Принсипҳои мурофиаи гражданӣ

Дар қатори нишонаҳои соҳаи мустақили ҳуқуқ ба монандӣ, метод, предмет, низом ҷои махсусро принсипҳои батанзимдарории соҳаи мазкурро ишғол менамоянд. Таҳлил ва омӯзиши принсипҳо шароит фароҳам меорад, ки дар асоси он моҳият ва хусусиятҳои хоси ин ё он соҳаи ҳуқуқ муайян карда шавад. Принсипҳои ҳуқуқӣ хусусияти умумиҳатмӣ дошта, барои мустаҳкам кардани сохтори дохилӣ ва алоқаи байниҳамдигарии меъёрҳо, институтҳо ва соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ мусоидат менамояд.

Тамоми низоми муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ, тартиби фаъолияти тамоми шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ дар асоси принсипҳо муайян карда мешаванд. Бинобар ин дар баъзе мавридҳо принсипҳои ҳуқуқиро, принсипҳои тартиботи ҳуқуқӣ, батанзимдарории ҳуқуқӣ, принсипҳои амалкардаистодаи муносибатҳои ҳуқуқӣ низ меноманд.[1]

Принсипҳои мурофиаи гражданӣ гуфта, муқаррароти асосии пешбининамудаи қонунро меноманд, ки дар заминаи онҳо фаъолияти судҳои салоҳияти умумӣ, ҷихати баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ, санҷидани санадҳои судӣ ва иҷрои онҳо анҷом дода мешавад.[2]

Принсипҳои мурофиаи гражданӣ қоидаҳои асосие мебошанд, ки аз оғоз то анҷоми мурофиаи гражданӣ амал мекунанд. Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ дар асос ва бо мақсади амалӣ гаштани принсипҳои мурофиаи гражданӣ бояд эҷод гарданд.

Вобаста ба асосҳои гуногун принсипҳои мурофиаи гражданӣ ба гурӯҳҳо таснифбандӣ карда мешавад:

  1. I. Вобаста ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки дар он принсипҳои мурофиаи гражданӣ дарҷ шудаанд, онҳо ба ду намуд тақсим мешаванд: принсипҳои конститутсионӣ ва принсипҳои мурофиаи граждание, ки дар Кодекси мурофиаи гражданӣ дарҷ шудаанд.
  2. II. Вобаста ба ҳудуди амал принсипҳои мурофиаи гражданӣ ба се намуд тақсим мешавад: принсипҳои умумиҳуқуқии мурофиаи гражданӣ, принсипҳои байнисоҳавии мурофиаи гражданӣ ва принсипҳои соҳавии мурофиаи гражданӣ.

Таҳлили қонунгузории мурофиаи гражданӣ нишон медиҳад, ки принсипҳои зерини мурофиаи гражданӣ мавҷуданд:

  1. Принсипи қонуният – аз ҷониби суд ва субъектони дигари мурофиаи гражданӣ дар ҷараёни баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ дар судҳои салоҳияти умумӣ бечунучаро ва аниқ риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ ва моддиро меноманд. Таъмин кардани принсипи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи муҳим ва аввалидараҷаи ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Онҳо дар рафти фаъолияти худ бо ташвиқу тарғиботи қонун, эҳтироми қонун ва тарбияи ҳуқуқӣ машғул шаванд. Принсипи қонуният дар мурофиаи гражданӣ тавассути воситаҳои мухталифи мурофиавӣ таъмин карда мешавад. Дар байни ин воситаҳо нақши асосиро ду воситаи мурофиавӣ иҷро мекунад: 1) Назорати судӣ; 2) назорати прокурорӣ.
  2. Принсипи мустақилияти судияҳо ва танҳо ба қонун итоат кардани онҳо. Дар ҶТ судияҳо мустақил буда, танҳо ба қонун итоат мекунанд. Дахолат намудан ба фаъолияти судияҳо қатъиян манъ аст. Барои дахолат намудан ба фаъолияти судияҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини шудааст. Мустақилияти судяҳо ва танҳо ба қонун итоат кардани онҳо тавассути тартиби махсуси таъин, интихоб ва бозхонди судяҳо, шакли махсуси мурофиавии баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳо таъминоти моддии судяҳо, таъмин карда мешавад.
  3. Принсипи ба амал баровардани адолати судӣ танҳо аз тарафи суд. Адолати судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ судияҳо салоҳияти умумие, ки дар моддаи 84-уми Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зерин пешбини шудаанд, Суди конститутсилнӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисоӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба амал мебароранд. Дигар мақомот ва шахсони мансабдор ба амал баровардани адолати судиро надоранд.

Фаъолияти судҳои ҳакамӣ оид ба баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ бошад, адолати судӣ маҳсуб намеёбад, чунки судҳои ҳакамӣ ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешавад.

  1. Принсипи забони давлатии мурофиаи гражданӣ гуфта, муқарраротеро меноманд, ки тибқи он парвандаҳои гражданӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ ё ба забони аксарияти аҳолии маҳал баррасӣ ва ҳал карда мешавад.

Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд ҳуқуқ доранд, тавассути тарҷумон дар мурофиа ширкат варзанд ва амалиёти мурофиаро анҷом диҳанд. Ҳамчунин онҳо метавонанд талаб намоянд, ки тамоми маводи парвандаи гражданӣ ба забони модариашон ё дигар забоне, ки медонад, тарҷума карда шаванд.

  1. Принсипи ошкоро будани баррасии парвандаҳои гражданӣ дар суд. Парвандаҳои гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар судҳои салоҳияти умумӣ бо тариқи ошкоро, яъне дар маҷлисҳои кушодаи судӣ баррасӣ карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки ба синни 16 – расидаанд метавонанд ба толорри маҷлиси судӣ ворид шаванд ва ҷараёни онро назорат намоянд.

Сабти овозӣ ва ё видеоӣ аз ҷониби шахсони иштирокчиёни парвандаи гражданӣ ё шахсони дар толор ҳузурдошта танҳо бо розигии судя мумкин аст.

  1. Принсипи мубоҳисавӣ дар мурофияи гражданӣ гуфта, муқарраротеро меноманд, ки табқи он тарафҳои баҳси ҳуқуқӣ бояд фактҳои ҳуқуқии асосноккунандаи талабу норозигиашонро исбот намоянд. Ҳамин тариқ давогаре, ки ҳимояи ҳуқуқро талаб мекунад, бояд фактҳои ҳуқуқии асосноккунандаи ин талабро исбот намояд.[3]

Ҷавобгаре, ки бар муқобили талаби даъвогар норозиги баён менамояд, бояд фактҳои ҳуқуқии асосноккунанда ин норозигиро исбот намояд.

  1. Принсипи баробарии тарафҳо гуфта, муқарраротеро меноманд, ки тибқи он тарафҳо, яъне даъвогар ва ҷавобгар дар мурофиаи гражданӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд ва аз имкониятҳои мурофиавии баробар мавриди истифода қарор медиҳанд. Баробарии тарафҳо пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки дар як меъёри ҳуқуқӣ ҳуқуқ ӯҳдадориҳои ҳардуи тарафҳо пешбинӣ карда шудааст. Бо мақсади таъмини баробарии тарафҳо ба ҳар як ҳуқуқи даъвогар ҳуқуқи баробари ҷавобгар пешбинӣ карда шудааст.
  2. Принсипи ҳақиқати судӣ гуфта, муқарраротеро меноманд, ки тибқи он парвандаи гражданӣ дар суд дар асоси далелҳои пешбинишудаи тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчиёни парвандаи гражданӣ баррасӣ ва ҳал карда мешавад.

Ҳамин тавр, суд аз ӯҳдадории ҷамъ намудани далелҳо озод мебошад.

  1. Принсипи диспозитивӣ гуфта, муқарраротеро меноманд, ки тибқи он пайдоиш, инкишоф ва қатъшавии мурофиаи гражданӣ аз ташаббуси шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ, ки таҳти назорати суд амалӣ мегардад вобаста аст. Принсипи диспозитивӣ аз рӯи моҳият ва мазмуни худ қувваи ҳаракатдиҳандаи мурофиаи гражданӣ мебошад.
  2. Принсипи ба тариқи танҳо ва дастаҷамъӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаи гражданӣ ва ҷиноятӣ дар моддаи 88 Конститутсияи ҶТ мустаҳкам карда шудааст. Правандаҳои гражданӣ дар судҳои салоҳияти умумии марҳилаи якум, яъне моҳиятан танҳо аз ҷониби як судя баррасӣ ва ҳал карда шаванд, ҳам дар суди марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ он ба тариқи дастаҷамъӣ дида баромада мешавад. Ин фарқият пеш аз ҳама аз хусусияти фаъолияте, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ ба амал мебароранд, вобаста мебошад. Барои он ки дар и марҳилаҳо қонунӣ ва асоснокии қарори суди поёнӣ санҷида мешавад.

Суди марҳилаи кассатсионӣ санадҳои судӣ марҳилаи якумро ба тариқи дастаҷамъӣ, яъне дар ҳайати 3 – судяи касбӣ месанҷад.

Суди марҳилаи назоратӣ бошад, санадҳои судиро дар ҳайати накамтар аз 3 – судяи касбӣ месанҷад.

  1. Принсипи ба тариқи бевосита баррасӣ намудани парвандаҳои гражданӣ дар суд. Мазмуни принсипи мазкур дар ӯҳдадориҳои оиди бевосита ва шахсан дар маҷлиси судӣ таҳлил намудани ҳамаи далелҳо аз тарафи суди парвандаро моҳиятан муҳокимакунанда ифода мегардад. Қайд бояд кард, ки сухан танҳо дар бораи судҳои марҳилаи якум меравад, зеро судҳои марҳилаҳои дуюм корро моҳиятан баррасӣ ва ҳал намекунанд, онҳо танҳо қонунӣ ва асоснок будани қарорҳои суди марҳилаи якумро месанҷанд.
  2. Принсипи бефосилагӣ – таассуроти бевосита ва пурра дар бораи моҳияти кори муҳокимашаванда, мустаҳкам намудани эътимоди ботинии суд ва диқкати ӯро парешон накардан дар мурофиаи гражданӣ, ки тибқи он суд то мавқуф гузоштани баррасии парвандаи гражданӣ, боздоштан ё қатъ намудани истеҳсолот оид ба парвандаи гражданӣ ва ё қабул намуданӣ ҳалномаи судӣ ҳуқуқ надорад ба баррасии парвандаи граждании дигар шурӯъ намояд. Ҳалнома ё таъинот дар муҳокимаи судӣ бе ягон фосила бояд бароварда шавад, аммо қонунгузор дар мавридҳои истисноӣ аз рӯи корҳои мураккаб иҷозат додааст, ки то се рӯз мавқуф гузошта шавад.[4]
  3. Принсипи ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ баррасӣ ва ҳал намуданӣ парвандаҳои гражданӣ. Парвандаҳои гражданӣ ба тариқи шифоҳи ва хаттӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Моҳияти мурофиаи гражданӣ ҳамчун шакли ба амал баровардани адолати судӣ маҳз мавриди даҳонӣ сурат гирифтани он ифодаи худро ёфтааст. Аҳамияти принсипи даҳонӣ беш аз ҳама бо принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва зарурияти тартиб додани суратмаҷлиси он муайян карда мешавад. Шоҳид нишондодро, шахсони иштирокчиёни парвандаи гражданӣ баёнотро, пракурор бошад, хулосаро ба тариқи даҳонӣ изҳор менамоянд. Иштирокчиёне, ки бо сабаби камбудии ҷисмонӣ сухан гуфта наметавонанд (шахси гунг) бо тарҷумонҳои махсус таъмин карда мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки баъзе амалиётҳои мурофиавӣ бо тариқи хаттӣ низ иҷро мешаванд. Ба монандӣ, аризаи даъвогӣ, таъинотҳои судӣ, протаколи маҷлиси судӣ ва ҳалномаи судӣ ба тариқи хаттӣ таҳия карда мешаванд.

[1] Семенов В.М. Конституционные принципы гражданского судопроизводства. — М., 1986. – С.26[2] Ниг.: Пособие для адвоката. – Душанбе, 2005. қ.2. с.191. (муаллифи боб – Н.Н. Фозилов).[3] Ниг.: Развитие принципа состязательности в проекте нового ГПК РТ // Состязательность в уголовном т гражданском процессе. – Астана, 2008. –С.284-289.[4] Ниг.: Пособие для адвоката. – Душанбе, 2005. қ.2. с.191-196. (муаллифи боб – Н.Н. Фозилов).
297
Нет комментариев. Ваш будет первым!