Таҳлили низо

  1. Хусусиятҳои муосири таҳлили низоъ дар раванди ҷомеа
  2. Таҳлили стратегии низоъ

Дар илми низоъшиносӣ бо мақсади баррасии намудҳои низоъҳои иҷтимоӣ ва густариш ва рушди услубҳои таҳлилӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мешавад. Дар илмҳои иҷтимоӣтаҳлил раванди ба унсурҳои хурди мантиқӣ ҷудо кардани падидаҳои иҷтимоии мураккаб мебошад, то онҳо дар алоҳидагӣ ба таври муфассал баррасӣ карда шаванд. Ҳар қадаре ки маълумот оид ба унсурҳои мазкур зиёд шавад, ҳамон андоза сатҳи дониш оид ба ин ё он падидаи иҷтимоӣ афзунтар мегардад.

Моҳиятан таҳлил маънои баррасӣ ва дарки тамоми қисмҳои таркибии ягон чизро дорад. Низоъшинос Фишер (1978) таҳлилро хамчун стратегияи ҳалли низоъ пешниход намуда, ба унсурҳо ҷудо кардани низоъ номида буд. Дар илми низоъшиносӣ фаҳмиши наве ба таври васеъ паҳн шудааст, ки мувофиқи он пеш аз мудохила кардан ба низоъ малаю маҳорати тахлилро бояд беҳтар намуд. Таҳлили дақиқ барои фаҳмидани тарзи пайдоиш ва шаклхои низои ҷамъиятӣ кумак расонида, баҳри ҳалли созандаи он замина фароҳам меорад.

Далел ба нафъи таҳлили беҳтару амиқтар чуни наст: агар шумо ба низоъ нокифоя ва рӯякӣ баҳо диҳед, кӯшишҳое, ки барои ҳалли он равона месозед, баръакс вазъиятро бадтар мегардонанд. Вакте ки шумо вазъияту ҳолатҳои муайяни низоъро баррасӣ мекунед, он гоҳ раванди таҳлил омӯзиши рӯйдодхои махсуси ҳам гузашта ва ҳам имрӯзаро дар бар мегирад. Услуби таҳлили низоъ, аз як тараф, мақсади беҳтар дарк кардани ҳолати муайяни низоъро дорад. Аз ҷониби дигар, он бояд фикру ғояҳои навро падид оварда, роҳхои беҳтаринро барои бартараф кардани низоъ пешниҳод созад. Дарки амиқтари низоъ барои муайян сохтани роҳхои ҳалли вазъиятҳои ғайриодие, ки шарҳи илмӣ надоранд, хеле муҳим мебошад. Ҳадафи дигар ин аст, ки дар заминаи дарку фаҳмиши амиқи низоъ чораҳои муайян ба нақша гирифта шаванд. Ба истилоҳи назариядонҳо ва коршиносони илми низоъшиносӣ чунин услуби таҳлил «харитасозии низоъ» номида мешавад.

Яке аз асосгузорони назарияи харитасозии низоъ ҷомеашинос Пол Вер (1979) мебошад. Вай дар китоби худ «Идораи низоъ» тафсири мухтасари бахши низоъшиносӣ ва муҳақиқони барҷастаи онро оварда, услуберо барои дарки ҳамаҷонибаи низоъ пешниҳод кардааст. Дар қисмати ҷамъбастии китоб Пол Вер роҳнамои мудохила ба холатҳои низои ҷамъиятиро бо мақсади дарёфти натиҷаҳои бобаробар ва созанда инкишоф додааст.

Ба истифодаи ӯ, «роҳнамо барои харитасозии низоъ» бо мақсаде омода шудааст, ки «миёнарав ва тарфҳои даргир сарчашмаҳо, мохият, ҷараёни густариш ва имконотҳои ҳалли низоъро беҳтар дарк намоянд » «Харитасозии низоъ»-ро ба харитаи ҷуғрофӣ монанд кардан мумкин аст, зеро он дар заминаи дониши комил оид ба тарҳи замин ва роҳу пайроҳаҳои мавҷуда таҳия мешавад. Ба воситаи харитаи ҷуғрофӣ шахс метавонад маҳалли ҷойгиршавии худро муайян карда, хатсайри беҳтаринро барои расидан ба макони зарурӣ интихоб намояд. Ба фикри низоъшинос Вер, услуби «харитасозии низоъ» ҳамин гуна таҳлили айниро (мо дар кадом маконем ва чӣ тавр ба ҷои дилхоҳ расида метавонем) пешниҳод мекунад. Мутобиқи ин услуб раванди ҳалли низоъ бояд чунон сурат гирад, ки вазъиятбеҳтар гардад ва тарафҳои даргир натиҷахои созандаро ба даст оранд. Муҳаққиқони дигар, аз қабили Уилмот ва Хокер (1998), Ледерак (2003) низ чунин роҳнаморо тахия карда, баҳри густариши ин услуб саҳм гузоштаанд.

Барои дарки беҳтари услуби «харитасозии низоъ» мо бояд онро баҳри таҳлили вазъияти муайяни ихтилофангез истифода намоем. Дар ин китоб услуби таркибие барои омӯзиш ва истифодаи донишҷӯён пешниҳод гардиааст, ки муаллифаш Пол Вер буда, он аз тарафи Ледерак такмил ёфтааст. Дар ин услуб ба хотири пайдо кардани тасавуроти комил оид ба низоъ таҳлилгар бояд ба 3 гурӯҳи калони суолҳо ҷавоб пайдо кунад:

1.Оид ба одамони гирифтори низоъ (Кӣ? – Тасаввурот ва паҳлуҳои эҳсосию равонии инсон дар низоъ);

  1. Доир ба раванд ва ҷараёни низоъ (Чӣ гуна?– Роҳҳое, ки ба воситаи онҳо низоъ авҷ гирифтааст ва идора шудааст);
  2. Роҷеъ ба масъалаҳои низоангез (Чӣ?-Масъалаҳое, ки бояд ҳалли худро ёбанд).

Барои машқи «харитасозии низоъ» аз донишҷӯён хохиш карда мешавад, як холати мушаххаси низоъро, ки дар чомеа, минтақа ва ё мамлакаташон ба вуқӯъ омада буд, интихоб намоянд. Услуби харитасозӣ як силсила пурсишҳоро пешниход мекунад, ки онхо бояд омӯхтаву таҳлил шаванд ва баъдан посухи беҳтарин ва холисонаи худро ёбанд. Тарҳи пешниҳодшудаи ин услуб чуни наст:

 Чаҳорчӯбаи таҳлили низоъ

  1. Одамон (Кӣ?)

Муайян кардани гурӯҳҳова шахсиятҳои дар низоъ иштирокдошта:

2.Раванд (Чӣ гуна?)

Ҷараёни инкишоф ва сохтори низоъро арзёбӣ намоед.

3.Масъалахои ҳалталаб (Кадом?)

Заминаи низоъро баён созед.

Нақшаи чораҳоеро, ки ба таҳлилу баррасиҳо асос ёфтаааст, тартиб диҳед. Дар он бояд муайян кунед, ки чӣ гуна метавон бо роҳи созанда ба низоъ сарукор гирифт. Кӣ бояд чӣ кор кунад, бо кӣ, кай ва бо кадом роҳ? Машқи харитасозии низоъро метавон барои омӯзиши қазияву ҳолатҳои мушаххаси моҷаро истифода кард. Ҳадаф аз он шинохти сарчашма, ҷараёни густариш ва шаклхои низои муайян аст. Ин гунна фаҳмиш ва дарки амиқи мухолифат метавонад баҳри коркарди стратегияҳои бунёдкоронаи сулҳофарӣ кӯмак расонад. Услуби макур дар таҳлили ҳамаи сатҳҳои низои ҷомеа-аз байнишахси то ҷамоатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва умумимиллӣ, истифода мешавад. Ҳосил кардани малакаи тахлил амиқ барои дарки назарии низоъ ва дарёфти ҳалли мусолиматомези он замина мегузорад.

709
Нет комментариев. Ваш будет первым!