Мақоми муассисаҳои анъанавӣ дар пешгири ва бартараф кардани низоъ

  1. Нақши муассисаҳои анъанавӣ дар пешгири ва бартараф кардани низоъ
  2. Нақши муассисаҳои анъанавӣ дар раванди ҷомеа
  3. Муассисаҳои анъанавӣ

Сабабхои сар задани низоъ гуногунанд. Кисми зиёди онхо омилхои иктисоди, сиёси, миллию кавми, дини доранд. Яке аз омилхое, ки онро кувват мебахшад ва ё васеъ мекунад, идентификатсия мебошад, ки мохияти он ба ин ё он гурух мансубият доштанро дорад, монанди <<мо>>, <<онхо>>, <<мо не>> ва гайрахо, ки одатан ба сар задани низоъ оварда мерасонад. Чи хеле ки хисобхои омории чахони муосир нишон медиханд, имруз бештари низохо байнигурухи буда, сарчашмахои иктисоди, ичтимои, кавми, нажоди, дини ва фарханги доранд.

Маълум аст, ки инсон бидуни муносибату робита бо одамони дигар хаётро дар чомеа тасаввур карда наметавонад. Дар минтакахои гуногуни Точикистон усулу воситахои мухталифи пешгири ва бартараф сохтани низою мухолифатхо мавчуданд, вале рохи халли онхо дар хар минтака хусусияти худро дорад.

Кисми зиёде аз ин муассисахои мардуми ё анъанави дар Точикистон кариб якхела буда, дар номгузори ва бо баъзе мафхумхои хоси худ аз хамдигар фарк мекунанд. Мисол: муоширати ичтимои дар масчидхо ва чойхонахо дар Сугду Хатлон, хонахои помири дар Бадахшон ва гайрахо, ки дар онхо сокинони махалла, чамоат, авлод чамъ шуда, масъалахои ба миёномадаи бахсангезро хал мекунанд.

Ин муносибатхо дар шакли анъанави, ба монанди машварати кухансолон, миёнаравии шахсони обруманд, олимон шахсони диндори сохибмартаба ба вукуъ мепайванданд. Хамаи ин услубхо ва шаклхои дигари онхо хангоми танзим ва бартараф кардани низоъхои шахси, оилави, ичтимоию сиёси, минтакави ва дини мавриди истифода карор мегиранд. Анъанахои милли падидаи ичтимоии мураккаб буда, ба худ сатх ва шаклхои гуногуни шуури чамъиятиро пайваст мекунанд ва дар охир онхоро ба муносибатхои чамъияти табдил медиханд.

Воситаи мухимтарине, ки фаъолияти ин муассисахои анъанавиро дар халлу фасли низоъ фаъол мегардонад, мавчуд будани чандандеши дар афкори мардум аст. Махз ин равиш мабдаъхоро ба он водор месозад, ки тартиботро дар чомеа нигох доранд.

Иштироки гуруххо дар низоъ ба монанди мусобика мебошад. Дар ин мусобика на танхо одамон, балки равияхои мухталиф низ, ки дар зинахои баланд карор дошта, ба хамдигар вобастаанд, иштирок мекунанд. Раванди мусолиха бояд роххои халли масъалахои ба вучуд омадаро ёбад. Ба одамон бояд имконият ва мухите фарохам оварда шавад, то онхо бо якдигар гаму андух ва захмхои дар гузашта дошта, талафхои додаашон ва беадолатихоеро, ки аз сар гузаронидаанд, иброз доранд. Эътироф дар инкишофи мусолиха шарти асоси ва халкунанда мебошад. Он ояндаро тасвир намуда, сулхро бунёд мекунад. Барои расидан ба ин максад одамон бояд роххое пайдо намоянд, ки худашон бо душманон, тарсу харос орзухои доштаашон ру ба ру гарданд.

Дар давоми солхои 80-уми асри ХХ олими амрикои Чон Пол Ледерак хангоми дар Амрикои Маркази хамчун коршинос оид ба халли мунокишахо ва миёнарави вохурихо мегузаронд, дар асоси дуое, ки пеш аз хар як вохури дар дехахо миёнаравони никарагуаги кироат мекарданд ва шахси кироаткунанда ба бозгашти одамон ва имконияти сулх ишора мекард, чахор консепсияро муайян намуд: Хакикат, Шафкат, Адолат ва Ошти.

Маънои мухтасари дуо, ки танхо аз ду мисраъ иборат буд, чунин садо медод:<< Хакикат ва Шафкат бо хам як чо шуданд. Ошти ва Адолат якдигарро бусиданд>>.

Сипас ин чахор консепсия муайян шуданд ва Ледерак дар вохурихои комиссияхои махалли ва минтакави оид ба сулх онхоро мавриди омузиш кароро дод. Аз иштирокчиён хохиш карда шуд, ки хар як консепсияро дар алохидаги барраси кунанд. Хангоми мухокимаи консепсияи Хакикат иштирокчиён мафхумхои эътироф, бовичдони, кушоду равшан гуфтан, кашфиёт, масъул буданро пешниход намуданд.

Дар робита бо консепсияи Шафкат хамдарди, якдигарро бахшидан, аз нав огоз кардани муносибатхо садо доданд. Адолат мафхумхои баробари баркарорсозии адолат ва ислохи хатохоро ба миён гузошт. Нисбат ба Ошти мафхумхои созиш, ягонаги, амният, эхтиром пайдо шуданд.

Ба мувофика омадани Хакикат, Шафкат, Адолат ва Ошти мусолихаро ба вучуд меорад. Мусолихаи нукта ё маконест, ки тарафхои мукобилро ба самти ошти ва бунёди сулх равона месозад.

Пас саволе ба миён меояд: оё дар пешгири ва бартараф кардани низоъ дар сатхи чамоат ё махалла бо истифода аз усулу роххои анъанавии милли ин чахор консепсияро мавриди истифода карор додан мумкин аст ё не? Албатта, мумкин аст.

Афкори гузашта ва имрузаи мардуми точик пур аз мисолхое мебошанд, ки дар онхо мафхумхои Хакикат, Шафкат, Адолат ва Ошти садо медиханд ва кисмате аз онхо дар боло оварда шуданд. Комиссияи оштии милли, ки барои татбики <<Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти милли дар Точикистон>> (дар таърихи 27-уми июни соли 1997 имзо шудааст) бунёд гардида буд, дар мухити бовари, хамдигарбахши, истикрор ва мустахкам кардани ризоияти милли фаъолият мекард, дар мачмуъ аз ин мафхумхо дур набуд.

Тавре ки зикр шуд, низоъхо шакли гуногун дошта, ба хамдигар монанд нестанд. Дар чунин холат намуди ягонаи халли низоъ вучуд надорад. Бинобар хамин, тачрибаи таърихи ва анъанахои милли нишон медиханд, ки барои пешгири ва бартараф кардани низоъ тамоми усулу шаклхоро ёфтан лозим аст, то раванди созишро таъмин намояд.

Ба тарики мухтасар мехохем аз баъзе муассисахои анъанави, ки дар халли низоъ макоми махсус доранд, ёдрас шавем:

  1. Чамоат иттиоди одамон ё халкиятхое мебошад, ки мансубияти хоси кавми, забони, фарханги ва динию мазхаби доранд. Мисол: чамоати исмоилиён ( исмоилия яке аз шохахои мазхаби шиаи дини ислом аст, ки пайравонаш, аз чумла дар ВМКБ зиндагони мекунанд). Пешвои мазхаб пайравони худро дар асоси арзишхои ахлоки, дини ба сулху субот, якдигарфахми, ободии диёру кишвар хидоят мекунад. Сарвари исмоилиёни чахон Огохони IV, ки якчанд бор аз Точикистон дидан намуд, доимо ба пайравони худ чунин нуктахоро таъкид месозад:<<Агар хар кадом ё хамаи мардуммбихоханд зиндагиашонг бехтар гардад, бояд тарафхои ихтилофро ба сулх таргиб кунанд; новобаста аз нажод, дин, миллат ва забон бо дигар аъзои чомеа дар фазои сулху субот ва хамдигарфахми зиндаги кунед, конунхои давлати худ ва мамлакатхои дигарро эътироф ва хурмат намоед; кушиш кунед, ки аз даргири (низоъ) ё хусумат, ки боиси зиёни ичтимои мегардад, бо хар рох дур бошед>>. Дар рузхои чанги шахрвандии Точикистон Шохзода Огохони IV дар иршодот ва суханронихояш мардуми Бадахшонро ба он даъват кард, ки аз низоъ даст кашанд ва баркарорсозии зиндагии халкро оғоз намояд. Ин роҳест, ки созандагиро дар сарзамини тоҷикон эҳё мекунад. Соли 1993 дар шаҳри Хоруғ шуъбаи бунёди Оғохон кушода шуда, барои ҷамоати вилояти Бадахшон новобаста аз дину мазхаб ва забон кумаки башардустона расонид. Ҳоло барномаҳои дастгирии соҳибкори, кишоварзи, муҳандиси, инкишофи маориф ва ҳифзи сиҳат ва водии Рашт низ амал мекунанд.
  2. Шурои маҳалла хамчун сохтори анъанавии худидораи чамъият амал мекунад. Дар маҳаллаҳо анъанаи новобаста аз муносибати хешованди дар робитаи зич зиндаги кардани сокинони он мавчуд аст. Шурои маҳалла, ки собиқаи зиёда аз хазорсола дорад, ифодагари яке аз хусусиятхои маданияти милли, табиат ва ҳуввияти халқи мебошад. Албатта, сохтори Шурои маҳалла дар минтақаҳои мухталифи чумхури дорои хусусиятхои хосе мебошад, аммо моҳияти меҳнат ва фаъолияташ аз ҳар ҷихат ба хамдигар монанд аст.

Сохтори Шуроҳои махаллаҳои шаҳри Хоруғ дар танзим ва бартараф кардани хама гуна низоъ макоми хосае доранд. Бояд кайд намуд, ки чамоатхо ва Шурои махаллахои шахри Хоруг аз руи сохтор ва хайъаташон аз дигар нохияхои вилоят ва чумхури фарк доранд. Дар шахри Хучанд <<амин>> вазифаи раиси махалларо ичро мекунад ва у намояндаи хокимияти давлати дар махалла хисоб намешавад. Дар шахри Хоруғ Шурои маҳалларо раиси чамоат хамчун намояндаи хокимияти махалли ба ухда дорад. Вазифаи <<амин>>-ро дар махалхо <<Раисони табак>> ичро мекунанд. Дар таърихи 14-уми августи соли 2002 раиси хукумати шахри Хоруг <<Дар бораи таъсис додани Шурои махаллахои шахр>> карор баровард. Шахри Хоруг ба 5 чамоат ва 20 махалла таксим шудааст ва Шурои махаллахоро раисони чамоат сарвари мекунанд. Раиси чамоатро дар мачлиси махалла бо овоздихии ошкоро интихоб намуда, дар чаласаи хукумати шахр хамчун раиси чамоати озод тасдик месозанд ва у аз хукумати шахр барои ичрои ин вазифа маош мегирад. Раиси чамоат ду муовини ифтихори дорад. Дар мачлиси аввали ин сохтор Шурои махалла дар хайати 7-10 нафар интихоб мешавад. Ба хайати Шуро раиси чамоат, муовинони у, раисони занон, чавонон муйсафедон ва намояндагони дин дохил мегарданд. Дар охири сол раиси чамоат аз фаъолияти кориаш ба сокинони махалла хисобот медихад.

Вазифаи раиси чамоат хамчун сохтор худидора ва намояндаи хукумат дар махалла пешбурди хаёти иктисодию ичтимои ва фарханги мебошад. Ба чуз ин, дар баробари раисони чамоат аз руи таксимбандии кучаву махаллахо раисони махалла интихоб мешаванд, ки онхоро <<Раисони табак>> меноманд. Ба хайати он гурухи муайяни бошандагони махалла дохил мешаванд. Ин сохтор масъалахои таксими мавод, маросимхои дафн, ташкили кумак ба ниёзмандон, корхои ободонии гирду атроф, гузаронидани тую маъракахо, пешгири ва бартараф сохтани ихтилофотро дар худуди махалла хал мекунад. Агар масъалаи бахснок ё низоъ берун аз доираи махалла сар занад ва сокинонаш ба ин раванд хох-нохох ворид шаванд, раиси чамоат ва намояндагони Шурои махалла бахри идора ва халли низоъ фаъолона дар гуфтушунид иштирок мекунанд.

  1. Табакаи дигаре, ки дар музокирот, бартарафсози ва халли низоъхои ва халли низоъхои мухталиф макоми хосае дорад, табакахои маънави-саидхо, турахо, хочахо, эшонхо ва амсоли инхо мебошанд, ки мутобики равиятхо аз авлоди Пайгамбар Мухаммад © махсуб шуда, дар байни ахоли табакаи бонуфузанд. То хол дар аксари минтакахои Точикистон, аз он чумла дар вилояти Сугд, нохияхои водии Рашт ва ВМКБ ин табакахо сохиби обрую эхтироми хоса буда, дар халли низоъхои байни мардум фаъолона иштирок мекунад.
  2. Машварати кухансолон. Ба ин гурух одамони обруманд, муйсафедони кордида дохил мешаванд, ки ягон вазифаи давлати надоранд ва масъалахои бахснокро мустакилона хал мекунанд. Дар ВМКБ ин шахсон да бартараф сохтани низоъхои ичтимои дар микёси махалла, дехот ва чамоат ба монанди таксими об, замин, масъалахое, ки ба манфиати хамаи сокинони махалла мебошанд, фаъолона иштирок мекунанд. Дар машварати кухансолон алокахои хешу табори ба назар гирифта намешавад, ки агар халли масъала кашол ёбад ва сохторхои дигар онро ба танзим дароварда наметавонанд.
  3. Чамъомадхои мардона аз чониби гурухи одамоне ташкил мешаванд, ки робитаи авлоди, хешутабори ва дустона доранд. То хол дар Бадахшон чунин мафхумхо дар гурухбандии оилави-хешутабори, ба монанди <<кавм>> дар Язгулом, <<тухм>>, дар Вахон <<гири>> << ришта, авлод>> дар Шугнон <<кавм ё кинда>> дар Ишкошим мавчуданд ва аз руи онхо алокахои хешутабори маайян мегардад. Одатан мансубияти авлоди 7-12 наслро ташкил медихад. Фаъолияти ичтимоии ин гурух хеле бузург аст ва он метавонад дар пешгири ва халли низоъ хам накши мусбат ва хам накши манфиро бибозад. Низоъхое, ки дар доираи авлод, хешу табор ба амал меояд, дар чамъомади авлод, наздикону пайвандон халлу фасл мешаванд ва аз доираи он берун намебарояд, карори ин чамъомад барори сокинони дигари махалла ё чамоат махфи аст. Мисол, низои байни зану шавхар ё хешу табор.
  4. Дар раванди муътадилгардони ва халли масъалахои мубрами чомеа сохторхое чун масчидхо, маъракахои туй, чойхонахо, хонахои мардуми, хонахои чамъияти(алобхона дар Язгулом, Ванч, Дарвоз), хонаи калон ва ё хонаи авлоди(дар Шугнон, Рушон, Ишкошим), ки ахли чамоат дар он чо чамъ меолнд, сахм мегузоранд. Хусусияти фарккунандаи ин унсур аз машварати кухансолон ва чамъомадхои мардона дар он аст, ки хайати ичтимоиаш якхела нест. Аъзои он доими набуда аз руи синну сол, чои кор, хизбият аз хамдигар фарк мекунанд. Танхо халли ягон низои ичтимоии ба амаломада онхоро муттахид месозад.
  5. Яке аз унсурхои чомеаи шахрванди иттиходияхои чамъияти (созмонхои гайрихукумати) мебошанд. Онхо дар минтакахои гуногуни чумхури дар халлу фасли масъалахои низоангез макоми хосае ишгол мекунанд. Бо ёрии намояндагии <<Каунтерпарт Консортсиум>> имруз 13 иттиходияи чамъияти (СГХ), ки танхо бо барномахои сохаи низоъшиноси сарукор доранд, ташкил гардиданд.

Хадафи иттиходияхои чамъияти бехтар кардани шароити зиндагии мардум, хифзи хукукхои сиёси, иктисоди, ичтимои, мадани ва ташаккули чомеаи солим мебошад. Бахри пешгири ва халли низоъ иттиходияхои чамъияти дар фаъолияти худ аз роху усули мухталиф, ба монанди гузаронидани семинар, муколима, гузориш ба васоити ахбор, ташаккули маданияти сиёсии шахрвандон, миёнарави байни тарафхо истифода мекунанд.

  1. Услуби дигаре, ки дар танзим ва бартараф кардани низоъхои мухталиф бештар истифода мешавад, хамкории хукумат, чамоат ва махалла мебошад. Албатта, барои ба ин хамкори расидан усулу роххои гуногун пешниход мешаванд, то мувофикаро таъмин карда тавонанд. Мисоли зайл тасдиқи гуфтаҳои боло шуда метавонад.

Дар Ичлосияи чахоруми вакилони халки ВМКБ ки мохи январи соли 1997 баргузор шуда буд, намояндагони мардуми, хукумат ва Шуроҳои маҳалла дар назди худ вазифаҳои зерин гузоштанд:

  1. Хамаи он гуррезахое, ки аз шаҳру нохияҳои дигари Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилоят муваккатан панох ёфтаанд, ба чойхои зисти пештараашон баргардонида шаванд, чунки дар натичаи сар шудани чанги шахрванди ба ВМКБ 55525 гуреза омода буд.
  2. Дар дасти ахолии гайринизоми микдори зиёди силохи оташфишон мавчуд буд ва он бояд аз тарафи макомоти салохиятдор чамъ карда мешуд. Барои татбики ин амал дар хамаи нохияхои вилоят бо ахоли мачлисхои муштараки хукумат, намояндагони хизбу созмонхои чамъиятию сиёси ва раисони махаллахо гузаронида шуданд.
  3. Ходисахои марзшикани ки пеш аз хама, ба пахн кардани маводи мухаддир ва ворид гардидани силохи оташфишон ба худуди Точикистон аз Чумхурии Исломии Афгонистон боис мегардид, пешгири карда шавад.

Ин вазифахо чигуна ичро шуданд? Пеш аз хама ба хотири хамкори ва хамдигарфахмии нерухое, ки дар вилоят амал мекарданд, Шурои хамохангсозии ин нерухо созмон дода шуд. Ба раёсати ин Шуро шахсони баруманд аз табакахои гунргуни ахоли дохил шуданд ва дар байни мардум сухбату вохурихо гузаронида, дар кори ба эътидол овардани вазъият хиссагузори намуданд.

Дар маркази вилоят- шахри Хоруг комиссияи созиши мардуми ва вахдат ташкил гардид. Ба хайати он вакилони мардуми, зиёиён, намояндагони шурохои махалла, ахли дин, шурохои занон ва чавонон дохил гардиданд. Ин комиссия ба он ноил гардид, ки байни хукумати вилоят ва нерухои оппозитсиони вазифаи миёнаравиро ичро намояд. Комиссияи муштарак дар давоми фаъолияти худ корхои назаррасеро сомон дод. Дар давоми ду сол (1995-1996) 49 хазор нафар гурезахои ичбори ба ҷойхои мукимии зисташон баргардонида шуданд. То аввали соли 1997 зиёда аз 600 нафар адад навъхои гуногуни яроки оташфишон аз дасти ахоли чамъовари гардида, ба макомоти салохиятдор супорида шуданд. Дар дехахои наздисархади аз хисоби чавонон гуруххои мухофизати таъсис дода шуд, ки хамрохи сархадбонони Русия марзи Точикистонро хифз мекарданд.

Аз ин хотир, хукумати ВМКБ дар хамдасти бо Шурохои махалла, чамоат зиёиён, ходимони дин шахсони обруманд ва пирони кордида аз соли 1992 сар карда, кушиш тоштанд, ки дар худуди вилоят алангаи чанг сар назад ва фазои сулҳу созандаги бар низоъ ғалаба намояд.

639
Нет комментариев. Ваш будет первым!