Ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд

Мувофиқи талаботи принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе, ки кирдори ҷиноӣсодир намудааст, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Аммо ҳолатҳое низ ҳастанд, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо кирдори шахс ба кирдори ҷиноӣ монанд аст, дар натиҷаи онҳо ба шахси алоҳида, чамъият ё давлат зарар мерасад, лекин ин кирдор ҷиноят эътироф намешавад. Ин ҳолатҳо чунинанд:

  1. Мудофиаи зарурӣ

Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зӯроварии барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯроварӣ алоқаманд бошанд, ҷиноят ҳисобида намешавад.

  1. Расонидани зарар ёангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст

Ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои навро содир карданаш ба ӯ зарар расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни замон чораҳои зарурии бо ин мақсад андешидашуда аз ҳад набаромада бошанд, ҷиноят ҳисоб намешаванд.

Албатта дар мавриди дастгир кардани шахси ҷиноят содир намуда ё шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда, мумкин аст зӯроварӣ, воситаҳои махсус, яроқ истифода шавад, ки дар оқибат ба шахси дастгиршаванда зарар расонида шуданаш мумкин, лекин ин зараррасонӣ ҷиноят ҳисоб карда намешавад.

  1. Зарурати ниҳоӣ

Дар ҳолати зарурати ниҳоӣ, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин шахс ё ашхоси дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда расонидани зарар ба манфиатҳое, ки кодекси ҷиноятӣ муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар номумкин бошад, ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳоӣ аз ҳад нагузашта бошад.

Хусусияти хосаи зарурати ниҳоӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки хавф нафақат ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худи шахси рафъкунанда ё шахси дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдид мекунад балки ба ҳамаи манфиатҳои бо кодекси ҷиноятӣ муҳофизатшаванда, бевосита таҳдидкунанда мебошад. Хусусияти дуюми зарурати ниҳоӣ дар он ки дар мавриди бартараф намудани хавфи бевосита зарар нафақат ба ҳаёт ё саломатии ҷинояткор балки ба манфиатҳои шахси дигар, ҷомеа ё давлат ва ба ҳамаи манфиатҳои ҳаёти маънавӣ ва ҳам моддие, ки кодекси ҷиноятӣ ҳифз мекунад, расиданаш мумкин. Сеюм, хусусияти зарурати ниҳоӣ дар он ки сарчашмаи хатар нафақат кирдор, балки, сӯхтор, офати табиӣ шуданаш мумкин. Дар мавриди бартараф кардани хавфи бевосита ва воқеие, ки ба ҳаёт ва саломатии шахси ҷабрдида ё шахси дигар, ба манфиатҳои ҷомеа ё давлат ё ба дигар манфиатҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ё моддӣ таҳдид мекунад, расонидани зарар ба манфиатҳои дигар, ҷиноят эътироф карда намешавад, агар:

а) хавфи таҳдидкунанда бевосита ва воқеӣ бошад;

б) зараре, ки ба манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда расонида мешавад аз зараре, ки бартараф карда мешавад, зиёд набошад;

в) рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар имконнопазир бошад.

  1. Зарурати ниҳоӣ дар ҳолатҳои зайл аз ҳад гузашта ҳисоб карда мешавад:

а) зарари расонида шуда ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мутобиқ набошад;

б) ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад;

в) зарари ба манфиатҳои муҳофизатшаванда қасдона расонида шуда бошад. Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мувофиқ набуда, дар натиҷа ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар оварда шуда бошад, он аз ҳад гузаронидани зарурати ниҳоӣ эътироф мешавад. Чунин азҳадгузаронӣ танҳо дар ҳолати қасдан расонидани зарар боиси ҷавобгарӣ мегардад;

г) ба шахс ё ба дигар манфиатҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддӣ хавфи бевосита ва воқеии таҳдидкунанда ҷой надошта бошад.

Дар мавриди муайян намудани аз ҳадди зарурати ниҳоӣ гузаштан ё нагузаштан дар ҳодисаи мушаххас, хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда, воқеият ва ҳақиқатии фаро расидани он, имконияти воқеи шахси рафъкунанда дар вақти пешгири намудани он, вазъи рӯҳии ӯ дар ҳолати бамиёномада ва дигар ҳолатҳои назаррас ба эътибор гирифта шуданаш лозим аст.

  1. Маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардани ҷиноятро дар ҳолати маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ яке аз ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно месозад мешуморад. Лекин на ҳамаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ боиси содир кардани кирдоре, ки барои он шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд, шуда метавонад. Чӣ хеле, ки дар м. 43 КҶ ҶТ қайд карда шудааст, расонидани зарар ба манфиатҳои муҳофизатшаванда дар натиҷаи чунин маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ расонида шавад, ки дар оқибати он шахс кирдори худро идора карда натавонад.

  1. Таваккали асоснок

Расонидани зарар ҳангоми таваккали асоснок чиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок, ҷиноят ҳисоб намешавад.

Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба мақсади мазкур бо ҳаракати (беҳаракатии) ба таваккал марбут набуда номумкин бошад ва шахсе, ки ба таваккал роҳ додааст барои пешгирӣ намудани зарар тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.

Ҳаёт ҳаминро тақозо мекунад, ки фаъолияти инсон бе таваккал намешавад. Бисёр корҳои илмӣ-татқиқотӣ, санҷиши техникаи нав, корҳои эксперименталӣ, корҳои тиббӣ, соҳибкорӣ, корҳои ҷустуҷӯи фаврии ҷиноятӣ ва ғ. дар асоси таваккали асоснок шуда гузаронида мешавад.

  1. Иҷрои фармон ё амр

Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин кодекс муҳофизатшаванда аз ҷониби шахсе, ки бо мақсади иҷрои ҳатмии фармон ё амри мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ӯ додашуда амал кардааст, ҷиноят намебошад. Барои расонидани чунин зарар шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додаст.

Интизоми ҳарбӣ ва хизматӣ водор месозад, ки шахсони зердаст бечуну чаро фармон ё амри сардор ё роҳбари худро иҷро кунанд. Аз ин лиҳоз қонуни ҷиноятӣ муқаррар кардааст, ки зарари ба манфиатҳои муҳофизатшаванда расонида шуда, чун оқибати иҷроиши фармон ё амр аз ҷониби шахсе, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад, барои ин шахс ҷинояткор эътироф карда намешавад. Барои ин кирдор шахсе ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки ин фармон ё амри ғайриқонуниро додааст. Дар ин ҳолат зарар бо воситаи дигар шахс, яъне бавосита расонидашуда ҳисоб карда мешавад.

Фармон ё амр дар он вақт барои иҷро кардан ҳатмӣ мебошад, агар:

а) аз ҷониби шахси ваколатдор ба шахси зердасти худ дода шуда бошад;

б) дар ҳудуди ваколати ҳамин сардор ё роҳбар дода бошад;

в) дар шакли муқаррарӣ дода шуда бошад;

г) ғайриқонунӣ набошад.

652
Нет комментариев. Ваш будет первым!