Мабдаъҳои миёнаравӣ дар ҷомеа

  1. Институти миёнаравӣ, ҳамчун омили муҳимтарини пешгирии низоъ
  2. Нақши миёнаравӣ дар пешгирии низоъ

Маҳалла муассисаи анъанавии сокинони Ҷумхурии Тоҷикистон аст ва аз мабдаъҳои гуногун иборат мебошад. Ҳар яки онҳоро алоҳида аз назар гузаронида, нақшашонро дар ҳалли низоъ нишон доранд мебояд. Дар шаҳри бостонии Хуҷанд мабдаъҳои фаъоли маҳалла инҳоянд: амини маҳалла, шӯрои мӯйсафедон, ходим, шӯрои занон, чойхоначӣ, домулло. Ҳаёти маҳалла ба амалиёти онҳо бисёр вобаста мебошад ва ин шахсон дар ҳалли низоъ нақши муҳим мебозанд.

2.1. Аввал бояд амини маҳалларо номбар кунем. Ӯ аз тарафи ҳамаи аҳолии маҳалла интихоб мегардад ва амалан вазифаи раиси маҳалларо иҷро мекунад. Амин аз ҷумлаи шахсони муқимӣ, баобрӯ, пуртаҷриба ва солхӯрда мебошад. Масъалаҳои асосии ҳаёти маҳалла ба воситаи амин ҳал мешаванд ва иштироки фаъоли вай дар онҳо зарур аст. Дар аксар низоъҳои дохилӣ амини маҳалла метавонад мисли миёнарав ва довар ширкат варзад. Агар маҳалла ба низоъҳои беруна дучор ояд, он вақт амини маҳалла дар ҳар вохӯрӣ ҳамчун сардор гуфтушунидро мегузаронад. Амини маҳалла намояндаи ҳокимияти расмӣ нест. Ин вазифа аз рӯи анъана ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

2.2. Дигар мабдаи фаъоли маҳалла шӯрои мӯйсафедон аст, ки аъзои он бештар аз пиронсолони маҳалла интихоб карда мешавад. Шӯрои мӯйсафедон аз 10-15 нафар иборат аст. Агар раиси маҳалла ягон масъаларо ҳал кардан хоҳад, онро бо маслиҳати шӯрои мӯйсафедон амалӣ мегардонад. Шӯрои мӯйсафедон бештар маслиҳатгар аст ва қарори он барои сокинон ҳатмӣ набошад ҳам ҳамаи сокинон онро риоя ва эҳтиром мекунанд. Барои гузаронидани ягон маърака маҳалла ризоият шӯрои мӯйсафедон зарур аст.

2.3. Шахси сеюмро, ки фаъолияти он дар ҳаёти маҳалла мушоҳида карда мешавад, ходим меноманд. Вазифаи асосии ӯ ташкили маъракаҳо, инчунин даъват кардани аҳли маҳалла мебошад. Дар мавридҳои низоъ метавонад бо шахсони низоъкунанда ва ҳамсояҳои онҳо вохӯрӣ гузаронад ва ба раиси маҳалла ёрии амалӣ расонад. Азбаски ходим шахси миёнарав буда, дар бораи ҳар як сокини маҳалла маълумот дорад, бо тақозои вазифа бояд хушсӯхбату сохиби табъ кушод бошад. Агар нафари дар ҳолати низоъ буда аз аҳли маҳал худро канор гирад, он вақт лозим медонанд, ки ходимро аз назди ӯ фиристанд. Ходим ба воситаи лафзи ширин метавонад бо он шахс самимона сӯҳбат карда, баҳри бехтар гардидани муносибатҳои ӯ бо аҳли маҳалла мусоидат намояд.

2.4. Чаҳорумин мабдаъи фаъоли маҳалла шӯрои занон мебошад, ки ҳамаи масъалаҳои вобаста ба занҳо зери назари он аст. Агар тӯи арӯсиро дар маҳалла гузаронанд, шӯрои занҳо дар вақти овардани либосу ҷихози арӯс иштирок мекунад ва шоҳиди асосии пайдошавии моли якҷояи зану шавҳар мегардад. Масалан дар маҳалла ҳодисае рӯй дод, ки барои ба танзим овардани он нақши шӯрои занон бевосита мушоҳида карда шуд.

Келин ва хушдоман бани худ низое доштанд, ки сабаби он хонаи истиқоматӣ буд. Баъди вафоти домод, яъне пасари соҳибхона ҳамсараш бо ду фарзанд бева мемонад ва пас аз чанд вақт муносибати ӯ ва хушдоманаш тезутунд мешавад. Дар низои онҳо духтари шавҳаркардаи соҳиби хона шарик мешавад .

2.5. Шахси дигаре, ки дар шаҳри Хуҷанд барои ҳалли низоъҳои маҳалла нақши назаррас дорад, чойхоначӣ мебошад. Ӯ метавонад фаъолона дар маъракаҳои маҳалла иштирок карда, барои мусолиҳа кӯмак расонад. Чойхона дар маркази маҳалла ҷойгир аст ва ҷои асосии ҷамъ омадани аҳолӣ мебошад. Ҳар бегоҳ аксарияти мӯйсафедон ба чойхона меоянд ва дар он ҷо масъалаҳои гуногуни ҳаётиро мухокима мекунанд. Чойхоначӣ дар ин ҷамъомад яке аз иштирокчиёни асосӣ ба хисоб меравад ва чун шахси хизматрасон аз бисёр ҳодисаҳо бохабар мебошад

Чойхона бар иловаи ҷои ҷамъомади маҳалла буданаш ҷои истироҳат низ ҳаст. Агар шахсони бегона ба маҳалла оянд, албатта аввал чойхоначӣ ба воситаи оростани сӯҳбат меомӯзад. Вобаста ба маълумоти гирифтааш чойхоначӣ муносибати маҳалларо муайян мекунад.

2.6 Дар ҳаёти маҳалла мақоми рӯҳониён, домуллоҳо низ ба мушоҳида мерасад. Дар гузарҳо масҷидҳои ҷомеи намози ҷумъа ҳастанд ва имомхатиби худро доранд. Имомхатиб сарвари масҷид аст ва ӯро одатан «мулло» мегӯянд. Аммо на ҳамаи муллоҳо имомхатиб мебошанд. Дар ҳамаи маҳаллаҳо масҷидҳо и панҷвақта амал мекунад.

Дар рӯзгори маҳалла ҳолатҳое мешаванд, ки сокинони он ба ҳодисаҳои нохуш ( масалан, фавти хешу павандон) дучор мегардандва дар ин маврид барои барои ёрӣ ба ба рӯҳониён муроҷиат мекунанд. Аз ин бармеояд. Ки мулло бештар барои иҷро кардани вазифаи соф динӣ даъват мегардад, аммо низоҳое, ки бевосита байни сокинони маҳалла мегузаранд, аз тарафи худи аҳли ҷомеа бартараф карда мешаванд.

458
Нет комментариев. Ваш будет первым!