Усули  калидии  сулҳофарӣ

  1. Мақоми сулҳофарӣ дар раванди ҷомеа
  2. Сулҳофарӣ
  3. Раванди мустаҳкамнамоии сулҳофарӣ

Раванди бунёди сулҳ чаҳорчӯбаи назарӣ ва амалӣ буда, навъҳои гуногуни фаъолият ва афкорро дар бар мегирад. Он бо назардошти панҷ асл (принсип)-и бунёди амалӣ мегардад.

Асли якум– сулҳофарӣ бояд услуби таҳлили ҳамаҷонибаро истифода созад. Ин маънои онро дорад, ки тамоми рӯйдоду падидахои вобаста ба низоъ ва сулҳофарӣ ҳаматарафа баррасӣ мешаванд. Услуби ҳамаҷонибаи таҳлил на танҳо рӯйдоди алоҳида, балки доираи васеи падидаю воқеаҳоро, ки дар дохили низоъ ҳамзамон сурат мепазиранд, баррасӣ мекунад..

Асли дуввум- ҳангоми амалисозии раванди сулҳофарӣ омили ба хам вобастагии одамонро бояд ҳамеша дар мадди назар дошт. Ин маънои онро дорад, ки иштирокдорон ва фаъолиятҳои раванди бунёди сулҳ бо ҳам алоқаманданд, ҳатто агар онҳо бевосита ба якдигар сарукор надошта бошанд. Ба таври дигар гӯем, хар як чорабинии сулҳофарӣ унсури раванди умумӣ буда, на танҳо ба як рӯйдоди алоҳида, балки ба доираи васеи воқеаҳо таъсир мерасонад. Чунин низоми пайвастагии одамон ва фаъолитҳои сулҳофарӣ маънои онро дорад, ки хеҷ фарде ё гурӯҳе дар танҳои қудрати тарҳрезӣ ва истиқрори сулҳро надорад. Тамоми падидаҳо ба ҳам алоқаманданд ва ба якдигар таъсир мерасонанд. Дар ин замина сулҳофарӣ хамеша аз паи бунёди хамкорӣ миёни одамон буда, устувории дигаргуниҳои дилхохи ҷомеаро таъмин мекунад.

Асли саввум- барои сулҳофарӣ мавҷудияти сохтори худ зарур аст. Онро ба пойдевор ва сутанҳое, ки биноро нигаҳ медоранд, метавон монанд кард. Дар ин мисол сохтори раванди сулҳофарӣ аз одамон ва муносибатҳояшон иборат буда, ҳамчунин фазои иҷтимоиро дар бар мегирад, ки барои нигоҳ доштани раванди дигаргуниҳо, пешгирии зӯроварӣ ва роҳ надодан ба парокандагии ҷомеа мусоидат мекунад. Ба ибораи дигар, онҳо зербино ва сутунҳои раванди бунёди сулҳанд. Сохтори сулҳофарӣ барои хар чӣ зудтар паси сар кардани бухронҳои шадид ва ба миён овардани дигаргуниҳои зурури имконият медиҳад.

Асли чаҳорум- бунёди сулҳ стратегияи хубро талаб мекунад. Ин маънои онро дорад, ки сулҳофарӣ бояд аз доираи фазифаю ҳадафҳои кӯтоҳмуддат берун барояд. Ба таври гӯем, дар раванди тарҳрезӣ ва иҷрои чораҳои фаврӣ омилҳои дарозмӯҳлат низ бояд ба инобат гирифта шаванд.

Асли панҷум-раванди бунёди сулҳ бояд бардавом бошад. Зимнан дар дохили ҷомеа захираҳои сулҳофарӣ кашф гардида, ба кор бурдани онҳо барои ҳаллу фасли низоъ имконопазир мешавад. Зарурати такя ба зихираҳои беруна дар ин ҳолат ба миён намеояд.

Чаҳочӯбаи сулҳофарӣ имкони баррасии ҳамаҷонибаи вазъиятро пешниҳод намуда, пайваста маҷмӯи чораҳоро баҳри ҳали масъалаҳои низоъангез пешниҳод мекунад. Бунёди сулҳ на танҳо аз ҷараёни алоҳидае иборат аст, ки аз тарафи гурӯҳи хурди шаҳрвандон амалӣ мешавад, балки фарогири шумораи зиёди равандҳои сулҳофар низ ҳаст. Он ташаккули фаҳмиши муназзамро доир ба дигаргуниҳои осоишта дар вазъияти низои решадавонда талаб мекунад.

422
Нет комментариев. Ваш будет первым!