Назорати сифат маҳсулот ва намудҳои он

Назорат ва намудҳои он.

Намудҳои маҳсулот.

Сифати маҳсулот ва хоситяҳои он.

Назорати сифатимаҳсулот ин санҷиши нишондодҳои сифати маҳсулот дар асоси талаботҳои меъёри –техники мебошад. Назорати сифати маҳсулот, дар асоси стандартҳо, шартҳои техникӣдар асоси шартномаҳо аз болои сифати маҳсулотҳо ва хосиятҳои онҳо, гузаронидамешавад.

Дар ҳолати назорат,ба хосиятҳои истифодабарӣ, боэътимодӣ, зебогӣ, эстетикӣ, оргономикӣ, навъ, тамғагузорӣ,тарзи нигоҳдорӣ, тарзи барпечкунӣ кашонидан ва ғайра диққати махсус додамешавад. Назорат аз болои молҳои истеҳсолшуда ва дар нуқтаҳои савдо гузаронидамешавад. Дар истеҳсолот назорат аз болои сифати маҳсулот, ба зиммаи шуъбаиназорати техники (ОТК) ва ба зиммаи шӯъбаи идоракунии сифати маҳсулот (ОУК) гузошта шудааст. Ба ғайр аз ин шӯъбаҳобоз дар ҳолатҳои зарурӣ назорат аз тарафи нозирони давлати ва аз тарафинозирони стандарти давлати, минтақавӣ, соҳавӣ дар базаҳои савдо ва нуқтаҳои он гузаронида мешавад.

Вазифаҳои асосии шӯъбаиназорати техникӣ ва шӯъбаи назорати идоракунии сифати маҳсулот аз назоратисифати ашёҳо, қисмҳои комплекти, риоя намудани низомномаҳои технологӣ, тарз ваусулҳои қабули маҳсулотҳои воридшаванда ва аз назорати сифати маҳсулотҳои тайёрва ғ иборат мебошад. Ба ғайр аз ин, шӯъбаҳои номбаршуда назоратро аз болои маҳсулотҳоибарпечкардашуда, тамғагузошташуда пурзур менамоянд, чунки агар тамғаи маҳсулотҳоба талаботи ҳуҷатҳои меъёри ва шартномаи байни харидор ва фурӯшанда ҷавобгӯнабошанд, дар ин ҳолат истеҳсолкунанда дар ҳаҷми 20% ҷарима месупорад. Маркази стандарткунони ва воситаҳоиченак ё ин ки озмоишгоҳи назорати давлатӣ яъне стандарти давлатӣ дар истеҳсолот назоратро оид ба ҳолати технологияиистеҳсоли базаҳои истифодабари воситаҳои ченкуни дар истеҳсолот гузарониданитатқиқотҳои аниқ ва сифати маҳсулотҳои истеҳсолшуда пурзур менамояд ва дар ҳолатҳоипурзур тавсифаҳои пурзур пешниҳод менамояд.

Дар соҳаи савдоназорати сифати маҳсулотҳо аз тарафи молшиносони муассисаҳои савдои гузаронидамешавад. Дар ҳолати назорати сифати маҳсулотҳо, аз дастурамали воридоти маҳсулотҳоиистеъмолӣ ва низомномаи арбитраиси давлати оид ба тартиботи қабули маҳсулотҳоитаъминоти истеҳсолӣ-техникӣ ва қабули маҳсулотҳои истеъмолӣ ҳама аз рӯисифаташон аз шартномаҳои воридотӣ ва содиротӣ стандартҳои давлатӣ шартҳоитеники намуна эталонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёри ба таври васеъ истифодамебаранд. Маҳсулотҳо аз рӯи миқдор ва сифаташон дар анборҳои харидорон қабулкарда мешаванд ва мӯҳлати қабули онҳо барои дигар шаҳру ноҳияҳо то 2 руз вабарои шҳру ноҳияҳое, ки истеҳсол ва қабули маҳсулотҳо дар як шаҳр ё ноҳиямегузарад то 10 руз иҷозат дода мешавад. Пас ба охир расидани қабули маҳсулотҳооид ба сифати аслӣ комплектноки ва миқдори маҳсулотҳо санад тартиб додамешавад. Дар ҳолати пайдо кардани камбуди ё пайдо нашудани маҳсулотҳои сифатанпаст дарҳол ба истеҳсолот арз пешниҳод карда мешавад.

Барои ворид намуданимаҳсулотҳои сифаташон паст ва ғайра комплекти (андозаҳои гуногун намудҳоигуногун) ва ғайраҳо истеҳсолкунанда дар ҳаҷми 20% ва барои молҳои категорияисифаташон олӣ дар ҳаҷми 30% аз маблағиумуми маҳсулотҳои санҷидашудаи корношоям ва барои истифода набурдан ё истифодаинопураи тамғҳо дар ҳаҷми 5% аз маблағи умумӣ ба харидорон ҷарима месупорад.

Қабули маҳсулотҳои воридотии хориҷи кишвар, ҳатманбо иштироки экспертизаҳои «Палатаи савдо ва саноати» стандарти давлатигузаронида мешавад. Назорати давлати ба таври системаҳои доими аз болоимуассисаҳои яклухт ва чакана оид ба риоя намудани тартиботи қабули маҳсулотҳоаз руи сифат ва миқдор реҷаи нигоҳдори санҷиши дурусти сифати маҳсулотҳоназорат мебаранд. Дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ чунин талаботҳои асосӣ басифати маҳсулотҳо пешниҳод карда мешавад ва назорати сифати онҳо мувофиқиталаботи ин ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад.

  1. Назоратисифати берунаи намуди маҳсулотҳо, ки дар асоси намуна гузаронида мешавад.
  2. Назоратисифати хелҳои маҳсулот, масолеҳ, қисмҳои он ва фурнитураи маҳсулотҳо.
  3. Назоратисифати истеҳсоли маҳсулот дар истеҳсолот ва тарзи ҳуҷҷатгузории онҳо.

Дар истеҳсолотва муассисаҳои истеҳсолӣ ширкатҳои истеҳсолӣ ҳамаи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшудааз назорат ва санҷиш мегузаранд вале дар соҳаи савдо назорат ва санҷиши маҳсулотҳоба таври интихоби гузаронида мешавад, яъне 10%-и маҳсулотҳо аз миқдори умумисанҷида мешаванд.

Сифати маҳсулотҳоасосан аз дараҷаи коркарди технология, конструксия ва сифати ҳуҷҷатҳои меъёри-техники сифати ашёҳо,маҳсулотҳои нимтаёр, нақша мутахасисони ботаҷриба ва ғайраҳо вобастагӣ дорад.Дар ҳолати риоя накардани шартҳои шартномавӣ ва дар муҳлати муайяншуда вориднасохтани маҳсулотҳо дар асоси шартнома ва низомномаҳо ва истеҳсолот дар ҳаҷми4% аз маблағи умуми дар шартнома нишондодашуда ҷарима месупорад:

Барои маҳсулотҳоитилловорӣ ва соатҳо 1,5% 8% муайян карда шудааст.

Реҷа ва муҳлатинигоҳдории маҳсулот, ба сифати онҳо таъсири калони назаррас мерасонад. Дар ҳолатиназорати сифати маҳсулот ба технология, таҷҳизотҳо, шакл модел ва замонави будани маҳсулотҳо диққатимахсус дода мешавад. Дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти хурока барои болаззатшудан, намуди зебо гирифтан буи аромати доштан модаҳои хушбуй болаззат иловамекунанд.

643
Нет комментариев. Ваш будет первым!