Дин  ва низоъ

  1. Нақши дин дар ҳалли низоъ
  2. Низоҳои динӣ
  3. Роҳҳои пешгирии низоъ

Таърихи пайдоиши, таҳаввул ва инкишофи динҳои ҷаҳонӣ, ба монанди яҳудӣ, насрони ва ислом, гувоҳи равшани он аст, ки онҳо дар замон ва макони муайян, пеш аз ҳама, барои ба ҳам овардани ҷомеаи парешон, пур аз нобасомонӣ ва низоъ ба вуҷуд омаданд, на ба хотири эҷод ва ё доман задании оташи низоъ ва ихтилоф дар байни аҳли он. Ва тасодуфӣ нест, ки дар китобҳои муқаддаси ин динҳо – Таврот», «Инҷил», ва «Қуръон» ба таври возеҳ таъкид ёфтааст, низоъ ихтилоф ва фитна андохтани дар миёни аҳли ҷомеа зиштарин корест. Дар ояти 191-и сураи Бақара аз «Қуръон» омадааст: «фитна аз қатл бадтар аст».

Яҳудият, масеҳият, ислом ва динҳои ростини дигар тамоми пайравонашро сарфи назар аз нажоду миллат ва ранги пусташон ба ҳам хоҳару бародар мехонанд ва миёни онҳо ҳеҷ фарқе намегузоранд. Барои ҳамин ҳам дар миёни пайравони онҳо намояндагони нажоду миллат ва кишварҳои гуногуни дунё, аз Шарқу Ғарб, ҳастанд. Ин динҳо имрӯз ҳам кӯшиш доранд, ки ҳарчи бештар доираи густариши худро дар ҷаҳон вусъат диҳанд.

Он чи гуфта шуд, далели мӯътамади он аст, ки мафҳумҳои «дин» ва «низоъ» дар асл ба ҳамдигар ҳеҷ гунна робитаи бевосита надоранд. Аммо бо таассуф бояд иқрор кард, ки дар амал ҳанӯз аз оғози пайдоишиин ва ё он дину мазҳаб низоъ он думболагирӣ менамудааст. Дар ҷой доштани ҳамин гуна низоъ ва ихтилофот дар дохили динҳои ҷаҳонии маълум ва динҳои ростини дигар равия, мазҳаб ва мактабҳои динии гуногуне шакл гирифтанд. Ва гоҳ-гоҳе байни паравони ин равия, мазҳаб ва мактабҳо ихтилофот то ба ҳадде шиддат мегирифт, ки ба задухӯрдҳо меовард, монанди гирудорҳои байни ботиниён ва қарматиён бо сунниён ва аҳли шиа дар Хуросон ва Мовароунаҳр, ҷангҳои шиаву суннӣ дар асрҳои ХVV1 дар давлати Сафавиҳо ва дар ибтидои садаи ХХ дар Аморати Бухоро ва ғ. Мутаассифона, таърихи башарӣ ҳамчунин низоъҳои байни намояндагони динҳои гуногунро, аз қабили юриши аҳли салиб ва низои байни туркҳо ва арианҳо, низ дар ёд дорад. Ин гунна низоъҳои динию маҳабӣ имрӯз ҳам зуҳур доранд, мисли низоъҳои байни католикҳо ва протестантҳо дар Ирландияи Шимолӣ ва ғ. Муқовимати бисёрсолаи Фаластину Исроил, Лубнон, Чеченистон ва Русия, Кӯҳистони Қарабоғ, низоъҳои Кашмир, муборизаи уйғурҳо дар вилояти Син-зяни Чин, ҷанге ва ҳерсеговина, Косово ва Македония буд, хосияти низои динию мазҳабӣ ба худ гирифта буд.

Иллати ин парадокс дар чист? Чаро динро бар хилофати табиати зотии худ, ки аз сулҳу салоҳ ва ваҳдат иборат аст, бо низоъ ва ихтилоф ҳамроҳ мебинем? Сабабҳои аслии омезиш додани дин бо низоъ, ба назари мо, ба қарори зайл мебошанд:

  1. Таърихи башарӣ пур аз ҳодисаи сӯистифода бурдан аз дину ойин ба хотири баровардани ғаразҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ аз тарафи нерӯҳои сиёсӣ, ҳокимони вақт, кишварҳои ҷудогона ва ғайра мебошад. Мубориза барои қудрати сиёсӣ дар миёни хулафои рошидин пас аз марги Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад боиси пайдо шудани мазҳабҳои суннӣ ва шиа вас ар задании ихтилофи байни онҳо гардид. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ сиёсати ҷаҳонгирӣ ва лашкаркашиҳояшро ба Ҳиндустон зери шиори густариш додани дини ислом ҳақ бароварданӣ мешу два ба худ лақаби «Ғозии ислом»-ро муносиб дида буд. Айни чунин сиёсатро Аҳли салиб ҳам ҳангоми истилои халқу кишварҳои ғайринасронӣ пеш гирифта буданд. Ё худ мисоли нисбат тозае, ки дар рӯзҳои ба вуқӯъ пайваст. Толибон сиёсати қавмгароӣ-пуштунгароии худро мехостанд зери пӯшиши мубориза барои исломи поки ҳанафӣ амалӣ гардонанд ва қариб буд, ки ба ин ғаразҳои хеш даст ёбанд. Агар ҳодисаҳои даҳшатангези рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико ҷаҳони хуфта ва бепарвои муосирро аз хобби гарон бедор намекард, бо истифода аз номи муқаддаси дин боз як ҷинояти нобахшидание содир мегардид. Ва давлатҳое, ҳатто аз ҷумлаи кишварҳои мусулмоннишин, ҳам буданд, ки ин воқеаро солҳо боз мунтазир буданд ва ошкору ниҳон баҳри вусъат ёфтани он мусоидат менамуданд. Ва ин худ гувоҳион аст, ки сӯистифода аз дину мазҳаб ба хотири пиёда сохтани ғаразҳои сиёсӣ, иқтисоди ва ғайра то ба кадом сарҳадҳо расидааст. Ҳақ ба ҷониби Аллома Муҳаммад Иқбол аст, ки гуфта буд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

  1. Боло гирифтани таассуби дини дар байни пайравони дину мазҳабҳо нисбат ба ҳамдигар. Ба оташ кашидани масҷиду маъбадҳои ҳамдигар аз тарафи пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар Покистон, ки ҳар сари чанд вақт рух медиҳад, аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад. Ҳамин таассуби мазҳабӣ буд. Ки адиб ва донишмандони бузурги тоҷик ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки дар мазҳаби исмоилӣ мартабаи «ҳуҷҷат-ул-ҳақ»-ро дошт, дар натиҷаи таъқибу озори паравони мазҳаби дигар аз зодгоҳаш Хуросон гуреза шуд ва дар гӯшаи дурдасте дар Юмгондараи Бадахшон маъво гирифт ва умрашро дар он ҷо ба поён расонд. Устод Садриддин Айнӣ дар рисолаи худ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» аз чӣ тавр ва ба касофоти киҳо сар задании низои шиаву суннӣ дар Бухоро нақли ҷолибе кардааст. Мувофиқи он, гурӯҳе аз муллоёни мутаассиб ва мансабу ҷоҳталаб мисли Бурҳонидини раис барои ниқори худро аз қӯшбегии эрониасл гирифтан дар байни сокинони эронитабор ва тоҷикони Бухоро фитнаи шиаву сунниро ба роҳ меандозанд ва боиси куштори чандин нафари бегуноҳ аз ҳар ду ҷониб мешаванд. Тавре ки устод Айни навиштааст, «Дар ҳақиқат сабаби ин ихтилоф, ихтилофи мазҳаб набуд, балки рақобати сиёсӣ ва ҷоҳталошӣ буд».
  2. Дар низоъҳое, ки дар байни пайравони дину мазҳабҳои мухтали ба сар мезананд, таъсири назарияҳои бархӯрди тамаддунҳо, аз қабили назариҳои маълуми Сэмуел Ҳонтингтун низ ҳаст. Ин сиёсатшиноси амрикоӣ бар он бовар дошт, ки баробари ба охир расидани марҳилаи ҷанги сард ҷои низоъҳои анъанавии идеологӣ, геополитикӣ ва ҳарбиро дар муносибатҳои байналмилалӣ бархӯрди тамаддунҳо хохад гирфт, ки аз лиҳози вусъат ва оқибатҳои хеш чандин баробар зиёдтар хоҳад буд. Ин сиёсатшинос пешгӯӣ карда буд, ки «ҷанги ҷаҳонии навбатӣ, агар ба вуқуъ ояд, ҷанги тамаддунҳо хоҳад буд». Бинобар тахмини вай, гӯё задухӯрдҳои асосӣ ва ё низои байни тамаддунҳо миёни тамаддунҳои ғарбӣ ва ғайриғарбӣ, хусусан, байни ҷахони Ғарб ва Ислом, яъне байни кишварҳои мусулмонӣ хохад буд. Ва дар ин замина С.Ҳонтингтун менависад, ки гӯё «дар тӯли тақрибан ҳазор сол, аз нахустин бор ворид шудани маврҳо (арабҳо) ба Испания то муҳосираи дуюми Вена аз тарафи туркҳо ба Аврупо ҳамеша аз ҷониби Ислом хатаре таҳдид мекард. ва ислом ягона тамадунест, ки ҳастии Ғарбро зери шак гузошт».

Камбудии асосии назарияи бархӯрди тамаддунҳои С.Хонтингтун, хосса насрони ва исломӣ, он аст, ки маводи таърихӣ ва воқеиро мутлақ гардонидааст. Муаллиф бештар омили фарҳангӣ, аз ҷумла динии низоъҳои гузашта ва ҳозираро таъкид намуда, қасдан аз омилҳои муҳимтари сар задании он низоъҳо сарфи нзар кардааст. Барои ҳамин ҳам, тавре , муқобилони сершумори ғарбӣ ва шарқии ӯ зикр намудаанд, ҳангоми баррасии нуқтасанҷона ва ҳаматарафаи сабабҳои ин низоҳо ошкор мешавад, ки дар аксарияти мутлақи он ҳодисаҳо дар асл сарчашмаи низоъ бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо мебошад. Маъмулан сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони ғарбӣ барои тақвияти қазияи худ дар бораи хатари ислом такя ба низоъҳои маъмули мусулмонон ва насрониён дар Босния ва Ҳерсеговина, Кӯхистони Қарабоғ, Лубнон, Чеченистон, Фаластин, Кашмир, Син-зян ва ғ. мекунанд. Дар асл манбаи ҳамаи онҳо на тамаддун ва дин, балки мутобиқат накардани манфиатҳои геополитики тарафҳои даргир мебошад.

Ҷолиб он аст, ки худи намояндагони Шӯрои серков ва роҳбарони авали се серкови Югославия-православӣ, римӣ ва католикӣ дар иртибот ба хунрезиҳо дар Босния ва Ҳерсеговина бовар мекунонанд, ки «Сабаби ба низоъ кашида шудани чанд халқи гуногуне, ки ин динро пайравӣ мекунанд, дар ислом нест».

Президенти собиқи Иёолоти Мутаҳидаи Амрико Ричард Никсон низои байни тоҷиконро низ ба қатори низоъҳои байни дин ва тамаддунҳо мансуб донистааст, ки дуруст нест, зеро сабабҳои асосии сар задании низоъ дар Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дигар буд ва он бештар хусусияти иҷтимоиву сиёсӣ ва байнихудиро дошт. Дар ин замина дар байни худи сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони тоҷик низ фикру мулоҳизаҳои гуногун ва ба ҳам зид вуҷуд доранд. Гурӯҳе бар онанд, ки гурӯҳи дигар дар низои байни тоҷикон нақши асосӣ бозидан ва умуман, нақш доштани омилҳои диниро қотеъона рад менамоянд. Бояд гуфт, ки ин андешаҳо ба воқеият наздик нестанд, зеро омилҳои асосии низои Тоҷикистон чизҳои дигар буданд.

Бо гузашти солҳо ва бо ҳарчи бештар мулоҳиза ва баррасӣ намудани ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон ошкор мегардад, ки низоъ аввал дар байни нерӯҳои мардумӣ ва сиёсии навзуҳур, ки ба шарофати даврони Бозсозӣ ва Ошкорбаёнӣ ва равандҳои демократӣ ба вуҷуд оманданд ва номенклатураи собиқи коммунистӣ сар зада, пасон б фурӯпошии Империяи Шуравӣ шиддат гирифт ва дар ниҳоят ба таври ошкор ба муборизаи маҳалҳову гурӯҳҳои алоҳида барои қудрати сиёсӣ мубаддал гардид. Аз ҷумла, шиорҳое, ки аксарияти нерӯҳои навзуҳури мардумӣ ва сиёсӣ мепартофтанд, аз қабили озодӣ, демократия, озодии эътиқод, бисёрҳизбӣ ва чандандешӣ танҳо як воситаи ба сари қудрат овардани намояндагони ин ва ё он маҳалли муайяне будаанд. Ба хотири амалӣ гардонидани ин ғараз нерӯҳои навзуҳур, ки байни онҳо Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳам буд, динро низ шарик сохтанд. Аввал ба сифати як омили иловагӣ, вале баъдтар баробари заиф гардидани сохторҳои ҳукуматӣ кӯшиши онро ба омили асосӣ табдил додан низ карданд. Бо вуҷуди он наметавон динро омили қаторӣ ва ё асосии низои Тоҷикистон шуморид. Иштироки ҲНИТ, шахсиятҳои динию мазҳабии алоҳида дар он ҳодисаҳо ва мавҷуд будани ихтилофот дар байни гурӯҳҳои ҷудогонаи мазҳабӣ (суннатгароён ва муҷаддадия(ваҳҳобия), суфизм, исломи мардумӣ, ҲНИТ ва қозиён ҳанӯз ба мо ҳақ намедиҳад, ки динро дар низои байни тоҷикон омил мешуморем. Ба қавли диншинос М.Давлатов, ҷангӣ шаҳрванди дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба омилҳои мафкуравӣ бастагӣ дорад. Дар ин маврид низ мо ҳодисаи сӯистифода аз динро барои амалӣ гардонидани ғаразҳои сиёсӣ, иқтисодӣ гурӯҳӣ ва маҳаллӣ ба мушоҳида мегирем, чунонки дар бисёре аз низоъҳои ба ном динӣ дида будем. Ҷомеашинос Саодат Олимова навиштааст, ки «Контрэлита (манзураш намояндагони води Қаротегин аст- Муаллифон) тасмим гирифт, ки бо контрамафкураи худ (ислом – Муллифон) фаъолият намояд». Гумон мерафт, ки элитаи Шимол, ки солҳои сол дар сари қудрати сиёсии Тоҷикистон, будаз мафкураи коммунистӣ намояндагӣ мекард. Дар он мархила ба иллати фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шикасти таълимоти коммунистӣ дар Тоҷикистон холигиҳи ғоявие ба вуҷуд омад, ки онро танҳо таълимоти исломӣ пур карда метавонист. Ва танҳо ба воситаи ислом метавон мардумро зери шиори мубориза бо мафкураи коммунистӣ ба майдони низоъ кашид. Бояд иқрор намуд, ки ин кор то андозае ба гардонандагони низои тоҷикон муяссар гардид. Аммо бо ин хама ба майдонҳои ҷудогона ва тарафҳои ба хам муқобил ҷудо шудани тоҷикон на аз роҳи дин, яъне мусулмонон ва кофирон, балки аз рӯи маҳал ва муносибатҳои хешутаборию авлодӣ сурат гирифт.

Яке аз нерӯҳои асосии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ)-ро ташкил додани ҲНИТ дар солмуқовимати сиёсию низомӣ ва ба КОМ (Комиссияи оштии миллӣ) сарварӣ кардани раиси ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ далели омили низоъ будани дини ислом нест. Зеро аввалан, ҳайати ИНОТ танҳо аз нерӯҳои исломӣ иборат набуд, сониян, ҲНИТ-ро ба сифати ҳизбӣ сиёсӣ бояд шинохт. Ва ин маънои онро дорад, ки хизби мазкур дар ҳодисоти солҳои 90-ум ба сифати яке аз нерӯҳои навзуҳури демократихоҳ фаъолият дошт ва муқовимату ихтилофе, ки миёни он ва дигар нерӯҳои навзуҳур бо ҳукумати вақт ба вуҷуд омад, маншаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошт на динӣ. Аммо мутассифона, дар ҳар ду тарафи даргир диндорон нақши муҳим бозиданд ва ин низои тоҷиконро дар либоси динӣ ҷилва дод.

Боиси таассуф он аст, ки намояндагони исломи сиёсӣ ғолибан чунин вонамуд мекунанд, ки гӯиё танҳо онҳо ҳаққи аз ислом намояндагӣ карданро доранд. Гузашта аз ин, онҳо хизби сиёсии худро, агарчи динӣ ҳам бошад, бои слом яке медонанд. Бинобар ин ҳар мушкиле, к ибо ҳукумат доранд, чунин маънидод мекунанд, ки гӯиё ҳукумат бо инҳо не, бои слом даъво дорад. Барои мисол, агар дар ниҳияе, шаҳре, деҳае фаъолияти аъзояшон ва ё созмони ҳизбиашонро танг созанд, хулоса мебароранд, ки ҳукумати маҳал дини исломро маҳдуд карданист. Чунин фаҳмиш иштибоҳи маҳз аст ва як навъ гӯл задании мусулмонони қаторӣ ва ё ғайриҳизбист.

Баҳси дунявию дунявият ва дину диёнат низ, ки дар Тоҷикистон ҳамзамон бо баҳси муносибати дин бо давлат аз охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ сар шуда ва давраи фаъолияти КОМ ҳангоми пешниҳоди тағийру ( 1998-1999) шиддат гирифт, заминаи сиёсӣ дошт, на динӣ. Ташаббускорони ин баҳс ғолибан онҳое буданд, ки ё аз исломи сиёсӣнамояндагӣ мекарданд ва ё аз ягон ҷиҳат ба он алоқаманд буданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ғами онро мехӯрданд, ки созмони ҳизбиашон озодона фаъолият намоянд. Бинобар ин вақте ки ба кафолати конститутсионии фаъолияташон муваффақ гардиданд, баҳси мазкур аз миён бардошта шуд.

Ақидаи он ки дар низоми дунявӣ дин аз як падидаи иҷтимоии фарогир ба як фаъолият сирф фардию шахсӣ табдил дода шуда, нуфуз, таъсир ва кудрати он дар ҷомеа коста мегардад, заминаи воқеӣ надошт. Зеро дунявият харгиз маънои зиддинӣ ва бединиро надорад. Давлати дунявӣ аз манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, чи диндору чи бедин ва намояндагони хамаи дину мазҳабҳои мавҷуда, чи мусулмон, чи насрониву чи яхудӣ ва ғайра химоят мекунад ва эҳтиром мегузорад. Як асли низоми дунявӣ озодии эътиқод буда, дин дар давлати дунявӣ як рукни асосии фарҳанги миллии ҷомеа ба шумор меравад.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё, ба шумули Амрико, Ҷопон, Фаронса, Аврупои Шарқӣ ва ғ. сабақ медиҳад, ки Конститутсияи он кишварҳо дар корҳои давлатӣ нақш доштани динро манъ намекунад ва дин ва диндорон ҳам нақши худро дар корҳои давлатӣ дар доираи салоҳиятҳои худ анҷом медиҳанд ва ба фаъолиятҳои давлат. Салоҳиятхои он дастдарозӣ намекунанд. Ин чиз нишонаи барии риояти низоми демократӣ ва дунявии ҳақиқӣ мебошад ва ва сазовори пайравист.

Гуфтахои боло бори дигар шаҳодат бар он медиҳанд, ки дар ин ихтилоф ва низоъҳо дин сабабгор нест. Балки онҳое сабабгоранд, ки динро ба сиёсат кашиданӣ мешаванд ва аз он барои амалӣ сохтани ғаразҳои гуногуни худ истифода бурданӣ мешаванд. Ба ақидаи М.Давлатов, маҳз мафкуразадагии исломи сиёсӣ хамеша боиси низоъ дар тамоми сатҳхо мегардад ва нигаронии геополитикиро ба вуҷуд меорад. Ва ё аз бемаърифатӣ ва бехабарии хеш сохторхои хукуматӣ расмиии давлатро ба дин муқобил гузоштанӣ мешаванд. Вале харгиз маънои онро надорад, ки дар муносибати дин бо давлат ва давлат бо дин дар мҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гунна мешкиле вуҷуд надорад. Мушкилиҳо ҳастанд ва онҳо аз он сарчашма мегиранд, ки ҳанӯз заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии ин робита комил нест. Ва ин чиз боиси сар задании ҳар гунна нофаҳмиҳое мегардад. Барои ҳамин ҳам хукуматро лозим аст, ки консепсияи сиёсати худро бо дин ва созмонҳои динӣ танзим намояд, то ин сӯистафоҳумҳо низ аз миён бардошта шаванд.

Мавҷудияти падидаҳоеро монанди ифротгароии динӣ, террористони динӣ (исломӣ) чӣ тавр бояд шарҳ дод? Ҳамон тавре ки низоъ дар табиати динҳои ростин нест, ҳамин тавр ифротгароӣ ва терроризм низ вуҷуд надорад. Аммо ҳазор афсӯс, гурӯҳҳое дар ҷомеа ҳастанд, ки аз дин ва эътиқодоти динии мардум ба ғаразҳои нопоки гурӯҳӣ ва сиёсии худ сӯистифода мекунанд, мисли он ки «Ал-қоида», Толибон, Ҳизби таҳрир истифода карданд ва карда истодаанд. Имрӯз ба хамагон маълум аст, ки ин се гурӯҳ бо истифода аз дини мубини ислом ба чи ҷиноятҳои зиддиинсоние даст мезаданд.

Ифротгароии динӣ, террористони исломӣ ё динӣ дар қаламрави баъди Шӯравӣ падидаи нисбатан невест. Вай асосан дар солхои 90-уми асри ХХ зуҳур намуд ва бо пошхурии империяи коммунистии тоталитарии соҳибқудрат ва оғози пуршиддати равандҳои ҷудоиталабӣ дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии собиқ Ҷумҳуриҳои Шӯрави вобастагӣ дошт. Созмонҳои динии ифротимаоб бо истифода аз вазъияти баамаломада худро ошкор сохтанд.

Сабабҳои асосии пайдоиши созмонҳои динии ифротимаоб дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ буд, ки онро нисбат ба дин ва диндорон ба таври фаровон раво медид. Он вақт ҳуқуқи диндорон рӯирост маҳдуд карда мешуд, гузаронидани маросимҳои динӣ манъ буд, муассисаҳои динӣ ( масҷид, калисо, костел, синагог) баста мегардид ва маъбадҳо вайрон карда мешуданд. Зиндонҳо аз намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки барои иҷрои ин ва ё он маросимҳои дин, паҳн намудани китобҳои динӣ ва ё боз кардани мактабҳои динии хусусӣ ҳабс шуда буданд, пур буданд. Махсусан мусулмонон барои хондани ҷанозаи мурдаи наздиконашон бо расму русуми мусулмонӣ ҷабри зиёде медиданд. Табиист, ки чунин сиёсат ва муносибати боғараз бархӯрди ҷавобиро ба вуҷуд меовард ва қисми муайяни намояндагони дину маҳабҳои мавҷуда, аз ҷумла, исломро, ба ифротгарои водор месохт.

Омили дигари густариши ҳодисаи ифротгароӣ ё терроризми динӣ дар қаламрави баъди Шӯравӣ ба мавҷуд будани масъалаҳои ҳалталаби диғи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бекории ҷавонон, пасти сатхи зиндагӣ ва ғ.вобаста мебошад. Касби истиқлол ва оғози равандҳои демократӣ на танҳо натавонистанд, ки ба ҳалли ин масъалаҳо мусоидат намоянд, балки онҳороамиқтар гардониданд. Бӯҳрони сахт қариб тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиро фаро гирифт. Тасодуфӣ нест, ки низоъҳои иҷтимоию сиёсӣ маҳз дар он минтақаҳо ва ҷумҳуриҳое сар заданд, ки сераҳолӣ буда, масъалахои халталаб зиёд доштанд, монанди қисми ӯзбекистони води Фарғона, ҷануби Тоҷикистон ва Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Абхазия, Осетия, Арманистон, Чеченистон ва ғ. Эътирози иҷтимоӣ аз ҷумла, дар шакли ифротгароии динӣ зухур намуд.

Вале сабаби асосӣ ва муайянкунандаи густариши ифротгароӣ ва терроризми динӣ дар Осиёи Марказӣ Қафқоз ва баъзе аз минтақаҳои Федератсияи Русия таъсири беруна мебошад. Бинобар ба шаҳодати исломшиноси номии рус А.Малашенко, ғояҳои бунёдгароии исломӣ ба минтақахои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравӣ аз охири солҳои 70-80-ум ворид гашта, дар таъсири нерӯҳои хориҷӣ, исломи ҳанафии толерантии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва минтақаҳои Русия мавқеашро оҳиста-оҳиста ба ҳанбализми сахтва бемуросои радикалӣ дод.

Гуфтаҳои боло дар заминаи падидаҳои чун ифротгароии динӣ ва терроризми динӣ бори дигар шаҳодат бар он мебошанд, ки дар динҳои ростин барои ифротгароӣ ва терроризм ҷой нест.

Чӣ бояд кард, ки дин боиси низоъ дар ҷомеаи инсонӣ нагардад ё ба таври дигар, аз дин барои барангехтани низоъ сӯистифода нашавад?

1.Баланд бардоштани сатҳимаърифати динӣ дар ҷомеа. Таълими асосҳои дин дар мактабҳо.

  1. тарбияи рӯҳияи таҳаммулпазирӣ нисбат ба дину мазҳабҳои дигар.
  2. Амалӣ кардани гуфтугӯи тамаддунҳо.

4.Маҳкум кардани сӯистифода аз дину мазҳабҳои дигар ғайридинӣ, сиёсӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ, иқтисодва ғ.

  1. Танзими консепсияи сиёсати равшани динӣ дар кишвар.
  2. Баланд бардоштани нақши сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташкили гуфтугӯи байни муассисаҳои дунявӣ ва ташкилоту мазхабхои динӣ.
  3. Дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои динӣ.

Яке аз рохҳои муассири пешгирии низоъ ва хотима гузоштан ба баҳсу талошҳои низоъбарангез ва майлонҳои ифротгароӣ ташкили Муколамаҳои бардавом дар ҷомеа мебошад.

Кумитаи ҷамъиятии мусоидат ба равандҳои демократӣ бо мақсади аз байн бурдани ҳар гунна нобоварӣ байни сохторҳои дунявӣ ва динӣ, роҳ надодан ба сар задании низоъ дар заминаи будани ихтилофи назар дар байни дорандагони тафаккури динӣ ва дунявӣ, ба роҳ мондани ҳамкории воқеии ҳукумат бо сохторҳои динӣ Муколимаи бардавомро дар ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ ба роҳ монд. Дар тӯли се сол Кумитаи ҷамъиятӣ зиёда аз чиҳил даври Муколимаи бардавомро ва дар онҳо мавзуи умумии «Ҷомеа, давлат ва дин» ва паҳлӯҳои гуногуни он ҳадафмандона мухокима гардиданд. Роҳёбии ғояи муколимаҳои бардавом ба ҷомеаи Тоҷикистон, агар аз як сӯ, ба низои байни тоҷикон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ робита дошта бошад, аз тарафи дигар, он ба таҷрибаи чандинсолаи Муколимаи байни тоҷикон дар чаҳорчӯбаи Конфронси Дартмут пайвастагӣ дорад. Махз ҷаласахои Муколимаи байни тоҷикон, ки аз соли 1993 инҷониб идома доранд, дар ҷустуҷӯи роҳҳои ноил гардидан ба сулҳ ва дар ҳалли масъалаҳои мураккаби ҷомеаи баъдинизоъ ҳиссаи калон доранд. Бо сабабҳои маълум Муколимаи байни тоҷикон аксари чиҳил даври ҷаласаҳои худро берун аз қаламрави Тоҷикистон гузаронид. Таъсисдиҳандагони он дар рафти мубоҳисаҳо, хусусан, баъди имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба хулосае омаданд, ки таҷрибаи ғункардаи худро бор охи ташкили муколимахои хурди бардавом дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ идома диҳанд.

Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдом чанде аз иштирокдорони Муколимаи байни тоҷикон соли 1999 дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ғайриҳукуматии Кумитаи ҷамъиятии мусоидат ба равандҳои демократиро ташкил намуданд. Баъди анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ ва порлумонии соли 2000 онро ба таври расмӣ сабт карданд. Ва инак панҷ со ласт, ки Кумитаи ҷамъиятии мусоидат ба равандхои демократӣ таҷрибаи ташкил ва гузаронидани муколимаҳои хурди бардавомро ривоҷ медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба таъмини озодии виҷдон ва фаъолияти озоди сохторҳои динӣ кафолат медиҳад. Бо вуҷуди ин рафти татбиқи меъёрҳои Қонун на ҳамеша бо эҳтиёҷоти ташкилотҳои динӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар Муколимаҳои бардавоми минтақавӣ пешниҳод гардид, ки қонуни мазкур такмил шавад.

Иштироккунандагони Муколимаи бардавом бар ин ақидаанд, ки муколима усули санҷидашудаи ҷустуҷҷ ва дарёфти якҷояи ҳалли масъалахои баҳснок вар охи дурусти пешгирии зухуроти ифротгароӣ, хоҳ дар ниқоби сиёсӣ ва динӣ, мебошад.

Мақсади ниҳоии Кумитаи ҷамъиятӣ бо роҳи пахн кардани таҷрибаи гузаронидани муколимахои бардавом ба минтақаҳои нави ҷумҳурӣ ташкил кардани Муколимаи умумимиллӣ мебошад. Муколимаи умумимиллӣ воситаи мухимми дар сатҳи ҷомеа ва давлат мухокима кардан ва ҷавоб ёфтан ба масъалахои доғи рӯз ва пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ ва сиёсии эҳтимолӣ мебошад.

572
Нет комментариев. Ваш будет первым!