Усулҳои бунёди сулҳ

  1. Роҳҳои таҳкимбахшандаи бунёди сулҳ
  2. Усулҳои бунёди сулҳ

Яке аз воситаҳои муфиди таҳлил-бо истифода аз секунҷа баррасӣ кардани муҳити пайдоиши низоъ аст. Барои мисол, дар кишварҳоие ба монанди Либерия, Колумбия ё Тоҷикистон дар муҳити низоъ мухим аст. Секунҷа кишрҳои ба низоъ гирифтори ҷомеаро нишон медиҳад. Қуллаи он фарогири теъдоди начандон зиёд, вале намоёни роҳбаронест, ки ба ҳамагон шиносанд. Дар кисмати поини секунҷа пешвоёни чамоату маҳаллаҳо зикр шудаанд, ки шумораи зиёди аҳолиро дар бар мегирад. Дар бахши миёнаи секунҷа роҳбарон, шабакаҳо ва ташкилотҳое ҷойгиранд, ки ҳам бо мансабдорони зинаи боло ва ҳам бо қишрхои поини ҷомеа муносибат доранд.

«Пурбин»-и мазкур пешниҳод мекунад, ки услубҳои бунёди сулҳ бояд ба манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Зимнан се бархӯрди сулҳофарӣ дар мадди назар қарор мегиранд:

Бархурди якум ва маъруфтарин «сулҳи аз боло овардашуда» ном дошта, дар сатҳи болоии ҷомеа анҷом мегирад ва асосан ба таҷрибаи дипломосии байналмилалию давлатӣ робита дорад. Мақсади аслии он муайян сохтанва сари мизи музокирот гирд овардани роҳбарони асосии гурӯҳҳои даргир аст. Таърихан ин бархӯрд

«Сулҳи аз боло овардашуда» пеш аз хама маънои муросои миёни рохбарон ва баъдан, татбики созишномаи сулх дар чомеаро дорад. Вазифаи он тархрезии тадбирхои сиёсию харбй аз тарафи рохбарони воломаком аст, ки заминаро барои хотимаи чанг фарохам месозад. Норасоии ин бархурд дар он аст, ки аз кдрорхои кдбулшуда аксаран шумораи зиёди одамон зарар мебинанд. Дар натиҷа бештари онхо ақидае пайдо мекунанд, ки созишномаҳои расмӣ бе назардошти афкору манфиатхои мардум имзо шудаанд. Бинобар ин, раванди мусолихаро тарафдорй накардани доирахои васеи ахолй имконпазир мегардад

Сатҳи олӣ «Сулҳи аз боло овардашуда»; Музокирот дар сатҳи олӣ.

Сатҳи миёна Дар сатҳи ҷамоатҳои маҳаллӣ муколимаҳо ташкил мекунанд.

Сатҳи поин «Сулҳи аз поин ба боло»;

«Дипломатияи халқӣ» барои бартарафсозии кинаю бадгумонӣ.

Дар қисмати поини секунҷа мо муносибати «аз поин ба боло»-ро мебинем. Он (бархурди дуввум) дар заминаи боваре бино шудааст, ки ҷанг ба тамоми кишрхои чомеа таъсир мегузорад. Аз ин ру, хар як маҳаллаю ҷамоат бояд кушиш намояд, ки низоъро дар сатҳи худ ҳал кунад. Низоъ танҳо ихтилофи байни роҳбарони мақомоти болоӣ нест ва дар он одатан табақаҳои поини чомеа ҷабр мебинанд. Маҳаллаю ҷамоатҳо, сарфи назар аз мавқеи сиёсиашон, барои дарёфти роҳи мусолиҳа бояд якҷоя талош варзанд.

Муносибати «аз поин ба боло» чанд услуби роҳнаморо низ пешниҳод мекунад:

Бунёди сулҳ танҳо вазифаи роҳбарони давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як фард аст.

Барои пойдории сулҳ иштироки одамон дар раванди оштӣ зарур аст. Тамоми дигаргуниҳое, ки ба хаёти мардум таъсир мегузоранд, бояд бо ширкати бевоситаи онҳо амалӣ гарданд. Аз ин рӯ, иқдомҳои сулҳҷӯёна бояд бо назардошти иштироки васеи ҷомеа тарҳрезӣ шаванд. Камбудии чунин услуб дар он аст, ки вақти зиёд гирифта, ширкати баробари тамоми ҷамоату қишрҳои ҷомеаро метавонад душвор гардонад. Аз тарафи дигар, агар саҳмгузории бештари мардум дар раванди оштӣ таъмин гардад, имконияти нигоҳ доштани сулҳ ва пойдории он меафзояд.

Бархӯрди саввуми сулҳофарӣ зинаи миёнаи ҷомеаро фаро гирифта, асосан ба муносибату робитахо миёни бахшҳои гуногуни он сарукор дорад. Дар ин чаҳорчӯба маҷмӯи алоқаю муносибатхои дохили ҷомеа тахлил мешаванд, ки тамоми қишрҳои онро дар самтҳои «амудӣ» ва «уфуқӣ» пайваст мекунанд. Муносибатҳои «амудӣ» одамонро аз боло то поини ҷомеа ба ҳам мепайванданд. Дар ин маврид тахлилгарон бояд чунин суолро пеш гузоранд: Кӣ аз намояндагони қишрҳои миёна (қисмати миёнаи секунҷа) рони сатҳи олии кишвар ва ҳам бо ҷамоатҳои маҳаллӣ (қишрҳои поини ҷомеа) робитаи зич дорад?

Дар баробари ин, хангоми тахлили муносибатҳои «уфуқӣ» бештар ба тафовути миёни одамону гурӯҳҳо аз ҷиҳати мансубияти қавмӣ, динӣ, нажодӣ ё забонӣ таваҷҷӯҳ мешавад. Ин бархӯрд ба таври зайл суол мегузорад: Кӣ метавонад аз номи гурӯҳи худ хатти низоъро убур карда бо тарафи дигар муносибат бунёд намояд?

Дар доираи бархӯрди саввуми сулҳофарӣ мо метавонем миёни гурӯҳҳои мухталифи мардум ва ташаббусхои сулҳҷӯёнае, ки дар ҷомеа амалӣ мешаванд, робитахоро муайян созем. Бартарии чунин бархӯрд дар он аст, ки бо истифода аз он метавон як шабакаи фаъоли муносибату ҳамкорӣ миёни қишрҳо ва гурӯҳҳои ҷомеаро бино кард. Албатта, ин вазифаи душвор аст, вале агар аз ӯҳдаи ин кор бароем, муносибат ва робитахои бунёдшуда устувору тулонӣ хоҳанд буд.

385
Нет комментариев. Ваш будет первым!