Максад ва вазифахои фанни Метрология

Максад ва вазифаҳои фанни Метрология<strong/>

Маълумоти таърихӣ.

Мақсад ва вазифаи метрология.

Метрология- кикалимаи юнонӣ буда «мetron» – ченак, «logos » –илм аст.

Метрология –илмест дар бораи ченкунӣ, усулҳо ва воситаҳои таъмини ченакӣ ва тарзи ба дастовардани ҳадди аниқи додашуда мебошад.

Мақсадиметрология – таъмини ягонагии ченак ва ба даст овардани андозаи аниқи иттилоотиченкунӣ дар бораи оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад

Ченкунӣ – ин амалиётиқадимтарини инсон аст. (Масъалан: вақт, масоҳат, дурӣ) Баъдтар бо равнақи додугирифти мол- ҳаҷм, вазн ва ғайра истофода карда мешуд. Аз асри 17 сар карда асбобҳоиченкунӣ истифода шуда истодааст. Дар нимаи асри хiv –рушноӣ ва дар авали асри хх – радиацаяро чен карданро оғоз намуданд. Дар солҳои1960 ИМА то 50 млрд воситаҳои ченкунӣ истифода мебурд ва барои такмили онҳо то8 млрд доллар сарф мекард.

Хулоса замони ҳозираро бе воситаҳоиченак тасаввур кардан номумкин аст.

Мафҳумҳои асосӣ

Барои ифодаи мақсадҳоиҚонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ченаки ягона—ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаибузургӣ ифода ёфта, иштибоҳи ченак аз ҳудуди меъёрҳои муайянгардида беруннамеояд;

воситаи ченак—таҷҳизотитехникие, ки барои ченак пешбинӣ шудааст;

маҳаки воҳидибузургӣ—воситаи ченак, ки барои таxдид ва ҳифзи воҳидибузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба дигар воситаҳои ченаки ҳамин бузургӣпешбинӣ шудааст;

маҳаки давлатии воҳиди бузургӣ—маҳакивоҳиди бузургӣ, ки бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба сифати воҳиди ибтидоӣдар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст;

санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона—стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ (минтақавӣ), қоида ба низомнома, дастуруламал ватавсияҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба кор бурда мешаванд;

хадамотиметрологӣ—маҷмӯи субъектҳои фаъолият ва навъи корҳое, ки барои таъминиченаки ягона пешбинӣ шудааст;

назорати метрологӣ—фаъолияте,ки мақоми давлатии хадамоти метрологӣ (назорати давлатии метрологӣ) ё хадамотиметрологии шахси ҳақикӣ бо мақсади санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологиимуқарраргардида анҷом медиҳад;

санҷиши мутобиқи воситаҳои ченак– маҷмӯиамалиёте, ки мақомотидавлатиихадамоти метрологӣ (дигар мақомоту ташкилотҳои ваколатдор)бомақсади муайян ватасдиқ намуданимутобиқати воситаҳоиченак ба талаботи техникии муқарраршуда анҷом медиҳанд;

-андозагирии (калибровкаи) воситаҳои ченак – маҷмӯи амалиётест, ки бо мақсади муайян ва тасдиқ кардани қимати ҳақиқиитавсифи метрологӣ ва қобили истифода будани воситаҳои ченаки таҳти назоратидавлатии метрологӣ қарорнадошта анҷом дода мешавад;

тасдиқномаинавъҳои воситаҳои ченак—ҳуҷҷате, кионро мақоми ваколатдори давлатӣ медиҳад ва он тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣба қайд гирифта шудани ҳамин навъи воситаҳои ченак ва ба талаботи муқарраргардидаҷавобгӯ будани онро тасдиқ менамояд;

тасдиқномаи санҷиш—ҳуҷҷате,ки ба ташкилотҳои санҷишкунанда дода шуда, воқеият ва натиҷаи санҷиши воситаҳоиченакро тасдиқ менамояд;

-мақоми ваколатдор – мақоми давлатӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи таъмини ченакиягона танзим мегардонад;

-системаи байналмилалии ченакҳо – системаи воҳидҳои ченкунии бузургиҳои физикие, ки Конференсияигенералии ХI оид ба ченак ва вазнҳо соли 1960 қабул кардааст.

Воҳидҳои бузургӣ

ДарҶумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида воҳидҳои бузургии Системаибайналмилалии ченакҳо истифода бурда мешаванд.

Номгӯй,аломат ва қоидаҳои навишти воҳидҳои бузургӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи онҳородар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дарсанадҳои қонунгузорӣ пешбинигардида, муқаррар мекунад.

ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баробари истифодаи воҳидҳои бузургии Системаибайналмилалии ченакҳо ба истифодаи воҳидҳои ғайрисистемавӣ низ иҷозат диҳад.

Тавсифва хусусиятҳои маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла воситаҳои ченак бо воҳидҳоибузургии муқаррарнамудаи фармоишгар,ифода ёфта метавонанд.

Истифодаи воҳидҳое, ки аз воҳидҳои расман иҷозатдодашуда фарқдоранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъаст.

Системаи байналмилалии ченакҳо

Номгӯи бузургиҳо Ифода Номгӯи воҳидхо Ифода тоҷики Ифодаи байналхалқи
1 2 3 5
Воҳидҳои асоси
1. Дарози L Метр М m
2. Масса M Кг Кг kg
3. Вақт T Секунда Сония s
4.Қуваи ҷарайёни барқ I Ампер Ампер A
5. Харорати термодинамики O Кельвин Кельвин K
6. Куваи рушнои J Кандела Кандела cd
7. Миқдори модаҳо N моль моль mol
Воҳидҳои иловагӣ
1. Кунҷи ҳамвор радиан рад rad
2. Кунҷи ҷисм стерадиан ср sr
Воҳидҳоифосилавӣ
1.Масоҳат
2.Ҳаҷм
3.Суръат
4.Суръатноки
5.Суръати даври равандҳо
704
Нет комментариев. Ваш будет первым!