Назорати давлатии метрологи

Намудҳои назорати давлатии метрологӣ.

Соҳаҳое, ки таҳти назорати метрологии давлатӣ қарор доранд.

Намудҳои назорати давлатии метрологӣ

Назоратидавлатии метрологӣ бар зиммаи хадамоти давлатии метрологии мақоми ваколатдормебошад.

Назоратидавлатии метрологӣ дар намудҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

-тасдиқинавъи воситаҳои ченак;

-санҷишимутобиқати воситаҳои ченак;

-санҷишиистифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ;

-санҷишириояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ;

-дигарнамудҳои назорати метрологӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонпешбинӣ карда шудаанд.

Ҳуқуқивазифаҳои нозирони давлатӣ оиди таъмини ченаки ягона

Назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсонимансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сарнозирони давлатӣва нозирони давлатӣ оиди таъмини ченаки ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Нозирони давлатӣ,ки воситаҳои ченакро месанҷанд, бояд чун санҷишгарон аз санҷиш гузаранд.

Нозирони давлатӣҳангоми дар минтақаҳои дахлдор анҷом додани назорати давлатии метрологӣ ҳуқуқ дорандбо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ тибқитарт иби муқарраргардидаи қонунгузорӣ:

– ба объектҳоедароянд, ки дар он ҷо воситаҳои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шаклҳоимоликияти ин объектҳо истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурӯшанд,нигоҳ медоранд ё саришта мекунанд;

– мутобиқати воҳидҳоибузургиро, киба истифодаашон иҷозатдода шудааст, санҷанд;

-воситаҳоиченак, мутобиқат, шароити истифода, инчунин мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаивоситаҳои ченак тафтиш намоянд;

-истифодаи усулҳоитавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санxишивоситаҳои ченак истифода мешаванд;

-миқдори маҳсулоте,ки дар рафти амалиёти тиҷоратӣ мусодира гардидааст, тафтиш кунанд;

-барои назоратнамунаи маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихобнамоянд;

-воситаҳоитехникиро истифода кунанд ва кормандони объекти таҳти назорати метрологӣ қарордоштароҷалб намоянд.

-ҳангоми риоянашудани қоидава меъёрҳои метрологӣнозири давлатӣ ҳуқуқ дорад:

-истифода ваистеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардиданомутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намояд;

-тамғаҳоитафтишнашударо ботил кунад ё худ шаҳодатномаи санҷишро ҳангоме, ки воситаиченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст,беэътибор гардонад;

-ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад;

-ҳангоми риоянакардани талаботи фаъолияти мазкур оиди маҳрум намудан аз иҷозатномаи сохтан,таъмир кардан, фурӯхтан ва ба киро додани воситаҳои ченак таклифҳо пешниҳоднамояд;

-дастурҳои ҳатмӣдиҳад ва мӯҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқарраркунад.

Масъулияти нозирони давлатӣ

Назоратидавлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати ҶумхурииТоҷикистон вогузор карда мешавад.

Нозирони давлатӣ барои ба ҷо наовардан ё иҷроиноматлуби масъулияти вазифавӣ, суиистифодаи салоҳият ва дигар қонуншиканӣ, аз ҷумлафош кардани сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Шикоят аз амалинозирони давлатӣ дар давоми 20 рӯзи қарор қабул намудани онҳо ба мақомихадамоти давлатии метрологӣ, ки нозирон бевосита тобеъанд ё ба мақомоти болоӣдода мешавад. Шикоят дар давоми як моҳи расиданаш баррасӣ мегардад ва оиди он қарорқабул карда мешавад.

Аз амалинозирони давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида метавон ба суд шикоят кард.

Шикоят кардан аз амали нозирон иҷрои дастури онҳоро боздоштанаметавонад.

Мусоидат ба нозири давлатӣ

Шахсони ҳуқуқӣва воқеӣ вазифадоранд, ки ба нозири давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояш мусоидатнамоянд. Ашхосе, ки ба назорати давлатии метрологӣ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ

 Назоратидавлатии метрологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шаклимоликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаиметрологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолиятисубъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.

Соҳаҳое, ки таҳти назорати метрологии давлатӣ қарор доранд

Санадҳоимеъёрии таъмини ченаки ягона дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣдоранд.

Амалҳои зайл бомақсади тафтиши риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ таҳти назорати давлатииметрологӣ қарор доранд:

-тандурустӣ,ветеринарӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии меҳнат;

-додугирифти тиҷоратӣва ҳисобу китоби байни харидору фурӯшанда, аз ҷумла амалиёте, ки дар он автоматҳоибозӣ ва таҷҳизот истифода мешаванд;

-амалиёти баҳисобгирии давлатӣ:

-таъминимудофиаи давлат;

-корҳои геодезӣва гидрометеорологӣ;

-амалиёти бонкӣ,андоз ва почта;

-истеҳсоли маҳсулоте,ки мувофиқи қарордод барои эҳтиёҷоти давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонрасонда мешавад;

-озмоиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян намуданимувофиқати он ба талаботи ҳатмии стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-сертификатсияи ҳатмии маҳсулотва хизматрасонӣ;

-андозагирӣ бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура,суди иқтисодӣ, мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ба қайд гирифтани рекордҳои варзиши миллӣ вабайналхалқӣ.

Мутобиқи санадҳоимеъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар соҳаҳои фаъолият низ таҳти назорати давлатииметрологӣ қарор гирифта метавонанд.

ХАДАМОТИ МЕТРОЛОГӢ

Хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хадамоти давлатииметрологӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Ба хадамоти давлатии метрологӣ, ки мақомоти ваколатдори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон роҳбарӣ мекунад, мақомоти давлатии метрологии Вилояти Мухтори КӯҳистониБадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешаванд.

Хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ

Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо мақсади таъминиченаки ягона дар сохтори худ хадамоти метрологӣ таъсис диҳанд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ аз рӯиНизомномаи хадамоти давлатии метрологӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ менамояд, муайян карда мешаванд.

465
Нет комментариев. Ваш будет первым!