Сабабҳои   низоъ

Сабабҳои ба миён омадани низоъ

Роҳҳои пешгирии низоъ

Низоъ падидаи табиӣ ва қонунмандии иҷтмиоӣ буда, шинохти замина, сабаб ва ангезаҳои он кори ниҳоят мушки ласт. Бешак, дар амали ҳар ҷониб низоъ мо ангезаи возеҳро мебинем, ҳарчанд он дар ҳар кадом метавонанд гуногун ва ҳатто мутазод бошад. Шинохти он дар асл калиди дарки мазмуни низоъ аст.

Сабабхои низоъ дар бофти худи ҷомеа нуҳуфтаанд: ташаккули тадриҷӣ ва тӯлонии ҷомеа сабабгори шаклгирӣ ва шиддати зиддиятҳои зиёд ва гуногун дар сохтор ва соҳаҳои мухталиф ва сатҳи умумии он мегардад; ин зиддиятхо хосили ангеза ва омилҳои гуногунанд, мазмуни нисбатан дигаргун доранд, сатҳи шиддати онҳо дорои хусусият ва вежагиҳои мушаххаси худ мебошанд, таъсири гуногун доранд. Зиёда аз он метавон гуфт, ки зиддият баёнгари хислат ва мазмуни ҷомеа ва неруи муҳаррики он аст.

Вале шинохти худи табиати зиддият кори нисбатан мушки ласт: дар мавриди он, ба хусус, сарчашма, омил ва ангезаҳои аслӣ, ғайриасосӣ ва ҷузъӣ назарҳои гуногун иброз шудаанд ва таъбирҳои зиёд мавҷуданд. Ҳамчунин намудҳои зиёди зиддият, аз қабили байни имконот ва талаботи рӯзафзун (одамон, ҷомеа, ҷаҳон); байни давлат чун ниҳоди созмондеҳу созмонпазир ( ба хусус стихияи он); байни манфиатҳои маҳаллию миллӣ (кишвари, давлатӣ) ва омилҳои фарокуллӣ ва ғайра асоснок гардидаанд.

Шаклхои зиддият низ гуногунанд. Зиддиятҳои айни ва зеҳнӣ оштинопазир ( антагонистӣ) ва ғайриоштинопазир чун шаклхои асосии зиддият шинохта шудаанд.

Низоъ аслан зодаи омил ва сабабҳои ниҳоят зиёд, мухталиф ва кисманбо хам зид мебошад, ки онхо дар робита ва муносибатхои гуногун бо ҳамдигар қарор доранд ва ин рангорангӣ бофти низоъро оростааст. Дар осори низоъшиносӣ кӯшишҳои асосноксозии типология ва ҳатто силсиламаротиби сабаб, омил ва ангезаҳои низоъ анҷом гирифтаанд; талоши шинохти дарабандӣ (градатсия) ва нақшаҳои амалии онҳо низ сурат гирифтааст.

Агар мо маҷмӯи сабабҳо ва омилҳои низоъро баррасӣ намоем, мебинем, ки маркази онҳо сабаби муҳимтарин ва ҳатто бунёдӣ қарор дорад, ки онро метавон мухтасаран манфиат (ё дақиқтараш: манфитҳо) номид. Тақрибан дар ҳар низоъ ин сабаб возеҳ аст: ҳатто дар ҳар мавридҳое, ки низоъ зоҳиран ҳадафҳои дигар дорад ва ё ҷониб (ҷонибҳо)-и низоъ манфитҳои аслӣ ва ҳақиқии худро бо истифодаи воситаҳои зиёд ва гуногун устокорона ва ҳиллаварона рӯйпӯш месозанд, манфиат аз диди аҳли басират ва фардҳои огоҳ пинҳон намемонад.

Бояд таъкид кард, ки табиати худи манфиат ниҳоят мураккаб ва ҳатто мутазод аст. Дарки ҳудуд ва фарогирии он низ гуногун буда, маъмулан таҳти таъсири омилҳои зиёди айнӣ ва зеҳнӣ шакл мегирад; он хислати мутлақ надошта, ҳад ва чаҳорчӯби «маъқул» ва «мантиқӣ»-и ҷониби дигари низоъро низ эътироф дорад. Ҳамзамон манфиати сохтор ва таркиби ниҳоят нохамгун ва мураккаб дорад.

Зиндагии иҷтимоии инсон эҳтиёҷ ва ниёзҳои зиёд дорад ва таъмин нагардидани ҳаётитарин ва муҳимтарин он ( аз қабили ниёзҳои физиологӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, мақом ва эътибори сиёсию иҷтимоӣ, зарурати таъмини ояндаи устувор ва дилхоҳ, нуфузи иҷтимоӣ ва ғайра) омилҳои аслии зуҳур, ташаккул ва шиддати низоъ ба ҳисоб мераванд.

Зиндагии тӯлонӣ ва пеҷидаи иҷтимоии инсон сабабгори ташакулли тадриҷии асл, меъёр ва арзишҳои нибатан собити таърихии иҷтимоию фарҳангӣ ё сотсиокултурӣ ( аз қабили урф, одат, суннат, ахлоқ, дин, фарҳанг ва ғайра) мегардад, ки баёнгари дид ва дарки одамон дар мавриди хислат, мазмун, одоб ва рафтор мебошанд. Рукни муҳимми ин низоми васеи арзишҳо-таҷриба ва фарҳангҳои халқҳои мушаххас ва гурӯҳҳои таркибии онҳо мебошад. Ҳайсият ҳамчун ифодаи томи сирати муштарак низ ҷузви ин низоми арзишҳост. Ин низом дар аксар маврид сохтори собит ва том дорад. Ҳарчанд дар мавриди хислат, мазмун ва таркиби он назарияҳои гуногун пешниҳод шудаанд, машҳуртарини онҳо назарияҳои марксистӣ ва веберӣ мебошанд. Назарияи марксистӣ таъкид дорад, ки дар шаклгири низоми арзишҳо омилҳои гуногуни моддӣ (ба хусус, омилҳои иқтисодӣ) нақши тарҷеҳи доранд. М.Вебер ва мактаби назарии ӯ иддао доранд, ки созмондеҳи асосии ин низом маҷмӯи асл ва арзишҳои маънавӣ ( ба хусус, асл ва арзишҳои динӣ) мебошад. Вале ҳар ду назария пайванди наздиқ ва тақрибан табии манфиат ва арзишҳоро эътироф ва таъкид доранд.

Давроне ки ин низом таҳти фишори сангин ва рӯзафзун қарор мегирад, низои хосе зуҳур мекунад, к ибо номи «низои арзишҳо» маъруф аст. Масалан, таҳти таъсири бевоситаи ҷомеаҳои пешрафтаи ғарбӣ кишварҳои суннатии шарқӣ силсилаи ислоҳоти нисбатан амиқро татбиқ намуда, сабабгори шиддати зиддиятҳои сохтории иқтисодию иҷтимоӣ гардиданд. Ин раванд, ки бо номи умумии навсозӣ маъруф шуд, аз омилҳои ниҳоят муҳимми низоъ (аз ҷумла, низоъ ва бархурдхои бузург) гардид. Масалан дар кишвари Эрон навсозии тақрибан тамоми сохторҳои ҷомеа таҳти пушиши расмӣ ва зоҳирии «инқилоби сафед» ( ва ё «инқилоби шоҳ ва мардум») ва «ба сӯи тамаддуни бузург» дар солҳои 60-70-уми асри ХХ ҷараён гирифт. Мантиқан тасаввур мешуд, ки ин навсозӣ ба хусус, рушди босуръати иқтисодӣ (солона ҳудуди 10-20%) ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва мутобиқсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард. Дар амал акси он рух дод: фишори рӯзафзуни навсозӣ муқовимати шадиди нерӯҳои суннатӣ ва мухолифро барангехт, ки натиҷаи он бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва «инқилоби исломӣ» буд. Ва он даҳҳо ҳазор қурбонӣ дошт. Инқилоб омили нисбатан муҳимми ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ гардид, ки натиҷаи он садҳо ҳазор қурбонӣ ва харобиҳои зиёд дар ду кишвар буд.

Дар таҷрибаи таърихӣ низоъҳое, низ вомехӯранд, ки натиҷаи омезиши нихоят печидаи омилҳо ва сабабҳои гуногуннамуд (манфиатӣ, арзишӣ) ва гуногунтаркиб (дохилӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ) мебошанд. Намунаи возеҳи онҳо низои Афғонистон буд, ки беш аз бист сол идома ёфт ва аз бӯҳронҳои фоҷиабори ҷомеаи башарӣ дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 ҳисоб мерафт.

Маншаи аслии ин бӯҳрон бофти хоси ҷомеаи афғонист, ки таърихан дар он хатҳои зиёди зиддият ташаккул ёфтаанд: хаттизиддиятҳои хоси сиёсӣ (чун хатти асосӣ) бо таркиби хос печида; зиддиятҳои қавмию этникӣ; хатти зиддиятҳои динию мазҳабӣ ва ғайра. Ба раванди он омил ва сабабҳои минтақавӣ, байнидавлатӣ, геополитикӣ, геостратегӣ, давлатию кишварӣ таъсири муассир ва рӯзафзун доштанд. Дар натиҷа, бӯҳрони ниҳоят мураккаб, шадид ва хунин шакл гирифт ва таҳаввул ёфт.

Ҳамин тариқ, низоъ зодаи сабаб омил ва ангезаҳои ниҳоят зиёд аст. Шароити хос ва мушаххас, омезиши гуногуни рукнҳои таркибӣ, омилҳои асосӣ, ғайриасосӣ ва ҷузъи ангезаҳои, дар маҷмӯъ, сабабгори симои хос ва тақрибан нотакрори низоъ мегарданд.

647
Нет комментариев. Ваш будет первым!