Зарурият ва хусусияти менеҷменти бонкӣ

Нақша:

1. Менеҷменти молиявӣ ҳамчун соҳаи менеҷменти бонкӣ

2. Менеҷменти бонкӣ – низоми илмии идоракунии кори бонкӣ.

3. Мундариҷаи низоми бонкӣ: банақшагирӣ, таҳлил, танзим назорат.

1. Менеҷменти молиявӣ ҳамчун соҳаи менеҷменти бонкӣ.

Низоми бонкӣ – ин қисми органики низоми иқтисодӣ, ки хусусият, мақсад ва шартҳои рушд ва робитаи умумии ғояҳои иқтисодиро ифода мекунад.

Бо сохт, сатҳи унсурҳо, вазифаҳо блокҳо, низоми бонкии Тоҷикистон тахминан низоми бозорӣ ба ҳисоб меравад. Низоми бонкии Тоҷикистон аз ду зина иборат аст. Дар зинаи аввал Бонки марказӣ, ки одатан Бонки миллӣ ва давлатӣ меноманд ҷойгир шудааст ва ба зинаи дуюм бонкҳои тиҷоратӣ ва бонкҳои бо сармоия хориҷӣ дохил мешавад.

Мувофиқи қонунгузории ҶТ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолиятро дар макросатҳ амали мегардонад. Бонки миллӣ барои гардиш пулҳои нақдӣ барориш карда, гардиши онҳоро танзим менамояд, тавозуни пардохтим давлатро тартиб медиҳад, бонки бонкҳо ба ҳисоб меравад, ба бонкҳои тиҷоратӣ бо пешниҳоди воситаҳои пардохтӣ зарури хизмат мерасонад. Вазифаи асосии БМТ нигоҳдории қурби пули миллӣ ва қобилияти харидори доштани воҳидҳои пулӣ ва назорати кори бонкҳои тиҷоратӣ мебошад. Монанди дигар бонкҳо БМТ амалиётҳои қарзӣ, амонатӣ ва ҳисоббаробаркунӣ иҷро менамояд, вале на дар сатҳи шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқии ҷудогона, танҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ. БМТ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз пешниҳод менамояд ва амалиётро дар бозори дуюминдараҷаи қоғазҳои қиматнок амали мегардонад.

Амалиётро бо мизоҷон (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), яъне амалиёт дар сатҳи пасти робитаҳои иқтисодӣ бонкҳои тиҷоратӣ амали мегардонанд. Бо фарқият аз БМТ бонкҳои тиҷоратӣ бо баробарии амалиётҳои қарзӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва амонатӣ инчунин амалиётҳоро оид ба инкасатсия (ғункунии воситаҳои пули нақдӣ), амалиёт дар бозори кушод бо харидан, фурӯш ва баҳисобгирии қоғазҳои қиматнок, идоракунии амвол ва пулҳои нақдии мизоҷони худ амали мегардонад.

Тақсимкунии соҳаи фаъолияти БМТ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба предмети идоракунии амалиётҳои пулӣ зоҳир меёбад. Агар предмети идоракунии БМТ кор барориши (барориши пулҳои нақд – амалиётҳои монополии он), танзими гардиши пулӣ, назорати кори бонкҳо, мукаммалгардонии гардиши пардохтҳо ва фаъолияти низоми бонкӣ дар маҷмӯъ бошад, идоракунии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ба якҷоякунии хусусияти амалиётҳо, ки онҳо иҷро мекунад ва инчунин нишондиҳандаҳои умумии фаъолияти худ – даромаднокӣ, бозоргирӣ, рушди устувор.

Идоракунии фаъолияти БМТ ҳамчун институти иҷтимоӣ, мақомоти умумихалқӣ ба амали гардидани мақсадҳо равона шудааст, вале бартарии идоракунии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчуни институти хусусӣ барои муваффақ гардидани мақсадҳо пешбини шудааст. Механизми муваффақ гардидани мақсадҳои кори бонкҳои тиҷоратӣ бо манфиатҳои мизоҷ зич алоқаманд аст.

Агар мизоҷони БМТ (пулҳое, ки ба хоҷагидории молӣ – пулӣ аз тарафи БМТ барориш шудааст ҳар шаҳрванд истифода мекунад) моҳиятан ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб равад, мизоҷони бонкҳои тиҷоратӣ гурӯҳи маҳдуди шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошад. Идоракунии БМТ ҳамаи аъзоёни ҷамъиятро дар бар мегирад, дар он вақте, ки идоракунии бонкҳои тиҷоратӣ танҳо иштироккунадагони ҷудогонаи гардиши хоҷагиро.

Аз ин ҷо фарқияти идоракунии фаъолиятҳо барои манфиати муваффақгардии мақсадҳои гузошташуда. БМТ асосан идоракуниро бо воситаи барориши воситаҳои пардохтӣ, танзими ҳаҷми воситаҳои пули нақдӣ ва ғайринақдӣ, қурби асъор, мизони баҳисобгирӣ амали мегардонад. Бонкҳои тиҷоратӣ воситаҳои гуногунро истифода мекунад, ки даромаднокӣ ва бозоргирӣ, паснамоии хавфро бо иҷроиши амалиётҳо таъмин мекунад.

Дар охир, муҳити гуногуни фаъолияти БМТ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба нишондиҳандаҳои баҳодиҳии идоракунии фаъолияти онҳо таъсир мерасонад. Агар фаъолияти БМТ ва идоракунии он бо нишондиҳандаҳои таваррум, мутаносиби қурби пули сомонӣ ва асъорҳои дигар давлатҳо баҳогузорӣ шавад, фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ бо устувории гирифтан и даромад, рақобатпазирӣ устувории фаъолият дар маҷмӯъ баҳогузорӣ карда мешавад.

2. Менеҷменти бонкӣ – низоми илмии идоракунии кори бонкӣ.

Менеҷменти бонкӣ идоракунии ҳаракати воситаҳои пулӣ, ташкил ва ҷойгиркунӣ мақсад ва вазифаҳои бонки мушаххас аст. Дар ин асос равияи асосии менеҷменти бонкӣ мешавад:

• коркарда сиёсати бонкӣ бо соҳаҳои мушаххаси фаъолияти бонкӣ (амонат, қарз, сармоягузорӣ, хизматрасонӣ);

• маркетинги бонкӣ;

• идоракунии актив ва пассивҳо;

• идоракунии бозоргирӣ;

• идоракунии фоиданокӣ;

• идоракунии сармояи худӣ;

• идоракунии сандуқи қарзӣ;

• идоракунии хавфҳои бонкӣ.

Хусусияти менеҷменти бонкӣ мавҷуд набудани технологияи якхелаи равандҳои иқтисодӣ ва ташкили ташхиси бонкӣ дар меъёри ягонаи низоми бонкӣ мебошад. Дар шароити рақобати бозори пулӣ ҳар бонк қоидаҳои худро коркард мекунад: ҳолатҳои доимо тағйирёбандаи иқтисодиёт мукаммалгардонии кори бонкро талаб менамояд.

1.4K
Нет комментариев. Ваш будет первым!