Таҳаввул ва сатҳи низоъ

  1. Хусусиятҳои муосири таҳаввулоти низоъ
  2. Раванди таҳлили низоъ

Барои том ва саҳеҳи мазмуни низоъ бояд паҳлӯҳо ва ҷиҳатхои дигари муҳимми он муайян ва мушаххас карда шаванд. Дар ин росто масъалаи нихоят муҳим муайян сохтани ҳудуди аслӣ ва чаҳорчӯбаи мушаххаси низоъ аст. Зеро ҳалли низоъ ба шинохти соҳаи амал ва пайандҳои ширкаткунандагони аслии низоъ вобастагии зич дорад. Ин амр тақозо дорад, ки фазоӣ ва ҳадди ҳадди замонии низоъ дақиқан муайян гардад ва мазмунм ҷараёни низоъ дар пайванд ба омилхои дигар мавриди омӯзиш қарор гирад.

Ҷараёни низоъ хамчун падидаи хос ва возехи ичтимоию таърихӣ мавзӯи баҳсҳои тулонӣ ва шадиди илмӣ мебошад. Дар аксари осори таҳқиқи ҷараён ё раванди низоъ фарогири се мархилаи асосӣ: оғози низоъ, авҷи низоъ ва хат ми низоъ мебошад. Дар баъзе асарҳои илмӣ мархилаи қалбӣ (марҳилаи ғайриошкор ё латентӣ) низ асоснок карда шудааст. Дарвоқеъ низоъ қабл аз возеҳ ва ошкор гардидани муддати муайян (баъзан нисбатан тӯлонӣ) дар шакли ғайриошкор, нимошкор ва нимпинҳон ҷараён мегирад, ки бидуни дарки он мазмуни аслии мазмуни аслии низоъро фаҳмидан мумкин аст. Маъмулан дар ин мархила нерухои асоси даргир шакл мегиранд, сабаҳои мухолифат ва муборизаи онҳо тадриҷан асоснок ва қисман возеҳ мешаванд.

– Марҳилаи муҳим оғози низоъ аст. Ин марҳилаест, ки ҷонибҳои даргир мухолифат ва зиддияти ошкори ҳадафҳо ва манфиатҳои якдигарро комилан дарк намудаанд ва барои таъмини аҳдоду манфиатҳои худ ва пешгири фаъолияти ҷониби мухолиф вориди муқовимат ва бархӯрди возеҳ ва огоҳона гардиаанд ва низоъ хислати ошкор ва воқеъӣ гирифтааст. Нишондиҳандаи муҳим ва ҳатто ҳатмӣ-бархӯрд ва даргирии фаъоли ду ҷониб ва ё ҷонибҳост; агар як ҷониб вориди амали фаъол шавад, вале ҷониби дигар бинобар омилҳои гуногун (ҳақ донистани ҷонибҳои дигар, тарс аз муқовимат, заъфи дохилӣ ва ғайра ) муқовимат накунад, ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз низоъ оғоз нашудааст ва ҳатто низоъ мавҷуд нест.

Авҷи низоъ мархилаи муҳимтарин ва асоситарини низоъ аст. Маҳз дар ин марҳила сохтор ва музмуни низоъ инъикоси том дорад. Муқовимат ва муборизаи ҷонибҳои даргир комилан ошкор аст. Ҷонибҳо воситахо ва шаклҳои зиёд ва аксаран шадиди муборизаро истифода мекунанд ва худи ин мубориза миқёси васеъ ва қисман умумӣ касб менамоянд. Тадриҷан он ба авҷи худ мерасад, ки нуқтаи возеҳтарини низоъ аст: шакли маъмултаринион ҷанг ё бархӯрди шадиди мусалаҳонаи чонибҳо мебошад. Ҳамзамон авҷи низоъ ифодаи нисбатан возеҳи бунбасти низоъ аст. Дар ҷараёни он тадриҷан собит мешавад, ки ғалабаи комили як ҷониб ё амалан имконопазир нест ва ё ба қимати ниҳоят вазнин ба даст меояд, ки арзиши амалии он ночиз аст.

-Дарки возеҳи бунбасти ҳалли низомӣ ва мусаллаҳонаи ҳадафҳои ҷонибҳо оғози амалии марилаи сеюми раванди низоъ-хатми низоъ мебошад. Нишондиҳандаи муҳим ва амалии ин марҳила-оғоз ва ҷараёни музокирот аст. Маъмулан миқёси бархӯрд ва муборизаи чонибҳо нисбатан каҳиш меёбад ва ҳамзамон фаъолияти сиёсӣ ва таблиғотӣ авҷ мегирад. Музокирот аксаран ба санадҳои хоси сиёсӣ-созишномаҳо ва аҳдномаҳо анҷом мегирад, ки маҳсули натиҷаҳои гуногун ва мушаххаси ин марҳила (созиш ва ризоияти тарафайн ҳалли масъалаҳои асоси бо иштироки миёнаравҳо ё чсеюм, «сулҳи иҷборӣ»-қабули сулҳ таҳти фишори шадиди хориҷӣ ва ғайра) мебошанд. Қисми муҳим ва таркибии ин марҳила татбиқи амалии асноди сиёсии ҳалли низоъ мебошад.

Дар маҷмӯъ, раванди низоъ ва марҳилаҳои асосии онро метавон дар шакли зерин тасвир кард.

1.Марҳилаи ғайриошкор (латентӣ)

  1. Оғози низоъ
  2. Авҷи низоъ

4.Бунбасти низоъ

  1. Музокирот
  2. Мувофиқот
  3. Ҳалли низоъ

Дар шинохти сохтор ва мазмуни низоъ масъалаи муҳим сатҳи низоъ аст, ки омилҳои нихоят зиёд дорад. Бо назардошти хислат ва мазмунизиддияти низоъҳо маъмулан ба ду гурӯҳи нисбатан бузург тақсим мешаванд:

  • низоъҳое, ки ҳосили зиддияти оштинопазир мебошанд;
  • низоъҳое, ки натиҷаи зиддияти ғайриоштинопазир ҳастанд.

Табиист, ки дар онҳо сатҳи шиддати низоъ гуногун аст. Дар маҷмӯъ, дар низоъшиносӣ асосан сатҳи поин, сатҳи миёна ва сатҳи баланди низоъ асоснок шудаанд, ки мазмуни хси иҷтимоӣ ва таърихӣ дорад.

Сатҳи поини низоъ асосан дар шакли баҳс ва рақобати осоиштаи иҷтимоию сиёсӣ сурат мегирад. Он натиҷаи омилҳо ва сабабҳои ғайриасосӣ ва ҷузъӣ буда, натиҷа ва оқибатҳои чва харобиовар надорад.

Сатҳи миёна сатҳи нисбатан ҷиддии низоъ буда, маъмулан ҳосилиомилҳои асосӣ ва амалкунанда мебошад. Дар он тарафҳои даргир ҳадафҳои возеҳ ва мушаххас доранд, ки баёнгари манфиатҳои муҳим ва қисман бунёдии мабдаъҳои низоъ мебошанд ва барои дастёбӣ ба онҳо воситаҳои гуногун, аз ҷумла василаҳои муасир ва харобиоварро истифода мекунанд.

Сатҳи баланди низоъ натиҷаи табиибархӯрди манфиатҳои ҳаётӣ ва бунёдӣ мебошад; ин бархӯрд ё зиддият хислати маъмулан оштинопазир ва ошкоро дорад. Ҳадафи мабдаъҳои низоъ нобуд сохтан ва ё ҳадди ақал комилан ва ё ҷиддан беасар ва ғайрифаъол сохтани тарафи муқобил ва даргир мебошад.

Бояд таъкид кард, ки сатҳхои зикршудаи низоъ дараҷаи муайяни шиддат ва вазъи низоъро доро мебошанд.

440
Нет комментариев. Ваш будет первым!