд.Бешак, амалкарди чунин як низом, як муддати муайян тараққиёту пешравии соҳаикишоварзии ҷумҳуриро таъмин карда тавонист. Аммо, нобасомониҳои сиёсӣ ва иқтисодиисолҳои 1992-1997 ба фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои кишоварзӣ таъсири манфӣрасониданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ мунтазам пастшудан гирифтанд.
Маҳз бо кӯшишу дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати ҷумҳурӣдар соли 1997 пастравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ боздошта шуда,истеҳсолоти кишоварзӣ рӯ ба инкишоф овард. Дар солҳои 2006, 2007-ум даркишоварзӣ мувофиқан ба солҳо 69%, 80%-и ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии соли1991-ум истеҳсол карда шудааст. Дар шароити имрӯза низ кишоварзӣ яке аз соҳаҳоимуҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он 26-27% маҳсулоти умумиидохилии ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунон, 74,3% аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳотсукунат меварзанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои аз 3/2 ҳиссаи даромадҳои аҳолиидеҳот ба соҳаи кишоварзӣ алоқамандӣ дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаҳоирастанипарварии кишоварзӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ нақши муҳимро мебозад.Масалан дар соли 2007-ум дар соҳаҳои растанипарварӣ 72,0% маҳсулоти умумии соҳаикишоварзии ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки корхонаҳоикишоварзии ҷумҳурӣ асосан ба соҳаи растанипарварӣ махсус гардонида шудаанд.Зимни таҳлилҳо мо аз маълумотҳои омории ҷумҳурӣ ва маълумотҳои Вазоратикишоварзи, ки таҷрибаомузиамон дар он чо гузашт, бо қадри имкон истифоданамудаем. Маълумотҳои омиорӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар соли 1991-ум ҳиссаисоҳаи растанипарварӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 67,0% ва соҳаичорводорӣ 33,0%-ро ташкил медоданд. Дар соли 2007-ум ин нишондиҳандаҳо мувофиқанба соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ 72,0% ва 28,0%-ро ташкил медиҳанд. Иннишондиҳандаҳои арзиши гувоҳӣ онанд, ки дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ растанипарварӣмавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Маълум аст, ки соҳаи растанипарварӣбарои равнақи соҳаи чорводорӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти он аҳамияти хело ҳаммуҳим дорад.
Аммо чи тавре, ки дар бологуфта гузаштем дар тараққиёти ин соҳа шароити муносибатҳои бозорӣ проблемаҳоимухталиф ҷой доранд. Ба фикри мо, ҳалли ин проблема аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати иқтисодииидавлат дар сектори аграрӣ, дастгирии бевоситаи давлат аз фаъолияти соҳибкориихурду миёна ва кордонию корчалонии роҳбарони корхонаҳо, ташкили оқилонаи истеҳсолотикишоварзӣ вобастагии калон дорад.
Масалан, дар соли 2007 нисбати соли 1991 ҳаҷмиистеҳсоли зироатҳои ғалладонагиҳо 330 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Ҳамчунон,истеҳсоли картошка дар соли 2007 нисбати соли 1991 ба миқдори 374 хазор тоннаафзоиш ёфтааст. Чи тавре, ки қайд намудем ин афзоишро талаботи рӯзафзуни аҳолӣва зиёдшавии майдони кишти ин намуди зироатҳо ба вуҷуд овардааст. Дар соли 2007-умнисбати соли 1991-ум истеҳсоли пахта – 371716 тон, тамоку – 7005 тон, полезиҳо– 4799 тонна кам шудааст. Умуман, дар соли 2007-ум дар соҳаи растанипарварӣ87,3% ҳаҷми маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ дар соли 1991-ум истеҳсол кардашудааст.
Сабаби паст гардидани ҳосили умумии зироатҳоикишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, ин фарсудашавии базаи моддӣ-техникии хоҷагӣ, нарасиданинуриҳои минералӣ ва воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо, танқисӣ кашиданихоҷагӣ дар мавсими обёрии зироатҳои кишоварзӣ, сари вакт нагузаронидани чорабиниҳоимелиоративию агротехникии кишту кори зироатҳо, танқисӣ кашидани хоҷагиҳо аз ҳисобитухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва ғайраҳо мебошад.
Фикруандешаҳои дар боло овардашударо ҷамъбаст намуда, хубтару беҳтар мебуд бароипешгирӣ намудани муаммоҳои дар боло овардашуда ва рушди соҳaи кишоварзии мамлакат ҳалли чорабиниҳои зериндар мадди аввал меистод: баланд бардоштани маҳсулонокии замин ва ҳосилнокизироатҳои обӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва зиёд намудани майдони кишти маҳсулотҳое,ки талаботи аҳолиро бо маводи озуқа таъмин менамоянд; аз худ намудани заминҳоибарои обёрӣ мувофиқ ва дар даҳсолаҳои наздик ба масоҳати зиёда аз 1 млн. гарасонидани заминҳои обӣ (дар ҳозира ин рақам 732,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад);самаранок истифода бурдани захираҳои замин ва роҳ надодан бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣистифода бурдани захираҳои замини аҳамияти кишоварзӣ дошта; қабул ва амалисозииБарномаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи зироатҳои кишоварзӣ, соҳаи чорводорӣва ғ., ба монанди барномаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои2005-2010 қабул шудааст; сари вақт пешгирӣ намудани ҷараёнҳои харобшавииистифодаи захираҳои замин (эрозия, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ дар натиҷаи баландшудани сатҳи обҳои зеризаминӣ) бо роҳи гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои комплексиимелиоративӣ; ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ ва боз ҳам тезонидани ҷалби сармояихориҷӣ барои рушду фаъолияти баъдинаи корхонаҳои кишоварзӣ, додани карзҳоиимиёзнок ба деҳқонон ва фермерҳо, хариди техникаю таҷҳизотҳо бо усули лизингӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешқадам ва ривоҷуравнақ додани корхонаҳои муштараки агросаноатӣ.
[амин тавр, танҳо дар ҳолати комплексии ҳалличорабиниҳои дар боло овардашуда, то қадре ҳам бошад рушди соҳаи кишоварзиимамлакат таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулотҳои асосии хӯрокӣ ру ба афзоиш ёфта,таъминоти амнияти озуқаворӣ ба қадре ҳам бошад ҳалли хамаҷонибаи худро хоҳадёфт.
Саволи 4. Кайдкардан ҷоиз аст, ки яке аз элементҳои муҳими рушди иктисоди миллии Тоҷикистоназ нақлиёти роҳи оҳан (беш аз 80 фоиз аз ҳаҷми умумии муомилоти моли савдои хориҷӣ,тақрибан 50 фоизи сафари муҳоҷирини меҳнатӣ ба Россия, ҳамлу нақли беш аз се якқисми ҳамаи молҳо), автомобилӣ (беш аз 95 фоизи боркашониҳои дохилӣ) ва нақлиётиавиатсионӣ, инчунин соҳаи алоқа иборат мебошад.
Дар давраи баъд аз Шӯравӣ фаъолияти Роҳиоҳани Тоҷикистон (РОТ) таҳтиислоҳоти ночиз қарор гирифта, барои барқарорсозӣ ва азнавтаҷҳизонӣ ба маблағгузории назаррас эҳтиёҷ дорад. Мутобиқи маълумоти мавҷудадар солҳои 1995-2002 маҳсулнокии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз сабаби ду маротибатаназзул ёфтани ҳаҷми ҳамлу нақл ва 20 фоиз афзоиш ёфтани кормандон то 60 фоизкам гардид. Сатҳи ҳосилнокии меҳнат низ ба як коргари Роҳи оҳани Тоҷикистоннисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар мебошад.
Дар шароити имрӯза дар Роҳи оҳани Тоҷикистон 85фоизи ҳамлу нақл тавассути вагонҳои ширкатҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад. Аз 950.7 км. роҳи мавҷуда мӯҳлатитаъмири асосии 142 км.роҳ гузаштааст. Аз ин рӯ, бо вуҷудизиёни зиёд, суръати ҳаракати поездҳо дарбаъзе қитъаҳо то 15-20 км/ соат паст мегардад. Системаи сигнализатсия, алоқа васистемаи огоҳонӣ, таҷаммӯъ ва маҳдудгардонӣ хеле кӯҳна ва фарсуда аст. Байнистансияҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хати алоқа ва таъминоти барқ вуҷуд надорад.
Вобаста ба хусусиятҳои ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистоннақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақли дохилӣ нақши муҳим дошта, ҳамчунин яке аз истеъмолкунандагони асосии маҳсулотинафт ба ҳисоб меравад.
Манзару шароити кӯҳӣ бозори на он қадар калони Тоҷикистонро бабозорҳои боз ҳам хурдтар тақсим менамояд. Роҳи оҳани дохилӣ рушд наёфтааст. Ҳамлунақли асосии дохилӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешавад. Махсусандар фасли зимистон ҳаракат ба минтақаҳои кӯҳсори кишвар ниҳоят мушкил аст.
Дар кишвар беш аз 30 ҳазор км. роҳҳоиавтомобилгард истифода бурда мешавад, ки солҳои 1960-1990 ба истифода додашуда, беш аз 16 ҳазор км. онҳо маҳаллӣ ва идоравӣ мебошанд. Ҳамаи роҳҳоиавтомобилгард таъмири асосиро тақозо менамоянд, аммо ҳаҷми маблағҳои мавҷудабарои пурра барқарорсозии онҳо нокифоя мебошад. Нақлиёти байналмилалииавтомобилӣ барои ҳамлу нақли борҳои на он қадар калон ба масофаи кӯтоҳ вамиёна, инчунин самтҳое, ки хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан вуҷуд надорад, ниҳоятмуҳим мебошад. Ҳоло нақлиёти автомобилӣ камтар аз 5 фоизи ҳамаи ҳаҷми ҳамлу нақлиберунаро анҷом медиҳад, ки яке аз сабабҳоион аз ҷумла маҳдуд будани борҳои интиқолшаванда мебошад. Вале то дараҷаи муайянистифодаи хизматрасонии вобаста ба ҳамлу нақли автомобилии беруна аз сабабибаланд будани тарифҳо паст гардидааст. Ҳамлу нақли автомобилӣ аз Хуҷанд бакишварҳои Бенилюкс нисбат ба ҳамлу нақл аз Тошканд ду рӯз зиёдтар ва барои ҳаряк тонна 50 доллари ШМА гаронтар мебошад (аз ҷумла бо дарназардошти пардохтҳои ғайрирасмӣ).
Созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи нақлиёт имзо намудааст, пуррататбиқ намегарданд ва аз ин нигоҳ ҳама гуна созишномае, ки шароити ҳамлу нақлротавассути кишварҳои транзитӣ беҳбуд мебахшад, қобили дастгирист. Муттаасифона дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯзҳам проблемаҳои транзит, аз ҷумла вобаста ба талаботи техникӣ нисбат ба нақлиётиавтомобилӣ ва пардохтҳои ғайрирасмӣ комилан ҳал нагардидаанд.
Дар ҳамлу нақл тавассути нақлиёти ҳавоӣКорхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» афзалият дорад, ки асосан бо базаи тайёраҳоикӯҳна, хадамоти ёрирасон (базаи таъмир, тринажёр ва системаи таълим),инфраструктураи фурӯдгоҳҳо, инчунин хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ваиншооти статсионарии кӯҳна фаъолиятменамояд. Сатҳи истифодаи тайёраҳо вобаста ба хароҷоти баланд ва афзоиши нархбарои сӯзишворӣ ниҳоят паст буда, аз ин рӯ ҳоло ҷиҳати иваз намудани онҳо ботайёраҳои истеҳсоли кишварҳои ғарб тадбирҳо андешида мешаванд.
Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда ҷиҳатикам кардани монополия ба ҳамлу нақли ҳавоӣ тарифи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии«Тоҷик Эйр» дар муқоиса бо дигар ширкатҳои авиатсионии минтақа нисбатанбаландтар аст, ҳарчанд баъзе ширкатҳои авиатсионӣ низ тавассути тайёраҳои собиқШӯравӣ хизматрасониро анҷом медиҳанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби мавҷуднабудани чиптаҳо хароҷоти иловагиро ба зимма мегиранд, ки ин ҳам боисикоррупсия мегардад. Нокифоягии рақобат ва бад будани танзим ва шаффофият аҳдҳоибайни боркашонҳои нақлиёти ҳавоӣ, фурӯдгоҳҳо ва идоракунии ҳаракати ҳавоиротезу тунд месозад, ки он боиси қарздории зиёди корхона шудааст. Тарифҳо дарсамтҳои ҳаракати дохилӣ хароҷоти мустақими корхонаро пӯшонида наметавонад ва инбарои корхона зараровар мебошад.
Бахши алоқа бодарназардошти ғунҷоиши ками нақлиётӣ, меҳнатталабии зиёд ва сатҳи баландидурнамои инкишофи бахши мазкур дар бозори ҷаҳонӣ барои рушди минбаъда ояндадорба назар мерасад. Дар айни замон корҳо оид ба иваз намудани стансияҳои ҳаммонандителефонии кӯҳна ба стансияҳои нави автоматии рақамӣ иваз карда шудаанд. Сатҳишабакаҳои насбшудаи ҳамаи САТ-и дар ҷумҳурӣ ба рақамӣ ивазшуда 91,2 фоизроташкил медиҳад. Минтақаи пахши барномаи телевизиони миллӣ 98 фоизи аҳолиро фаромегирад. Алоқаи почта дорои шабакаи васеи корхонаҳо буда, вале аз сабабизиёноварӣ таҳти дотатсияи давлат қарор дорад.